Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2025-10-20 09:27:36

МЕҲРГОН – РАМЗИ МЕҲРУ ДӮСТӢ ДАР ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ

Меҳргон яке аз куҳантарин ва арзишмандтарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод мебошад, ки таърихи он ба ҳазораҳои пеш аз милод рост меояд. Ин ҷашн дар баробари Наврӯз яке аз муҳимтарин суннатҳои миллӣ ва рамзи меҳр, вафо ва дӯстӣ дониста мешавад. Бостони будани ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон аз он шаҳодат медиҳад, ки бунёдгузорони онҳо ба давраи Пешдодиён мансубанд. Дар сарчашмаҳои мифологӣ ва таърихӣ Наврӯз ба номи шоҳ Ҷамшед ва Меҳргон ба номи Фаридун нисбат дода мешавад. Нуктаи муҳим он аст, ки Наврӯз ҳамчун оғози соли нав ва баробарии шабу рӯз дар бурҷи Ҳамал таҷлил мегардид, дар ҳоле ки Меҳргон оғози нимаи дуюми сол — фасли тирамоҳ — ба ҳисоб мерафт. Тибқи ривоятҳои таърихӣ, дар давраи бостон Меҳргон оғози соли Ҳахоманишиён буда, аз вуруди хуршед ба бурҷи Мизон шурӯъ мегардид.

Бино ба назарҳои муҳаққиқон, дар замони Ҳахоманишиён ба ҷашни Меҳргон таваҷҷуҳи вижа зоҳир мегардид. Таърихнигорони Юнон ва Руми қадим низ дар осори худ ба ин маънӣ ишора кардаанд. Ин ҳолат эҳтимол ба ҷойгоҳи баланди эзади Меҳр (Митро) дар он давра вобаста аст, ки ҳамчун рамзи адолат, рӯшноӣ ва аҳду паймон шинохта мешуд. Академик Бобоҷон Ғафуров дар асари худ «Тоҷикон» таъкид мекунад: «Меҳргон ҳамчун ҷашни миллӣ на танҳо рамзи шодиву сурур, балки ифодаи фарҳанги меҳнат, адолат ва ҳамзистии инсон бо табиат аст».

Маврид ба зикр аст, ки дар замони Ҳахоманишиён, Ашкониён ва Сосониён, Меҳргон ҳамчун ҷашни давлатӣ таҷлил мегардид. Дар ин рӯз шоҳон либосҳои махсуси арғувонӣ мепӯшиданд ва бар мардум инъомот мебахшиданд. Ҳамчунин, тибқи ривоятҳо, Фаридун яке аз шоҳони мифологӣ дар рӯзи Меҳргон бар Заҳҳок пирӯз шуда, адолатро дар ҷаҳон барқарор кард.

Аз дидгоҳи илмҳои ҷомеашиносӣ ҷашни Меҳргон падидаест, ки арзишҳои ахлоқӣ ва иҷтимоиро дар зеҳни мардум мустаҳкам месозад. Он на танҳо ҷашни кишоварзон, балки маросими шукргузорӣ аз неъматҳои табиат мебошад.

Хушбахтона, имрӯз Меҳргон дар тамоми манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни бошукуҳи миллию мардумӣ таҷлил мегардад.  Ҳамасола, шуруъ аз 8–10-уми октябр то охири ин моҳ, дар саросари кишвар намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ, озмунҳои ҳунармандӣ ва барномаҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд.

Ҳамин тавр, ҷашни Меҳргон падидаи беназири фарҳанги ориёист, ки то имрӯз боқӣ мондааст. Он таҷассуми меҳр, адолат, вафо ва инсонгароӣ буда, на танҳо як маросими суннатӣ, балки як ҷузъи муҳими худшиносии миллӣ мебошад. Эҳёи ин ҷашн ба муаррифии фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ саҳми назаррас дорад.

Санҷар САЛИМОВ,

омӯзгори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова

2025-10-20 09:22:25

ПАХТА - БОИГАРИИ МИЛЛИИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Дар замони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ва рақобати иқтисодӣ бо суръати баланд идома доранд, нақши соҳаи кишоварзӣ дар таъмини рушди устувори давлатҳо беш аз пеш меафзояд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иқтисоди он хусусияти аграрӣ дорад, пахтакорӣ на танҳо ҷузъи муҳими истеҳсолот, балки пояи амнияти иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад. Пахта ҳамчун «тиллои сафед» рамзи заҳмати поки деҳқон ва нишонаи боигарии миллӣ маҳсуб меёбад.

Пахта дар иқтисодиёти Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дорад. Он аз зироатҳои стратегӣ ба ҳисоб меравад, ки саҳми назаррас дар даромади умумии миллӣ дорад. Аз лиҳози иқтисодӣ, пахта яке аз маҳсулоти содиротии асосии кишвар буда, барои садҳо ҳазор нафар шаҳрвандон манбаи кор ва рӯзгор аст.

Тибқи маълумотҳои расмӣ, солона дар Тоҷикистон садҳо ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол мешавад, ки қисми зиёди он ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Туркия, Чин, Покистон ва Ӯзбекистон содир мегардад. Ин раванд ба беҳтар гардидани тавозуни савдо ва афзоиши даромади буҷет мусоидат менамояд.

Илова бар ин, коркарди саноатии пахта — истеҳсоли равған, матоъ ва дигар маҳсулоти ниҳоӣ — самти муҳими баланд бардоштани арзиши иловагии маҳсулоти миллӣ ба ҳисоб меравад.

Пахтакорӣ дар баробари аҳамияти иқтисодӣ, дорои арзишҳои иҷтимоиву сиёсӣ низ мебошад. Давлат тавассути барномаҳои миллии рушди соҳаи кишоварзӣ ва стратегияи амнияти озуқаворӣ ба рушди соҳаи пахтакорӣ аҳамияти хоса медиҳад.

Ин раванд боиси болоравии сатҳи зиндагии аҳолии деҳот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ мегардад. Ҳамзамон, пахта омили муҳими таҳкими суботи иҷтимоӣ ва сиёсати устувори давлатдории миллӣ аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: Мо бояд ҳар ваҷаб замини обӣ ва ҳар қатра обро самаранок истифода бурда, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро зиёд кунем, зеро ин кафолати амнияти иқтисодиву иҷтимоии кишвар аст.

Ин суханон собит месозанд, ки пахтакорӣ танҳо як соҳаи иқтисодӣ нест, балки унсури муҳимми сиёсати миллии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз нигоҳи илмҳои географӣ ва экологии муосир, рушди устувори пахтакорӣ ба идоракунии дурусти захираҳои табиӣ вобаста мебошад. Тоҷикистон дорои иқлими континенталӣ буда, захираҳои обии он маҳдуд мебошанд. Аз ин рӯ, масъалаи истифодаи оқилонаи об ва замин дар соҳаи пахтакорӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, аз қабили обёрии қатрагӣ, истифодаи тухмии мутобиқ ба иқлим ва воситаҳои биологӣ метавонад ҳосилнокиро афзоиш дода, ба ҳифзи муҳити зист мусоидат намояд. Ҳамзамон, омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳосили пахта бояд самти муҳими пажӯҳишҳои илмӣ бошад.

Давлати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи пахтакорӣ як қатор барномаҳои стратегиро роҳандозӣ кардааст. Аз ҷумла, Барномаи давлатии рушди кишоварзӣ, Стратегияи миллии рушди устувор ва сиёсати инноватсионии аграрӣ. Ин барномаҳо ҳадаф доранд, ки бо ҷорӣ намудани технологияи муосир, васеъ кардани инфрасохтори коркард ва баланд бардоштани сатҳи дониши деҳқонон, истеҳсолоти пахтаро ба сатҳи саноатии рақобатпазир бароранд.

Пахта ҳамчун маҳсулоти стратегӣ ва боигарии миллии Тоҷикистон нақши муҳим дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва устувории сиёсӣ дорад.

Бо дарназардошти ин омилҳо, метавон гуфт, ки пахта на танҳо зироати техникӣ, балки пояи иқтисод, омили суботи иҷтимоӣ ва нишонаи ифтихори миллӣ мебошад.

Улуғбек РӮЗИЕВ,

омӯзгори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд

2025-10-20 09:20:09

ВАРЗИШ - ҚОСИДИ СУЛҲ

18 октябр ба муносибати ҷашни миллии Меҳргон дар Литсейи касбии техникии шаҳри Истаравшан байни дастаҳои футболбозони хонандагони бахши якум ва дуюм мусобиқаи варзишии футбол (бозии рафиқона) ташкил ва гузаронида шуд.

Дар мусобиқаи мазкур ғлибият насиби дастаи футболбозони хонандагони бахши дуюм гардид. Бозӣ ба ҳисоби 2 бар 1 анҷом ёфт ва хеле шавқовару хотирмон гузаронида шуд.

2025-10-20 09:13:34

МЕҲРГОН – ОИНАИ ФАРҲАНГИ ВОЛОИ НИЁГОН ВА ПАДИДАИ ЭҲЁИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ


Ҷашнҳои миллӣ ҳамчун оинаи тамаддуну худшиносии ҳар як миллат, манбаи руҳбаландӣ, ваҳдатофарӣ ва пайванди наслҳо маҳсуб меёбанд. Яке аз чунин суннатҳои дерина, ки реша дар умқи таъриху фарҳанги ориёӣ дорад, ҷашни Меҳргон аст. Имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, суннатҳои фарҳангии мо, ки гоҳе дар канори фаромӯшӣ қарор гирифта буданд, рӯ ба эҳё овардаанд ва ба масири арҷгузорӣ ба мероси миллӣ ворид шудаанд.

Ҷашни Меҳргон аз зумраи чунин суннатҳои бостонӣ буда, бо ташаббуси Пешвои миллат расман дар кишвар ҳамчун иди миллӣ таҷлил мегардад. Ин иқдоми муҳиму дурбинона на танҳо эҳтиром ба анъанаҳои таърихист, балки ба худшиносиву ифтихори миллии ҳар як тоҷик заминаи қавӣ мегузорад.

Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки дар фарҳанги мардуми ориёинажод ҳамагӣ ду фасл вуҷуд дошт – “hama” (тобистон) ва “zayana” (зимистон). Наврӯз оғози “тобистон” ва Меҳргон оғози “зимистон” ба ҳисоб мерафт. Ба ин маънӣ, Меҳргон на танҳо ҷашни як фасл, балки рамзи гузариш аз гармӣ ба сардӣ, аз мавсими ҳосилғундорӣ ба давраи захираву омодагӣ ба зимистон аст.

Меҳргон иди табииву заминдор, деҳқонӣ, мардумӣ, меҳнатписандӣ ва файзу баракат мебошад. Ин ҷашн на танҳо рамзи эҳтиром ба замину меҳнати деҳқон аст, балки навъе аз ташаккур ба табиат ва гиромидошти муваффақиятҳои яксолаи мардум аст. Аз нигоҳи ниёгони донишманди мо, Меҳргон на фақат ид, балки замони таҷдиди назар дар фаъолияти кишоварзӣ, муайян кардани натиҷаҳои меҳнати солона, ва омодагӣ ба шароити зимистон аст.

Имрӯз, ки дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Меҳргон дар саросари кишвар бо шаҳомат таҷлил мегардад, мо бояд дарк намоем, ки эҳёи Меҳргон танҳо эҳёи як ҷашн нест, балки эҳёи рӯҳи миллӣ ва асолати фарҳангии мост.

Фарҳанг ва суннатҳои миллӣ ҳувият месозанд. Ҳувият аст, ки миллатро пойдор медорад. Ва ҳамин ҳувияти фарҳангӣ аст, ки моро бо гузашта мепайвандад ва ба сӯи оянда роҳнамоӣ мекунад. Дар чунин замина, Меҳргон бояд ба як мактаби маърифатӣ барои насли нав табдил ёбад, то онҳо омӯзанд, ки мо чӣ гуна гузаштае доштем, ва имрӯз дар кадом заминаи худшиносӣ бояд қарор дошта бошем.

Ҳар як муассиса таълимӣ бояд таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргонро қисме аз раванди таълиму тарбия қарор диҳад. Зеро тавассути чунин ҷашнҳо ба шогирдон на танҳо дониш, балки арзиш, ифтихор, ватандӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ омӯхта мешавад. Мо бояд талош кунем, ки наслҳои оянда ба арзишҳои миллӣ арҷ гузоранд ва посдори суннату фарҳанги ниёгон бошанд.

Имрӯз мо, фарзандони содиқи миллати тоҷик, ки ворисони тамаддуни куҳанем, бояд масъулияти бузургеро эҳсос намоем: пос доштан ва зинда нигоҳ доштани Меҳргон ҳамчун рамзи худшиносии миллӣ, ваҳдат ва дастовардҳои меҳнатӣ. Меҳргон на танҳо иди деҳқон, балки иди ҳар он касест, ки заҳмат мекашад, созанда аст ва аз файзи меҳнати ҳалол ҳаёти пурбаракатеро бунёд мекунад.

Дар ин росто, Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе низ бо дарки муҳимияти чунин ҷашн ҳамасола дар сатҳи зарурӣ чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ доир намуда, дар руҳияи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ хонандагони худро тарбия мекунад.

 

ИМАТЧОЕВ Зинатшо Хизматшоевич,

директори Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе

2025-10-20 09:08:18

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ МЕҲРГОН

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни бостонии Меҳргон, ки чун арзиши бузурги маънавӣ аз гузаштагони некномамон ба мо мерос мондааст, самимона табрик мегӯям.

Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо тоҷикон аст, ки реша дар таърихи чандинҳазорсола дорад.

Меҳргон ҳамчун ҷашни баракату фаровонӣ ва меҳру меҳрубонӣ дар қалбҳои мардуми ориёитабор ҷой гирифта, ойини вобаста ба мавсими ҷамъоварии ҳосил ва ҷамъбасти самараи заҳмати марди деҳқон мебошад.

Ҷашни Меҳргон чун дигар ҷашнҳои миллии мо асосҳои муътамади нуҷумӣ дорад.

Гузаштагони хирадманди мо тибқи тақвими бостонӣ ва дар асоси илми нуҷум санаи понздаҳуми меҳрмоҳро рӯзи меҳр меномиданд ва ҷашни Меҳргонро дар ҳамин рӯз таҷлил мекарданд.

Тайи ҳазорсолаҳо арзишҳои ин ойини мардумӣ дар тамаддуни тоҷикон решаҳои амиқ давонда, ҷанбаҳои гуногуни фарҳангиву фалсафӣ гирифта, дар адабиёти оламшумули тоҷик васеъ инъикосу тавсиф шудааст.

Ҷашни шоҳону хусравон будани Меҳргонро ҳанӯз дар асри даҳи мелодӣ қофиласолори шеъри Аҷам устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ хеле зебо сурудааст:

Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.

Заминаи ривоятии пайдоиши ҷашни Меҳргон дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ тасвир шудааст ва шоир ин падидаро ба рӯзи ба тахт нишастани Фаридун нисбат медиҳад:

Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор,
Надонист
ҷуз хештан шаҳрёр,
Ба р
ӯзи хуҷаста сари меҳрмоҳ,
Ба сар барни
ҳод он каёнӣ кулоҳ.

Ҷавҳари ахлоқии Меҳргонро дар мисоли ғалабаи Фаридун бар Заҳҳоки золим пирӯзии некӣ бар бадӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва дӯстӣ бар душманӣ ташкил медиҳад.

Яъне фалсафаи ин ҷашн инсонҳоро ба адолатхоҳӣ, баробарӣ ва меҳрубонӣ ба ҳамдигар, сулҳпарварӣ, инсондӯстӣ ва накӯкорӣ ҳидоят мекунад.

Дар робита ба ин, хотирнишон месозам, ки соли ҷорӣ бо дастури Роҳбари давлат «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ дар ду ҷилд ба нашр расида, ҳоло ба ҳар як хонаводаи кишвар ба таври ройгон тақсим шуда истодааст.

Мақсад аз ин ташаббус тарғибу ташвиқи таърихи бостонӣ, худшиносии миллӣ ва боз ҳам боло бурдани сатҳи ватандӯстиву хештаншиносии мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонони кишвар мебошад.

Хонандаи ин шоҳасар бо мутолиаи он дар бораи таърихи пайдоиш ва моҳияти ҷашнҳои миллии бостонӣ Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон маълумоти амиқ пайдо карда, аҳаммияти бузурги онҳоро дар таҳкими истиқлоли фарҳангӣ ва ташаккули ҳувияти миллӣ дарк менамоянд.

Азбаски гузаштагони мо аз давраҳои қадим кишоварзу боғдор буданд, дар баробари корҳои деҳқонӣ одобу русум ва суннатҳои маънавии неку созандаро ба мо мерос гузоштаанд.

Ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ба ҳукми анъана даромадани таҷлили Меҳргон ва дигар ойинҳои мардумӣ далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳё кардану густариш бахшидани онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.

Идома додани суннату анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла истифодаи оқилонаи обу замин ва дигар сарватҳои табиат, махсусан, дар шароити имрӯза вазифаи бисёр муҳим мебошад.

Дар робита ба ин, кишоварзон ҷиҳати таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маводи озуқа, хусусан, дар фасли зимистон ба масъалаи пурра ҷамъоварӣ кардани ҳосил, захираи маҳсулот, сари вақт анҷом додани кишти тирамоҳӣ ва гузоштани замина барои ҳосили фаровони соли оянда бояд эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Вазъи ноороми сайёра, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, таҳримҳои иқтисодиву молиявӣ ва омилҳои дигар дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон боиси болоравии босуръату бесобиқаи нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ гардида истодаанд.

Аз ин лиҳоз, ҳамаи мо, махсусан, масъулону мутахассисони соҳаи кишоварзиро зарур аст, ки ба хотири ҳифзи амнияти озуқавории кишвар беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол ва захира намоем.

Бо густариш додани ойину ҷашнҳои миллати бостониямон ва дигар суннатҳои неки мардумамон мо бояд минбаъд низ тамоми саъю талоши худро ба хотири рушди кишвар, ободии Ватан, дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани обрӯи давлат ва мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии халқамон равона созем.

Бо ибрози чунин ниятҳои нек бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори ҷашни пурфайзи Меҳргон самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар як хонадони кишвар рӯзгори осуда, файзу баракати меҳргонӣ ва хушбахтиву саодатмандӣ орзу менамоям.

Ҷашни Меҳргон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

2025-10-17 14:11:22

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР» – ҚАДАМИ НАВ ДАР ЭҲТИРОМ ВА ДАСТГИРИИ ОМӮЗГОР

Дар давраи ҷаҳонишавии босуръати иттилоот ва тағйироти иҷтимоиву иқтисодӣ нақши омӯзгор ҳамчун шахсияти калидии ҷомеаи донишбунёд беш аз ҳар вақти дигар аҳамияти хосса пайдо кардааст.

Маҳз омӯзгор аст, ки бо донишу ҷаҳонбинӣ, фарҳанги касбӣ ва масъулияти шаҳрвандии худ на танҳо илму маърифатро интиқол медиҳад, балки пояҳои ахлоқӣ, ватандӯстӣ ва арзишҳои миллиро дар шуури насли ҷавон таҳким мебахшад. Аз ин рӯ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, як қадами муҳим ва саривақтӣ дар самти баланд бардоштани мақоми иҷтимоиву ҳуқуқии омӯзгорон ба ҳисоб меравад.

Дар шароити имрӯза, вақте ки низоми таълим дар зери таъсири омилҳои гуногуни дохилӣ ва байналмилалӣ қарор дорад, зарурати таҳкими мавқеи ҳуқуқии омӯзгор ва кафолатҳои иҷтимоии ӯ хеле эҳсос мешавад. Қонуни нав бо дарназардошти талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ таҳия гардида, тамоми ҷанбаҳои асосии фаъолияти омӯзгорро фаро мегирад. Он мақом, ҳуқуқ, уҳдадориҳо, кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқии омӯзгоронро ба таври муфассал муайян менамояд.

Дар қонун на танҳо меъёрҳои ҳуқуқӣ, балки принсипҳои ахлоқӣ ва арзишҳои инсонпарваронаи касби омӯзгор низ ифода ёфтаанд, ки аҳамияти он дар баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии омӯзгорон ва обрӯву нуфузи онҳо дар ҷомеа ниҳоят калон аст.

Муҳимтарин паҳлуи ин санади меъёрӣ ин аст, ки омӯзгор на танҳо ҳамчун шахси таълимдиҳанда, балки ҳамчун ҳомили арзишҳои фарҳангӣ, маънавӣ ва миллии ҷомеа шинохта мешавад. Эътирофи шаъну шарафи омӯзгор ҳамчун арзиши дахлнопазир, ки дар қонун ба таври возеҳ сабт гардидааст, далели эҳтироми давлат ва ҷомеа нисбат ба ин касби муқаддас мебошад. Дар даврае, ки таҳкими пояҳои ахлоқӣ ва фарҳангии ҷомеа аҳамияти махсус дорад, ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор ба як унсури муҳими суботи маънавӣ ва сиёсӣ табдил меёбад. Аз ҳамин ҷиҳат, қонун амалҳое, ки ба паст задани обрӯ ва нуфузи омӯзгор равона шудаанд, манъ мекунад ва ин иқдом метавонад ба баланд гардидани сатҳи масъулият ва эҳтироми мутақобилаи ҷомеа ва муаллим мусоидат намояд.

Мавқеи ҳуқуқии омӯзгор дар қонун бо таъмини як қатор ҳуқуқҳои асосӣ мустаҳкам гардидааст. Омӯзгор ҳуқуқ дорад, ки дар фаъолияти таълимӣ мустақил бошад, аз роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ шароити заруриро талаб намояд, дар таҳияи барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ иштирок кунад, аз технологияҳои инноватсионӣ истифода бурда, таҷрибаи пешқадамро татбиқ намояд. Ин равиш омӯзгорро аз як иҷрокунандаи барномаҳои таълимӣ ба шахси эҷодкор ва навовар табдил медиҳад. Ҳамчунин, ҳуқуқ ба арзёбии воқеъбинонаи дониш ва малакаи шогирдон, озодии педагогӣ ва дахлнопазирии фаъолияти касбӣ нишон медиҳад, ки давлат барои рушди омӯзгор ҳамчун мутахассиси соҳибистиқлол шароити мусоид фароҳам меорад.

Қонуни нав ҳамзамон, як системаи мукаммали кафолатҳои иҷтимоиро барои омӯзгорон пешбинӣ мекунад. Ин кафолатҳо аз таъмини озодии касбӣ ва шароити мусоид барои фаъолияти таълимӣ то дастгирии моддӣ ва иҷтимоии омӯзгоронро дар бар мегиранд. Хусусан, он ҷиҳате ки давлат фаъолияти омӯзгорони деҳотро бо манзили истиқоматӣ, қитъаи замин ва имтиёзҳои андозӣ дастгирӣ менамояд, иқдоми муҳим дар самти ҳавасмандгардонии кадрҳои соҳаи маориф дар минтақаҳои дурдаст ба ҳисоб меравад. Зимнан, ин тадбир метавонад ба баробарии имкониятҳои таҳсилотӣ байни шаҳр ва деҳот мусоидат кунад.

Аз нигоҳи илмии сиёсати иҷтимоӣ, механизми ҳавасмандгардонии омӯзгорон, ки дар қонун зикр гардидааст, низ дорои аҳамияти назаррас мебошад.

Пешбинӣ шудани иловапулӣ барои дастовардҳои таълимӣ, мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ, ҳамчунин, пардохти ҷубронпулӣ барои хизматрасониҳои коммуналӣ, на танҳо шакли дастгирии моддӣ, балки воситаи эътирофи меҳнати омӯзгор дар сатҳи давлатӣ мебошад. Ин сиёсати ҳавасмандгардонӣ дарозмуддат метавонад ба афзоиши рақобатпазирӣ дар соҳаи маориф ва баланд гардидани сифати таълим оварда расонад.

Ҷанбаҳои ахлоқӣ ва касбии фаъолияти омӯзгор низ дар қонун бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ пайвастаанд. Омӯзгор уҳдадор аст, ки насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ тарбия намояд, ба амалҳое, ки шаъну шарафи омӯзгор ва таълимгирандагонро паст мезананд, роҳ надиҳад ва аз ҳама гуна фаъолияти сиёсӣ ва таблиғотии ғайритаълимӣ дар муҳити мактаб худдорӣ кунад. Ин талабот нишон медиҳад, ки қонун омӯзгорро ҳамчун нигаҳбони ахлоқ ва суботи иҷтимоӣ мебинад, ки нақши ӯ берун аз доираи синфхона ва дар сатҳи васеи фарҳангӣ ва ҷомеавӣ густариш меёбад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», инчунин, масъалаи дахлнопазирии фаъолияти касбии омӯзгорро ба таври возеҳ танзим мекунад. Маҳдуд кардани дахолати мақомоти ғайрисоҳавӣ ва падару модарон ба фаъолияти таълимӣ яке аз шартҳои муҳими таъмини самаранокии таълим аст. Вақте ки омӯзгор худро аз фишор, зӯроварӣ ва таҳқир эмин эҳсос мекунад, имкони татбиқи пурраи салоҳиятҳои касбии ӯ меафзояд. Ҳамзамон, муқаррар гардидани масъулияти мақомоти давлатӣ дар пешбурди сиёсати эҳтиром ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор ба ин раванд неруи ҳуқуқӣ мебахшад.

Дар муҳити илмии педагогӣ ин қонунро метавон ҳамчун санади стратегӣ арзёбӣ намуд, ки на танҳо ба танзими равобити ҳуқуқии омӯзгор бо давлат ва ҷомеа, балки ба ташаккули фарҳанги нави муносибат ба касби омӯзгор равона шудааст. Дар ин самт, қонун ба омӯзгор на танҳо ҳуқуқ, балки масъулият медиҳад - масъулияти ҳифзи арзишҳои маънавӣ, интиқоли донишҳои муосир ва таҳкими ватандӯстӣ миёни наслҳои оянда. Ҳамин тавр, тавассути татбиқи пурраи меъёрҳои он метавон ба баланд гардидани сатҳи сифати таълим, устувории муҳити ахлоқии муассисаҳои таълимӣ ва таҳкими пояҳои фарҳангии ҷомеа ноил шуд.

Қонуни мазкур, дар маҷмӯъ, бозгӯйи сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати тоҷикон нисбат ба омӯзгор аст. Он нишон медиҳад, ки дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон омӯзгор танҳо як корманди маориф нест, балки шахсияти бунёдгузори фарҳанг, илму маърифат ва як сутуни муҳими рушди инсон ва давлат мебошад. Аз ин рӯ, татбиқи самараноки ин қонун метавонад ба густариши фазои эҳтиром ба илм, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва таҳкими мақоми омӯзгор ҳамчун «меъмори рӯҳи инсон» дар ҷомеаи тоҷик мусоидат намояд.

Дар поён бояд зикр кард, ки ин санади меъёрӣ на танҳо як ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки як омили муҳими сиёсати миллии инсонсозист. Вақте омӯзгор эҳсос мекунад, ки давлат ва ҷомеа ба ӯ ҳамчун сутуни маърифат эҳтиром доранд, ӯ бо неруи бештар барои тарбияи насли босавод, ватандӯст ва инсонгаро саъй хоҳад кард. Ин аст, ки қонуни мазкур, дар асл, ба ояндаи миллат, ба суботи фарҳангӣ ва пешрафти устувори Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Мурод ҶУРАЕВ,

муовини директор оид ба таълими

Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

номзади илмҳои тиб

2025-10-17 14:08:04

РУШДИ ТАЪЛИМ ВА ФАННОВАРИҲОИ МУОСИР

Дар муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” сифати таълим дар сатҳи баланди муосир буда, бо истифодаи технологияҳои нави таълимӣ ва ҳамкории судманд бо муассисаҳои тиббии вилоят ва ҷумҳурӣ, ба тайёр намудани мутахассисони ҷавон ва масъулиятшинос равона гардидааст. Мо тасмим гирифтем бо директори он Назарзода Ҷумъахон Шамс дар ин хусус суҳбате анҷом диҳем.

- Устод, нахуст доир ба фаъолияти имрӯзаи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” чанд сухан мегуфтед.

- Воқеан, бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб барои муассисаҳои таълимӣ тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Омӯзгорон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” низ бо хушнудӣ ва масъулиятшиносӣ истиқбол аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менамоянд ва талош меварзанд, ки ба боварию эътимоди Президенти кишвар сазовор бошанд. Муассисаи мо барои тайёр намудани матахассисони миёнаи тиббӣ барои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон солҳои зиёд хизмат намуда истодааст.

- Донишҷӯён дар кадом муассисаҳои тандурустӣ таҷриба мегузаранд ва самаранокии он чӣ гуна таъмин мегардад?

- Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб бо тамоми муассисаҳои тиббии вилоят ҳамкории хуб дошта, донишҷӯён аз беморхонаҳои гуногуни вилоят, аз ҷумла Беморхонаи клиникавии вилояти Хатлон, Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоят, Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо, беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо мунтазам боздид карда, бо рафти ташхис ва табобати беморон, тарзи муносибат бо бемор, раванди табобат, доругузаронӣ, коргузорӣ мустақиман ошно мешаванд. Коллеҷ бо 37муассисаи тандурустии шаҳрӣ ва вилоятии воқеъ дар шаҳри Кӯлоб шартномаҳои дуҷониба баста, ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки донишҷӯён мунтазам дар он ҷо ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Ҳамзамон, донишҷӯёни курсҳои болоӣ дар муассисаҳои тиббии вилоят зери роҳбарии табибони соҳибтаҷриба ва ҳамширагони шафқат таҷрибаомӯзӣ намуда, нозукиҳои касбро аз худ менамоянд.

- Шароити техникию технологӣ дар муассиса чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

- Муассисаи мо дар солҳои охир ба таҷҳизонидани базаи моддӣ-техникӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намудааст. Маркази таълимии мо бо кабинетҳои симулятсионӣ, лабораторияҳои муҷаҳҳази фаннӣ, моделҳои анатомӣ ва таҷҳизоти замонавии ташхисӣ таъмин гардидааст. Барои фанҳои амалӣ, синфхонаҳои алоҳида бо таҷҳизоти интерактивӣ ва таҷҳизоти тиббии воқеӣ ташкил карда шудаанд, ки ба донишҷӯён имкон медиҳанд малакаҳои амалию касбии худро дар шароити наздик ба воқеият инкишоф диҳанд. Аз ҷумла, дар муассиса беш аз 210 компютер, 22 проектор, 14 тахтаи электронӣ мавҷуд аст. Ҳамчунин, кабинетҳои компютерӣ, ташхисгоҳҳои таълимӣ-лабораторӣ, маркази таълимӣ-истеҳсолии фарматсия, маркази стоматология бо устохонаи дандонсозӣ ва маркази малакаҳои амалии ҳамширагӣ фаъоланд. Ин воситаҳо барои дарсҳои амалӣ ва методҳои таълимӣ, ки ба иштироки фаъол ва истифодаи технологияҳо такя мекунанд, истифода мегарданд. Маълум аст, ки воситаҳои электронии таълим (тахтаҳои электронӣ, компютерҳо) дар дарсҳои лексионӣ ва амалии донишҷӯён васеъ истифода мешаванд, ки ин як далели қавӣ аст, ки муассиса ба стандартҳои муосир наздик шудааст.

- Сифати таҳсил дар муассиса то чӣ андоза Шуморо қаноатманд карда метавонад?

- Солҳои охир сифати таҳсил дар муассисаи мо ба таври назаррас беҳтар шудааст. Ин натиҷаи ислоҳоти ҷиддӣ дар низоми таълим, ҷорӣ кардани стандартҳои нав, таҳияи барномаҳои таълимии модулӣ ва истифодаи методикаҳои фаъоли таълим мебошад. Мо натиҷаҳои хубро дар санҷишҳои ҷамъбастӣ, рейтинги миллӣ ва баромади хатмкунандагон ба бозори меҳнат мушоҳида менамоем. Ҳамчунин таълиму тарбияро бо арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ ва касбии табиб пайваст менамоем, ки ин ба ташаккули шахсият ва масъулияти донишҷӯён кумак мерасонад. Бештари хатмкунандагони мо имрӯз дар муассисаҳои пешрафтаи тиббии дохил ва хориҷи кишвар кор мекунанд ва таъсири мусбат ба сифати таълим медиҳанд. Дар муассиса 22 кафедра фаъолият мекунад, ки самтҳои гуногунро фаро мегиранд: аз анатомия ва физиология, терапия то фармакология, забонҳои хориҷӣ ва ғайра.

- Дар интихоби кадрҳо ва рушди омӯзгорон чӣ корҳо анҷом дода шудаанд ва чӣ нақшаҳо доред?

- Мо ният дорем, ки омӯзгорони ҷавону боистеъ-додро ҷалб намоем. Дар айни замон 146 омӯзгори муассисаро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, 54 омӯзгор дараҷаи тахассусии олӣ, 25 омӯзгор дараҷаи якум, 52 омӯзгор дараҷаи дуюм доранд. Дар оянда маъмурияти коллеҷ нақша дорад, ки такми-ли ихтисоси омӯзгоронро дар дохил ва хориҷи кишвар вусъат диҳад, ҳамзамон ҷорӣ намудани методикаҳои нави таълим ва технологияи рақамӣ ва исти-фодаи таҷҳизотҳои замонавии таълимиро зиёд кунад.

- Фаъолияти илмӣ-методии омӯзгорони муассиса дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Фаъолияти илмӣ-методӣ дар коллеҷ хуб ба роҳ монда шудааст. Омӯзгорон дастурҳои таълимӣ-методиро таҳия мекунанд, таҷрибаи пешқадами устодони соҳибтаҷрибаву таҷ-рибаомӯзон мавриди омӯзиш қарор мегирад. Танҳо дар 6- моҳаи аввали соли 2025-ум 78 мақолаи илмӣ, методӣ ва таълимию тарбиявии омӯзгорон чоп шудаанд. Дар шашмоҳаи аввали соли 2025-ум 10 конференсияи илмӣ-назариявӣ, 5 мизи мудаввар, 4 озмуни фаннӣ, 15 дарси кушоди намунавӣ аз тарафи омӯзгорон баргузор шудаанд. Ин фаъолиятҳо на танҳо рушди илмии омӯзгоронро таъмин мекунанд, балки донишҷӯёнро низ ба фаъолияти таҳқиқотӣ ва малакаҳои илмию коммуникатсионӣ омода месозанд.

- Дар оянда барои боз ҳам беҳтар намудани сифати таҳсил ва рушди муассиса чӣ нақшаҳо доред?

