Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2025-05-15 17:29:35

ҲИФЗИ ЭКОЛОГӢ - МУҲАРРИКИ РУШД

Пайванди инсон бо табиат масъалаи нозук ва муҳим дар сохтмони ҷомеаи инсонӣ аст, аммо бархӯрди норавои инсон ба табиат, имрӯз инсониятро ба мушкилот ва муаммои сарбастае оварда, ки ҷуброни он гарон аст. Дар сиёсати давлатсозии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолият дар радифи истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, рушд додани иқтисодиёту иҷтимоиёт ба масъалаи экология (ҳифзи муҳити зист) аҳамияти хоса дода, барои таъмини амнияти санитарию экологии шаҳру деҳоти кишвар ғамхориҳои доимӣ зоҳир мегардад.

Соли равон мардуми азизи Тоҷикистон 33-юмин солгарди рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зистро дар арафаи ҷашнвораҳои бузурги таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷашн мегиранд. Соли 1972 санаи 5-уми июн ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист эълон гардидааст.

Табиат барои одам муҳити ҳаётӣ ва манбаи зиндагӣ аст. Одам, чун як намуди мавҷудоти биологӣ, муҳтоҷи ҳавои тоза, оби ширин, набототу ҳайвонот ва ҳарорати муътадил аст. Дар табиат ҷараёни гардиши модда ва энергия мунтазам идома дорад. Табиат ба мисли китоби нохонда мебошад.

Мо то ҳол пешакӣ намедонем, ки табиат ба мо чӣ ҳодисаҳо тайёр карда истодааст. Одам дар ҳаёту фаъолияташ ҳамчун як навъи мавҷудоти биологӣ мисли дигар мавҷудот ба муҳити зист таъсир мерасонад. Вале ин таъсир назар ба таъсироти дигаре, ки ҷомеа ба воситаи меҳнат мерасонад, хеле кам аст. Таъсири ҷомеа ба табиат ногузир аст ва он дар натиҷаи инкишофи ҷомеа, зиёдшавии миқдор ва массаи моддаҳои мавриди истифодаи рӯзгор ба амал меояд. Таъсире, ки ҳоло одам ба табиат мерасонад, ниҳоят зиёд аст ва он метавонад мувозинати умумии табиатро халалдор созад.

Дар замонҳои пеш одамизод гумон мекард, ки захириҳаои табиӣ беохир аст ва дар натиҷаи фаъолияти нодурусти худ ба табиат зарари ҷиддӣ расонд. Минбаъд ӯ маҷбур шуд, ки барои истифодаи оқилона ва ҳифзи табиат кӯшиш намояд.

Ҳифзи табиат маҷмӯи низоми исботгаштаи илмӣ буда, барои истифодаи оқилона, аз нав барқароркунӣ ва ҳифзи захираҳои табиӣ, инчунин барои ҳифзи минбаъдаи муҳити зист аз ифлосу харобшавӣ равона шудааст. Ҳамаи ин барои наслҳои оянда зарур мебошад. Мақсади асосии ҳифзи табиат ташкили шароити мӯътадил барои ҳаёти одамон, имрӯз ва фардои инкишофи истеҳсолот, илм ва фарҳанги тамоми ҷаҳониён мебошад.

Захираҳои табиӣ ва гуногунии онҳо макони ҷойгиршавӣ, шароит ва равандҳои табиӣ, ки инсон дар ҷараёни корҳои илмию маърифатӣ ва хоҷагиаш истифода мебарад, захираҳои табиӣ ном гирифтаанд. Ҳаво, об, хок, канданиҳои фоиданок, нури офтоб, иқлим, олами наботот ва ҳайвонот аз ҷумлаи захираҳои табиианд.

Захираҳои табиӣ ба ду қисм ҷудо мешаванд: тамомшаванда ва тамомнашаванда. Захираҳои тамомшаванда дар навбати худ ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: барқароршаванда ва барқарорнашаванда. Захираҳои табии барқароршаванда хок, олами набототу ҳайвонот, инчунин намакҳои маъданӣ, ошӣ ва техникӣ мебошанд, ки дар кӯлҳо ва таҳшинҳои (лагуна) баҳрӣ мавҷуданд. Ин захираҳо метавонанд дар шароити мӯътадил ва зиёд набудани меъёри истифодабарӣ аз нав барқарор шаванд.

Барқароршавии захираҳо бо суръати гуногун мегузарад; барои ҳайвонҳо якчанд сол, барои ҷангалҳо аз 60 то 85 сол, барои хоке, ки ҳосилхезиашро гум кардааст, чандин ҳазор сол лозим меояд. Бартарии ҳадди истифодабарӣ бар суръати пайдошавӣ, ё истеҳсолшавӣ ифодагари нишондиҳандаи харобӣ, ё аз байн рафтани захираҳо мебошад.

Ба гурӯҳи захираҳои табиии барқарорнашаванда захираҳое мансубанд, ки аз нав пайдо намешаванд, ё бо суръате барқарор мешаванд, ки назар ба истифодаашон садҳо маротиба суст аст. Нефт, газ, ангиштсанг, хокҳои металлӣ ва дигар канданиҳои фоиданок аз ҳамин қабиланд. Захираҳои онҳо маҳдуд буда, ҳифзашон бо роҳи истифодаи оқилона имкон дорад. Захираҳои тамомнашаванда аз сарватҳои обӣ, иқлимӣ ва кайҳонӣ иборатанд.

Захираҳои умумии об дар табиат тамомнашаванда аст ва асоси онҳоро обҳои шӯри уқёнусҳои дунё, ки кам истифода мешаванд, ташкил медиҳад. Дар баъзе минтақаҳо (ноҳияҳо) обҳои баҳрҳою уқёнусҳо бо нефт, боқимондаҳои саноату хоҷагиҳо, моддаҳои химиявии заҳрдор, ки шароити сабзиши рустаниҳою ҳайвонҳои баҳриро халалдор мекунанд, ифлос карда мешаванд. Оби ширин чун манбаи асосии ҳаётии одам захираи нотамом мебошад. Мушкилоти захира ва нигоҳдории обҳои ширин дар натиҷаи хушкшавии дарёву кӯлҳо, афзудани истифодаи заминҳои корам, рушди номутаносиби соҳаҳои саноат, нақлиёт ва ифлосшавӣ аз партовҳои саноатию маишӣ дучанд мегардад.

Зарур аст, ки истифодаи оқилонаи обро на фақат ба роҳ монем балки онро бояд ҳатмӣ ва ҷиддӣ ҳифз намоем. Захираҳои иқлимӣ, ҳавои атмосферӣ (фазоӣ ) ва қувваи шамол низ тамомнашаванда, лекин бо инкишофи саноат ва нақлиёт ҳаво бо дуду чанг ва газҳои гуногуни гулхонаӣ олуда мешавад. Дар шаҳрҳои калон ва марказҳои саноатӣ олудашавии ҳаво (фазо) барои саломатии инсонро хеле зараровар аст. Тоза нигоҳ доштани фазо яке аз вазифаҳои асосии ҳифзи табиат мебошад. Бо мақсади нигоҳдорӣ ва ҳифзи табиат дар замони муосир аз усулҳои гуногуни илмию технологӣ истифода мебаранд. Усули якум муайян месозад, ки ҳамаи ҳодисаҳо ва омилҳои табиӣ барои одам аҳамияти калон дорад.

Дар ин маврид нисбат ба ҳар кадоми онҳо роҳҳои хосеро интихоб карда, талаботи соҳаҳои гуногуни истеҳсолот ва барқароркунии табиатро ташкил кардан лозим аст. Масалан, ҷангал пеш аз ҳама манбаи асосии маҳсулоти сохтмонӣ ва кимиёвӣ мебошад, лекин вай ҳамчунин хусусияти захираву танзимкунии об, ҳифзи хок ва ҳосил кардани ҳавои тозаро дорад.

Бар замми ин, ҷангал ҷойи зисти ҳайвоноту паррандагони гуногун ва истироҳати одамон ба ҳисоб меравад. Дар ин ҳолат аҳамияти саноатии ҷангал дар ҷойи дуюм меистад. Мисоли дигар дарёҳо мебошанд, ки натанҳо барои ҳаракати нақлиёти обӣ, ё чархаи неругоҳҳои барқи обӣ, чун тавлидкунандаи неруи барқ хизмат мекунанд, ҳамчунон ба баҳрҳо моддаҳои гуногуни биологиро, ки барои мавҷудоти зиндаи обӣ заруранд, медиҳанд. Бинобар он, дарёҳоро танҳо барои як соҳа истифода намебаранд. Онҳоро барои соҳаҳои гуногуни истеҳсолот, тандурустӣ, саёҳат ва ғайра истифода мекунанд. Аз ин рӯ, тоза нигоҳдории об вазифаи ҷонии ҳар як фарди сайёра мебошад.

Усули дуюми истифодаи захираҳои табиӣ ин шароити муҳити зисти аҳолии таҳҷойиро ба эътибор гирифтан лозим аст. Ҳоло дар табиат минтақаҳое мавҷуданд, ки аҳолиашон аз обҳои тоза танқисӣ мекашанд. Дар ҷойҳое, ки майдони ҷангалҳо зиёданду аз худ карда нашудаанд, истифодаи онҳоро иҷозат медиҳанд, вале дар минтақаҳои камҷангал онҳоро мувофиқи мақсад бо назардошти ҷараёни азнав-барқароркунӣ ва ҳифзи онҳо истифода кардан мумкин аст.

Қоидаи минтақавӣ (регионалӣ) ҳамчунин барои олами ҳайвонот низ мавҷуд аст. Масалан, як намуди ҳайвони шикорӣ дар як минтақа бинобар кам буданаш бояд ҷиддан ҳифз карда мешавад. Дар минтақаи дигар бошад, аз сабаби зиёд будани шумора баръакс, барои шикор иҷозат дода мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло намудҳои гуногуни нақлиёт зиёд шудааст ва дар натиҷаи нодуруст истифодабарии сӯзишвории гуногунтаркиб ба атмосфера газҳои заҳрнок хориҷ мегардад, ки ба организми инсон таъсири манфӣ расонида, ба ҳар гуна бемориҳо дучор мегардонад. Бояд, ки ҳолати ихроҷи чунин газҳои хатарнок назорат карда шавад. Барои он асбобҳои ченкунии махсус ва танзимкунандаро истифода бурдан лозим аст. Дар замони шӯравӣ амалиёти санҷишию назоратӣ аз тарафи мутахассиси бахши экология ва кормандони БДА гузаронида мешавад.

Тибқи таъиноти стандарткунонӣ ва лоиҳаи сохти иморатҳои истеҳсолии ба саломатии инсон хатарнок, танҳо пас аз хулосаи мутахассиси соҳаи ҳифзи экология иҷозат дода мешуд. Сохтмони корхонаҳои истеҳсоли маводи кимёвӣ, тарканда ва сергарду чанг аз нуқтаи охирони макони зисти аҳолӣ ба самти вазиши шамол, дар масофаи на кам аз 150 метр дур сохта мешуд.

Ҳоло мувофиқи қоидаи минтақавии ҳифзи экологӣ, муносибат ба истифодаи захираҳои табиӣ аз сатҳи ҷойгиршавӣ ва пайдошавии онҳо вобастагӣ дорад. Усули сеюми истифодаи захираҳои табиӣ он аст, ки ҳифзи як намуди захираҳои табиӣ маънои ҳифзи дигар манбаҳои табииро дорад. Аз ҷумла, ҳифзи обанбор аз ифлосӣ, маънои ҳифзи моҳиҳо ва организмҳои дигари обиро дорад.

Ба воситаи ҷангал на фақат ҳаво тоза нигоҳ дошта мешавад, балки хок низ аз фарсоиш муҳофизат карда мешавад. Ҳифзи паррандаҳои ҳашоротхӯр ва макони мӯрчаҳо, инчунин ҳифзи ҷангалҳо аз зараррасонҳо ба ин усул дохил мешавад. Дар табиат муносибати мутақобилаи байни ҳамдигарӣ ҷой доранд, ки ҳифзи як намуд бар зарари намуди дигар аст. Масалан, ҳифзи оҳу дар як минтақа ба он оварда мерасонад, ки шумора он зиёд мегардад, вале аз суми боқуввати онҳо дар мавзеъҳои ҳифзшаванда (боғҳои миллӣ, мамнӯъгоҳҳо) намудҳои гуногуни гулу гиёҳҳои нодир нобуд мешаванд.

Бояд ҳангоми ҳифзи як намуд ҳолату имконияти дигар намудҳо ба инобат гирифта шавад. Пас, ҳифзу истифодаи оқилонаи табиат барои чӣ зарур аст? Бе ҳифзу истифодаи оқилонаи табиат инкишофи ҷомеа номумкин аст. Оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ гарави асосии рушд аст. Қоида ва қонунҳои ҳифзи табиат аз тарафи одамон дар он вақт иҷро мешаванд, ки пояи қонунӣ дошта бошангд.

Дар айни замон барои таъмини фаъолият дар бахши муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ як қатор кодекс ва қонунхо таҳия ва қабул шудаанд. Пеш аз ҳама Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи табиат”, ки соли 1993 таҳия ва қабул шудааст. Қонуни мазкур қонуни асосии соҳа буда, дар асоси он дигар қонунҳое, ки меъёрҳо ва бахшҳои гуногуни соҳаро муайян менамояд, таҳия ва қабул шудаанд.

Бо мурури замон ва зарурати воқеӣ ба ин қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд, ки таҷассумгари замони истиқлолият мебошад. Ба ин қонун солҳои 1994, 1996, 1997, 2002, 2004 ва 2007 тағйиру иловаҳо ворид шуданд, ки онро боз ҳам мукамммал намуданд. Соли 2011 қонуни асосии соҳа дар таҳрири нав бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” таҳия ва қабул гардид, ки бо қонунгузории байналмиллалӣ мутобиқ ва мувофиқ мебошад.

Қонуни Ҷумҳурии Товикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муайян намуда, ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ кафолатҳои ҳуқуқӣ инсон ба муҳити зисти солим ва мусоид, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ пешгирии таъсири зараровари фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист, ташкили истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва таъмини амнияти экологӣ равона шудааст.

Дар асоси ин қонун дар Тоҷикистон 40 қонун ва санадҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи экология ва ҳифзи табиат қабул карда шудааст, ки дар бораи муҳимтарини онҳо маълумот медиҳем. Соли 1996 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера” таҳия ва қабул гардид. Мақсад аз қабули қонуни мазкур танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ин соҳа муҳайё сохтани муҳити табиии мусоид барои зиндагии инсон, олами наботот ва ҳайвонот, ҳифз ва тозаву беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, муқаррар намудани назорати давлатӣ ба истифодаи ҳавои шаҳрҳо ва марказҳои саноатӣ, дигар маҳалҳои аҳолинишин, манбаъҳои олудашавии ҳавои атмосфера, инчунин таҳкими қонуният дар соҳаи ин муносибатҳо ба манфиати наслҳои имрӯзаю оянда мебошад.

Ба қонун солҳои 1996, 1997,2007, 2010 тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми майи соли 2006 “Нақшаи миллии фаъолият оид ба ҳифзи муҳити зист” –ро тасдиқ кард, ки он меъёрҳои асосии муносибати аҳли ҷомеаро муҳити зист муайян менамояд.

Хулоса, омӯзиши экологияи муосир нишон дод, ки одам чун як ҷузъи таркибии табиат нафақат онро ҳаматарафа истифода мебарад, балки вазифадор низ ҳаст, ки қонуниятҳои табиатро меомӯзад ва онро оқилона идора кунад.

Аз омӯзиши экология ба мо маълум шуд, ки қонунҳои экологӣ инсонро барои ба куллӣ тағйир додани муносибаташ нисбат ба табиат водор месозад. Табиат сирру асрори зиёде дорад, ки омӯхтани ҳаматарафаи онҳо ба мо бо осонӣ муяссар намегардад. Қонунҳои экологӣ аз мо талаб мекунанд, ки муносибати худамонро нисбат ба табиат ба куллӣ тағйир диҳем. Маҳз табиат инсониятро дар ҳолати мувозинат нигоҳ медорад.

Мо як қисми таркибии табиат ҳастем ва пурра ба он вобастагӣ дорем. Маҳз барои ҳамин омили асосии инкишофи инсоният на аз ҳукмронӣ ва поймол кардани он, балки аз муносибати оқилонаю бегаразона, ҳифзи тамоми ҷузъҳои олами органикӣ ва ғайриорганикӣ дар рӯи замин иборат мебошад. Инсоният дар айни замон вазифадор аст, ки тамоми фаъолияти худашро на бар зарари биосфера, балки барои бартараф кардани тамоми зарару зиёнҳо равона кунад. Фаромӯш набояд кард, ки биосфера то пайдоиши одам вуҷуд дошт ва бе он низ боқӣ хоҳад монд, вале одамон ( ҷомеа ) бе биосфера ҳаёт ба сар бурда наметавонанд.

А. Зарифӣ., М. Усмонов, омӯзгорони Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод

2025-05-15 17:25:44

ОИЛА - МАКОНИ МАЪРИФАТ, МЕҲР ВА САДОҚАТ

«Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд».

Эмомалӣ Раҳмон

Оила ин аввлмабдаи тарбияи ҳар як инсон, сарчашмаи омӯзиши ақлу хирад, мактаби инсонпарвариву ватандӯстӣ, макони меҳру муҳаббат ва асоси саодати мардуми ҳар як давлат ба ҳисоб меравад.

Дар ҳамбастагӣ ба мавқеи оила бояд гуфт, ки ҳамасола 15-май дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад, ки он соли 1994 бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Мутаҳҳид эълон гардидааст. Дар пайвастагӣ ба ин қарори болозикр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оила мавқеи арзишнок дошта, баҳри устуворӣ ва ҳифзу нигоҳдошти он чораҳои зарурӣ андешида шуда, як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва кодекси алоҳида амал мекунад.

Ҳифзу ҳимояи оила ҳамчун асоси солимии ҷомеа аҳамияти бештар пайдо карда, давра ба давра аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. Аз ҷумла, барои танзими кори оила, ҳифзи арзишҳои он, баланд бардоштани сатҳи иқтисодии оилаҳо ва дигар унсурҳои мусбати оилаҳо Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 №682, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” аз 28 феврали соли 2013 №478, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таълим ва тарбияи кӯдак" аз 20 июни соли 2024 №2049 амал мекунанд.

Ёдовар шудан зарур аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ пурра барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти оилаҳо равона гардидааст. Ин қонун ба он мусоидат мекунад, ки оилаҳо ба исрофкорию зиёдаравӣ даст назада, маблағҳои худро сарфи корҳои манфиатдор намоянд.

Масъалаи дигари асосӣ дар ин ҷода дар кишвар ин пешгирии пошхӯрии оилаҳост. Маврид ба зикр аст, ки дар ин самт чораҳои зарурӣ рӯи даст гирифта шуда истодаанд. Барои амалисозии ин ҳадаф ва профилактикию ташвиқотӣ роҳбарони ниҳодҳои дахлдор, аз ҷумла, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва варзиш, Вазорати адлия (раёсату бахшҳои САҲШ), мақомоти суд ва прокуратура ва дигар институтҳои иҷтимоӣ, ба монанди донишгоҳу донишкада ва коллеҷу муассисаҳои таълимӣ муваззафанд.

Хуллас, метавон гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оила ниҳоди хеле муҳим ва муқаддаси ҷомеа буда, хушбахтӣ, дӯстӣ, меҳру муҳаббат ба ватану модар аз он ба фарзандон омӯзанда мешавад. Солим ва маърифатнок будани оила пеш аз ҳама аз волидон вобаста аст, то фарзандони хушахлоқу ватандӯсту инсонпарварро барои ҷомеа тарбия созанд.

ОДИНАЗОДА Латофат Амиршо,н.и.п.,

директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб

2025-05-15 17:20:43

АҲАМИЯТИ ХИМИЯИ ОРГАНИКӢ ДАР ТИББИ МУОСИР

Химияи органикӣ дар ҳаёти инсоният ва табиат нақши муҳим мебозад. Асоси тамоми ҳаёт моддаҳои органикии табиӣ ва табдили онҳо мебошанд. Дар соҳаҳои гуногуни саноат бисёр пайвастаҳои органикии синтетикӣ барои истифода дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон, аз ҷумла соҳаҳои дорусозӣ, косметикӣ, коркарди нафт, химиявӣ, аграрӣ, полимерӣ истеҳсол карда мешаванд.

Пайвастаҳои органикӣ дар ҳама соҳаҳои фаъолияти инсон истифодаи гуногун доранд: аз пайвастаҳои органикӣ ғизо, сӯзишворӣ, доруворӣ, воситаҳои шустушӯӣ, рангҳо, маводи тарканда, мавод барои сохтани нақлиёт, чопи китоб, азхудкунии кайҳон ва ғайра. Дар асл, пайдо кардани соҳаи саноат, ки дар он химияи органикӣ истифода нашавад, ғайриимкон аст.

Гуногунӣ ва шумораи зиёди пайвастаҳои органикӣ аҳамияти химияи органикиро ҳамчун бузургтарин бахши химияи муосир муайян мекунанд. Усули асосии химияи органикӣ синтез мебошад. Рушди усулҳои синтез на танҳо ба муайян кардани сохти пайвастаҳои мураккаб мусоидат кард, балки ба сохтани объектҳои моддӣ, ки ҳеҷ гоҳ дар табиат вуҷуд надоштанд, оварда расонд. Барои бомуваффақият гузаронидани синтези органикӣ ба химик-синтетик омезиши комили донишҳои назариявӣ ва амалӣ бо интихоби воситаҳое, ки барои сохтани молекулаҳои мураккабтарин мувофиқанд, зарур аст.

Химияи органикии муосир пайвастаҳоеро, ки аз организмҳои растанӣ ва ҳайвонот (моддаҳои табиӣ) ҷудо карда мешаванд, инчунин пайвастаҳоеро, ки бо ёрии синтези органикӣ (лабораторӣ ё саноатӣ) ба таври сунъӣ ба даст оварда шудаанд, меомӯзад.

Баъзе моддаҳои органикӣ дар тӯли даҳсолаҳо ба инсон маълуманд, баъзеашон дар марҳилаи омӯзиш қарор доранд ва қисми дигарашон танҳо дар арафаи ҳосилшавианд. Аммо, бешубҳа моддаҳои химияи органикӣ ҳеҷ гоҳ наметавонад ба охир расанд. Гуногунии химияи органикӣ дар табиати он ниҳон аст.

Ғизо, либос, пойафзол, доруҳо, рангҳо, ҷузъҳои сохтмонӣ, таҷҳизоти барқӣ, радио ва телевизион, нахҳои синтетикӣ, пластмасса ва каучук, воситаҳои баланд бардоштани ҳосилнокӣ, маводи тарканда ин рӯйхати нопурраест, ки химияи органикӣ ба инсон медиҳад.

Химияи органикӣ бо тиб алоқамандии зич дорад. Шумораи зиёди доруҳои гуногун, ки имрӯз дар тиб мавҷуданд, асосан пайвастаҳои органикӣ мебошанд. Химикон дар ҳамкорӣ бо табибон, микробиологҳо ва дорусозон тавонистанд на танҳо сохти бисёр пайвастаҳои табиии дар тиб истифодашавандаро муайян кунанд, балки баъзеи онҳоро синтез кунанд.

Дар баробари ин, химикҳо роҳи ҳосил намудани пайвастаҳоро пеш гирифтанд, гарчанде ки онҳо аз пайвастаҳои табиӣ фарқ мекунанд, аммо таъсири шабеҳ ва аксар вақт самараноктар доранд. Гузашта аз ин, доруҳои нав ба даст оварда шуданд, ки дар табиат маълум нестанд, аммо қодиранд бисёр бемориҳоро табобат кунанд. Дар тиб маводи полимерии синтетикӣ нақши калон мебозанд. Мисол, сӯзандоруҳои якдафъаина, клапанҳои сунъии дил ва ғайраҳо.

Одатан, доруҳо аз рӯйи таъсири асосии табобатии худ тасниф карда мешаванд. Баъзе доруҳо таъсири зиддимикробӣ доранд (масалан, доруҳои сулфаниламидӣ: стрептотсид, норсулфазол, селфален, фталазол, сулфадимезин ва ғ.). Бо ёрии онҳо бемориҳои сироятӣ бартараф карда мешаванд. Дигар доруҳо барои рафъи дард кӯмак мекунанд, аммо боиси беҳушӣ намешаванд (масалан, кислотаи атсетилсалитсилат ё аспирин, парасетамол, аналгин ва ғайраҳо.).

Доруҳое ҳастанд, ки ба дил ва рагҳои хун таъсир мерасонанд (нитроглисерин, анапрелин, дибазол ва ғ.). Антигистаминҳо барои табобати бемориҳои аллергӣ, табобати бемориҳои саратонӣ ва ҳатто доруҳои психофармакологӣ, ки ба ҳолати равонии инсон таъсир мерасонанд, ба даст оварда шудаанд.

Тиб муддати тӯлонӣ ва бомуваффақият маводи гуногуни полимериро дар ҷарроҳӣ истифода мебарад. Полимерҳо ҳангоми ҷарроҳӣ дар устухонҳо ва пайвандҳо, ҳангоми пӯшидани нуқсони калла, барқарорсозии пайвандҳо, сутунмӯҳраҳо ва ғ. истифода мешаванд. Аз полимерҳо протезҳои гуногуни узвҳои дохилӣ, рагҳои хунгузар, сурхрӯда, роҳҳои талхарон, клапанҳои дил ва ғайра сохта мешаванд. Бо ёрии пластикҳо нуқсонҳои алоҳидаи чеҳраро ислоҳ мекунанд қисмҳои бинӣ, суфраи гӯш, косаи чашмро иваз мекунанд.

Ҳангоми ҷарроҳӣ дар рагҳои хун маводи лавсан, пропилен, капрон ва полимерҳои силитсийорганикӣ истифода мешавад. Махсусан, маводи полимерӣ дар дандонпизишкӣ барои тайёр кардани дандонҳои сунъӣ ва протезҳо васеъ истифода мешаванд. Барои ин, маводи аз ҳама мувофиқ полимерҳои полиакрилӣ мебошанд, ки бо ранги дандонҳо ва милки он монанд ранг карда мешаванд, боқимондаҳои ғизоро намегиранд ва барои микробҳо дастрас нестанд.

Дар айни замон, онҳо ба қадри кофӣ чандир ва мустаҳкаманд. Маводи дӯзандагии ҷарроҳӣ, ки ба осонӣ тамиз мешавад ва пас аз ҷарроҳӣ дар бофтаҳои бадан бетаъсир ҳал мешавад, хеле муҳим мебошад. Намудҳои маводи полимерӣ, ки дар тиб истифода мешаванд, сол аз сол васеъ мешаванд. Инҳо полиэтилени фишори паст, пенополиуретан, полипропилен, полимерҳои эпоксидӣ, полиэфирӣ ва силитсий-органикӣ мебошанд. Ширешҳои махсус пайдо шуданд, ки ҳангоми ҷарроҳӣ метавонанд бофтаҳоро пайваст кунанд. Дар тиб аз резина низ даст накашиданд: аз гармкунаки резинӣ то бистари махсуси резинӣ барои беморони баданашон сӯхта.

Химия дар рушди саноати дорусозӣ нақши калон дорад: қисми асосии ҳамаи доруҳо бо роҳи синтетикӣ ба даст оварда мешаванд. Бо шарофати химия дар тиб бисёр табаддулот ба амал омад. Бе химия мо доруҳои бедардкунанда, доруҳои хоб, антибиотикҳо ва витаминҳо надоштем.

Аҳамияти химияи органикиро дар ҷаҳони муосир ба таври васеъ арзебӣ кардан душвор аст. Бе он, бисёр ҷанбаҳои ҳаёти мо, ки мо ба он одат кардаем, ғайриимкон мегардад.Ҳамзамон, ба шарофати рушди ин соҳаи илм, дар назди инсоният уфуқҳо ва имкониятҳои нав дар соҳаи тиб, технология ва экология кушода мешаванд.

Моҳира УСМОНОВА,

омӯзгори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода

 

 

2025-05-15 17:18:19

АРЗИШҲОИ ОИЛАВӢ ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР РУШДИ ҶОМЕА

Оила арзиши муқаддасу қадимиест, ки ба эҳёи тамаддунҳо замина гузошта, дар зиндагии инсоният ва пешрафти мадании ҷомеа нақши муҳимро мебозад. Оила биноест, ки барои тамоми умр бунёд ва ороста мешавад. Зербинои таълиму тарбия дар оила устувор гашта, рушду такомули зеҳнии инсон аз муҳити хонавода ибтидо мегирад ва амсоли ҷамъият ҳамқадами замон рушду ташаккул ёфта, вобаста ба муҳити маънавии ҷомеа шаклу мазмуни нав пайдо мекукнад. Дар ҳар давру замон оила барои ояндаи насли наврас хишти аввали бунёди қасри маънавиёт ба ҳисоб меравад.

Дар замони пуртаҳаввули ҷаҳони муосир, ки муносибатҳои инсонӣ бо суръат тағйир меёбанд ва равандҳои иҷтимоиву фарҳангӣ шаклҳои навро касб мекунанд, арзишҳои оилавӣ ҳамчун сутуни устувори ахлоқ ва маънавияти ҷомеа боқӣ мемонанд. Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола 15 май таҷлил мегардад, на танҳо як санаи рамзӣ, балки фурсати муҳимест барои андеша кардан перомуни нақши оила дар тамаддуни инсоният, тарбияи фарзанд, ва таҳкими пояҳои маънавии зиндагии инсоният.

Фалсафаи ҳастии инсон ҳамеша ба масъалаи оила ва рисолати он дар шаклдиҳии шахсият таваҷҷуҳи амиқ доштааст. Аз Арасту то Фаробӣ ва аз Зардушт то Ҷалолиддини Балхӣ, мутафаккирон ва пайғамбарон оиларо ҳамчун мактаби аввалини ахлоқ ва муҳити ташаккули муҳаббат, эҳтиром ва масъулият мешумурданд. Ин арзишҳо имкон медиҳанд, ки инсон дар муҳити орому боэътимод ба камол расад ва муносибатҳои иҷтимоии солимро дар ҷомеа бунёд намояд.

Дар фарҳанги тоҷик, ки бар пояи анъанаҳои бостонӣ ва динию маънавӣ устувор аст, оила ҳамеша мақоми муқаддасро ишғол мекунад. Оила на танҳо пайвандест миёни наслҳо, балки як низоми пурраи ахлоқӣ ва маънавист, ки дар он кӯдак аз рӯзҳои аввали зиндагӣ забон, одоб, меҳрубонӣ ва эҳтиромро меомӯзад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид кардаанд, ки "Оила - асоси ҷомеа ва мактаби аввалини зиндагист" ва маҳз тавассути эҳёи арзишҳои оилавӣ метавонем ба тарбияи насли солим ва ватандӯст ноил гардем.

Дар шароити имрӯза, ки масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, тағйирёбии тарзи ҳаёт, ва таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба муносибатҳои анъанавии оилавӣ рӯ ба афзоиш дорад, нақши давлат ва ҷомеа дар ҳифзи пояҳои оилавӣ муҳимтар мегардад. Барномаҳои тарбиявӣ, дастгирии иҷтимоӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону мардон ва рушди фарҳанги масъулияти оилавӣ метавонанд воситаи муассири ҳифзи арзишҳои маънавӣ бошанд.

Таҳкими оила ҳамчун муҳити маънавии инсон бояд як вазифаи умумимиллӣ бошад. Зеро ҳар гоҳе ки оила суст гардад, ҷомеа низ ба буҳронҳои ахлоқиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мегардад. Оила маҳз он муҳитест, ки инсон муҳаббат, меҳрубонӣ, ҳамдардӣ, сабру таҳаммул ва масъулиятро дар он таҷриба мекунад, яъне унсурҳое, ки барои ҳама гуна рушди шахсӣ ва устувории ҷомеа заруранд.

Рӯзи Оила - на танҳо як иди рамзӣ, балки имконияти ҷиддӣ барои таҳкими муколама дар дохили оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва бознигарии нақши ҳар як узв дар ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Он моро водор месозад, ки ба оила ҳамчун як арзиши муқаддас ва бунёдӣ нигоҳ кунем ва барои ҳифзи он тамоми саъй ва нерӯямонро равона созем.

Оила - макони тарбияи ахлоқ, мактаби муҳаббат ва асоси суботи иҷтимоист. Дар шароити ҷаҳонишавии имрӯза, маҳз арзишҳои оилавӣ метавонанд ҷомеаро аз парокандагӣ ва бенизомӣ нигоҳ доранд. Дар Рӯзи байналмилалии оила мо бояд на танҳо онро ҷашн гирем, балки бо масъулияти баланд дар бораи рисолати оила дар зиндагии шахсӣ ва ҷомеа андеша намоем. Оила бояд дар маркази сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта бошад, зеро оила решаи ҳама гуна арзишҳои инсонӣ ва кафолати ояндаи солим ва устувори миллат аст.

Дар ҷомеаи муосир, ки бо рӯ овардан ба технология ва масоили моддӣ рӯҳ ва маънавиятро камтар эҳсос мекунанд, нақши оила ҳамчун манбаи эҳсоси инсонӣ ва сарчашмаи ахлоқ дубора эҳё ва бознигарӣ мегардад. Оила ҳамчун макони шинохти арзишҳои аслии инсонӣ - муҳаббат, эҳтиром, поквиҷдонӣ ва садоқат боқӣ мемонад. Ҳамагон бояд дарк намоем, ки рушди иқтисодӣ бе асоси маънавӣ, яъне бе оилаи солим, муваффақ намешавад.

Ба ҳамин хотир, давлат ва ҷомеа вазифадоранд, ки на танҳо оиларо ҳамчун як воҳиди иҷтимоӣ ҳифз намоянд, балки онро ҳамчун муҳити афкори солим ва тарбияи маънавии насли навин тақвият бахшанд. Танҳо тавассути таҳкими асосҳои маънавии оила мо метавонем дар баробари таҳдидҳои замони муосир муқовимат кунем ва барои рушди устувори кишвар ва бақои фарҳанги миллӣ замина гузорем.

Меҳроб ҲАЙДАРЗОДА,

директори Литсейи касбии техникии шаҳри Ваҳдат

2025-05-15 17:17:04

"АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ИНЪИКОСГАРИ ТАЪРИХИ ГУЗАШТАВУ ИМРӮЗ"

Таҳти ҳамин унвон дар "Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода", бо ташаббуси кафедраи "Фанҳои гуманитарӣ" оид ба асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд. Чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, сипас аз ҷониби муовини директор оид ба корҳои илм ва инноватсия, Ҳикматова Шоира Ҳидоятовна меҳмонон муарифи карда шуд.

Дар конференсия Маҳмудов Давлатшоҳ, омӯзгори калони кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамзамон мудири шуъбаи робита бо ҷомеаи донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қайд карданд, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат байни насли ҷавони аҳолии ҷумҳурӣ, бахусус донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ соли таҳсили 2024-2025 “Соли мутолиаи асарҳои Пешвои миллат" эълон карда шудааст.

Дар кори конференсияи маърӯза аз ҷониби мудири кафедраи "Фанҳои гуманитарӣ" Шарипов Зариф Зайниддинович дар мавзӯи китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Уфуқҳои истиқлол", маърӯза аз ҷониби ҳуқуқшиносӣ муассиса Ғафуров Умед Меликбоевич, дар мавзӯи "Аҳамияти таърихии асарҳои Пешвои миллат" ва маърӯза аз ҷониби омӯзгори кафедраи "Фанҳои гуманитарӣ" Холова Нисо дар мавзӯи "Зиндагинома ва корнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид, ки иштирокчиён ба худ ғизоӣ маънавӣ гирифтанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор омӯзгорон сипоснома ва туҳфаҳо супорида шуда аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамеша дар пайи омӯзиши асарҳои Пешвои миллат бошанд, зеро дар онҳо таърихи пурифтихори миллати тоҷик дарҷ гардидааст.

2025-05-15 17:14:23

НАҚШИ ОИЛА ДАР РУШДУ УСТУВОРИИ ҶОМЕА

Оилаи устувор ячейкаи муҳими пешбарандаи ҷамъият аст. Аз ин рӯ, мустаҳкамии оила, маърифату маданияти волидон дар инкишофи насли наврас ҳамчун узви ҷомеа таъсири назаррас мерасонад. Пойдевори оилаи бо муҳаббату меҳр, ҳамдигарфаҳмӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ бунёд гардида, устувор мебошад. Ба ақидаи олимон фарзанд дар чунин муҳит сарбаланд, қавиирода, босадоқат, боимон тарбия меёбад. Маҳз таълиму тарбияи дурусти шахс, қабл аз ҳама, аз муҳити оила сарчашма мегирад.

Ҳеҷ кас аз ибтидо комил ва рушдёфта ба дунё намеояд, шахс дар муҳити оила аввалин тасаввурот оид ба давлат, президент, қонун, рамзҳои сиёсӣ ба вуҷуд меояд, ки дар ин самт нақши волидон, яъне оила хеле назаррас мебошад.

Дар баробари волидон давлат низ талош менамояд, ки институтҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ он маърифатеро ба насли наврасу ҷавон таълим диҳанд, ки ба ҳифзи суботу амният ва рушди минбаъдаи ҷомеа кӯмак намояд. Мутобиқи моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди оила ҳамчун институти муҳимми ташаккулдиҳандаи шахс таваҷҷӯҳи хоса дода мешавад. Дар ин самт барномаҳои махсус қабул карда шудаанд. Низоми сиёсиро лозим аст, ки чунин шароитеро фароҳам оварад, ки волидон ба насли наврас донишҳо ва арзишҳои бунёдии сиёсиро интиқол дода тавонанд. Агар дар инкишофи оилаи солим заминаи кофии моддиву маънавии рушд фароҳам нагардида бошад, он аз уҳдаи анҷоми вазифаи муҳими тарбияи сиёсӣ баромада наметавонад.

Дар замони муосир, ки ҳоло шароит нисбат ба чанд солҳои пеш беҳтар гардидааст, оилаҳо ҳадди аксари кӯшишро ба харҷ медиҳанд, ки фарзандони мустақил ва аз ҷиҳати моддӣ ҳаматарафа қонеъ ба воя расанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани раванди таълиму тарбияи насли ҷавон қонуни махсус – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро қабул намуд. Қонуни мазкур боз ҳам талош бештар барои тақвият бахшидан ва боло бурдани масъулияти волидон дар ташаккули шахсияти кўдакон ва омода намудани онҳо ба сифати субъекти мустақили сиёсӣ дар ҳаёти ҷомеа мебошад.

Дар моддаи 16-и қонуни мазкур дар мавриди ўҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд чунин қайд гардидааст: «кӯдакро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, волоияти қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, эҳтиром ба шахсияти худ ва атрофиён, оила, урфу одат, анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва халқҳои дигар, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намоянд;». Ҳамчунин, дар ҳамин модда омадааст: «Ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд; барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмони, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё намоянд».

Бояд гуфт, ки волидон на танҳо дар таъминоти моддиву молиявӣ, ҳамчунин, дар ташаккули маънавӣ, яъне иҷтимоъгароии онҳо, инкишоф додани арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ ўҳдадор мебошанд. Падару модар ба фарзанд он донишу таҷрибаеро интиқол медиҳанд, ки худ дар раванди таълиму тарбия ва аз таҷрибаи зиндагӣ касб карда бошанд. Таҷрибаи андӯхтаи хешро ба фарзандон меомўзонанд ва бо ин роҳ фарзандро ба муҳити ҷомеа вобаста ба урфу одат, арзишҳо ва қонунҳои навишта ва нонавишта мутобиқ месозанд. Оила маҳз бо ҳамин роҳ дар раванди тарбияи сиёсии шахс саҳмгузор мешавад.

Зикр бояд кард, ки дар тарбияи сиёсии ҳар шахс дар баробари оила, ҳамчунин давлат ва ҷомеа низ вазифадор мебошанд. Зеро дар ҳолати ба таълиму тарбияи дуруст фаро гирифта нашудани шахс ва аз ҷиҳати сиёсӣ рушд наёфтани ӯ, метавонад он на танҳо бар зарари падару модар ва ҳамчунин давлату ҷомеа гардад. Фаъол набудан ва ё муқобили қоидаву арзишҳои сиёсии ҷомеа мавқеъ гирифтани шахс боиси суст шудани рушд ва нооромии ҷомеа мегардад.

Қонуни мазкур замоне қабул гардид, ки ҷомеа рў ба рўи раванди ҷаҳонишавӣ ва зери таъсири манфии рӯзафзуни он қарор дошт, ки бетаваҷҷўҳӣ нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон, коста гардидани ахлоқ ва паҳн шудани тамоюли бетарафии сиёсии наврасону ҷавонон ба заиф гардидани арзишҳои миллӣ ва маданияти онҳо оварда расонида, дар оянда барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва рушди кишвар монеа мегардад.

Бо дарназардошти вазъи баамаломада соли 2015 «Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он дурнамои сиёсати давлатро дар самти таҳкими оила ҳамчун ниҳоди муҳими иҷтимоӣ ва асоси ҷомеа муайян месозад. Қабули консепсия ифодакунандаи ҳолати кунунӣ ва дурнамои сиёсати давлат дар самти таҳкими мақоми оила мебошад. Асоси ин ҳуҷҷати муҳимро, ки оила дар он ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд эътироф мегардад, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, солимии занон ва танзими оила ташкил медиҳад.

Консепсияи мазкур масъалаҳои заминаи қонунгузории ҳифзи манфиатҳои оила ва такмили он бо дарназардошти замони муосир, оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд, заминаҳои иқтисодию иҷтимоии таҳкими оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таҳкими пояҳои оиладорӣ, инчунин танзими оила ва солимии репродуктивиро дар бар мегирад.

Хулоса, барои рушди ҷомеаи демократӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ фароҳам овардани шароити лозимаи рушди сиёсии шаҳрвандон нисбат ба ҳар давраи пеш муҳим ба назар мерасад. Мутаасссифона, бинобар мавҷуд будани мушкилиҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавӣ дар оилаҳои ҷавон ва торафт зиёд гардидани шумораи ҷудошавии оилаҳо ба раванди таълиму тарбияи сиёсии кӯдакону наврасон, ҳамчунин садди роҳи дуруст сурат гирифтани тарбияи сиёсии онҳо гардида истодааст.

Аз ин рӯ, боз ҳам ҷоннок намудани корҳои тарғиботиву маърифатӣ ҷиҳати мустаҳкамсозии оилаҳои ҷавон ва беҳтар сохтани имконотҳои моддиву маънавии онҳо дар оянда ба устувории ҷомеа мусоидат намуда, ба пешрафти давлат таъсири назаррас мегузорад.

Зарина БУРИХОНОВА,

директори Литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор

2025-05-12 20:43:40

УСУЛҲОИ МУОСИРИ РАВАНДИ ҲАМШИРАГӢ

Асосгузори кори ҳамширагӣ Флоренс Найтингейли англис аст, ки бо ташаббуси ӯ соли 1855 дар Британияи Кабир сохтори таълими ҳамшираҳои шафқати миёнаро таъсис дода, дар давраи ҷанги Қрим ҳамшираҳои шафқатро таълим дод. Вай ҳатто, матни қасами ҳамшираҳоро тартиб дод (монанди Гипократ), ки бо он ҳамшираҳои шафқат бо тантана ваъда медиҳанд, ки беморонро бидуни ҳадафҳои тиҷоратӣ нигоҳубин мекунанд. Аз ин рӯ, дар тибби ҷаҳонӣ ӯро асосгузори касби муосири ҳамшираи шафқат меҳисобиданд.

Бояд гуфт, ки кори ҳамширагӣ илмест, дорои назарияҳои илмии худ буда, тамоми роҳу усули имконпазири рафтори ҳамшираи шафқатро ҳангоми корбарӣ бо беморро меомӯзад.

Усули муосири кори ҳамшираи шафқат самтест, барои ноилшавӣ ба ҳадаф. Дар ҳар усул фаҳмиши моҳияти бемор чун объекти фаъолияти ҳамшираи шафқат, ҳадафи нигоҳубини маҷмӯӣ корбарӣ бо бемор аз рӯи салоҳияти касбӣ ва баҳогузории натиҷаи нигоҳубини ҳамшираи шафқат мунъакис ёфтааст. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки усули муосири кори ҳамширагӣ –қолаб ё сохтори он дар заминаи фалсафаи кори ҳамширагӣ таркиб ёфтааст. Он дорои парадигмаи кори ҳамширагӣ буда, ба сифати дастур барои нақшаи таълимӣ ё амалия таҳия шудааст.

Тамоми усулҳои кори ҳамширагӣ дар худ 4 ҷанбаи кори ҳамширагиро шомил сохтааст, ки инҳоанд: бемор, кори ҳамширагӣ, муҳити зист ва саломатӣ. Айни замон дар амалияи ҷаҳонии кори ҳамширагӣ зиёда аз 30 намуд усули раванди кори ҳамшираи шафқат вуҷуд дорад.

Онҳо ҳолатҳои асосии зеринро дороанд: муайян сохтани бемор, сарчашмаи мушкилоти бемор, вазифаи аввалиндараҷаи ҳамшира, нақши ҳамшира, -усулҳои ёрӣ расонидан ва натиҷаи интизорӣ.

Усули муосири кори ҳамшираи шафқат ба ташаккули маърифати (шинохти) касбӣ ва таҳкими робита байни ҳамшираҳои шафқати фаъолияткунанда дар самтҳои гуногун мусоидат мекунад. Байни тамоми усулҳои муосири кори ҳамширагӣ 5 усул бештар паҳн шудаанд, ки инҳоанд:

-эволютсионӣ – мутобиқшавӣ (Ассотсиатсияи ҳамшираҳои шафқати Канада);

-иловагӣ-пуркунанда (Вирҷиния Хендерсон 1955);

-модули сохтори амалӣ (Дорота Ҷонсон, 1968);

-модули нокифоягӣ дар худпарастор (Дорота Ҷонсон, 1968);

-модули мутобиқшавӣ.

Бино ба дастури олимон вазифаи муҳимтарини ҳамшираи шафқат баҳо додан ба муносибати бемор нисбати саломатии худ ва расонидани ёрӣ ба татбиқи амалҳо бобати таҳкими саломатию барқарор кардани саломатӣ аст. Кадоме, ки онҳоро бемор метавонад худаш иҷро кунад. Албатта, ин дар ҳоле, ки ӯ агар қувваю ирода ва тасаввуроти кофӣ нисбати беҳдошти саломатии хеш дошта бошад.

Олим Вирҷиния Хендерсон таъкид ба он доштааст, ки ҳамшираи шафқат бояд бо назардошти қабули талаботҳо аз тарафи бемори аниқ, тасаввуроти ӯ дар бораи чӣ тавр қонеъ гардидан аз талаботҳои барои ноилшавӣ ба оне, ки худашро солим меҳисобаду солим медонад ё ба марг арзанда аст, амал кунад.

Дар идома Хендерсон ҳадафи кори ҳамширагиро дар барқарор кардани саломатии бемор медонад. Дар ин ҳолат назди ҳамшираи шафқат вазифаи ноил шудани маҳз он ҳолате меистад, ки бемор онро чун саломатӣ, солимшавӣ ё марги арзанда қабул мекунад. Ҳамзамон, ба пиндори ӯ ба зиммаи ҳамшираи шафқат амалҳое вогузор шудаанд, ки ба бунёди ҳаёти мукаммали бемор бо тамоми хушбахтиҳои ба он хос, фаъолияти самаранок ва истироҳати мукаммал нигаронида шудааст.

Маълум мегардад, ки дар ҳолатҳое, ки марги бемор ногузир аст, ҳамшираи шафқат вазифадор аст, барои осон кардани реҳлати бемор шароити мусоид фароҳам оварад.

Ин олима низоми амалҳои асосии ҳамшираи шафқатро бобати нигоҳубини бемор таҳия кардааст. Ӯ гурӯҳбандиро иборат аз 14 банд таҳия намудааст, ки ба андешаи ӯ самтҳои нисбатан муҳими фаъолияти ҳамшираҳои шафқатро фаро гирифтаанд. Аз ҷумла, ҳолати мусоиди нафаскашии беморро таъмин кардан, ғиззову нӯшокии зарурро додан, ба бемор кӯмак расонидан нисбати дуруст нигоҳ доштани тану ҷисм вақти хобидан, нишастан, роҳ гаштан, иваз намудани ҳолат ва ғайра.

Ин намуди назария байни ҳамшираи шафқат маъруфияти зиёд дорад. Амал кардан аз рӯи ин назария консепсияи нав-тартиби корбарии кӯҳнаи ҳамшираи шафқатро дар ташкили кори ҳамширагӣ иваз мекунад. Ҳамшираи соҳибтахассуси фаъолияткунанда бояд донишу малакаи кофӣ, ҳамчунин боварӣ ба худро дар ҷодаи банақшагирӣ, татбиқу баҳогузории натиҷаҳои нигоҳубини беморро, ки ҷавобгӯи талаботи бемори аниқ аст, дошта бошад..

В.Хендерсон таъкид мекунад, ки самти нигоҳубини ҳамшираи шафқат бояд ҳарчӣ зудтар ба барқарор кардани саломатии бемор нигаронида шавад. Олиме дар рисолаи илмии худ мисолеро аз табобати як беморе, ки дар шуъбаи касалиҳои дарунӣ бистарӣ аст, меорад....

Беморе 3 рӯз аст,ки табобат мегирад. Хобаш паридааст. Ҳамшираи шафқат дар аввал бояд сабаби бедорхобии беморро муайян созад, ки инҳо буда метавонад: рахти ноқуллай, ҳавои вазнини хона, хурраккашии ҳампалата, нороҳатӣ ҳангоми ташхис ё ҷарроҳӣ.

Ҳамшираи шафқат барои рафъи ин ҳолати бемор корро бояд аз тамрин барои баромадан аз ҳолати муташанниҷӣ ва худро озод ҳис кардани бемор оғоз намояд. Ба бемор фаҳмонад, ки пеш аз ҳама, ҳавои хонаро нав кардан зарур аст. Барои бароҳат хоб рафтан, қабл аз хоб сайругашт кардан фоида дорад. Ниҳоят беморро ба дигар палатае, ки хоби беморони он ҷо ором аст, гузаронидан зарур мебошад.

Воқеан ҳам, зарурати дахолати ҳамшираи шафқат дар ҳолатҳои фавқуззикр он вақт ба миён мояд, ки бемор бо тақозои ҳолаташ- касалӣ, хурдсолӣ ё калонсолӣ аз ӯҳдаи саришта кардани худ намебарояд. Ин гуна мушкилот ҳангоми сиҳатшавӣ ё муддати дарози фавт ба вуҷуд меояд.

Бо як сухан ба ақидаи олима Хендерсон ҳамшираи шафқат дар фаъолияти худ эҷодкор буда, ҳама вақт бо назардошти фикру ақидаи бемор корбарӣ намояд.

Аз рӯи усули мутобиқшавӣ (Калиста Рой 1976) вазифаи афзалиятноки ҳамшираи шафқат омӯзиши бемор ба мутобиқшавӣ ба муҳити зист дар давраи беморӣ аст. Дар ин ҳолат ҳамшираи шафқат нақши омӯзгори навоварро мебозад. Ӯ тамоми имкониятҳои имконпазирро дар самти мутобиқшавии бемор ба муҳисти зист бояд истифода барад.

Қайд кардан зарур аст, ки фаъолияти ҳамшираи шафқат вобаста ба соҳаи тандурустӣ ҳархела аст. Масалан, ҳамшираи шафқати шуъбаи касалиҳои рӯҳӣ ҳамкории басо мураккаби байни ҳамшираву бемор аст. Кадоме, ки дар ин ҳолат ҳамшираи шафқат нақши ёрдамчӣ, маслиҳатгар ва нигоҳубини беморро мебозад. Раванди ҳамкории онҳо як қатор давраҳои муттасил, мутобиқшавӣ, баробарӣ, шарҳу тавзеҳ ва ҳалли масъаларо фарогир аст.

Аз рӯи назарияи Файл Абдуллоҳ (1960) дар заминаи нигоҳубини бемор аз тарафи ҳамшираи шафқат принсипҳои холизм- муносибати мукаммал ба шахсият бо баҳисобгирии талаботҳои ҷисмониву психологӣ, эҳсосиву зеҳнӣ, иҷтимоиву ахлоқии бемор ва оилаи ӯ қарор дорад. Аз ин ҷост, ки ҳамшираи шафқат бояд маҳорати муоширати байнишахсию донишро аз рӯи илмҳои психология, физиология, сотсиология ва фанҳои тахассусии кори ҳамширагӣ дошта бошад.

Аз рӯи ин назария 21 талаботи бемор дар чор самти асосӣ – “шароити мусоид”, баробарии ҷисмонӣ, омилҳои психологиву иҷтимоӣ, сотсиологию коммуникативӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар қаламрави кишвар тибби оилавиро ба вуҷуд овард, ки фаъолияти ҳамшираҳои шафқат дар самти нави фаъолият ба худ хос раванду ҷараёнҳо дорад. Олим Азизов З.А. дар асари худ “Кори ҳамширагӣ дар тибби оилавӣ” менигорад, ки “амали ҳамширагии оилавӣ ба истифодабарии раванди ҳамширагӣ дар мавриди татбиқи парастории оила, бо мақсади аз ҷониби оила ноил шудан ба осудаҳолии бештари ҷисмонӣ асос ёфтааст. Ҳамин тавр кори ҳамширагӣ дар тибби оилавӣ ва кори ҳамширагӣ дар нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ мавҷуд мебошад, чунки тавассути оилаҳо ҳамшираҳои тиббӣ саъю кӯшиш менамоянд, ки солимии ҷамъиятро беҳтар созанд ва нигоҳ доранд”.

Ба ҳамин монанд, дар асари “Асосҳои ҳамширагӣ оид ба парастории беморон бо техникаи дастамалҳо” (Ҷ.Дӯстов, Д.Сафхонов) нигошта мешавад, ки “устуворгардонии мақоми ҳамшираи тибб масъулияти ӯро ҷиҳати бомуваффақият барқарор намудани саломатии бемор баланд мегардонад. Мувааафақияти муолиҷа аз донишу таҷриба, таваҷҷӯҳ ва муҳаббати ҳамшираи тибб ба кор вобастагӣ дорад. Кори ҳамшираи тибб дар баробари кори духтур масъулияти баландро талаб мекунад. Ӯ бояд дар доираи салоҳият ва дастурамали хизматӣ амал кунад, то ки ба бемор зарари ислоҳнашаванда нарасонад”.

Олимон Ҳ.Ш.Рофиева ва Ҳ.Н.Мамадов бошанд, дар рисолаи илмии худ “Асосҳои кори ҳамширагӣ дар терапия” навиштаанд, ки “барои ташкили парастории сифатнок ҳамшираи шафқат бояд дар бораи бемор иттилооти муфассалро ҷамъ ва таҳлил намояд, эҳтиёҷотҳои (нафасгирӣ, хӯрок хӯрдан, нӯшидан, ихроҷ кардан, ҳаракат кардан, нигоҳ доштани ҳолат ва ҳарорати бадан, хоб ва истироҳат кардан, либос пӯшидан ва ғайраро ташбеҳ (индетификатсия) бикунад...”

Аҳамияти усули нави кори ҳамширагӣ барои рушду такомули тахассуси ҳамшираи шафқат басо бузург аст. Он барои ба вазифаву рисолати ҳамшираи шафқат бо назари нав нигоҳ кардан кӯмак мерасонад. Агар то ин дам ҳамшираи шафқат танҳо ба беморони шароиташон вазнин нигоҳубин кунад, имрӯз ҳамшираи шафқат якҷоя бо дигар мутахассисон вазифаи асосӣ-барқарору нигоҳ доштани саломатӣ ва пешгирӣ намудани касалиҳо, ҳаддалимкон таъмин кардани соҳибихтиёрии бемор мутобиқ ба имкониятҳои фардияшро иҷро мекунад.

Ба рушди модулҳои амалкунандаи кори ҳамширагӣ тадқиқоту кашфиётҳо дар ҷодаи физиология, сотсиология ва психология мусоидат карданд.

Дар радифи гуфтаҳои боло махсус таъкид карданием, ки ҳамшираи шафқат дар замони муосир ҳамчун иҷрокунандаи оддии дастурҳои духтур зимнан мутахассиси мустақил мебошад. Дар асл бошад имконияту тавоноии ҳамшираҳо дар табобати беморон пурра истифода намешавад. Доираи фаъолияти ӯ ба таври сунъӣ маҳдуд аст. Табибон назорати корбарии ҳамшираи шафқатро бо рад кардани салоҳиятнокиаш идома дода истодаанд. Аз ин рӯ, барои баромадан аз ин нобоварӣ нисбаташон дар навбати аввал худи ҳамшираи шафқат бо зоҳир намудани ташаббусу шавқмандӣ ба касбияташон кӯшиш намоянд.

Ҳамшираи шафқати замони муосир бояд мустақилона фикр кунад, корбарӣ бо беморонро бо такя ба тасаввуроти комил дар бораи моҳияти инсон омӯзад. Бинобар ин ҳам барояш донистани асосҳои фанни психологияву педагогика, назарияи муоширати байнишахсӣ чун обу ҳаво зарур аст.

Ин гуна ҳамшираи шафқатро ҳамзамон, огоҳ буданаш аз асосҳои назариявии кори ҳамширагии замони муосир зарур аст, ки фарқияти принсипиалии ихтисосиро аз касби табибӣ ва дигар тахассусҳои рисолаташон ба кӯмаки инсон дар нигоҳдории саломатиашон нигаронидашуда муайян месозад. Кори ҳамширагӣ дар замони муосир тақозо дорад, ки усулҳои нави корбарӣ бо бемор таҳия карда шавад. Кадоме, ки тағйиротҳои сершумори дар соҳаи тандурқустии мо, сохтору ҳадафҳои он, усулҳои марбут ба вазифаи тандурустӣ дар қарни XXI вуҷуддоштаро мунъакис менамояд.

Ба андешаи мо ҳусни мақтаъи мақолаамон андешаҳои олимон Ҳ.Ш.Рофиева ва Ҳ.Н.Маҳмадов аст, ки рушди минбаъдаи кори ҳамширагиро “дар баланд бардоштани мақоми касбӣ ва иҷтимоии ҳамшираи шафқат, таъмини мустақилияти кофӣ дар фаъолияти ҳамшираҳои тиббӣ, баланд бардоштани нуфузи касбии онҳо, фароҳам овардани имкониятҳои воқеии мансабӣ, сохтори аниқ таҳияшудаи такмили мунтазами касбӣ, шароит барои татбиқи муваффақонаву имконпазири эҷодии ҳамшираи тибб ва дар ниҳоят истифодабарии таҷрибаи ҳамкасбони хориҷӣ” мебинанд.

Адабиётҳои истифодашуда:

1. Перфильева Г. М., Камынина Н. Н., Островская И. В., Пьяных А. В. “Теория сестринского дела”; ГЭОТАР-Медиа - Москва, 2010. -саҳ. 256.

2. Азизов З.А. “Кори ҳамширагӣ дар тибби оилавӣ”, ш.Душанбе, Нашр. “Истеъдод”. саҳ. 40.

3. Кулешова Л. И., Пустоветова Е. В. “Основы сестринского дела”. Назария ва амалия. Дар 2 қисм.; Феникс - Москва, 2013. – саҳ. 118.

3. Перфильева Г. М., Камынина Н. Н., Островская И. В., Пьяных А. В. “Теория сестринского дела”; ГЭОТАР-Медиа - Москва, 2010. – саҳ. 256.

4. Мухина, С. А. “Теоретические основы сестринского дела” [Матн]: китоби таълимӣ / С. А. Мухина, И. И. Тарновская. – Нашри 2-юм, бо таҳриру иловаҳо. – Москва: ГЭОТАР-Медиа, 2011. – саҳ. 368.

5. Ҳ.Ш.Рофиева, Ҳ.Н.Маҳмадов. “Асосҳои кори ҳамширагӣ дар терапия”. Нашр. “Истеъдод”. Душанбе-2012, саҳ.31.

6. Ҷ.Дӯстов, Д.Сафохонов. “Асосҳои кори ҳамширагӣ оид ба парастории беморон бо техникаи дастамалҳо”. Нашр. “Ношир”, Хуҷанд-2013, саҳ.19.

7. Маҷаллаи “Даво” (Нашрияи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон) №5, соли 2024, саҳ.20.

Замира Ҳомидова, декани факултети кори момодоягии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ

 

2025-05-12 20:40:42

ҶАВОНОН ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР РУШДИ ҶОМЕА

Ҷавонон субъекти асосии ташаккули оила ва равандҳои демографӣ мебошанд. Ин барои интихоби суръат ва самти воридшавии ҷавонон ба ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ имконият фароҳам меорад. Маҳз ҳамин вазъият асоси фаъолияти навоварона, саҳми эҷодии он ба пешрафти ҷамъият мебошад. Имрӯз дар ҷаҳон 1,2 миллиард ҷавонони аз 15 то 24-сола зиндагӣ мекунанд, ки 16 дарсади аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, 70% -и аҳолии кишварро ҷавонони то синни 35 сола ташкил медиҳад, ки ин аз нерӯйи бузурги иҷтимоӣ будани ҷавонон дар ҷомеаи мо шаҳодат мекунад. Дарвоқеъ, ҷавонон неруи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ба ҳисоб мераванд, зеро тибқи маълумоти оморӣ, зиёда аз 70 дарсади аҳолии мамлакат ҷавонони то 35-солаанд. Ин гувоҳи он аст, ки давлати мо давлати ҷавонон мебошад.

Бар пояи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид, Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолӣ 22,5 солро ташкил медиҳад. Ҳамин аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии Тоҷикистон қарор дорад.

Яке аз нуктаҳои муҳиме, ки дар ҳамин самт Сарвари давлат дар Паём зикр намуданд: “Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст”.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҷавонон ва таъмини ҷойгоҳ ва вазифаҳои онҳо дар ҷомеа барномаҳои мукаммал ва зарурӣ таъсис додааст. Роҳандозии сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон, ки дар асоси принсипҳои инсонгароӣ ва дарк кардани манфиатҳои умумии миллат қарор дорад, барои вусъат додани имкониятҳои нави иҷтимоӣ, таҳсилотӣ ва меҳнатӣ ба ҷавонон кӯмак мекунад. Ҷавонон бо истифода аз барномаҳои дастгирӣ ва маблағгузории давлатӣ метавонанд дар соҳаҳои гуногун ба мақсадҳои худ расанд.

Ҷавонон имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар фаъолона иштирок мекунанд. Дар илму таҳсилот, саноат, бахши ахборот, варзиш ва дигар соҳаҳо, ҷавонон бо донишу маҳорати худ метавонанд ба пешрафт ва эҷоди тағйироти куллӣ мусоидат кунанд. Илова бар ин, дар соҳаи илм ва технологӣ, ки дар марҳалаи нави рушди кишвар қарор дорад, иштирок ва талоши ҷавонон барои омӯзиши илму техникаро зарур аст. Аз ин рӯ, ҷавонон на танҳо дар дохили кишвар, балки дар арсаи байналмилалӣ низ бо шӯҳрати хеш номи Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд.

Дар замони муосир, ки пешрафтҳои илмию технологӣ ҳар рӯз рушд мекунанд, талабот ба маҳорати нави ҷавонон бештар мешавад. Инқилоби технологӣ, рушди рақамӣ ва ҷаҳони иттилоотӣ имкон медиҳанд, ки ҷавонон маҳорати баландтар ва илму фаҳмиши муҳимро дар ихтиёр дошта бошанд. Бо истифода аз интернет, платформаҳои омӯзишӣ ва курсҳои мухталиф, ҷавонон метавонанд таҷрибаи хешро дар соҳаҳои муҳандисӣ, барномасозӣ, тадқиқот ва саноат ба шарофати омӯзиши фанҳои муосир рушд диҳанд.

Ҷавонон на танҳо вазифадоранд, ки дар соҳаҳои гуногун бо меҳнат ва талош фаъол бошанд, балки бояд дар назди миллат ва ҷомеа масъулият дошта бошанд. Масъулиятшиносӣ, ки ҷавононро ба кӯшиш барои беҳбудии иҷтимоӣ ва мустаҳкам кардани рушд водор мекунад, бояд як арзиш дар шахсият ва муносибати ҳар як ҷавон бошад. Ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, ки мо ба он ифтихор мекунем, як қисми асосии маърифати ҷавонон бояд бошад. Ҷавонон бояд ҳамеша ҳис кунанд, ки онҳо на танҳо барои худашон, балки барои ҳамаи мардум ва Тоҷикистон масъуланд.

Хулоса, рӯзи ҷавонон имконият медиҳад, ки ба тамоми ҷавонон барои саъю кӯшишҳои онҳо дар рушд ва пешрафт арҷ гузошта шавад. Ҷавонон барои ҳар як кишвар, ки роҳи тараққиётро пеш мегирад, манбаи энергия ва илҳоманд. Ба ҳамин хотир, мо бояд дар Рӯзи ҷавонон дастовардҳои онҳоро қадр намуда, имкониятҳоро барои рушду пешрафти ҳар як ҷавон ва тақвияти ҷомеаи кишвар муҳайё намоем.

Файзалӣ Ҳакимзода - сардори шуъбаи тарбия ва кор бо ҷомеаи Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе

 

2025-05-12 20:38:53

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ САЙЁҲӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Боиси ифтихор аст, ки созмонҳои бонуфузи дунё ташаббусҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро пазируфтанд ва ёдгориҳои таърихиро ба феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ғайримодӣ ворид намуданд.

Барои вусъат бахшидан ва бо дар назардошти зарурати инкишофёбии инфрасохтории деҳот Сарвари кишвар дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои рушди иқтисоди кишвар, ки солҳои охир босуръат рушд карда истодааст. Тоҷикистон дорои мероси рангини таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ дар кишвар иқтидори воқӣ дорад. Бо дарназардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.

Тоҷикистон сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кўҳҳои осмонбўс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кўлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.

Инчунин Тоҷикистони мо табиати зебо ва дарёҳои мусаффояш таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб менамояд. Аз Аврупо то Осиё дар бораи Искандаркўл, Аловуддин, Яғноб ва дигар ҷойҳои таърихии мо бо хушнудӣ ҳарф мезананд, ки ифтихори ҳар яки мо аст.

Соҳаи туризм ҳамчун яке аз самтҳои сердаромади иқтисодиёти ҷаҳон дар асри XXI эътироф гаштааст. Дар бештари кишварҳо туризм дар ташаккули маҷмўи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши муҳим бозида, ба инкишофи соҳаҳои мухталиф, аз қабили нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, фарҳанг, санъат истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои заруриро фароҳам меоварад.

Негматуллоева Матлуба, омӯзгори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд

 

2025-05-12 20:28:17

ИДОМАИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ «ҶОМИ РАИСИ КУМИТА»

Бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқаи варзишӣ барои дарёфти «Ҷоми раиси Кумита» аз рӯи намуди футболи хурд миёни донишҷӯписарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳо ҷараён дорад.

Дар доираи ҳамин ташаббус дар ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат бо иштироки роҳбарияти Кумита миёни дастаҳои раёсатҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, директорони коллеҷу литсейҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ барои дарёфти Ҷоми раис Кумита мусобиқаи футболи хурд баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории мусобиқи мазкур баланд беҳбудӣ бахшидан ба саломатӣ, устувор намудани дӯстию бародарӣ дар байни муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳо, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим тавассути варзиш, оммавигардонии футбол, омӯзондан ва такмил додани маҳорати варзишӣ ва интихоб намудани беҳтарин бозингарон дар ҳайати тими мунтахаби Кумита ҷиҳати ширкати онҳо дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва берун аз он мебошад.

Мусобиқа дар 3 давр баргузор гардида, дар зинаи аввал хонандагону донишҷӯёни ихтисосҳои гуногуни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ байни ҳам рақобат карданд. Аз миёни онҳо гуруҳи беҳтарин ҳамчун тими муассиса ба даври минтақавӣ роҳхат гирифт.

Дар даври дуюми мусобиқа, ки дар минтақаҳои Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор ва шаҳри Душанбе баргузор гардид, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар алоҳидагӣ рақобат карда, дастаҳои беҳтарин аз ҳар як минтақа ба даври ҷумҳуриявии мусобиқа роҳ ёфтанд.

Даври ниҳоии мусобиқа рӯзи 24 май дар Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ баргузор гардида, ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ ҷом, медал, ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои таъсисдодаи кумитаи тадорукот тақдим карда мешавад.

 

2025-05-09 20:49:48

Иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия 09.05.2025

https://president.tj/event/news/50768

9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба қасри Кремл ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин самимона истиқбол гирифтанд.

Барои иштирок дар ин чорабинии бошукӯҳ сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз 29 кишвари ҷаҳон ба Москва ташриф оварданд.

Зимни иштирок дар паради ҳарбӣ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз кишварҳои ҷаҳон дидору суҳбатҳои судбахш анҷом доданд.

Баъд аз маросими истиқболи сарони давлатҳою ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои воломақом аз ҷониби Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх паради низомӣ баргузор гардид, ки дар он теъдоди зиёди низомиён иштирок карданд.

Дар паради бошукӯҳи ҳарбии майдони Сурхи шаҳри Москва як ротаи десантии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.

Иштироку қадамзании боматонати низомиёни шуҷои тоҷик ба поси хотири беш аз 300 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон ба майдонҳои набард, ки 55 нафари онҳо ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардида буданд ва ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо меҳнату машаққати холисонаи худ дар ақибгоҳ дар таъмини Ғалабаи бузург дар он ҷанги пурдаҳшат саҳми намоён гузоштаанд, сурат гирифт

Пас аз анҷоми паради ҳарбӣ, дар Майдони Сурх Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони ҳайатҳои расмӣ ба гиромидоштӣ хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузоштанд.

Иштироки сарони давлатҳо дар тантанаи Ғалабаи бузург дар шаҳри Маскав бо аксгирии якҷояи хотиравии онҳо ба поён расид.

 

2025-05-09 20:39:48

Иди Ғалаба - кафили суботи ҷомеа

Дар асри XXI ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хатарҳои нав рӯ ба рӯ аст, ки аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо терроризм ва ифротгарои маҳсуб меёбанд. Ин падидаҳо бо истифода аз технологияҳои муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ андеша, ахлоқ ва оромии рӯҳии инсонҳоро зери таҳдид қарор дода, як силсила ҷиноятҳои вазнинро дар миқёси байналмилалӣ ба миён овардаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташаббускори мубориза бо хатарҳои замони муосир, дар самти пешгирии терроризм ва ифротгароӣ як силсила чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва амниятӣ роҳандозӣ намудааст. Тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: "Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки уҳдадории ҳар як фарди ватандӯсту худшинос аст."

Яке аз роҳҳои муассири пешгирии ин равандҳои хатарзо, ин тарбияи маънавию ватандӯстонаи насли наврас ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию динӣ мебошад. Маҳз тавассути тарғиби арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ метавон ба решаи ифротгароӣ зарба зад. Мактаб, донишгоҳ, оила ва ВАО бояд ҳамчун бахшҳои калидии ташаккули ҷаҳонбинии солим, саҳми худро гузоранд.

Мубориза бо терроризм бояд фарогири тамоми ҷомеа бошад. Танҳо дар сурати ҳамоҳангии мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан бо иштирок ва ҳамдастии ҷавонон, омӯзгорон, рӯҳониён ва фаъолони ҷамъиятӣ метавон ба пешрафт ноил шуд. Барномаҳои тарбиявӣ, конфронсҳо, чорабиниҳои маърифатӣ ва ташкили муҳокимаҳо дар ин самт самараноканд.

Имрӯз, ки мардуми тоҷик дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ба сар мебаранд, набояд ба дасисаҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва ваъдаҳои пучи онҳо дода шаванд. Ҳар як шахс бояд дарк намояд, ки амният ва суботи кишвар аз худи ӯ сарчашма мегирад. Пешгирии терроризм ва ифротгароӣ на танҳо як вазифаи давлатӣ, балки қарзи шаҳрвандии ҳар як тоҷик мебошад.

Бахшида ба Рӯзи Ғалаба бар терроризм ва ифротгароӣ, ҳар як фарди бедордилро зарур аст, ки барои ҳифзи сулҳу суботи Ватан талош варзад. Танҳо дар фазои ором метавонем насли созанда ва ҷомеаи пешрафтаро бунёд намоем.

Бердиева Хуршеда - мудири кафедраи умумитаълимӣ Коллеҷи инноватсионии шаҳри Хуҷанд

 

2025-05-09 20:38:30

Нури бедорӣ дар тӯфони ҷанг: Ҳаёти пурифтихори Ҷаннат Раҳимова

"Садҳо зани тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ бо ҷасорату матонат дар заводҳо, фабрикаҳо ва колхозҳо заҳмат кашида, саҳми арзандае дар пирӯзӣ гузоштанд".

Эмомалӣ Раҳмон

Дар қатори мардони далеру шуҷоъ, занони тоҷик низ дар сафи пеши мубориза бо фашизм истода, дар таъмини ғалабаи таърихии халқҳо бар фашизми гитлерӣ нақши назаррас ва пурарзиш бозиданд. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 32 ҳазор зани тоҷик иштирок намудаанд. Аз ин шумора 350 нафар снайпер, 1420 пулемётчӣ, 435 телеграфчӣ, 3750 телефонист ва 4195 нафар тирандоз буданд. Ҳазорҳо нафари дигар ба ҳайси ҳамшираҳои шафқат дар хати пеш ва ақибгоҳ хизмат карданд.

Дар миёни ин фарзандони шуҷоъи миллат, ном ва шахсияти Ҷаннат Раҳимова бо меҳанпарастӣ, устуворӣ ва ҷоннисории беназире зикр мегардад. Ӯ яке аз чеҳраҳои дурахшони замони ҷанг ва бонуи бедордиле буд, ки тамоми ҳастии худро фидои миллату Ватан намуд.

Ҷаннат Раҳимова соли 1917 дар деҳаи Ёваи уезди Хуҷанд ба дунё омадааст. Дар солҳои гуруснагии даҳаи 1920, бо фавти падару модар, панҷ фарзанди хонавода бесаробон монданд. Ӯ аз хурдӣ бо зиндагии сахту душвор рӯ ба рӯ шуда, бо меҳнати ҳалол ва иродаи қавӣ роҳи пурпечу тобро тай намуд.

Пас аз як сол тарбия дар мактаби-интернати шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд), соли 1935 ба курси омӯзгорӣ дар шаҳри Тошканд дохил шуда, баъдан таҳсилро дар Институти омодасозии омӯзгорон дар Ленинобод идома дод.

Солҳои 1939–1940 Раҳимова ба ҳайси инструктори Кумитаи шаҳрии комсомоли Ленинобод фаъолият карда, соли 1940 ба шаҳри Бухоро кӯчид. То соли 1942 омӯзгор ва корманди адабии рӯзномаи «Бухоро ҳақиқати» буд.

Соли 1942 ба зодгоҳаш баргашта, директори мактаби деҳаи Ёва ва ҳамзамон фаъолиятчии Кумитаи шаҳрии комсомол таъин гардид. Ӯ корҳои ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ бо садоқат ба роҳ монда, дар ҷалби ҷавонону занон ба фабрикаҳову корхонаҳо саҳми калон гузошт.

Мисли Ҷаннат Раҳимова, садҳо зани тоҷик дар ақибгоҳ бо иродаи қавӣ ва матонат дар заводҳо, фабрикаҳо, колхозу совхозҳо заҳмат кашида, дар таъмини фронт бо маводи ғизоӣ, либос ва дигар эҳтиёҷот саҳм гузоштанд.

Саҳми мардуми Тоҷикистон дар Ғалабаи бузург бар фашизм дар солҳои 1941–1945 бузург ва таърихист. Дар ин ҷанг 93 ҳазор нафар фарзандони Тоҷикистон ҷони худро барои озодӣ ва адолат нисор карданд. Ном ва ёди онҳо, аз ҷумла Ҷаннат Раҳимова, то абад дар хотираи наслҳо боқӣ хоҳад монд.

Оқилова А. декани факултаи фанҳои гуманитарии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент

2025-05-09 20:37:00

САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ЭНЕРГИЯИ БАРҚ ДАРОМАД БА БУҶАИ ОИЛА

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар низоми энергетикии мамлакат бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои муассир, аз ҷумла навсозиву барқароркунии иқтидори истеҳсолӣ ва шабакаҳои интиқоли неруи барқ амалӣ карда шуданд. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ иншооти бузурги тавлидоти неруи барқ ба роҳ монда шуда, истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ба рушди устувори иқтисодиёти мамлакат такони ҷиддӣ бахшид.

«Сарфаю сариштакорона истифода кардани энергия бо иродаи қавӣ дар амал татбиқ кардани якчанд тадбирҳоро аз тарафи роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳо ва сардорону аъзои оилаҳо талаб менамояд. Агар ҳар шахс ё шаҳрванди Тоҷикистон дар самти сарфаю сариштакорона истифода намудани неруи барқ тасаввуроти кофӣ дошта бошад ва тибқи он амал намояд, вазъи молиявию иқтисодӣ ва ҳаёти иҷтимоияш хеле беҳтар гардида, захираҳои энергетикӣ низ дар мамлакат сарфа мешаванд»,-афзуд корманди масъули вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар сохтмони биноҳо, иншоот ва хонаҳо бояд талаботи муосири сохтмонӣ оид ба масъалаи сарфаи энергия пешбинӣ шавад, зеро биною иншоот ва хонаҳои бо назардошти сарфаи энергия сохташуда хароҷоти оилаҳоро аз 2 то 10 баробар кам менамоянд. Барои шаҳрвандон якчанд усули хеле сода ва самаранок мавҷуд ҳастанд, ки бо риояю амалинамоии онҳо бо хароҷоти камтарин метавон бо энергияи зарурии барқу гармӣ таъмин гардид.

Инчунин, муҳим аст мардум бидонанд, ки ҳар киловатт-соати энергияи барқи истифодакардаашон аз истеҳсол, интиқол ва тақсимоти он осон ба даст намеояд. Аз ин рӯ, аз мардум хоҳиш карда мешавад, ки ҳаҷми барқи истифодакарда ва маблағҳои барои он пардохткардаашонро ба таври доимӣ таҳлил карда, бо ҳисоби миёна дар моҳҳо ва солҳо муайян намоянд, ки агар онро бо риояи роҳҳои сарфанамоӣ истифода баранд, ба буҷаи оила то кадом андоза манфиат ворид мешавад.

Дар раванди истеҳсоли энергияи барқ маблағҳои бениҳоят зиёд масраф мешаванд ва дар ин соҳа шумораи зиёди кормандон фаъолият доранд. Дар айни замон дар миқёси ҷаҳон нархи барқ барои аҳолии Тоҷикистон ва дигар истифодабарандагон арзонтарин ба ҳисоб меравад,- мегӯяд корманди Вазорати энергетика ва захираҳои оби мамлакат.

Солҳои охир аз ҳисоби пайвастшавиҳои нав, ба монанди биноҳои баландошёнаи истиқоматию корхонаҳои шакли фаъолияташон гуногун ва ғайра истифодаи энергияи барқ афзоиш меёбад. Аз ин ҳисоб ва исрофкорона истифода кардани барқ аз тарафи мардум, масхусан дар фасли сармо дар системаи энергетикӣ серборӣ эҷод шуда, садамаҳои зиёд ба вуқуъ меоянд.

“Ҳар садама дар системаи энергетикӣ муҳлати таҷҳизоти барқӣ ё муҳлати истифодаи онҳоро кӯтоҳ менамояд. То барқарор кардани садамаҳо истифодабарандагон дар фасли сармо бе барқ монда, зарари назарраси иҷтимоӣ мебинанд. Дар навбати худ барои ивазу барқарор кардани садамаҳо низоми энергетикӣ бояд маблағҳои зиёд хароҷот намояд”,- таъкид намуд ҳамсуҳбатамон.

Аз ин рӯ бояд шаҳрвандон дар барқтаъминкунии биною хона ноқилҳоро дуруст интихоб намоянд ва аз истифодаи ноқилҳои буриши кундалангиашон хурд даст кашанд. Дар ҳолати мавҷуд будани имконият аз ноқилҳои мисӣ истифода кардан муфидтар аст.

Ба андешаи мутахассиси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ғайриқонунӣ ё бе иҷозат ва надоштани шартнома истифода кардани энергияи барқ мумкин нест. Берун аз ҳисобгираки барқӣ низ истифода кардани барқ қатъиян манъ мебошад. Шаҳрвандон ин гуфтаҳоро бояд риоя намоянд ва ба дигарон низ фаҳмонанд. Агар аз тарафи ягон ҳамсоя ё нафарони дигар ҳолатҳои ғайриқонунии истифодаи барқро мушоҳида кардед, бояд сари вақт ба ташкилоти таъминкунандаи барқ ё дигар мақоми дахлдор хабар расонед, ки ин амал ба манфиати ҳамагон аст. Бо ин амал шумо ба таври боэътимод ва босифат бо энергияи барқ таъмин буданатонро ҳифз менамоед.

Таҷҳизоти кӯҳнаро тадриҷан бо дастгоҳҳои нав иваз кунед. Телевизорҳо ва чангкашакҳо, яхдонҳо ва мошинҳои либосшӯйию табақшӯйӣ аз рӯи стандартҳои имрӯзаи сарфаи энергия хеле муфиданд. Ҳама асбоби барқии маишӣ ба синфҳои самаранокии энергия тақсим карда шудаанд. Дараҷаи баландтарини самаранокии энергетикӣ бо ҳарфи лотинии A, пасттарин — G ишора карда мешавад, ки дар шиноснома ва ё маълумотномаи корхонаи истеҳсолкунанда нишон дода шудааст.

Инчунин, ба ҷои фурӯзонакҳои тафсон чароғакҳои светодиодӣ истифода намоед, зеро як чароғи 20-ваттаи светодиодӣ баробари як фурӯзонаки 100-ватта рӯшноӣ медиҳад. Яъне, он қувваи барқро 5 маротиба камтар истифода менамояд.

Ҷонмаҳмадова Адиба,

Омӯзгори Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент

2025-05-07 18:37:50

ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД

Таҳти щамин унвон дар толори фарҳангии коллеҷи техникии шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ - фароғатии идона ба муносибати 80 - умин солгарди “Рӯзи Ғалаба” бо иштироки роҳбарият, омӯзгорону донишҷӯён ва меҳмонон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Куҳзоди Фатҳулло, рӯзноманигори телевизиони Тоҷикистон, ҳамзамон ғолиби озмуни ҷумҳуриявии Фурӯғи субҳи доноӣ ва ғолиби озмуни шаҳрии Ту қалби Тоҷикистони Душанбе, Боев Алиҷон Сулаймонович, раиси комиссияи тафтишотии маъюбони Чернобилчиёни ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва аҳли раёсати Коллеҷи техникӣ иштирок намуданд.

Чорабиниро Низомзода Зокирҷон Мукарам ифтитоҳ намуда, омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба 80 -умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, қайд намуд, ки дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд ва барои қадрдонии онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9-май ҳамчун Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад.

Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос медорад ва онҳоеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд мавриди дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоса қарор додааст.

Сипас, Куҳзоди Фатҳулло, рӯзноманигори телевизиони Тоҷикистон ба сухан баромада, дар баромадаш оиди таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ сухан ронда қайд намуд, ки аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Умуман, аз кишвари мо беш аз 290 ҳазор нафар бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ҷанги зидди фашизм иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагиҳои бемисл зоҳир кардаанд. Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст.

Ҳоло мо дар остонаи таҷлили 80 - умин солгарди ғалабаи бар фашизм қарор дорем. Далериву шуҷоат ва мардонагиву қаҳрамонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳифаи дурахшони таърихи моро ташкил медиҳад. Маҳз ин ҷоннисориву фидокориҳои онҳо буд, ки тамоми халқҳои давлати шӯравӣ аз чанголи фашистони хунхор раҳоӣ ёфтанд.

Ҳамаи ин фидокориву ҷоннисориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ то имрӯз дар хотираи мардум нақш бастааст ва мардум бо некӣ аз онҳо ва аз қаҳрамониҳои онҳо, ки баҳри халқу Ватан кардаанд, ёд мекунанд. Корнамоиҳояшон онҳо аз тарафи давлат қадрдонӣ карда шуда, ба онҳо унвонҳои сазовор дода шудааст. Кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғҳо, мактабу муассисаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба номи ин қаҳрамонон гузошта шудааст.

Ёди неки ин мардони шуҷоъ дар хотираҳои ҳар як хурду калони Тоҷикистон абадӣ аст. Ҷоннисориҳои ин далерон намунаи ватандӯстӣ ва қудрати мардонагӣ барои ҷавонмардон аст. Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.

Дар идомаи чорабинӣ тибқи сенария ба ифтихори 80 -умин солгарди ғалаба бар фашизм аз тарафи донишҷуёни шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва факултети муҳандисию иқтисодӣ суруду таронаҳои тараннумгари Ватан пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ гардида, табъи онҳоро болида намуд.

Дар фарҷом ба меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравии раёсати коллеҷи техникӣ тақдим гардид ва муаллими калони кафедраи нақлиёт ва технологияи Қурбонов Сайфиддин бо нишони аълочӣ ва як қатор омӯзгорони фаъол бо ифтихорномаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

2025-05-07 18:34:39

ЁДИ ҚАҲРАМОНОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ҶОВИДОНИСТ

Аз фарҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ 80 - сол сипарӣ гашт, аммо корнамоию қаҳрамонии бемислу монанди халқи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ҳамчун ҳодисаи азими оламшумули таърихӣ ҳамеша боқӣ хоҳад монд. Ҳар қадар аз он солҳо дур равем, ҳамон қадари дигар барои амиқтар дарк кардани ҳодисаҳои он давра ба бештар донистани корномаи ҷовидонии халқ зиёд мешавад.

Ҷанги дуюми ҷаҳон барои тамоми сокинони сайёра, аз ҷумла, мардуми тоҷик давраи фоҷиаангези асри гузашта ба ҳисоб меравад. Дар он давраҳои душвор фарзандони баору номуси тоҷик ба ҷанг сафарбар гардиданд ва дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҷанг каҳрамонона меҷангиданд. Зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳои шадид ҷони бохтанд.

Дар баробари ҷанговарони ба ҷанг рафта, ҳар як сокини Тоҷикистон дар ақибгоҳ шабонарӯз меҳнат карда, дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ саҳми худро мегузоштанд. Дар муҳорибаҳои ин ҷанг фиристодагони Тоҷикистон дар ҳамаи ҷанбаъҳои ҷанг мардонагӣ ва каҳрамонию далерӣ нишон дода, бо унвонҳои баланд ва мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Халқи тоҷик каҳрамонию далерӣ ва шуҷоатмандии ҷанговарони тоҷикро дар ҷанги дуюми ҷаҳон фаромӯш нахоҳад кард. Оқибатҳои фоҷиабори ҷанги дуюми ҷаҳон ба мо ҳушдор медиҳад, ки сулҳу субот рӯзгори орому осуда ва неъмати бебаҳои зиндагӣ барои ҳар як инсон мебошад.

Дар шароити имрӯза ва вазъи ноороми ҷаҳони муосир, ки мардуми сайёраро таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили терроризму ифротгароӣ ба таври ҷиддӣ ба ташвиш овардаанд, густариши ҳарчи бештари сулҳу дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмию ҳамкорӣ дар байни халқҳо аҳаммияти бештар пайдо мекунад.

Мо, бояд ба наврасону ҷавонон аҳаммияти сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро фаҳмонем, онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намоем.

Ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва мардуми Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, тансиҳатӣ, хонаи обод ва сулҳу оромиро орзу менамоям.

Адолат НАЗИРОВА,

муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти

тоҷики Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова

2025-05-07 18:23:38

РӮЗИ «ДАРҲОИ КУШОД» ДАР ЛИТСЕЙИ КАСБИ ТЕХНИКИ НАСОҶИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 

Бо мақсади ҷалби наврасону хонандагон ба касбомӯзӣ дар литсейи касбии техники насоҷии шаҳри Душанбе “Рӯзи дарҳои кушод” баргузор гардид. Дар хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт ҳамроҳи омӯзгорони худ ташриф оварда, аз шароити таълимгоҳ аз наздик шинос гардиданд.

Зимни шиносоӣ онҳо дар ҷараёни соатҳои таълимӣ иштирок намуда, аз синфхонаҳо, сехҳои дӯзандагӣ, пазандагӣ, ошхона базаи моддии техникӣ дидан намуданд. Бояд қайд кард, ки дар таълимгоҳ барои таълиму тарбия ва касбомӯзии хонандагон тамоми шароитҳои мавҷуда муҳайё карда шудааст.

Директори литсей Рухшона Давлатшоева, хонандагонро ба идома додани таҳсил ва азбар намудани касбҳои ҷавобгӯи талаботи замон даъват намуда, иброз дошт, ки муассиса ҳамеша шавқмандони касбу ҳунаро ҳамеша интизор аст.

Маврид ба зикри хос аст, ки Литсейи касбии техники насоҷии шаҳри Душанбе 12 январи соли 1960 таъсис ёфта, мутахассисонро аз рӯи 17 ихтисос барои хоҷагии халҷи мамлакат омода менамояд.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ҳадаф аз баргузории “Рӯзи дарҳои кушод” дар он аст, ки хонандагон аз наздик бо фаъолияти муассисаи мазкур шинос шуда, дар интихобкунии касб ба хатогӣ роҳ надиҳанд.

Дар Литсейи касбии техники насоҷии шаҳри Душанбе аз рӯи ихтисосҳои системаи компютерӣ ва интернет-технология, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил, кафшергари барқӣ, кафшергари барқию газӣ, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизотҳои барқӣ, дӯзанда, дӯзанда -зардӯз, бофанда, ҳисобдор бо донистани компютер, ҳисобдор, Челонгар оид оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техники санитарӣ, сантехник, кандакор, сартарош, ороиши руй,муй, нохун,ошпаз қаннод, гулдузи маҳсулоти бофандагӣ ва чарчинворӣ мутахассисон омода мегарданд.

2025-05-07 18:19:20

РӮЗИ ҒАЛАБА - РАМЗИ ҚАДРШИНОСИЮ АРҶГУЗОРӢ

соҳибистиқлол, даҳшати ин ҷанги хонумонсӯзро ёдоварӣ намуда, 9 - уми майро ҳамчун санаи таҷлили корномаи мардони далеру шуҷоъ ба муқобили фашизми гитлерӣ ҷашн мегирем.

Эмомалӣ Раҳмон

Имсол аз Рӯзи Ғалаба дар ҷанги дуюми ҷаҳон 80 - сол мешавад, ки он як саҳифаи пурифтихори таърихи миллати куҳанбунёди мо, тоҷикон мебошад. Дар ин набарди далеронаю ватандӯстона корномаи ибратомӯз, таърихию мондагор ва қаҳрамонию ҷонфидоиҳои аҷдодони баруманди мо дар майдонҳои ҷанг бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт шудаанд.

Тибқи оморҳо аз яку ним миллион нафар аҳолии кишвари мо дар соли 1941 зиёда аз 300 ҳазор нафар 20 фоизи сокинони Тоҷикистон ба майдони ҷанг сафарбар шуда, беш аз сад ҳазор нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд, ки номи некӯ корномаи бузургу ибратбахши ҳар кадоми онҳо дар саҳифаҳои таърихи миллати тамаддунофари тоҷик бо ҳуруфи заррин сабт шудааст.

Аз ин ҷанги шадидтарини таърих 54 нафар тоҷикистонӣ бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, 15 сарбозу афсар бо ордени Шараф дараҷаҳои 1, 2 ва 3 ва 56 ҳазор иштирокдори муҳорибаҳои хунин аз аскари қаторӣ то генерал бо ордену медалҳо ба Тоҷикистон бо сари баланд баргаштанд.

Ҳамин тавр, фиристодагони Тоҷикистон дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ҳамаи фронтҳои ҷангӣ ҷонфидоию қаҳрамониҳо нишон дода, дар ғалабаи умумии мардуми шуравӣ ҳиссаи бузургу арзанда гузоштанд. Ёди абармардоне, ки замоне ба хотири марзу буми аҷдодии хеш ҷони худро сипар намудаанд, абадан дар қалбҳои мо ҳамчун фарзандони фарзонаи миллат нақш бастааст.

Дар фазои тантанавӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Ғалаба барои тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, садоқат ба давлату миллат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ нақши бузургу арзишманд дорад.

Бояд қайд кард, ки гироми доштани номи қаҳрамонҳое, ки ба хотири рӯзгори орому осудаи дирӯзаю имрӯзаи мо ҷонфидоиву далерӣ намудаанд, вазифаи асосии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр кардаанд: “9-уми май рӯзи шодиву нишот ва санаи ёдбуди онҳоест, ки барои озодии халқҳо ҷони худро нисор кардаанд. Ҷашн гирифтани Рӯзи Ғалаба ва эҳтиром гузоштан ба фарзандони содиқи халқи тоҷик вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда буда, омили муҳимтарини тарбияи насли ҷавони мамлакат дар руҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҷасорату далерӣ мебошад”.
Оре, таҷлили бошукуҳи Рӯзи Ғалаба – рамзи қадршиносию арҷгузорӣ ба аҷдодони қаҳрамонамон, ватандӯстиву худшиносӣ, оромиву соҳибистиқлолӣ ва ягонагиву дӯстӣ ба ҳисоб меравад.

Ёду корномаҳои қаҳрамонони далери тоҷик дар қалбҳои мо, тоҷикон ҷовидонӣ боқӣ мемонад.

Зоир ҒАФУРӢ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, директори

Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе