Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ТАРБИЯ - ОМИЛИ МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ
single-product

ТАРБИЯ - ОМИЛИ МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

2026-02-09 11:07:52

Дар шароити муосири рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки таҳдидҳои амниятӣ на танҳо шакли ҷисмонӣ, балки хусусияти идеологӣ ва иттилоотиро низ касб намудаанд, масъалаи амнияти фикрӣ ба яке аз самтҳои калидии таъмини суботи ҷомеа табдил ёфта, муқовимат бо терроризм ва экстремизмро дар қатори дигар самтҳои сиёсати таъмини амниятӣ ба мавқеи аввал мебарорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ бо дарки амиқи хатарҳои мазкур, мубориза бо терроризм ва экстремизмро яке аз вазифаҳои муҳимми сиёсати давлатӣ қарор додааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки терроризм ва экстремизм падидаҳои бегона ба фарҳанг, тамаддун ва арзишҳои миллии тоҷикон мебошанд. Дар баробари тадбирҳои ҳуқуқӣ ва амниятӣ, Сарвари давлат ба масъалаи тарбия, маърифат ва ташаккули ҷаҳонбинии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.

Бо дарки амиқи масъалаи мазкур метавон иброз намуд, ки тарбияи шаҳрвандӣ на танҳо дар раванди ташаккули шахсияти иҷтимоиву сиёсии инсон, балки дар боло бурдани эҳсоси муҳаббат ба Ватан, дарки масъулият дар ҳифзи давлат, қонун, ҷомеа ва арзишҳои умумиинсонӣ нақши бориз дошта метавонад.

Бе тарбияи шаҳрвандӣ ташаккули ҷомеаи устувор ва муттаҳид имконнопазир аст. Ҳамин аст, ки шаҳрванди тарбияёфта ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро мешиносад, ба қонун эҳтиром мегузорад ва дар баробари ин, дорои тафаккури интиқодӣ мебошад. Дар ҳолати баръакс, яъне ҷой надоштани тарбияи шаҳрвандӣ ва маърифати сиёсӣ метавонад заминаи мусоид барои паҳншавии ақидаҳои ифротӣ гардад. Аз таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат бар меояд, ки «Нодонӣ ва ҷаҳолат заминаи асосии гаравидани баъзе ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро мебошад». Аз ин рӯ, тарбияи шаҳрвандӣ бояд ҳамчун сипари маънавӣ дар муқовимат бо терроризм хизмат намояд.

Амнияти миллӣ мафҳуми фарогир буда, танҳо бо тадбирҳои низомӣ маҳдуд нашуда, балки ба ҳифзи зеҳн ва шуури шаҳрвандон аз таъсири ғояҳои ифротгароёна, таблиғоти бардурӯғ ва таҳрифи арзишҳои миллӣ низ нигаронида шудааст. аз ин лиҳоз ҷомеае, ки дорои амнияти фикрии устувор мебошад, ба осонӣ зери таъсири даъватҳои ифротӣ қарор намегирад. Дар ин раванд, тарбияи шаҳрвандӣ ҳамчун омили асосии ташаккули тафаккури солим ва масъулиятшиносӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр намудаанд, ки ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Аз ин гуфтаҳо метавон хулоса намуд, ки амнияти миллӣ рисолати умумии ҷомеа мебошад. Дар ин ҷода, яъне таъмини амнияти фикрӣ нақши ҷавононро метавон муҳим арзёбӣ намуд. Онҳо қишри фаъоли ҷомеа ва ояндасози давлат буда, ҳамзамон аз лиҳози равонӣ ва иҷтимоӣ осебпазир мебошад

 Гуруҳҳои ифротгаро бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои иттилоотӣ кӯшиш мекунанд тафаккури ҷавононро таҳти таъсир қарор диҳанд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ, тарбияи шаҳрвандӣ ва ҳушёрии иттилоотии ҷавонон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ аз мушкилотҳои ҷойдошта даъват ба амал оварданд, ки «Ҷавонони мо бояд зираку ҳушёр бошанд, фирефтаи ҳар гуна даъватҳои ифротӣ нагарданд ва ояндаи худро зери хатар нагузоранд». Ин даъват аз аҳамияти баланди тарбияи шаҳрвандӣ ва ташаккул додани маърифати сиёсӣ дар муҳити ҷавонон шаҳодат медиҳад.

Дар ин асно соҳаи маориф дар тарбияи шаҳрвандони масъул, худогоҳ ва содиқ ба арзишҳои давлатдорӣ нақши муассир гузошта метавонад. Муассисаҳои таълимӣ на танҳо макони омӯзиши илм, балки муҳити тарбия ва шаклгирии ҷаҳонбинии шаҳрвандӣ ба ҳисоб мераванд. Дар натиҷаи тадриси фанҳои таърих, ҳуқуқ, ҷомеашиносӣ, фарҳанг ва адабиёт толибилмон на танҳо бо донишҳои назариявӣ муҷаҳҳаз мегарданд, балки тарбияи шаҳрвандии онҳо низ ташаккул меёбад. Дар ҷараёни омӯзиши ин фанҳо дар шуури хонандагон ҳисси худшиносии миллӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, эҳтиром ба қонун, арзишҳои ахлоқӣ ва таҳаммулпазирии иҷтимоӣ ташаккул меёбад.

Тавассути таҳлили рӯйдодҳои таърихӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ, равандҳои иҷтимоӣ ва осори фарҳангию адабӣ, донишҷӯён арзиши истиқлолият, давлатдорӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дарк намуда, муносибати бошуурона нисбат ба ҷомеа ва давлат дар онҳо ташаккул меёбад. Бо ин роҳ, фанҳои мазкур ҳамчун василаи ҳамгироии таълим ва тарбия баромад намуда, дар омода сохтани шаҳрвандони худогоҳ, масъул ва содиқ ба арзишҳои давлатдорӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Омӯзгор бошад, ҳамчун тарбиятгар ва роҳнамо метавонад дар дили шогирдон муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба қонун ва нафрат нисбат ба зӯровариро парвариш намояд. Соҳаи таҳсилоти касбӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии шаҳрвандӣ нақши калидӣ дорад. Муассиса на танҳо макони омӯзиши илм, балки муҳити тарбия ва шаклгирии шахсият мебошад. Бо дарки аҳамияти нақши боризи омӯзгор дар тарбияи шаҳрвандӣ, Пешвои миллат ба он чунин баҳо додаанд: «Мактаб ва омӯзгор пояи асосии тарбияи инсон ва ҷомеаи солим мебошанд». Ин гуфтаҳо масъулияти бузурги омӯзгоронро дар пешгирии ифротгароӣ таъкид мекунанд.

Аз ин лиҳоз, омӯзгор тарбиятгар ва роҳнамо мебошад. Рафтор, сухан ва мавқеи шаҳрвандии омӯзгор метавонад ба ҷаҳонбинии шогирд таъсири амиқ расонад. Омӯзгори дорои мавқеи устувори шаҳрвандӣ метавонад дар дили хонанда ва донишҷӯ муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба қонун ва нафрат ба зӯровариро парвариш намояд. Ҷойи дигар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «Омӯзгорон меъморони тафаккур ва ояндаи миллат мебошанд». Вобаста ба ин, нақши омӯзгор дар муқовимат бо терроризм ва экстремизм бениҳоят муҳим аст.

Бинобар фарогир будани тарбияи шаҳрвандӣ, ташаккули он на танҳо вазифаи муассисаи таълимӣ, балки оила ҳамчун ниҳоди аввалини иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Муҳити солими оилавӣ, муоширати дуруст ва назорати падару модар метавонад ҷавононро аз роҳҳои хатарнок эмин нигоҳ дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ зикр кардаанд: «Агар оила дар тарбияи фарзанд бетараф бошад, дигарон ин холигиро пур мекунанд». Ин суханон зарурати ҳамкории зичи оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеаро талаб менамоянд.

Омили дигари таъсирасон ин васоити ахбори омма дар муборизаи иттилоотӣ бар зидди экстремизм маҳсуб меёбад. Паҳн намудани иттилооти саҳеҳ, анҷом додани таҳлили воқеӣ ва ошкор сохтани моҳияти аслии гурӯҳҳои ифротгаро ба болоравии сатҳи ҳушёрии ҷомеа мусоидат намуда, фазои иттилоотиро солим мегардонад. Дар натиҷа, ҷомеа қобилияти фарқ намудани иттилооти дурустро аз ғаразнок ва таҳрифшударо пайдо мекунад.

Хулоса, тарбияи шаҳрвандӣ, метавонад дар таъмини амнияти фикрӣ ҳамчун пояи асосии суботи ҷомеа ва омили муҳими пешгирии терроризм ва экстремизм нақши муассир гузорад. Дар маҷмуъ таъмини амнияти миллӣ танҳо дар ҳолате имконпазир мегардад, ки тарбияи шаҳрвандӣ ҳамчун раванди доимӣ ва фарогир дар заминаи ҳамкории зичи мактаб, омӯзгор, оила ва ҷомеа амалӣ гардад. Ҷомеае, ки дорои шаҳрвандони огоҳ, масъул ва ватандӯст мебошад, қодир аст ба таҳдидҳои ифротгароӣ муқовимати устувор нишон дода, рушди амн ва устувори ояндаро таъмин намояд.

Наҷибулло РАБИЗОДА,

директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе