Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2026-03-16 12:22:19

НАВРӮЗ РАМЗИ БЕДОРИИ ТАБИАТ ВА ЭҲЁИФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Наврӯз омад имрӯз, сарсабз шуд ҷаҳонам,
Аз хушнудӣ ба гӯшат савти азон бихонам,
Наврӯзи нозанинам, эй тоҷу эй нигинам,
Аз файзи туст пурнур имрӯз хонадонам.

(Камоли Хуҷандӣ)

Оре, ҷашни наврӯз дар Тоҷикистон ҷашни миллии ниёгон аст ва аз он ба унвони рамзи муҳаббату дӯстӣ, покиву озодагӣ, кошти баракату неъмат, шинонидани ниҳолҳо бо умеди сарзабзиву хуррамӣ, ба хайр шудани сол, сиҳатию бардамӣ, рафъи офоту балоҳои осмониву заминӣ ва ғайра ёд карда, онро бо сару либоси тоза бо шодобию рақсу тарона ва монанди инҳо ба номи «Ҷашни бузург» ва ҷашни миллӣ-мардум пешвоз мегиранд.

Барои мо - тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳанбунёду бостонӣ 23 феврали соли 2010 аз ҷониби Созмони милали муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътирофу эълон гардид. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлатҳои дӯсту бародар мебошад.

Аз таърихи ҷашни Наврӯз роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаву рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд. Маълумоти мустақим ва пурмаъно дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Наврӯзнома”-и Умари Хайём, “Осор-ул-боқия” ва “Ат-тафҳим”-и Абурайҳони Берунӣ, “Зайн-ул-ахбор”-и Абулсаиди Гардезӣ, ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифоқ Ҷамшеди Пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврӯз хондаанд. Аксарияти сарчашмаҳои таърихӣ ба он далолат мекунанд, ки Наврӯз дар давраи салтанати Пешдодиён дар замони ҳукмронии шоҳ Ҷамшед пайдо шудааст.

Чунончи дар асари машҳури Умари Хайём- “Наврӯзнома” роҷеъ ба бунёд гузоштани ҷашни мазкур чунин суханҳои пурмаънӣ омадааст: “...аммо сабаб ниҳодани Наврӯз он будааст, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз як шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бар ин дақиқа натвонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашну ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ ибтидо карданд”.

Аз ин китобҳои таърихӣ маълум мешавад, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун қайд карда мешудааст, фарқи ҷашни Наврӯз аз дигар идҳо дар он маҳсуб меёбад, ки онро дар фасли баҳор ҷашн мегиранд ва оғози кишту кори баҳорист. Дар ин фасли сол табиат ба зиндашавӣ оғоз менамояд ва аз ҳама фасли зеботарин маҳсуб мешавад.

Дар «Таърихи Ғурар ус-сияр» дар бахши «Подшоҳии Ҷамшед аз хонадони Ҳушанг» омадааст: «Номи ин подшоҳ Ҷамшед аст, ки ба гунаи фишурда «Ҷам» низ гӯянд… Дар замони шоҳии хеш Ҷамшед ба инкишофу пешрафтӣ фалсафаи ҳастӣ – сохту сози сохтумонҳои баланду қаиқҳои баҳрӣ ва дигар афзорҳои дарёӣ, ҳавоӣ таваҷҷуҳи хос намуда, ба мардум дарёнавардӣ ва аз дарёҳо берун кашидани гуҳарҳои дарёӣ ва кишту кор ва дигар касбу ҳунарҳоро омӯзонида, пешрафти зиндагиро ба авҷи аъло расонид.

Аз ин рӯ, ба сари қудрат омадани Ҷамшед муҷиби нобудии неруҳои аҳриманӣ ва хушксоливу нодорӣ гардида, бори дигар хуррамию шодмонӣ ва хайру баракатро ба мардум арзони дошта, дарахтҳои хушкида аз нав сабзида ва мардум он рӯзро «Наврӯз» ё «Рӯзи навин» хондаанд.
Онгоҳ ҳама бо фархундагию шодмонӣ чунин рӯзе дар таште ҷӯ коштанду сабза рӯёниданд ва ин расм барои мардуми тоҷику форс дар айёми Наврӯз ҷовидона шуд. Ин рӯйдод дар нахустин рӯзи фарвардин, аз нахустин моҳи баҳор пеш омад, ки оғози сол ва ҳангоми тозагии ҷаҳон ва зинда шудани замин аст. Мардум ин рӯзро рӯзи наву ҷашни фархунда ва сарфарози номиданд ва онро аз бузургтарин ҷашнҳо баргузиданду наврӯзаш номиданд ва Худоро сипос гуфтанд, ки чунин ҷойгоҳи арҷуманд ба подшоҳонашон бахшидааст».

Ин аст ҳикмати ҷашни Наврӯз ва фалсафаи он, ки тавассути нияти поки Ҷамшед – шоҳи некқадами даврони бостони тоҷик, ки ба ҳастии замину мардуми он баракату раҳмат ва рӯшноии ҳаёту зиндагии осуда овард. Ин подшоҳи хирадманду тавоно дар таърихи тамаддуни бостон қонунҳои тараққиёту пешрафти ҳаётро дар сарзаминаш аз нигоҳи диалектикаи табиат ва тафаккуру фаҳмиши инсонӣ ҷорӣ намуд.

Аз ин рӯ, Президенти кишвар дар Паёми навбатиашон таъкид карданд, ки «Бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад. Итминон дорам, ки амалӣ иқдомоти зикршуда далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо – тоҷикон мегардад».

Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишони Наврӯз тасдиқ гардидааст, бо нишондодҳои улуми табиатшиносию ситорашиносӣ таҳия гашта, дар айёми тантанаҳои наврӯзӣ рамзи ин ҷашни пурифтихори бостонӣ дар наврӯзгоҳҳо ва нишони сарисинагии ҳар як фард таҷлил ва тақдим мегардад. Дар нишони наврӯз, ки дар шакли курраи Замин аст, қутбҳои шимолу ҷануб, нурафшонии офтоб, оғози бедоршавии табиат, айёми киштукори донаҳои умед, фасли баҳору шукуфоӣ, ҳамчунин, тоҷи заррини Нишону Парчами Тоҷикистон таҷассум ёфтаанд.

Дар қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» омадааст, ки давлатҳои аъзои ин созмони муътабар бояд сатҳи огоҳиашонро дар бораи Наврӯз баланд бардошта, бо мақсади интишор ва тарғиби донишҳои марбут ба таърих ва суннатҳои наврӯзӣ ҳамасола чорабиниҳоро баргузор намоянд. Ин аст, ки ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, Осиёи Марказӣ, нимқораи Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намуд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хоссаро пайдо кард. Наврӯз хусусиятҳои деринаашро бо пазироии рӯҳияи замони нав созгор карда, имрӯз он мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст.

Барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шаҳомат таҷлил мегардад. Дар яке аз суханрониашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз қайд карданд, ки: “ Мардуми тоҷик Наврӯзро дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, то замони мо расонидаанд”.

Хулоса таҷлили ин ҷашни ниёгонамон барои мардуми куҳанбунёди тоҷик ифтихори бузург ва боиси сарбаландиву сарфарозии ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад. Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, некӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд.

Ин масъала, хусусан дар замони мо, ки инсоният дар арсаи равандҳои ҷаҳонишавӣ ва гармшавии иқлим бо мушкилоти бесобиқа рӯ ба рӯ омадааст, аҳамияти фавқулодда муҳим дорад.

Маҳз ҳамин омил боис гардид, ки Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯзро ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ эътироф кард ва таҷлили онро дар манотиқи мухталифи сайёра тавсия намуд. Хулоса ба ду мисра шеъри Ҳофизи Шерозӣ, ки таҷассумгари иди Наврӯз аст иктифо мебахшем.

Сухан дар парда мегӯи, чу гул аз парда берун ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе нест, ҳукми мири наврӯзӣ.

Мирзозода Мақсадҷони Достӣ- н.и.ф.,
сардори шуъбаи таълими Коллеҷи
техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ

2026-03-16 11:24:50

НАВРӮЗ-РАМЗИ ЭҲЁИ ТАБИАТ ВА ВАҲДАТИ ИНСОНИЯТ

Наврӯз яке аз қадимтарин ва бошукӯҳтарин ҷашнҳои тамаддуни башарӣ ба ҳисоб меравад, ки решаҳои он ба ҳазорон сол пеш мерасад. Ин ҷашни куҳан аз замонҳои бостон то имрӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва умед ба ояндаи нек таҷлил карда мешавад. Барои мардуми тоҷик Наврӯз на танҳо як ҷашн, балки нишонаи фарҳанг, худшиносии миллӣ ва пайванди устувор бо анъанаҳои ниёгон мебошад.
Дар тӯли таърих Наврӯз марҳилаҳои гуногунро паси сар кардааст. Бо вуҷуди дигаргуниҳои замон ва мушкилоти таърихӣ, ин ҷашни бостонӣ аз хотираи мардум дур нашуда, ҳамеша ҳамчун рамзи шодӣ, покизагӣ ва навшавии зиндагӣ боқӣ мондааст. Аз ривоятҳои таърихӣ бармеояд, ки пайдоиши Наврӯз ба давраи шоҳони афсонавӣ, аз ҷумла Ҷамшед, нисбат дода мешавад. Мегӯянд, ки маҳз дар замони ӯ Наврӯз ҳамчун рӯзи нав ва оғози соли нав таҷлил гардид.
Наврӯз ҷашни баҳор аст ва ба рӯзи баробар шудани шабу рӯз, яъне эътидоли баҳорӣ рост меояд. Дар ҳамин рӯз табиат аз хоби зимистон бедор мешавад, ҳаво гарм мегардад, замин сабзапӯш шуда, ҳаёти нав оғоз меёбад. Барои ҳамин Наврӯз рамзи зиндашавии табиат ва оғози марҳилаи нави зиндагӣ ба шумор меравад.
Ин ҷашн дар байни халқҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла тоҷикон, эрониён, афғонистонӣ, озарбойҷониҳо, қазоқҳо, қирғизҳо, туркманҳо ва дигар миллатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Бо гузашти вақт Наврӯз аз доираи як минтақа берун рафта, ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин ҷашни бостонӣ дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардид. Соли 2009 Наврӯз ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда шуд. Соли 2010 бошад, Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 21 мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд. Ин иқдом нишон медиҳад, ки Наврӯз на танҳо ҷашни як миллат, балки мероси фарҳангии тамоми башарият мебошад.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ низ аз Наврӯз ёдоварӣ шудааст. Яке аз қадимтарин манбаъҳое, ки дар он аз ин ҷашн сухан меравад, китоби муқаддаси «Авесто» мебошад. Дар ин асар Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат ва навсозии зиндагӣ зикр гардидааст. Аз ин бармеояд, ки эҳтиром ба табиат ва таҷлили баҳор аз замонҳои хеле қадим дар фарҳанги мардумони ориёӣ ҷойгоҳи махсус доштааст.
Наврӯз бо расму ойинҳои ҷолиби худ низ фарқ мекунад. Пеш аз фаро расидани ид мардум хонаҳои худро тоза карда, муҳити зиндагиро ба тартиб меоранд. Ин амал рамзи покизагӣ ва омодагӣ ба зиндагии нав мебошад. Ҳамчунин мардум мекӯшанд, ки кинаву адоватро аз дил дур карда, бо ҳамдигар оштӣ намоянд.
Яке аз анъанаҳои зебои Наврӯз сабзонидани гандум ё дигар донаҳо мебошад. Сабза, ки аз гандум мерӯяд, рамзи ҳаёти нав, фаровонӣ ва баракат аст. Инчунин дар рӯзҳои Наврӯз дастархони идона ороста мешавад, ки дар он таомҳои миллии гуногун гузошта мешаванд.
Дар бисёр кишварҳо дастархони махсусе бо номи «ҳафтсин» ё «ҳафтшин» омода мекунанд. Дар ин дастархон ҳафт навъи ашё гузошта мешавад, ки ҳар кадоми онҳо рамзи махсус дорад. Масалан, сабза рамзи ҳаёт, себ рамзи зебоӣ, сирко рамзи сабру таҳаммул ва сирпиёз рамзи саломатӣ ба ҳисоб меравад.
Дар фарҳанги тоҷикон омода кардани суманак низ яке аз суннатҳои муҳими Наврӯз мебошад. Суманак аз гандуми сабзида тайёр карда шуда, рамзи фаровонӣ, неъмат ва баракат ба шумор меравад. Омода кардани он одатан бо суруду шодӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардум сурат мегирад.
Моҳияти асосии Наврӯз дар паҳн намудани арзишҳои инсонӣ, аз ҷумла дӯстӣ, меҳрубонӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба табиат ифода меёбад. Ин ҷашн мардумро ба некиву накӯкорӣ, ободкорӣ ва зиндагии осоишта раҳнамун месозад.
Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Наврӯз бо шукуҳи хос таҷлил мегардад. Ин ҷашн мардумро ба иттиҳоду ҳамбастагӣ, дӯстиву бародарӣ ва созандагӣ даъват мекунад. Ҳар сол дар саросари кишвар чорабиниҳои фарҳангӣ, идона ва варзишӣ баргузор гардида, мардум бо рӯҳияи баланд Наврӯзро истиқбол мегиранд.
Бигзор Наврӯзи хуҷаста ба ҳар хонадон файзу баракат, саломатӣ ва хушбахтӣ оварад. Орзумандем, ки кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша ободу шукуфон бошад ва зиндагии мардумаш пур аз сулҳу осоиштагӣ гардад.
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод, Наврӯзатон пирӯз бод!
*Адабиётҳо*:
Акбари Турсон. Пайвандгари наслҳо ва аслҳо. // Мачмуаи мақолоти пайки Наврӯз, мураттибон Баҳриддин Мирзоев ва Махфират Юсуфӣ, Душанбе, 2012, с. 14.
Девони Рудакии Самарқандӣ, Теҳрон, интишороти «Амири Кабир», 1376 ҳичрии шамсӣ, с. 76.
Ҳамон ҷо, с. 136.
Унсуралмаъолии Кайковус. Қобуснома, Душанбе, интишороти «Адабиёти бачагона», 2014, с. 132.
Ҳурдин – бодаи биниши фитрӣ.
Фидавсӣ, Абулқосим . Шоҳнома, Теҳрон, интишороти «Суруш», 1381 ҳичрии шамсӣ, с. 201.
Омузгори кафедраи фармакология ва забони лотинӣ
Шарифова Фарзона Қиронбековна

2026-03-16 09:24:01

НИГАҲДОШТИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕКИ НИЁГОН–ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСИВУ ФАРҲАНГИИ МИЛЛАТ

Дар кишвари азизамон ҷашни шодиву нишот, суруру шодмонӣ, рамзи эҳёи табиат, таҷассумгари фарҳанги пурғановати халқ-Наврӯзи хуҷастапай фаро расид. Наврӯз дорои фазилатҳои неку созанда ва муттаҳидкунандаи башарият буда, ҳазорсолаҳо инҷониб дар муҳити фарҳангии халқҳои олам ҷойгоҳи сазовор пайдо намудааст.

Имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои миллӣ ба хотири нигаҳдошти анъанаву суннатҳои неки ниёгон ва ҳифзи истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ аҳаммияти басо муҳим касб кардааст. Ёдовар гардидан ба маврид аст, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ин ҷашн тавассути қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид мавқеи байналмилалӣ, яъне Наврӯз мақоми ҷаҳониро соҳиб гашт. Ин иқдом мояи ифтихору сарбаландии мо-тоҷикон мебошад.

Халқи тоҷик имрузҳо бо пайравӣ аз суннатҳои гузаштагони худ Наврӯзро бо тамоми унсурҳояш таҷлил намуда, онро ҳифз менамоянд. Дар ин замина мебинем, ки ин иди бостонии аҷдодӣ солҳои охир бо шукуҳу таровати бесобиқа ҷашн гирифта мешавад. Таҷлил аз ин ҷашни бостонӣ ҳамчун мероси муқаддас, покизаву зебо, баҳори эҳёи табиат сол то сол пуршукуҳтар мегардад. Ин ҳама аз сарҷамъӣ ва дар фазои истиқлолияту ваҳдати миллӣ сурат мегирад. Наврӯз идест, ки тамомии сифоти накӯю хислату амалҳои равшаниофару бунёдгузор ва эҳёсози одамият, адлу инсоф, хайру эҳсон дар он таҷассум ёфта, ҳамбастагию якмаромии аҳли башариятро тақвият мебахшад ва оламу одамро аз нав меофарад.

Мо тоҷикон миллати васлгаре ҳастем, ки ин хислатро аз гузаштагони бофазлу бохириадамон ба худ мерос гирифтаем. Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва роҳи зиндагисозу тамадунофари аҷдодони мо пайванди ногусастанӣ дошта, расму оинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо созгоранд. Наврӯз ҳамчун намунаи тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик буда, ҳамеша нигоҳдорандаи забон, расму оин, фарҳангу таърих ва инъкоскунандаи ҳамаи ҷабҳаҳои рӯзгори мардуми мо мебошад.

Ҷашни бузурги аҷдодии мо, Наврӯз ва дигар идҳои суннати мардуми эронитабор ба ҳодисаҳои табиат ва ҳаракати ҷирмҳои кайҳонӣ пайвандии амиќ доранд. Воқеан, бунёд ва таҷлили ҷашнҳои мавсимӣ ё тақвимӣ аз арзишҳои пурэъҷози мардуми тоҷику форс ба ҳисоб рафта, онҳо зери мафҳуми ҷашн амали сутудан, парастидан, ниёиш, анҷоми расму ойинҳои динӣ ва анъанаҳои миллӣ, баргузории базму сурро, ки ба инсонҳо хурсандӣ, шодӣ ва тараб меовард, мефаҳмиданд. Ба ин ҷашнҳои мавсимӣ чор ҷашни бостонии ниёгонамон, ки онҳоро донишмандон ба чаҳор подшоҳони зиндагисоз ва фарҳангустари Пешдодиён: ҷашни Садаро ба Ҳушанг, ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшед, ҷашни Тиргонро ба Ораши камонгир ва ҷашни Меҳргонро ба Фаридун нисбат медоданд, шомил мешуданд.

Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки аҷдодони мо, то давраи зуҳури дини ислом ва оини зардуштия ба анъанаву суннатҳои наврӯзӣ пойбанд буданд ва Иди Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса ботантана таҷлил мекарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо талошҳои худ дар роҳи эҳёи суннатҳои наврӯзӣ ба ҷаҳон паём доданд, ки Наврӯз таърихан ҷашни тоҷикон буда, дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ унсурҳои башардӯстонаи он дар фарҳангу тамаддуни ҳамаи халќҳои олам ҷойгоҳ пайдо намудааст. Ин аст, ки миллати мо дар таърих ҳамчун як миллати озода зикр мешавад. Сарчашмаи озодагии миллати мо маҳз чунин мероси таърихиву фарҳангие чун Наврӯзи бостон аст, ва имрӯз Наврӯзи бостонии мо дар сартосари ҷаҳон таҷлил мегардад.

Маҳз унсурҳои инсондӯстонаи ҷашни Наврӯз ҷашни байналмилалӣ эътироф гардидани Наврӯзро ташкил медиҳад, ки дар ин самт нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир ва мондагор аст. Иқдоми наве, ки дар Паёми навбатии худ Ҷаноби Олӣ дар мавриди бунёд кардани Конун, яъне «Маркази тамаддуни ориёӣ» ва «Маркази байналмилалии Наврӯз» дар шаҳри Душанбе гирифтанд, низ далолат аз он мекунад, ки Наврӯз ва эҳёи дигар арзишҳои фарҳанги ориёӣ дар шароити ҷомеаи муосир мубрам мебошанд ва илман омӯхтан, таҳқиқ ва муаррифӣ кардани онҳо вазифаи пурмасъули олимону муҳаққиқони ватанию хориҷӣ бошад.

Аз ин рӯ, мо бояд бо ин ҷашни оламшумул ифтихор намоем, зеро Наврӯз мероси аҷдодӣ ва мояи ифтихорӣ миллат аст, Наврӯз фарҳанги мост! Иди Наврӯз ва миллати тоҷик аз ҳам ҷудонопазиранд ва ҳазорсолаҳо инҷониб миллати тоҷикро бо Наврӯз мешиносанд.

Мо меросбарони ин ҷашн Наврӯзро бо тамоми ҳастӣ дӯст дорем ва онро ҳифз намоем, зеро ҳифзи анъанаҳои наврӯзӣ бо ҳифзи Ватан ва фарҳангу миллат баробар аст.

Пас, моро мебояд дар радифи ҳифзи ин осори пурарзиши фарҳангӣ барои таҳкими унсурҳои он кӯшиш ба харҷ диҳем.

Исмоилзода ЗАРИНА, номзади илмҳои педогогӣ,

омӯзгори кафедраи педагогика-психология ва

фанҳои иҷтимоии Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ

 

2026-03-16 09:18:07

АНЪАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ВА АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГИИ МИЛЛАТ

Наврӯз яке аз қадимтарин ва пуршукӯҳтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ба шумор меравад, ки таърихи он ба ҳазорсолаҳо мерасад. Ин ҷашни бостонӣ рамзи эҳёи табиат, оғози баҳор ва нав шудани зиндагии инсон мебошад. Бо фаро расидани Наврӯз табиат аз хоби зимистона бедор мешавад, замин сабз мегардад, гулу гиёҳ мешукуфанд ва ҳаёт ранги тоза мегирад.

Ҳамин дигаргуниҳои табиат дар зиндагии мардум низ таҷассум ёфта, боис мегардад, ки мардум бо рӯҳияи шодмонӣ ва умед ба истиқболи соли нав омодагӣ бинанд.

Дар фарҳанги мардуми Тоҷикистон Наврӯз на танҳо як ҷашни одӣ, балки маҷмӯи анъанаҳо ва ойинҳои зебои мардумӣ мебошад, ки аз насл ба насл гузашта, то имрӯз ҳифз гардидаанд. Ин анъанаҳо арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии миллатро таҷассум намуда, мардумро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ даъват мекунанд.

Яке аз анъанаҳои муҳимтарини наврӯзӣ поксозии хона ва муҳити атроф мебошад. Пеш аз фаро расидани ҷашн мардум хонаҳои худро тоза намуда, либосҳои нав омода мекунанд ва муҳити зиндагии худро ороста месозанд. Ин амал рамзи покӣ, навшавӣ ва истиқболи соли нав бо нияти нек ба ҳисоб меравад.

Аз анъанаҳои дигари маъмули Наврӯз сабзонидани гандум мебошад. Мардум чанд рӯз пеш аз ҷашн донаҳои гандумро дар табақҳо сабзонида, онро ҳамчун рамзи сабзиши ҳаёт ва фаровонии ризқу рӯзӣ нигоҳ медоранд. Ин сабзаҳо дар дастархони наврӯзӣ ҷойи махсус дошта, нишонаи баракат ва фаровонӣ мебошанд.

Дастархони наврӯзӣ низ яке аз ҷузъҳои муҳими ҷашн ба ҳисоб меравад. Мардум дастархонро бо таомҳои гуногуни миллӣ ороста мекунанд. Дар байни ин таомҳо Суманак мавқеи хос дорад. Суманак аз гандуми сабзида омода шуда, рамзи фаровонӣ, баракат ва зиндагии нав маҳсуб меёбад. Пухтани суманак одатан ба таври дастаҷамъӣ сурат гирифта, занон ҳангоми омода кардани он сурудҳои махсуси наврӯзӣ мехонанд.

