
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПОЯИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ
2025-06-21 21:40:02
Ваҳдат
падидаест, ки дар он тамоми музаффариятҳои зиндагӣ таҷассуми худро ифода
мекунанд. Таърих гувоҳ аст, ки 28 сол қабл, 27 июни соли 1997 фарзанди фарзонаи
миллати тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди
ватанпарастӣ, бо меҳри ватандӯстию сулҳхоҳӣ, баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои
таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ин кашмакашиҳо хотима гузоштанд. Яъне,
28 сол қабл созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.
Ин санад ифодакунандаи хотимаёбии ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози ҳаёти осоиштаи
Тоҷикистонро инъикос менамуд.
Маҳз, бо
кӯшишҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон
сарҷамъ гардид ва ободонию шукуфоии мамлакат пеш рафт. Барои бунёди рӯзгори
ободу осудаи ҷомеа заминаи воқеӣ гузошта шуд. Сулҳу ваҳдати тоҷикон на танҳо
давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умедро ба ояндаи
нек, хушбахтӣ, саодат, некномӣ ва ваҳдати ногусастаниро зинда намуданд.
Дар эъмори
давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ Сарвари
давлатамон нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ
ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуданд. Дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ
ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз
кардаанд.Маҳз бо ҳамин корнамоиҳо, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Пешвои
миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардиданд.
Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон:
“Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард,
ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди
покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд”. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи
тоҷик мавриди омӯзиши бисёр ташкилотҳои байналмилалӣ, бахусус, Созмони Миллали
Муттаҳид гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дурру
пешрафти маънавиёти кишвари тозаистиқлолу сулҳофари Тоҷикистон. Мо мардуми
сарбаланди тоҷик инро бояд аз ёдҳо набарорем, ки танҳо бо роҳи ваҳдат ва
якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор
карда, нигоҳ дошта метавонем.
Тамоми душвориҳо ва монеаҳо танҳо дар сурати мавҷуд
будани сулҳу ваҳдат паси сар шуда, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда, кишвари
азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Дар ҳақиқат ҳам, Ваҳдати
миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти
ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гулгулшукуфон гардида, иқтисодиёташ тадриҷан
афзуда, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ рушд мекунад.
Ваҳдати миллӣ барои ҳамагон асоси ифтихороти
ватандорӣ, шаҳрвандӣ ва фарзанду зодаи ин сарзамини пурфайз будан аст. Чи хуш
аст, ки ҳар кору пайкор, ҳар иқдому нияти ҷавонон ба хотири таҳкими он мебошад.
Саидмурод
ШАРИФЗОДА, директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода