Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ВАҲДАТИ МИЛЛӢ НЕЪМАТИ БЕБАҲО ВА АСОСИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР ТОҶИКИСТОН
single-product

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ НЕЪМАТИ БЕБАҲО ВА АСОСИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР ТОҶИКИСТОН

2025-06-25 17:07:48

Зери ин мафҳум дар "Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар", чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар оғоз, директори муассиса Ҳабибуллозода Акмалшоҳ суханронӣ намуда, тамоми омӯзгорону донишҷӯёнро ба муносибати ин ҷашни бузург самимона табрик намуд.

Номбурда дар суханронии худ аз нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, зикр кард, ки маҳз бо талошу ҷонфидоии Роҳбари давлат, Тоҷикистон тавонист аз гирдоби ҷанги дохилӣ раҳо ёбад ва ба сӯйи рушди устувор ва ҳаёти осоишта қадам гузорад.

Ҳабибуллозода Акмалшоҳ ҳамчунин таъкид намуд, ки Ваҳдати миллӣ арзиши бебаҳои давлату миллат буда, ҳифз ва пос доштани он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Ин чорабинӣ як бори дигар нишон дод, ки ҷавонон неруи созандаву бунёдгар бо ифтихор аз ваҳдату якпорчагии кишвар дар роҳи рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол талош меварзанд ва рисолати хешро дар таҳкими сулҳу субот амиқ дарк менамоянд.

Сипас, муовини директор оид ба таълим Ҳусейнзода Зайниддин суханронӣ намуда, на танҳо дар бораи аҳаммияти Ваҳдати миллӣ, балки дар мавриди нақши омӯзгор дар пойдории ваҳдат ва рушди маънавии миллат низ андешаронӣ намуд. Ӯ изҳор дошт, ки омӯзгорон дар таҳкими сулҳ, тарбияи ватандӯстонаи насли наврас ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа нақши барҷаста доранд.

Ҳусейнзода Зайниддин зикр намуд: «Омӯзгор чароғи роҳнамои наслҳои ояндасоз аст. Маҳз омӯзгоронанд, ки дар шароити сулҳу ваҳдат ҷавононро бо илму дониш, эҳсоси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ тарбия менамоянд. Агар сулҳу субот ҳаст, пас имкони омӯзиш ва рушди зеҳнии наврасон муҳайёст. Ба ҳамин хотир, қадри омӯзгор, заҳмати шабонарӯзии ӯ ва нақши ӯ дар ҷомеа бояд ҳамеша пос дошта шавад.»

Ӯ инчунин омӯзгоронро ба он даъват кард, ки дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаи миллат пайваста кӯшиш намуда, бо масъулияти баланд насли донишманду ватандӯстро ба камол расонанд.

Ин чорабинӣ дар фазои самимият, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ифтихор аз ваҳдату истиқлол баргузор гардид.

Маркази иттилоотии Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар.