
ВАҲДАТ БЕҲТАРИН НЕЪМАТ
2025-06-25 17:05:36
Ваҳдат беҳтарин неъмат барои тамоми инсоният маҳсуб
меёбад, зеро тамоми некию хубиҳои дунёро дар худ таҷассум кардааст. Маҳз бо
будани ваҳдат душворию монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ
мениҳад ва халқ орому осуда зиндагӣ менамояд.
Агар ба мо инсонҳо рӯзҳои нек ва саодату музаффарият даст
дода бошад, ин ҳам бо нияту заҳматҳои нек, кӯмаки дӯст ва рафиқи хуб ба чунин
дастоварду муваффақият ноил гардидаем. Ваҳдати мо, бародарии мо, сулҳу субот ва
якдилию якдигарфаҳмии мо аз дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ба даст омадааст, ки зиёда аз
28 сол инҷониб дар кишвари азизи мо ваҳдату муттаҳиддӣ пояндаву побарҷост.
Ин ҷашн тантанаи нерӯи бегазанду созанда, пешбару
тавоноии ваҳдат буда, ба ҷаҳониён собит намуд, ки халқи тоҷик табиати ваҳдатро
меписандад. Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат,
наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон
аст.
Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон мавқеъ ва мақоми
онро дар миқёси ҷаҳон овозадор месоза. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик
мавридии омӯзиши Созмони милали муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст.
Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, ки имрӯзҳо
мардуми озоди кишвар меҳнати софдилонаи худро давом дода, ҳаёти хушбахтона
гузаронида истодаанд. Аз ҷумла, мо – ҷавонон, насли хушбахттарини ҷаҳонем, ки
дар замони сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ менамоем ва аз ин иқболи баланди худ
меболем. Нафароне, ки аз хориҷи кишвар қадами худро бори аввал ба кишвари мо
мегузоранд, аз зебоги ва гулулшукуфоии ватани азизи мо дар ҳайрат монда,
мафтуни ин кишвари зебо мегарданд.
Имрӯз, ки офтоби оштӣ нурафшон аст, ки хуруд калон дар
пайи ободии диёранд. Оре, дар ҳар ҷойе сухан аз ваҳдат меравад дар он ҷо
иттиҳоди халқҳои гуногун пайванди тамаддунҳо хоҳад буд. Ҳукумати ин роҳро ба
хотири фардои ватан, зиндагии ободу серию пурии мардум интихоб кардааст.
Амина РУСТАМОВА, мудири китобхонаи Коллеҷи омӯзгории
шаҳри Бохтар