Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзишдар минтақаҳои кӯҳии ҶумҳурииТоҷикистон»




Ҳадаф аз амалисозии лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз беҳтар намудани дастрасӣ ба таҳсилоти касбӣ, баланд бардоштани сифат ва аҳамияти таҳсилоти касбӣ ва омӯзиш, паст кардани сатҳи бекорӣ дар байни гурӯҳи осебпазир, бахусус ҷавонон ва занон дар минтақаҳои кӯҳии кишвар иборат мебошад.


Лоиҳаи мазкур аз қисматҳои зерин иборат аст:

Қисмати 1. Васеъ намудани дастрасӣ ба таҳсилоти касбӣ ва омӯзиш: Дар доираи қисмати мазкури лоиҳа ҷиҳати дастрасии донишҷӯён ба шароити мусоиди таҳсилоти касбӣ барқарорсозии ду муассисаи таълимӣ ва бунёди 7 маркази нави таҳсилоти омӯзиши касбӣ  ва ҳамзамон муҷаҳҳазонидани онҳо бо таҷҳизот ва мебели замонавӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамаи биноҳои сохташаванда дорои синфхонаҳо, устохонаҳо, утоқҳои кормандон ва дигар иншооти ёрирасон хоҳанд буд.

Қисмати 2. Баланд бардоштани нуфуз ва сифати таҳсилоти касбӣ ва омӯзиш: Ин қисмати лоиҳа низоми мавҷудаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро бо таваҷҷӯҳ ба таҳкими низом, таҳияи барномаҳои таълимии мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат ва тавонмандсозии ҷавонон ва занон ро тавассути баланд бардоштани малака ва қобилияти касбии онҳо тақвият хоҳад дод. Ҳамзамон қисмати мазкур фарогири самтҳои зерин мебошад:

(i)               Таҳлили ландшафтӣ барои муайянсозии талаботи кунунии бозори меҳнат ва баҳодиҳии дурнамои малакаҳои касбие, ки барои қонеъ гардонидани талаботи бозори меҳнат заруранд;

(ii)            Бунёди такмил диҳии низоми иттилоотии идоракунии таҳсилоти техникӣ ва касбӣ ҷиҳати ҳамкорӣ бо корфармоёни эҳтимолӣ ва низоми идоракунии таълим дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои суръат бахшидан ба имкониятҳои шуғлварзӣ;

(iii)         Тақвият бахшидани иқтидори низоми таҳсилоти касбӣ, аз ҷумла таҳия таҷдиди барномаҳои таълимӣ ва ҳамгироии илм бо истеҳсолот тавассути омӯзиши барномаи таълимӣ. Дар заминаи рақамикунонии соҳа ба таври маҷозӣ таҳкими таҳсилоти фосилавӣ тавассути ташкили курсҳои кӯтоҳ муддати омӯзишӣ.

Қисмати 3. Хизматрасонии аудити молиявӣ: Дар доираи ин қисмат бошад,  ширкати аудити молиявии ватанӣ интихоб гардида, фаъолияти молиявии лоиҳаро мавриди санҷиш қарор дода, ҳисоботи аудиторӣ омода месозад.

Қисмати 4. Дастгирии идоракунии лоиҳа: Самтҳои зерин фарогири қисмати мазкур  мебошанд: (i) Таҳкими фаъолияти Гурӯҳи татбиқи лоиҳа ва идоракунии татбиқи лоиҳа; ( ii ) хизматрасониҳои машваратӣ ҷиҳати тарҳрезии муфассал, хариди мол, кор, хизматрасонӣ  ва идоракунию назорати корҳои сохтмонӣ , ( iii ) шарҳи миёнамуҳлати раванди татбиқи лоиҳа;

Қисмати 5. Вокуниши таъҷилӣ ба ҳолатҳои фавқулодда: Қисмати вокуниши таъҷилӣ ба ҳолатҳои фавқулодда, ки ҷузъи алоҳида, дар таркиби лоиҳа пешбинӣ гардидааст, имкон медиҳад, ки аз ҳисоби захираҳои лоиҳа барои руйпуш намудани хароҷотҳо ҷиҳати вокуниш ба ҳолати фавқулодда тадбирҳо андешида шавад.