Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Муовин



Ализода Алишер Ҳикматулло аз 6 майи соли 2024 дар вазифаи муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият мекунад.

Соли таваллуд: 07.11.1983

Ҷойи таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон

Миллат: Тоҷик

Вазъи оилавӣ: Оиладор, соҳиби 3 фарзанд

Маълумот: Олии омӯзгорӣ ва ҳуқуқшиносӣ

Ихтисос: Технология ва соҳибкорӣ. Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ

Дараҷа ва унвони илм: Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

Кадом забони хориҷиро медонад: русӣ

Вакили халқ ҳаст ё не: не

Ҳизбият: Аъзои ҲХДТ аз соли 2010

Мукофотҳои давлатӣ: Аълочии вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суроға: ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳраки Мирзо Турсунзода, деҳаи Истиқлол – 3

 

                                                                        Фаъолият ва собиқаи корӣ:

Солҳои 1999 – 2001: Сардори шуъбаи кадрҳои хоҷагии ёрирасони “Автомобилист-2” ноҳияи Балҷувон;

Солҳои 2001 – 2006: Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣӯзона);

Солҳои 2006 – 2009: Ассистенти кафедраи “Соҳибкорӣ ва иқтисодиёт ”-и ДДОТ ба номи С.Айнӣ;

Солҳои 2009 – 2016: Муовини декан оид ба корҳои таълимӣ-эдвайзери факултети технология ва соҳибкории ДДОТ ба номи С.Айнӣ;

Солҳои 2016 – 2017: Муовини декан оид ба корҳои таълимӣ-эдвайзери факултети технология ва иқтисодиёти ДДОТ ба номи С.Айнӣ;

Солҳои 2017 – 2018: Мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти ДДОТ ба номи С.Айнӣ;

Солҳои 2018 – 2020: Директори муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе”;

Солҳои 2020 – 2024: Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Аз 6 майи соли 2024 то ҳол: Муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.