МАЪРИФАТИ ОИЛАДОРӢ - ЗАМИНАИ ПЕШГИРИИ ПОШХӮРИИ ОИЛАҲО
2026-02-09 10:17:36
Оила
ҳамчун асоси ҷомеа дар фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик мавқеи хоса дорад. Дар
паёмҳои худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба аҳаммияти оила,
маърифати оиладорӣ ва роҳҳои пешгирии пошхӯрии оилаҳо таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.
Ин мавзуъ омили муҳими таъмини суботи ҷомеа ва рушди устувори кишвар мебошад.
Пешвои
миллат дар яке аз суханрониҳои худ таъкид карданд, ки “Фарзанд тарзи дурусти
оиладорӣ ва муносибату муоширатро бевосита аз падару модари худ меомӯзад”. Ин
ишора ба он аст, ки оила мактаби аввалини тарбияи инсон аст. Маърифати
оиладорӣ, аз ҷумла омӯзиши эҳтироми якдигар, сабру таҳаммул, масъулиятшиносӣ ва
идораи дурусти муносибатҳои оилавӣ, барои пойдории оила нақши калидӣ дорад.
Ба
гуфтаи Роҳбари давлат, яке аз сабабҳои асосии низоъҳо дар оилаҳои ҷавон омода
набудани онҳо ба ҳаёти мустақилона аст. Ба таъкиди Пешвои миллат, “Иддае аз
падару модарон фарзандонро ба зиндагии мустақилона дуруст омода намесозанд,
онҳоро соҳиби касбу ҳунар намекунанд ва дар тафаккурашон сабру таҳаммулро ҷой
намедиҳанд”. Ин нукта нишон медиҳад, ки барои баланд бардоштани маърифати
оиладорӣ на танҳо худи ҷавонон, балки падару модарон ва ҷомеа низ бояд
масъулият эҳсос кунанд.
Барои
тақвияти маърифати оиладорӣ Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат як
қатор тадбирҳо андешидааст. Аз ҷумла, таъсиси марказҳои омӯзишӣ, баргузории
семинарҳо ва чорабиниҳои маърифатӣ барои ҷавонон ва оилаҳо дар шаҳру ноҳияҳо
афзоиш ёфтааст.
Инчунин,
тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаҳои иттилоотӣ роҳандозӣ
мешаванд, ки дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум мусоидат мекунанд.
Пошхӯрии
оилаҳо, бахусус дар байни ҷавонон, солҳои охир ба мушкили ҷиддии иҷтимоӣ табдил
ёфтааст. Пешвои миллат дар ин бора изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуданд, ки
“Афзоиш ёфтани ҷудошавии оилаҳои ҷавон солҳои охир боиси ташвиши ҷиддии аҳли
ҷомеа гардидааст”.
Мувофиқи
таҳлилҳои мутахассисон, сабабҳои асосии ин мушкил дар омода набудани ҷавонон ба
ҳаёти оилавӣ, набудани малакаҳои идораи низоъҳо ва таъсири омилҳои иқтисодиву
иҷтимоӣ, аз қабили муҳоҷирати меҳнатӣ ва фишорҳои молиявӣ, зоҳир мегарданд.
Илова
бар ин, Пешвои миллат ба аҳаммияти таҳсил ва касбомӯзии духтарон таваҷҷуҳи хос
зоҳир мекунанд. Сарвари давлат таъкид карданд, ки “ҳар як духтар бояд баробари
писарон таҳсил намояд, дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва соҳиби хушбахтии ояндаи
хеш гардад”. Ин дастур ба он нигаронида шудааст, ки занони соҳибмаърифат ва
мустақили иқтисодӣ метавонанд дар таҳкими оила нақши муҳим бозанд ва аз омилҳои
беруна эмин бошанд.
Пешвои
миллат таъкид кардаанд, ки масъулияти таҳкими оила ба зиммаи ҷомеа ва давлат
вогузор аст. Дар ин росто, Ҳукумати кишвар барои дастгирии оилаҳо, бахусус
оилаҳои камбизоат, чораҳои зиёде андешидааст. Барои пешгирии пошхӯрии оилаҳо
зарур аст, ки омӯзиши арзишҳои миллӣ, тақвият дода шаванд. Дар ин замина,
Пешвои миллат ба нашри китобҳои арзишманд, аз қабили “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва
“Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва ба ҳар як оила тӯҳфа кардани он дастур додаанд,
ки ин асарҳо барои баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва маърифати ҷавонон
мусоидат мекунанд.
Маърифати
оиладорӣ ва пешгирии пошхӯрии оилаҳо аз масъалаҳои муҳимест, ки дар сиёсати
иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат мавқеи марказӣ дорад.
Таҳкими оила масъулияти шахсии ҳар як фард аст. Тавассути баланд бардоштани
сатҳи маърифати оиладорӣ, таъмини баробарии гендерӣ, коҳиши фишорҳои иқтисодӣ
ва эҳёи арзишҳои миллии оиладорӣ метавон ба суботи оилаҳо ва дар маҷмуъ, ба
пешрафти ҷомеа ноил гардид.
Шарифҷон
ОТАҶОНОВ,
омӯзгори
калони кафедраи педагогика ва психологияи
Коллеҷи
омӯзгории шаҳри Хуҷанд
МАЪРИФАТИ
ОИЛАДОРӢ - ЗАМИНАИ ПЕШГИРИИ ПОШХӮРИИ ОИЛАҲО