
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - РАМЗИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ
2025-06-25 17:13:17
Таҳти ин унвон бо ташаббуси
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе бахшида ба 28-солагии Рӯзи
Ваҳдати миллӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси кумита
академик Фарҳод Раҳимӣ, муовинони раис Баҳрулло Давлатзода ва Алишер Ализода,
роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе
ва омӯзгорону кормандон иштирок намуданд.
Академик Фарҳод Раҳимӣ ҳамоишро
ифтитоҳ карда, иброз дошт, ки имсол мо мардуми сарбаланди тоҷик 28-умин солгари
Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил менамоем. Дар воқеъ, мафҳуми сулҳу ваҳдат ва
ягонагиву якдилӣ ҳамеша дилнишин садо дода, бевосита шунавандаро ба андеша
намудан водор месозанд.
Сулҳу ваҳдат чун омили
муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз
ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи
шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум,
ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
“Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии
Точикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеву макоми онро дар
миқёси чаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди
омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилоту мамлакатҳои олам
гардидаасг, ки боиси ифтихори миллати мост. Воқеан ҳам, ваҳдат омили рушди
босуботи мамлакат ва кафили иқболу саодати халқу ҷамъият ба ҳисоб меравад”, -
гуфт раиси Кумита.
Таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ
на танҳо як ибора, балки арзиши бузурге мебошад, ки ҳаёт ва тақдири имрӯзаи
мардуми тоҷик ба он пайвандӣ дорад. Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву
ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин,
ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ баҳри миллати соҳибмаърифати мо мебошад. Маҳз бо
талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ
эълон гардид.
Дар идомаи ҳамоиш академик
Кароматулло Олимов, сарходими илмии шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон роҷеъ ба “Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими соҳибистиқлолии Тоҷикистон”
маърӯза намуда, иброз дошт, ки ваҳдат на танҳо хотимаи як муноқишаи дохилӣ,
балки оғози як саҳифаи нав дар таърихи давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.
Он пояи миллат, асоси истиқлол, шарти суботи ҷомеа ва заминаи рушди босуботи
иқтисодиву сиёсӣ аст, ки бо шарофати он корҳои ободонӣ дар саросари кишвар, аз
шаҳрҳои калон то деҳаҳои дурдаст, ба таври рӯзафзун ҷараён доранд. Ҳама
муваффақиятҳову ободкориҳо натиҷаи сулҳу суботи пойдор ва ҳамбастагии миллӣ
аст.
«Пешвои миллат на танҳо меъмори
сулҳ, балки бунёдгари давлати муосири тоҷикон ва Роҳбари сиёсати созандаандт.
Бо роҳбариашон Тоҷикистон аз харобаҳои ҷанг ба кохи умед, аз фироқ ба ваҳдат ва
аз муҳтоҷӣ ба худкифоӣ расид. Пешвои сулҳ ва меъмори ободии Ватан на танҳо сулҳ
оварданд, балки тамоми иқтидори зеҳнӣ ва сиёсиву иқтисодии кишварро ба роҳи
созандагӣ равона карданд. Сарвари давлат бузургтарин ташаббускор дар масъалаи
сулҳу Ваҳдати миллӣ аст», - қайд кард академик Кароматулло Олимов.
Сипас, профессор Холиқзода
Абдураҳим Ғафор, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон суханронӣ карда, қайд намуд, Пешвои миллат аввалин сухане, ки дар
Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ гуфта буданд, масъалаи ба Тоҷикистон баргардонидани
гурезаҳои тоҷик буду овардани сулҳ ба Ватан. Он замон Сарвари давлат савганд ёд
намуданд, ки «То охирин тоҷикро ба Ватан барнагардонам, ором нахоҳам буд!». Дар
ҳақиқат, роҳбари сулҳпарвари мо барои амалӣ намудани ин ормонҳои беназир
талошҳои зиёд намуданд, ҷони худро ба хатар гузошта, барои баргардондан ва
истиқрори сулҳу осоиштагии мардуми Тоҷикистон хизматҳои беназир намуда, ба
савганди худ содиқ монданд.
«Қадру манзалати Ваҳдати миллиро
ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарӯза кӯшиш
намояд. Тавре ки Сарвари давлат қайд намудаанд: «Арзиши муқаддасу таърихӣ ва
омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлоли давлатӣ,
бешубҳа, Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад»», - гуфт профессор
Холиқзода Абдураҳим.
Ҳамзамон, профессор Мирзошоҳрух
Асрорӣ, сарходими илмии шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар
робита ба Ваҳдати миллӣ ҳамчун асоси пойдории рушди Тоҷикистони муосир баромад
кард.
Ӯ таъкид кард, ки Ваҳдати миллӣ бо ташаббус ва роҳбарии оқилонаи қаҳрамони ваҳдату наҷотбахши миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, боиси он гардид, ки миллати тоҷик ба фатҳи қуллаҳои нав дар ҳамаи соҳаҳо муваффақ гардад. Аз ин хотир, фурсате расидааст, ки барои Ваҳдату пешрафти кишвар сарҷамъона дасти ҳам бигирему пайи ободии он бештар кӯшиш кунем.
