2025-05-06 15:04:23
ПЕШГИРИИ МАСЪАЛАИ ҶИНОЯТҲОИ ХУСУСИЯТИ КОРРУПСИОНИДОШТА БАРРАСӢ ГАРДИД
5 майи соли 2025 бо иштироки васеи омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ доир ба масъалаи пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд, аз ҷониби намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷаласа бо иштироки Муқимӣ Нигора - Сардори Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамдамзода Садриддин, Файзиддин Ҳусензода - нозирони калони Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъмурият, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса баргузор гардид.
Нахуст Сардори Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора ба сухан баромада, аз ҷумла зикр кард, ки моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” як қатор мамониатҳоро муайян намудааст, ки дар мавриди мавҷуд будани ин мамониатҳо шахс наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда таъйин ё интихоб гардад.
Инчунин дар бораи ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркардашуда, ки доғи судӣ ҳисоб мегардад, дар бораи доғи судӣ доштан, оид ба ҷиноятҳои вазнин ва оқибати он, ҷинояти қасдан содиршуда маълумот дода, даъват ба амал оварданд, ки ҳар яки мо дар хизмат ба халқу ватани худ, ба касбу кор ва вазифаи худ содиқ бошем, меҳнати ҳалол намоем, ба корҳое, ки оқибаташ пушаймонии руҳиву ҷонӣ меорад, даст назанем. Мо, ки тарбиятгарем, бояд аввал мураббии ақли худ бошем ва фарзандони миллатро дар руҳияи созандагию ободкорӣ, покию поктинатӣ ва меҳнати ҳалол тарбия намоем.
Инчунин қайд гардид, ки тибқи талаботи қонуни мазкур шаҳрвандоне, ки ба кор муроҷиат намуда, қабул мегарданд, бояд ҳатман маълумотномаи надоштани доғи судӣ пешниҳод намоянд. Зеро тибқи талаботи сархати якуми қисми 1 моддаи 22 Қонуни болозикр бармеояд, ки агар шахс доғи судӣ дошта бошад, то мавриди тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бардоштани доғи судиаш наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё ба онҳо баробаркардашуда таъйин ё интихоб гардад.
Пас аз анҷоми ҷаласа бо дарназардошти пешниҳодҳои баррасишуда, қарор қабул карда шуда, ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.
2025-05-06 15:01:45
ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД
Рӯзи ғалаба рамзи садоқат, нишонаи ҳисси баланди ватандӯстӣ, шараф, ваҳдат ва рӯҳи устувору шикастнопазири халқҳои сулҳпарвару озодихоҳи олам аст.
Эмомалӣ Раҳмон
9-уми майи соли 1945 дар таърихи зиндагии мардуми Тоҷикистон ва давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ саҳифаи нав оғоз намуд ва онҳо тавонистанд, бар душмани худ пирӯзӣ ба даст оранд. Ин рӯз барои тамоми собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шуравӣ, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ гиромӣ аст.
Имсол аз анҷоми набардҳои шадиду хунин ва фоҷиабори Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ғалаба бар фашизм марҳалаи асосиву ҳалкунандаи он буд, ҳаштод сол сипарӣ мешавад. Ин ҷашни умумимиллиро тамоми мардуми собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва мардуми сулҳхоҳи ҷаҳон, ки саҳми босазои худро дар таъмини Ғалаба бар фашизм гузоштаанд, қадрдонӣ менамоянд.
Ва сокинони Тоҷикистон мисли тамоми мардуми сулҳхоҳи олам солгарди ин санаи таърихиро ботантана ҷашн мегиранд. Иди Ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи тоҷик санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад. Зеро дар он солҳои мудҳиш низоми фашистӣ ба озодиву истиқлолияти аксари давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод карда буд.
Имрӯзҳо пос доштани чунин иди бузург аҳамияти махсуси худро дорад, зеро намояндагони зиёда аз 100 миллату халқият ҳамчун узви як оила муттаҳид гардида, барои ба даст овардани пирӯзӣ ҷоннисориҳо кардаанд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз зиёда аз 72 кишвари дунё иштирок намуданд. Амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави 40 давлати дунё ҷараён гирифта буд. Дар ин муҳорибаҳои шадиду хунин аз кишварҳои иштирокчии ҷанг зиёда аз 110 миллион нафар афсарону сарбозон сафарбар шуда буданд. Ин ҷанги фоҷиабор кишварҳои зиёдеро харобу тороҷ гардонида, тараққиёти онҳоро даҳсолаҳо ба қафо партофт. Дар натиҷа зиёда аз 50 миллион нафар одамон қурбон шуда, миллионҳо одамон машаққати руҳию равониро аз сар гузарониданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он давра аҳолиаш зиёда аз як миллион нафарро ташкил медод, дар ин набардҳои сангину хунин беш аз 300 ҳазор шаҳрвандон сафарбар карда шуда, онҳо бо ҷасорату қавииродагии худ ҷони худро баҳри ҳимояи Ватани бузург нисор намуданд. Родмардоне, ки дар муҳорибаҳои хунин иштирок намуданд, баҳри ҳифзи Ватан ва шарафу номуси мардуми хеш корнамоиҳо нишон додаанд, мояи сарфарозӣ ва ифтихор мебошанд. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 92 ҳазор нафар тоҷикистонӣ, баҳри ҳифзи Ватан ба ҳалокат расидаанд. Барои мардонагӣ, далерию шуҷоат нишон додан 68 нафар иштирокчиёни ҷанг аз Тоҷикистон ба унвони олии «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» сазовор гашта, 21 нафарашон дорандаи ҷоизаи се дараҷаи ордени «Шараф», ҳамагӣ зиёда аз 90 ҳазор нафар бо ифтихорномаҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ ва ордену медалҳо сарфароз гардонида шудаанд. Аз шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон 49973 нафарашон ба баталёнҳои коргарии сохтмонӣ ва ақибгоҳ сафарбар карда шудаанд, ки заҳмати софдилонаи онҳо то имрӯз аз ёдҳо нарафтааст.
Ҷоннисориҳои фарзандони тоҷик дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар корномаи таърихи миллати мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамчун роҳнамои ибратомӯзи насли оянда боқӣ хоҳад монд. Дар байни онҳо ҷасорату шуҷоати бемисли қаҳрамонони Иттиҳоди Шуравӣ: Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Ҳайдар Қосимов, Домулло Азизов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарифов, Раҳимбой Раҳматов, Ӯрунбек Ёқубов, Боқир Давлатов, Саидқул Турдиев, Қудрат Қаюмов ва чандин ҷанговарони далери тоҷик лавҳаи таърихро ҷилло медиҳанд ва хотираи неки онҳо ҷовидона дар шиори “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромуш намешавад” вирди забонҳо гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои табрикотии худ бахшида ба солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизм таъкид карданд, ки: "Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ «зарбаи асосии фашизми гитлерӣ ба муқобили халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ равона гардида буд. Аммо дар ҷавоб урдуи фашистӣ ба қаҳрамониҳои беназир, далериву шуҷоатмандӣ ва муборизаи беамони мардумӣ дучор гардида, дар натиҷа дастгоҳи пурқудрати ҳарбии фашизм шикаст хӯрд, сулҳу оромӣ дар ҷаҳон таъмин гардид ва роҳи халқҳои гуногуни ҷаҳон ба сӯи озодӣ ва зиндагии осудаву созанда кушода шуд".
Умуман, мо ҷоннисориҳои ҷанговаронро дар ҷабҳаҳои набарди мардона ва заҳмати шабонарӯзии калонсолону модарону хоҳаронро дар ақибгоҳ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем. Санаи 8 майи соли 1945 дар шаҳрчаи Карлсхорсти назди Берлин ҳуҷҷати расмии бечунучаро таслим шудани фашистон имзо гардид. Ба ин муносибат 9 май ҳамчун Рӯзи Ғалаба эълон гардид ва то ҳол қариб тамоми мардуми собиқ шуравӣ ин санаи бузурги таърихиро ҳар сол ҷашн мегиранд. Хизмати шоёни он
абармардоне, ки солҳои 1941-1945 ватану миллатро ҳимоя намуданд, ҳаргиз аз хотири ин миллати тамуаддунофар фаромӯш намешавад.
Ҳамаи мо чун фарзандони миллати соҳибихтиёр ҳамеша шукронаи неъмати бузурги соҳибватаниро дорем ба Ватан содиқона хизмат мекунем, барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доимо омода ҳастем. Наслҳои имрӯза, яъне наврасону ҷавононро дар руҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ ва худшиносиву худогоҳӣ тарбия намуда, тамоми саъю талоши худро ба хотири ободиву пешрафти сарзамини аҷдодиву давлати соҳибистиқлол, оромиву суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ равона месозем.
