Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Лоиҳаҳо

Лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии ҶумҳурииТоҷикистон»


Ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳа:

Тавассути беҳтар намудани дастрасӣ ба таҳсилоти касбӣ, баланд бардоштани нуфуз ва сифати таҳсилоти касбӣ ва омӯзиш, паст кардани сатҳи бекорӣ дар байни гурӯҳи осебпазир, бахусус ҷавонон ва занон дар минтақаҳои кӯҳии кишвар.

Самтҳои фаъолияти лоиҳа:

Лоиҳа аз панҷ қисмат иборат мебошад, аз ҷумла:

Қисмати 1. Васеъ намудани дастрасӣ ба таҳсилоти касбӣ ва омӯзиш.

Қисмати 2. Баланд бардоштани нуфуз ва сифати таҳсилоти касбӣ ва омӯзиш.

Қисмати 3. Хизматрасонии аудити молиявӣ .

Қисмати 4. Дастгирии идоракунии лоиҳа

Қисмати 5. Вокуниши таъҷилӣ ба ҳолатҳои фавқулодда.

Мӯҳлати татбиқи лоиҳа

Оғози воқеъии лоиҳа                                  28 апрели соли 2024

Анҷоми лоиҳа                                        30 ноябри соли 2027

 

Суроғаи ҷойгиршави: Ҷумҳурии Тоҷикистон., шаҳри Душанбе ноҳияи Фирдавсӣ кучаи Борбад 42