Саволномаҳои тавсиявӣ барои Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат»
2025-05-19 16:27:42
Замимаи 4
ба Низомномаи Озмуни Ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар с. 2025
Саволномаҳои тавсиявӣ барои Озмуни Ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат»
1. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои
кадом хизматҳои шоён ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гардидаанд?
2. Барои чӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро «Шиносномаи миллат»
номиданд?
3. Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти меҳнатии худро кай ва дар
куљо оғоз намудаанд?
4. Касби нахустини Эмомалӣ Раҳмон чӣ буд ва он кас кадом
муассисаи касбиро хатм намудаанд?
5. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои ҳизбию давлатӣ
аз кадом сол ҷалб гардиданд ва дар кадом вазифаҳои масъули ҳизбию давлатӣ кор
карданд?
6. Сабабҳои асосии рў овардани Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таҳқиқу омўзиши таърихи
халқи тоҷик кадомҳоянд?
7. Китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Пешвои миллат Эмомалӣ
Раҳмон кай аз чоп баромад ва чанд фаслу чанд бобро дар бар мегирад?
8. Теъдоди умумии асару мақолаҳои Пешвои миллат Эмомалӣ
Раҳмон чанд ададро ташкил медиҳад?
9. Кадом китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон се маротиба
пайдарпай дар шаҳри Москва нашр шуд ва сохтори он чӣ гуна аст?
10. «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Пешвои
миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кадом забонҳо ва дар куҷо чоп шудааст?
11. Масъалаи ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ
дар кадом китоби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври муфассал шарҳ
ёфтааст?
12. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кай дар баромади худ доир ба нашри туҳфавии «Тоҷикон»
ва арҷгузорӣ ба асолати он пешниҳод манзур намуданд?
13. Эмомалӣ Раҳмон кадом солҳо Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон буданд ва дар ин солҳо чӣ корҳои мондагоре ба анҷом расониданд?
14. Дар таълифи «Чеҳраҳои мондагор» аз
кадом сарчашмаҳои таърихӣ аз осори кадом забонҳои куҳна истифода шудааст?
15. Дар бораи Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кадом китобҳо навишта шудаанд?
16. Теъдоди умумии маъхазҳ адабиёти илмӣ ва китобҳои
истифоданамудаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рафти таълифи «Тоҷикон дар
оинаи таърих» чӣ қадар аст?
17. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кадом китоби худ Бобољон Ѓафуровро «Олими тавоно ва арбоби барҷастаи
сиёсиву давлатӣ» номидаанд?
18. Барои чӣ ва дар кадом асар Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Спитаменро «Парчамбардори ҷодаи озодиву
истиқлол» номидаанд?
19. Вожаи дарӣ аз нигоҳи Пешвои миллат дар асари «Забони миллат - ҳастии миллат» чӣ гуна шарҳ
ёфтааст?
20. Пешвои миллат истилоҳи «форс» - ро дар
асари «Забони миллат - ҳастии
миллат» чӣ гуна шарҳ додаанд?
21. Пешвои миллат кадом байти Манучеҳриро дар баёни истилоҳи порсӣ истифода намудаанд?
22. Истилои араб ва оқибатҳ,ои он барои забон ва фарњанги
мардуми Эронизаминро Пешвои миллат чӣ гуна тасвир
намудаанд?
23. Назари Пешвои миллат доир ба «Куҳантарин намунаҳои
хатии забони тољикӣ»-ро кўтоҳ нақл кунед.
24. Нахустин осори хатии назму насри тоҷикӣ дар навишти
Пешвои миллат кадом аст?
25. Аввалин намунаи шеърӣ дар асари «Забони миллат –
ҳастии миллат»- и Пешвои миллат кадом аст?
26. Ақидаи Пешвои миллат оид ба замина
ва омилҳои ташаккули забони адабӣ чӣ тавр баён
ёфтааст?
27. Тавзеҳи «Синдбоднома» аз нигоҳи Пешвои миллат чӣ гуна аст?
28. Забони илм ва ташаккули истилоҳот дар шарҳи Пешвои
миллатро тасвир намоед.
29. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар раванди
баргардонидани гурезаҳо чӣ нақш доранд?
30. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарор намудани
сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон чӣ нақш доранд?
31. Дар кадом асарњои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеоти сиёсии
солњои 90-уми асри XX дар ҷумҳурӣ инъикос ёфтаанд?
32. Вазъи сиёсии
Тољикистон дар Паёми аввалини Президенти Ҷумҳурии Тољикистон чӣ гуна инъикос
ёфтааст?
33. Асоси сиёсати
хориљии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон инъикос ёфтааст?
34. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кадом давлатҳо
сафарҳои расмӣ анҷом додаанд.
35. Пешвои миллат нақши Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бунёди давлатдории навини тоҷикон чӣ гуна арзёбӣ
намудаанд?
36. Нақши Сарвари давлатро дар музокироти байни
тоҷикон чӣ гуна тасвир менамоед?
37. Рисолати Вањдати миллӣ аз ҷониби
Пешвои миллат чӣ гуна арзёбӣ гардидааст?
38. Ҳадафҳои стратегии
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар намоед ва шарҳ диҳед?
39. Асосгузори сиёсати хориҷии
Ҷумҳурии Тоҷикистон кист ва дастовардҳои асосии кишвар
дар ин самт кадомҳоянд?
40. Пешвои миллат авлавиятњои
сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кай ва чӣ гуна муайян карданд?
41. Пешвои миллат зарурати пойдор
нигоҳ доштани равобити Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кишварҳои
узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар чӣ мебинанд?
42. Бартариятҳои ҳамкориҳои
Тоҷикистонро бо Федератсияи Россия Пешвои миллат дар кадом асарашон инъикос
кардаанд?
43. Сарвари давлат равобити
Тоҷикистонро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ гуна арзёбӣ намудаанд?
44. Пешвои миллат ҳамкориҳои
Тоҷикистонро бо Созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва минтақавӣ чӣ гуна баҳо
додаанд?
45. Ҳамкории Тоҷикистон бо ташкилоти махсуси
Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар
чӣ таҷассум меёбад ва аз ҷониби Пешвои миллат чӣ гуна арзёбӣ шудааст?
46. Сарвари давлат
ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо кишварҳои тоҷикзабони дунё чӣ гуна арзёбӣ намудаанд?
47. Нақши Сарвари давлатро дар
рушду нумуи соҳаи фарҳанг чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
48. Пешвои миллат соҳаи маориф ва
илмро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунанд?
49. Ташаббусҳои сатҳи байналмилалии
Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо ибтикори Пешвои миллат сурат гирифтаанд, номбар
намоед?
50. Пешвои миллат
кадом солро Соли тамаддуни ориёӣ эълон
карданд ва барои чӣ?
51. Китоби “Бунёди давлатдории навин”
кадом сол, дар куҷо нашр шудааст ва муҳтавои он аз чӣ иборат аст?
52. Бо ибтикори Пешвои миллат кадом
ҷашнҳои миллии тоҷикон дар замони истиқлол аз нав эҳё шуданд?
53. Саҳми Пешвои миллатро дар ба
феҳристи фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгорињои таърихӣ - фарҳангии халқи тоҷик чӣ гуна арзёбӣ
мекунед?
54. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар
бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” кай қабул шуд ва аз чанд модда иборат
аст.
55. Таърихи Давлати Сомониён дар кадом
асар ва мақолаҳои Пешвои миллат инъикос ёфтааст?
56. Пешвои миллат Истиқлоли давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кадом асар ва чӣ гуна баҳогузорӣ кардаанд?
57. Аҳаммияти таърихии Ваҳдати
миллии тоҷикон аз нигоҳи Пешвои миллат дар чи зоҳир
меёбад.
58. Таҳқиқи таърихи ҷанги
шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар кадом асару мақолаҳо ва суханрониҳои Пешвои
миллат амалӣ гардидааст?
59. Фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ аз
нигоҳи Пешвои миллат чӣ гуна бањогузорӣ шудааст?
60. Андешаҳои Сарвари давлат дар
мавриди сабабу оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро чӣ гуна баён
менамоед?
61. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Паёми навбатии (с. 2023) Пешвои миллат чӣ гуна тасвир шудааст?
62. Пешвои миллат бо кадом мукофотҳои
давлатҳои хориҷӣ сарфароз гардидаанд?
63. Асари “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз
Ориён то Сомониён”-и Пешвои миллат ба кадом забонҳои хориҷӣ тарљума шудааст?
64. Доир ба китоби якуми “Тољикон дар
оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”-и Пешвои миллат чӣ маълумот дода
метавонед.
65. Китоби дуюми “Тоҷикон дар оинаи
таърих. Аз Ориён то Сомониён”-и Пешвои миллат кадом давраи таърихиро дар бар
мегирад?
66. Пешвои миллат кадом китобро
“нахустин қомусномаи ниёгон” номидаанд?
67. Пешвои миллат дар фасли њаштуми китоби якуми “Тоҷикон дар
оинаи таърих” – “Ҷоми Ҷамшед ва тафсири муаммои се замон” кадом давраҳои
таърихиро тасвир намудаанд?
68. Китоби сеюми “Тоҷикон дар оинаи
таърих. Аз Ориён то Сомониён”-и Пешвои миллат кадом давраи таърихиро дар бар
мегирад?
69. Пешвои миллат дар кадом китоб доир
ба давлатҳои Сосониёну Ҳайтолиён ва растохези вопасини тамаддуни ориёӣ маълумот
додаанд?
70. Наќши таърихии давлати Саффориён
дар эҳёи давлатдорӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон дар кадом китоби Пешвои миллат
арзёбӣ гардидааст?
71. Давлатдории кадом хонадонро Пешвои
миллат дар таърих оғози воқеии давлатдории миллӣ ва истиқлоли тоҷикон
номидаанд?
72. Пешвои миллат нақши давлатҳои
Тоҷириёну Саффориёнро дар эҳёи забону фарҳанг ва суннатҳои миллӣ чӣ гуна арзёбӣ намудаанд?
73. “Феҳристномаи
таърихнигорӣ оид ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон” кадом сол ва
дар кадом нашриёт ба нашр расида буд?
74. Пешвои миллат
Эмомалӣ Раҳмон кадом сол вакили мардумии Шурои
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб
шуданд?
75. Президенти
кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадом солҳо ва дар кадом
намуди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ хизмати ҳарбиро адо
намудаанд?
76. Пешвои миллат
Эмомалӣ Раҳмон кадом сол маротибаи дуюм Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб
шуданд?
77. Пешвои миллат
Эмомалӣ Раҳмон кадом сол Раиси Кумитаи Иҷроияи Шурои
намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардиданд?
78. Китоби
“Президенти мо (Нақши Президенти мамлакат дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ дар солҳои 1992-2006)” кадом
сол ва дар куҷо, бо чанд забон нашр шудааст?
79. Китоб-албоми “Президенти
мо” кадом сол ва дар куҷо нашр шудааст?
80. Асари
“Президент Рахмонов: человек и политик” кадом сол ва дар куҷо нашр шудааст?
81. Китоби Пешвои
миллат “Тоҷикистон дар остонаи фардо” кадом сол навишта шудааст ва
муҳтавои асосии он аз чӣ иборат аст?
82. Китоби “Ҷавонон ояндаи
миллат” –ро Президенти
кишвар кадом сол ба нашр расониданд? Муҳтавои асосии онро нақл намоед.
83. Асари сеҷилдаи Пешвои
миллат “Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ” кадом сол ба
нашр расид?
84. Асари Пешвои
миллат “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат” аз чанд
ҷилд иборат аст?
85. Асари Пешвои
миллат “Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо” кадом сол нашр
шуд?
86. Китоби Пешвои
миллат “Таджикистан на пороге ХХ1 века” кадом сол ба нашр расидааст?
87. Китоби Пешвои
миллат “Арийцы и познание арийской цивилизации” кадом сол чоп шудааст?
88. Китоби Пешвои
миллат “Уфуқҳои истиқлол” кадом сол ва дар
кадом нашриёт ба табъ расидааст?
89. Китоби Пешвои
миллат “Уфуқҳои истиқлол” аз
чанд боб иборат аст?
90. Китоби Пешвои
миллат “Уфуқҳои истиқлол” аз нигоҳи хронологӣ кадом солҳоро дар бар
мегирад?
91. Муҳтавои асосии
китоби Пешвои миллат “Уфуқҳои истиқлол”-ро баён намоед?
92. Боби якуми
китоби Пешвои миллат “Уфуқҳои истиқлол” аз чанд боб
иборат аст?
93. Бо мақсади сулҳу оштӣ ва ҳамдигарбахшӣ бо ташаббуси
Пешвои миллат дар Тоҷикистон кадом қонунҳо қабул карда шуданд?
94. Муҳтавои асосии боби
дуюми китоби Пешвои миллат “Уфуқҳои истиқлол”-ро баён намоед.
95. Муҳтавои асосии боби сеюми
китоби Пешвои миллат “Уфуқҳои истиқлол”-ро баён намоед.
96. Муҳтавои асосии боби чоруми
китоби Пешвои миллат “Уфуқҳои истиқлол”-ро баён намоед.
97. Муҳтавои асосии боби панҷуми китоби Пешвои
миллат “Уфуқҳои истиқлол”-ро баён намоед.
98. Чаҳор дастоварди муҳимме, ки Пешвои
миллат дар китоби “Уфуқҳои истиқлол” қайд кардаанд,
кадомҳоянд?
99. Пешвои миллат
афзалияти стратегии Тоҷикистонро дар китоби “Уфуқҳои истиқлол”чї гуна баён
намудаанд?
100. Пешвои миллат
кадом сол бо Ҷоизаи байналмилалии ба номи Пётри Кабир мукофотонида
шуданд?
101. Пешвои миллат
аҳаммияти шомил шудани Тоҷикистонро ба Созмони
Умумиҷаҳонии Савдо дар китоби “Уфуқҳои истиқлол” чӣ гуна шарҳ додаанд?
102. Китоби “Тоҷикон дар оинаи
таърих. Аз Ориён то Сомониён” ба забонҳои чинӣ, ҳиндӣ ва олмонӣ кадом солҳо ва дар куҷо нашр шудааст?
103. Асари
“Дорогой мира и согласия” кадом сол нашр шудааст ва ба кадом масъала бахшида
шудааст?
104. Адади
силсилавии маҷмӯаи “Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба
чанд ҷилд расидааст ва ба кадом масъаларо дар бар мегирад?
105. Китоби
“Эмомалӣ Раҳмон ва ҷомеаи ҷаҳон” кадом сол ба
нашр расидааст?
106. Кадом асар ба
60 солагии Пешвои миллат бахшида шудааст?
107. Муаллифони
китоби “Наҷотбахши миллат” киҳоянд ва ин китоб бо
чанд забон ва дар куҷо чоп шудааст?
108. Пешвои миллат
кай ва бо кадом мақсад ба минтақаи Хосдеҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар
карда буданд?
109. Кадом сол ба
Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони
“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”
дода шуд?
110. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” кадом
сол қабул карда шуд?
111. Президенти Тоҷикистон кадом сол
бо Ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи “Сарпарастони
аср” - Ордени нахустини алмосдори “Ситораи сарпараст” сарфароз гардидаанд?
112. Президенти Тоҷикистон кадом сол
бо Ҷоизаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Оид ба ҳадафҳои Рушди ҳазорсола” сарфароз
гардидаанд?
113. Пешвои миллат
кадом сол профессори
фахрии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Ломоносов интихоб шуданд?
114. Пешвои миллат
кадом сол бо Медали
“60 - солагии ЮНЕСКО” сарфароз гардидаанд?
115. Нашри дуюми
китоби «Чењрањои мондагор»-и Пешвои миллат Эмомалї Рањмон бо иловаҳо кай аз чоп баромад
ва номи кадом шахсиятҳои маъруф ба он
илова шуданд?
116. Дар китоби
«Чеҳраҳои мондагор» Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон киро парчамбардори ҷодаи озодиву истиқлол номидаанд?
117. Китоби “Тоҷики оламшумул”
кай, дар куҷо нашр шуд ва ба кӣ бахшида шудааст?
118. Китоби “Тоҷики оламшумул”аз чанд
боб иборат аст?
119. Китоби
“Фархундапай” ба кадом санаи таърихӣ бахшида шудааст
ва кай нашр шудааст?
120. Пешвои миллат
бо роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик чанд маротиба
вохурӣ намуданд?
121. Собиқ Муншии аввали СММ
Кофи Аннан дар бораи Пешвои миллат чӣ гуфтааст?
122. Сарвари Ҷумҳурии Мардумии Чин
Ху Ҷин Тао дар бораи Пешвои миллат чӣ гуфтааст?
123. Сиёсатмадори
машҳури рус Е. Примаков дар бораи Пешвои миллат чӣ гуфтааст?
124. Асари Пешвои
миллат “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” кадом сол ба
нашр расид?
125. Асари Пешвои
миллат “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” аз чанд боб
иборат аст?
126. Пешвои миллат
дар китоби “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” доир ба забонҳои яғнобӣ, шуғнӣ, вахонӣ, бартангӣ, сарикӯлӣ ва ғ. чӣ ибрози назар
кардаанд?
127. Пешвои миллат
дар китоби “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”дар бораи ёдгории
Саразм чӣ гуна маълумот овардаанд?
128. Пешвои миллат
дар китоби “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” ёдгории Намозгоҳро чӣ гуна тасвир кардаанд?
129. Пешвои миллат
дар китоби “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”дар бораи ёдгории
Сафолтеппа чӣ гуна маълумот додаанд?
130. Пешвои миллат
дар китоби “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” машғулияти кангуртутиёнро
чӣ гуна тасвир кардаанд?
131. Боби дуюми
асари Пешвои миллат “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” кадом масъаларо
инъикос намудааст?
132. Дар асари
“Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” Пешвои миллат
хизмати таърихии Ҳайтолиёнро чӣ гуна шарҳ додаанд?
133. Оинҳои тозардуштӣ дар кадом асари
Пешвои миллат нишон дода шудаанд?
134. Шарҳи “Зурвония”-ро аз
асари Пешвои миллат “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” баён намоед?
135. Дар асари Пешвои
миллат “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” дар бораи
шахсияти Маздак чӣ гуна маълумот оварда шудааст?
136. Ҷилди аввали
силсилаи “Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон” зери
унвони “Эмомалӣ Раҳмон – наҷотбахши миллат”
кадом сол ба табъ расид?
137. Ҷилди дуюми
силсилаи “Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон” чӣ ном дорад?
138. Ҷилди сеюми
силсилаи “Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон” зери унвони
“Эмомалӣ Раҳмон ва оғози марҳалаи созандагӣ” кадом солҳои фаъолияти
Пешвои миллатро дар бар мегирад?
139. Ҷилди чоруми
силсилаи “Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон” чӣ ном дорад ва кадом
соли фаъолияти Пешвои миллатро дарбар мегирад?
140. Ҷилди панҷуми силсилаи
“Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон” чӣ ном дорад ва кадом
соли фаъолияти Пешвои миллатро дарбар мегирад?
141. Китоби
“Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат” кадом сол ба табъ
расидааст ва аз чанд мақола иборат аст?
142. Раванди
таъсисёбии ҳизбу созмонњои ҷамъиятӣ дар кадом асари Пешвои миллат инъикос
гардидааст?
143. Андешаҳои
Пешвои миллат дар мавриди аҳаммияти таърихии Истиқлоли
давлатӣ чӣ гуна аст?
144. Пешвои миллат
ба нақши таърихии Иљлосияи XVI-и Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна баҳо
додаанд?
145. Сарвари
давлат роҳҳои асосии ба эътидол овардани вазъи ҷумҳуриро баъд аз иҷлосияи XVI
Шурои Олӣ чӣ гуна арзёбӣ намуданд?
146. Нерӯҳои
сулҳхоҳи кишварҳои узви ИДМ кай ба Тоҷикистон ворид гардиданд ва вазифаи онҳо
ба ақидаи Сарвари давлат аз чӣ иборат буд?
147. Қонун дар
бораи авфи умумӣ, ки дар иҷлосияи XVI Шурои Олӣ қабул гардид, аз ҷониби Сарвари
давлат чӣ гуна шарҳ дода шудааст?
148. Баъд аз
иљлосияи XVI-и Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат
масъалаи гурезаҳоро чӣ гуна арзёбӣ намуданд?
149. Дар изҳороте,
ки Сарвари давлат санаи 31 декабри соли 1992 ироа намуданд, сиёсати дохилӣ ва
хориҷии кишвар чӣ гуна арзёбӣ мегардад?
150. Ба андешаи
Роҳбари давлат ба авзои ҷамъиятию сиёсии кишвар дар соли 1993 кадом омилҳо
таъсир мерасониданд?
151. Сарчашмаҳои
буҳрони сиёсии солҳои 90-уми асри ХХ дар Тоҷикистон аз нигоҳи Пешвои миллат
кадомҳоянд?
152. Назари Пешвои
миллат ба воқеаҳои баҳманмоҳи соли 1990 чӣ гуна аст?
153. Сарчашмаҳои
буҳрони иқтисодии солҳои 90-уми асри ХХ дар Тоҷикистон аз нигоҳи Пешвои миллат
кадомҳоянд?
154. Сарчашмаҳои
буҳрони маънавии солҳои 90-уми асри ХХ дар Тоҷикистонро аз нигоҳи Пешвои миллат
баён намоед.
155. Ҳаёти
ҷамъиятию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баъд аз ба даст омадани истиқлолият Пешвои
миллат чӣ гуна арзёбӣ кардаанд?
156. Нақши ҳизбу
созмонҳои ҷамъиятӣ дар сар задани ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 аз нигоҳи
Пешвои миллат чӣ гуна аст?
157. Таҳқиқи
гирдиҳамоиҳои оммавӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар осори Пешвои
миллат чӣгуна шарҳ ёфтаанд?
158. Иҷлосияи
16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар бунёди давлатдории навини
тоҷикон дар осори Сарвари давлат чи хел тасвир ёфтааст?
159. Тавсифи сабабҳои дохилии сар задани ҷанги шаҳрвандии
солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон дар асарҳои Пешвои миллат чӣ гуна тасвир ёфтаанд?
160. Кадом омилҳои
хориҷии сар задани ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон дар асарҳои
Пешвои миллат тасвир ёфтаанд?
161. Оқибатҳои
ҷанги шаҳрвандиро дар тавсифи Пешвои миллат чӣ гуна шарҳ медиҳед?
162. Инъикоси
ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (1992-1997) дар осори Пешвои миллат.
163. Раванди
музокироти байни тоҷикон дар тавсифи Пешвои миллат.
164. Давраҳои
асосии музокироти байни тоҷикон ва нақши боризи Пешвои миллат дар онро муайян
намоед?
165. Нақши
“Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ”-ро Пешвои миллат дар чӣ
мебинанд?
166. Нақши
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар
Тоҷикистон ба назари Шумо дар кадом корҳои мушаххас зоҳир меёбанд?
167. Ислоҳоти
низомии Хусрави I Анушервон (531-579) дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз
Ориён то Сомониён» чӣ гуна баррасӣ шудааст?
168. Ҷангҳои Эрону
Рум дар замони салтанати Хусрави I Анушервон (531-579) дар китоби «Тоҷикон дар
оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» чӣ гуна тасвир ёфтаанд?
169. Муборизаи
Сосониён ва Ҳайтолиён дар замони салтанати Хусрави I Анушервон (531-579) дар
китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» ба кадом андоза инъикос
ёфтааст?
170. Муборизаи
Сосониён бо Ҳоқонии туркҳо ва инъикоси он дар кадом асри Пешвои миллат тасвир
ёфтааст?
171. Тасвири
фарљоми давлатдори Сосониёнро дар осори Пешвои миллат шарњ медодед.
172. Лашкаркашиҳои
Қутайба ибни Муслим ба Осиёи Миёна дар кадом асари Пешвои миллат инъикоси худро
пайдо намудааст?
173. Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон кадом сол бо Ҷоизаи махсуси
Созмони Милали Муттаҳид “Оид ба ҳадафҳои Рушди ҳазорсола” сарфароз
гардиданд?
174. Инъикоси
раванди музокироти байни тоҷикон ва фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) дар
кадом асри Пешвои миллат таҷлил ёфтааст?
175. Пешвои миллат
парлумони касбиро чӣ гуна баҳогузорӣ кардаанд?
176. Тавсифи ҳаёти
сиёсии Тоҷикистони ибтидои асри XXI дар кадом асару маќолањои Пешвои миллат
таҷлил шудаанд?
177. Ба назари
шумо нақши Сарвари давлат дар тарҳрезӣ ва татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ дар солҳои
90-уми асри ХХ дар кадом оилаҳо зоҳир меёбад?
178. Пешвои миллат
роҷеъ ба ислоҳоти соҳаи аграрӣ дар
ҷумҳурӣ кадом тадбирҳоро пешниҳод намуданд?
179. Вазъи
иқтисодӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон дар Паёми охирини Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон чӣ гуна баҳогузорӣ шудаанд?
180. Саҳми Пешвои
миллат дар коркарди “Сиёсати дарҳои боз”-ро шарҳ диҳед.
181. Бартарии ҳамкориҳои
Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) аз назари Пешвои
миллат дар чӣ зоҳир меёбад?
182. Андешаҳои
Пешвои миллат роҷеъ ба равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо
Федератсияи Россияро шарҳ медодед.
183. Роҷеъ ба
ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
кадом нуктаҳоро муҳимтар мешуморанд?
184. Ҳамкорињои
Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва минтақавӣ аз нигоҳи Пешвои
миллат чӣ гуна арзёбӣ шудаанд?
185. Андешаҳои
Пешвои миллат роҷеъ ба ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар
кадом асару мақолаҳо таҷлил шудаанд?
186. Ҳамкории
Тоҷикистон бо ташкилоти махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) аз нигоҳи
Пешвои миллат дар кадом сатҳ қарор доранд?
187. Доир ба нақши
Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар кадом асару
мақолаҳои Пешвои миллат маълумоти муфассал дода шудаанд?
188. Нақши Сарвари
давлат дар барқароршавии равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо
кишварҳои форсизабон дар чист?
189. Ҳамкориҳои
сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ўзбекистон аз нигоҳи Пешвои
миллат чӣ аҳаммияти таърихӣ доранд?
190. Ҳамкориҳои
сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон дар сиёсати
хориҷии Пешвои миллат кадом мавқеъро ишғол менамояд?
191. Нақши Пешвои
миллат дар рушди адабиёт ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мисолҳои мушаххас
шарҳ медодед.
192. Кадом
масъалаҳои мушаххаси рушди соҳаи тандурустӣ дар асару суханрониҳои Пешвои миллат мавриди
баррасӣ қарор гирифтаанд?
193. Оё метавонед
бо мисол ва далел аз таълифоти Пешвои миллат сатњи таваҷҷуҳи Сарвари давлатро
ба соњаи фарњанги ҷумҳурӣ тасвир намоед?
194. Ба назари
шумо соҳаи маориф ва мушкилоти он дар низоми давлатдориии Пешвои миллат барои
чӣ мақоми меҳварӣ дорад?
195. Метавонед ба
тарзи мушаххас асару мақолаҳо ва суханрониҳои Пешвои миллатро, ки дар онњо
масъалаи мактабу маориф мавриди таҷлил қарор гирифтаанд, номбар намоед?
196. Ташабусҳои
ҷаҳонӣ ва ба миён гузоштани масъалаю мушкилоти
ҳалталаби ҷаҳони муосирро аз ҷониби Пешвои миллат дар Созмони Милали
Муттаҳид як ба як номбар намоед.
197. Нақши Роҳбари
давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди НОБ-и Роғун чӣ гуна тасвир карда метавонед.
198. Саҳми Пешвои
миллат дар раванди аз бунбасти комуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон дар чист?
199. Китоби
«Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» кай ба табъ расид ва ба кадом
мавзуъ бахшида шудааст?
200. Ҳадафи Пешвои
миллат аз таљлили “Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ” дар чӣ буд?
201. Назари Пешвои
миллатро ба китоби муқаддаси «Авасто» - ҳамчун намунаи тамаддуни пешрафта шарҳ
диҳед.
202. Андешаҳои
Пешвои миллат оид ба Куруши Кабир дар кадом асарҳо ба тарзи муфассал баён
ёфтаанд?
203. Нақши Куруши
Кабирро дар таърихи мардуми ориёитабор Пешвои миллат чӣ гуна баҳогуузорӣ
намудаанд?
204. Шоҳаншоҳии
Ҳахоманишиён ва нақши онро дар таърихи тоҷикон аз нигоҳи Пешвои миллат шарҳ
диҳед.
205. Муборизаи
истиқлолиятхоҳонаи ниёгони тоҷикон ба муқобили юнону мақдуниҳо дар кадом ҷилд
ва фасли китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» таҷлили худро
ёфтааст ва нуктаҳои асосии он аз чӣ иборат аст?
206. Таҷлили муборизаи
истиқлолхоҳонаи халқи тоҷик бар зидди арабҳо дар китоби чандуми «Тоҷикон дар
оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» оварда шудааст ва Пешвои миллат оқибати
истилои арабҳоро чӣ хел баҳогузорӣ намудаанд?
207. Андешаҳои
Пешвои миллат дар бораи Абумуслими Хуросонӣ ва корномаи ў чӣ гуна аст ва он дар
кадом асар ба тарзи муфассал омадааст?
208. Оё метавонед нигоњи
Пешвои миллатро доир ба мафњумҳои озодӣ ва истиқлол баён намоед?
209. Инъикоси роҳи
пуршебу фарози дастёбӣ ба истиқлол дар кадом китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих.
Аз Ориён то Сомониён» ва фаслњои он шарњи худро ёфтааст?
210. Саҳми устод
Садриддин Айнӣ дар таъсисёбии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар
китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» чӣ гуна инъикос
ёфтааст?
211. Нақши
Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шотемур дар таъсисёбии Ҷумҳурии Шуравии
Сотсиалистии Тоҷикистон дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то
Сомониён» чӣ гуна арзёбӣ шудааст?
212. Андешаҳои
Пешвои миллат дар бораи академик Бобоуҷон Ғафуров ва нақшу мақоми ӯ дар таърихи
миллат ва худшиносии тоҷикон дар кадом навиштаҳо омадаанд?
213. Сарнавишти халқҳои
ориёӣ ва инъикоси таърихи он дар кадом китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз
Ориён то Сомониён» ва фаслҳои он мавриди таҷлили Пешвои миллат қарор
гирифтаанд?
214. Барои чӣ Пешвои
миллат Бохтар ва Суди қадимро гаҳвораи тамаддуни ориёӣ номидаанд?
215. Таърих ва
роњњои асосии муњољирати ориёињо дар китоби «Тољикон дар оинаи таърих. Аз Ориён
то Сомониён» чӣ тавр инъикос ёфтааст?
216. Ба ақидаи
Пешвои миллат қадимтарин давлатњои ориёӣ кай ва дар куҷо таъсис ёфтаанд?
217. Пешвои миллат
дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» муҳоҷирати ориёиро
ба самти Осиёи Хурд чӣ гуна арзёбӣ намудаанд?
218. Болоравии
тамаддуни ориёӣ дар замони ҳукмронии Ҳахоманишиҳо дар кадом асарҳои Пешвои
миллат инъикос ёфтаанд?
219. Инъикоси
муборизаҳои қаҳрамононаи ниёгони мо ба муқобили юнону мақдуниҳо дар кадом асарҳои
Пешвои миллат тасвир ва бањогузорӣ шудаанд?
220. Андешаҳои
Пешвои миллатро дар бораи давлати Селевкиён ва омезиши тамаддуни ориёию эллинӣ баён менамудед.
221. Таърихи
давлати Ашкониён (Порт) ва давлати Юнону Бохтар дар китоби чандуми «Тоҷикон дар
оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» инъикоси худро пайдо намудааст?
222. Таъсисёбии
давлати Кушониён ва инъикоси таърихи он дар кадомин фасл ва китоби чандуми
«Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» тасвир ёфтааст?
223. Андешаҳои
Пешвои миллатро доир ба давлатдории Кушониён ва мақоми он дар ташаккули давлату
давлатдории ниёгони тоҷик мухтасар шарҳ диҳед.
224. Оё метавонед
андешаҳои Пешвои миллатро дар мавриди қабилаҳои ориёиҳои ғарбӣ, ориёиҳои
марказӣ, ориёиҳои шарқӣ ва ориёиҳои ҷанубӣ баён намоед?
225. Гаҳвораи
тамаддуни ориёӣ аз нигоҳи Пешвои миллат куҷост?
226. Метавонед
шарҳи Пешвои миллатро доир ба мафҳумҳои ҷуғрофии “Эрон” ва “Тўрон” ба таври
мухтасар нақл намоед?
227. Инъикоси
таърихи давлати Сосониён дар кадом китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён
то Сомониён» оварда шудааст ва барои чӣ муаллиф онро фарорасии даврони нави
эҳёи тамаддуни ориёӣ номидаанд?
228. Андешаҳои
Пешвои миллатро доир ба давлати Ҳайтолиён ва омилҳои таърихии пайдоиши қавмию
этникии онҳо ба шакли мухтасар баён намоед.
229. Барои чӣ
Пешвои миллат давраи Сосониён ва Ҳайтолиёнро марҳиалаи нави эҳёи тамаддуни
ориёӣ номидаанд?
230. Инъикоси Таърихи
соҳибуудрат гардидани Ардашери Бобакон дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз
Ориён то Сомониён» чӣ гуна инъикос ёфтааст?
231. Таърихи ба
сари қудрат омадани Ҳайтолиён дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то
Сомониён» чӣ гуна шарҳи худро пайдо намудааст?
232. Барои чӣ
Пешвои миллат Сосониёнро ворисони воқеии Ҳахоманишиҳо дар эҳёи тамаддуни ориёӣ номидаанд?
233. Нақш ва
мақоми дини зардуштӣ дар замони Сосониён аз назари Пешвои
миллат дар кадом асарҳо ва чӣ гуна инъикос ёфтааст?
234. Тарҷумаи ҳоли Пешвои миллат –
Эмомалӣ Раҳмонро муфассал баён намоед.
235. Самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар кадом ҷаласаи Шурои Олии Ҷумњурии Тољикистон
муайян шуданд?
236. «Заминҳои Президентӣ» кадом заминҳоянд?
237. Ба сохтори
идории давлати Сосониён Пешвои миллат чӣ хел баҳогузорӣ намудаанд?
238. Пешвои миллат
давраи ҳукмронии Шопури I-ро чӣ гуна арзёбӣ намудаанд?
239. Оё ҷангҳои
Шопури I бо императорони Рум дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то
Сомониён» инъикос ёфтаанд?
240. Андешаҳои
Пешвои миллатро дар бораи Монӣ ва нақши ӯ баён намоед?
241. Пешвои миллат
доир ба таълимоти Монӣ дар асарҳои худ чи маълумот додаанд?
242. Сарнавишти
Монӣ дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» чӣ гуна тасвир
ёфтааст?
243. Империяи
Сосониён баъд аз фавти Шопури I ва ҳуҷумҳои густохонаи императорони Рум дар кадом
асари Пешвои миллат оварда шудаанд?
244. Барои чи дар
давраи ҳукмронии Шопури II ҷангҳои Эрону Рум авҷ гирифтанд ва ин дар кдом асри
Пешвои миллат инъикос ёфтааст?
245. Омилҳои
асосии рақобату муборизаҳои Сосониён, Ҳайтолиён ва Рум аз нигоҳи Пешвои миллат
дар чист?
246. Нуфузи оини
масеҳӣ дар шоҳаншоҳии Сосониён дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён
то Сомониён» чи гуна баррасӣ ёфтааст?
247. Салоҳияти Президенти Тоҷикистон дар кадом
бобҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудаанд?
248. Соли 2013
Эмомалӣ Раҳмон бо чанд фоизи овози
интихобкунандагон Президенти Тоҷикистон интихоб шуданд?
249. Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар ду соли охир ба чанд давлати хориҷӣ сафари давлатӣ
намудаанд?
250. Паёми
Президенти Тоҷикистон ба Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кадом
сол шуруъ шуд?
251. Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали
Муттаҳид кадом сол “Соли байналмилалии оби тоза” ва кадом солҳоро солҳои “Даҳсолаи байналмилалии
амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон дошт?
252. Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали
Муттаҳид кадом солро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва кадом солҳоро Даҳсолаи байналмилалии
амал “Об барои рушди устувор” эълон кард?
253. Пешвои миллат
кадом сол ва аз тарафи кӣ бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I сарфароз гардонида
шуданд?
254. Пешвои миллат
кадом сол бо Медали тиллоии “Барои таҳкими сулҳу ризоияти байни халқҳо” сарфароз
гаштанд?
255. Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомлӣ Раҳмон аз тарафи
кадом давлатҳо бо мукофотҳои баланди давлатӣ сарфароз гаштаанд?
256. Сабабҳои
афзудани нуфузу эътибори Ҳайтолиён дар нимаи дуюми асри V –ро Пешвои миллат дар
чӣ мебинанд?
257. Ҷангҳои шоҳаншоҳи
Сосонӣ - Пирўз (459-484) бо Ҳайтолиён дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз
Ориён то Сомониён» чӣ гуна инъикос ёфтаанд?
258. Андешаҳои
Пешвои миллатро дар мавриди баромади этникӣ ва низоми давлатдории Ҳайтолиён
шарҳ диҳед.
259. Ҷунбиши
Маздак ва инъикоси он дар асарҳои Пешвои миллат.
260. Андешаҳои
Пешвои миллат дар бораи Маздак ва таълимоти ў.
261. Фарҷоми кори
Маздак аз нигоҳи Пешвои миллат.
262. Баррасии
салтанати Хусрави I Анушервон (531-579) ва болоравии нуфузи Сосониён дар осори
Пешвои миллат.
263. Ислоҳоти
Хусрави I Анушервон (531-579) аз нигоҳи Пешвои миллат.
264. Баррасии
ислоҳоти иқтисодии Хусрави I Анушервон (531-579) дар китоби «Тоҷикон дар оинаи
таърих. Аз Ориён то Сомониён».
265. Пешвои миллат
кадом сол бо Медал ва шаҳодатномаи Шурои Аврупо – “Пешвои асри
ХХI” сарфароз гаштанд?
266. Пешвои миллат
кадом сол бо Ситораи ёқути сурх “Миротворец” (Сулҳовар)-и Иттиҳодияи умумиҷаҳонии хайрияи
“Миротворец” (Сулҳовар) ва Хазинаи байниминтақавии ҷамъиятии хайрияи
“Созвездие” (Галаситора) сарфароз шуданд?
267. Пешвои миллат
кадом сол бо “Медали тиллоии арҷгузорӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ)-и ЮНЕСКО” қадрдонӣ шуданд?
268. Пешвои миллат
кадом сол профессори фахрии Маркази аврупоии таҳқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS) (ш. Брюссел)
интихоб шуданд?
269. Пешвои миллат
кадом сол доктори фалсафа ва иқтисоди Донишгоҳи Қоиди Аъзами
Покистон интихоб шуданд?
270. Пешвои миллат
кадом сол доктори
фахрии Донишгоҳи Тсукубаи Япония интихоб шуданд?
271. Пешвои миллат
кадом сол доктори
фахрии Донишгоҳи Қоҳира интихоб шуданд?
272. Мақолаи
Пешвои миллат доир ба шаҳри Саразми бостонӣ бо се забон чӣ ном дорад ва он
кадом сол дар шакли китоби алоҳида аз чоп баромад?
273. Муаллифони
китоби илмӣ-оммавии “Эмомалӣ Раҳмон” аз силсилаи “Қаҳрамони Тоҷикистон” кистанд
ва ин китоб кадом сол дар куҷо нашр шуд?
274. Нақши
муассири иқдомоти Пешвои миллатро дар амнияти минтаќа чӣ гуна шарҳ медиҳед?
275. Панқ
ташаббуси ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро як ба як номбар намоед.
276. Аввалин
суханронии Пешвои миллат дар СММ кай, дар куҳо ва доир ба кадом мавзуъ ба вуқуъ
омад?
277. Пешвои миллат
умуман чанд маротиба ва кадом солњо дар СММ суханронӣ намудаанд?
278. Асари Пешвои
миллат “Имоми Аъзам: рўзгор, осор ва афкор” кай ва дар куљо нашр шуд?
279. Доир ба Имоми
Аъзам кадом мақолаҳои Пешвои миллат нашр шудаанд?
280. Бо ибтикори
Пешвои миллат кадом сол ва бо кадом мақсад “Соли забони
тољикї” эълон шуд?
281. Бо ибтикори
Пешвои миллат кадом сол ва дар куљо бори аввал “Ҳамоиши байналмилалии адибони
кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврўз” баргузор гардид?
282. Суханронии
Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолону намояндагони љомеа ва ходимони дин кай ба
вуқуъ омад ва кадом масъалањоро дар бар мегирад?
283. Муҳтавои асосии китоби
“Эмомалӣ Раҳмон ва соли Мавлоно Ҷомӣ”-ро баён намоед?
284. Дар китоби
“Эмомалӣ Раҳмон ва соле, ки ба қарнҳо баробар аст” доир ба чӣ сухан меравад?
285. Муҳтавои асосии китоби “Эмомалӣ Раҳмон ва Қасри Арбоб”-ро баён намоед?
286. Муҳтавои асосии китоби “Эмомалӣ Раҳмон ва оғози марҳалаи созандагӣ”-ро баён намоед?
287. Муҳтавои асосии китоби “Эмомалӣ Раҳмон ва 300 солагии Ҳисор”-ро баён намоед?
288. Муборизаи
истиқлолхоҳонаи мардуми Хуросону Мовароуннаҳр бар зидди арабҳо кай оғоз ёфт?
289. Доир ба
Хилофати Умавиён дар кадом китоб ва фасли он Пешвои миллат маълумот додаанд?
290. Боби аввали
китоби чоруми «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён»-и Пешвои миллат
ба кадом мавзуъ бахшида шудааст?
291. Кадом
шахсиятҳои бузурги Мовароуннаҳр-ватани аҷдодии тоҷикон, ки дар таҳқиқу эҷоди
илмҳои динии исломӣ пешоҳанг буданд дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз
Ориён то Сомониён»-и Пешвои миллат номбар шудаанд?
292. Боби дуюми
китоби чоруми «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» чӣ ном дорад ва
кадом мавзуъро фаро мегирад?
293. Наҳзати фикрӣ
ва бедории маънавии эронитаборон ба муқобили арабҳо ба андешаи Пешвои миллат аз
кадом ҳаракат ибтидо мегирад?
294. Барои чӣ Пешвои миллат дар «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» шуубияро
наҳзати ватанҳоҳӣ номгузорӣ намудаанд?
295. Назари Пешвои
миллатро доир ба пайдоиш ва ташаккули шуубия ва ҷунбишҳои шуубӣ шарҳ диҳед.
296. Кадом
шуришҳои мардумӣ ва наҳзатҳои халқии зиддиарабӣ дар китоби «Тоҷикон дар оинаи
таърих. Аз Ориён то Сомониён»-и Пешвои миллат таљассуми худро ёфтаанд?
297. Ин байтҳо дар
дар сифати кӣ гуфта шудаанд ва Пешвои
миллат дар кадом асари худ овардаанд: муайян намоед ва номи онро дар ҷойи
нуктаҳо гузоред:
Чиҳил сол
.............. паҳлавон,
Табар кўфт бар
фарқи марвониён,
Зи ҳадди Самарқанд
то Мисру Рай,
Барандохт тухми
хавориҷ зи пай.
298. Андешаи зери
Пешвои миллат дар кадом асар ва дар бораи кадом њодисаи таърихӣ гуфта шудааст:
“........... яке аз бузургтарин ошўбҳои мардуми Мовароуннаҳру Хуросон буд, ки
дар маљмуъ камобеш аз чаҳордаҳ сол ба таври ошкору ниҳон идома ёфта, муборизаи
мардумро барои истиқлолу озодӣ қувват бахшид”.
299. Ба назари
Пешвои миллат кадом хонадонҳои маҳаллӣ-тоҷикӣ ба болоравии нуфузи неруҳои
эҳёгари ҳувияти миллӣ мусоидат намуданд?
300. Ба назари Пешвои миллат хонадонҳои
Тоҳириёну Саффориён дар ташаккули минбаъдаи халқ ва миллати тоҷик чӣ нақши
таърихӣ гузоштанд?
КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
2025-05-05 16:30:29
Замима:
бо фармоиши раиси
Кумита оид
ба тањсилоти ибтидої ва миёнаи касбии
назди
Њукумати Љумњурии Тољикистон
аз
01.05.2025, №115 тасдиќ шудааст.
КУМИТА ОИД БА
ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ
ОЗМУН ЭЪЛОН
МЕНАМОЯД:
1.
Сардори
шуъбаи банаќшагирии молиявии Раёсати молия, банаќшагирї ва муњосибот – 1 љой,
маоши мансабї 2967, 80 сомонї.
2.
Сармутахассиси раёсати тањсилоти ибтидоии касбї – 1 љой, маоши мансабї 2204, 00
сомонї.
3.
Сармутахассиси шуъбаи њуќуќ, коргузорї ва назорат – 1 љой, маоши мансабї 2204, 00 сомонї.
4.
Мутахассиси пешбари раёсати тањсилоти миёнаи касбї – 1 љой, маоши мансабї 1768, 00
сомонї.
5.
Мутахассиси шуъбаи банаќшагирии молиявии Раёсати
молия, банаќшагирї ва муњосибот – 1 љой, маоши мансабї 1484, 80 сомонї.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роњбари маќомоти давлатї;
- вараќаи шахсии бањисобгирии кадрњо
- 6 дона расм (3 дона андозаи 3х4 ва 3 дона андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи
њуљљатњо дар бораи тањсилот (диплом);
- нусхаи
дафтарчаи мењнатї;
- маълумотнома оид
ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
- маълумотнома аз ВКД (оиди доштан ё надоштани доѓи
судї)
- нусхаи
гувоњномаи раќами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- маълумот дар бораи
даромад ва вазъи молу мулк (Эъломия);
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи СИН;
-нусхаи билети
њарбї (барои шахсоне, ки хизмати њарбиро адо намудаанд).
Талаботи тахассусї
Барои ишѓоли мансаби сардори шуъба:
–
тањсилоти олии касбї, ихтисоси
ба мансаби ишѓолшаванда мувофиќ, ки иљрои самараноки вазифањои мансаби мазкури
маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатї;
–
малакаи хуби муошират бо ањли љомеа, аз љумла
мањорати ба роњ мондани њамкорї њангоми татбиќи манфиатњои давлатї;
–
донистани Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, дигар
ќонунњо ва санадњои меъёрии њуќуќии соњавї;
–
донистани таърих, фарњанг, муќаддасоти миллї, забони
давлатї, як забони хориљї;
–
кор карда
тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусї
Барои ишѓоли мансаби сармутахассис:
–
тањсилоти олии касбї, ихтисоси ба мансаби
ишѓолшаванда мувофиќ, ки иљрои самараноки вазифањои мансаби мазкури маъмурии
хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
–
малакаи хуби муошират бо ањли љомеа, аз љумла
мањорати ба роњ мондани њамкорї њангоми татбиќи манфиатњои давлатї;
–
донистани Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, дигар
ќонунњо ва санадњои меъёрии њуќуќии соњавї;
–
донистани таърих, фарњанг, муќаддасоти миллї, забони
давлатї, як забони хориљї;
–
кор карда
тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусї
Барои ишѓоли мансаби мутахассиси пешбар:
–
тањсилоти олии касбї, ихтисоси ба мансаби
ишѓолшаванда мувофиќ, ки иљрои самараноки вазифањои мансаби мазкури маъмурии
хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
–
малакаи хуби муошират бо ањли љомеа, аз љумла
мањорати ба роњ мондани њамкорї њангоми татбиќи манфиатњои давлатї;
–
донистани Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, дигар
ќонунњо ва санадњои меъёрии њуќуќии соњавї;
–
донистани таърих, фарњанг, муќаддасоти миллї, забони
давлатї, як забони хориљї;
–
кор карда
тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусї
Барои ишѓоли мансаби мутахассис:
–
тањсилоти олї ё миёнаи касбї, ихтисоси ба мансаби
ишѓолшаванда мувофиќ, ки иљрои самараноки вазифањои мансаби мазкури маъмурии
хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
–
1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
–
малакаи хуби муошират бо ањли љомеа, аз љумла
мањорати ба роњ мондани њамкорї њангоми татбиќи манфиатњои давлатї;
–
донистани Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, дигар
ќонунњо ва санадњои меъёрии њуќуќии соњавї;
–
донистани таърих, фарњанг, муќаддасоти миллї, забони
давлатї, як забони хориљї;
–
кор карда тавонистан
бо компютер.
Суроѓаи ќабули
њуљљатњо:
Њуљљатњо аз
љониби Кумита оид ба тањсилоти ибтидої ва миёнаи касбии назди Њукумати Љумњурии
Тољикистон дар муњлати 21 рўз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттї ё
электронї ќабул карда мешаванд.
Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Варзишгарон
6, телефон: 250-37-02; 902-77-66-22, суроѓаи электронї: kadr-07@bk.ru
Эзоњ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ» БАРГУЗОР МЕГАРДАД
2025-04-22 12:26:01
Бо мақсади
гиромидошти таърихи пуршарафи халқи тоҷик, омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи корҳои
наҷиб ва фаъолияти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди модели нави
давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави
таърихӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи мактаби давлатдории Пешвои миллат дар байни аҳолии
ҷавони мамлакат, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад.
Озмун дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу
намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 январи соли 2025 тасдиқ шудааст, соли дуюм аст, ки бо ибтикори Муассисаи
давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
гузаронида мешавад.
Бо Низомномаи озмун дар ин ҷо шинос шавед.
Бо
қарори Шурои илмӣ-методии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи
иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «____» ______ соли 2025, №_____
тасдиқ шудааст. Раиси Шуро _________________ Ҷ. Файзализода
Низомномаи
Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои
Пешвои миллат» байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.1.
Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» (минбаъд Озмун)
дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП-713
дар бораи тасдиқи Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду
озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон барои соли 2025 баргузор карда мешавад.
1.2.
Озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омўзиши амиқу
ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими Ваҳдати миллӣ, эъмори модели нави давлати
демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва
ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои
миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ,
ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омўзиши ҳамаҷонибаи
Мактаби давлатдории Эмомалӣ 1 Раҳмон миёни қишри ҷавони аҳолии кишвар, бахусус
донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доир мегардад.
1.3.
Озмун дар роҳи рўй овардан ба ҳувияти миллӣ, зиракии сиёсӣ, худшиносию
меҳанпарастӣ ва дар маҷмуъ эҳтирому шукргузорӣ аз истиқлоли сиёсӣ ва ба ин
васила ҷалби ҷавонон ба омўзиши осори пурғановати Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми назарраси ин шахсияти
шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ дар бунёди давлати навини тоҷикон, пайгирии сиёсати
хирадмандона ва ташаббусҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшудаи ў,
ваҳдатофаринӣ, инсондўстӣ ва дигар паҳлуҳои шоистаи фаъолияти роҳбарии ў дар
самти якпорчагии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар нақши созгор
хоҳад дошт.
1.4.
Иштирокдорони Озмун донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
(бакалавр, магистр) мебошанд.
2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН
2.1.
Сарпарасти Озмун, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Китобхонаи миллӣ) мебошад.
2.2.
Масъулони баргузории Озмун, Китобхонаи миллӣ, вазоратҳои маориф ва илм,
фарҳанг, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио,
кор бо ҷавонон ва варзиш, Академияи миллии илмҳо, Иттифоқи нависандагони
Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон мебошанд.
2.3.
Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ,
телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, Академияи миллии илмҳо ва
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар тарғибу ҷалби иштирокчиён ва ҷараёни
баргузории Озмун иштирок мекунанд.
2
2.4. Ректорон (директорон)-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҷиҳати
дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани даври якуми Озмун масъул мебошанд.
3.
КОМИССИЯИ ОЗМУН
3.1.
Барои гузаронидани Озмун, комиссияи Озмуни ҷумҳуриявӣ (минбаъд – Комиссияи
Озмун) таъсис дода шуда, ҳайати он аз ҷониби директори Китобхонаи миллӣ тасдиқ
карда мешавад.
3.2. Комиссия аз раис, муовин, аъзоён ва котиб
иборат мебошад.
3.3.
Ваколатҳои Комиссияи Озмун: - таҳияи ҷадвали баргузории Озмун ва назорати он; -
тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба Озмун; - пешниҳоди ҳайати ҳакамон
барои даври дуюми Озмун; - бо ширкати ҳайати ҳакамон гузаронидани семинари
машваратӣ; - назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони Озмун;
- омўзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокдорони Озмун ба даври ниҳоӣ;
- баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикоятҳои иштирокдорон; - тасдиқ
ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони даври дуюми Озмун.
4.
ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН
4.1.
Озмун аз ду давр иборат буда, аз моҳи май то октябри соли 2025 ба таври зайл
ташкил ва гузаронида мешавад: - даври якум – моҳи май дар муассисаҳои таҳсилоти
миёна ва олии касбӣ; - даври дуюм – ҳафтаи чоруми моҳи сентябр барои ғолибони
ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври якум дар Китобхонаи миллӣ. 3 4.2. Протоколи
ҷамъбасти даври якум ба Комиссияи Озмун бо тасдиқи ректорон (директорон)-и
муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва имзои раисони ҳакамони даври якум
пешниҳод мешавад. 4.3. Шумораи ғолибони даври якум, ки ба даври дуюм пешниҳод
мешаванд, набояд аз 2 нафар зиёд бошанд. 4.4. Иштирокдорон новобаста аз зодгоҳ
ва маҳалли зисташон аз номи муассисаи таълимие, ки дар он донишҷў мебошанд,
баромад мекунанд. 4.5. Ҷараёни баргузории даври якум тавассути шабакаҳои
иҷтимоии интернетӣ ва телевизиону радиоҳои маҳаллӣ, даври дуюм тавассути
шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ, инчунин дигар воситаҳои ахбори омма ба
таври васеъ инъикос ва пахш карда мешавад. 4.6. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои
ғолибони даври якум барои иштирок дар даври дуюм ба Комиссияи Озмун то 20 июли
соли 2025 муқаррар карда мешавад. 4.7. Дар даври дуюми Озмун, ғолибони даври
якум ба ду гурўҳ ҷудо гардида, гурўҳи якум миёни донишҷўёни муассисаҳои
таҳсилоти миёна ва гурўҳи дуюм миёни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии
касбӣ аз озмун мегузаранд. 4.8. Китобхонаи миллӣ, вазоратҳои маориф ва илм,
фарҳанг, кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, кор
бо ҷавонон ва варзиш, Академияи миллии илмҳо, Иттифоқи нависандагони
Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули гузаронидани маросими тантанавии
супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Озмун мебошанд. 5. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН
5.1. Дар Озмун донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (магистр ва
бакалавр) иштирок карда метавонанд. 4 5.2. Шартҳои ташкил ва баргузории Озмун
аз ҷониби Комиссияи Озмун назорат карда мешавад. 5.3. Дар вақти холгузорӣ ба
савияи дониши довталабон ва баёни мантиқии муҳтавои асарҳои Пешвои миллат ва
амалӣ гардидани рўйдодҳои фараҳбахши миллӣ, ки бевосита бо ибтикори Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайвастанд, бартарӣ дода
мешавад. 5.4. Озмун бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ баргузор мегардад. 5.5. Дар
даври дуюм иштирокдорон шарҳи ҳоли мухтасари худро бо гузоштани имзо ва нусхаи
протоколи даври якум ба Комиссияи Озмун ба таври хаттӣ пешниҳод менамояд
(ҳуҷҷатҳои мазкур дар ду нусха ба даври дуюм пешниҳод карда мешаванд). 5.6.
Раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ як нафарро котиби масъули
даври якуми Озмун таъйин менамоянд. Котиби масъули даври якум ҳуҷҷатҳои
довталабонро дар асоси банди 5.5.-и Низомномаи мазкур санҷида, дар асоси санад
онҳоро ба Комиссияи Озмун пешниҳод мекунанд. Котибони Озмун вақт ва ҷойи
баргузории Озмунро ба иштирокдорон ҳатман хабар медиҳанд. 5.7. Ғолибони даври
дуюми Озмун, ки сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мегарданд, то се соли минбаъда
дар Озмуни «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» ҳуқуқи иштирок карданро
надоранд. 6. ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКДОРОНИ ОЗМУН 6.1. Донишҳои азбарнамудаи
иштирокдорони Озмун тибқи мазмуни асарҳои Пешвои миллат муайян карда мешавад,
аз ҷумла: - донистани маълумоти муфассал доир ба асарҳои Пешвои миллат; -
доштани маълумот оид ба ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат; - қобилияти нақлу
тафсири воқеаҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 5 - баёни
порчаҳои муҳимми асарҳо, асосноккунии дастовардҳо, корнамоӣ ва ободкориҳои
Пешвои миллат; - донистани санадҳои муҳимми меъёрии ҳуқуқӣ оид ба мақоми Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; -
донистани мероси таърихию фарҳангии моддиву маънавии халқи тоҷик; - донистани сарчашмаҳои
таърихӣ ва асарҳои илмию бадеӣ, ки дар асарҳои Пешвои миллат истифода шудаанд;
- қобилияти суханварӣ, озодбаёнӣ ва ровигӣ. 7. МЕЪЁРИ АРЗЁБИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН
7.1. Ҳайати ҳакамони Озмун ба савияи дониши сиёсию фарҳангии иштирокдорон аз
рўйи меъёрҳои зерин баҳо медиҳанд: - ба ҳар як довталаб барои муаррифии ҳаёту
фаъолият, мактаби давлатдорӣ, пешниҳодҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва китобҳои Пешвои
миллат, инчунин асарҳои дигари таърихӣ ба муҳлати то 10 дақиқа вақт дода
мешавад; - бо мақсади баҳогузорӣ ба истеъдоди довталабон ҷадвали 10- хола
муқаррар карда мешавад. Довталаб барои донистани ҳаёту фаъолият, хизматҳои
шоиста ва корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – 10 хол, барои ҷавоби
аз хуб болотар – 8 хол, барои ҷавоби хуб – то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна
беҳтар – 4 хол, барои ҷавоби миёна – 3 хол гузошта мешавад ва барои ҷавоби
ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад. 8. ҲАЙАТИ ҲАКАМОН 8.1. Ҳайати ҳакамони
даври якуми Озмунро ректорон (директорон)-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии
касбӣ бо санади дахлдор тасдиқ менамоянд. 8.2. Ҳайати ҳакамон амалҳои зеринро
иҷро мекунанд: 6 - саводу дониш ва маҳорату истеъдоди довталабонро натиҷагирӣ
мекунанд; - холҳоро муқаррар карда, бо овоздиҳии кушода ғолибонро муайян
менамоянд; - натиҷаи Озмунро дар протокол дарҷ карда, бо имзои аъзои ҳакамон
тасдиқ менамоянд. 8.3. Ба ҳайати ҳакамон олимону адибон, роҳбарони китобхонаҳо
ва омўзгорон ворид мешаванд. Шумораи ҳайати ҳакамон набояд аз 5 нафар зиёд бошад.
8.4. Хулосаи ҳайати ҳакамони даври дуюм дар Комиссияи Озмун баррасӣ ва тасдиқ
карда мешавад. 8.5. Комиссияи Озмун дар ҳолати ҷавобгўй набудани хулосаи ҳайати
ҳакамон ба талаботи Низомномаи мазкур (дар ҳолатҳои истисноӣ ва ё муайян
гардидани иштибоҳоти техникӣ) ҳуқуқи бекор кардани онро дорад. Ҳамчунин, дар
сурати ба вуҷуд омадани мушкилоте, ки дар Низомномаи мазкур пешбинӣ нашудаанд,
Комиссияи Озмун ваколати ҳалли онро дорад. 9. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН 9.1.
Хароҷоти даври якум ва хароҷоти вобаста ба сафарбаркунии ғолибон ба даври дуюми
Озмун, будубоши онҳо дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти миёна ва
олии касбӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузорӣ манъ накардааст,
пардохт карда мешавад. 9.2. Ғолибони даври якум ва дуюми Озмун, инчунин
иштирокдорони фаъоли он аз ҷониби Вазорати маориф ва илм инчунин, муассисаҳои
таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида
мешаванд. 9.3. Хароҷоти баргузории чорабинии даври дуюми Озмун аз суратҳисоби
махсуси Китобхонаи миллӣ пардохт карда мешавад. 9.4. Ба ғолибон ва
иштирокдорони фаъоли даври дуюми Озмун тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби
маблағҳои 7 пешбинигардидаи Китобхонаи миллӣ, Вазорати маориф ва илм, Кумита
оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони
маориф ва илм ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад. 9.5. Барои ҳавасмандгардонии
ғолибони ҳар ду даврҳои Озмун тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби
сарпарастон иҷозат дода мешавад. 10. ТАРТИБИ ДАРЁФТИ ҶОЙИ ЯКУМ 10.1. Ҷойи якум
ба иштирокдоре дода мешавад, ки беш аз 90% асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро
мутолиа ва ҳифз намудааст. 11. ИМТИЁЗҲО 11.1. Ғолибони даври дуюм (ҷойҳои 1, 2,
3) баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси
интихобкардаашон барои идомаи таҳсил, зинаи магистратура ва маълумоти олӣ, бе
супоридани имтиҳон тибқи тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии
Тоҷикистон ба тариқи ройгон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд. Тартиби қабулро Вазорати маориф ва
илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. 11.2. Ғолибони даври дуюми Озмун
тавассути барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ муаррифӣ гардида, ҳуқуқи иштирок дар
чорабиниҳои маърифатию сиёсӣ ва гурўҳҳои ташвиқотию тарғиботиро пайдо
менамоянд. 11.3. Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол ва санадҳои ғолибони Озмунро дар асоси
таҳияи тартиби махсус барои 5 сол нигоҳдорӣ намуда, сипас ба бойгонӣ месупорад.
8 Замимаи 1 ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои
миллат» байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Ҳайати
Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» байни
донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ - мудири бахши раёсати
маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
раиси Комиссия; - раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Комиссия; - муовини якуми вазири маориф ва
илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Комиссия; - директори Муассисаи
давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
котиби Комиссия. Аъзои Комиссия: - раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - президенти Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон; - муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон; - муовини раиси
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - раиси
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон; - ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; -
ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; 9 -
директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон; - раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони
маориф ва илм. Замимаи 2 ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини
асарҳои Пешвои миллат» байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии
касбӣ Ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат»
байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Ба ғолибони ҷойҳои
якум ҷом, диплом ва мукофоти пулӣ тақдим карда мешавад. Ба ғолибони ҷойҳои
дуюм, сеюм ва ифтихорӣ диплом ва мукофоти пулӣ тақдим карда мешавад. Ғолибон ба
ду гурўҳ ҷудо карда мешавад: 1. Ғолибони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ. 2.
Ғолибони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. Мукофотҳои пулӣ барои ғолибони Озмун
ба таври зерин муқаррар карда мешаванд: - барои ҷойҳои якум – 20 000 сомонӣ (ба
ҳар яке аз ғолибон); - барои ҷойҳои дуюм – 15 000 сомонӣ (ба ҳар яке аз
ғолибон); 10 - барои ҷойҳои сеюм (ду ҷой ба ҳар кадом гурўҳ) – 7 500 сомонӣ (ба
ҳар яке аз ғолибон); Ҳамагӣ: 100 000 сомонӣ.