- Пеш аз ҳама, бояд бинои хобгоҳи нав барои 700 нафар, ки аз 9 ошёна иборат мебошад, пурра сохта ба истифода диҳем. Ин ба фарогирии бештари донишҷӯён, махсусан аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст мусоидат хоҳад кард. Дар баробари ин ҳадафҳо аз пурзӯр намудани заминаҳои таҷрибаомӯзӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои тандурустии шаҳру вилоят, таъмин намудани кафедраҳо ва лабораторияҳо бо аёниятҳои муосир ва реактивҳо, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва электронӣ дар омӯзиш, баланд бардоштани сифати методика ва истифодаи таҷрибаҳои байналмилалӣ иборатанд. Дар солҳои наздик бунёди биноҳои нави таълимӣ, марказҳои тадқиқотӣ ва лабораторияҳои муосири илмӣ дар назар аст. Дар самти байналмилалигардонии таҳсил ният дорем, ки бо донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ бандем. Ин ба донишҷӯён ва устодон имконияти иштирок дар барномаҳои табодули академӣ ва таҳсили дуҷонибаро фароҳам хоҳад овард. Ҳадафи мо расидан ба сатҳи донишгоҳҳои тиббии пешрафтаи ҷумҳурӣ мебошад.

- Барои амалӣ гаштани онҳо ба Шумо комёбиҳо хоҳонем.

-Ташаккур!

Суҳбаторо А. АБДУЛМАҶИД,

Бознашр аз рӯзномаи «Хатлон»

2025-10-17 13:59:00

ТАҶЛИЛИ ИДИ "МЕҲРГОН" ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ БОХТАР

Дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар бо иштироки Шамъигул Шарифзода, директори муассиса, муовинони директор, мудирони кафедраҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён таҷлили иди «Меҳргон» бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ роҳбарияти муассиса аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои дастии донишҷӯён дидан намуда, иброз гардид, ки иди Меҳргон яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик буда, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳё гардида ва имрӯз ҳамчун рамзи файзу баракат ва меҳнати созанда таҷлил мешавад.

Бояд қайд намуд, ки иди Меҳргон на танҳо ҷашни ҳосилу фаровонӣ, балки таҷассумгари арзишҳои неку инсондӯстона ва ҳамоҳангии инсон бо табиат мебошад. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили чунин ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Сада, Наврӯз ва Меҳргон ба ҳукми анъана даромада, саҳми назаррас дар эҳё ва таҳкими худшиносии миллӣ дорад.

Дар бахши фарҳангии чорабинӣ донишҷӯён бо қироати шеъру маърӯзаҳо ва суруду саҳнаҳои рангин рӯҳияи идонаро ғанӣ гардониданд.

2025-10-17 13:56:42

ҚАДРДОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ҶОИЗАИ ҲАМКОРИҲОИ БАШАРДӮСТОНА

10 октябри соли 2025 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали бонуфузи байналмилалии «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкориҳои башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд.

Ин мукфотро намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ ва ҳамраиси Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстона (ХБҲБ) Михаил Швидкой супорида, изҳор дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти сатҳи ҷаҳонӣ дар таҳкими дӯстӣ, фарҳанг ва ҳамкориҳои гуманитарӣ саҳми хеле назаррас доранд.

Пас аз тақдими мукофоти мазкур Сарвари маҳбуби тоҷикон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ин ҷоиза эътирофи саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона дар доираи ИДМ мебошад.

Дар ҳақиқат ҳам мукофоти мазкур ҳамчун қадрдонии нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешбурди сиёсати башардӯстона арзёбӣ мегардад. Зеро таҳти роҳбарии Сарвари маҳбуби мо Тоҷикистон аз таҳмили ҷанги шаҳрвандӣ ба сулҳу субот расид, мавқеи байналмилалии худро тақвият бахшид ва ба як кишвари ташаббускор дар масъалаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла об, иқлим ва рушди устувор табдил ёфт. Бо ифтихори бузург метавон гуфт, ки ин мукофот нишонаи эҳтиром ва эътирофи байналмилалӣ аз хизматҳои таърихӣ ва инсондӯстонаи Пешвои миллат маҳсуб меёбад.

Дар ҳақиқат ҳам, мукофоти байналмилалии «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкориҳои башардӯстона» як шаҳодати возеҳи он аст, ки талошҳои пайгирона ва сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ ба таври сазовор эътироф гардидааст. Ин ҷоиза на танҳо рамзи эҳтиром ба як шахсияти барҷастаи сиёсӣ, балки нишони ифтихор ва сарбаландии миллати тоҷик мебошад.

Хайринисо ХОҶАЕВА,

саромӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷик,

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар

2025-10-17 13:54:17

МАКТАБИ МАХФИРАТ

Ҳунар ва санъат ин нишондиҳандаи муносибати инсон ба олами бадеӣ ба ҳисоб меравад. Жанрҳои гуногуни ҳунар ба монанди санъати тасвирӣ, мусиқӣ, театр, синамо, адабиёт, рақс, ҳунари ороишиӣ- амалӣ (кулолгарӣ, кандакорӣ, дарздӯзӣ, заргарӣ, кашидадӯзӣ, наққошӣ ва гайраҳо) нишонаи онанд, ки ҳунарманд олами берунаро чӣ тавр эҳсос ва дарк карда, тасвир месозад. Ҳар як намуди ҳунар ботини ӯро тавассути ҳунараш ба атрофиён намоён мекунад ва онҳоро ба худ ҷалб месозад. Ҳунарманд, ки худ эҷодкор аст ва завқи баланди бадеӣ дорад, пайваста кӯшиш менамояд, ки дар тасвири олами зебоӣ навоварӣ дохил намояд ва маҳсули дастранҷашро аз нигоҳи худ ба мардум муаррифӣ намояд.

Тавоноии ҳунар дар он зоҳир меёбад, ки вай нерӯи такон додани эҳсосот, дарки олами эстетикӣ, рафтор ва фаъолияти инсонро дорад. Ҳунар ба инсон ғояҳои бузургро эҳдо ва ҳаёташро беҳтару рангин месозад. Талабот ба маҳсули анъанавии ҳунарҳои бадеии мардумӣ дар навбати аввал нишондиҳандаи он аст, ки инсон дар он тафаккури таърихию фарҳангии халқи худро мебинад ва дарку ифтихор мекунад. Аз тарафи дигар маҳсули ҳунарҳои зебои бостонӣ барои он диққатҷалбкунандаанд, ки онҳо то ҳол бадеият ва мазмуни дар асоси қонуниятҳои эстетикии дар худ инъикоскунандаашонро гум накарда, рушду эҳё гардида истодаанд.

Гузаштаи дури таъриху тамаддун гувоҳ бар онанд, ки воситаи аз насл ба насл гузаштани ҳунарҳои бадеии мардумӣ ин, пеш аз ҳама, вуҷуд доштани мактабҳои ҳунармандӣ мебошад, аз ҷумла мактаби “Устод ва шогирд».

Дар «Консепсияи мактаби миллӣ» омадааст, ки эҳёи минбаъдаи мактабҳои ҳунарӣ ҳамчун воситаи муҳими тарбия дар шароити соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ мақоми хоса дорад. Шогирдон бояд ворисони ҳақиқии халқу ватани худ бошанд, равшану фаҳмо бояд дарк кунанд, ки ниёгони мо офаридаанд, то ки мо баҳра барем, мо меофарем, то ки ояндагон баҳра баранд.

Имрӯз ҳунармандони зиёди шӯҳратёр дар қайди ҳаётанд, ки нозукиҳои мактабҳои анъанавии ҳунариро ҳуб медонанд. Танҳо тарғибу ташвиқи ҳунари ҳунармандон дар байни мардум, бахусус наврасону ҷавонон имконият медиҳад, ки ҳунарҳои бадеии мардумӣ дубора эҳё гардида, рушду инкишофи тоза пайдо кунад.

Яке аз ин шахсиятҳо омӯзгори Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан Адҳамова Махфират Мирзорақабовна мебошад, ки ҳаёти рангину босамари хешро баҳри тарбияи насли наврас, идома додани ҳунари аҷдодӣ ва ҳиссагузорию эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ бахшида, беш аз ним аср кӯшишу заҳмат дорад, то ки меҳру муҳаббати ҳунарҳои миллиро дар дили ҷавонон ҷо созад.

Мактаби ҳунарии муахассиси кордону соҳибтаҷриба ва устои ҳунари мардумӣ Адхамова Махфират ҳанӯз аз айёми ҷавонӣ дар муҳити оила, дар канори бибиву модари ғамхораш, оғоз ёфтааст. Модаркалони ӯ дар ҳунари кашидадӯзӣ моҳир буд. Ӯ дар ҳаёти бардавоми хеш баробари тарбияи фарзандону наберагон ба онҳо ҳунари дӯзандагию буррандагӣ ва нозукиҳои гулдӯзии Истаравшанро омӯзонида, тавонистааст, ки ҳунари авлодиро ба фарзандон мерос гузорад.

Солҳои 1958-1964 набераи дӯстдоштааш Махфирати ҷавон ҳунари модаркалонро идома дода, дар як вақт ҳунари қадимаи кашидадӯзию сӯзанидӯзиро азхуд намуд. Шабҳо баъзан то субҳи содиқ сару либоси миллӣ (куртаву поҷома) ва ҷиҳози наварӯсон (зардеворӣ, борпӯш, шоҳтокпӯш ва ғайра) омода мекард. Дар тӯли фаъолияти меҳнатиаш омӯзгори собиқадор Адҳамова Махфират садҳо шогирдонро тарбия намудааст, ки онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Ватани азизамон хизмат намуда истодаанд.

Омӯзгор дар эҳё, рушду такомул ва муаррифии ҳунарҳои зебои аҷдодӣ, хусусан санъати гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ ва дӯхтани сӯзаниҳои миллӣ саҳми пурарзиш дорад. Маҳсули ҳунарҳои офаридаи ин ҳунарманди хушсалиқа дар чандин намоишу озмунҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузошта шуда, сазовори баҳои баланд, ҷоизаю сипоснома ва ифтихорномаҳо гардидааст.

Соли 2003 Адҳамова Махфират дар намоиши ҳунарҳои бадеӣ-халкӣ бахшида ба Симпозиуми байналхалқии «Оби тоза» дар шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуд. Соли 2004 ӯ дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба ифтихори 80-солагии пойтахти азизамон ширкат варзид. Ҳамчун ҳунарманд аз Тожикистон Адҳамова Махфират соли 2011 дар намоиши санъати ороишӣ-амалии дастӣ дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон иштирок карда, бо диплом қадр гардонида шуд. Соли 2014 дар озмуни вилоятии Ҳунарҳои зебои мардумӣ фаъолона иштирок намуда, барои офаридани сӯзаниҳои миллӣ бо усули бухороӣ сазовори дипломи ҷои аввал ва 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гардид. Тирамоҳи ҳамон сол дар намоишгоҳи шаҳри Москва, дар доираи чорабиниҳои форуми байнипарлумонии «Русия-Тоҷикистон» фаъолона ширкат варзида, ҳунарҳои зебои миллии тоҷикиро муаррифӣ намуд.

Адҳамова Махфират дорандаи Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд, Раиси шаҳри Истаравшан, сипоснома ва ифтихорномаҳои соҳавии мактабу маориф ва фарҳанг мебошад. Ӯ соли 2003 бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2008 бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуда, аъзои Иттифоқи рассомон ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳунарманд ва омӯзгори собиқадор доимо дар хизмати халқ буда, ҳамчун соҳибкасб  ба синни 70 солаи худ нигоҳ накарда, дар рушду такомул ва тарғиби ҳунарҳои бадеии халқӣ, ҷалби духтарону бонувонба омӯзиши ҳунари кашидадӯзӣ, аз ҷумла сӯзанидӯзӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодааст. Сӯзаниҳои дӯхтаи ӯ зиннатбахши толорҳои бошукӯҳ ва манзили тоҷикон буда, дар баробари қолинҳои миллӣ арзиши маънавию эстетикӣ доранд.

2025-10-15 10:10:35

ВОХӮРИИ ФАРҲОД РАҲИМӢ БО НАМОЯНДАГОНИ АССОТСИАТСИЯИ КУМАК ВА ЁРИИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ бо намояндагони Ассотсиатсияи кумак ва ёрии Ҷопон дар Тоҷикистон Хонум Саяко Ногива ваХонум Канематсу Юи баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ академик Фарҳод Раҳимӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, доир ба фаъолияти Кумита, муассисаҳои зерсохтор, самтҳои афзалиятноки фаъолият ва дурнамои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маълумоти мушахас пешниҳод намуд.

Зикр гардид, ки бо вуҷуди навтаъсис будани Кумита, бо дастгири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои муҳим ба анҷом расидаанд, аз ҷумла таҳияи санадҳои танзимкунанда, бознигарии барномаҳои таълимӣ, афзоиши шумораи ихтисосҳои коргарӣ, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва ба имзо расонидани як зумра санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ бо шарикони рушд.

Зимни вохӯрӣ Фарҳод Раҳимӣ, ҳамчунин ба масъалаи рушди таҳсилоти касбӣ барои шахсони дорои имконияташон маҳдуд таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки Кумита дар сохтори худ дорои муассисаҳои махсуси таълимӣ барои ин гурӯҳи аҳолӣ мебошад. Аз ҷумла, Литсейи касбии махсуси маъюбон дар шаҳри Душанбе, ки филиали он дар ноҳияҳои Рӯшони ВМКБ амал мекунад. Дар онҳо ҷавонон пас аз хатми синфи 9 ба касбомӯзӣ ҷалб гардида, омӯзиши касбҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ, таъмири телефонҳои мобилӣ ва таҷҳизоти техникӣ, пойафзолдӯзӣ ва дигар ихтисосҳои зарурӣ гузаронида мешаванд.

Таъкид гардид, ки дар вилоятҳои Суғду Хатлон то кунун чунин муассисҳо мавҷуд нестанд ва Кумита тасмим гирифтааст, ки дар он минтақаҳо низ филиалҳои Литсейи касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанберо таъсис диҳад.

Хонум Саяко Ногива барои истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуда, афзуданд, ки Ассотсиатсияи кумак ва ёрии Ҷопон дар Тоҷикистон омода аст дар самти рушди таҳсилоти касбӣ, бахусус барои ҷавонони дорои имконияташон маҳдуд бо Кумита ҳамкории зич ба роҳ монад.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Ассотсиатсия лоиҳаи наверо дар ҳамкорӣ бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) роҳандозӣ хоҳад кард, ки ба самти дастгирии хонандагону донишҷӯёни дорои имконоти маҳдуди ҷисмонӣ, таъмини муассисаҳо бо таҷҳизоти зарурӣ, баланд бардоштани савияи дониши омӯзгорон ва ташкили курсҳои такмили ихтисос барои кормандони дастгоҳи марказии Кумита ва омӯзгорони муассисаҳои зертобеи он равона мешавад.

Ҷонибҳо масъалаи таҳияи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумита ва Ассотсиатсия-ро баррасӣ намуда, мувофиқа карданд, ки пас аз тасдиқи он татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак, бахусус дар самти таҳсилоти фарогири маъюбон оғоз мегардад.

Изҳори умед карда шуд, ки бо татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва табодули таҷрибаи омӯзгорон байни Тоҷикистону Ҷопон сатҳи таҳсилоти касбӣ ва имкониятҳои шуғли ҷавонон дар кишвар боз ҳам боло хоҳад рафт.

2025-10-15 10:10:06

ВОХӮРИИ ФАРҲОД РАҲИМӢ БО НАМОЯНДАГОНИ БУНЁДИ АВРУПОИИ МАОРИФ (ETF)

Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумита, академик Фарҳод Раҳимӣ бо намояндагони Бунёди Аврупоии Маориф (ETF), хонум Надежда Солодянкина ва Катарина Лукачова баргузор гардид.

Нахуст академик, Фарҳод Раҳимӣ доир ба фаъолияти Кумита, ва муассисаҳои зертобеи он, маълумоти мушаххас дода, аз сатҳи ҳамкориҳои муштарак бо Бунёди Аврупоии Маориф изҳори қаноатмандӣ намуд. Таъкид гардид, ки Кумита дар якҷоягӣ бо бунёди мазкур рӯзҳои 7-8 октябри соли 2025 дар меҳмонхонаи “Румӣ-и шаҳри Душанбе “Семинари муштарак вобаста тақвияти иқтидор барои татбиқи стандартҳои миллӣ оид ба салоҳиятҳо”-ро доир намуд, ки дар он 35-нафар омӯзгорони муассисаҳои зертобеи Кумита ва кормандони дастгоҳи марказӣ иштирок намуданд.

Фарҳод Раҳимӣ таъкид намуд, ки баъд аз таъсиси Кумита нахустин иқдом ба омӯзиши ҳамаҷонибаи вазъи кунунии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ равона гардид. Ҳамзамон, консепсияи фаъолияти Кумита пурра таҳия ва муайян шуда, қабул гардидани Барномаи рушди соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 аз дастовардҳои муҳим ва муваффақияти назарраси Кумита дар ин самт ба ҳисоб меравад.

Қайд гардид, ки аз аввали соли 2025 то кунун 37 муассиса аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ бароварда шуда, бо истифода аз маблағҳои ҷудогардидаи буҷет ва дастгирии шарикони рушд харидории таҷҳизоти зарурӣ низ шуруъ шудааст. Интизор меравад, ки то охири сол як қатор муассисаҳо бо таҷҳизоти техникӣ, аёниятҳо ва озмоишгоҳҳо таъмин карда мешаванд.

Хонум Надежда Солодянкина зимни суханронӣ ба раиси Кумита барои истиқболу гарму самимӣ изҳори сипос намуд.

Надежда Солодянкина ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самти малакаҳои сабз, истифодаи энергияи барқароршаванда, ҷалби кормандони Кумита барои иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ ҷиҳати шиносоӣ бо таҷрибаҳои пешқадами аврупоӣ, инчунин аз такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорон изҳори умедворӣ намуд.

Ҷонибҳо дар ҷараёни вохӯрӣ ҷиҳати дарёфти роҳҳои нави густариши ҳамкорӣ дар самти ҷорӣ намудани системаҳои рақамӣ дар раванди таълим ва истифодаи самараноки имконияту зарфиятҳои мавҷудаи илмию таълимӣ изҳори умедворӣ намуданд.

2025-10-09 16:30:09

ХУШХАБАР

Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, таҳсилоти иловагии касбии дахлдор ва таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Ёддошти тафоҳуми мазкур имрӯз дар доираи сафари давлати Президенти Федератсяи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон акадмик Фарҳод Раҳимӣ ва вазири маорифи Федератсияи Россия Кравцов Сергей Сергеевич ба имро расид.

Ёддошти тафоҳум бо мақсади густариши ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, таҳсилоти иловагии касбии дахлдор ва таҳсилоти касбӣ аз рӯйи касбу ихтисосҳои серталаб, нав ва ояндадор равона шуда, инчунин таҳкими замина барои мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни мардумони ҳар ду кишвар мебошад.

Дар доираи Ёддошти тафоҳум ҷонибҳо дар таҳия ва амалӣ намудани барномаҳо, лоиҳаҳо ва чорабиниҳои муштарак бо мақсади мусоидат ба ҳамкорӣ, ҳамчунин табодули таҷриба ва маълумотҳо оид ба масъалаҳое, ки ба танзими ҳуқуқӣ ва меъёрии таҳсилоти касбӣ марбут ҳамкори менамоянд.

Ҳамзамон, дар доираи ин созишнома ҷонибҳо имкон доранд дар барномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи мубодилаи таълимгирандагон, кадрҳои омӯзгории соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, таҳсилоти иловагии касбии дахлдор ва таҳсилоти касбӣ, гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ бо шарикони хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, инчунин баргузор намудани чорабиниҳои муштарак (олимпиадаҳо, форумҳо, симпозиумҳо, конфронсҳо, семинарҳо, мастер-классҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо дар асоси қонунгузории амалкунандаи давлатҳои тарафҳо), ки дар онҳо масъалаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

2025-10-09 16:29:03

НИШАСТИ МАТБУОТИИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ

Пас аз маросими имзову табодули санадҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин нишасти матбуотӣ ороста, зимнан аз натиҷаҳои мулоқоти музокироти давлатии сатҳи олӣ изҳори қаноат намуданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози нишаст, аз ҷумла изҳор доштанд, ки “гуфтугӯи мо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сатҳи баланди муносибатҳо миёни Тоҷикистону Русияро таъкид менамояд”.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои музокироти давлатии сатҳи олӣ батафсил иттилоъ дода, аз ҷумла аз аҳамияти тавофуқоти доир ба рушди ҳамкории гуногунҷанба барои афзунсозии минбаъдаи ҳаҷми тиҷорату сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ифтитоҳи парки саноатӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, ҳамёрӣ дар бахшҳои рақамисозӣ ва истифода аз зеҳни сунъӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, сиёсати ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, омодасозии кадрҳои ҷавон ва ҳамчунин дар соҳаҳои амнияту мудофиаро таъкид намуданд.

Зимнан ба муҳтарам Владимир Путин ҷиҳати зиёд намудани квотаҳои таҳсилоти олӣ барои донишҷӯёни тоҷик, бунёди 5 мактаби русӣ ва Маркази кӯдакони болаёқат дар Тоҷикистон, кумак дар омодасозии омӯзгорони забони русӣ, таъмини китобҳои дарсии русӣ ва сохтмони Театри русии драма ба номи Маяковский дар шаҳри Душанбе арзи сипос карда шуд.

Ба ҷараёни ҳамкории миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва ниҳодҳои дифоии ду кишвар, аз ҷумла дар самти муқовимат бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир, баҳои баланд дода шуд.

Муносибати наздики Тоҷикистону Русия доир ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ таъкид гардид.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки санадҳои имзошуда ва дигар тавофуқоти дар доираи сафар ҳосилшуда ба рушди минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар такони нав мебахшанд.

Муҳтарам Владимир Путин зимни ироаи изҳороти матбуотӣ ба Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои даъват ва пазироиву меҳмоннавозии самимӣ арзи сипос намуда, ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ баҳои баланд доданд.

2025-10-09 16:28:10

МАРОСИМИ ИМЗО ВА ТАБОДУЛИ САНАДҲОИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ

Пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ маросими имзои санадҳои дуҷониба баргузор шуд, ки зимни он 16 санади нави ҳамкории байнидавлатию байниҳукуматӣ ва миёни сохторҳои гуногуни Тоҷикистону Русия имзо ва табодул карда шуданд.

Зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Русия дар бораи таъмиқи муносибатҳои шарики стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин имзо гузоштанд.

15 санади дигар инҳоянд:

— Нақшаи чорабиниҳо оид ба афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2025-2030;

— Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсуми гурӯҳи ширкатҳои БТК оид ба амалисозии лоиҳаи ташкили кластери саноати сабуки гурӯҳи ширкатҳои БТК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия;

— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи муоинаи тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳудуди Федератсияи Русия бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ;

— Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия аз 17 апрели соли 2019;

— Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии қӯшунҳои Гвардияи миллии Федератсияи Русия;

— Созишнома миёни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ бо мақсадҳои рушд ва ғанӣ гардонидани Геопортали инфрасохтори маълумоти фазоии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

— Харитаи роҳ оид ба ҳамкориҳо дар самти нақлиёт барои солҳои 2025-2030 миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия;

— Ёдошти тафоҳум дар самти мубориза бар зидди вабо миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федеролии назорат оид ба  ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некуаҳволии инсони Федератсияи Русия;

— Ёддошти тафоҳум миёни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, таълими касбии дахлдори иловагӣ ва таълими касбӣ;

— Харитаи роҳ миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи давлатии энергияи атомии Росатом оид ба татбиқи санҷиши пешазлоиҳавии радиатсионӣ ва тадқиқоти партовгоҳи Деҳмой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи асосҳои молиявии иқтисодии безараргардонии он;

— Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии назорат дар соҳаи тандурустии Федератсияи Русия;

— Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии назорати алоқа, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи оммавии Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои истифодаи спектри радиобасомад, муқовимат ба паҳншавии иттилоот ва (ё) захираҳои иттилоотии ғайриқонунӣ дар шабакаи интернет, муқовимат ба зангҳои қаллобӣ ҳангоми расонидани хизматрасониҳои алоқа;

— Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД Коргоҳи мошинасозии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахси ҳуқуқии ваколатдори Федератсияи Русия оид ба таъсиси Парки саноатии Тоҷикистон ва Русия.

— Созишномаи ҳамкорӣ миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи русиягии хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия.

2025-10-09 16:27:16

МУЗОКИРОТИ ВАСЕИ САТҲИ ОЛӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ

Музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Русия сипас дар мулоқоти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

“Русия барои Тоҷикистон яке аз шарикони асосии сиёсию иқтисодӣ мебошад”, - изҳор доштанд дар оғози музокирот Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар идома муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки “мо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, ҳамчунин, дар бахши амният ҳамкории наздик дорем”.

Бо ёдоварӣ аз ҷаласаи чанде пеш баргузоршудаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бисёр масъалаҳо дар доираи кори ин комиссия ҳалли худро меёбанд.

Таъкид гардид, ки санадҳои имрӯз имзошаванда низ ба рушди ҳамкории барои ҳарду кишвар судбахш такони нав мебахшанд.

Гуфтушунидҳои сатҳи олии Тоҷикистону Русия доираи васеи масоил аз соҳаҳои энергетика, бахшҳои гуногуни саноат, сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва иқтисоди рақамӣ то илму маориф ва амнияту мудофиаро фаро гирифтанд.

Дар ин замина ба омода намудани кадрҳо ва мутахассисони дараҷаи баланди соҳаҳои гуногун ва ҳамчунин, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва густариши робитаҳои байниминтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Имконоти тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои истихроҷи маъдан ва саноати коркард, бахусус коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ ва тавлиди масолеҳи сохтмонӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дошт.

Густариши долонҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, таъмини устувории шабакаҳои боркашонӣ, рушди ҳамкорӣ дар самти иқтисодиёти рақамӣ ва татбиқи технологияҳои нав дар мадди назар қарор гирифт.

Ҳамоҳангӣ ва ҳамкории зичи мақомоти ҳифзи ҳуқуқу мудофиа ва хадамоти махсуси ду кишвар дар самти таъмини амният, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва идеологияи радикалӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, таҳдидҳои киберӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромарзӣ бо қаноатмандӣ таъкид гардид.

Изҳори бовар карда шуд, ки густариши шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия ба нафъи мардумони ҳарду кишвар ва таҳкими сулҳу суботи дарозмуддат дар минтақа хизмат хоҳад кард.

2025-10-08 16:07:09

НУРИ ДОНИШ РОҲИ ОЯНДАРО РАВШАН МЕСОЗАД

НУРИ ДОНИШ РОҲИ ОЯНДАРО РАВШАН МЕСОЗАД

Пешаи омӯзгорӣ яке аз қадимтарин касбу шуғлҳои башарият аст, ки аз замони пайдоиши хатт, китоб ва аввалин мактабҳо ба ҷомеа хидмат мекунад. Омӯзгорон ҳамеша миёни наслҳои гузашта ва оянда робита барқарор намуда, арзишҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва илмиро интиқол додаанд. Агар давлату миллате омӯзгор надошта бошад ё ҷойгоҳи омӯзгорро қадр накунад, ояндаи он давлат зери хатар мемонад. Аз ҳамин ҷиҳат, нақши омӯзгор дар ҷомеа ҳамеша бузург ва сарнавиштсоз будааст.

Омӯзгор шахсияти ҷавонро на танҳо бо дониш, балки бо ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва арзишҳои маънавӣ муҷаҳҳаз месозад. Ӯ наслҳоро ба зиндагии фаъол, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба қонунҳои иҷтимоӣ роҳнамоӣ мекунад. Бузургтарин мутафаккирони ҷаҳон ҳамеша ба нақши омӯзгор бо эҳтироми хос нигаристаанд. Онҳо дар суханони пурҳикмати худ заҳмати муаллимро на танҳо ҳамчун касбу кори одӣ, балки ҳамчун рисолати муқаддас тасвир намудаанд.

Ян Амос Коменский (1592–1670), ки ӯро «падари педагогикаи умумиҷаҳонӣ» мешиносанд, менавишт: «Касби омӯзгорӣ бузургтарин зери офтоб аст». Ин ҷумла баёнгари он аст, ки ҳеҷ касбу коре ба андозаи омӯзгорӣ ба тақдири башар таъсиргузор нест. Зеро муаллим на танҳо дониш меомӯзонад, балки инсонро меофарад, ҷаҳонбинии ӯро шакл медиҳад ва роҳи зиндагиро равшан месозад.

Педагоги маъруф К.Д. Ушинский (1823–1870), яке аз асосгузорони илми педагогикаи муосир, таъкид мекард, ки муаллим ҳалқаи зинда миёни гузашта ва оянда мебошад. Яъне, ҳар омӯзгор арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва ахлоқиро аз гузашта гирифта, онҳоро ба ҷавонон месупорад, то ҷомеа бо такя ба ин ганҷинаи маънавӣ ба сӯи фардои рушан қадам гузорад. Ба андешаи Ушинский, муаллим бо ҳақиқат ва некӣ ҷомеаро пеш мебарад, зеро бе инсофу виҷдони омӯзгор наметавон пойдории маънавии миллатро таъмин кард.

Агар аз сари таърих назар андозем, мебинем, ки ҳар даврае, ки ба омӯзгор арҷ гузошта шуд, ҳамон замон миллат ба авҷи маърифат ва тамаддун расид. Ва баръакс, ҳар вақте, ки омӯзгор аз арҷу эҳтиром дур монд, ҷомеа ба ҷаҳолат ва таназзул рӯ овард. Ин ҳама андешаҳо нишон медиҳанд, ки омӯзгор — созандаи фардо ва меъмори пешрафти миллат аст.

Нақши иҷтимоии омӯзгор дар ҳар давраи таърихӣ тағйир ёфтааст. Агар дар даврони қадим ӯ ҳамчун мураббии шахсӣ ё «усто» дар назди хонадони ашрофон фаъолият мекард, дар давраи миёна мақоми омӯзгор бо дини ислом ва фаъолияти мадрасаҳо васеъ гардид. Дар давраи нав ва навтарин, омӯзгор мақоми давлатӣ пайдо кард ва ба ҳайси шахсияти калидии сиёсати маориф ва фарҳанг шинохта шуд.

Имрӯз омӯзгор дигар танҳо шахсе нест, ки дар паси мизу тахта меистад ва дарс мегӯяд. Вай ба ҳайси як шахсияти пурнуфузи ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ амал мекунад, ки метавонад ба равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа таъсири амиқ расонад. Ҳар қадами ӯ, ҳар калимаи гуфтааш ва ҳар тарзи рафтораш мисли донаҳои пурқиматеанд, ки дар замири шогирдон сабзонида мешаванд ва дер ё зуд мева медиҳанд.

Аввалан, омӯзгор катализатори пешрафти ҷомеа аст. Ӯ ҷавононро бо донишҳои замонавӣ, технологияи муосир ва ҷаҳонбинии пешқадам мусаллаҳ месозад. Дар дасти муаллим китобу қалам на танҳо василаи таълим, балки асбоби пешбурди ҷомеа ба сӯи тараққӣ мебошад.

Сониян, омӯзгор пайвандгари ҳақиқии наслҳо аст. Ӯ таҷрибаи гузашта, арзишҳои таърихӣ ва донишҳои падару бобоёнро ба ҷавонон мерос медиҳад. Агар ин занҷир канда шавад, ҷомеа решаҳои худро аз даст медиҳад ва роҳ ба оянда торик мегардад. Аз сӯи дигар, омӯзгор аккумулятор ва интиқолдиҳандаи фарҳанг мебошад. Ӯ арзишҳои ахлоқӣ, илмӣ ва маънавиро дар худ ҷамъ мекунад ва мисли як ганҷинаи зинда онҳоро ба насли оянда месупорад.

Нақши дигари омӯзгор арзёбӣ ва танзимгари фарҳанг будани ӯст. Муаллим таҷрибаи ҷамъиятро таҳлил мекунад, аз миёни ҳодисаҳо ва андешаҳо танҳо он чизеро интихоб менамояд, ки барои ташаккули шахсияти солиму созанда муҳим аст.

Ҳамзамон, омӯзгор намояндаи ҷавонон дар ҷомеа мебошад. Бо донишу таҷрибаи равонӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худ ӯ метавонад эҳтиёҷоти насли ҷавонро дуруст бифаҳмад ва онро ба ҷомеа расонад.

Ниҳоят, нақши аз ҳама пурмуҳим ва таъсирбахши омӯзгор — шаклдиҳандаи ҷаҳонбинии маънавӣ будани ӯст. Муаллим на танҳо хондану навиштан меомӯзонад, балки ба дили ҷавонон арзишҳои инсонгароӣ, адолат, поквиҷдонӣ ва эҳтиром ба дигаронро ҷо мекунад. Бо ҳамин роҳ ӯ на танҳо донишманд, балки инсони комил ба ҷомеа ҳадя менамояд.

Дар фарҳанги тоҷик низ ба омӯзгор ҷойгоҳи баланд дода шудааст. Садриддин Айнӣ таъкид дошт: «Маориф чароғи зеҳн ва рӯҳи инсон аст ва бе он миллат наметавонад зинда бимонад». Мирзо Турсунзода менавишт: «Муаллим рӯҳи кӯдакро бо муҳаббат парвариш мекунад». Лоиқ Шералӣ бо таассуф гуфтааст: «Касе, ки омӯзгорро фаромӯш кунад, решаи зиндагии худро мебурад». Бобоҷон Ғафуров низ бо далели таърихӣ ишора кардааст: «Миллате, ки омӯзгорро қадр мекунад, ояндаи худро таъмин месозад».

Дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Давлат барои фаъолияти омӯзгорон шароити мусоид фароҳам меорад ва мақоми иҷтимоии онҳо баланд бардошта мешавад. Истиқрори Рӯзи омӯзгор дар ҳафтаи аввали моҳи октябр нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба заҳмати муаллимон мебошад.

Нақши омӯзгор танҳо ба синфхона маҳдуд намешавад. Ӯ бо ташаккули арзишҳои баробарӣ, адолат ва инсондӯстӣ ҷомеаро ба сӯи демократия ва озодӣ мебарад. Нелсон Мандела гуфта буд: «Маориф пурқувваттарин силоҳест, ки бо он метавон ҷаҳонро дигар кард». Шамсиддин Шоҳин низ таъкид карда буд: «Ҷомеа бе дониш монанди боғест бе об». Ин андешаҳо нишон медиