Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2025-06-25 17:26:55

Ифтитоҳи 7 муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Ванҷ

25.06.2025

https://president.tj/event/news/51280

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Мармар стоун” ба таври маҷозӣ 7 муассисаи таълимии томактабӣ, ки дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғуҷовасти ноҳияи Ванҷ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Муассисаҳои таълимии томактабии навбунёд аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст. Дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Иҷрои корҳои сохтмонии муассисаҳои мазкур моҳҳои феврал-июни соли 2025 ҷараён ёфтааст.

Мувофиқи маълумот 4 муассисаи таълимии томактабӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва 3 муассисаи дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудааст.

Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур ба мушкилоти фарогирии кӯдакон ба зинаи аввали таҳсилот дар ин деҳаҳои дурдаст хотима мебахшад.

Муассисаҳои таълимии томактабӣ дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар хусуси бунёду барқарорсозии муассисаҳои томактабӣ баён гардида буд, сохта шудааст.

Тадбири мазкур аз як тараф иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ низ ҳаст.

Дар муассисаҳои томактабии навтаъсис 17 гуруҳи таълимӣ амал намуда, машғулиятҳо бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар деҳаҳои дурдаст, хусусан минтақаҳои кӯҳӣ таъсис додани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба истифода додани онҳоро туҳфаи арзанда ба кӯдакон маънидод карданд.

Қобили зикри хос аст, ки ҳоло дар ноҳияи Ванҷ 2 ҳазору 867 кӯдаки синни томактабӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бо бунёд гардидани 7 муассисаи томактабӣ, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 38 фоиз баробар мегардад. Аз ин бармеояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилоти томактабӣ ва муҳайёсозии инфрасохтор дар ин зинаи таълим ҳамеша даст ба кор аст ва натиҷаҳо низ дар ин раванд бороваранд.

Бояд гуфт, ки тарбия ва ба таҳсили хушсифат фаро гирифтани насли наврас аз ҳадафҳои муҳимми давлат дониста мешавад ва талошҳо ба он равона шудаанд, ки кӯдакон дар шароити хуб парвариш ёфта, оянда барои пешрафти диёри худ саҳми арзанда гузоранд.

2025-06-25 17:23:16

Ифтитоҳи толори варзишӣ дар ноҳияи Ванҷ

25.06.2025

https://president.tj/event/news/51276

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Убари даргови деҳоти Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ толори варзиширо ифтитоҳ намуданд.

Иншооти варзишӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он инфрасохтор барои ба машқу тамрин фаро гирифтани дӯстдорони варзиш муҳайё гардидааст.

Масоҳати умумии иншооти варзишӣ 615 метри мураббаъро ташкил дода, аз толори асосӣ, тенниси рӯи миз, ҳуҷраҳои маъмурият, ивази либос ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Иқдоми бунёди иншооти варзишӣ дар ноҳияи Ванҷ идомаи мантиқии сиёсати варзишпарваронаи Ҳукумати кишвар унвон мешавад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бобати рушди соҳаи варзиш ва амалинамоии барномаву стратегияҳои давлатӣ дар ин самт дар дигар минтақаҳои дурдасти ноҳия бунёди иншооти варзишӣ дар назар дошта шуда, ҳоло кор дар ин самт идома дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои бунёдӣ баҳои баланд дода, қомат афрохтани иншооти соҳавиро дар таъмини инфрасохтор ва мукаммалсозии он муфид арзёбӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки саҳми варзишгарони ноҳия дар рушди соҳа ва муаррифии давлату миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ назррас аст.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат бо варзишгарон суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Паҳлавонони ноҳия дар навбати худ ба Пешвои миллат барои таъмини имконоти хуби машқу тамрин изҳори сипос карда, ваъда доданд, ки ба василаи иштирок дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ барои муаррифии давлат ва рушди варзиш дар кишвар ҳиссаи муносиби худро хоҳанд гузошт.

Ҳоло дар ноҳияи Ванҷ беш аз 40 иншоот, аз ҷумла толорҳои варзишии назди муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо наврасону ҷавонон ба риштаҳои гуногуни варзиш ҷалб шудаанд.

Ҳамасола варзишгарони ноҳия дар мусобиқоти сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, бо дастовардҳои назаррас ба Ватан бармегарданд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст.

2025-06-25 17:18:02

Ифтитоҳи маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии “Darya AI” дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз

25.06.2025

https://president.tj/event/news/51298

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз ҳамчунин маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии “Darya AI”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Марказ дар доираи эълони солҳои 2025-2030, “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ба таври замонавӣ сохта шуда, ҳуҷраҳои хизматрасонии он бо таҷҳизоти муосири сохти ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таъмин мебошад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис марказро барои рушди тиҷорати рақамӣ, омодасозии мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуданд.

Маркази “Darya AI” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шерзод Кабиров ва Азизҷон Азимӣ - раиси Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд шуда, 4 нафар мутахассиси маҳаллӣ, ки дар пешбурди ин низоми муосир таҷрибаи хуб доранд, бо кор таъмин шудаанд.

Тавре таъкид гардид, стратегияи асосии марказ тавассути ҳисоббарории зеҳни сунъӣ бо арзиши то 8 маротиба баланд тадбил додани фуруши неруи барқи истеҳсоли Тоҷикистон ба кишварҳои дуру наздик мебошад.

Марказ 8 сервери асосӣ дорад, ки арзиши ҳар кадоми он 40 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ин намуди серверҳо дар сардӣ фаъолияти хубтар намуда, амалиёти иҷрошудаи ҳисоббарории зеҳни сунъӣ босуръат, бехато ва дар вақти кӯтоҳ бо натиҷаи қаноатбахш анҷом дода мешавад.

Ин тарзи хизматрасонии сатҳи байналмилалӣ дар Тоҷикистон таҷрибаи нав аст ва оянда муассисон боз нақша доранд, ки дар ҳамин ҷо бо дастрасии таҷҳизоту технологияи муосир сатҳи хизматрасониро дар низоми муосири зеҳни сунъӣ беҳтар ба роҳ монанд.

2025-06-25 17:14:58

ВАҲДАТ – ОМИЛИ АСОСИИ САРҶАМЪИЯИИ МИЛЛАТ

27-уми июн дар таърихи навини миллати тоҷик чун санаи муборак ва сарнавиштсоз сабт гардидааст. Рӯзи Ваҳдати миллӣ — рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ, дӯстиву бародарӣ ва ояндаи ободу ором барои сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин рӯйдоди бузург ба низоъи хунини таҳмили дар кишварамон хотима бахшида ва ба оғози як марҳалаи муҳиман нави ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии миллат бунёди устувор гузошт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ваҳдат ишорае карданд, ки то имрӯз заминаи фикрии ҷомеаро ташкил медиҳад: «Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба раванди музокироти сулҳи тоҷикон, ки соли 1994 шурӯъ шуда буд, анҷоми нек бахшид. Яке аз ҷанбаҳои муҳими ин созишнома аҳамияти ҳуқуқӣ доштани ваҳдати миллист, ки он барои риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар фарди кишвари мо нақши тақдирсозро дорад. Ҳамин аст, ки омади сулҳу пойдории ваҳдат дар Тоҷикистони мо ба пойдории амният дар минтақа, ба нестӣ расидани таҳдиду харобкориҳо заминаи лозимаро гузошт.

