Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ
ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
Аз «13» марти соли 2026
№53
Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба
коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм
(солҳои 2026-2030)»
Мутобиқи бандҳои 1 ва 2-и Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии
муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар
марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6
марти соли 2026, №1145) ва банди 10 Низомномаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.05.2024, №292 тасдиқ шудааст, ф а р м о и ш м е д и ҳ а м:
1.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба
коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм
(солҳои 2026-2030)» аз 6 марти соли 2026, №1145 ба роҳбарӣ ва мавриди амал қарор
дода шавад.
2.
Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои
2026-2030) барои соли 2026 ва барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионии Кумита оид ба таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд
(Замимаи 1 ва 2).
3.
Дар Кумита оид ба таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси мутасаддӣ оид
ба таъмини иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои давраи то соли 2030 муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ
ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Баҳрулло муайян
карда шавад.
4.
Ба директорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ
новобаста ба мақоми ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият супорида мешавад, ки
нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия барои соли 2026 ва барномаи дохилии
зиддикоррупсионии муассисаи таълимиро таҳия ва тасдиқ намуда, аз рафти иҷрои он
ҳар шаш моҳ ба Кумита маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.
5.
Ба муовини якум, муовини раис,
сардорони раёсат, шуъбаву бахши дастгоҳи марказии Кумита дастур дода мешавад,
ки ба мақсади иҷрои талаботи бандҳои Нақшаи чорабини Кумита ҷиҳати иҷрои Стратегияи
давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли
2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) чораандешӣ намоянд.
6.
Назорати иҷрои фармоиши мазкурро ба зиммаи худ мегирам.
Раис
Фарҳод Раҳимӣ
Замимаи 1
ба фармоиши раиси Кумитаи оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «13» марти соли 2026, №53
НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲОИ
ДОХИЛИИДОРАВЇ ОИД БА АМАЛИСОЗИИ
СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи
то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) барои соли 2026
|
№ |
Номгӯйи чорабиниҳо |
Муҳлати иҷро |
Натиҷаи ниҳоӣ |
Иҷрокунандагон |
|
1. |
Таҳия ва тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии барномаи давлатии
зиддикоррупсионӣ барои ҳар сол (банди 1 наќшаи чорабиниҳои асосӣ) |
Моҳи марти соли 2026 |
Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шуд |
Шуъбаи ҳуқуқ, коргузорӣ ва назорат, муассисаҳои таълимии таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ |
|
2. |
Муайян намудани шахси масъул аз ҳисоби роҳбарияти Кумита оид ба таъмини
иҷрои Стратегия (банди 2 наќшаи чорабиниҳои
асосӣ) |
2026 |
Шахси масъули аз ҳисоби роҳбарият муайян карда шуд |
Шуъбаи ҳуқуқ, коргузорӣ ва назорат
|
|
3. |
Нашри натиҷаи фаъолият дар самти муқовимат ба коррупсия дар сомонаи
расмӣ, шабакаи иҷтимоӣ ва рӯзномаву маҷаллаи Кумита ва муассисаи таълимӣ (банди
3 наќшаи чорабиниҳои асосӣ) |
2026 |
Натиҷаи фаъолият дар самти муқовимат ба коррупсия мунтазам дар сомонаи
расмӣ, шабакаи иҷтимоӣ ва рӯзномаву маҷаллаи Кумита нашр карда шуданд |
Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа, рӯзномаи “Ҷаҳони
ҳунар” ва муассисаҳои таълимии
таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии кишвар
|
|
4. |
Инъикоси вазъи иҷрои барномаҳои зиддикоррупсионӣ тавассути воситаҳои
ахбори омма ё сомонаҳои расмӣ (банди 5 наќшаи чорабиниҳои асосӣ) |
2026 |
Вазъи иҷрои барномаҳои зиддикоррупсиони тавассути воситаҳои ахбори омма ё
сомонаи расмӣ инъикос карда шуданд |
рӯзномаи “Ҷаҳони ҳунар” ва муассисаҳои
таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии кишвар |
|
5. |
Аз байн бурдани манфиатҳои идоравӣ зимни таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ,
аз ҷумла кӯшиши ба худ гирифтани ваколату салоҳияти дигар сохтору идораҳои
давлатӣ (банди 9 наќшаи чорабиниҳои
асосӣ) |
2026 |
Манфиатҳои идоравӣ зимни таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешгирӣ
карда шуд |
Шуъбаи ҳуқуқ, коргузорӣ ва назорат |
|
6. |
Дар доираи ҳадафҳои стратегӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ (банди 23 наќшаи чорабиниҳои асосӣ) |
2026 |
Ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд |
Раёсатҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои таълимии
таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии кишвар
|
|
7. |
Интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо тариқи роҳхат, озмун, захираи
кадрҳо, баҳодиҳии фаъолият, аттестатсия ва ҷойивазкунӣ (ротатсия)- и
хизматчиёни давлатӣ (банди 25 наќшаи чорабиниҳои асосӣ) |
2026 |
Интихоб ва ҷобаҷогӯзории дурусти кадрҳо таъмин гардид |
Шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои махсус |
|
8. |
Вусъат додани раванди таъмин намудан бо манзили истиқоматӣ, қитъаҳои
замини наздиҳавлигӣ, ҷудо намудани қарзҳои бонкии имтиёзнок ба хизматчиёни
давлатӣ (банди 26 наќшаи чорабиниҳои
асосӣ) |
2026 |
Вазъи некӯаҳволии хизматчиёни давлатӣ баланд бардошта шуд |
Раёсати молия, банақшагирӣ ва муҳосибот, шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои
махсус |
|
9. |
Мунтазам гузаронидани чорабиниҳои омӯзишию иттилоотии зиддикоррупсионӣ
барои кормандон (банди 28 наќшаи чорабиниҳои
асосӣ) |
2026 |
Машғулиятҳои омӯзишию иттилоотию зиддикоррупсионӣ барои кормандон
мунтазам гузаронида шуд |
Шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои махсус, муассисаҳои таълимии таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ |
|
10. |
Таҳияи барномаи таълимию тарбиявӣ ва баргузор кардани чорабиниҳои
таблиғотии зиддикоррупсионӣ дар ҳама зинаҳои таълим (банди 29 наќшаи чорабиниҳои асосӣ) |
2026 |
Барномаи таълимию тарбиявӣ таҳия ва чорабиниҳо таблиғотии
зиддикоррупсионӣ баргузор карда шуд |
Раёсатҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои таълимии
таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии кишвар
|
|
11. |
Андешидани тадбирҳо ҷиҳати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “
Дар бораи хариди давлатӣ” (банди 39 наќшаи чорабиниҳои асосӣ) |
2026 |
Талаботи қонун риоя карда шуд |
Раёсати молия, банақшагирӣ ва муҳосибот |
|
12. |
Таъмини назорати ҷории мақсаднок ва самарабахш истифода бурдани қарзҳо,
грантҳо, кӯмакҳои башардӯстона ва дигар сармоягузориҳои хориҷӣ, ки аз ҷониби
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо кафолати он ҷалб карда шудаанд (банди 50
наќшаи чорабиниҳои асосӣ) |
2026 |
Назорати мақсаднок ва самарабахш таъмин гардид |
Раёсати молия, банақшагирӣ ва муҳосибот, ГТЛ “Таҳсилоти касбию техникӣ ва
омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон” |
|
13. |
Мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда |
2026 |
Мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гузаронида шуд |
Шуъбаи ҳуқуқ, коргузорӣ ва назорат |
|
14. |
Мунтазам гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) ва татбиқи
амалии нақшаҳои мукаммал табқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани
таҳлили хавфҳои коррупсионӣ (банди 68 наќшаи чорабиниҳои асосӣ) |
2026 |
Таҳлили фаъолият
(хавфҳои коррупсионӣ) ва тадбиқи амалии нақшаҳои мукаммал мунтазам
гузаронида шуд |
Шуъбаи ҳуқуқ, коргузорӣ ва назорат, раёсатҳо ва муассисаҳои таълимии
таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии кишвар
|
Замимаи 2
ба фармоиши раиси Кумитаи оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «____» _______ соли 2026, №_____
Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ ҷиҳати таъмини иҷрои Стратегияи
давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли
2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои
2026-2030) барои соли 2026 дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1.
МУҚАРРАРОТИ
УМУМӢ
1. Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ ҷиҳати таъмини иҷрои фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2026, №1145 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии
Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи
то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030)» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон (минбаъд-Барнома) бо мақсади муқовимати бевосита бо
коррупсия дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кумита), сохторҳои он, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбӣ, муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зиддикоррупсионии давлат, баҳри
пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ таҳия шудаст. Барнома барои дар амал татбиқ
намудани сиёсати зиддикоррупсионии давлат, пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани
кирдорҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд.
3. Коррупсия зуҳуроти
манфиест, ки хавфи харобшавии маънавиёти шахсият ва ҷамъият, сустшавии боварии
шаҳрвандон ба институтҳои давлатии демократӣ, монеагӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ
ва
2.
МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
4. Мақсад аз қабули Барнома, ин
баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандони Кумита, сохторҳои он,
муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, бартараф намудани
сабабу шароит ва омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ пурра нест
намудани ин зуҳуроти номатлуб дар Кумита, сохторҳои он, муассисаҳои таълимии таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошад.
5. Баҳри таъмини иҷрои фармони
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3
- таъмини амалисозии сиёсати
зиддикоррупсионӣ дар Кумита таъмини риояи дақиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи санҷиши
фаъолияти субъектҳои хочагидор дар Ҷумҳурии
-
-
таъмини
шаффофияти фаъолияти кормандони соҳа, бағайр аз холатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ ба танзим медарорад;
-
ташаккули меъёрҳои ахлоқӣ, мусоидат ҷиҳати ташаккули муносибати оштинопазирӣ ба коррупсия ҳамчун
зуҳуроти манфӣ ва вайронкунанда, беғаразӣ дар хизмати давлатӣ, баланд
бардоштани руҳияи ҳайати кормандон алайҳи муқовимат ба коррупсия;
-
таҳия
ва дар амал ҷорӣ намудани механизмҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ, ки барои барҳам додани
имкониятҳои фаъолияти коррупсиониро бавуҷудоваранда равона карда шудаанд.
- тақвият
додани обруву эътибори
хизмати давлатӣ, мақоми
идоракунии ҳокимияти давлатӣ ва нуфузи давлат;
-ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ,
гузаронидани семинар-машваратҳо ва гузаронидани дарсҳои омӯзишӣ ҷиҳати пешгирии
коррупсия ва мубориза ба он дар байни кормандони Кумита, сохторҳои он, муассисаҳои
таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
- тақвияти ҳамкориҳо бо мақомоту
идораҳои дахлдор ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия.
3.
САМТҲОИ АСОСИИ ТАТБИҚИ БАРНОМА
6.
Дар давраи ҳозираи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ яке аз талаботҳои муҳими рушди устувори ҷомеа ва
таъминоти рақобатпазири иқтисодиёти миллӣ маҳсуб меёбад.
7.
Дар ҷумҳурӣ 66 муассисаи таълимии таҳсилоти
ибтидоии касбии давлатию ғайридавлатӣ фаъолият дошта, дар онҳо аз рӯйи 14 самт
ва 135 ихтисос барои иқтисодиёти миллӣ кадрҳои коргарӣ тайёр карда мешаванд.
Инчунин, дар кишвар 87 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 7 филиал
фаъолият менамоянд, ки аз 10 самт ва 344 ихтисос кадрҳои миёнаи касбӣ омода
менамоянд.
8.
Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбӣ 139078 нафар хонандаву донишҷӯён таҳсил менамоянд, ки аз ин шумора
85289 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Бояд зикр намуд, ки дар
муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ 90 дарсади хонандагон тариқи
ройгон ва 10 дарсад тариқи пулакӣ таҳсил менамоянд.
9.
Хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти
ибтидоии касбӣ бо хӯроки гарми яквақтаина ва хонандагони Литсейи касбии маъюбон
ва махсуси шаҳри Душанбе бо се вақт хӯроки гарм, либос ва ҷойи хоб ройгон
таъмин мебошанд. Маблағи барои хӯроки гарм ҷудогардида ба як нафар хонанда ба
ҳисоби миёна 1 сомониро (дар як рӯз) ташкил дода, нисбат ба нархи имрӯзаи бозор
нокифоя мебошад.
10.
Нақшаи қабули хонандагон дар соли таҳсили
2025-2026 ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ 15671 нафар ташкил
дод, ки 100 фоизро ташкил медиҳад ва 8844 нафар ин муассисаҳоро хатм намуданд.
11.
Нақшаи қабули хонандагону донишҷӯён дар соли
таҳсили 2025-2026 ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ 34031 нафар
ташкил дод, ки 77,8 фоизро ташкил медиҳад ва 24547 нафар ин муассисаҳоро хатм намуданд.
4.
МЕХАНИЗМҲОИ АМАЛӢ НАМУДАНИ БАРНОМА
12. Барнома дар асоси Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои
давраи то соли 2030 дар Кумитаи оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои он, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбӣ амалӣ карда мешавад.
13. Баҳри таъмини иҷрои Барнома, нақша-чорабиниҳои
дахлдор қабул ва амалӣ карда мешаванд.
14. Кумита, сохторҳои он, муассисаҳои
таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумита,
баҳри таъмини иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба
коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барнома, нақша-чорабиниҳо
қабул намуда, иҷроиши онро таъмин намоянд.
5.
МУҚАРРАРОТИ
ХОТИМАВӢ
16. Кормандони Кумита, сохторҳои он,
муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баҳри иҷрои Барнома ва
нақша-чорабиниҳо вобаста ба он масъулият доранд.
17. Барои риоя ва иҷро накардани талаботи Барнома ва нақша-чорабиниҳо вобаста ба он, кормандони Кумита, сохторҳои он, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.