Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ВОХӮРИИ РАИСИ КУМИТА БО ДИРЕКТОРИ ҶДММ «ШИРКАТИ МАШВАРАТИИ ИДОРАКУНИИ КОРХОНАҲОИ ГУАНЧЖОУ ЧЖИЧЖИ»
single-product

ВОХӮРИИ РАИСИ КУМИТА БО ДИРЕКТОРИ ҶДММ «ШИРКАТИ МАШВАРАТИИ ИДОРАКУНИИ КОРХОНАҲОИ ГУАНЧЖОУ ЧЖИЧЖИ»

2026-06-09 14:24:58

Имрӯз дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ бо директори ҶДММ «Ширкати машваратии идоракунии корхонаҳои Гуанчжоу Чжичжи»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин хонум Ло Юйсян баргузор гардид.

Нахуст академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба фаъолияти Кумита, самтҳои асосии соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин дастовардҳо ва нақшаҳои минбаъдаи рушди низоми омодасозии кадрҳои касбӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, зикр намуданд, ки солҳои охир дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ, мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнат ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири омӯзишӣ як қатор тадбирҳои амалӣ амалӣ гардидаанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти касбӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, аз ҷумла истифодаи зеҳни сунъӣ, инчунин рушди самти омӯзиши дастгоҳҳои бесарнишин (дронҳо) ва ташкили парки технологиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки рушди технологияҳои муосир метавонад ба баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди рақамӣ мусоидат намояд.

Дар идомаи суҳбат масъалаи густариши робитаҳои академӣ миёни муассисаҳои таълимии ду кишвар баррасӣ шуда, зарурати ташкили барномаҳои муштараки таълимӣ ва табодули таҷрибаи омӯзгорону донишҷӯён муҳим арзёбӣ гардид.


Дар анҷоми вохӯрӣ байни ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид, ки тибқи он ҳамкориҳо дар самти омӯзиши забони чинӣ, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои муосир густариш меёбанд. Дар доираи санади мазкур пешбинӣ шудааст, ки хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар барномаҳои мубодилаи академӣ иштирок намуда, барои таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафарбар карда шаванд.

Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки татбиқи ин созишнома ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти касбӣ ва рушди сармояи инсонӣ мусоидат хоҳад намуд. Вохӯрӣ дар фазои озод ва ҳамдигарфаҳмӣ анҷом ёфт.

 

single
single
single
single