Боиси қайд аст, ки маҳз бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид. Бояд зикр кард, ки Сарвари давлати мо аз рӯзи аввали сари қудрат омаданашон баҳри ба даст овардани сулҳу субот ва оромиву осоиштагӣ хизматҳои зиёде кардаанд ва сулҳофарӣ яке аз сифатҳои асосиашон мебошад.

Маҳз бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат сулҳи тоҷикон бо дарёфти ҳадафи аслии таърихи миллат, яъне Ваҳдати миллӣ расид. Дар ниҳоят сулҳ, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии тоҷикон мафҳумҳои азиз барои ҳар фарди Тоҷикистон гардид.

Дар фазои ороми кишвар, ки ба туфайли ваҳдати миллӣ ба даст омадааст, Тоҷикистон тавонист инфрасохтор, маориф, тандурустӣ, иқтисодиёт ва фарҳанги миллиро аз нав эҳё кунад. Ваҳдат ба рамзи як миллат табдил ёфтааст ва имрӯз таҳкими он масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Айни замон ҳамагон шоҳиди он ҳастем,ки таҷрибаи дар таърих нодири кишвари мо ҷиҳати ба даст овардани ваҳдати миллӣ, барои дигар давлатҳои хориҷӣ хеле арзишманд буда, боиси омузишу истифода мебошад.

Воқеан ҳам, Ваҳдати миллӣ омили рушди босуботи мамлакат, кафили иқболу саодати халқу ҷамъият ба ҳисоб меравад. Ин мафҳуми муқаддас миёни мафҳумҳои барои мо пурарзиш, чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандориву ватандӯстӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, андешаву шуур ва ҳуввияти миллӣ ҷойгоҳи махсусро дорост. Зеро ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ баҳри ҳамаи миллати соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад.

Шоирони ваҳдатсароямон, чун Рӯдакию Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Низомиву Ҷомӣ, Лоиқу Бозор ва садҳо дигар, ки осорашон саросар ватандӯстонаву омӯзандаву ибратбахшу ҷовидонаанд, андешаҳои бойи таърихӣ доранд, ба мо дастур медиҳанд, ки худшинос бошем, худогоҳ бошем, донем ки кистем ва аз куҷоем.

Ваҳдат ба ҷомеа нерӯ мебахшад, онро муттаҳид мекунад ва барои таҳкими истиқлолият, сулҳ, субот ва рушди устувори кишвар заминаи воқеӣ фароҳам меорад. Он арзишест, ки бояд ҳар фарди ҷомеа онро ҳифз ва пос дорад.

Неъматулло ФАТТОЕВ,

директори Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе

2025-06-25 17:13:17

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - РАМЗИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ

Таҳти ин унвон бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе бахшида ба 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси кумита академик Фарҳод Раҳимӣ, муовинони раис Баҳрулло Давлатзода ва Алишер Ализода, роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе ва омӯзгорону кормандон иштирок намуданд.

Академик Фарҳод Раҳимӣ ҳамоишро ифтитоҳ карда, иброз дошт, ки имсол мо мардуми сарбаланди тоҷик 28-умин солгари Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил менамоем. Дар воқеъ, мафҳуми сулҳу ваҳдат ва ягонагиву якдилӣ ҳамеша дилнишин садо дода, бевосита шунавандаро ба андеша намудан водор месозанд.

Сулҳу ваҳдат чун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

“Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Точикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеву макоми онро дар миқёси чаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилоту мамлакатҳои олам гардидаасг, ки боиси ифтихори миллати мост. Воқеан ҳам, ваҳдат омили рушди босуботи мамлакат ва кафили иқболу саодати халқу ҷамъият ба ҳисоб меравад”, - гуфт раиси Кумита.

Таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ на танҳо як ибора, балки арзиши бузурге мебошад, ки ҳаёт ва тақдири имрӯзаи мардуми тоҷик ба он пайвандӣ дорад. Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ баҳри миллати соҳибмаърифати мо мебошад. Маҳз бо талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид.

Дар идомаи ҳамоиш академик Кароматулло Олимов, сарходими илмии шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон роҷеъ ба “Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими соҳибистиқлолии Тоҷикистон” маърӯза намуда, иброз дошт, ки ваҳдат на танҳо хотимаи як муноқишаи дохилӣ, балки оғози як саҳифаи нав дар таърихи давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Он пояи миллат, асоси истиқлол, шарти суботи ҷомеа ва заминаи рушди босуботи иқтисодиву сиёсӣ аст, ки бо шарофати он корҳои ободонӣ дар саросари кишвар, аз шаҳрҳои калон то деҳаҳои дурдаст, ба таври рӯзафзун ҷараён доранд. Ҳама муваффақиятҳову ободкориҳо натиҷаи сулҳу суботи пойдор ва ҳамбастагии миллӣ аст.

«Пешвои миллат на танҳо меъмори сулҳ, балки бунёдгари давлати муосири тоҷикон ва Роҳбари сиёсати созандаандт. Бо роҳбариашон Тоҷикистон аз харобаҳои ҷанг ба кохи умед, аз фироқ ба ваҳдат ва аз муҳтоҷӣ ба худкифоӣ расид. Пешвои сулҳ ва меъмори ободии Ватан на танҳо сулҳ оварданд, балки тамоми иқтидори зеҳнӣ ва сиёсиву иқтисодии кишварро ба роҳи созандагӣ равона карданд. Сарвари давлат бузургтарин ташаббускор дар масъалаи сулҳу Ваҳдати миллӣ аст», - қайд кард академик Кароматулло Олимов.

Сипас, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, қайд намуд, Пешвои миллат аввалин сухане, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ гуфта буданд, масъалаи ба Тоҷикистон баргардонидани гурезаҳои тоҷик буду овардани сулҳ ба Ватан. Он замон Сарвари давлат савганд ёд намуданд, ки «То охирин тоҷикро ба Ватан барнагардонам, ором нахоҳам буд!». Дар ҳақиқат, роҳбари сулҳпарвари мо барои амалӣ намудани ин ормонҳои беназир талошҳои зиёд намуданд, ҷони худро ба хатар гузошта, барои баргардондан ва истиқрори сулҳу осоиштагии мардуми Тоҷикистон хизматҳои беназир намуда, ба савганди худ содиқ монданд.

«Қадру манзалати Ваҳдати миллиро ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарӯза кӯшиш намояд. Тавре ки Сарвари давлат қайд намудаанд: «Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлоли давлатӣ, бешубҳа, Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад»», - гуфт профессор Холиқзода Абдураҳим.

Ҳамзамон, профессор Мирзошоҳрух Асрорӣ, сарходими илмии шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар робита ба Ваҳдати миллӣ ҳамчун асоси пойдории рушди Тоҷикистони муосир баромад кард.

Ӯ таъкид кард, ки Ваҳдати миллӣ бо ташаббус ва роҳбарии оқилонаи қаҳрамони ваҳдату наҷотбахши миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, боиси он гардид, ки миллати тоҷик ба фатҳи қуллаҳои нав дар ҳамаи соҳаҳо муваффақ гардад. Аз ин хотир, фурсате расидааст, ки барои Ваҳдату пешрафти кишвар сарҷамъона дасти ҳам бигирему пайи ободии он бештар кӯшиш кунем.

2025-06-25 17:11:28

БУЗУРГИИ МО - ДАР ВАҲДАТИ МИЛЛИСТ

Имсол мардуми сарбаланди тоҷик 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил ва бо дастовардҳои назаррас таҷлил менамояд. Ин ваҳдати сарнавиштсоз дар пайи талошу ҷонбозиҳои фарзанди шуҷоъу хирадманди миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад.

Маҳз ваҳдати миллӣ буд, ки Тоҷикистонро пас аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 аз вартаи нобудӣ наҷот бахшид ва ба роҳи рушд ва шукуфоӣ равона кард. Он ҷанги харобиовар ба давлат ва мардум зарари бузурги моддию ҷонӣ расонд. Дар он рӯзҳо истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ ва ҳатто ҳастии миллат зери таҳдид қарор дошт.

Гурӯҳҳои мухталиф бо дастгирии қувваҳои хориҷӣ барои соҳиб шудан ба ҳокимият талош мекарданд ва мақомоти давлатӣ фалаҷ шуда буданд. Дар чунин шароити буҳронӣ, маҳз ҷасорат, ирода ва садоқати Пешвои миллат буд, ки миллатро сарҷамъ кард. Бо суханони таърихии худ: «Ман ба Шумо сулҳ меорам» - Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми озордидаи тоҷик умеду бовар бахшид ва ба ваъдаи худ вафо кард. Ҷомеа, ки дигар бовар ба оянда надошт, бо раҳбарии ин шахсияти таърихӣ дубора ба зиндагӣ рӯ овард ва роҳи сулҳу суботро пеш гирифт.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав пас аз 8 даври музокироти душвор миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои мухолифин як рӯйдоди тақдирсоз барои давлат ва миллат гардид. Аз ҳамон рӯз Тоҷикистон марҳилаи нав ва устувори рушдро оғоз намуд.

Пас аз ба даст омадани ваҳдати миллӣ, як қатор омилҳои муҳим амалӣ шуданд, ки аз бузургии фикрӣ ва сиёсати дурбинонаи давлат шаҳодат медиҳанд:

Қабули барномаҳо ва стратегияҳои муҳими давлатӣ;

Баланд гардидани ҳисси худшиносии миллӣ ва омӯзиши таърихи миллат;

Тақвияти ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандон;

Амалӣ намудани се ҳадафи стратегӣ: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикӣ;

Бунёди роҳҳо ва инфрасохтори муосир, ки тамоми минтақаҳои кишварро бо ҳам мепайванданд;

Таҳкими нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна ҳамчун омили ваҳдатофар;

Рушди шаҳри Душанбе ҳамчун маркази ваҳдати миллӣ ва пойтахти воқеии давлатдорӣ;

Сохтмони НБО Роғун — ҳамчун рамзи ваҳдат ва заҳмати муштараки тамоми минтақаҳо;

Иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмилалӣ, хусусан дар масъалаҳои об, иқлим ва ҳифзи муҳити зист.

Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол исбот намуд, ки бе ваҳдат ҳеҷ миллат наметавонад ба сулҳу субот ва рушди устувор ноил гардад. Ваҳдати миллӣ рамзи сарҷамъӣ, якдилӣ, баробарҳуқуқӣ ва кафили ояндаи дурахшони давлат мебошад.

Имрӯз, бо ифтихор метавон гуфт, ки пойдории сулҳу ваҳдат заминаи асосии муваффақиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ин дастоварди бузургро мо бояд бо тамоми ҳастӣ ҳифз намоем ва ба наслҳои оянда ҳамчун арзиши муқаддас мерос гузорем.

Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҳамаи ҳамватанонро самимона табрик намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо тинҷиву амонӣ, саодат ва ба Тоҷикистони азизамон рушду пешрафти ҳамешагӣ таманно дорем. Бигузор дастовардҳои ваҳдату истиқлол ва ормонҳои созандаи миллат ҳамеша илҳомбахши роҳи фардои нек бошанд!

Ҳафизов А.Х., муовини директор оид ба таълими амалӣ

Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар

2025-06-25 17:10:28

ИФТИТОҲИ ПАРКИ САНОАТӢ ДАР НОҲИЯИ ВАНҶ

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ванҷ Парки саноатии ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Парки саноатӣ дар масоҳати умумии 788 метри мураббаъ доман густурда, дар маҷмуъ 6 корхонаи хурди истеҳсолиро дар бар мегирад, ки фаъолияти онҳо ба истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лубиёгӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ равона шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз сехи истеҳсоли макарон ва бандубасти маҳсулоти лубиёгӣ дидан карда, бо ҷараёни кор дар ин хати истеҳсолӣ шинос шуданд. Коргоҳи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар рӯи даст гирифта шуда, дар он техникаю технологияҳои насли нав васлу насб гардидааст. Таҷҳизоти коргоҳ истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ буда, неруи барқро кам истифода мекунанд.

Дар коргоҳи коркарди равғани чормағз ва меваи хушк низ истеҳсоли маҳсулот бо истифода аз усулҳои муосир роҳандозӣ шуда, дар он 6 нафар бо кор таъмин гардидаанд. Коргарон пеш аз оғози фаъолият аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд. Сехҳои истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ, қисми дигари Парки саноатиро ташкил медиҳад, ки дар он мутахассисони касбӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид, аз корҳои сомонёфта ва ташкили чунин корхонаҳо изҳори қаноат карда, ба масъулин барои баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Баробари ба фаъолият пардохтани Парки саноатӣ дар маҷмуъ 36 сокини маҳалӣ бо кор таъмин мешаванд.

Қобил ба зикр аст, ки ноҳияи Ванҷ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз минтақаҳои аграрӣ ба ҳисоб рафта, дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мавқеи назаррас дорад. Ашёи хоми дар корхонаҳои Парки саноатӣ мавриди коркард қароргирифта, аз хоҷагиҳои деҳқонии маҳаллӣ дастрас карда мешаванд.

Дар назар аст, ки дар баробари таъмини бозори дохилӣ ҳамчунин маҳсулоти Парки саноатӣ ба хориҷа низ содирот карда шавад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои ҳамоҳангӣ дар татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати кишвар изҳори сипос намуда, ин амалро намунаи ибрат арзёбӣ карданд.

Дар навбати худ, масъулини Парки саноатӣ ба Сарвари давлат барои дастгирии бахши хусусӣ ва таъмини имконоти хуби фаъолият миннатдорӣ намуданд.

 

2025-06-25 17:09:15

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ВАНҶ

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба ноҳияи Ванҷро натиҷагирӣ намуда, барои вусъати корҳои ободонӣ ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди фаъолон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинону соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳияи Ванҷ барои саҳми арзанда дар раванди ободиву пешрафти диёри худ изҳори сипос намуданд.

Таъкид гардид, ки дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ то имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ 84 иншооту биноҳои таъиноти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёду навсозӣ шуда, то таҷлили ҷашн сохтмону ба истифода супоридани боз 38 иншоот бояд таъмин карда шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои сокинон дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ёдовар шуда, саҳми сохтмончиёнро дар ин кори муҳим арзанда номиданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба дастигирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бобати пешрафту тараққиёти ноҳияи Ванҷ андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои таъмин кардани рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи Ванҷ беш аз 2,7 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Гуфта шуд, ки дар ҳудуди ноҳия 14 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 311 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони ноҳия ва ободу пешрафта гардонидани он татбиқи 7 лоиҳаи дигар идома дорад, ки то имрӯз дар доираи онҳо 391 миллион сомонӣ аз худ гардидааст. Лоиҳаҳои зикршуда асосан ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, мустаҳкам намудани инфрасохтор ҷиҳати таъмин намудани устувории зидди офатҳои табиӣ, таъминоти барқ дар деҳот ва таҷдиду навсозии роҳҳои мошингард равона шудаанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои иқтисоди миллиро дар ноҳия таҳлил намуда, барои минбаъд ҳам идома додани тадбирҳои созанда дар назди вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Аз ҷумла, ба роҳбарони вилоят ва ноҳия якҷо бо вазорату идораҳои марбута супориш дода шуд, ки то солгарди 35-уми истиқлол масъалаи бунёди корхонаҳои саноатиро таъмин намоянд ва барои баланд бардоштани самаранокии таъминоти истифодабарандагон бо неруи барқ ва устувории низом дар ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар робита ба рушди соҳаи кишоварзӣ дастур дода шуд, ки сохторҳои масъул барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ баҳри ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили маркази замонавии нигоҳдориву банду басти маҳсулот чораҷӯйӣ намоянд ва ба масъалаи беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки барои бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи соҳаи маориф чораҳои амалӣ андешанд.

Супоришҳои дигар ҳамчунин барои ба талаботи муосир мутобиқ намудани шароити муассисаҳои соҳа, таъмини онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ ва тармими иншооти тандурустӣ дода шуд.

Аз вазъи зудтағйирёбандаи имрӯзаи ҷаҳон ва дигар мушкилоти глобалӣ ёдовар шуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону фаъолони ноҳия, раисони ҷамоату маҳаллаҳо, аҳли зиё ва шахсони обрӯманду таҷрибадорро вазифадор намуданд, ки мардум, хусусан, ҷавононро ба таҳкими сулҳу субот, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, яъне волоияти қонун, корҳои созандагиву ободкорӣ ва сарфаю сариштакорӣ ҳидоят намоянд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талаб намуданд, ки фаъолон ба анҷом додани амалҳои неки инсонӣ, аз ҷумла дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва тарбияи дурусти фарзандон эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои марбута супориш доданд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ роҳи мошингарди деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷ навсозӣ ва асфалтпуш карда шавад.

2025-06-25 17:07:48

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ НЕЪМАТИ БЕБАҲО ВА АСОСИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР ТОҶИКИСТОН

Зери ин мафҳум дар "Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар", чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар оғоз, директори муассиса Ҳабибуллозода Акмалшоҳ суханронӣ намуда, тамоми омӯзгорону донишҷӯёнро ба муносибати ин ҷашни бузург самимона табрик намуд.

Номбурда дар суханронии худ аз нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, зикр кард, ки маҳз бо талошу ҷонфидоии Роҳбари давлат, Тоҷикистон тавонист аз гирдоби ҷанги дохилӣ раҳо ёбад ва ба сӯйи рушди устувор ва ҳаёти осоишта қадам гузорад.

Ҳабибуллозода Акмалшоҳ ҳамчунин таъкид намуд, ки Ваҳдати миллӣ арзиши бебаҳои давлату миллат буда, ҳифз ва пос доштани он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Ин чорабинӣ як бори дигар нишон дод, ки ҷавонон неруи созандаву бунёдгар бо ифтихор аз ваҳдату якпорчагии кишвар дар роҳи рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол талош меварзанд ва рисолати хешро дар таҳкими сулҳу субот амиқ дарк менамоянд.

Сипас, муовини директор оид ба таълим Ҳусейнзода Зайниддин суханронӣ намуда, на танҳо дар бораи аҳаммияти Ваҳдати миллӣ, балки дар мавриди нақши омӯзгор дар пойдории ваҳдат ва рушди маънавии миллат низ андешаронӣ намуд. Ӯ изҳор дошт, ки омӯзгорон дар таҳкими сулҳ, тарбияи ватандӯстонаи насли наврас ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа нақши барҷаста доранд.

Ҳусейнзода Зайниддин зикр намуд: «Омӯзгор чароғи роҳнамои наслҳои ояндасоз аст. Маҳз омӯзгоронанд, ки дар шароити сулҳу ваҳдат ҷавононро бо илму дониш, эҳсоси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ тарбия менамоянд. Агар сулҳу субот ҳаст, пас имкони омӯзиш ва рушди зеҳнии наврасон муҳайёст. Ба ҳамин хотир, қадри омӯзгор, заҳмати шабонарӯзии ӯ ва нақши ӯ дар ҷомеа бояд ҳамеша пос дошта шавад.»

Ӯ инчунин омӯзгоронро ба он даъват кард, ки дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаи миллат пайваста кӯшиш намуда, бо масъулияти баланд насли донишманду ватандӯстро ба камол расонанд.

Ин чорабинӣ дар фазои самимият, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ифтихор аз ваҳдату истиқлол баргузор гардид.

Маркази иттилоотии Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар.

2025-06-25 17:05:36

ВАҲДАТ БЕҲТАРИН НЕЪМАТ

Ваҳдат беҳтарин неъмат барои тамоми инсоният маҳсуб меёбад, зеро тамоми некию хубиҳои дунёро дар худ таҷассум кардааст. Маҳз бо будани ваҳдат душворию монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ мениҳад ва халқ орому осуда зиндагӣ менамояд.

Агар ба мо инсонҳо рӯзҳои нек ва саодату музаффарият даст дода бошад, ин ҳам бо нияту заҳматҳои нек, кӯмаки дӯст ва рафиқи хуб ба чунин дастоварду муваффақият ноил гардидаем. Ваҳдати мо, бародарии мо, сулҳу субот ва якдилию якдигарфаҳмии мо аз дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ба даст омадааст, ки зиёда аз 28 сол инҷониб дар кишвари азизи мо ваҳдату муттаҳиддӣ пояндаву побарҷост.

Ин ҷашн тантанаи нерӯи бегазанду созанда, пешбару тавоноии ваҳдат буда, ба ҷаҳониён собит намуд, ки халқи тоҷик табиати ваҳдатро меписандад. Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст.

Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон мавқеъ ва мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор месоза. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавридии омӯзиши Созмони милали муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст.

Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, ки имрӯзҳо мардуми озоди кишвар меҳнати софдилонаи худро давом дода, ҳаёти хушбахтона гузаронида истодаанд. Аз ҷумла, мо – ҷавонон, насли хушбахттарини ҷаҳонем, ки дар замони сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ менамоем ва аз ин иқболи баланди худ меболем. Нафароне, ки аз хориҷи кишвар қадами худро бори аввал ба кишвари мо мегузоранд, аз зебоги ва гулулшукуфоии ватани азизи мо дар ҳайрат монда, мафтуни ин кишвари зебо мегарданд.

Имрӯз, ки офтоби оштӣ нурафшон аст, ки хуруд калон дар пайи ободии диёранд. Оре, дар ҳар ҷойе сухан аз ваҳдат меравад дар он ҷо иттиҳоди халқҳои гуногун пайванди тамаддунҳо хоҳад буд. Ҳукумати ин роҳро ба хотири фардои ватан, зиндагии ободу серию пурии мардум интихоб кардааст.

Амина РУСТАМОВА, мудири китобхонаи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар

2025-06-25 17:04:21

ЛОИҲАИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ» ДАР МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БАРРАСӢ ШУД

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.

Дар иҷлосиялоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам» ва лоиҳаи Консепсияи гузариш ба технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони Мачлиси намояндагон Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф, муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ, муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳурматзода Иззатулло, Раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор Ғанизода Шуҳрат, муовини раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Аҳмадзода Дилноза, узви Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Аюбӣ Бибиосия, аъзоёни Кумита оид ба иқтисод ва молия Собирзода Ғафурҷон ва Наботзода Сиёвуш, узви Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Аҳмадзода Бахтиёр муаррифӣ намуданд.

2025-06-25 17:02:19

БАРРАСИИ ВАЗЪИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБИИ ТИББӢ

Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳлилу баррасии фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббии ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ, муовини якуми раис Баҳрулло Давлатзода, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи касбӣ Бобоҷон Маҳмадализода ва роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Ҷамъомадро академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки зинаи таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ дар раванди омода намудани кадрҳои баландихтисос фаъолияти густурдае дошта, пас аз истиқлоли давлатӣ ҷиҳати таъмини беморхонаю муассисаҳои саломатӣ ва марказҳои тиббӣ бо мутахассисон рисолати муҳиме бар дӯш дорад.

Фаъолияти пурсамари мутахассисони ин зинаи таҳсилот дар самтҳои тандурустию фармасевтӣ, иҷтимоиву маданӣ ва фарҳангии мамлакат нақши муассир дошта, талаботи беморхонаю муассисаҳои тиббӣ ба мутахассисон дар ин самт рӯз ба рӯз бештар мегардад. Айни замон, ки дар соҳаи тиб муассисаҳои тандурустии кишвар ба мутахассисон ниёз дорад, омода намудани кадрҳои баландихтисоси ин самт бар дӯши зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аст”, - гуфт раиси Кумита.

Иттилоъ дод шуд, ки айни замон дар мамлакат 37 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ, аз ҷумла 21 муассисаи ғайридавлатӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 74 338 нафар донишҷӯён аз рӯи 12 ихтисос таҳсил мекунанд.

Зикр гардид, ки бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани фаъолият дар коллеҷҳои хусусию давлатии тиббӣ аз ҷониби мутахассисони Кумита санҷиш гузаронида шуд. Санҷиши мазкур нишон дод, ки дар раванди фаъолияти баъзе аз муассисаҳо як қатор камбудиҳо ҷой доранд, аз ҷумла нокифоя будани давомоти донишҷӯён, норасоии омӯзгорони тахассусӣ, дар бинои иҷораи номувофиқ фаъолият кардани муассисаҳои таълимӣ, нокифоя набудани баззаи моддию техникӣ дар кафедраву факултетҳо, камбуди адабиёти таълимии соҳавӣ, мавҷуд набудани озмоишгоҳҳои тиббӣ, баргузории машғулиятҳои таълимӣ дар утоқҳои кории табибон дар марказҳои саломатӣ ва амсоли инҳо.

Таъкид гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ вазифадор шудаанд, ки мушкилоти мавҷудро дар муҳлати муқарраргардида бартараф намуда, аз натиҷааш ба Кумита маълумот ирсол намоянд.

Дар фарҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардидани муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ, ки ба талаботи замон ҷавобгӯянд, дар маҳалҳои дурдасти кишвар имконият фароҳам овард, ки теъдоди зиёди занону духтарон дар минтақаҳои дурдаст ба таълиму фаъолият фаро гирифта шаванд. Бинобар ин, аз масъулият даъват ба амал оварда шуд, ки тамоми камбудиҳои ошкоргардида дар муддати кӯтоҳтарин рафъ карда шаванд.

2025-06-22 12:03:30

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

Ҳамватанони гиромӣ!

Фарорасии ҷашни бостонии Тиргон – ёдгори пурарзиши тамаддуни бостонии ориёиро ба ҳамаи шумо самимона табрик менамоям.

Тиргон дар радифи Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми мо ба шумор меравад.

Ин ҷашн мутобиқи солшумории қадимаи ориёӣ дар рӯзи 13-уми моҳи Тир, ки он рӯзро низ Тир меномиданд, баргузор мешуд.

Ҷашни Тиргон ҳамчун рамзи борону сарсабзӣ, меҳрварзӣ ва гиромидошти ростиву ҳақиқат дар боварҳои деринаи ниёгони мо реша дорад ва баёнгари пайванди амиқи инсон бо табиат ва муҳити зист мебошад.

Ин ойини бостонӣ ифодакунандаи арзишҳои ҷовидонаи инсонӣ – умед ба фардои нек, сулҳу дӯстӣ ва ҳамбастагиву ҳамкории фарҳангу ойинҳои гуногуни башарӣ ба ҳисоб меравад.

Дар шароити пурҳаводиси ҷаҳони муосир посдории чунин арзишҳо беш аз ҳар замони дигар метавонад таконбахши талошҳои муштарак барои тақвияти дӯстиву ҳамкории тамаддуну фарҳангҳо ва дар айни замон ҳифзи мероси маънавии миллии мо бошад.

Ҷашни Тиргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад, ки аз шебу фарози садсолаҳо ва ҳодисоти мураккаби рӯзгор гузашта, то ба рӯзгори мо расидааст.

Яъне Тиргон пайвандгари наслҳои имрӯза бо расму ойин ва суннату анъанаҳои гузаштагон аст.

Таҷлили он аз замонҳои қадим то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳувияти миллии тоҷикон мебошад.

Ниёгони мо бо баргузории ин ҷашн ҳам шукронаи неъматҳои табиатро ба ҷой меоваранд ва ҳам дар байни ҷомеа тоза нигоҳ доштану истифодаи оқилонаи обро ҳамчун неъмати ҳаётбахш тарғиб менамуданд.

Бояд гуфт, ки об дар фарҳанги суннатии мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то имрӯз ҷойгоҳи хос дорад.

Ниёгонамон дар айёми ҷашни Тиргон хонаҳоро об пошида, покиза мекарданд, гандуми ҳосили навро орд карда, нону таомҳои гуногун мепухтанд, дастархони идонаи худро бо анвои нону меваҷот оро медоданд ва беҳтарин навъҳои маҳсулоташонро ба намоиш мегузоштанд.

Тиргон, ки дар кишварамон ба шарофати истиқлоли давлатӣ бо тамоми суннатҳои деринааш эҳё гардидааст, ҳоло ба ҷашни миллии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.

Ҳамчунин, боиси ифтихор аст, ки ҷашнҳои миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон ҳоло мақоми байналмилалӣ гирифтаанд.

Орзумандем, ки ҷашни Тиргон низ дар наздиктарин фурсат ба чунин мақом сазовор гардад.

Дар ин росто, моро зарур аст, ки хусусиятҳои барҷаста ва манфиатовари онро боз ҳам бештар тарғибу ташвиқ намоем.

Ҳамватанони азиз!

Аҳаммияти об дар замони мо хеле муҳим арзёбӣ гардида, яке аз масъалаҳои глобалии сайёра ба шумор меравад.

Созмони Милали Муттаҳид се ташаббус ва пешниҳоди Тоҷикистонро доир ба ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои об қабул кард, ки қатъномаҳои дар ин масъалаҳо қабулкардаи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ бо дастгирии кишварҳои ҷаҳон амалӣ шуда истодаанд.

Ташаббуси навбатии кишвари мо доир ба ҳифзи пиряхҳо, ки бо масъалаи ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои об, робитаи мустақим дорад, ҳамчунин, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид.

Мехоҳам бо қаноатмандиву ифтихор иброз намоям, ки ин ҳама пешниҳоду ташаббусҳо саҳми кишвар ва мардуми мо дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалӣ ва беҳтар сохтани шароиту имкониятҳои зиндагӣ барои сокинони сайёра мебошад.

Мардуми мо, ки соҳиби суннатҳои бостонӣ ва созандагиву ободкорӣ ҳастанд, беҳуда обро манбаи ҳаёт ва сарчашмаи ободӣ нагуфтаанд.

Ба ин маънӣ, ҷашни Тиргон ойини покиву тозагӣ, ободкориву созандагӣ ва идомаи мантиқии ҷашни Наврӯз мебошад.

Итминон дорам, ки мардуми бонангу номуси кишвар бо истифода аз суннату анъанаҳои деринаи миллӣ тамоми саъю кӯшиши худро минбаъд низ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвари азизамон – сарзамини куҳанбунёди аҷдодии хеш равона месозанд.

Фарорасии ҷашни Тиргонро бори дигар ба мардуми шарифи Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Орзумандам, ки арзишҳои неки ҷашнҳои бостонӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони маҳбубамон ҳамеша устувору пойдор бошанд.

Ҷашни Тиргон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

2025-06-21 21:46:56

ВАҲДАТАТ ПОЯНДА БОД, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!

Бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва бо такя ба хиради азалӣ, инчунин бо дарки амиқи масъулияти ватандорӣ ва хештаншиносӣ, мардуми сарбаланди Тоҷикистон таҳти раҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақом ва эътибори ин сарзамини аҷдодиро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам устувортар намуданд. Бунёди шоҳроҳу пулҳои азим, эҳёи «Кохи нур», барафрохтани шуълаҳои умедбахш, коштани донаҳои умед, сабзу хуррамгардонии диёр ва баҳравар сохтани насли наврас аз нури маърифат самараҳои неки ин дастоварди таърихии миллати тоҷик - Ваҳдати миллӣ ба шумор мераванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр намудаанд:

«Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо, ниҳоле низ вуҷуд дорад, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Мо алакай меваи ширин аз дарахти сабзондаамон чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид. Мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки тешае ба решаи он расад».

Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ ба пешравӣ ва ободии кишвар нерӯ ва суръати тоза мебахшад. Ҳар як фарди соҳибхирад аз доштани ин неъмати бебаҳо ифтихор дорад, зеро хуб медонад: то даме ки дар Ватани азизамон сулҳу ваҳдат ҳукмфармост, ҳеҷ нерӯи беруна наметавонад ҳуқуқ ва озодии миллати тоҷикро халалдор созад.

Дар маҷмӯъ, Ваҳдати миллӣ нерӯи пешбарандаи рушди ҷомеа буда, ҳар як сокини кишварро водор месозад, ки ин неъмати гаронбаҳоро бо тамоми ҳастӣ ҳифз намояд. Зеро то замоне, ки сулҳу ваҳдат пойдор аст, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин хоҳанд буд.

Таърих нишон медиҳад, ки миллати тоҷик аз ибтидо халқи созандаву бунёдкор, меҳанпарасту сулҳдӯст, бохирад ва фарҳангпарвар буд ва мемонад. Аз ин рӯ, имрӯз вазифаи ҳар як шахси ватандӯст он аст, ки дар канори якдигар истода, таҳти сарварии Пешвои миллат ҳамқадами замон бошанд ва Ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои миллиро бо ифтихор нигоҳ доранд.

Чуноне ки Сарвари давлат таъкид медоранд:

«Мо бояд ба якдигар бовар кунем, дар симои якдигар дӯст, бародар, ҳамватан ва ҳамтақдирро бинем».

Имрӯз ҳар як шахси бонангу номус ва хештаншиноси Тоҷикистони азиз хуб дарк мекунад, ки агар дар кишвар сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ҳукмфармо бошад, ҳамаи мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ тадриҷан ҳалли худро меёбанд.

Маҳз дар ҳамин сурат мо метавонем бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро, ки бо иродаи мардуми Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи ниҳоии худ қарор додаем, идома диҳем ва барои шаҳрвандони мамлакат шароити шоистаи зиндагиро муҳайё созем.

Хусусан дар шароити ҳассоси ҷаҳони муосир - бо мураккаб шудани авзои сиёсиву иқтисодӣ ва печидатар гардидани раванду тамоюлҳои глобалӣ - ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди ватандӯст маҳсуб меёбад.

Зеро мардуми Тоҷикистон дар оғози солҳои навадуми қарни гузашта бо чашми худ шоҳиди фоҷиаи низои дохилӣ шуданд, ки чӣ гуна беқонуниву беҳокимиятӣ ва гаравидан ба афкору андешаҳои бегонапарастона табақаҳои ҷомеаро ба ҳалокат бурд.

Фарзона Худоева,

мудири кафедраи фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзии Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе

2025-06-21 21:42:40

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ТАҲКИМБАХШИ РУШДИ ҶОМЕА

Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди бузург ва муқаддаси миллати мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб рафта, нақши бузургеро дар сарҷамъии миллат ва пойдории давлат гузоштааст.

Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардум таъмин карда мешавад. Ваҳдат оғози ҳамаи созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ, некӯаҳволии рӯзгори ободу осудаи мардум ва эҳёи худшиносию худогоҳӣ ва роҳ сӯйи фардои дурахшон аст.

Таърих гувоҳ аст, ки 28 сол қабл, 27 июни соли 1997 фарзандони фарзонаи миллати тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ, бо меҳри ватандӯстию сулҳхоҳӣ, баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ин кашмакашҳо хотима гузошта, “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ”-ро имзо намуданд. Ин санад ифодакунандаи қатъи ҷанги дохилӣ буда, ба оғози ҳаёти осоишта қадам ниҳодани мамлакатро инъикос менамояд.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ гардида, барои бунёди рӯзгори ободу осудаи ҷомеа заминаи воқеӣ гузошт. Сулҳу ваҳдати тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умедро ба ояндаи нек, хушбахтӣ, саодат, некномӣ ва ваҳдати ногусастанӣ зинда намуд. Бояд мо ҷавонон ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки ҷанги таҳмилие, ки қабл аз имзои созишномаи сулҳ ҷараён дошт, ҳазорон шаҳрвандро қурбон, модаронро гирён, фарзандонро бепадар ва қисми дигарро бесарпаноҳ кард.

Маҳз сиёсати хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, то кишвари мо аз вартаи ҷудоӣ раҳо гардида, сӯйи ояндаи дурахшон раҳнамун ва Ваҳдату ҳамдили пойдор гардад. Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад. Зеро танҳо сулҳу оромии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ имкон медиҳад, ки ҳар давлату миллате ҷойгоҳи худро дар арсаи ҷаҳонӣ барқарор намояд ва иқтисодиёти кишвари худро таъмин намуда, ба иқдомҳои муҳими хеш мушарраф бигардад.

Ҳар як сокинони мамлакатро зарур аст, ки барои ҳифзу нигаҳдошти сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ бояд пайваста талош намоянд.

Дар баробари арзишҳои муқаддас, сулҳ ва Ваҳдати миллиро, ки пойдевор ва меъмори он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳомн мебошад, доимо ҳифз намуда, ва барои пешрафти кишварамон Тоҷикистони соҳибистиқлол сарҷамъона талош карда, аз таҳаввулоту нооромиҳои ҷаҳони муосир эмин бошем.

Имматшоев Зиннатшо, н.и.и., дотсент, директори Литсейи касбии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе

2025-06-21 21:41:10

ВАҲДАТ - ВАСИЛАИ ДӮСТӢ

Ваҳдат заминаи муҳимми ҳамбастагӣ, дустию рафоқат ва эҳтироми тарафайн байни минтақаҳои Тоҷикистони ягонаро фароҳам овард. Танҳо бо шарофати Ваҳдати миллӣ миллати тоҷик ва Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, соҳибтамаддун ва дорои фарҳанги бою ғанӣ шинохта эҳтиром карданд.

Ваҳдати миллӣ эҳёгари асли фарҳангӣ, маънавӣ ва сиёсии миллати тоҷик мебошад. Маҳз ба шарофат ва зери таъсири Ваҳдати миллӣ худшиносӣ, худогоҳӣ ва ваҳдатсолории миллати тоҷик аз сари нав авҷ гирифт ва дар ин раванд моро ба зинаҳои нисбатан баланди тараққиёти иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангӣ мувоҷеҳ гардонид.

Тавре ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд: “Воқеият ин аст, ки майлу ирода, саъю талош, таҳаммулгароӣ ва хиради азалии миллати тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик ва тафаккури созандаву рӯҳи шикастнопазири халқи Тоҷикистон муҳимтарин омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ман ин суханонро ҳамеша бо ифтихор аз мардуми қаҳрамони тоҷик ба забон меоварам”.

Воқеан, муттаҳид шудан атрофи сиёсати созандаю ободкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободию гул – гул шукуфои Ватани азизамон Тоҷикистон ваҳдати воқеии миллат мебошад.

Саннаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид, ки ин созишнома ҳамчун санади тақдирсози миллати тоҷик шинохта шудааст. Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “Дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта бар асари фитнаву дасисаи хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати тоҷикон мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардиданд, ки дар натиҷаи он ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба буҳрони фоҷиабор рӯ ба рӯ шуданд”.

Хатари бузургтарине, ки дар он айёми вазнин ба миён омада буд, эҳтимоли пароканда гардидани миллати тоҷик ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон буд. Чунин шароити бисёр душвор ва вазъи хатарбор фарзандони содиқу ватандӯст ва огоҳу бедордили миллатро водор намуд, ки барои пешгирӣ кардани ин раванди хатарнок ва дар навбати аввал, даъват кардани иҷлосияи XVI - Шурои Олӣ – ягона мақоми босалоҳияти он рӯзҳо иқдомоти ҷиддиро роҳандозӣ намоянд”. Маҳз бо кӯшишу талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қувваҳои даргиру мухолиф сари мизи гуфтушунид нишаста, заминаи ризоияти миллӣ ва Ваҳдати миллиро гузоштанд.

Бо шарофати қабул ва амалӣ гардидани қарорҳои Иҷлосияи XVI-ум барои барқарорсозии сулҳу субот, ташкили рукнҳои давлати соҳибихтиёри демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, гузоштани заминаҳои ташаккули ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, низоми ҳуқуқии адолатпеша ва оғоз намудани барномаҳои пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ шароити зарурӣ муҳайё карда шуд.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи наверо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, маънавию фарҳангии мамлакат оғоз бахшид. Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ талафоти фаровони моливу ҷонӣ дида, аркони иқтисодиву иҷтимоии он хароб гардида буданд, дар сароғози даврони навини таърихии давлатдории хеш ба буҳронҳои шадиди сиёсӣ рӯ ба рӯ гардид. Чунин марҳилаи сарнавиштсози таърихӣ буд, ки бар асоси сабақҳои андӯхта аз таҷрибаҳои таърихии гузаштагони худ заминаҳои мувофиқ барои таҳкими Ваҳдати миллӣ ҳам аз назари сиёсӣ ва ҳам иқтисодиву иҷтимоӣ фароҳам омада, ҷомеаи моро ба сӯи созандагиву бунёкорӣ ва бунёди давлати ҳуқуқбунёд тамоюл бахшид.

Имрӯз бояд ҳар як шаҳрванди худогоҳи миллат хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро қадр карда, атрофи ин сиёсати созандаю инсонмеҳвар муттаҳид гардад.

Ҷамила ДАВЛАТЗОДА,

директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор

2025-06-21 21:40:02

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПОЯИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ

Ваҳдат падидаест, ки дар он тамоми музаффариятҳои зиндагӣ таҷассуми худро ифода мекунанд. Таърих гувоҳ аст, ки 28 сол қабл, 27 июни соли 1997 фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватанпарастӣ, бо меҳри ватандӯстию сулҳхоҳӣ, баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ин кашмакашиҳо хотима гузоштанд. Яъне, 28 сол қабл созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санад ифодакунандаи хотимаёбии ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози ҳаёти осоиштаи Тоҷикистонро инъикос менамуд.

Маҳз, бо кӯшишҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ гардид ва ободонию шукуфоии мамлакат пеш рафт. Барои бунёди рӯзгори ободу осудаи ҷомеа заминаи воқеӣ гузошта шуд. Сулҳу ваҳдати тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умедро ба ояндаи нек, хушбахтӣ, саодат, некномӣ ва ваҳдати ногусастаниро зинда намуданд.

Дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ Сарвари давлатамон нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуданд. Дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз кардаанд.Маҳз бо ҳамин корнамоиҳо, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардиданд.

Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд”. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши бисёр ташкилотҳои байналмилалӣ, бахусус, Созмони Миллали Муттаҳид гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвари тозаистиқлолу сулҳофари Тоҷикистон. Мо мардуми сарбаланди тоҷик инро бояд аз ёдҳо набарорем, ки танҳо бо роҳи ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда, нигоҳ дошта метавонем.

Тамоми душвориҳо ва монеаҳо танҳо дар сурати мавҷуд будани сулҳу ваҳдат паси сар шуда, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Дар ҳақиқат ҳам, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гулгулшукуфон гардида, иқтисодиёташ тадриҷан афзуда, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ рушд мекунад.

Ваҳдати миллӣ барои ҳамагон асоси ифтихороти ватандорӣ, шаҳрвандӣ ва фарзанду зодаи ин сарзамини пурфайз будан аст. Чи хуш аст, ки ҳар кору пайкор, ҳар иқдому нияти ҷавонон ба хотири таҳкими он мебошад.

Саидмурод ШАРИФЗОДА, директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода

2025-06-21 21:38:28

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ОМИЛИ ҲАМБАСТАГИИ МИЛЛАТ

“Мо ваҳдати миллиро дар баробари истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон медонем ва барои тақвият, таҳким, устуворӣ ва такомули минбаъдаи он бо дастгирии мардуми сарбаландамон ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем.”

Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои бузургу бебаҳо барои ҳар як давлату миллат мебошад. Он ҳамчун рамзи дӯстиву ҳамбастагӣ, ягонагии ҷомеа ва кафолати субот ва пешрафти мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар масири таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ваҳдати миллӣ василаи беҳтарине мебошад, ки мардум бо шарофати ин арзиши умумибашарӣ ба зиндагии шоиста ноил гардиданд.

Агар ба мазмуну муҳтавои ваҳдати миллӣ назар афканем, бароямон маълум мегардад, ки ваҳдат маънои ягонагии ақлониву рӯҳонӣ ва ҳамбастагии ҳамаи қишрҳои ҷомеа, новобаста ба забон, миллат, мазҳаб ва дидгоҳҳои сиёсиро дорад. Он дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ба гуногунандешӣ ва ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ бунёд мегардад.

Мавриди зикр аст, ки ваҳдати воқеӣ танҳо дар шароите пойдор мешавад, ки мардум худро як ҷузъи ҷудонопазири як миллат донанд. Дар таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҳдати миллӣ ба сифати рамзи хушбахтӣ, саодати мардум ва омили пешрафти иқтисоди миллӣ шинохта шудааст. Зеро пас аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997, Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ваҳдату оштӣ ва барқарорсозии сулҳро пеш гирифтанд.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1997 оғози марҳилаи наве дар таърихи кишвар буд. Аз ҳамон замон сар карда, Тоҷикистон ба сохтмони ҷомеаи орому пешрафта шурӯъ намуд. Аз баракати ваҳдат соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ рушд карданд. Аз ҷумла, барои барқарорсозии инфрасохтор, муассисаҳои давлатӣ, соҳаи маориф ва тандурустӣ, инчунин эҳёи иқтисоди миллӣ замина гузошт. Садҳо корхонаҳои истеҳсолӣ, неругоҳҳои барқӣ, аз ҷумла, НБО-и «Роғун», роҳҳо ва мактабҳо бунёд шуданд. Ҳамзамон, ваҳдат ба пойдории арзишҳои миллӣ замина гузошт. Бо шарофати ин неъмати бебаҳои таърих, арзишҳои миллӣ — забон, фарҳанг, анъанаҳои ниёгонамон аз нав эҳё гардида, ҳувияти миллӣ тақвият ёфтанд.

Имрӯз Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол дар байни кишварҳои олам бо фарҳангу забони бой ва таърихи пурғановати худ шинохта мешавад. Илова бар ин, Ваҳдат – пояи рушди ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар ин замина таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми мутақобил миёни шаҳрвандон имконият медиҳад, ки ҷомеаи солим ва устувор бунёд карда шавад.

Ҳамин тавр, ваҳдати милливу сартосарӣ ба мо на танҳо сулҳу субот, балки имконияти зиндагии беҳтар, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва эҳёи арзишҳои миллиро фароҳам овардааст. Он пояи истиқлол ва кафили фардои дурахшони миллат аст. Ваҳдати миллӣ на танҳо як арзиши иҷтимоиву сиёсӣ, балки дастоварди таърихист, ки бояд ҳама онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Аз ин рӯ, ҳифзи ваҳдат ва таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки дар таҳкими он саҳм гузорад, бо рафтору гуфтори нек ва ҳисси масъулиятшиносӣ дар рушду оромии Ватан кӯшиш намояд.

Замира ИРМАТОВА, директори Коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом