КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
2025-11-27 11:48:43
1.
Сармутахассиси шуъбаи банақшагирии
молиявии Раёсати молия, банақшагирӣ ва муҳосибот
– 1 ҷой, маоши мансабӣ 2641, 00 сомонӣ.
2.
Мутахассиси пешбари шуъбаи банақшагирии молиявии Раёсати молия, банақшагирӣ ва муҳосибот – 1 ҷой, маоши мансабӣ
2154, 50 сомонӣ.
3.
Мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирии муҳосибавии Раёсати молия, банақшагирӣ ва муҳосибот – 1 ҷой, маоши мансабӣ
2154, 50 сомонӣ.
4.
Мутахассиси шуъбаи банақшагирии молиявии Раёсати молия, банақшагирӣ ва муҳосибот – 1 ҷой,
маоши мансабӣ 1779, 20 сомонӣ.
5.
Мутахассиси шуъбаи баҳисобгирии муҳосибавии Раёсати молия, банақшагирӣ ва муҳосибот – 1 ҷой,
маоши мансабӣ 1779, 20 сомонӣ.
6.
Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ, коргузорӣ ва назорат – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2204, 00 сомонӣ.
7.
Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои
махсус – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2154, 50 сомонӣ.
8.
Мутахассиси пешбари Раёсати таҳсилоти миёнаи касбӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2154, 50 сомонӣ.
9.
Мутахассиси Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ
1779, 20 сомонӣ.
10.
Мутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа – 1 ҷой, маоши
мансабӣ 1779, 20 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои
зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
- 6 дона расм (4 дона андозаи 3х4 ва 2 дона андозаи 4х6);
- нусхаи
дафтарчаи меҳнатӣ (барои онҳое,
ки фаъолият мекунанд);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
- маълумотнома оид ба надоштани доғи
судӣ;
- маълумот дар
бораи даромад ва вазъи молу мулк (Эъломия);
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- нусхаи гувоҳномаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
–
таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда
мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати
давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
–
малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла
маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
–
донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо
ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
–
донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони
давлатӣ ва як забони хориҷӣ;
–
кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси
пешбар:
–
таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда
мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати
давлатиро таъмин карда метавонад;
– 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
–
малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла
маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
–
донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо
ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
–
донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони
давлатӣ ва як забони хориҷӣ;
–
кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассис:
–
таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба
мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури
маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
–
1 сол собиқаи умумии
меҳнатӣ;
–
малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла
маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
–
донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо
ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
–
донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони
давлатӣ ва як забони хориҷӣ;
–
кор карда тавонистан бо компютер.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул
карда мешаванд.
Суроға: шаҳри
Душанбе, кӯчаи Варзишгарон 6, телефон: 250-37-02; 902-77-66-22, суроғаи
электронӣ: kadr-07@bk.ru
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши
мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида
пардохт карда мешавад. Ҳамчунин, барои ба кор қабул намудан ба менеҷерҳои сатҳи баланд бартарӣ дода
мешавад.