Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҲАМКОРИИ ЛОИҲАИ STEM-И ЮНЕСКО БО КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Лоиҳаи «Таҳкими муносибати босалоҳият ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) дар раванди таълими фанҳои дақиқ, риёзӣ ва таҳсилоти касбӣ-техникӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби ЮНЕСКО амалӣ мегардад, таҳсилот ва омӯзиши техникию касбӣ (ТОТК)-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ворид намудани он ба ислоҳоти васеътари таҳсилоти ба салоҳият асосёфта ва бо истифода аз ТИК дастгирӣ менамояд. Ин дастгирӣ асосан тавассути тақвияти неруи омӯзгорон, навсозии инфрасохтор ва ҳамкории институтсионалӣ бо Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ (КТИМК) амалӣ карда мешавад. Самтҳои асосии дастгирӣ фаъолиятҳои зеринро фаро мегиранд:
1. Таҳияи китобҳои дарсӣ ва маводи таълимии ба масъалаҳои гендерӣ ҳассос оид ба фанҳои STEM дар асоси барномаи таълимии ба салоҳият асосёфтаи STEM барои синфҳои 7-11-уми таҳсилоти миёна
Соли 2026 ЮНЕСКО китобҳои дарсии нав таҳияшудаи STEM-ро оид ба биология, химия ва физика барои баррасӣ ва гирифтани хулосаҳои коршиносӣ ба КТИМК пешниҳод намуд. То моҳи июни соли 2026 КТИМК хулосаҳои худро пешниҳод кард, ки баъдан аз ҷониби гурӯҳҳои кории фаннӣ барои такмили китобҳои дарсӣ ба инобат гирифта шуданд.
2. Омӯзиши омӯзгорон ва баланд бардоштани иқтидор
Соли 2026 110 нафар омӯзгорони таҳсилоти касбӣ, аз ҷумла 83 нафар занон ва 27 нафар мардон, оид ба истифодаи барномаҳои таълимии ба салоҳият асосёфта ва маводи нави таълимию методии STEM омӯзонида шуданд. Мавзуи асосии омӯзиш ба Чаҳорчӯбаи салоҳиятҳои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ барои омӯзгорон (ЧС ТИК) бахшида шуда буд. Пас аз омӯзиш 64 нафар омӯзгорони таҳсилоти касбӣ корбарони фаъоли платформаи LMS барои омӯзгорон – OmusgorPro.tj гардиданд. Аз онҳо 37 нафар курсҳои онлайнии платформаро гузашта, онҳоро пурра ё қисман ба анҷом расониданд. Аз ҷумла, 3 курсро – 4 нафар, 2 курсро – 3 нафар ва 1 курсро – 1 нафар пурра гузашта, соҳиби сертификатҳои дахлдор гардиданд; 29 нафар курсҳоро қисман (нопурра) гузаштанд.
3. Озмоиши захираҳо
Мактабҳои озмоишӣ: ҳафт муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ (1 коллеҷ ва 6 литсей)-и зерин ба қатори 77 мактаби озмоишии саросари кишвар, ки лоиҳа фаро гирифтааст, дохил мешаванд. Аз байни онҳо Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дар қатори 14 муассиса интихоб гардид, ки дар онҳо китобҳои дарсӣ ва методикаҳои нави ба масъалаҳои гендерӣ ҳассоси STEM озмоиш карда шуданд:
1. Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе.
2. Литсейи касбии техникии саноати нассоҷии шаҳри Душанбе.
3. Литсейи касбии техникии шаҳри Ваҳдат (шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ).
4. Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Хуҷанд (вилояти Суғд).
5. Литсейи касбии агросаноатии шаҳри Конибодом (вилояти Суғд).
6. Литсейи касбии техникии шаҳри Панҷакент (вилояти Суғд).
7. Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии шаҳри Кӯлоб (вилояти Хатлон).
Таълими фарогир: лоиҳа ҷавонони синфҳои 9-11-и литсейҳои ТОТК-ро ҳамчун баҳрабардорони ниҳоӣ ҳадаф қарор дода, дастрасии онҳоро ба таҳсилоти ба талаботи бозори меҳнат мувофиқ таъмин менамояд.
4. Навсозии инфрасохтор ва таҷҳизот
Ҳафт Маркази омӯзиши омӯзгорон (МОО)-и таҳсилоти касбӣ бо таҷҳизоти муосири ТИК, аз ҷумла тахтаҳои электронии ҳушманд, ноутбукҳо, планшетҳо, принтерҳо (бо шумули принтерҳои 3D), роутерҳо, таъмингарони ҷараёни муттасил, таҷҳизоти STEM барои фанҳои физика, биология ва химия, мебел (мизу курсиҳо) барои хонандагону омӯзгорон ва корҳои озмоишӣ, аробачаҳои маъюбӣ барои хонандагони дорои маъюбӣ таъмин карда шуданд.