
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ТАҲКИМБАХШИ РУШДИ ҶОМЕА
2025-06-21 21:42:40
Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди бузург ва
муқаддаси миллати мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб рафта, нақши
бузургеро дар сарҷамъии миллат ва пойдории давлат гузоштааст.
Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту
тараққиёт, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардум таъмин карда
мешавад. Ваҳдат оғози ҳамаи созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву
иҷтимоӣ, некӯаҳволии рӯзгори ободу осудаи мардум ва эҳёи худшиносию худогоҳӣ ва
роҳ сӯйи фардои дурахшон аст.
Таърих гувоҳ аст, ки 28 сол қабл, 27 июни соли 1997
фарзандони фарзонаи миллати тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон, бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ, бо меҳри ватандӯстию сулҳхоҳӣ, баъд аз
нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ин кашмакашҳо
хотима гузошта, “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ”-ро имзо
намуданд. Ин санад ифодакунандаи қатъи ҷанги дохилӣ буда, ба оғози ҳаёти
осоишта қадам ниҳодани мамлакатро инъикос менамояд.
Маҳз бо
кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ гардида,
барои бунёди рӯзгори ободу осудаи ҷомеа заминаи воқеӣ гузошт. Сулҳу ваҳдати
тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик
умедро ба ояндаи нек, хушбахтӣ, саодат, некномӣ ва ваҳдати ногусастанӣ зинда
намуд. Бояд мо ҷавонон ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки ҷанги таҳмилие, ки қабл аз
имзои созишномаи сулҳ ҷараён дошт, ҳазорон шаҳрвандро қурбон, модаронро гирён,
фарзандонро бепадар ва қисми дигарро бесарпаноҳ кард.
Маҳз сиёсати
хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
боис шуд, то кишвари мо аз вартаи ҷудоӣ раҳо гардида, сӯйи ояндаи дурахшон
раҳнамун ва Ваҳдату ҳамдили пойдор гардад. Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии
халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад. Зеро
танҳо сулҳу оромии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ имкон медиҳад, ки ҳар давлату миллате
ҷойгоҳи худро дар арсаи ҷаҳонӣ барқарор намояд ва иқтисодиёти кишвари худро
таъмин намуда, ба иқдомҳои муҳими хеш мушарраф бигардад.
Ҳар як сокинони
мамлакатро зарур аст, ки барои ҳифзу нигаҳдошти сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ
бояд пайваста талош намоянд.
Дар баробари
арзишҳои муқаддас, сулҳ ва Ваҳдати миллиро, ки пойдевор ва меъмори он Пешвои
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳомн мебошад, доимо ҳифз намуда, ва барои пешрафти
кишварамон Тоҷикистони соҳибистиқлол сарҷамъона талош карда, аз таҳаввулоту
нооромиҳои ҷаҳони муосир эмин бошем.
Имматшоев Зиннатшо, н.и.и., дотсент, директори Литсейи касбии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе