Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ВАҲДАТАТ ПОЯНДА БОД, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!
single-product

ВАҲДАТАТ ПОЯНДА БОД, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!

2025-06-21 21:46:56

Бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва бо такя ба хиради азалӣ, инчунин бо дарки амиқи масъулияти ватандорӣ ва хештаншиносӣ, мардуми сарбаланди Тоҷикистон таҳти раҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақом ва эътибори ин сарзамини аҷдодиро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам устувортар намуданд. Бунёди шоҳроҳу пулҳои азим, эҳёи «Кохи нур», барафрохтани шуълаҳои умедбахш, коштани донаҳои умед, сабзу хуррамгардонии диёр ва баҳравар сохтани насли наврас аз нури маърифат самараҳои неки ин дастоварди таърихии миллати тоҷик - Ваҳдати миллӣ ба шумор мераванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр намудаанд:

«Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо, ниҳоле низ вуҷуд дорад, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Мо алакай меваи ширин аз дарахти сабзондаамон чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид. Мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки тешае ба решаи он расад».

Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ ба пешравӣ ва ободии кишвар нерӯ ва суръати тоза мебахшад. Ҳар як фарди соҳибхирад аз доштани ин неъмати бебаҳо ифтихор дорад, зеро хуб медонад: то даме ки дар Ватани азизамон сулҳу ваҳдат ҳукмфармост, ҳеҷ нерӯи беруна наметавонад ҳуқуқ ва озодии миллати тоҷикро халалдор созад.

Дар маҷмӯъ, Ваҳдати миллӣ нерӯи пешбарандаи рушди ҷомеа буда, ҳар як сокини кишварро водор месозад, ки ин неъмати гаронбаҳоро бо тамоми ҳастӣ ҳифз намояд. Зеро то замоне, ки сулҳу ваҳдат пойдор аст, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин хоҳанд буд.

Таърих нишон медиҳад, ки миллати тоҷик аз ибтидо халқи созандаву бунёдкор, меҳанпарасту сулҳдӯст, бохирад ва фарҳангпарвар буд ва мемонад. Аз ин рӯ, имрӯз вазифаи ҳар як шахси ватандӯст он аст, ки дар канори якдигар истода, таҳти сарварии Пешвои миллат ҳамқадами замон бошанд ва Ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои миллиро бо ифтихор нигоҳ доранд.

Чуноне ки Сарвари давлат таъкид медоранд:

«Мо бояд ба якдигар бовар кунем, дар симои якдигар дӯст, бародар, ҳамватан ва ҳамтақдирро бинем».

Имрӯз ҳар як шахси бонангу номус ва хештаншиноси Тоҷикистони азиз хуб дарк мекунад, ки агар дар кишвар сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ҳукмфармо бошад, ҳамаи мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ тадриҷан ҳалли худро меёбанд.

Маҳз дар ҳамин сурат мо метавонем бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро, ки бо иродаи мардуми Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи ниҳоии худ қарор додаем, идома диҳем ва барои шаҳрвандони мамлакат шароити шоистаи зиндагиро муҳайё созем.

Хусусан дар шароити ҳассоси ҷаҳони муосир - бо мураккаб шудани авзои сиёсиву иқтисодӣ ва печидатар гардидани раванду тамоюлҳои глобалӣ - ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди ватандӯст маҳсуб меёбад.

Зеро мардуми Тоҷикистон дар оғози солҳои навадуми қарни гузашта бо чашми худ шоҳиди фоҷиаи низои дохилӣ шуданд, ки чӣ гуна беқонуниву беҳокимиятӣ ва гаравидан ба афкору андешаҳои бегонапарастона табақаҳои ҷомеаро ба ҳалокат бурд.

Фарзона Худоева,

мудири кафедраи фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзии Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе