Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раҳимӣ Фарҳод соли 1968 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1985 мактаби миёнаро хатм намуда, сипас ба факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил
шуда, онро соли 1992 бо “Дипломи аъло” хатм намуд. Солҳои 1987 -1989 дар
сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ адои хизмат намудааст. Фаъолияти кории худро ҳамчун лаборанти калони
кафедраи физикаи умумӣ шуруъ намудааст. Ҳангоми кор дар ин
вазифа дар озмоишгоҳи физикаи атом ва ядро, инчунин, механика ва
физикаи молекулӣ ба таҳияи корҳои лабораторӣ ва навиштани дастурамали ин корҳо машғул шуда, зиёда аз 40 кори лабораториро ба роҳ монда, бо донишҷӯён онҳоро иҷро намуд, ки барои мустаҳкам намудани донишҳои амалии донишҷӯён равона гардида буданд. Худи ҳамон сол ба
аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, ҷиҳати пешбурди таҳқиқотҳои илмӣ ба Пажӯҳишгоҳи муттадиҳидаи таҳқиқоти ядроии шаҳри Дубна (Федератсияи Россия), ки яке аз марказҳои пуриқтидортарини илмии соҳаи таҳқиқоти бунёдӣ ба ҳисоб меравад, фиристода шуд. То соли 1995 дар ин маркази илмӣ бо роҳбарии олими шинохта, профессор Маханков В. ва Абдуллоев Ҳ.О. ба омӯзиш ва таҳқиқи ҳодисаҳои дохилиядроӣ, ки ба ҳаракати спинии электронҳо алоқамандӣ дошт, машғул гардид. Дар ин муддат ӯ яке аз қонунияти асосии ҳаракати электронҳоро вобаста ба паҳншавии мавҷҳои солитонӣ кашф намуд ва муодилаи ҳаракати онҳоро ба дараҷаи спини онҳо ҳосил намуд. Натиҷаи таҳқиқотҳояш дар давоми солҳои 1992-1995 ба шакли 14 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии ҷаҳонӣ ба нашр расиданд. Соли 1995 натиҷаи таҳқиқотҳояшро дар шакли рисолаи илмӣ пеш аз муҳлати хатми аспирантура ба ҳимоя пешниҳод намуд ва онро худи ҳамон сол дифоъ намуда, соҳиби унвони илмии номзади илмҳои физика ва математика гардид.
Аз соли 1995 то соли 1997 ба ҳайси муаллими калони кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолият намуда, ба донишҷӯён аз фанҳои механика,
физикаи молекулӣ, электрик, оптика ва физикаи атом ва ядро дарс медод. Дар ин солҳо як монографияи илмӣ ва як дастури таълимӣ, инчунин,
зиёда аз 20 мақолаи
илмиро ба нашр расонид.
Соли 1997 бо пешниҳоди Шӯрои
олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон барои
идомаи таҳқиқоти илмӣ ба докторантураи донишгоҳ дохил гардида,
барои идомаи таҳқиқоти илмӣ ба Пажӯҳишгоҳи муттаҳидаи таҳқиқотҳои ядроии шаҳри Дубна
(Федератсияи Россия) фиристода шуд.
То соли 2000 дар ин пажӯҳишгоҳ, дар
лабораторияи физикаи назариявӣ ба таҳқиқотҳои худ идома бахшид.
Аввалан, усули нави алгеброгеометрии ҳалли муодилаҳои интегродифферетсиалиро коркард намуда, бо ин усул ҳалҳои нави муодилаи ғайрихаттии Шредингерро пайдо кард, ки дар илми муосир кашфиёти нав дар омӯзиш ва таҳқиқотҳои бунёдӣ ба ҳисоб меравад. Натиҷаи
ин кашфиёт дар Лабораторияи физикаи нейронҳои ин пажӯҳишгоҳ мавриди санҷиши амалӣ қарор дода шуд ва он исботи худро ёфт ва бори аввал тасдиқ гардид, ки мавҷҳои солитонии дохилиядроӣ хосияти ҳам мавҷиву ҳам зарравӣ доранд. Натиҷаи
таҳқиқотҳояш тайи ин солҳо дар зиёда аз 40 мақолаи илмӣ ба нашр расида, номбурда дар чандин конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ иштирок ва
баромад намуд.
Баъди ба анҷом расидани муҳлати докторантура фаъолияти кории
худро солҳои
2000-2001 ба ҳайси дотсенти
кафедраи Физикаи назариявии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон шурӯъ намуда, ба донишҷӯён аз фанҳои механикаи квантӣ, статфизика ва курсҳои махсус дарс медод.
Ин солҳо низ таҳқиқотҳои илмии худро идома дода,
ба навиштани китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои таълимӣ машғул шуда,
дар ин давра монографияи илмӣ, китоби дарсӣ, барномаи таълимӣ ва дастури методиро таҳия ва чоп намуд. Бо истифода аз технологияи иттилоотиву коммуникатсионии
муосир ва усулҳои фаъоли таълим ба донишҷӯён дарс мегузашт ва пайваста дар роҳи баланд бардоштани сатҳи дониши онҳо кӯшиш ба харҷ медод.
Аз соли 2001 то июли соли 2005
ба ҳайси сардори Раёсати ҳамоҳангсозӣ ва ояндабинии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон фаъолият
намуд. Дар ин солҳо масъалаи рушди минбаъдаи донишгоҳро тарҳрезӣ намуда,
ба ворид намудани технологияи иттилоотиву коммуникатсионии муосир ва усулҳои фаъоли таълим дар ҷараёни таълими донишгоҳӣ машғул гардид.
Ташкили даҳҳо синфхонаҳои компютерӣ, пайвасти онҳо ба шабакаи интернет, вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ, таъсиси корхонаҳои хурди илмиву истеҳсолӣ бо мақсади пайвасти илм бо истеҳсолот натиҷаи фаъолияти номбурда дар ин солҳо буданд. Дар ин давра низ ба тадрис дар факултетҳои физика ва геология машғул буд ва 2 китоби дарсӣ ва 1 монографияи илмӣ ва зиёда аз 15 мақолаи илмиро ба нашр расонид.
Моҳи июли соли 2005 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва декабри соли 2006 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Муовини аввали Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъйин гардид.
Фарҳод Раҳимӣ соли 2006
рисолаи доктории худро дифоъ намуда, соҳиби унвони доктори илмҳои физика ва математика гардид. Номбурда муаллифи 12 монографияи илмӣ, 14 китоби дарсӣ, 4 дастури методӣ ва зиёда аз 320 мақолаҳои илмӣ мебошад,
ки дар Ҷумҳуриҳои
Тоҷикистон, Федератсияи Россия,
Голландия, Эрон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон ва дигар давоатҳо ба чоп расидаанд.
Дониш ва ҷаҳонбинии Фарҳод Раҳимӣ васеъ буда, таҷрибаи чандин давлатҳои ҷаҳонро дар соҳаи маориф омӯхта,
ҳамчун омӯзгор
ва педагоги қавиирода,
барои тарбия намудани насли наврас хизматҳои арзанда намудааст. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илм мебошад.
Соли 2011 хизматҳои номбурда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ордени “Шараф” дараҷаи
2 қадрдонӣ шуд.
Соли 2012 аз рӯйи натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва саҳми онҳо дар рушди
илми ҷаҳонӣ барандаи ҷоизаи байналмилалии
ЭКО дар соҳаи
“Илм ва технология” гардид.
Соли 2013 соҳиби унвони илмии профессорӣ гардид. 6 декабри соли
2013 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъйин гардида, ибтидои соли 2014 узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии
Тоҷикистон интихоб гардид ва дар интихоботи охир (соли 2014) узви
пайвастаи (Академики) Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
Соли 2020 натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотии номбурда сазовори Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба
номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника гардид.
Фарҳод Раҳимӣ узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Қазоқистон (соли 2018), аъзои ҳақиқии Ассотсиатсияи байналмилалии Академияи илмҳо (2019),
Академияи миллии илмҳои Беларус (2020), Академияи илмҳои Россия
(2022) мебошад.
Аз 16 январи соли 2024 ба ҳайси Раиси Кумита оид ба таҳсилоти
ибтидоӣ ва
миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият
дорад.
Инчунин, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014,
2015, 2020) ва раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон,
ҳокимияти иҷроия,
иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ мебошад.