Аҳмадшо САИДЗОДА, н.и.п, дотсент, директори Литсейи
касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе
2025-05-06 15:00:33
САҲМИ ТОҶИКОН ДАР ҒАЛАБАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
Ҳарчанд Ҷанги Якуми Ҷаҳон соли 1918 ба итмом расида буд, вале вазъи ҷаҳон беҳтар нагардид. Минбаъд на танҳо душмании давлатҳои бузурги капиталистии ҷаҳон бо Иттиҳоди Шӯрвӣ, ки Тоҷикистон низ аъзои он буд, сол то сол боло гирифт, балки зиддияти байни худи давлатҳои бузурги капиталистӣ ҳам дар авҷ буд.
Фашистон
соли 1922 дар Италия ва соли 1933 дар Олмон ба ҳокимият соҳиб шуда, ташвиқоти ҷанги нави ҷаҳониро мебурданд. 25 – уми ноябри соли 1936 давлатҳои Олмон ва Япония “Иттифоқи зиддикоммунистӣ” – ро имзо карданд, ки он ба муқобили ҳаракати коммунистии ҷаҳон нигаронида шуда буд ва соли 1937 ба он Италия низ ҳамроҳ гардид.
Ҳукуматдорони ҳамонвақтаи Англия, Франсия ва ИМА мехостанд, ки Олмони фашистӣ ҳар чӣ зудтар ҷангро бо Давлати Шӯравӣ сар кунад, зеро руҳияи бадбинии онҳо нисбат ба Иттиҳоди Шӯравӣ хеле зиёд буд. Бо ҳамин мақсад, сарварони ҳукуматҳои Англия, Франсия ва Италия 29 – 30 – уми сентябри соли 1938 дар шаҳри Мюнхен бо канслери Олмон – Гитлер вохӯрда, ба ӯ вилояти Судети давлати Чехословакияро “туҳфа” карданд, ки ин воқеа дар таърих ҳамчун “сӯиқасди Мюнхен” маълум аст.
Аммо 15 – уми марти соли 1939 Гитлер тамоми
Чехословакияро забт намуд. Моҳи августи соли 1939 Иттиҳоди Шӯравӣ бо Олмони фашистӣ “Шартнома дар бораи ба муқобили якдигар ҳуҷум накардан” – ро имзо карданд.
То якуми сентябри
соли 1939 аксарияти давлатҳои Аврупо аллакай ба зери таъсири фашистони Олмон монда буданд. Минбаъд тамоми иқтисодиёт ва иқтидори ҳарбии ин давлатҳо ба манфиати Гитлер ва мақсадҳои забткоронаи ӯ нигаронида шуда буданд. 1 – уми сентябри соли 1939 Олмони фашистӣ ба муқобили Лаҳистон (Полша) ҷанг сар кард. Лаҳистон, Англия ва Франсия иттифоқчӣ буданд. Бинобар ин ҳукумати ин давлатҳо 3 – юми сентябри он сол ба муқобили Олмони фашистӣ ҷанг эълон карданд. Ҳамин тавр Ҷанги Дуюми Ҷаҳон сар шуд, ки он то 2 –юми сентябри соли 1945, яъне то маҳви иттифоқчии Олмони фашистӣ – Япония давом кард. Дар ин ҷанг 72 давлатҳои ҷаҳон иштирок намуданд, ки дар сафи қувваҳои мусаллаҳашон 110 млн нафар сарбозон сафарбар карда шуда буданд. Амалиётҳои ҷангӣ бошад, дар ҳудуди 40 давлатҳои ҷаҳон мегузашт.
Масъалаи сарҳадии байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва давлати Финландия яке аз масъалҳои душвортарин ба ҳисоб мерафт Иттиҳоди Шӯравӣ аз давлати Финландия талаб мекард, ки хати сарҳади худро аз шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт – Петербург) ба дохили давлаташ дуртар барад, аммо
давлати Финландия ба ин розӣ набуд. Ниҳоят, 30 – уми ноябри соли 1939 баҳси сарҳадии байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Финландия ба ҷанги байни онҳо оварда расонид. Дар ҳамин ҷанг фарзанди халқи тоҷик Неъмат Қарабоев шуҷоат нишон дода, на танҳо аз фиристодагони Тоҷикистон, балки аз тамоми Ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна аввалин шуда, ба гирифтани унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардид.
Оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Саҳарии 22 – юми июни соли 1941 Олмони фашистӣ, бе эълони ҷанг, аҳдшиканона ба ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кард. Худи ҳамон рӯз иттифоқчиёни он, давлатҳои Италия, Финландия ва Руминия ҳам ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанг эълон карданд. Якбора ба муқобили Иттиҳоди Шӯравӣ қувваи хело бузурги душман 190 дивизияи иборат аз 5,5 млн нафар
аскар ва афсарон, 3,7 ҳазор адад танк, қариб 5 ҳазор адад самалётҳои ҷангӣ, зиёда аз 47 ҳазор адад тӯп ва минамиётҳо нигаронида шуда буданд. Душман, аз баҳри Сиёҳ то баҳри Балтик якбора ба ҳуҷум гузшт. Яъне Олмони фашистӣ на танҳо иқтидори ҳарбии худ ва иттифоқчиёнаш, ҳатто қувваи давлатҳои забтнамудаашро низ ба муқобили Иттиҳоди Шӯравӣ равона кард.
Аммо Иттиҳоди Шӯравӣ барои якбора баргардонидани чунин қувваи бузурги душман ҳанӯз пурра омода набуд. Новобаста ба ҳамаи ин, дар ҳамон лаҳзаи хело мураккаб мустаҳкамии иттифоқи байни халқҳои Шӯравӣ исбот гардид, зеро ҳамаи онҳо ҳуҷуми душманро ба хона – ватани худ ҳисобида, якбора барои мудофиаи он бархестанд. Аз ҳамин сабаб ҳам ин ҷанг аз тарафи мардуми Шӯравӣ Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади ҳимояи Ватан 30 – уми июни соли 1941 бо саварии И.В. Сталин Кумитаи Давлатии Мудофиа ташкил карда шуд. Ба ихтиёри он тамоми ҳокимияти ҳарбӣ, сиёсӣ ва хоҷагии мамлакат гузашт. Минбаъд ташкилоту идораҳои тамоми давлатҳои аъзои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ, аз рӯйи супориши ҳамин кумита фаъолият мекарданд.
Дар асоси қарори Кумитаи Давлатии Мудофиа аз 17 – уми сентябри соли 1941 шаҳрвандони аз синни 16 то 50 сола ба ҷанг даъват шуданд. Тоҷикистон дар солҳои ҷанг зиёда аз 253957 нафар фарзандони худро ба
фронтҳои ҷангӣ фиристод, ки аз ин шумора 90579 нафарашон аз майдонҳои ҷангӣ ба Ватан барнагаштанд.
Аз фиристодагони Тоҷикистон 58 ҳазор нафарашон дар амалиётҳои ҷангӣ мардонагию шуҷоати зиёд нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардиданд. 54 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони аз ҳама баланди ҷангӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор шуданд. Инчунин, боз 19 нафар аз фиристодагони Тоҷикистон бо се дараҷаи ордени Шараф сазовор шудаанд, ки онҳо ҳам дар қатори Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ мебошанд. Масалан, корнамоиҳои Акбар Маҳмудов, Аҳмад Турдиалиев, Ҳодӣ Кенҷаев, Исмоил Ҳамзаалиев, Саидқул Турдиев, Домулло Азизов, Тӯхтасин Мирзоев, Бакир Давлатов, Фатҳулло Аҳмадов, Исмат Шарипов, Сафар Амиршоев, Амиралӣ Саидбеков, Раҳимбой Раҳматов, Абдуназар Фармонқулов ва дигарон беҳтарин намунаи шуҷоату матонати тоҷикистониён ба ҳисоб меравад.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷавонписарони тоҷикистонӣ дар тамоми амалиётҳои ҷангӣ, аз мудофиаи қаҳрамононаи қалъаи Брест сар карда, то забти пойтахти фашистони Олмон –
шаҳри Берлин иштирок намудаанд.
Қобили ёдоварист, ки дар қатори мардон, занҳо низ дар фронтҳои ҷангӣ шуҷоату далерӣ нишон доданд, ки ба ин лётчик духтари тоҷик Ойгул Муҳаммадҷонова, афсарони хизмати тиббӣ, Шаҳрӣ Ҳайдарова ва С.М. Ниёзова мисол шуда
метавонанд. Масалан, лётчик духтари тоҷик Ойгул Муҳаммадҷонова ба муқобили душман 93 парвози ҷангӣ анҷом дода, ба ордени Ленин мукофотонида шудааст.
Баъди он ки қӯшунҳои фашистӣ аз хоки мамлакати Шӯравӣ бароварда шуданд (аз моҳи марти соли 1944) руҳбаландии аскарони сурх дар маҳв намудани фашистони Олмон ҳадду канор надошт. Муҳорибаи шаҳри Берлин – пойтахти Омони фашистӣ бошад, ки аз 16 – уми апрел то 2 – юми майи соли 1945 давом кард, бузургтарин муҳорибаи охири на танҳо Ҷанги Бузурги Ватанӣ, балки умуман Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ба ҳисоб меравад. 30 – уми апрели соли 1945 қӯшунҳои Шӯравӣ Рейхстаги Берлинро гирифтанд. 2 – юми май шаҳри Берлин, махсусан ба ҳуҷуми қӯшунҳои Шӯравӣ тоб наоварда, таслим шуд. 8 – уми майи ҳамон сол дар шаҳрчаи Карлсхорсти назди Берлин ҳуҷҷати расмии бечунучаро таслим шудани фашистони Олмон имзо гардид. Ба ин муносибат 9 – уми май Рӯзи ғалаба эълон гардид ва то ҳол қариб тамоми мардуми собиқ Шӯравӣ ин санаи бузурги таърихиро ҳар сол ҷашн мегиранд.
Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам қисми таркибии онро ташкил менамояд, боиси харобӣ ва қурбониҳои зиёд гардид. Дар ҷанг 50 – 55 млн нафар одамони ҷаҳон талаф ёфтанд. Аз ин миқдор 27 млн нафарашон дар фронтҳои ҷангӣ ҳалок шуда, боқимонда мардуми осоишта буданд. Талафоти танҳо халқҳои Шӯравӣ зиёда аз 20 – 30 млн нафарро ташкил медод. Дар ҳудуди 40 давлатҳое, ки амалиётҳои ҷангӣ мегузашт, махсусан дар сарзамини Иттиҳоди Шӯравӣ харобии ҷанг ҳадду канор надошт. Ободие, ки маҳсули меҳнати даҳсолаҳои инсоният буд, ин ҷанг ба хок яксон намуд. Бинобар ҳамин ин ҷангро дар таърихи инсоният харобиовартарин ҷанг ҳисоб мекунанд.
Номи фиристодагони Тоҷикистон бо шуҷоату матонати бемисли худ дар набардҳои ҷангӣ, ки синаи худро дар муқобили тири душман сипар карданд, дар саҳифаҳои дурахшони таърихи башарият бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст, ки боиси ифтихори насли ояндасози Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Мардуми шарифи Тоҷикистон чун узви Иттиҳоди Шӯравӣ дар баробари дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ чӣ дар фронтҳои ҷангӣ ва чӣ дар ақибгоҳ саҳми бағоят бузурги худро гузоштанд.
Насли ояндасози моро
зарур аст, аз шуҷоату матонат ва корнамоии тоҷикистониён дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дарси ибрат омӯзанд ва дар ҳифзи якпорчагии марзу буми аҷдодӣ ҳушёру зирак бошанд. Зеро хатарҳои ҷаҳони муосир ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо моро аз ҳарвақта дида бештар водор месозанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ бошем, то ин ки хатаре ба давлати соҳибистиқололи мо ва ба ваҳдату сарҷамъии миллати соҳибтамаддуни мо таҳдид нукнад.
Аминов Б. У., мудири
кафедраи фанҳои гуманитарии
Коллеҷи тиббии Ҷуҳуриявӣ
2025-05-05 21:38:25
БАРДОШТ АЗ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАЙНИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ
Тавре ба ҳамагон маълум аст, рӯзҳои 17-18 апрели соли равон бо ибтикори Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои таълимии забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ ва таърихи халқи тоҷик дар соли таҳсили 2024 - 2025 баргузор гардид.
Баргузории олимпиада аз фанҳои таълимии мазкур дар шароити имрӯз муҳим буда, ҳавасмандии донишҷӯёнро барои омӯзиши фанҳои таълимии таърихи халқи тоҷик, забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ бештар гардонд. Зеро тавре ки Пешвои миллат таъкид менамоянд, “Ифтихор аз гузаштаи таърихии халқу миллати худ вақте баҷову шоиста аст, ки онро донӣ, дарк кунӣ ва аз бурду бохташ огоҳ шавӣ.
Вагарна ифтихорат пучу бепоя аст ва ба ҷуз саргарангию гумроҳӣ ҳосиле нахоҳад дошт”. Дар воқеъ, иштироки донишҷӯён дар олимпиада аз фанни “Таърихи халқи тоҷик” шаҳодат дод, ки донишҷӯёни мо таърихи гузаштаи хешро ба таври амиқ медонанду дар бораи он он боифтихор суҳбат мекунанд.
Боиси ифтихор аст, ки дар даври якуми олимпиада дар муассисаҳои 5500 нафар донишҷӯ иштирок намуда, 320 нафар ғолибони ҷойи якум аз муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.
Воқеан, дар замони имрӯз бо рушди бемайлони техникаву технологияи нав раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо вусъат ёфта, омезиши фарҳангҳоро ба вуҷуд овардааст. Аз ин рӯ, он миллатҳое, ки дар сатҳи пасти тафаккур ва маънавиёт қарор доранд, хоҳу нохоҳ гирифтори бегонапарастӣ гашта, аслу насаби хешро фаромӯш месозанд ва бад ин васила, аз саҳнаи пурталотуми таърих берун мегарданд. Бинобар ин, рӯй овардан ба омӯзиши таърих, ки пайвасткунандаи дирӯзу имрӯзу фардои миллат аст ва воқиф гаштан аз корномаи ниёгони худ ҳалқаи занҷираро бо ҳам пайваст намуда, мавҷудияти миллатро нигоҳ медорад. Беҳуда нест, ки бузурге гуфтааст: “Миллат ва халқе, ки таърихи худро намеомӯзад, аз он сабақ намегирад, парандаи нобиноеро мемонад, ки аз ошёнаи худ парвоз кардааст. Касе гуфта наметавонад, ки фурудгоҳи ӯ куҷост: болои об, шӯълаи оташ ва ё дарахти сарсабз…”.
Сарвари давлат омили рӯй овардани хешро ба таърих дар он медонанд, ки ҳамчун насли воқеии имрӯзаи ин миллат: “…мо бояд ба ояндагон зарурати донистани гузаштаи худро талқин намоем ва онҳоро аз саҳифаҳои дурахшони миллатамон, ки сабақи бузурги худогоҳӣ мебошанд, огоҳ созем ва дар қалбашон меҳру муҳаббат, садоқату вафодориро бедор намуда, ба онҳо аз ин таърихи пуршараф ифтихор карданро ёд диҳем, зеро эътиқод ва эътимод доштан ба таърих, фарҳанг ва адабиёт такягоҳи устувори миллат ба шумор меравад”. Аз ин рӯ, интихоби фанни таълимии мазкур дар олимпиада ва санҷиши дониши донишҷӯён бо саволҳои тестӣ аз рӯи он тадбири муҳим буд, ки амалӣ гашт.
Фанни дигари таълимие, ки дар олимпиада аз рӯи он санҷиш сурат гирифт, “Забон ва адабиёти тоҷик” аст, ки донишҷӯён роҷеъ ба мавзӯъҳои мухталиф иншо навиштанд. Интихоби иншо ба сифати меъёри санҷиши дониш яке аз авлавиятҳои олимпиада буд, зеро маҳз иншонависӣ маҳорати эҷодкориро дар ниҳоди донишҷӯён ташаккул дода, боиси рушди забони модарӣ ва инкишофи нутқи онҳо мегардад.
Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, ки забон дар ҳамаи давру замонҳо ба инкишоф ниёз дорад. Забони модарии мо, ки аз замони устод Рӯдакӣ ҳамчун забони давлатдорию илму шеър оғоз гардидааст, имрӯз дорои хазинаи ғанӣ буда, бо захираҳои мавҷудаи он метавонанд ҳазорон асарҳо офарид. Инчунин, забон воситаи муомилаву
муоширати байни одамон ва ибрози фикру андеша аст. Донистани забон ба кас
имконият медиҳад, ки фикрашро озодона баён карда, роҷеъ ба мавзуъҳои гуногун
эодкорӣ намояд.
Дар баробари донистани забони модарӣ, имрӯз омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ
барои донишҷӯён шарти муҳимтарин аст. Аз ин рӯ, дар олимпиада аз забонҳои русӣв
а англисӣ дар шакли диктант, нақли хаттӣ ва тарҷумаи матн санҷишҳо мавҷуд
буданд.
Бояд гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар
суханрониҳояшон ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир
намуда, ҳар як шаҳрванди кишварро вазифадор намуданд, ки забон омӯзад ва
ҳамқадами замон бошад. Зеро дар шароити имрӯз инсон ҳамон вақт ҳамқадами замон
шуда метавонад, ки аз фарҳангу маданияти худ ва дигарон огоҳ бошад.
Дар ин баробар ташкили хатсайри сайёҳӣ ба мавзехҳои ҷолиби ноҳияи Данғара
ва Осорхонаи Пешвои миллат яке аз лаҳзаҳои хотирмони олимпиадаи мазкур буд.
Тавре ки дар ин хатсайри сайёҳӣ иттилоъ доданд, дар ноҳия мавзеъҳои ҷолиби
сайёҳӣ бо шарофати Истиқлоли давлатӣ аз нав барқарор карда шуданд, аз ҷумла
мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, ки ифодагари таърихи қадимӣ будани ноҳия мебошад,
аз қабили Мақбараи Хоҷа Шақиқи Балхӣ, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Қалъаи Золи
Зар, Гавҳорасангҳо, Мавзеъи Чанорҳои Ҳазорсола, Расадхонаи Санглох, ъ Осорхонаи
Пешвои миллат ва ғайраҳо, ки таҷассумгари санъати меъморӣ ва арзишҳои бойи
таърихро дар худ инъикос менамоянд.
Дар маҷмӯъ, ташкили озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ дар шаҳру ноҳия ва
минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ агар аз як ҷиҳат боиси таҳкими дӯстии донишҷӯёни
кишвар гардад, аз дигар паҳлӯ, ба рушди сайёҳии дохилӣ замина мегузорад, зеро
аксарияти донишҷӯён маҳз бо шарофати чунин сабқатҳо ба мавзеъҳои гуногуни
кишвар сафар карда, бо таърих, имкониятҳои сайёҳӣ ва инфросохтори мавҷудааш
шинос мешавад. Аз ин рӯ, пешниҳод дорем, ки дар оянда чунин озмуну олимпиадаҳо
зиёд шуда, дигар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, тобеи марказ ва Вилояти
мухтори Куҳистони Бадахшон аз рӯи фанҳҳои таълимӣ баргузор карда шаванд.
Акмал Оқилзода, директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд
2025-05-05 17:41:32
РУШДИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Соҳаи энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бахшҳои муҳими стратегии иқтисодиёт ва заминаи асосии рушди устувори кишвар ба ҳисоб меравад. Дар доираи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Ҳукумати кишвар рушди ин соҳа дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.
Яке аз иқдомҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин сохтмони нерӯгоҳи бузурги обии “Роғун” мебошад. Ин нерӯгоҳ бо иқтидори умумии 3600 МВт тавоноии содироти миллионҳо кВт/соат нерӯи барқро дар сол дорад. Ҳукумати кишвар бо истифода аз тамоми захираҳои дохилӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ сохтмони иншооти мазкурро дар солҳои охир бо суръати баланд ба роҳ мондааст.
Ба истифода супоридани
ду агрегати аввали он далели муҳим дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии
Исломии Эрон ду нерӯгоҳи бузурги дигар - Сангтӯда -1ва Сангтӯда – 2 ро ба истифода додааст, ки нақши муҳимро дар таъминоти барқӣ иҷро мекунанд.
Бо назардошти аҳамияти ҳифзи муҳити зист ва талаботи ҷаҳонӣ ба энергетикаи сабз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
инчунин, таваҷҷуҳи зиёд ба рушди энергетикаи барқароршаванда (офтобӣ, бодӣ, биомасса) дода истодааст. Дар минтақаҳои дурдасту кӯҳистони кишвар, ки пайвастшавӣ ба шабакаи умумии барқ душвор аст, истифодаи панелҳои офтобӣ ва дигар таҷҳизоти инноватсионӣ ҷорӣ гардидааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, дар самти иҷрои барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Барномаи рушди соҳаи энергетика то соли 2030
нақши фаъол мебозад. Дар доираи ин барномаҳо, тадбирҳои ҷиддӣ ҷиҳати беҳсозии шабакаҳои интиқол ва тақсими нерӯ, инчунин,
истифодаи технологияи муосир амалӣ шуда истодааст.
Дар сатҳи байналмилалӣ Ҳукумат дар ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷаҳонӣ, аз қабили Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёи Рушд ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд низ фаъолона иштирок мекунад.
Лоиҳаи CASA –
1000, ки интиқоли нерӯи барқи изофии Тоҷикистону Қирғизистонро ба Афғонистон ва Покистон пешбинӣ мекунад, намунаи муваффақи ҳамкории минтақавӣ ва эътимоди байналмилалӣ ба сиёсати энергетикаи Тоҷикистон мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар баробари пешбурди лоиҳаҳои ҷорӣ, ба самтҳои зерин низ аҳмияти бештар медиҳад: Ташаккули бозори рақобатпазири энергетикӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи энергия, ҷори намудани шабакаҳои интеллектуалӣ
(smart grid ), паҳн намудани технологияҳои тоза ва каммасраф.
Мақсади асосии давлат дар соҳаи энергетика таъмини боэътимод ва сифатноки эҳтиёҷи рӯзафзуни аҳолии ҷумҳурӣ бо захираҳо ва маҳсулоти энергетикӣ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои истифодабарандагони энергетика ва кафолати амнияти энергетикии
мамлакат мебошад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуданд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти мамлакат бе истиқлолияти энергетикӣ ғайриимкон аст. Барои рушди энергетика кӯшишҳои зиёд ва назаррас анҷом дода шуданд. Новобаста
аз корҳои анҷомдода, мутаассифона, сатҳи талафоти неруи барқ дар мамлакат нигаронкунанда мебошад.
Дар баъзе ҳолатҳо шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи неруи барқ нишондоди таҷҳизоти ҳисоби барқиро тағйир медиҳанд ё
бе пайвасткунӣ ба чунин таҷҳизот барқро истифода мебаранд.
Бо мақсади бартарафсозии ҳама гуна дахолатҳои беасос ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва вайронкуниҳои қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ 15 апрели соли 2025
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд. Тибқи тағйир ба моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Риоя
накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ»-ро дар
бар мегирад, барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои
таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилоти таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, нисбат ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз
дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» як нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои соли 2025
75 сомонӣ муқаррар гардидааст,
ки муҷозоти ҷаримавӣ аз рўи ин нишондод ҳисоб карда мешаванд. Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ дар моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла:
— ба шахсони воқеӣ ба
андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 1500
то 2250 сомонӣ;
— ба шахсони мансабдор
аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 2250
то 3750 сомонӣ;
— ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 15 000
то 22 500 сомонӣ.
Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ба ғайр аз ҷавобгарии маъмурӣ инчунин ҷавобгарии ҷиноятӣ низ пешбинӣ гардидааст.
Мақсади ворид намудани иловаи моддаи 2531
Кодекси ҷиноятӣ – ин пешгирии вайрон кардани қоида ва меъёрҳои қувваи барқ мебошад ва ҳангоми содир гардидани чунин ҷиноятҳо ба давлат ва ба мардум зарар расонида мешавад, чунки ҳангоми суиистифодаи нодурусти барқ, истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ баъзе минтақаҳо дар фасли сармо бе барқ мемонанд.
Дар ин ҷо принсипи инсондӯстӣ ба инобат гирифта шудааст, яъне қонунгузор пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ ба гунаҳгор имконият медиҳад, ки ислоҳ шавад ва танҳо агар гунаҳгор ислоҳ нагардад ва давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ боз чунин кирдорро
содир кунад, мавриди таъқиби ҷиноятӣ қарор мегирад.
Ҳар истифодабарандаи қувваи барқ уҳдадор аст, ки таҷҳизоти ҳисоби барқиро бо тартиби муқарраргардида насб намуда, сипас ба истифодаи қувваи барқ шуруъ намояд. Аз ин рӯ, асбобҳои андозагирии барқӣ бояд
аз стандарти давлатӣ ва назорати техникӣ гузаронида шуда, бо гузоштани пломбаҳои муқарраршуда ва ҳуҷҷати дахлдор тасдиқ карда шаванд. Истифодабарандагон ҳуқуқи худсарона ва бе риояи тартиби муқарраршуда кандани плобаҳои асбобҳои андозагирии барқиро надоранд.
Дар маҷмуъ, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи энергетика бисёр назаррас буда, он ба таъмини амнияти энергетикӣ, рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад. Таъмини истиқлолияти энегетикӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилаӣ – ҳамаи инҳо гувоҳи онанд, ки энергетика ҳамчун омили калидии рушди кишвар дар маркази сиёсати давлатӣ қарор дорад. Бо чунин иқдомҳо Тоҷикистон метавонад дар оянда ба як
кишвари содироткунанди муҳими нерӯи барқ табдил ёбад.
Турахон Шарифов, устои таълими истеҳсолии Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе