ИҶЛОСИЯИ ПАНҶУМИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАЪВАТИ ҲАФТУМ
2026-02-09 10:09:13
Имрӯз
дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи панҷуми
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Нахуст,
аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои дахлдорро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби
котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 31 масъала қабул намуданд.
Зимни
муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини
асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, оид ба
масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия
ва оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон,
ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои
байнипарламентӣ хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда
иброз доштанд.
Тибқи
рӯзнома аъзои Маҷлиси миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи
маблағҳои фонди захиравии Бонки миллии Тоҷикистон», ки дар шакли мукаммал қабул
гардидааст, инчунин, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани
тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид
намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи
ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии
Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси
ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани
тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии
Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии
Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии
Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси
нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.
Пас аз
муҳокимаи ҳамаҷонибаи аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба
ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
истеҳсолоти иҷро», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи рӯзҳои ид», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо»,
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
хоҷагии ёрирасони шахсӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», «Оид ба ворид
намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо
партовҳои радиоактивӣ», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга»,
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
таъмини ченаки ягона», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилоти маводи таркандаи таъиноти
гражданӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи хариди давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» ва
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ ёфтанд.
Дар
асоси пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарорҳои Маҷлиси миллӣ
Кенҷазода Муҳаммадҷалолиддин Тош ва Ғуломзода Сафарбек Салом бо сабаби ба охир
расидани муҳлати ваколат аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд
карда шуданд.
Ҳамчунин,
бо қарорҳои Маҷлиси миллӣ Кенҷазода Муҳаммадҷалолиддин Тош, Ғуломзода Сафарбек
Салом, Сафарзода Маҳинабону Файзулло ва Раҳмонзода Икром Раҳмонқул судяҳои Суди
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, Нурализода Одил Бобохуҷа судяи Суди Олии
иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуданд.
Дар
идомаи иҷлосия ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи
ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар соли 2025 шунида шуд.
Зимни
муҳокимаи масъалаи мазкур Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба
таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пурзӯр кардани назорати риояи дақиқ ва
иҷрои якхелаи қонунҳо, бахусус, дар самти истифодаи замин ва шаҳрсозӣ, Қувваҳои
Мусаллаҳ ва сохторҳои ҳарбӣ, пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор
дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Муҳтарам
Рустами Эмомалӣ аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва намояндагони васоити ахбори омма
ҷиҳати шарҳу тавзеҳ ва ба аҳолӣ фаҳмондани мазмуну моҳияти тағйиру иловаҳои ба
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида дар самти
пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои
автомобилгард даъват ба амал оварданд.
Ҳамчунин,
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ
ба аъзои Маҷлиси миллӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста ба вусъат
бахшидани корҳои тозагию ободонӣ, истиқболи сазовори ҷашни Наврӯзи
байналмилалӣ, омодагӣ ба мавсими киштукор ва даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати
ҳарбӣ супоришҳои дахлдор баён намуданд.
Бо
ҳамин, иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати
ҳафтум ба кори худ анҷом бахшид.