
ЛОИҲАИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ» ДАР МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БАРРАСӢ ШУД
2025-06-25 17:04:21
Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии
иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати
ҳафтум баргузор гардид.
Дар иҷлосиялоиҳаи Қонуни конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни
конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ
ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки
Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани
тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», лоиҳаи Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои
генетикии набототи корам» ва лоиҳаи Консепсияи гузариш ба технологияҳои рақамӣ
ва инноватсионӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои
дахлдор қабул карда шуд.
Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони Мачлиси
намояндагон Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, муовини якуми вазири молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф, муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии
Тоҷикистон Асозода Нуралӣ, муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳурматзода Иззатулло, Раиси Комиссия оид ба назорати дастур
ва ташкили кор Ғанизода Шуҳрат, муовини раиси Кумита оид ба илм, маориф,
фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Аҳмадзода Дилноза, узви Кумита оид ба сохтори
давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Аюбӣ Бибиосия, аъзоёни Кумита оид ба иқтисод
ва молия Собирзода Ғафурҷон ва Наботзода Сиёвуш, узви Кумита оид ба масъалаҳои
аграрӣ, захираҳои об ва замин Аҳмадзода Бахтиёр муаррифӣ намуданд.