Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

single-product

ВАҲДАТ - ВАСИЛАИ ДӮСТӢ

2025-06-21 21:41:10

Ваҳдат заминаи муҳимми ҳамбастагӣ, дустию рафоқат ва эҳтироми тарафайн байни минтақаҳои Тоҷикистони ягонаро фароҳам овард. Танҳо бо шарофати Ваҳдати миллӣ миллати тоҷик ва Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, соҳибтамаддун ва дорои фарҳанги бою ғанӣ шинохта эҳтиром карданд.

Ваҳдати миллӣ эҳёгари асли фарҳангӣ, маънавӣ ва сиёсии миллати тоҷик мебошад. Маҳз ба шарофат ва зери таъсири Ваҳдати миллӣ худшиносӣ, худогоҳӣ ва ваҳдатсолории миллати тоҷик аз сари нав авҷ гирифт ва дар ин раванд моро ба зинаҳои нисбатан баланди тараққиёти иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангӣ мувоҷеҳ гардонид.

Тавре ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд: “Воқеият ин аст, ки майлу ирода, саъю талош, таҳаммулгароӣ ва хиради азалии миллати тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик ва тафаккури созандаву рӯҳи шикастнопазири халқи Тоҷикистон муҳимтарин омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ман ин суханонро ҳамеша бо ифтихор аз мардуми қаҳрамони тоҷик ба забон меоварам”.

Воқеан, муттаҳид шудан атрофи сиёсати созандаю ободкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободию гул – гул шукуфои Ватани азизамон Тоҷикистон ваҳдати воқеии миллат мебошад.

Саннаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид, ки ин созишнома ҳамчун санади тақдирсози миллати тоҷик шинохта шудааст. Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “Дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта бар асари фитнаву дасисаи хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати тоҷикон мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардиданд, ки дар натиҷаи он ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба буҳрони фоҷиабор рӯ ба рӯ шуданд”.

Хатари бузургтарине, ки дар он айёми вазнин ба миён омада буд, эҳтимоли пароканда гардидани миллати тоҷик ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон буд. Чунин шароити бисёр душвор ва вазъи хатарбор фарзандони содиқу ватандӯст ва огоҳу бедордили миллатро водор намуд, ки барои пешгирӣ кардани ин раванди хатарнок ва дар навбати аввал, даъват кардани иҷлосияи XVI - Шурои Олӣ – ягона мақоми босалоҳияти он рӯзҳо иқдомоти ҷиддиро роҳандозӣ намоянд”. Маҳз бо кӯшишу талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қувваҳои даргиру мухолиф сари мизи гуфтушунид нишаста, заминаи ризоияти миллӣ ва Ваҳдати миллиро гузоштанд.

Бо шарофати қабул ва амалӣ гардидани қарорҳои Иҷлосияи XVI-ум барои барқарорсозии сулҳу субот, ташкили рукнҳои давлати соҳибихтиёри демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, гузоштани заминаҳои ташаккули ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, низоми ҳуқуқии адолатпеша ва оғоз намудани барномаҳои пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ шароити зарурӣ муҳайё карда шуд.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи наверо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, маънавию фарҳангии мамлакат оғоз бахшид. Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ талафоти фаровони моливу ҷонӣ дида, аркони иқтисодиву иҷтимоии он хароб гардида буданд, дар сароғози даврони навини таърихии давлатдории хеш ба буҳронҳои шадиди сиёсӣ рӯ ба рӯ гардид. Чунин марҳилаи сарнавиштсози таърихӣ буд, ки бар асоси сабақҳои андӯхта аз таҷрибаҳои таърихии гузаштагони худ заминаҳои мувофиқ барои таҳкими Ваҳдати миллӣ ҳам аз назари сиёсӣ ва ҳам иқтисодиву иҷтимоӣ фароҳам омада, ҷомеаи моро ба сӯи созандагиву бунёкорӣ ва бунёди давлати ҳуқуқбунёд тамоюл бахшид.

Имрӯз бояд ҳар як шаҳрванди худогоҳи миллат хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро қадр карда, атрофи ин сиёсати созандаю инсонмеҳвар муттаҳид гардад.

Ҷамила ДАВЛАТЗОДА,

директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор