Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2025-08-25 11:48:44

ИСТИҚЛОЛИЯТ - РАМЗИ ЗИНДАГИИ ОЗОД, ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ОЯНДАИ РАВШАН

Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 34-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил менамоянд. Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем. Ҳодисаҳое, ки имрузҳо дар руйи ҷаҳон рӯй дода истодаанд ва тамоми ҷаҳонро ба таҳлука оварданд, бори дигар собит намуданд, ки таъмини сулҳу суботи сайёра ва ҳалли проблемаҳои трансмиллӣ танҳо дар шароити ҳамкории тамоми кишварҳои дунё имконпазир аст. Ягон давлати дунё, хоҳ хурд бошаду хоҳ калон, дар танҳоӣ аз зарбаи ногаҳонии терроризми байналхалқӣ эмин буда наметавонад. Гузашта аз ин, ягон давлат бар зидди ин зуҳуроти даҳшатнок дар танҳоӣ муқовимат ва мубориза ҳам карда наметавонад. Ба ин хотир, моро мебояд пеш аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳамеша дар фикри рушд ва пешрафти Ватани азизамон бошем, манфиатҳои миллат ва давлати худро дар навбати аввал ҳифзкунем ва барои таъмини зиндагии шоиста тадбирҳои заруриро биандешем.
Ин раванд барои мо ҳаётан муҳим аст. Чунки дар ҷаҳони пурҳаводис ва ниҳоят мураккаби имрӯза танҳо миллате худро аз таркишу зарбаҳои фалокатбори сиёсиву иҷтимоии асри нав ҳифз карда метавонад, ки худогоҳу худшинос бошад, ба қадри неъмати истиқлолияту озодӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ расида тавонад. Зеро имрӯз комилан равшан аст, ки ягон ҷомеа, миллат ва давлат, сарфи назар аз қудрати сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии худ, аз ҷараёну равияҳои мухталифи ҷаҳони муосир, аз ҷумла равандҳои глобализатсионӣ дар канор буда наметавонад. Аз ин лиҳоз, мо бояд бо ҳифзи анъанаву суннатҳо ва арзишҳои фарҳангии миллии худ ҳамзамон дар ҳалли масъалаҳои умумиинсонӣ ба қадри имкон саҳмгузор бошем.
Ба Истиқлоли давлатӣ расидани Тоҷикистон низ ба ҳамин давраи ҳассоси таърихӣ рост омад. Дар рӯзҳои вопасини салтанати давлати абарқудрати Шӯравӣ, ки дар саросари қаламрави он оташи низоъҳои милливу сиёсӣ аланга мезаданд, Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) дар таърихи 24 августи соли 1990 «Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон»-ро пазируфт ва дар сарнавишти Тоҷикистон марҳалаи тозаи таърихиро оғоз кард.
Дар ин давра кишвари мо дар натиҷаи фитнаву дасисаи қувваҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллат ба воқеияти талху даҳшатнок табдил ёфта буд.
Вале мардуми шарифи Тоҷикистон бо саъю талоши ватандӯстонаву фидокорона ба хотири ҳимояи Истиқлолияти давлати ҷавони худ бо роҳбарии Пешвои миллат ин имтиҳони сахту сангини таърихро паси сар намуданд. Дар як муддати кӯтоҳ мо на танҳо мушкилоти зиёди баъдиҷангиро бартараф карда, сулҳу суботро дар мамлакат барқарор сохтем, балки барои пешрафти бомароми кишвар асоси мустаҳкаму боэътимод гузоштем.
Сиву чор соли даврони истиқлолият дар муқоиса бо таърихи бостонии халқи тоҷик ва ҳатто аз нигоҳи раванди бунёди давлати муосир фосилаи чандон тӯлонӣ нест.
Сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои сахту сангине, ки дар ин муддат вуҷуд доштанд, мо тавонистем бо такя ба ақлу заковат ва дастгирии самимонаву заҳмати софдилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миилат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузорем. Дар тӯли солҳои истиқлолият тавассути амалисозии барномаву стратегияҳои давлатӣ ва сафарбарсозии тамоми захираву имкониятҳо сатҳу сифати зиндагии мардум бамаротиб баланд бардошта шуд. Мазмун ва аҳамияти Истиқлолият барои тоҷикон танҳо як рӯйдоди сиёсӣ нест, балки оғози марҳалаи нави давлатдорӣ ва ҷомеасозӣ мебошад. Бо шарофати истиқлолият мо рукнҳои асосии давлатдори:
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рамзҳои миллӣ — Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ; Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мавқеи асосӣ гирифт. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ пазируфта шуд.
Истиқлолият пояи давлатдорӣ, худшиносӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон аст. Ин санна танҳо як санаи ҷашнӣ нест, балки рамзи ифтихор ва сарнавишти навини миллати пуртамадуни точикон мебошад.
Бале мо насли истиқлол бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки Истиқлоли давлатӣ муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи Тоҷикистон, бебаҳотарин неъмати зиндагии мо, мояи ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси хурду бузурги мамлакат ва сарчашмаи тамоми пешрафту комёбиҳои мардуми шарифи ҷумҳурӣ мебошад. Истиқлолият ин нишони барҷастагӣ пойдории давлат, симои миллат, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани мамлакати соҳибистиқлоли тоҷикон аст. Ҳар як тоҷик бояд дарк кунад, ки ҳифзу таҳкими истиқлолият бо меҳнати содиқона, бо ваҳдат ва эҳтиром ба қонун вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванд аст. Танҳо дар ин сурат мо метавонем ояндаи дурахшонро барои наслҳои оянда таъмин кунем.
Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки истиқлоли давлатӣ муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи Тоҷикистон, бебаҳотарин неъмати зиндагии мо ҷавонони даврони истиқлол, мояи ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси хурду бузурги миллати тоҷик ва сарчашмаи тамоми пешрафту комёбиҳои мардуми шарифи ҷумҳурӣ мебошад. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Истиқлолият барои тоҷикон дарвозаҳои бузургеро ифтитоҳ бахшид, ки ин миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун барои тамоми халқияту давлатҳои ҷаҳон расму оин ва фарҳанги волои хешро муаррифӣ карда тавонист.
Бигзор Истиқлолияти тоҷикон ҷовидон бошад ва парчами давлатамон ҳамеша дар фазои озодии Ватан парафшон гардад!
ГАДОЕВ ИКРОМҶОН – муовини аввал, муовини директор оид ба корҳои таълимии Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе

2025-08-25 11:17:27

БОЗДИДИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ КУМИТА АЗ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Санаи 23.08.2025 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Литсейи касбии техникии ноҳияи ташриф овард.
Аснои шиносоӣ муовини якуми раиси Кумита роҷеъ ба вазъи моддию техникии муассиса, омодагӣ ба соли нави хониш, марҳилаи лоиҳакашии бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ, инчунин, раванди иҷрои нақшаи қабул бо масъулин суҳбат анҷом дод.
Иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии Кумита дар замини назди литсей корҳои омодагӣ барои сохтмони бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ оғоз ёфта, айни ҳол корҳои лоиҳакашӣ идома доранд.
Зикр гардид, ки Литсейи касбии техникии ноҳияи Ховалинг бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.1993, №129, дар заминаи ду гуруҳи таълимии дар ноҳия фаъолиятдошта ҳамчун Омӯзишгоҳи касбии техникии №13-и ноҳияи Ховалинг таъсис ёфтааст. Дар муассиса таълим аз рӯи ихтисосҳои тракторчӣ-машинисти истеҳсолоти кишоварзӣ (ронандаи дараҷаи «С»); системаи компютерӣ ва интернет-технология; ҳисобчӣ (бо донистани компютер); челонгари таъмири муҳаррики автомобил; кафшергари барқӣ; дӯзанда; барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил ва ронанда (дараҷаҳои “В” ва “С” ба роҳ монда шудааст.
Қайд гардид, ки муассиса аз 3 бинои таълимӣ иборат буда, бино дорои 22 синфхонаю утоқҳои хурду калон мебошад. Бинои мазкур соли 1962 сохта шуда, ба талаботи имрӯзаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҷавобгӯ набуда, хобгоҳ, китобхона, ошхона ва устохонаву озмоишгоҳҳои замонавӣ надорад.
Гуфта шуд, ки дар муассиса 1 адад дастгоҳи кафшергарӣ, 13 адад мошинаҳои дарздӯзӣ, 1 адад автомашинаи таълимии ГАЗ-31, 1 адад автомашинаи таълимии ГАЗ-53 мавҷуд буда, 1 адад трактори Т – 40 барои хонандагон хизмат мерасонанд.
Ба зикри директори муассиса, нақшаи қабули хонандагон дар соли таҳсили 2025-2026 280 нафарро ташкил дода, ҳоло омӯзгорони муассиса талош доранд бо роҳандозии корҳои таблиғотӣ теъдоди бештари хонандагонро ба таҳсил ҷалб намоянд. Иҷроиши нақша идома дошта, дар ин баробар, корҳои таъмирию сохтмонӣ дар доираи омодагӣ ба соли нави хониш ҷараён дорад.
Ба таъкиди сарвари муассиса, ҳайати кормандону омӯзгорони Литсейи касбии техникии ноҳияи Ховалинг фаъолияти худро дар давоми соли таҳсили 2025-2026 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», Низомнома, Оиннома ва фармоишу қарорҳои Кумита ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда, барои беҳтар намудани сифати таълим ва мустаҳкам намудани пояи моддию техникии муассисаи таълимӣ минбаъд низ аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода менамоянд.
Баъди боздид Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати рафъи камбудию мушкилоти мавҷуда, иҷрои пурраи нақшаи қабул ва анҷоми омодагиҳо ба соли нави хониш ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

2025-08-25 11:12:58

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ДИРЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи  23.08.2025 дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷи тиббии ноҳияи Ховалинг ҷаласаи навбатии Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии мамлакат баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Содиқзода Хурсанд Сафар, муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғафурӣ Зоир Саъдулло, раиси Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии мамлакат иштирок намуданд.
Қабл аз оғози кори ҷаласа муовини якуми раиси Кумита Давлатзода Баҳрулло Раҳмон ва муовини якуми директори Агентӣ Содиқзода Хурсанд Сафар бо дастовардҳои донишҷӯёну омӯзгорони Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи тиббии ноҳияи Ховалинг" дидан карда, ба дастовардҳои илмию варзишӣ ва маҳсули дастии ҳунарҳои мардумии омӯзгорону донишҷӯён баҳои баланд доданд.
Сипас, Шӯро ба кори худ шурӯъ кард. Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ Ғафурӣ Зоир Саъдулло ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки тибқи нақшаи баргузории ҷаласаҳои Шӯро нишасти навбатӣ баргузор мегардад. Дар ҷамъомади мазкур маърӯзаҳои таҳлилии роҳбарони як қатор муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ роҷеъ ба мавзӯъ ва масъалаҳои мухталифи соҳа ироа мегардад.
Нахуст, Хоҷазода Давронҷон Қурбоналӣ, директори Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ, роҷеъ ба "Роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" суханронӣ кард.
Зикр гардид, ки соҳаи илму таҳсилот аз соҳаҳои калидии кишвар ба ҳисоб меравад, ки рушди иқтисод ва дигар ҷабҳаҳои ҷамъият ба он рабти қавӣ дорад. Аз ин ҷост, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро чун соҳаи афзалиятноки мамлакат эълон карда, ба масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот пайваста дар суханрониҳо ва вохӯриҳояшон бо аҳли ҷомеа таъкид менамоянд.
"Таваҷҷуҳ кардан ба масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ мудом дар мадди назари роҳбарияти Кумита ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошад. Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, шароити мусоид фароҳам овардан баҳри омода намудани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ, пеш аз ҳама, касбомӯзӣ ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ соли 2025-ро барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ «Соли таъмини сифати таҳсилот» эълон намуданд" - гуфт номбурда.
Қайд гардид, ки имрӯз ҳарчанд масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ то андозае ҳалли худро ёфта бошанд ҳам, вале чанд мушкилот низ ба назар мерасанд, ки метавонанд, дар оянда баҳри омода намудани мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ монеа эҷод кунанд, ба монанди норасоии кадрҳои соҳибтахассус; нарасидани китобҳои дарсии соҳавӣ; мавҷуд набудани шароити мусоид баҳри мувофиқа кунонидани машғулиятҳои назариявӣ (лексионӣ) бо амалӣ ва ғайра. Пешниҳод гардид, ки бо рафъи ин мушкил масъала роҳи ҳалли худро меёбад.
Дар идомаи ҷамъомад Шарифзода Саидмурод Раҷабалӣ, директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода, роҷеъ ба масъалаи "Таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ ва роҳҳои бартараф намудани он" суханронӣ карда, иброз дошт, ки таъмини донишҷӯён бо китоби дарсӣ ба боло бурдани сифати таълим ва беҳтар намудани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамояд.
Зикр гардид, ки бо ташаббуси Кумита гуруҳи кории дохилиидоравӣ ҷиҳати таҳия, тарҷума ва нашри китобҳои дарсии соҳавӣ ташкил гардидааст. Директорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки ҳамчун муассисаҳои заминавӣ муайян карда шудаанд, бояд дар самти таҳия ва тарҷумаи китобҳои дарсии фанҳои тахассусӣ бо мутахассисони гурӯҳи корӣ ҳамкориро ба роҳ монанд.
Қайд карда шуд, ки бо мақсади таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсӣ 73 номгӯй китоб таҳия гардида, аз ин шумора 50 номгӯй нашр гардида, барои истифода ба муассисаҳои таълимӣ пешниҳод шудаанд.
Сипас, Давлатзода Рухсора, директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, дар мавриди "Иҷрои талаботи бандҳои "Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ" маърӯза карда, қайд намуд, ки "Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030", ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, № 438, қабул гардидааст, заминаи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии такмили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошад, ки мақсаду вазифа ва самтҳои татбиқи онро дар раванди таълиму тарбия, кафолати давлатӣ ба донишҷӯён, таъминоти кадрӣ, моддӣ-техникӣ ва молиявии Барномаро дар ҳамкориҳои байналмилалӣ фаро мегирад.
"Вазъи имрӯзаи муносибат ба забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар низоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Бо мақсади ба роҳ мондани назорати ҳамаҷониба дар самти амалӣ намудани таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат оид ба рушди ҳамаҷонибаи забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ, дар самти инкишофи бисёрзабонӣ, беҳтар намудани таълиму омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, таъмини шароити мусоид ба раванди таълим, ташаккули шахсиятҳои донандагони забонҳо дар муассиса, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии мамлакат синфхонаҳои омӯзиши забони русӣ ва англисӣ ташкил карда шудаанд. Синфхонаҳо бо аёниятҳои замонавӣ оро дода шуда, аз ҷониби омӯзгорон ҳар гуна аёниятҳо барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани таълим аз фанни забони англисӣ ва русӣ омода карда шудааст. Ҳангоми гузаронидани дарсҳо бо мақсади ҷалби бештари донишҷӯёну шаҳрвандон ба омӯзиши ин фанҳо омӯзгорон вобаста ба мавзӯи дарс аз тахтаи электронӣ, дастгоҳи линогфонӣ, видеопроекторҳо, видеороликҳо ва ҳар гуна маводҳои дидактикӣ истифода менамоянд", - зикр гардид дар суханронӣ.
Дар идомаи ҷаласа Рабизода Наҷибулло, директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе роҷеъ ба мавзӯи "Чораҳои амалишуда дар самти татбиқи"Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф", Шарифзода Азизулло, муовини директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ оид ба корҳои илмӣ-методӣ, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ дар мавриди "Ҷалб намудани омӯзгорон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дар ин замина баланд бардоштани дараҷаи илмии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ" ва Амирбекзода Сино Амирбек, директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, дар мавзӯи "Фаъолияти паркҳои технологӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" маърӯза карданд.
Дар охири ҷаласа Содиқзода Хурсанд Сафар, муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҷеъ ба мавзӯъ ва масъалаҳои баррасишуда ибрози назар карда, ба роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷиҳати рафъи мушкилоти мавҷуда ва омодагии пурра ба соли нави хониш дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

2025-08-24 14:09:31

Мулоқот бо Директори генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд ва ҳайати бонкҳои қатарӣ

23 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ ва ҳайати бонкҳои қатариро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Қатар ва ниҳодҳои иқтисодию бонкии он баррасӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳи хоси Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо ин кишвар таъкид намуданд: “Мо Қатарро яке аз кишварҳои бонуфузи ҷаҳони араб ва шарики муҳимми худ медонем”.

Ҳарду ҷониб аз афзоиши ҳамкории судманд миёни ду кишвари дӯст изҳори қаноат намуданд.

Зимни мулоқот андешаҳо ва пешниҳодҳои ҷолиб доир ба роҳҳои густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории барои ҳарду ҷониб судманд дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, обёрӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифт.

2025-08-24 14:07:20

ОЗМУНИ ҚАБУЛИ ОМӮЗГОРОН ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ ҲИСОР”

Бо мақсади таҳкими неруи зеҳнӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва ҷалби мутахассисони сазовор ба соҳаи маориф, дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор» озмуни қабули омӯзгорон баргузор гардид.

Ин чорабинии муҳиму масъулиятнок бо иштироки муовини директор оид ба таълим, номзади илмҳои тиб, Ҷураев М.Ф., раиси иттифоқи касабаи кормандони муассиса Ҳамроев Ф.Р., муовини директор оид ба тарбия Сангинова С.О., муовини директор оид ба илм ва инноватсия Холмуродов Ш.Н., сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот Ҳайдаров Б.Ф., сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус Содиқов Ш.М. ва мудирони кафедраҳо баргузор шуда, ҳадафи асосии он интихоби кадрҳои босалоҳият, дорои донишҳои муосир ва малакаи методӣ мебошад.

Озмун аз марҳилаҳои муаррифии шахсӣ, санҷиши донишҳои назариявӣ, малакаҳои амалии педагогӣ ва маҳорати истифодаи технологияҳои иттилоотӣ иборат буд. Иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки дар назди комиссияи доварӣ донишу маҳорати худро нишон дода, бо андешаҳои эҷодӣ ва пешниҳодҳои навоварона баромад кунанд.

·         Маъмурияти МДТ "Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор" таъкид менамояд, ки омӯзгор шахсияти асосӣ дар тарбияи насли наврас ва ташаккули мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин лиҳоз, интихоби дуруст ва шаффофи кадрҳо дар маркази диққати роҳбарият қарор дорад.

Дар фарҷом муовини директор оид ба таълим, номзади илмҳои тиб, Ҷураев М.Ф. ба ҳамаи иштирокчиёни озмун барору комёбӣ таманно намуда, ба ғолибон ва онҳое, ки барои такмили дониш ва маҳорати худ саъй менамоянд, муваффақиятҳои минбаъда орзу намуданд. 

2025-08-24 14:02:02

Пирӯзии омӯзгори Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ дар озмун

Боиси сарфарозист, ки омӯзгори соҳибистеъдоди Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ", Тураев Акбаршоҳ дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» ба комёбии баланд ноил гардида, соҳиби ҷойи сеюм дар номинатсияи «Адабиёти муосири тоҷик» гардида ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.

Ин дастоварди шоён дар байни садҳо иштирокчӣ аз миёни омӯзгорони зинаҳои таҳсилот, ходимони илмӣ ва адабӣ, намояндагони муассисаҳои фарҳангиву санъатӣ ва соҳибкасбони соҳаҳои гуногун ба даст омадааст.

Омӯзгори соҳибихтисос Тураев Акбаршоҳ бо дониш, заҳмат ва меҳнати шабонарӯзии худ исбот намуд, ки омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ дар рушди маънавиёт, тарбияи насли нав ва арҷгузорӣ ба китобу китобхонӣ саҳми арзанда доранд.

Пирӯзии ӯ на танҳо муваффақияти шахсӣ, балки дастоварди тамоми ҳамкорон ва муҳити таълимии ноҳияи Рӯдакӣ маҳсуб мешавад. Ин дастоварди назаррас боиси ифтихор ва таҳсин аст ва албатта, нерӯбахши дигар ҳамкорон ва шогирдон хоҳад буд.

Ин комёбӣ ифодагари масъулиятшиносӣ, меҳнати софдилона ва дӯстдории беандозаи Шумо ба илму адаб мебошад. Дастоварди Шумо боиси ифтихори тамоми ҳайати омӯзгорон, шогирдон ва сокинони ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.

Бо итминон изҳор менамоем, ки минбаъд низ бо заҳматҳои пайваста ва талошҳои созандаатон саҳми арзанда дар пешбурди илму маърифат, баланд бардоштани нуфузи омӯзгорӣ ва тарбияи насли созанда хоҳед гузошт.

2025-08-24 14:00:06

БОЗДИДИ АЪЗОИ ШУРОИ ДИРЕКТОРОН АЗ ОСОРХОНАИ ТАЪРИХИЮ КИШВАРШИНОСИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Дар доираи баргузории Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Коллеҷи тиббии ғайридавлатии ноҳияи Ховалинг баргузор гардид, роҳбарияти Кумитаи оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзоёни Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ноҳияи Ховалинг боздид карданд.

Меҳмонон зимни боздид аз осорхона бо таърихи пурғановати минтақа, бозёфтҳои нодиру бостоншиносӣ ва осори гаронбаҳое, ки таърихи чандинҳазорсолаи миллати куҳанбунёди тоҷикро инъикос мекунанд, шинос шуданд.

Ба меҳмонон директори осорхона Амир Саиди Мумнкӣ оид ба раванди кори осорхона, тарҳи меъмории муосир ва тарзи муаррифии экспонатҳои таърихӣ маълумот дода, чунин марказҳоро барои баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ ва рушди ҷаҳонбинии насли ҷавон муҳим арзёбӣ намуданд.

Зикр шуд, ки осорхонаҳо ҳамчун ганҷинаҳои маънавӣ ва мактаби бузурги тарбиявӣ дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва худшиносии миллии ҷомеа нақши беназир доранд. Дар ҳамин замина, таъкид гардид, ки бунёд ва фаъолияти чунин муассисаҳои фарҳангӣ маҳз самараи сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамеша дар роҳи эҳёи мероси таърихӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муаррифии шоистаи миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ талош меварзанд.

Меҳмонон аз тамошои осорхона ва ҷойҳои сайёҳии ноҳияи Ховалинг ба худ ғизои маънавӣ гирифта, пешниҳод намуданд, ки минбаъд ҷаласаи Шуро дар дигар мавзеъҳои таърихии Ватани азизамон низ баргузор шавад.

2025-08-22 08:03:37

ДОНИШ ЧАРОҒИ АҚЛ АСТ Бахшида ба 1 уми Сентябр Рӯзи дониш!

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани my ҷавшан аст.

Оре, дониш чароғи ақл, қуввати дил, дороиву сарват ва ҷавшани бузургест, ки касро аз ҳама гуна ранҷу азоб кулфату дард ва афсурдагиву эҳтиёҷ дур месозад. Дониш барои инсон мояи манбаи фазлу камол буда, инсонро бузургдил мегардонад. Шахси донишманд дар ягон давру замон ба душвориҳо рӯ ба рӯ намешавад, зеро дониши бузургаш ӯро бо роҳи росту самарабахш раҳнамун месозад. Тавассути ақлу заковати бузургу хиради ба роҳи дониш ба дастовардааш метавонад соҳибкору соҳибмаълумот ва соҳибиззат бигардад.

Донишмандон азизу гиромӣ ва хотирнишинанд. Дар ёдҳо, базмҳо, дар ҳамаи мавридҳо дар дилу дидаи мардуманд. Ба даст овардани донишу маҳорати бузург ба осонӣ ба даст намеояд. Шахсе, ки дар роҳи донишомӯзӣ мекӯшад, гарчанде душвор аст, бо тамоми душвориҳо, норасоиҳо ва заҳматҳои зиёд чизе омӯзад, то донишманд гардад, зеро шахси донишманд соҳибобрӯст. Дониш ганҷи бузургест, ки баробари дунё арзиш дорад:

Беҳ аз ганҷи дониш ба гетӣ куҷост?

Киро ганҷи дониш бувад подшост!

Ҳеҷ ганҷе бузургвортар аз дониш нест. Зеро ки он инсонро чун ҷавшани бузург аз камиву костӣ, гармиву сардӣ ва афсурдагиву эҳтиёҷ эмин медорад. Пас, бисёр кӯшиш мебояд, то ҳар вақт омӯхт. Агар манбаи омӯзишие пайдо нашуд, аз нодон метавон чизе омӯхт ва бо чашми дил ба ӯ нигарист ва бо басорати ақл бар вай назар кард. Он низ афзоиши дониши ту хоҳад буд. Бо омӯхтани алфози наве бо омӯхтани маънии дигаре барои кас ҷаҳони дигаре равшан мегардад. Як маънии бузург ҳаёти инсониятро тағйир медиҳад, бо роҳи рост ҳидоят мекунад.

Инсони асил пайваста дар омӯхтани илму андӯхтани донишу фазл мекӯшад. Фурсатро ғанимат шумурда, бо гузашти вақт дониши худро сайқал медиҳад. Аз пайи ҷамъ овардани молу мулк ва сарвати зиёд намекӯшад. Зеро дар зиндагӣ бояд ҳамеша илму дониш ва хирад дар пояи аввал истанд. Дар он мебояд кӯшид, ки ҳар рӯзи ҳаётро пайи зиёд кардани донишу ақлу заковати бузург сарф кард. На пайи тамаъи молу мулк.

Афзудани дониш касро пурдону пурмаърифат кордону нуктафаҳм мегардонад. Мегӯянд, ки хираду дониш барои инсони бомаърифат ҳамчун ғизо нерӯ мебахшад. Шахее, ки дорои хираду дониши бузург нест, ӯ ҳамчун шахсияти аз ғизо дурмонда мекаловад ва дар байни ҷомеа чун ангуштнамоён ба назари ҳар фард мерасад. Зиёд намудани дониши ҳар як инсон ба ҳадди омӯзиши ӯ вобастагӣ дорад.

Зеро мегӯянд, ки:

Илм чандон ки бештар хонӣ,

Чун амал дap my нест нодонӣ.

Донишомӯзӣ ва толибилмӣ рисолатҳои бузурги инсонианд. Касе, ки ин рисолатҳоро ба ҷо намеорад, дар шумори одамиён буда наметавонад ва бевосита дар таънаву маломати атрофиён мемонад. Валек шахсияти донишмандро ҳама эътироф ва эҳтиром мекунад. Агар ба марги аблаҳон танҳо фарзандонашон бигирянд ба марги алломаҳо ҷаҳон мегиряд, зеро бо заковату дониши бузургашон дили ҷаҳониёнро ба даст овардаанд.

Барои омӯхтани донишу маърифати зиёд бисёртар бояд китоб хонд, зеро манбаи ҳамаи омӯзишу донишҳо аз китоб сарчашма мегирад.

Рӯй овар бар китобу дониш аз он саҳл гир,

To ба дониш гардӣ машҳури ҷаҳону дилпазир.

Бале, дониш чароғи ақл аст, ки дидагон аз он равшаниву нур ва дилҳо хушиву сурур мегиранд. Шахси донишманд зинатгарои ҳар анҷуман аст. Агар аз хурдӣ то ба дами марг барои омӯхтани илму андӯхтани дониш камар бандем, саҳве нахоҳад шуд, зеро асоситарин ва беҳтарин амал дар зиндагии инсони асил илм омӯхтан аст. Зеро гуфтаанд:

Зи дониш зинда монӣ ҷовидонӣ,

Зи нодонӣ наёбӣ зиндагонӣ.

 

Фозил Бобозода Ашурмаҳмад,

Сардори шуъбаи ҳуқуқ, коргузорӣ ва назорати

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2025-08-22 07:38:18

Ифтитоҳи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит

21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собитро мавриди истифода қарор доданд.

Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо маблағгузорӣ аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии соҳибкорони саховатпешаи кишвар мутобиқ бо анъанаҳои меъморию фарҳангии тайи ҳазорсолаҳо шаклгирифтаи миллати тамаддунофари тоҷик бо тарҳи басо зебову дилкаш бунёд ёфта, яке аз марказҳои муҳими илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимии кишвар ба ҳисоб меравад. Бинои тозабунёд дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қомат афрохта, барои 2500 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст.

Иншоот дар майдони зиёда аз ду гектар қомат афрохта, аз 7 бинои 6 ва 8 ошёна иборат аст. Масоҳати биноҳо 46 ҳазору 816 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 оғоз гардида, бо риояи талаботи муосири соҳавӣ ва ороиши зебои тоҷикӣ анҷом ёфтааст.

Дар ин иншоот маҷлисгоҳ бо 513 ҷойи нишаст, 90 синфхона, утоқи корӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ ҷойгир аст.

Ҳуҷраҳои корию дарсӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти насли нави соҳавӣ муҷаҳҳаз буда, дорои шароити зарурӣ барои гузарондани машғулиятҳои амалӣ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки рушди маориф ва илм дар сиёсати давлатӣ ҳамеша авлавият дошта, Ҳукумати кишвар тамоми имконотро барои таҳкими пояҳои маърифат, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва рушди неруи зеҳнии ҷавонон сафарбар месозад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо осорхонаи мукаммал ва дорои аҳамияти илмӣ-фарҳангии Донишкадаи исломии Тоҷикистон шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар осорхона таърихи ғании ислом дар сарзамини тоҷикон, нақши илмии устодону олимони бузурги миллати тоҷик ва саҳми онҳо дар рушди тамаддуни исломӣ ба таври шоиста муаррифӣ мегардад.

Дар осорхона нусхаҳои нодири дастнависҳо, китобҳои таърихӣ ва осори хаттии олимони машҳури тоҷик ба намоиш гузошта шудаанд. Фонди осорхона, инчунин, дорои ашёву ёдгориҳои таърихиест, ки аз осори меъморӣ ва фарҳанги мусулмонии тоҷикон шаҳодат медиҳанд.

Дар ин миён нусхаҳои нодири Қуръони карим, сангнавиштаҳо, лавҳаҳои хаттотӣ ва ашёи дигари таърихӣ ҷой дода шудаанд.

Бахши дигари осорхона ба нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва мусулмонӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бахшида шуда, тавассути аксҳо, ҳуҷҷатҳо ва маводи расмӣ фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати давлатро дар эҳё ва тарғиби мероси фарҳанги ниёгони пуршарафамон инъикос мекунад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки ташкили чунин осорхона дар заминаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон барои муҳассилон ва муҳаққиқон имконияти фарох фароҳам меорад, то ба таърихи ислом дар сарзамини мо, шахсиятҳои барҷаста ва осори илмӣ-фарҳангӣ ошно гарданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ошёнаҳои болоии донишкада китобхонаи электронӣ, толори тестӣ, толори варзишӣ бо 168 ҷойи нишаст ва ду ҳуҷраи тиббӣ ҷой дода шудаанд. Нуқтаи тиббӣ имкон дорад, ки дар як вақт ба 300 кас хизмати тиббӣ расонад.

Дар донишкада, ҳамзамон хобгоҳ барои 520 донишҷӯ омода шудааст.

Саҳн ва атрофи бинои Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар масоҳати 6 ҳазору 560 метри мураббаъ мумфарш гардида, ҳамчунин, ободу сабзкорӣ шудааст.

Шароиту имкониятҳои фароҳамшуда дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон минбаъд ҳамчун пойгоҳи муҳимми илмию таълимӣ ва таҷрибивию амалӣ, барои фанҳои гуногун истифода бурда шуда, ба афзун намудани донишҳои динию дунявии донишҷӯён мусоидат менамояд.

Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ба масъулин барои омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ҷалби онҳо ба илмомӯзӣ, таҳқиқоти илмӣ ва пос доштани арзишҳои волои миллӣ дастуру тавсияҳо доданд.

2025-08-22 07:36:12

ДАСТОВАРДӢ ОМӮЗГОРӢ КОЛЛЕҶИ ТЕХНОЛОГИИ БА НОМИ А. ҚАҲҲОРОВИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ ДАР САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки Разоқов Бахтиёр Фаррухович, яке аз омӯзгорони ҷавони Коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом, дар озмуни бонуфузи байналмилалӣ, ки рӯзи 17 августи соли 2025 дар шаҳри Тошкент баргузор гардид, бо номинатсияи “Фахри Ватан” сарфароз гардонида шуд.

Ин чорабинӣ аз ҷониби Маркази матбуоти илмии “Scientific Publication” ва бо ҳамкории Агентии корҳои ҷавонон ташкил ёфта, бори аввал дар сатҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд. Ҳадафи асосии он қадршиносӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони навовар, олимони ҷавон ва роҳбарони соҳиби салоҳият буд, ки барои рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ саҳм мегузоранд.

Дастовардҳои шоистаи эътироф Разоқов Бахтиёр Фаррухович дар ин озмун ҳамчун роҳбар ва омӯзгори ҷавон бо рӯҳияи навоварӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва корбари самарабахши донишҳои муосир ширкат намуд. Вай фаъолияти тадқиқотӣ ва эҷодии ҷавононро ҳидоят карда, бо ташаббускорӣ ва садоқати касбӣ дар сатҳи баланд қадр ёфт.

Бо ҳамин дастовард ӯ дар қатори беҳтаринҳо эътироф гардида, бо диплом ва медали ифтихорӣ сарфароз шуд. Мукофоти мазкур на танҳо нишонаи сатҳи баланди салоҳият ва меҳнати пайгиронаи ӯст, балки мояи ифтихори тамоми ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳоров низ ба шумор меравад. Ифтихори коллектив ва намуна барои ҷавонон иштироки фаъолонаи чунин мутахассисони соҳибмаърифат дар чорабиниҳои байналмилалӣ собит месозад, ки ҷавонони боистеъдод ва омӯзгорони фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қодиранд дар сатҳи ҷаҳонӣ ифтихорофарин бошанд. Дастовардҳои Разоқов Бахтиёр Фаррухович намунаи равшан барои донишҷӯёну ҳамкорон буда, ба рушди минбаъдаи фаъолияти илмӣ ва таҳқиқоти ҷавонон такони ҷиддӣ медиҳад. Коллективи Коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом аз муваффақиятҳои арзандаи Разоқов Бахтиёр Фаррухович ифтихор дошта, ба ӯ дар роҳи илмӣ, касбӣ ва эҷодӣ комёбиҳои нав ба нав таманно менамояд.

2025-08-22 07:35:11

БА ИСТИҚБОЛИ ТАШАББУСИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БОБИ НАШР ВА РАСОНИДАНИ "ШОҲНОМА" - и ҲАКИМ ФИРДАВСӢ БА ҲАР ХОНАДОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Ба ҳафтод пушташ дуруду сипос,
Ба дарёниҳоду ба гавҳаршинос!

Дуруди Худои ҷаҳонофарин,
Фаровон ба номи чунин тахтшин.

Дуруд аз табори Каюмарсшоҳ,
Ки бар тахтдорӣ кушодаст роҳ.

Санои фаровон зи номи Ҳушанг,
Ки бар шиша бинҳод таҳдоб санг.

Зи Ҷамшед бодо дуруди зиёд,
Ки аз Пири тӯсӣ фаро гашт ёд.

Сипос аз Фаридуни аврангу гоҳ,
Манӯчеҳру Нӯзар, зи Ковусшоҳ.

Дуруду сано ҳам зи Афросиёб
Ба номи накӯи Ҷалолатмаоб.

Ҳумону Ҳумойю ҳумоюнпараст,
Ки аз пушти Пирон гирифтанд даст,

Сипоси фаровон зи онон расид,
Чунин ҳотамиро, ки Ҳотам надид.

Аз ин баъд Рустам шиносад, яқин,
Зи Сӯҳроб меҳраш алорағми кин.

Сиёвуш дигар сияҳ аз сафед,
Ҷудо карда, донад кадом аст умед.

Дигар Ардашеру дигар Ардамеҳр,
Надоранд армон ба доми сипеҳр.

Зарандуд гардад ҳавои камар,
Нафас баркушояд аз он Золи Зар.

Зи Баҳрому Баҳман, зи Исфандиёр,
Дуруду ситоиш бувад беканор.

Гузаштам аз он раҳ, ки бе чангу дуд,
Расондам паёми диёри дуруд.

Аз иқдомҳои Ҷалолатмаоб,
Дили шаҳсаворон чи хуш хурд об.

Зи "Шаҳнома" омад садо инчунин :
"Ки хотам надорад ҷило бе нигин.

Намакдони миллат кафи дасти ӮСТ,
Шукуҳу ҷалолаш ба мо обурӯст!"

2025-08-22 07:33:51

ИСТИҚЛОЛ- ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ ТОҶИКИСТОН

Истиқлол бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди таърихии миллати тоҷик аст. Агар ба марҳилаҳои пурпечутоби таърихи халқи тоҷик назар афканем, равшан мегардад, ки орзуи деринаи ниёгон ҳамеша истиқлол, озодӣ ва соҳибихтиёрӣ буд. Дар тӯли садсолаҳо миллати тоҷик борҳо таҳти фишор, тазйиқ ва ҳамлаҳои бегонагон қарор гирифт, аммо рӯҳи истиқлолталабӣ ва худшиносии миллӣ ҳеҷ гоҳ аз миён нарафт.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 бо қарори Шӯрои Олии ҷумҳурӣ Истиқлоли давлатии худро эълон намуд. Ин рӯз ҳамчун оғози воқеии таърихи навини тоҷикон ба ҳисоб меравад. Чунонки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: «Истиқлоли давлатӣ рамзи ҳастӣ, озодӣ ва озодагии мост. Ин неъмат муқаддастарину арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик мебошад».

Истиқлол на танҳо озодӣ аз зери ҳукмронии дигарон, балки имконияти худшиносӣ, худсозӣ ва худташаккулдиҳии миллат мебошад. Дар заминаи истиқлол мо тавонистем забон, фарҳанг, урфу одат ва арзишҳои миллӣ худро аз нав эҳё намоем.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба мушкилоти сангини сиёсӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ тақрибан тамоми пояҳои давлатдориро хароб сохт. Аммо бо роҳбарии Пешвои миллат сулҳ барқарор гардид ва миллати тоҷик аз вартаи парокандагӣ наҷот ёфт.

Сарвари давлат борҳо таъкид кардаанд:«Ман бо ифтихор мегӯям, ки сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ аз ҳама дастовардҳои даврони истиқлол муқаддастар аст». Истиқлол имконият дод, ки тоҷикон давлатдории миллии худро аз нав эҳё кунанд. Асосҳои Конститутсия гузошта шуданд, парчам, нишон ва суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ қабул гардиданд. Ба гуфтаи Пешвои миллат:«Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби сарнавиштсоз ва оини сиёсиву ҳуқуқии зиндагии ҷомеаи мо мебошад».

Ҳамин тавр, қадам ба қадам заминаи устувори давлатдорӣ гузошта шуд. Тоҷикистон ба ҳайси кишвари мустақил узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва даҳҳо ташкилоти байналмилалӣ гардид. Ин ҳама аз натиҷаи истиқлол аст.

То истиқлол бисёре аз суннатҳо, урфу одат ва ҳатто забони тоҷикӣ зери фишори сиёсати бегонагон қарор доштанд. Бо соҳибистиқлолӣ бошад, имкон пайдо шуд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мақоми воқеии худро касб намояд.

Пешвои миллат дар Паёми худ борҳо таъкид кардаанд:«Мо забонро аз модар меомӯзем ва онро ҳамчун мероси муқаддаси миллӣ ба наслҳои оянда мерасонем. Забон пояи асосии истиқлол ва ҳастии миллат аст».

Ҳамин тариқ, истиқлол ба эҳёи забон, фарҳанг, суннатҳои миллӣ ва анъанаҳои давлатдории тоҷикон неруи тоза бахшид.

Бе истиқлол рушди иқтисодӣ ғайримумкин буд. Дар давоми солҳои истиқлол Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид: сохта шудани садҳо корхонаҳои саноатӣ; бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” ҳамчун лоиҳаи аср; таҷдиди роҳҳои байналмилалӣ ва пайвастани манотиқи кишвар бо роҳҳои нав; таҳкими амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзӣ.

Ин ҳама комёбиҳо бевосита аз баракати истиқлоланд.

Соҳибистиқлолӣ ба Тоҷикистон имкон дод, ки сиёсати хориҷии мустақилро пеш гирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо беш аз 170 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ дорад. Иқдомҳои байналмилалии Пешвои миллат, бахусус дар масъалаи об, Тоҷикистонро ба яке аз пешсафони арсаи ҷаҳонӣ табдил додааст.

Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ хатари парокандашавии миллат вуҷуд дошт. Бо кӯшиши Пешвои миллат, сулҳи тоҷикон соли 1997 ба даст омад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги истиқлол дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Воқеан, Ваҳдат неъмати бебаҳо ва дастоварди бузургтарини миллат аст. Мо бояд онро мисли гавҳараки чашм ҳифз кунем.

Мавриди таъкид аст, ки ояндаи истиқлол ба насли ҷавон вобаста аст. Аз ҳамин рӯ, давлат ва ҳукумат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Барномаҳои давлатӣ оид ба рушди ҷавонон, дастгирии соҳибкории ҷавонон ва ташкили шароити мусоид барои таҳсил дар дохил ва хориҷ аз натиҷаҳои истиқлол аст.

Пешвои миллат низ бо боварӣ мегӯянд, ки ҷавонон нерӯи бузург ва такягоҳи асосии давлатанд. Аз онҳо ватандӯстӣ, дониш ва садоқат ба миллатро интизор дорем. Истиқлол танҳо дастоварди як шахс ё як гурӯҳ нест, балки рисолати умумихалқист. Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки истиқлолро ҳифз намуда, барои ободии Ватан саҳмгузор бошад.

Ҳамин тавр, истиқлол сарчашмаи ҳамаи комёбиҳои имрӯзу фардои миллати тоҷик мебошад. Сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, эҳёи забон ва фарҳанг, дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва обрӯи байналмилалии Тоҷикистоназ баракати истиқлол аст. Мо вазифадорем, ки ин дастоварди муқаддасро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва барои ободиву сарсабзии Ватани азизамон – Тоҷикистон ҳамеша талош намоем.

Шӯҳрат ЁҚУБӢ,

директори Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Хуҷанд

2025-08-22 07:32:52

ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮИ КОЛЛЕҶ ДАР ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Мадинахон Аҳмадзода - донишҷӯи курси 3-юми МДТ "Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" аз рӯйи номинатсияи "Адабиёти муосири тоҷик" байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мақоми сеюмро сазовор гардид.

Ӯ тибқи низомномаи озмун 30 роман, 40 повест, 10 драма, 10 асари ёддоштӣ, 70 ҳикояву новелла, 110 ғазал, 100 байт дигар навъҳои шеърӣ, 120 рубоиву дубайтӣ ва 150 байт порча аз достонҳоро аз худ намудааст.

Роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатии муассиса бо ифтихору сарфарозӣ Аҳмадзода Мадинахонро бо ин дастоварди шоён табрику муборакбод намуда, ба ӯ саодату комёбиҳои навинро таманно менамоянд.

2025-08-22 07:31:43

ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №4 ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

21-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳраки 192-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи тавааҷҷуҳу ғамхориҳои Сарвари давлат ба соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт бунёд гардидааст.

Ифтитоҳи иншооти нави соҳаи маориф дар идомаи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва оғози соли нави таҳсил барои омӯзгорону хонандагон ва сокинони ин маҳалла туҳфаи арзишманд унвон гардид.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Рањмон иттилоъ доданд, ки бинои муассисаи таълимӣ аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1450 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Иншоот бо назардошти талаботи соҳа, унсурҳои меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба зарфиятҳои муосир бо сифати баланд сохта шуда, синфхона ва дигар кабинетҳои фаннӣ бо таҷҳизот ва аёнияти дарсӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Бинои дигари бунёдгардида дар муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна иборат буда, барои синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ гардидааст.

Сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 соли 2024 оғоз гардида, дар асоси лоиҳа мутобиқ ба талаботи муосир дар масоҳати 16 ҳазору 400 метри мураббаъ бунёд шудааст.

Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти ин муассисаи наву замонавӣ Пешвои миллат ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, саҳмгузорӣ дар соҳибилм шудани насли наврасро амали шоиста унвон намуданд.

Бинои муассиса дорои 64 синфхонаи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти хониш, аз ҷумла 26 кабинети фаннӣ, мебошад.

Кабинетҳои фаннии химия, биология, физика, география, технологияи меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, инчунин синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ ва лингафонӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, ба ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон заминаи мусоид хоҳад гузошт.

Вобаста ба талаботи муосир муассиса дорои зиёда аз 70 компютери пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет мебошад.

Озмоишгоҳҳои фаннӣ ва китобхона бо теъдоди 10 ҳазор нусха адабиёт, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо асбоби мусиқӣ барои рушди ҷаҳонбинии муҳассилин пешбинӣ гардидааст.

Толори барҳаво ва муҷаҳҳази варзишӣ дорои 40 ҷои нишаст буда, ба тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмонию рӯҳии хонандагон мусоидат хоҳад кард. Майдончаи варзишӣ низ бо 135 ҷои нишаст аз бартариҳои дигари муассиса дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш унвон мешавад.

Муассисаи таълимӣ, ҳамчунин дорои толори маҷлис бо 386 курсӣ ва ошхонаи дорои 192 ҷои нишаст мебошад.

Дар иншооти наву замонавӣ барои инкишофи зеҳни кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудани онҳо ба бозиҳои гуногуни шавқовар низ шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини соҳаро ба истифодаи самарабахш аз имкониятҳои фароҳамшуда, омӯзиши илмҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва расидан ба қадри дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҷалб намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бунёди биноҳои нав, ворид намудани технологияи муосир барои омӯзиш ва дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар ба таъмини имрӯзу фардои босаодати насли наврас равона карда шудааст. Аз ин лиҳоз таълимгирандагонро зарур аст, ки хонанд, илм омӯзанд, соҳибкасбу забондон ва вориси шоистаи гузаштагони хеш бошанд

2025-08-22 07:30:09

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ГИРОМИДОШТИ «ШОҲНОМА»

Дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи миллати тоҷик «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ҳамчун як асари сарнавиштсоз, на танҳо дар майдони адабу фарҳанг, балки дар пояи ҳифзи ҳувияти миллӣ, ҷойгоҳи хос дорад. Ин шоҳасари безавол бо забони пурғановати форсӣ-тоҷикӣ таълиф шуда, дар тӯли ҳазор соле, ки аз офариниши он сипарӣ мегардад, китоби ҳувият ва ойинаи таърихии тоҷикон ва форсизабонон пазируфта шудааст.

Дар замони истиқлоли давлатӣ ва эҳёи суннатҳои миллӣ нақши «Шоҳнома» боз ҳам қавитар гардид. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи вижа ба ин асари мондагори фарҳангии ҷаҳонӣ доранд. Пешвои миллат дар ҳар як суханрониашон «Шоҳнома»-ро на танҳо ҳамчун осори адабӣ, балки ҳамчун василаи ҳифзи худшиносӣ ва давлатдорӣ таъкид менамоянд.

Маҳз ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат «Шоҳнома» дар Тоҷикистон мавқеи арзандаи худро дубора пайдо кард: таҷлили ҷашни 1100-солагии Фирдавсӣ, ба нашр расидани «Шоҳнома» бо ҳарфҳои кириллӣ ва лотинӣ, таҳқиқоти нави илмӣ ва ворид сохтани қисматҳои асар ба барномаҳои таълимӣин нишони таваҷҷуҳи давлат ба ин ганҷи фарҳангист.

Аз ҳамин лиҳоз, таҳлили нақши Пешвои миллат дар гиромидошти «Шоҳнома» моро ба он водор месозад, ки муносибати давлат ба арзишҳои фарҳангӣ, хусусан ба шоҳасари Фирдавсиро баррасӣ кунем.

«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ на танҳо як достони қаҳрамонӣ, балки як манбаи муҳими таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии миллати тоҷик мебошад. Ҳар як достон, ҳар як қаҳрамон ва ҳар як рӯйдоди дар он овардашуда, реша дар таърихи қадим ва ҷаҳонбинии ориёӣ дорад. Мазмуну муҳтавои асар марбут ба масъалаҳои аслии ҳастӣ — муборизаи некӣ бо бадӣ, адолат бо зулм ва ҳимояти ватан аст, ки барои миллати тоҷик ҳамчун мардум бо таърихи пуршебу фароз, аҳамияти бузурги рӯҳонӣ дошт ва дорад.

Дар замонҳое, ки ҳувияти миллӣ дар хатари ассимилятсия қарор дошт, маҳз «Шоҳнома» як воситаи ҳифзи забон ва фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ гардид. Фирдавсӣ бо сухани ширини хеш на танҳо таърихи гузаштагонро зинда кард, балки бо тасвири қаҳрамонҳои миллии мисли Рустам, Суҳроб, Коваи оҳангар, Исфандиёр ва дигарон, намунаи барҷастаи ватандӯстӣ ва истиқлолталабиро нишон дод.

Ҳамин хусусиятҳо «Шоҳнома»-ро ба китоби худшиносии миллӣ табдил доданд. Ва ин арзиши худшиносӣ дар замони истиқлол бештар эҳё гардид, зеро давлат ва ҷомеаи тоҷик ба гузаштаи пурифтихор ва мероси бузурги фарҳангии худ рӯ оварданд. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки:«То замоне ки тоҷикон ба «Шоҳнома» рӯ меоранд, решаи фарҳангӣ ва ҳувияти миллӣ аз байн нахоҳад рафт».

Ин суханони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳанд, ки «Шоҳнома» на танҳо як осори бадеӣ, балки як пояи худшиносии давлатдорӣ дар замони истиқлол мебошад.

Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик имконият фароҳам овард, ки ба таъриху фарҳанги азим ва суннатҳои бостонии худ рӯй оварад ва онҳоро аз нав эҳё намояд. Дар ин раванд, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоса муҳим аст. Маҳз бо ибтикороти сиёсию фарҳангии эшон, имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол на танҳо дар арсаи сиёсӣ, балки дар арсаи маънавию фарҳангӣ низ мавқеи худро устувор намудааст.

Аз рӯзҳои нахустини истиқлол, Пешвои миллат фарҳангро ҳамчун сутуни асосии давлатдорӣ таъкид намуда, онро яке аз унсурҳои муҳими ҳувияти миллӣ унвон карданд. Миллати тоҷик маҳз ба шарофати фарҳанг, забон ва адабиёти худ тавонист садсолаҳо дар муқобили фишорҳои гуногун ҳифз гардад.

Дар Паёмҳои ҳамасолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ва дигар суханрониҳо масъалаи эҳёи мероси адабӣ ва фарҳангӣ ҳамеша бо ҷиддият матраҳ мегардад. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки миллате, ки таърих ва адабиёти худро фаромӯш мекунад, ояндаи устувор дошта наметавонад. Дар ҳамин замина, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои фарҳангӣ ва сарчашмаи худшиносии миллӣ дониста мешавад.

Яке аз иқдомҳои бузурги Пешвои миллат дар гиромидошти «Шоҳнома» таҷлили ҷашни 1100-солагии Ҳаким Фирдавсӣ буд, ки соли 1994 баргузор гардид. Ин ҷашн дар оғози Истиқлол бо шукӯҳ таҷлил шуда, аввалин маротиба ба таври давлатӣ мақоми Фирдавсӣ ҳамчун ниҳодгари ҳувияти миллӣ ва падари фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ муаррифӣ гардид.

Дар суханрониҳои он солҳо Пешвои миллат Фирдавсиро «шоири адолатпарвар, ватандӯст ва хирадманд» номида, «Шоҳнома»-ро як китобе хонданд, ки барои ҳар як тоҷик мисли як дастури зиндагӣ ва ҳидоятгари роҳи худшиносӣ аст.

Соли 2011 бо ибтикори Пешвои миллат ва дастгирии ЮНЕСКО 1000-солагии такмил ва ба анҷом расидани «Шоҳнома» ҷашн гирифта шуд. Ин ҷашнвора на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар миқёси байналмилалӣ баргузор гардид, ки аз таваҷҷуҳи хоссаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси фарҳангии тоҷикон шаҳодат медиҳад.

Бо дастгирии Пешвои миллат, имрӯз «Шоҳнома» бо ҳарфҳои кириллӣ ва лотинӣ ба табъ мерасад, то наслҳои нав ба осонӣ онро мутолиа кунанд. Ин иқдом имконият фароҳам овард, ки хонандаи тоҷик, ки бештар бо алифбои кириллӣ ошност, аз ин ганҷи фарҳангии ниёгон маҳрум намонад.

Илова бар ин, бо ташаббуси давлат корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар мавриди «Шоҳнома» бештар гардид. Дар донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳои кишвар таҳқиқоти васеъ оид ба забон, услуб, қаҳрамонон ва таърихи достони Фирдавсӣ ба роҳ монда шуд.

Пешвои миллат на танҳо дар суханрониҳо, балки дар сиёсати маънавии худ «Шоҳнома»-ро як рукни муҳими худшиносӣ медонанд. Дар даврони ҷаҳонишавӣ, ки фарҳангҳои гуногун ба ҳам омехта мешаванд, миллат бояд ба решаҳои худ такя кунад. Барои тоҷикон бошад, яке аз муҳимтарин решаҳои фарҳангӣ ва маънавӣ «Шоҳнома» мебошад.

Агар суханронии Пешвои миллат ва сиёсати фарҳангияшон ба таври назариявӣ арзиши «Шоҳнома»-ро таъкид кунад, пас чорабиниҳои амалӣ ва иқдомҳои мушаххас баёнгари он аст, ки ҳифз ва тарғиби ин мероси гаронбаҳо дар амал татбиқ мегардад. Дар даврони истиқлол даҳҳо барнома, ҷашнвора ва нашрҳо амалӣ шуданд, ки ҳама бо пуштибонӣ ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат сурат гирифтанд.

Тавре ки гуфта шуд, соли 1994 таҷлили 1100-солагии зодрӯзи Фирдавсӣ дар Тоҷикистон ба сатҳи давлатӣ бароварда шуд. Ин аввалин иқдоми бузург буд, ки миллати тоҷик дар оғози истиқлол онро таҷлил намуд.

Соли 2011 бошад, бо ибтикори Пешвои миллат ва пуштибонии ЮНЕСКО, 1000-солагии ба анҷом расидани «Шоҳнома» бо шукӯҳ таҷлил гардид. Дар ин чорабинӣ на танҳо олимон ва адибони тоҷик, балки муҳаққиқон ва донишмандон аз кишварҳои гуногун – Эрон, Афғонистон, Русия, Ҳиндустон ва Аврупо ширкат варзиданд. Бо ин васила, Тоҷикистон худро ҳамчун маркази асосии омӯзиш ва гиромидошти мероси Фирдавсӣ муаррифӣ намуд.

Ҳамчунин мавриди таъкид аст, ки имсол аз ҷониби Пешвои миллат китоби "Шоҳнома" чоп ва ба таври ройгон ба ҳар оилаи Тоҷикистон тақдим гардид, ки сазовори таҳсин аст.

Дар ин раванд бо дастури Пешвои миллат, қисматҳои «Шоҳнома» ба барномаҳои таълимии мактабҳо ва донишгоҳҳо ворид карда шуданд. Ин иқдом боиси он гардид, ки наслҳои нав аз овони мактаб бо достонҳои қаҳрамононаи Рустам, Суҳроб, Коваи оҳангар, Ҷамшед ва дигар қаҳрамонҳо шинос шаванд. Бо ҳамин роҳ эҳсоси ватандӯстӣ, далерӣ ва худшиносӣ дар ҷавонон тақвият меёбад.

Заррина Ёқубова - омӯзгори фанни тахассусии Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Хуҷанд

2025-08-22 07:28:51

ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ

Дар замони муосир технологияи рақамӣ ва алгоритмҳои пешрафтаи зеҳни сунъӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон таъсир расонида истодаанд. Яке аз самтҳои муҳим ва ояндадор ин таҳсилоти ибтидоии касбӣ мебошад. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ на танҳо аз сатҳи омӯзиши назариявӣ вобаста аст, балки ба омодагии хонанда барои омӯзиши касбу ҳунар ва иҷрои вазифаҳои амалӣ низ нигаронида шудааст.

Дар ин замина, зеҳни сунъӣ метавонад ҳамчун абзори муассир барои беҳтар намудани сифати таълим, мутобиқ кардани барномаҳои омӯзишӣ ба талаботи бозор ва инкишофи малакаҳои касбӣ хизмат намояд.

Яке аз ҷанбаҳои муҳими татбиқи зеҳни сунъӣ дар таҳсилоти касбӣ ин автоматизатсияи равандҳои омӯзиш мебошад. Масалан, платформаҳои омӯзишӣ бо истифода аз алгоритмҳои зеҳни сунъӣ метавонанд сатҳи дониш ва қобилиятҳои ҳар як донишҷӯро таҳлил кунанд ва барномаи таълимиро ба таври инфиродӣ мутобиқ созанд. Ин на танҳо қобилияти хонандгонро барои омӯхтани касб беҳтар мекунад, балки сифати омӯзиши амалӣ ва назариявиро низ афзоиш медиҳад.

Илова бар ин, зеҳни сунъӣ барои омӯзгорон низ абзори муассир мебошад. Масалан, таҳлилҳои пешрафтаи иттилоотӣ метавонанд ба омӯзгор нишон диҳанд, ки кадом мавзӯъҳо барои хонандагон мушкил мебошанд ва кадом методҳо беҳтарин натиҷаро медиҳанд. Ин раванд ба баланд бардоштани самаранокии таълим ва коҳиш додани сатҳи нокомӣ мусоидат менамояд.

Дар ҷаҳони пешрафта, кишварҳои мисли ИМА, Олмон ва Ҷопон аз системҳои зеҳни сунъӣ барои таҳсилоти касбӣ истифода мебаранд. Масалан, дар лабораторияҳои техникии Олмон барномаҳои «adaptive learning» барои омӯзиши муҳандисӣ ва технология татбиқ мешаванд, ки бо ёрии онҳо хонандагон метавонанд малакаҳои амалӣ ва назариявиро ҳамзамон омӯзанд. Ё дар Ҷопон системаҳои зеҳни сунъӣ барои омӯзиши касбӣ дар соҳаи хизматрасонӣ ва туризм истифода мешаванд, ки таҷрибаи хонандагонро бо моделҳои симулятсионӣ беҳтар мекунад.

Имкониятҳои татбиқи зеҳни сунъӣ дар таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Тоҷикистон низ хеле васеъанд. Масалан, дар литсейҳои касбии техникии кишвар метавон системаҳое таъсис дод, ки бо истифода аз алгоритмҳои зеҳни сунъӣ малакаҳои амалӣ ва назариявии хонандагонро таҳлил кунанд, ба онҳо тавсияҳои инфиродӣ пешниҳод намоянд ва барои омӯзгорон ҳисоботи мукаммал омода созанд. Ин раванд метавонад ба беҳтар шудани сифати таълим ва омодагӣ ба бозори меҳнат мусоидат намояд.

Аммо татбиқи зеҳни сунъӣ мушкилот низ дорад. Якум, масъалаи хароҷот ва захираҳои техникӣ мебошад. Насб ва нигоҳдории системаҳои зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ маблағи зиёд ва мутахассисони баландихтисосро талаб мекунад. Дувум, масъалаи тайёр намудани омӯзгорон ва хонандагон барои истифодаи чунин системаҳо мебошад. Агар мутахассисон бо технологияи нав ошно набошанд, таъсири зеҳни сунъӣ ба таълим метавонад кам бошад. Сеюм, масъалаҳои ахлоқӣ ва ҳифзи маълумотҳои шахсӣ низ бояд ба назар гирифта шаванд.

Хулоса, зеҳни сунъӣ метавонад нақши бунёдӣ дар беҳтар намудани сифати таҳсилоти ибтидоии касбӣ бозад. Он имконият медиҳад, ки барномаҳои таълимӣ ба таври инфиродӣ мутобиқ шаванд, малакаҳои амалӣ ва назариявӣ самараноктар омӯзонида шаванд ва хонандагон барои бозори меҳнат омода гарданд. Барои Тоҷикистон муҳим аст, ки таҷрибаи ҷаҳониро омӯхта, инфрасохтор ва захираҳои инсонӣ барои татбиқи зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои касбӣ таҳким диҳад. Танҳо дар ин сурат кишвар метавонад аз имкониятҳои фаровони зеҳни сунъӣ барои рушди таҳсилоти касбӣ ва баланд бардоштани сифати кадрҳо истифода намояд.

Ҷамила ДАВЛАТЗОДА,

директори Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳринав,

доктори илмҳои педагогӣ

 

2025-08-22 07:27:54

ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ИСТИФОДАИ ОН ДАР САМТИ ОМОР

Дар асри XXI, ки бо суръати баланд рушд кардани технологияҳои рақамӣ хос аст, зеҳни сунъӣ ба яке аз омили калидӣ барои таҳаввули илму ҷомеа табдил ёфтааст. Аз низоми тандурустӣ то иқтисодиёт ва аз маориф то дипломатия ҳама ҷо татбиқи он эҳсос мешавад. Аммо яке аз самтҳои муҳимтарини истифодаи зеҳни сунъӣ соҳаи омор аст. Агар қаблан ҷамъоварӣ, таҳлил ва муқоисаи маълумоти оморӣ вақти зиёд талаб мекард, имрӯз бо ёрии алгоритмҳои зеҳни сунъӣ ин равандҳо хеле дақиқ, зуд ва бо сатҳи баланди эътимод иҷро мешаванд.

Омор ҳамчун соҳаи калидӣ барои қабули қарорҳои давлатӣ ва рушди ҷомеа нақши ниҳоят муҳим мебозад. Маҳз маълумоти оморӣ ба мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ширкатҳои хусусӣ имкон медиҳад, ки вазъиятро аниқ арзёбӣ намоянд ва барномаҳои стратегии худро тарҳрезӣ кунанд. Аммо мушкилӣ он аст, ки дар шароити муосир ҳаҷми маълумот ба таври бесобиқа зиёд шудааст. Ҷамъоварӣ ва таҳлили чунин маълумоти бузург («Big Data») бо усулҳои суннатии оморӣ на танҳо вақти зиёд, балки захираҳои молиявӣ ва инсонӣ ҳам талаб мекунад. Дар ин замина зеҳни сунъӣ ҳамчун абзори муассир ворид мегардад.

Яке аз ҷанбаҳои муҳими татбиқи зеҳни сунъӣ дар омор ин худкор (автоматизатсия) кардани равандҳои таҳлил мебошад. Алгоритмҳои зеҳни сунъӣ қодиранд, ки на танҳо маълумотро ҷудо ва гуруҳбандӣ намоянд, балки робитаҳои пинҳониро ошкор созанд. Масалан, дар таҳқиқи бозори меҳнат, зеҳни сунъӣ метавонад муносибати байни маош, сатҳи маълумот ва сатҳи бекориро таҳлил карда, пешгӯиҳои дақиқ пешниҳод намояд. Ё дар соҳаи тандурустӣ, маълумоти омории вобаста ба паҳншавии бемориҳо тавассути зеҳни сунъӣ ба таври дақиқ таҳлил мегардад ва ҳукумати кишвар метавонад чораҳои пешгирикунандаеро барвақт роҳандозӣ кунад.

Татбиқи зеҳни сунъӣ дар омор на танҳо кори муҳаққиқонро осон мекунад, балки имконият медиҳад, ки маълумот дар вақти воқеӣ таҳлил гардад. Масалан, дар иқтисод донистани вазъи бозор дар ҳамин лаҳза барои қабули қарорҳои молиявӣ муҳим аст. Алгоритмҳои зеҳни сунъӣ имконият медиҳанд, ки тағйироти бозор дар чанд сония муайян гардад ва таҳлилгарон ба натиҷаи фаврӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Ин раванд метавонад ба рушди иқтисоди рақамӣ ва рақобатпазирии кишварҳо мусоидат намояд.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ татбиқи зеҳни сунъӣ дар омор босуръат рушд дорад. Масалан, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чин ва кишварҳои Аврупо аз системаҳои «machine learning» ва «deep learning» барои таҳияи ҳисоботи оморӣ истифода мебаранд. СММ низ дар таҳияи ҳисоботҳои глобалӣ оид ба рушди устувор аз имкониятҳои зеҳни сунъӣ фаъолона истифода мебарад. ЮНЕСКО, Бонки Ҷаҳонӣ ва САҲА низ барои таҳлили маълумоти оморӣ дар самтҳои маориф, иқтисод ва амният аз ҳамин раванд баҳра мебаранд.

Дар баробари ин, мушкилоту хатарҳои муайян низ ҷой доранд. Якум, масъалаи амнияти иттилоотӣ. Чун зеҳни сунъӣ бо ҳаҷми зиёди маълумот кор мекунад, хатари ифшои маълумоти шахсӣ зиёд мешавад. Дувум, хатари вобастагӣ аз алгоритмҳо. Агар барнома нодуруст омӯзонида шавад, натиҷаҳои таҳлили оморӣ метавонад иштибоҳӣ бошад. Сеюм, масъалаи ахлоқӣ.

Истифодаи зеҳни сунъӣ бояд бо қонунгузорӣ ва меъёрҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон мутобиқат дошта бошад.

Вазъи Тоҷикистон дар ин самт ҳанӯз дар марҳилаи ибтидоӣ қарор дорад, вале имкониятҳо хеле зиёданд. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан ба истифодаи барномаҳои рақамӣ мегузарад. Агар дар оянда бо дастгирии давлат ва шарикони байналмилалӣ платформаҳои зеҳни сунъӣ дар омор татбиқ шаванд, сифати ҳисоботҳо ва барномаҳои иҷтимоӣ беҳтар хоҳад гардид. Масалан, дар соҳаи кишоварзӣ зеҳни сунъӣ метавонад маълумоти оморӣ дар бораи ҳосилнокӣ ва шароити обу ҳаворо таҳлил карда, ба деҳқонон тавсияҳои амалӣ пешниҳод намояд.

Хулоса, метавон гуфт, ки зеҳни сунъӣ омили бунёдӣ барои рушди илм ва ҷомеаи муосир аст. Татбиқи он дар соҳаи омор на танҳо кори муҳаққиқонро осон мекунад, балки ба қабули қарорҳои дуруст дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мусоидат менамояд. Барои Тоҷикистон муҳим аст, ки таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳониро ба назар гирад, мутахассисонро омода созад ва инфрасохтори рақамиро тақвият бахшад. Танҳо дар ин сурат кишвар метавонад аз имкониятҳои фаровони зеҳни сунъӣ барои таҳкими рушди устувор ва беҳбудии зиндагии шаҳрвандон истифода намояд.

МИРЗОЕВ Аҳлиддин Абдураҳмонович,

муовини директор оид ба илм

ва робитаҳои байналмилалии

Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат

2025-08-22 07:26:52

ИФТИТОҲИ КӮДАКИСТОНИ №59 ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

21-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Саид Носири ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи давлатии томактабии рақами 59-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави кӯдакистон бо иқдому ташаббусҳои бевоситаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ дар муҳлати 2 сол бунёд гардида, барои 450 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Муассисаи тозабунёд аз 3 ошёна ва таҳхона иборат аст ва дар он барои инкишофи зеҳни кӯдакон ва бозиҳои гуногуни шавқовар шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №59 бо мақсади амалӣ намудани дастурҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо тарҳи муосир ва сифати баланд сохта шудааст.

Ҳуҷраҳои таълимии кӯдакистон бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва ҳар гуна бозичаҳои шавқовари кӯдакона, таъмин буда, омӯзишу парасторӣ дар он бо 3 забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

Тибқи лоиҳа, дар ин муассиса барои 22 гурӯҳ шароити хуб, аз ҷумла ҳуҷраҳои таълимӣ бо хобгоҳ ва ҳаммом, толорҳои мусиқӣ, рақс, гимнастика, рассомӣ, толор барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳо бо 90 курсӣ, ошхона, майдончаи бозӣ ва ҳавзи оббозӣ, фароҳам оварда шуда, дар арафаи соли нави хониши 2025-2026 барои кӯдакони хуштолеи замони истиқлол туҳфаи арзанда номида шуд.

Дар кӯдакистони нав 129 парастору дигар кормандони педагогӣ ва маъмуриву техникӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулону омӯзгоронро ба таълими босифати кӯдакон ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо ҳидоят намуданд.

Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хушсаводу доно ба воя расонидани кӯдакон ва дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбия намудани онҳо шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе зиёд мешаванд.

Дар дораи нақшаи генералӣ солҳои оянда дар пойтахт ба ҳамин монанд бунёди 70 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин самт қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба имзо расида, дар доираи он то охири соли 2025 10 кӯдакистони дигар сохта, ба истифода дода хоҳад шуд.

Мувофиқи нақша дар кӯчаи Саид Носири ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ бо тарҳи муосир қомат афрохтааст ва бунёди кӯдакистони замонавӣ дар ин ҷо барои ба таълуму тарбия фаро гирифтани насли наврас замина мегузорад.