Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > БАРРАСИИ ВАЗЪИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБИИ ТИББӢ
single-product

БАРРАСИИ ВАЗЪИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБИИ ТИББӢ

2025-06-25 17:02:19

Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳлилу баррасии фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббии ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ, муовини якуми раис Баҳрулло Давлатзода, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи касбӣ Бобоҷон Маҳмадализода ва роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Ҷамъомадро академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки зинаи таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ дар раванди омода намудани кадрҳои баландихтисос фаъолияти густурдае дошта, пас аз истиқлоли давлатӣ ҷиҳати таъмини беморхонаю муассисаҳои саломатӣ ва марказҳои тиббӣ бо мутахассисон рисолати муҳиме бар дӯш дорад.

Фаъолияти пурсамари мутахассисони ин зинаи таҳсилот дар самтҳои тандурустию фармасевтӣ, иҷтимоиву маданӣ ва фарҳангии мамлакат нақши муассир дошта, талаботи беморхонаю муассисаҳои тиббӣ ба мутахассисон дар ин самт рӯз ба рӯз бештар мегардад. Айни замон, ки дар соҳаи тиб муассисаҳои тандурустии кишвар ба мутахассисон ниёз дорад, омода намудани кадрҳои баландихтисоси ин самт бар дӯши зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аст”, - гуфт раиси Кумита.

Иттилоъ дод шуд, ки айни замон дар мамлакат 37 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ, аз ҷумла 21 муассисаи ғайридавлатӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 74 338 нафар донишҷӯён аз рӯи 12 ихтисос таҳсил мекунанд.

Зикр гардид, ки бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани фаъолият дар коллеҷҳои хусусию давлатии тиббӣ аз ҷониби мутахассисони Кумита санҷиш гузаронида шуд. Санҷиши мазкур нишон дод, ки дар раванди фаъолияти баъзе аз муассисаҳо як қатор камбудиҳо ҷой доранд, аз ҷумла нокифоя будани давомоти донишҷӯён, норасоии омӯзгорони тахассусӣ, дар бинои иҷораи номувофиқ фаъолият кардани муассисаҳои таълимӣ, нокифоя набудани баззаи моддию техникӣ дар кафедраву факултетҳо, камбуди адабиёти таълимии соҳавӣ, мавҷуд набудани озмоишгоҳҳои тиббӣ, баргузории машғулиятҳои таълимӣ дар утоқҳои кории табибон дар марказҳои саломатӣ ва амсоли инҳо.

Таъкид гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ вазифадор шудаанд, ки мушкилоти мавҷудро дар муҳлати муқарраргардида бартараф намуда, аз натиҷааш ба Кумита маълумот ирсол намоянд.

Дар фарҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардидани муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ, ки ба талаботи замон ҷавобгӯянд, дар маҳалҳои дурдасти кишвар имконият фароҳам овард, ки теъдоди зиёди занону духтарон дар минтақаҳои дурдаст ба таълиму фаъолият фаро гирифта шаванд. Бинобар ин, аз масъулият даъват ба амал оварда шуд, ки тамоми камбудиҳои ошкоргардида дар муддати кӯтоҳтарин рафъ карда шаванд.

single