Дар рӯзҳои Наврӯз инчунин расму ойинҳои гуногуни мардумӣ баргузор мегарданд. Аз ҷумла, гулгардонӣ яке аз анъанаҳои қадимӣ мебошад. Дар ин ойин кӯдакон ва наврасон гулҳои баҳориро гирифта, аз хона ба хона рафта, омадани баҳор ва Наврӯзро башорат медиҳанд.

Бозиҳои миллӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ низ қисми ҷудонашавандаи ҷашни Наврӯз мебошанд. Бозиҳое чун гӯштин, аспдавонӣ ва бузкашӣ дар рӯзҳои ид баргузор гардида, фазои шодиву сурурро бештар мегардонанд. Ин бозиҳо на танҳо барои фароғат, балки барои нигоҳ доштани суннатҳои миллӣ низ аҳамияти муҳим доранд.

Наврӯз ҳамчунин ҷашни дӯстиву меҳрубонӣ мебошад. Дар ин рӯзҳо мардум ба дидорбинии хешу табор, ҳамсояҳо ва дӯстони худ мераванд, аз ҳолу аҳволи якдигар бохабар мешаванд ва бо орзуҳои нек соли навро истиқбол мегиранд. Яке аз арзишҳои муҳими Наврӯз бахшидани гуноҳҳо ва фаромӯш кардани кинаву адоват мебошад.

Анъанаҳои наврӯзӣ инчунин муносибати меҳрубононаи инсонро ба табиат таҷассум мекунанд. Дар айёми Наврӯз мардум ба шинонидани дарахтон, ободонии маҳал ва тозагии муҳити зист аҳамияти бештар медиҳанд. Ин амалҳо рамзи эҳтиром ба табиат ва ғамхорӣ нисбат ба муҳити зиндагии инсон мебошанд.

Имрӯз Наврӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил мегардад. Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи давлат ба фарҳанги миллӣ анъанаҳои наврӯзӣ боз ҳам бештар эҳё гардида, бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор мешаванд.

Хулоса, анъанаҳои мардум дар ҷашни Наврӯз таҷассумгари фарҳанги ғанӣ ва таърихи ҳазорсолаи мардуми тоҷик мебошанд. Ин ойинҳо мардумро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ раҳнамоӣ мекунанд. Аз ҳамин сабаб, ҳифз ва идомаи анъанаҳои наврӯзӣ барои нигоҳ доштани мероси фарҳангии миллат аҳамияти бузург дорад.

Назарова Замира, омӯзгори кафедраи зеҳни сунъӣ ва рақамикунонии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе

 

2026-03-14 12:46:46

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ СОҲА ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бахшида ба 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ 14-уми марти соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ» дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар кори конфронс раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, раиси Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, дотсент Зоир Ғафурӣ, инчунин, намояндагон аз Ҷумҳурии исломии Покистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии федеративии Нигерия, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олимону муҳаққиқон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ва раиси Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, дотсент Зоир Ғафурӣ зимни баромади худ аз дастгириву иқдомоти бузургу мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва фароҳам овардани шароити шоиста барои фаъолияту таҳсили омӯзгорону донишҷӯён ёдовар шуданд.
Дар ҳамоиши байналмилалӣ иштирокчиён дар бораи масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ, боз ҳам беҳтар кардани сифати таҳсилот, нақши зеҳни сунъӣ дар рушди соҳа, омода кардани мутахассисони ҳирфаӣ ва истифодаи усулу таҷҳизотҳои муосир дар дарсҳо ибрози назар карданд.
Иштирокчиён вобаста ба мавзуи конференсия маърузаҳои судманд пешниҳод намуда, таъкид гардид, ки маҷмуи мақолаҳои конфронс нашр гардида, дастраси муаллифон карда шуд.

2026-03-14 11:22:38

НАВРӮЗ –ИДИ НИЁГОНИ МО

Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми мо ҳеҷ як анъна ва расму оине чун ҷашни фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз ифодагари арзишҳои миллӣ ва сунату анъанаҳои қадимаи тоҷикон ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим марҳилаи зиёди пурпечутобро убур карда, то замони мо расидааст.

Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз “рӯзи нав” маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад.Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи ҳамал ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат ва айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад.

Боиси хушбахтист, ки мардуми куҳанбунёди тоҷик тавонист ҷашнҳои муқаддаси миллиамон-Наврӯз, Меҳргон ва Саддаро дар тули асрҳо нигоҳ дошта, то ба имрӯз бирасонад ва онро ҷаҳонӣ гардонад. Ҷашни Наврӯз арзишҳои чун сулҳ, оштӣ ва ҳамбастагиро тақвият дода, дӯстӣ миёни қавму миллатҳои гуногунро афзоиш медиҳад.

Наврӯз дар Тоҷикистон бо шарофати истиқлолият шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо кард ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфт.

Тавре ки маълум гардид, ҷашни бузурги аҷдодии мо – Наврӯз ва дигар идҳои сунатиамон ба ҳодисаҳои табиат ва ҳаракати ҷирмҳои мунири кайҳонӣ пайванди амиқ доранд, Аз ин ҷост , ки дастгоҳи гоҳшуморӣ (силшуморӣ)-и ориёи аз дидгоҳи ҷашну оинҳо ва маросимҳои марбут ба онҳо аз солномаҳои маъмулии маҳаллӣ ва мардумӣ ибтидо гирифта, дар тӯли таърих аз гоҳшумориҳои ғайрирасмию нособит зимни тасҳеҳу ислоҳҳо дар давру замонҳои гуногун то дараҷаи расмӣ ташаккул ёфтанд ва аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардиданд.

Равшан аст, ки яке аз сабабҳои аз аҳди бостон ҷашни байналмилалӣ гардидани Наврӯз дар он аст, ки он дар ҳайати давлатҳои ориёӣ, аз қабили Пешдодиён, Каёниён, Ашкониён, Ҳахоманишиниён, Кушониён, Ҳайтолиён, Сосониён, Сомониён, Ғӯриён, Сарбадорон ва ғайра , ки дар онҳо ба ғайр аз ақвоми эронитабор халқиятҳои гуногуни  ориёнӣ ва ғайриэронӣ зиндагӣ мекарданду таҳти нуфузи тамаддуни ориёӣ қарор доштанд ва ногузир арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ҷашну маросимҳои эронитаборонро мепазируфтанд.Аз ин рӯ, аз аҳди қадим ҷашни Наврӯз дар баробари дар байни ақвоми ориёитобори Хуросону Мовароуннаҳр, ки манотиқи бузурги нахустмеҳани ориёиҳо эътироф шудаанд, густариш доштанаш, дар миёни халқҳои шимоли Африқо, Ҷанубу Шарқи Аврупо, Ховари Наздику Миёна, Қафқоз, Шимолу Ғарби Чин ва Ҳинд доман густурда, ҳамчун ҷашни байналмилалӣ таҷлил карда мешавад.      

Имрӯз барои мо тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддун Наврӯз боси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши  муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар мебошад. Дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” омадааст, ки давлатҳои аъзои ин созмони мӯътабар бояд сатҳи огоҳиашонро дар бораи Наврӯз баланд бардошта, инчунин бо мақсади интишор ва тарғиби донишҳои марбут ба таърих ва суннатҳои наврӯзӣ ҳамасола чорабиниҳо баргузор намоянд.

Нишони Наврӯз, ки бо нишондодҳои улуми табиатшиносию ситорашиносӣ таҳия гаштааст, дар айёми тантанаҳои наврӯзӣ метавонад чун рамзи ин ҷашни пурифтихори бостонӣ аз ороишоти асосии наврӯзгоҳҳо ва нишони сарисинагии ҳар як фард бошад.

Рӯзи Наврӯз дар бисёр манотиқи тоҷикнишин дегҳоро пур карда, оши палав ва гандумкӯча мепухтанд ва бо ин амал онҳо орзу мекарданд, ки тамоми сол серию пурӣ ва пурфайзу баракат бошад. Аз омадани Наврӯз пеш аз ҳама бачагон бо иҷрои маросими шодии гулгардонӣ ба дигарон хабар медиҳанд. Онҳо як-ду ҳафта қабл аз Наврӯз гурӯҳ шуда, ба кӯҳу пуштаҳо рафта гулҳои баҳорӣ: сиёҳгӯш ва гули зардакро чида ба деҳа меоранд. Соҳибхонаҳо гулҳоро бӯй кашидаву ба чашм мемоланд ва ба бачаҳо кулчаю қанду мавиз, дар баъзе ҷойҳо гандуму нахуд медиҳанд.

 

Файзиддин ШАРИПОВ,

декани факултети молия, бонк

ва ташкили истеҳсолот дар иқтисодиёти Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат

2026-03-13 13:46:35

ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶАҲОНӢ ГАРДИДАНИ НАВРӮЗ

Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои тамаддуни башарӣ ба шумор меравад, ки бо фарорасии баҳор ва эҳёи табиат алоқаманд мебошад. Ин ҷашни бостонӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо дар фарҳанги мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ, Эронзамин ва дигар кишварҳои Шарқ ҳифз гардида, ҳамчун рамзи дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва навсозии зиндагӣ таҷлил мешуд. Дар даврони муосир Наврӯз аз доираи як ҷашни минтақавӣ берун рафта, ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт. Дар ин раванд саҳми сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас мебошад.
Бо ба даст овардани исти
қлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба эҳё ва рушди арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Яке аз муҳимтарин самтҳои ин сиёсати фарҳангӣ муаррифии ҷашни Наврӯз дар арсаи байналмилалӣ буд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар минбарҳои баланд аз аҳамияти таърихию фарҳангии Наврӯз ёдовар шуда, онро ҳамчун мероси гаронбаҳои тамаддуни башарӣ муаррифӣ карданд. Маҳз бо ташаббус ва талошҳои пайгиронаи Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои ҳамфарҳанг Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Қадами муҳим дар ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз қабули қарор аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон гардидани рӯзи байналмилалии Наврӯз мебошад. Бо қарори Маҷмаи умумии ин созмон 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф шуд. Ин иқдом аҳамияти таърихӣ дошта, нишон дод, ки Наврӯз на танҳо ҷашни як миллат ё минтақа, балки арзиши умумии фарҳангии инсоният мебошад.
Дар баробари ин, Навр
ӯз ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддӣ аз ҷониби ЮНЕСКО низ ба феҳристи мероси фарҳангии башарият ворид карда шуд. Ин иқдом ба ҳифз, омӯзиш ва густариши анъанаҳои наврӯзӣ дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат намуд. Бо чунин иқдомҳо Наврӯз ба яке аз рамзҳои муҳими ҳамбастагии фарҳангҳои гуногун табдил ёфт.
Дар суханрони
ҳои худ Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки Наврӯз ҷашни сулҳ, дӯстӣ ва эҳтироми табиат аст. Арзишҳои ин ҷашни бостонӣ ба фарҳанги ҳамзистии осоишта ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо мусоидат мекунанд. Аз ин рӯ, муаррифии Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ на танҳо аҳамияти фарҳангӣ, балки аҳамияти сиёсӣ ва иҷтимоӣ низ дорад, зеро он метавонад воситаи таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни давлатҳо гардад.
Имр
ӯз Наврӯз дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил мегардад ва ба яке аз ҷашнҳои маъруфи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дар доираи таҷлили он чорабиниҳои фарҳангӣ, фестивалҳо, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор мегарданд. Ин раванд ба муаррифии фарҳанги тоҷикон ва дигар халқҳои дорои анъанаҳои наврӯзӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
Ҳамин тавр, ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз натиҷаи талошҳои муштарак ва ташаббусҳои давлатҳои дорои ин мероси фарҳангӣ мебошад. Дар ин миён нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешбарандаи ғояи муаррифии Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Ин ташаббусҳо ба баланд гардидани нуфузи фарҳанги тоҷикон дар ҷаҳон ва таҳкими арзишҳои сулҳ, дӯстӣ ва ҳамзистии осоишта мусоидат намуда, Наврӯзро ба яке аз рамзҳои муҳими тамаддуни башарӣ табдил додаанд.

Ма
ҳмадалиева Қурбонгул Мирзоалиевна, саркитобдори китобхонаи Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе

2026-03-13 11:58:48

СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ЗАНОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Модарон на танҳо ояндаи фарзандони худ, балки ояндаи миллатро месозанд. Аз ин рӯ, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробар барои модарон ва занон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии мо мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занон ва бонувонро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти давлат қарор додааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробар, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, фаъолият ва иштироки онҳо дар идоракунии давлат тадбирҳои муҳим андешида шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ ва дар мулоқоту суханрониҳои гуногун пайваста таъкид менамоянд, ки зан – модар пояи асосии оила, тарбиятгару парваришгари насли наврас ва неруи муҳимми рушди ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Дар паёмҳои худ Сарвари давлат борҳо зикр намудаанд, ки занону бонувони кишвар дар баробари мардон дар татбиқи сиёсати давлатӣ фаъолона иштирок намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими мақоми занон дар ҷомеа заминаҳои воқеӣ фароҳам оварда шуданд. Давлат ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади баланд бардоштани нуфузу мақоми занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барномаҳои махсус ва санадҳои меъёриву ҳуқуқиро қабул намуданд. Яке аз қадамҳои муҳими давлат дар ин самт қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» мебошад, ки ба ташаккули сиёсати гендерии давлатӣ замина гузошт. Ин санади муҳим имконият фароҳам овард, ки занону бонувон дар идоракунии давлат, фаъолияти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ фаъолона ширкат варзанд. Ҳамчунин барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва таҳкими мақоми онҳо дар ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуд.

Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ҳимояи ҳуқуқи занон аҳамияти махсус медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 Конвенсияи байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид «Дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбати занон» (CEDAW)-ро ба тасвиб расонид. Ин иқдом далели он аст, ки давлати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба таъмини баробарҳуқуқии занону мардон ва ҳимояи ҳуқуқи занон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Дар доираи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии занон соли 2001 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон» қабул гардид. Ҳадафи асосии ин ҳуҷҷат фароҳам овардани шароити баробар барои занону мардон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, ҷалби занон ба фаъолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ мебошад.

Дар баробари ин, Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таҳсил ва тарбияи духтарон низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Имрӯз шумораи зиёди духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ таҳсил намуда, дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ фаъолият мекунанд. Инчунин барои дастгирии духтарони боистеъдод квотаҳои президентӣ таъсис дода шудаанд, ки ба таҳсили онҳо мусоидат менамоянд.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 ҷашни 8 март расман ҳамчун Рӯзи модар эълон гардид. Ин иқдом нишонаи эҳтироми баланд ва қадршиносии ҷомеа нисбат ба зан – модар мебошад. Модар ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, тарбиятгар ва раҳнамои насли наврас дар ҷомеаи тоҷик мақоми хосса дорад. Имрӯз занони тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз илму маориф то сиёсату иқтисод фаъолона ширкат доранд. Бисёре аз занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият намуда, дар пешрафти давлат ва ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд. Занони тоҷик бо дониш, малака ва меҳнати содиқонаи худ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди фарҳанг ва тарбияи насли наврас нақши муҳим мебозанд.

Ҳамин тавр, сиёсати хирадмандона ва ояндабинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми занон имконият фароҳам овард, ки занони тоҷик ба як неруи муҳими ҷомеа табдил ёбанд. Имрӯз зани тоҷик на танҳо модар ва тарбиятгар, балки шахсияти фаъол, мутахассиси соҳибмаърифат ва неруи созандаи ҷомеа мебошад.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар оянда низ сиёсати давлат дар самти дастгирӣ ва таҳкими мақоми занон идома ёфта, саҳми занону бонувон дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар боз ҳам бештар мегардад. Зеро пешрафти ҷомеа бидуни иштироки фаъолонаи занон ғайриимкон мебошад.

 

Сурайё САНГИНОВА,

муовини директор оид ба тарбияи

Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

 

2026-03-13 11:13:01

НАҚШИ ОМӮЗГОР ДАР ИНТИХОБИ КАСБИ ХОНАНДА

Касб (ҳунар, пеша, шуғл) гуфта, чунин навъи фаъолияти меҳнатӣ ва машғулияти инсонро мефаҳманд, ки омӯзиши назариявӣ ва тайёрии махсусро талаб мекунад, мунтазам аз тарафи инсон кор фармуда мешавад, манбаи даромад барои таъмини рӯзгор ба ҳисоб меравад, ба кас лаззат ва қаноатмандӣ мебахшад ва ному мартабаи инсонро баланд мебардорад.

Касб аз ихтисос фарқ дорад. Ихтисос ин навъи аниқи фаъолият дар доираи ягон намуди касб аст. Масалан, дар касбӣ “духтурӣ чунин ихтисосҳо ба монанди: духтури чашм, духтури дандон, духтури бемориҳои дарунӣ (терапевт), ҷарроҳ, духтури кӯдакон (педиатр) ва дигар ихтисосҳои соҳавӣ дохиланд. Дар доираи як касб шахс имкон дорад, ки соҳиби якчанд ихтисос гардад.

Олами касбҳо тағйирёбанда аст. Бо дараҷаи тараққиёти илму техника ва сохтори ҷамъият одамон касбҳои куҳнаро якҷоя, ҷудо ва иваз карда, касбҳои навро ба вуҷуд меоваранд. Савол ба миён меояд, ки чанд намуди касб мавҷуд аст? Аслан, ҳазорҳо намуди касб мавҷуд аст. Мувофиқи “Стандарти байналмилалии таснифоти касбҳо” 9333 касб номнавис шудааст. Албатта, омӯзондан аз рӯйи чунин адади зиёди касбҳо хеле душвор аст.

Касб ва интихоби он аз муҳимтарин аҳдофест, ки ҳангоми интихоби дурусти он дар овони кудакӣ ва наврасӣ, метавонад ояндаи ҳар як шахсро равшану мунаввар намояд. Шахс, вақте ки ин ва ё он касберо интихоб менамояд, бояд аввал андеша кунад, ки касби интихобкардааш чӣ нафъ расонида метавонад, пеш аз ҳама, барои худаш, аҳли оилаааш ва ҷамъияту давлат ва худи ӯ. Оё метавонад аз уҳдаи касби интихобнамудааш барояд?

Масъалаи интихоби касб дар ҳама давру замон барои инсон аҳаммияти хосса дошт. Мо аз айёми кӯдакӣ орзуҳои некро дар дил мепарварем ва ояндаи хешро бо он орзуҳо тасаввур мекунем. Саволи асосие, ки дар зеҳни ҳар кӯдак ҷой мегирад, муайян кардани роҳи ҳаёт, яъне, «ман кӣ мешавам?» аст. Дар ин синну сол чунин интихоб осон ба назар мерасад, аммо орзуҳоро амалӣ намудан ба дастгирӣ ва роҳнамоии волидон ва омӯзгорон ниёз дорад.

Дар давраи наврасӣ омилҳои зиёде ба интихоби касб таъсир мерасонанд, аз ҷумла, шароити иқтисодӣ, муҳити иҷтимоӣ ва андешаҳои атрофиён. Аз ин рӯ, интихоби касб яке аз марҳилаҳои муҳимми ташаккули шахсият ба шумор меравад, ки бо раванди худшиносӣ ва дарки имкониятҳои шахсӣ алоқаманд аст. Ҳарчанд тасмими огоҳонаи интихоби касб бештар дар зинаҳои болоии таҳсил сурат мегирад, заминаҳои он дар синфҳои ибтидоӣ ва дар раванди фаъолияти таълимӣ гузошта мешаванд.

Дар ҷараёни таълим омӯзгор имконият дорад, ки хусусиятҳои инфиродии хонандагонро мунтазам мушоҳида намояд. Майл ба таҳлил, шавқ ба фаъолияти эҷодӣ, қобилияти ташкили фаъолият, малакаҳои муошират ва масъулиятшиносӣ метавонанд ҳамчун нишонаҳои ибтидоии рушди шахсият арзёбӣ гарданд. Муносибати илмӣ ва методии омӯзгор ба ин хусусиятҳо ба ташаккули қобилияти худмуайянсозӣ ва худшиносии хонанда таъсири амиқ мегузорад.

Мутаасифона, солҳои охир бисёр ба назар мерасад, ки наврасону ҷавонони мо ин ва ё он касбро аз рӯйи шавқу ҳавас ва истеъдоди худ мақсаднок интихоб накарда, бо таъсири дигар омилҳову шахсон ноогоҳона интихоб мекунанд. Баъзан, дар бораи касби худ тасаввуроти аниқ ҳам надоранд, ки ин боиси таассуф буда, барои ин гуна шахсонро ҳамчун мутахассиси баландихтисос омода намудан дар муассисаҳои таълимӣ омӯзгорон мушкилот ва ранҷи зиёд мекашанд.

Яке аз муваффақиятҳои солҳои пеш дар он буд, ки аксар волидон ва хонандагон маҳз бо ҳидоят ва роҳнамоиҳои омӯзгорон ба мактабҳои олӣ дохил мешуданд, вале мутаассифона, ҳоло вазъ қариб, ки ин гуна нест.

Омӯзгор дар ҳақиат муҳандиси руҳу равони хонанда буда, метавонад дар бораи интихоби ихтисосу роҳи ояндаи хонанда маслиҳату хулосаи аниқ ва дақиқ диҳад. Ҳамин тавр касби омӯзгорӣ касбест, ки ба инсон ҳаётро меомӯзонад, зиндагиро ёд медиҳад, яъне инсонро ба ҳаёт ва зиндагӣ омода менамояд. Бузургони тоҷику форс муаллимро ҷилодиҳандаи рӯҳи инсон гуфтаанд.

Имрӯз фаъолияти омӯзгор дар шароити нави муносибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ бо гуногунмазмунӣ, гуногунсоҳавӣ пурра мегардад, чунки маҳз ӯ дар ташкилу ба роҳ мондани шаклу усулҳои нави таълиму тарбия дар таълимгоҳҳо шахси асосӣ ба шумор меравад ва фаъолияти ӯ баҳри дар амал татбиқ намудани мутахассисони баландихтисос дар асри XXI равона карда мешавад.

Дар натиҷа, қонеъ набудан аз касби худ метавонад касро ба бемориҳои равониву ҷисмӣ гирифтор намояд. Зарари касби маҷбуран ба сари ҷавон боршуда на танҳо ба худи ӯ, балки ба ҷомеа низ мерасад, зеро вақте ки кас ба касбу кораш меҳру муҳаббат ва шавқу ҳавас надорад, дилу бедилон кор мекунад ва меҳнати ӯ ҳеҷ гоҳ самари дилхоҳ намедиҳад.

Интихоби дурусти касбу ҳунар дар ҳаёти инсон гарави комёбиҳост. Яъне, интихоби дуруст метавонад ояндаро пешбинӣ карда, мутахассисро дар ҷомеаи имрӯзаи мо сазовори иззату эҳтирому обрӯ гардонад ва дар ҳаёти инсон зиндагии хушу муваффақиятҳои зиёде оварад.

Хуршеда ҶАББОРОВА,

омӯзгори Литсейи касбии

техникии нефту гази шаҳри Исфара

 

2026-03-13 11:06:19

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ ФАРОМИЛЛӢ ВА ТАҲДИД БА ОЯНДАИ БАШАРИЯТ

Вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ, хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам расида истодааст. Барои ба чунин ҳолат расидани мамлакатҳои ҷудогона ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ манфиатдор дониста мешаванд. Шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти онҳо дар ин самт мебошад.

Дар ҳама давру замон, дар ҳаёти инсоният ду қувваи ба ҳам муқобил амал мекунад, ки ҳамеша миёнашон ихтилофот ҳукмрон аст. Аз ҷумла, некиву бадӣ, рӯзу шаб, сафеду сиёҳ, хайру шар ва дигар мафҳумоти зидмаъно. Дар замони муосир низ чунин зиддиятҳо зиёд ба назар мерасад. Агар нафаре, гуруҳе ва ё миллате ба ягон муваффақияту комёбие ноил шавад, ҳатман нотавонбине зуҳур мекунад, то пеши роҳаш санг гузорад. Мисоли возеҳи ин гуфтаҳо амалҳои террористиву экстремистист, ки ҳамарӯза дар кишварҳои ҷаҳон анҷом дода мешавад ва мо тариқи васоити ахбори аммо ва шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди он мегардем. Ин амали ноҷавонмардонаи террористон ҳикояи машҳури «Сангпушт ва каждум»-ро пеши назар меоварад. Яъне, муқтазои табиати ин тоифа неш задан асту ноором сохтани давлатҳову миллатҳои ором.

Дар байни муҳаққиқон доир ба пайдоиши терроризм ақидаҳо гуногун аст. Ҳеҷ кас дақиқ гуфта наметавонад, ки аввалин амали террористӣ кай анҷом дода шудааст. Коршиносон экстремизму терроризмро ба ду гуруҳ - дохилӣ ва байналхалқӣ ҷудо намуданд.

Мусаллам аст, ки дар замони муосир мубориза бар зидди ин гуна қувваи ифротӣ ба мадди аввал мебарояд. Дар мубориза ба муқобили ин гуруҳи ифротӣ, экстремистӣ ва террористӣ зарур аст, ки тамоми ҷомеа дастҷамъ бошад. Хусусан, нақши ҷавонон дар ҳалли ин масъалаи мубрами рӯз бояд калон бошад. Ҷавонон ва сафарбар намудани қувваи бузурги онҳо ба корҳои ҷамъиятӣ ва созандагию бунёдкорӣ яке аз самтҳое ба ҳисоб меравад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдому пешниҳодоти ин табақаи фаъолу созандаро пайваста дастгирӣ намуда, ба онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Дар ҷомеаи кунунӣ бархе аз ҷавонону наврасон бинобар сабаби каммасъулиятиву оворагардӣ ва надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, насли калонсол, махсусан падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда, ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд. Ба онҳо собит намоянд, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд.

Созмону гуруҳҳои тафриқаангез бештар бо истифода аз ин омил байни ҷавонон ихтилофи мазҳабӣ паҳн намуда, ба ин васила низоъу нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меоранд. Ин тоифа, ки асосан ташкилотчӣ ва саркардаҳои гуруҳҳои ифротгаро мебошанд, аз бетаҷрибагии ҷавонон истифода бурда, онҳоро шомили ҳар гуна гуруҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегардонанд. Онҳо бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғ ва беасос “ба даст овардани савоби бисёр”, “шаҳиди мутлақ гаштан” ва “дар биҳишт ҷойи аз ҳама волотаринро соҳиб шудан” ҷавононро ба ҳар гуна роҳҳои барғалат мебаранд, онҳоро аз меҳри падару модар ва Ватани азизи худ дур карда, вазъи ҷомеаро ноором мегардонанд.

Бо дарназардошти он ки қишри зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд, аксари падидаҳои номатлуб ва таҳиягарони онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мафкураи қишри ҷавони ҷомеа таъсир расонида, қувваи бузурги онҳоро барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода намоянд. Ин бошад, ба ҷомеаи мо, бахусус давлатдории миллии мо хатари ҷиддӣ дорад. Ҷавононе, ки на саводи динияшон мукаммал асту на дунявиашон, доимо гирифтори марги ноҳақ мегарданд. Онҳо ба ваъдаҳои бепоя ба ҷангҳои худкуш мераванд ва ҷони худро ба хатар мегузоранд. Ҳатто тасаввур ҳам карда наметавонанд, ки худкушӣ кардан ва ё хиёнат ба Модар-Ватан намудан дар дини мубини Ислом гуноҳи азимест, ки нобахшиданӣ.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: “Мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза талқин намоем, ки аз оғози солҳои 90-ум халқи Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқ, хусусан меъёрҳои конститутсионӣ оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дидем ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонд”.

Вазъи имрӯза зарурати муборизаи ҷиддиро ба муқобили ин қувваи ифротӣ ба миён меорад. Чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштанд, террорист ва ифротгаро миллат ва давлат надорад. Моҳиятан, чунин гуруҳҳо ва амалҳои террористию ифротгаронаи онҳо хусусияти байналхалқӣ доранд. Амалҳои ин қувва барои ҳаёти осоиштаи тамоми давлатҳои минтақа, аз он ҷумла, Тоҷикистон наметавонанд, бехавф бошанд. Зарур аст, ки тамоми мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол, хусусан ҷавонон, дар мубориза бар зидди чунин падидаҳои ифротӣ дастҷамъ бошем.

Дар олами муосир хатари терроризм ва гуруҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми сабаб ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шуда буд: “Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад”.

Дар замони мо шахсон, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар ҷаҳони имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Дар вазъияти муташанниҷи замони муосир ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хоссатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамоянд: “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”. Ин зуҳуроти на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона роҳнандозӣ намуда истодааст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке суханронии худ қайд намуда буданд: “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.

Хулоса, кӯшиш ба харҷ диҳем то фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеаи ҷавонон фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кӯр-кӯрона дунболи гуруҳҳои ифротӣ нараванд.

 

Замира ИРМАТОВА,

директори Коллеҷи технолгии

ба номи А. Қаҳҳорови ш. Конибодом

2026-03-12 14:08:35

ХОИНОНИ МИЛЛАТ ҲАРГИЗ БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД!

Ба ҳамагон маълум аст, ки сулҳи тоҷикон бо ҷонбозиҳои зиёд ба даст омадааст. Заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар муддати кӯтоҳ тарафҳои мухолиф сари мизи оштӣ нишаста, миллатро аз нестшавӣ ва Ватанро аз парокандагӣ эмин доштанд.

Хушбахтона, миллати тоҷик дар фазои сулҳу дӯстӣ зери сиёсати сулҳҷӯёна ва хирандмандонаи Пешвои худ зиндагии орому осуда дорад. Чуноне ба ҳамагон маълум аст, дар дуён зиёданд халқияту миллатҳое, ки миллионҳо нафар аҳолӣ доранд, вале Ватан ё истиқлоли давлатӣ надоранд ва ё кишварҳоеро мебинем, ки оғӯштаи ҷанганд.

Асри 21 асри бархӯрди тамадунҳост, яъне давлатҳои абарқудрат кӯшиши зери тасарруфи худ даровардани давлатҳои нисбатан хурдро доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ зери сиёсати давлатдории миллии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназир мушарраф гардида, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор намуд. Вале то ҳол ҳастанд палидону нотавонбинон, ки ин пешравиҳоро дида наметавонанду танҳо аз таги нохун ифлосӣ мекобанд. Ин хоинони ватанфурӯши манфурони касиф аъзои ташкилоти терористии “Ҳизби наҳзати ислом” Кабири хоин, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигароанд, ки саркардагонашон гунаҳгоронии асосии ҷанги таҳмилии шаҳравандии солҳои 1991 -1997 мебошанд.

Ин касифони палид сулҳу осоиштагиро дар Ватани азизамон дида наметавонанд. Онҳо ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки бо кадом роҳе, ки набошад, ин оромиро халалдор созанд, халқро бар зидди ҳукумати кунунӣ бархезонанд. Барои нафарони бехабар 7 қисми филми мустанад зери унвони «Хиёнат» наворгирӣ шуд ва ба тамошобинон пешкаш гардид. Дар филм чеҳраи аслии Муҳаммадиқболи Садриддин ба таври возеҳу равшан нишон дода шуд, ки ӯ беш аз як қаллобе нест, ки ҳамватанони худро фиреб дода, бо ҳар баҳона аз онҳо маблағҳои ҳангуфтро ба даст оварда, барои нафси ҳаромаш истифода мекард. Хушбахтона, мо ин рӯзҳои даҳшатро аз сар нагузаронидаем, вале дар баробари тамошои филми мазкур пеши назар даҳшатҳои ҷанг, куштори одамони баобрӯву бегуноҳ ва олимону орифон омад.

Ба як гурӯҳи ватанфурӯшоне, ки симу зарро аз нангу номус боло гузошта, ба миллату ватану халқи хеш хиёнат кардаанд ва ҳоло аз дур истода, санг ба сӯйи мо мепартоянд, гуфтанӣ ҳастам, ки «эй хонашерони майдонғариб, агар ҷуръати рӯ ба рӯ иброз кардани фикру ақидаҳои худ нестед, пас, аз пайи зиндагонии иблисонаи хеш овора шавед! Мо намегузорем, ки ватани маҳбубамонро ба вартаи хун омехта созед! Мо омода ҳастем, ки ба ҳар як суханони иғвоангези шумо ҷавоби сазовор диҳем”.

Ташкилоти террористию экстремистии “Ҳизби наҳзати ислом”, ки ахиран чеҳраи воқеии худро во карда, ба ҳеҷ ваҷҳ робита надоштанашро ба меъёрҳои исломӣ ошкор кард, маҷбур гардид, худро аз дохили кишвар берун кашида, бо ёрӣ ва пуштибониҳои хоҷагони хориҷии худ ҳадафи аслиаш, яъне барҳам задани амнияти миллиро амалӣ гардонида бошад. Солҳои охир фаъол гардидани сару садоҳои наҳзатиёни террорист дар сомонаҳои иҷтимоӣ мушоҳида мегардад, ки метавон онро навъе аз амалкардҳои ифротии иттилоотӣ унвон дод. Саркардагон ва пайравони ин ҳизби хиёнатпеша бо ғурури 10 миллион нафар халқи бонангу номуси тоҷик бозӣ мекунанд, худ ва минбарҳои ифротиву тафриқаандозашонро «ҳомиву пуштибон» ва «сипару эътимод»-и халқ ҷилва медиҳанд ва бо даъвиву буҳтон, фиребу найранг ва дасисаҳои пайдарҳам ба сиёсати созандаи феълии Ҳукумати кишвар хати батлон кашиданӣ мешаванд.

Нашри матолиби муғризона дар сомонаҳои ифротӣ имрӯзҳо дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад, ки муаллифи нохалафи он хиёнаткори ашаддӣ, душмани миллату Ватан, фарди беномусу ноҷавонмард ва дур аз дину диёнат Муҳаммадиқболи Садриддин аст. Онҳо имрӯз на танҳо аз ҷавҳари ҷавонмардиву оини мусалмонӣ дуранд, балки шарти инсонӣ ҳам, ки диду амали нек аст, бегонаи онҳост. Ҳайф бар чунин бегонагони шаҳри инсоният ва нохалафону хиёнатпешагон!

Бо дарназардошти ин масъала мо бояд таҳлилгари ҷиддии сиёсию равонӣ ва мафкуравию идеологӣ бошем. Бо раҳнамоии Пешвои миллат устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ободу зебо гардондани сарзамини аҷдодӣ, пеш аз ҳама, ба густариши эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ вобастагии мустақим дорад. Пас, ин ҳақиқатро бишносему бо бегонагони шаҳри инсоният мубориза барем ва нагузорем, то нохалафон амнияти моро халалдор намоянд. Ба миллати азизам муроҷиат карда, хоҳиши онро дорам, ки ба ҳар гуна дасисабозиҳои ин шайтонсифатон фирефта нашаванд, ватану миллати хешро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд, зеро Ватан -Модар аст ва он мисли модар яктост.

 

Ҷаҳонгир Сафарзода,

директори Литсейи касбии техникии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

2026-03-12 10:21:31

НАВРӮЗИ АҶАМ ВА ЭҲЁИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

 
Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои башарият ба шумор меравад, ки таърихи чандҳазорсола дорад. Ин ҷашн аз тамаддуни қадимаи мардуми ориёӣ сарчашма гирифта, рамзи эҳёи табиат, оғози соли нав ва навшавии зиндагӣ мебошад. Дар фарҳанги мардуми тоҷик Наврӯз мақоми махсус дорад ва онро ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ ва миллӣ эҳтиром мекунанд. Бо гузашти замонҳо Наврӯз на танҳо ҳамчун ҷашни мардумӣ, балки ҳамчун рамзи ҳувияти миллӣ ва худшиносии фарҳангӣ низ шинохта шудааст. Эҳёи Наврӯз дар Тоҷикистон, махсусан дар давраи истиқлолият, ба рушди фарҳанг, анъанаҳо ва худогоҳии миллӣ таъсири бузург расонд.
Наврӯз калимаи форсӣ буда, маънояш «рӯзи нав» мебошад. Ин ҷашн ба оғози баҳор ва баробаршавии шабу рӯз рост меояд. Таърихи он ба давраи тамаддуни ориёӣ ва замони подшоҳони қадима, аз ҷумла ба давраи ҳукмронии Ҷамшед нисбат дода мешавад. Мувофиқи ривоятҳои бостонӣ, гуфта мешавад, ки Ҷамшед дар ҳамин рӯз ба тахт нишаста, мардумро ба зиндагии нав ва ободонӣ даъват кардааст.
Наврӯз дар давраҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла дар замони давлатҳои қадимаи эронитабор, давлати Ҳахоманишиён ва баъдтар дар замони Сосониён бо шукӯҳу шаҳомати зиёд таҷлил мешуд. Дар он давраҳо Наврӯз на танҳо ҷашни мардумӣ, балки ҷашни расмии давлатӣ низ буд.
Дар адабиёти классикии тоҷик низ ба Наврӯз аҳамияти калон дода шудааст. Шоирону мутафаккирони бузург ба монанди Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ ва Умари Хайём дар осори худ Наврӯзро ҳамчун рамзи зебоӣ, шодмонӣ ва эҳёи табиат васф кардаанд.
Дар давраи ҳукмронии Иттиҳоди Шӯравӣ таҷлили бисёр анъанаҳои миллӣ маҳдуд гардид. Наврӯз низ муддате расман ҷашн гирифта намешуд, зеро онро ҳамчун ҷашни динӣ ё миллӣ арзёбӣ мекарданд. Бо вуҷуди ин, мардуми тоҷик ин ҷашнро дар байни худ нигоҳ дошта, анъанаҳои онро пинҳонӣ ё дар доираи оила идома медоданд.
Дар деҳаҳо мардум то ҳол суннатҳои Наврӯзиро ба мисли пухтани суманак, тоза кардани хона, кишти рамзии дона ва баргузор кардани бозиҳои миллӣ нигоҳ медоштанд.
Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ дар Тоҷикистон ба маротиб зиёд гардид. Ҳукумати кишвар барои эҳёи анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, тадбирҳои зиёде андешид.
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад. Дар тамоми шаҳрҳо ва ноҳияҳо барномаҳои фарҳангӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои идона баргузор мегарданд. Соли 2010 бо ташаббуси кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардид. Созмони Милали Муттаҳид 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон кард. Ҳамчунин Наврӯз ба рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО дохил карда шуд.
Наврӯз бо расму оинҳои гуногун ҳамроҳ аст, ки ҳар кадоми онҳо маънои рамзӣ доранд. Яке аз анъанаҳои муҳим омода кардани дастархони идона мебошад. Дар дастархон одатан ҳафт навъи маҳсулоте гузошта мешавад, ки бо ҳарфи «син» оғоз меёбанд ва рамзи фаровонӣ ва баракат мебошанд.
Пухтани суманак ҳамчун рамзи баракат ва фаровонӣ, тоза кардани хона ва гирду атроф, шинонидани дарахтон ва гулҳо, бозиҳои миллӣ, аз ҷумла: гуштингирӣ ва аспдавонӣ, дидани хешу табор ва табрики ҳамдигар...
Ин анъанаҳо на танҳо ҷашнро зебо мегардонанд, балки рӯҳияи дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва меҳрубониро дар ҷомеа тақвият медиҳанд.
Наврӯз барои мардуми тоҷик танҳо як ҷашн нест. Он рамзи таърих, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ мебошад. Ин ҷашн наслҳоро бо гузашта мепайвандад ва арзишҳои ахлоқӣ ба мисли эҳтиром ба табиат, меҳрубонӣ ва ҳамдигарфаҳмиро тарғиб мекунад. Наврӯз инчунин ба рушди сайёҳӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷик дар ҷаҳон мусоидат мекунад. Дар рӯзҳои ҷашн меҳмонони зиёде аз кишварҳои гуногун ба Тоҷикистон меоянд ва бо фарҳанг, ҳунар ва суннатҳои тоҷикон шинос мешаванд.
Хулоса Наврӯзи Аҷам яке аз арзишмандтарин меросҳои фарҳангии мардуми тоҷик ва тамоми халқҳои форсизабон ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди мушкилоти таърихӣ, ин ҷашн аз миён нарафт ва имрӯз бо шукуҳу шаҳомати бештар эҳё шудааст. Эҳёи Наврӯз дар Тоҷикистон на танҳо эҳёи як ҷашн, балки эҳёи худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърих ва ҳифзи мероси фарҳангии ниёгон мебошад.
Наврӯз имрӯз ҳамчун пули фарҳангӣ байни гузашта ва оянда хизмат мекунад ва ба мардум умед, дӯстӣ ва эҳёи зиндагиро ба ёд меорад.
Бахтиёр Ҳайдаров – сардори бахши идоракунии сифати таҳсилоти МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор”
 
 

 
 
 

2026-03-12 08:54:59

НАВРӮЗ – РАМЗИ ЭҲЁИ ТАБИАТ ВА МУТТАҲИДИИ ҶОМЕА

«Наврӯз рамзи эҳёи табиат, покии қалбҳо ва оғози зиндагии нав мебошад.»
Эмомалӣ Раҳмон
Наврӯз, ки ҳамасола рӯзи 21-уми март таҷлил мегардад, на танҳо оғози соли нави ориёӣ барои тоҷикон ва дигар халқҳои минтақа мебошад, балки рамзи эҳёи табиат, шодобии инсон ва муттаҳидии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ин ҷашни бостонӣ аз ҳазорсолаҳо то имрӯз ҳамчун ҷузъи муҳими фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ рушд ёфта, дар замони муосир ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз шинохта шудааст.
Яке аз хусусиятҳои беназири Наврӯз арзишҳои иҷтимоӣ ва маънавии он мебошад. Дар ин рӯз одамон ба дӯстӣ, меҳрубонӣ ва ҳамкории созанда даъват карда мешаванд. Оилаҳо гирди ҳам ҷамъ омада, хешу табор ва дӯстони худро аёдат мекунанд, анъанаҳои қадимии худро эҳё менамоянд ва ба ҷавонон меомӯзонанд, ки дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро чун арзиши муҳими зиндагӣ қадр намоянд. Ин амалҳо на танҳо пайвандҳои оилавиро мустаҳкам мекунанд, балки муттаҳидии ҷомеаро низ тақвият мебахшанд.
Аз нигоҳи табиатшиносӣ, Наврӯз рамзи эҳёи муҳити зист мебошад. Бо фаро расидани баҳор барфҳо об мешаванд, замин сарсабз мегардад ва табиат ба зиндагии нав оғоз мекунад. Наботот месабзад ва ҳайвонот аз хоби зимистона бедор мешаванд. Ин раванд ба инсон низ таъсири рӯҳию равонӣ расонида, эҳсоси навшавӣ ва нерӯи тоза мебахшад. Ҳамоҳангии инсон бо табиат рамзи устувории ҳаёт ва идомаи анъанаҳои фарҳангӣ мебошад, ки аз насл ба насл интиқол меёбанд.
Дар замони муосир таҷлили Наврӯз бо дастгирии давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф шудааст. Ин рӯйдод на танҳо фарҳанг ва расму оинҳои халқҳои гуногунро муаррифӣ мекунад, балки барои рушди сайёҳӣ, таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ ва густариши ҳамдигарфаҳмӣ низ замина фароҳам меорад. Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон фестивалҳо ва чорабиниҳои фарҳангии Наврӯз баргузор мегарданд, ки дар онҳо намунаҳои санъат, ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги миллӣ ба намоиш гузошта мешаванд.
Дар баробари ин, Наврӯз ҷузъи муҳими тарбияи маънавӣ ва фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад. Ин ҷашн инсонро ба эҳсоси ҳамдилӣ ва ҳамраъйӣ водор намуда, арзишҳои умумибашарӣ — дӯстӣ, меҳрубонӣ, бахшиш ва ҳамкориро тақвият мебахшад. Дар ин замина, Наврӯз ҳамчун воситаи муҳими таҳкими фарҳанги миллӣ ва густариши робитаҳои дӯстонаи байни халқҳо нақши муассир мебозад.
Бо дарназардошти шароити муосир ва таҳаввулоти ҷаҳонӣ, таҷлили Наврӯз метавонад ҳамчун майдони ҳамкории фарҳангӣ ва мубодилаи таҷрибаҳо байни кишварҳо истифода шавад. Ин ҷашн нишон медиҳад, ки ҳифзи фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ на танҳо барои нигоҳ доштани мероси гузашта, балки барои эҷоди муҳити созанда ва таҳкими ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо низ аҳамияти бузург дорад.
Қобили қайд аст, ки Наврӯз танҳо як рӯйдоди суннатӣ нест, балки рамзи эҳёи табиат, тарбияи маънавӣ ва муттаҳидии ҷомеа мебошад. Тавассути таҷлили ин ҷашн наслҳои оянда метавонанд арзишҳои фарҳангии худро ҳифз намуда, эҳсоси масъулият нисбати муҳити зист ва ҷомеаро бештар дарк намоянд. Наврӯз ҳамчун ҷузъи муҳими фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ ҳамеша арзиши худро нигоҳ дошта, барои рушди маънавӣ ва иҷтимоии ҷомеа таъсири созанда хоҳад дошт.
Фаррухи Набӣ Ёрзода, мудири кафедраи экология ва фанҳои табиию риёзии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе

2026-03-12 08:50:26

НАВРӮЗ – РАМЗИ ЭҲЁИ ТАБИАТ ВА ВАҲДАТИ ИНСОНҲО

Наврӯз яке аз қадимтарин ва пуршукуҳтарин ҷашнҳои мардумони ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки бо фарорасии баҳор ва эҳёи табиат алоқаманд аст. Ин ҷашни бостонӣ таърихи ҳазорсолаҳо дошта, ҳамчун рамзи навшавии зиндагӣ, покии рӯҳу ҷисм ва оғози марҳилаи нави ҳаёт таҷлил мегардад.
Барои мардуми тоҷик Наврӯз танҳо як ҷашни мавсимӣ нест, балки қисми ҷудонашавандаи фарҳанг, тамаддун ва худшиносии миллӣ мебошад. Бо фарорасии Наврӯз табиат аз нав зинда мешавад: замин сабз мегардад, дарахтон гул мекунанд ва инсон низ худро бо табиат ҳамнаво эҳсос менамояд.
Наврӯз решаҳои амиқи таърихӣ дорад. Бисёре аз муҳаққиқон пайдоиши онро ба давраҳои бостонии тамаддуни ориёӣ нисбат медиҳанд. Аз замонҳои қадим мардуми ориёитабор фарорасии рӯзи баробаршавии шабу рӯз, яъне оғози баҳорро ҳамчун рӯзи аввали соли нав таҷлил мекарданд. Ин рӯз рамзи пирӯзии равшанӣ бар торикӣ, гармӣ бар сармо ва ҳаёт бар хомӯшӣ ба ҳисоб мерафт. Аз ҳамин ҷиҳат Наврӯз дар фарҳанги мардум ҳамчун иди умед, шодӣ ва некбинӣ ҷойгоҳи хос пайдо кардааст.
Дар фарҳанги тоҷикон Наврӯз бо расму оинҳои гуногун таҷлил мегардад. Омодагӣ ба ҷашн аз рӯзҳои пеш оғоз мешавад. Одамон хонаҳои худро тоза мекунанд, либосҳои нав мепӯшанд, дастархони идона ороста, бо рӯҳи шодмон ба истиқболи баҳор мебароянд. Яке аз анъанаҳои зебои Наврӯз омода намудани хӯрокҳои миллӣ, махсусан суманак мебошад, ки рамзи баракат, фаровонӣ ва файзи зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Пухтани суманак бо ҳамроҳии суруд, рақсу шодӣ ва ҷамъ омадани занону духтарон анҷом ёфта, ин раванд рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстиро тақвият медиҳад.
Наврӯз инчунин ҷашни ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамдигарбахшӣ мебошад. Дар ин рӯз одамон ба аёдати хешу табор ва ҳамсояҳо мераванд, кинаву адоватро фаромӯш мекунанд ва якдигарро бо фарорасии соли нав табрик мегӯянд. Маънии аслии Наврӯз низ дар ҳамин аст, ки инсон бояд бо дилу нияти пок, бо меҳру муҳаббат ва бо умеди нек ба соли нав қадам гузорад. Ин ҷашн мардумро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ даъват менамояд.
Бо гузашти вақт Наврӯз на танҳо дар кишварҳои форсизабон, балки дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон паҳн гардид. Имрӯз ин ҷашнро даҳҳо миллатҳо бо расму анъанаҳои гуногун таҷлил мекунанд. Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардида, арзишҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва маънавии онро ҷомеаи ҷаҳонӣ қадр менамояд. Ин ҳолат боз як далели равшани он аст, ки Наврӯз ҷашни сулҳ, дӯстӣ ва ҳамзистии осоиштаи мардумон мебошад.
Барои ҷомеаи имрӯза Наврӯз аҳамияти бузурги тарбиявӣ ва маънавӣ дорад. Ин ҷашн инсонро ба эҳтироми табиат, пок нигоҳ доштани муҳити зист ва пешбурди зиндагии созанда ҳидоят мекунад. Наврӯз ба мардум мефаҳмонад, ки зиндагӣ мисли табиат ҳамеша дар ҳаракат аст ва ҳар баҳор оғози умеди нав мебошад. Аз ин рӯ, инсон бояд ҳамеша ба оянда бо рӯҳи некбинӣ ва бо меҳнати созанда нигарад.
Дар маҷмӯъ, Наврӯз на танҳо як ҷашни таърихӣ, балки рамзи зиндагонии нав, эҳёи табиат ва покии рӯҳи инсон аст. Он мардумро ба шодӣ, дӯстӣ ва ҳамбастагӣ даъват намуда, арзишҳои олии инсонӣ ва фарҳангиро ҳифз мекунад. Барои мардуми тоҷик Наврӯз ифтихори миллӣ ва мероси гаронбаҳои фарҳангист, ки аз насл ба насл гузашта, то имрӯз бо тамоми шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Ин ҷашни бостонӣ ҳамеша паёмовари сулҳ, муҳаббат ва зиндагии нав барои тамоми инсоният хоҳад буд.

Хидиров Улуғбек, сардори раёсати таълими Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе

2026-03-11 10:37:18

МАТБУОТ-ОМИЛИ МУҲИМИ ТАҲКИМИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

«Матбуоти мо ба хотири муттаҳид намудани тамоми қувваҳои солими ҷомеа, пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол, расидан ба ваҳдати миллӣ, баргардонидани гурезаҳо, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи демократӣ, инкишоф додани иқтисодиёти мамлакат ва баланд бардоштани эътибори байналмилалии давлати тозаистиқлоли мо фаъолияти муассир нишон дод».
Эмомалӣ Раҳмон
Ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик яке аз арзишҳои муқаддас ва бунёдӣ ба ҳисоб меравад. Он барои ҷомеаи мо ҳамчун роҳнамое хизмат мекунад, ки дар заминаи он мардуми кишвар ба сӯи рушди устувор, пешрафт, ободонӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ қадам мегузорад. Барои ҳар як фарди ватандӯст сулҳу ваҳдат арзиши бебаҳо дошта, кафили зиндагии осоишта ва рушди устувори давлат мебошад.
Халқи тоҷик ҳамасола рӯзи 27 июн-ро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо эҳтиром ва ифтихори баланд таҷлил менамояд. Ин санаи таърихӣ дар сарнавишти давлату миллати тоҷик аҳамияти ниҳоят бузург дорад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз ҷанги шаҳрвандии кишвар ба анҷом расида, заминаи сулҳу субот ва рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам гардид.
Дар ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва таърихӣ мебошад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки аз соли 1992, замоне ки дар иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин фарзанди фарзонаву сарсупурдаи миллат ба роҳбарии давлат интихоб гардиданд, барои барқарор кардани сулҳу субот ва муттаҳид сохтани миллат бо садоқату ҷонфишонӣ мубориза бурданд.
Дар он солҳои бисёр душвор Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вартаи нобудӣ наздик шуда буд. Аммо бо талошҳои пайгирона, ҷасорату матонат ва масъулияти баланди ватандорӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд мардумро муттаҳид намуда, заминаи сулҳу оштии миллиро фароҳам созанд. Маҳз ба шарофати ҳамин ҷонфидоиҳо сулҳу ваҳдат дар кишвар барқарор гардида, ҳазорон гурезагони тоҷик ба Ватан баргаштанд.
Дар ин раванди муҳим воситаҳои ахбори омма, бахусус матбуот, радио ва телевизион, нақши бисёр муҳим бозиданд. Онҳо ба мардум моҳияти сулҳу ваҳдат, зарурати муттаҳидӣ ва аҳамияти нигоҳ доштани оромию суботро фаҳмонида, афкори ҷомеаро ба сӯи сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ роҳнамоӣ мекарданд Пеш аз он ки дар бораи нақши ВАО сухан гӯем, ба ёд овардани ғазали устоди шодравон Мавлоно Ашӯр Сафар бо номи «Ҷомаи Сулҳ ба тан омадаӣ» хеле бамаврид аст. Ин ғазал яке аз аввалин асарҳое буд, ки дар васфи сулҳу ваҳдат эҷод шуда, руҳияи мардумро боло бурд. Шоир чунин навишта буданд
Ҷомаи Сулҳ ба тан омадаӣ,
Ба даҳон қанди сухан омадаӣ.
Ба замин не, ба ҳаво не, ба куҷо?
Сар сари дидаи ман омадаӣ.
Ин қадар ҷома туро зеб диҳад,
Ба рухат акси рухи себ диҳад.
Ба нигоҳам қадамат гулбез аст,
Дар бағал боғу чаман омадаӣ.
Ҷомаи тоза муборак бошад,
Ҳусни шероза муборак бошад.
Раҳи пурнур дар он метобад,
Зи раҳи нурфикан омадаӣ.
Ба ҳамин ҷома дигар банд миён,
Ҷомаро дор нигоҳу мадарон,
Сари ҳар риштаву кукаш бахт аст,
Бахт дар бар ба ватан омадаӣ.
Тирамаҳ ранги баҳорон бигирифт,
Зиндагӣ аз сари нав ҷон бигирифт,
Оби ҷӯ соф шуд аз хуноба,
Марҳами реши бадан омадаӣ.
Ин шеър оғози як марҳилаи нав дар адабиёт ва публитсистика гардид. Шоирон, нависандагон, журналистон ва зиёиёни кишвар бо асарҳо ва навиштаҳои худ сулҳу ваҳдатро васф намуда, мардумро ба дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекардан. Бистунуҳ сол муқаддам, яъне 27 июни соли 1997, дар таърихи навини Тоҷикистони азиз рӯйдоди муҳими сиёсӣ ба амал омад. Дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Ин ҳуҷҷати таърихиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ ва намояндаи махсуси СММ Герд Дитрих Меррем имзо намуданд. Дар маросими имзои созишнома намояндагони давлатҳои гуногун ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок доштанд. Ин воқеа ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузошта, барои рушди устувори кишвар заминаи боэътимод фароҳам овард. Ҳамон рӯз тамоми воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ ин хабарро паҳн намуда, ба мардум аҳамияти сулҳу ваҳдатро шарҳ доданд.
Матбуоти даврии кишвар дар тарғибу ташвиқи сулҳу ваҳдат саҳми назаррас гузошт. Рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Халқ овозӣ», «Народная газета», инчунин нашрияҳои гуногуни соҳавӣ ва маҳаллӣ пайваста мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва таҳлилҳои гуногун нашр намуда, мардумро ба ҳифзи сулҳу ваҳдат даъват мекарданд.
Журналистон воқеан рисолати касбии худро дар назди миллат ва давлат иҷро намуда, дар таҳкими сулҳу субот ва муттаҳидии ҷомеа саҳми арзанда гузоштанд. Дар ин раванд радио низ нақши муҳим дошт. Барномаҳои радиои Тоҷикистон дар он рӯзҳои ҳассос минбари воқеии мардум гардиданд. Журналистон бо олимон, шоирон, нависандагон ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа суҳбатҳо анҷом дода, андешаҳои онҳоро дар бораи сулҳу ваҳдат ба мардум мерасониданд.
Яке аз барномаҳои машҳури он давра «Хоки Ватан» буд, ки бо роҳбарӣ ва идеяи профессор Иброҳим Усмонов таҳия мешуд.Ин барнома ҳамчун пуле миёни тоҷикони дохили кишвар ва гурезагони берун аз Ватан хизмат мекард. Садои радио ба гурезагони тоҷик умед мебахшид ва онҳоро ба бозгашт ба Ватан даъват менамуд. Телевизиони Тоҷикистон низ бо барномаҳои гуногун, аз ҷумла силсилаи барномаҳои «Оташи ҷанг ва парчами нанг», воқеаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва аҳамияти сулҳу ваҳдатро инъикос намуда, барои баланд бардоштани шуури миллӣ ва худогоҳии мардум мусоидат кард.
Бояд таъкид намуд, ки дар таҳкими сулҳу ваҳдат саҳми олимон, нависандагон ва журналистон хеле калон буд.Мақолаҳо ва таҳлилҳои олимони маъруф, инчунин шеърҳои шоирони тоҷик дар васфи ваҳдат мардумро ба дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекарданд.
Ҳамчунин дар матбуот андешаҳои муҳим ва арзишманди роҳбарияти кишвар низ нашр мегардиданд.Аз ҷумла, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо субботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд». Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар роҳи рушди устувор қарор дорад. Ҳифзи ин неъмати бебаҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Дар анҷом мехоҳем бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳоро ҷамъбаст намоям: «Ин ҷашн рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».
Бигузор сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз поянда ҳамеша поянда бошад.
Одилов Тоҳир, муовини директор оид ба илм ва робитаҳои хориҷии Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ, аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

2026-03-11 10:03:14

ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТ

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма, аҳли қалам!

Матбуот ҳамчун рукни асосии ҷомеаи муосир андешаи иҷтимоиро ташаккул медиҳад. Рисолати он дар таъмини маълумоти дақиқ ва воқеӣ, таълими ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои фарҳангию миллӣ муайян мешавад. Воситаҳои ахбори омма, махсусан матбуот, аз ҷумла рӯзномаву маҷаллаҳо бояд ҳамеша дар таҳлили мавзӯъҳо устувор ва мустақил бошанд, то шаҳрвандон тавонанд қарорҳои огоҳона қабул кунанд ва дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намоянд.

Рӯзи матбуоти тоҷик падидаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат мебошад. Он бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 инҷониб таҷлил карда мешавад. Рӯзи матбуоти тоҷик ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ - «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд, иртибот дорад.

Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нақш ва ҷойгоҳи аҳли матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар пешбурди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа чунин иброз намудаанд, ки «имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург мебошад».

Бо вуҷуди аҳамияти баланди матбуот дар рушди ҷомеа, имрӯз ВАО дар Тоҷикистон бо як қатор чолишҳо ва мушкилот рӯбарӯ мебошанд. Яке аз муҳимтарин онҳо масъалаи молиявӣ аст, чун бисёре аз нашрияҳо буҷети маҳдуд доранд ва вобастагӣ ба манбаҳои берунӣ метавонад ба сифати мавод ва миқдори саҳифа таъсир расонад.

Имрӯз дар идораҳои ВАО мушкилоти кадрӣ низ вуҷуд дорад, чун сатҳи тахассус ва омӯзиши журналистон дар баъзе минтақаҳо кофӣ нест. Бо илова бар ин, таъсири иқтисодӣ метавонад ба озодии баён таъсир расонад, ки ин барои рисолати матбуот чолиши ҷиддӣ мебошад. Дар даврони муосир, рақобат бо шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои онлайн низ масъалаи нав эҷод кардааст, зеро хонандагон бештар ба иттилооти интернетӣ дастрасӣ доранд ва нашрияҳо бояд ба форматҳои нави иттилоотӣ мутобиқ шаванд.

Муҳаққиқон таъкид мекунанд, ки матолиби матбуот бояд ҳамеша дақиқ ва воқеӣ бошад ва ҳадафаш иттилоотдиҳӣ ва огоҳии ҷомеа бошад, на таблиғи шахс ё гуруҳе. Барои ҳалли мушкилоти мавҷуда роҳҳои зерин пешниҳод мешаванд, чун дастгирии молиявӣ ва институтсионалӣ барои таҳияи маводҳои таҳлилӣ; такмили тахассус ва омӯзиши журналистон тавассути семинарҳо ва тренингҳо; муҳайё кардани шароит барои озодии баён ва дастрасӣ ба маълумоти расмӣ; мутобиқшавӣ ба технологияҳои муосир, истифодаи веб-платформаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои расонидани хабар ба аудиторияи васеъ; ва ҳамкории фаъол бо ҷомеа ва ташкилотҳои шаҳрвандӣ барои таҳияи мавод ва муҳокимаи мавзӯъҳои иҷтимоӣ.

Ҳақ ба ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фармудаанд: «Матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадиру муассир мерасонанд. Онҳо, хусусан, дар таҳаввулоти самтҳои рушди ҷомеа, табдили мафкураҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хосса касб менамоянд”.

Соли равон журналистони мамлакат 114-солагии матбуоти миллиро ҷашн мегиранд. Матбуоти тоҷик дар масири таърих шебу фарози зиёдеро паси сар намуда, дар инъикоси дастовардҳои тамоми соҳаҳои ҷомеа ва боло бурдани маърифат, ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ саҳми арзанда ва назаррас гузоштааст.

Низоми воситаҳои ахбори оммаи даврони истиқлол баёнгари мафкураи миллӣ ва орзую омоли халқи Тоҷикистон гардид, ки дар заминаи матбуоти расмии ҳукуматӣ ва матбуоти расмии ғайриҳукуматӣ ташаккул пазируфт. Агар солҳои 90-ум дар кишвар ҳамагӣ 139 рӯзномаю маҷалла (аз ин 4 хусусӣ) вуҷуд дошт, ҳоло ин шумора ба 395 расидааст, ки аз он 104 ададаш рӯзномаву маҷаллаҳои хусусӣ мебошанд. Ин нишондиҳанда баёнгари муҳити озоди фаъолияти эҷодӣ ва таваҷҷуҳи сиёсати давлатӣ нисбат ба воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи кадрии соҳаи воситаҳои ахбори омма диққати махсус равона намудааст. Имрӯз дар беш аз 10 муассисаи таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймумин Раҳимов ва ҳатто дар якчанд коллеҷу омӯзишгоҳҳо низ журналистони ҳирфаиро омода мекунанд, ки ин аз таваҷҷуҳи ҷиддии давлат ба базаи кадрии соҳа гувоҳӣ медиҳад.

Аҳамияти воситаҳои ахбори омма дар ҳифзи манофеи миллӣ, ташаккули худшиносӣ ва мафкураи миллӣ, рақобат дар набардҳои иттилоотӣ имрӯз хеле боло рафтааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки «ҳифзи манофеи миллию давлатиамон дар асри ҷаҳонишавӣ ва бархурдҳои геополитикӣ вазифаи аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа, махсусан воситаҳои ахбори омма маҳсуб мешавад». Дар асри XXI, ки онро пажуҳишгарон ҳамчун «асри иттилоот», «асри ташаннуҷи набардҳои иттилоотӣ» ном мебаранд, воситаҳои ахбори омма чун силоҳи амниятии муқтадири стратегӣ истифода мегарданд. Ин абзори тавоно чун василаи муҳими таъсиррасонӣ ба шуури ҷамъиятӣ дар идоракунии равандҳои сиёсии кишварҳо нақши бориз ва нотакрор дорад.

Ҳамин тавр, дар фазои муосири иттилоотӣ, ки бо рушди босуръати технологияҳо ва афзоиши манбаъҳои гуногуни хабар тавсиф мешавад, нақши нашрияҳои соҳавӣ боз ҳам муҳимтар мегардад. Рӯзномаи «Ҷаҳони ҳунар»-и Кумита дар чунин муҳит ҳамчун як минбари фарҳангӣ ва иттилоотӣ мавқеи хоси худро пайдо кардааст. Нашрия бо инъикоси масъалаҳои марбут ба касбомӯзӣ, ҳунар, фарҳанг, эҷодкорӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар ташаккули андешаи фарҳангии ҷомеа саҳми назаррас мегузорад.

Яке аз вижагиҳои муҳими рӯзномаи «Ҷаҳони ҳунар» таваҷҷуҳ ба муаррифии ҳунармандони миллӣ ва намояндагони касбу ҳунарҳои коргарӣ мебошад. Нашрия тавассути мусоҳибаҳо, мақолаҳои бадетю таҳлилӣ ва гузоришҳои иттилоотӣ фаъолияти ин эҷодкоронро ба ҷомеа муаррифӣ намуда, барои густариши муҳити ҳунар ва эҳёи анъанаҳои миллӣ мусоидат мекунад. Ин раванд ба баланд бардоштани завқи фарҳангии хонандагон ва ҳифзи мероси фарҳангии миллат мусоидат менамояд.

Дар шароите, ки қисми зиёди иттилоот аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад, нашрияҳои касбӣ вазифаи муҳим, чун пешниҳоди иттилооти санҷидашуда ва таҳлилшударо иҷро мекунанд. Рӯзномаи «Ҷаҳони ҳунар» низ дар ин самт бо пешниҳоди маводи таҳлилӣ ва фарҳангӣ талош мекунад, ки хонандагон на танҳо аз рӯйдодҳо огоҳ шаванд, балки моҳият ва арзиши фарҳангии онҳоро низ дарк намоянд. Ин гуна матолиб ба ташаккули андешаи таҳлилӣ ва баланд гардидани сатҳи маърифати фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунанд.

Рӯзнома дар фазои матбуоти имрӯз ҳамчун як нашрияи соҳавии фарҳангӣ нақши муҳим мебозад. Он бо муаррифии ҳунар, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди фарҳанги иттилоотӣ ба ташаккули ҷомеаи маърифатнок ва фарҳангдӯст саҳм мегузорад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати иттилоотӣ, чунин нашрияҳо метавонанд ҳунар ва фарҳанги миллиро ба ҷомеа ва наслҳои оянда муаррифӣ намоянд.

Имрӯз рӯзноманигорони мо дар тамоми навъи воситаҳои ахбори омма фаъолияти назаррас доранд. Мутмаинем, ки онҳо рисолати муқаддаси касбиашонро масъулиятшиносонаю сарбаландона иҷро мекунанд, ба манфиати халқу Ватан, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи сулҳу суботи кишвар, ҳимояи манофеи милливу давлатӣ, муаррифии дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи минтақавию ҷаҳонӣ ва ташаккули фазои ягонаи иттилоотӣ хизмати содиқонаву софдилона анҷом медиҳанд.

Ҳамаи Шуморо ба муносибати ин ҷашни қаламкашон самимона шодбош гуфта, бароятон сухани бурро, неруи тавоно ва сарбаландию тансиҳатиро орзумандам. Рӯзи матбуоти тоҷик муборак бод!

 

2026-03-10 15:28:14

ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

аз 10 марти соли 2026 №119
ш. Душанбе

Дар бораи Муассисаи давлатии «Академияи сайёҳӣ»-и
Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ
ва соҳибкории Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаҳои 52, 53 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии «Академияи сайёҳӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» таъсис дода шавад.

2. Оиннома ва сохтори Муассисаи давлатии «Академияи сайёҳӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 10 марти соли 2026 №120
ш. Душанбе

Дар бораи Муассисаи давлатии «Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ»- и
Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаҳои 52, 53 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии «Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» таъсис дода шавад.

2. Оиннома ва сохтори Муассисаи давлатии «Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 10 марти соли 2026 №121
ш. Душанбе

Дар бораи Муассисаи давлатии «Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия»-и
Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаҳои 52, 53 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии «Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» таъсис дода шавад.

2. Оиннома ва сохтори Муассисаи давлатии «Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

2026-03-10 15:13:40

ШАРҲИ ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУАССИСАҲОИ ДАВЛАТИИ «АКАДЕМИЯИ САЙЁҲӢ», «ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ДИПЛОМАТИЯ» ВА «ДОНИШКАДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ»

Имрӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муассисаҳои давлатии «Академияи сайёҳӣ», «Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия» ва «Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба имзо расиданд.

Дар ҷаҳони имрӯз қудрати давлатҳо ба илму дониш ва ҷаҳонбинии шаҳрвандони онҳо вобаста буда, маҳз насли хушсаводу донишманд ва соҳибилму соҳибтахассус метавонад рушди иқтисодию иҷтимоии Ватани худро таъмин намояд.

Ин масъала зери таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ҳамасола дар кишвари маҳбубамон садҳо муассисаҳои нави таълимӣ сохта, ба истифода дода мешаванд ва барои наврасону ҷавонон шароити замонавии илмомӯзӣ фароҳам мегардад.

Бо дарназардошти афзалияти бештар пайдо намудани соҳаи сайёҳӣ, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди ҷомеа аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самтҳо иқдомҳои натиҷабахш амалӣ гардида истодаанд.

Таъсиси ин муассисаҳои таълимиро, ҳамчунин нишонаи пешсафии Тоҷикистон дар татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» аз 25-уми июли соли 2025, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шуда буд, номидан мункин аст.

Маҳз ҳамин ташаббускорӣ ва пешсафиҳост, ки Тоҷикистон ба узвияти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ва шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ пазируфта шуданд. Эълон гардидани шаҳри Душанбе – пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021, ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил гардидани мавзеҳои таърихӣ ва арзишҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси кишвари азизамон дар ин соҳа мебошад.

Бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» қабул карда шуд, ки ин тадбирҳо барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат такони ҷиддӣ бахшиданд.

Дар ин самт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардида, дар он ҳадафҳои асосӣ, аз ҷумла, рушди инфрасохтори рақамӣ, омодасозии мутахассисони соҳаи зеҳни сунъӣ, татбиқи зеҳни сунъӣ дар иқтисодиёт, истифодаи технологияҳои зеҳнӣ дар идоракунии давлатӣ ва рушди таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ пешбинӣ гардидаанд.

Дар ин раванд ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳибкасб, забондон ва дорои донишҳои замонавӣ дар бахшу соҳаҳои болозикр бо иқдоми навбатии Пешвои миллат дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис ёфтани муассисаҳои давлатии «Академияи сайёҳӣ», «Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия» ва «Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ» идомаи сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, барои соҳибкасб гардидани ҷавонон имкониятҳои навро фароҳам меоранд.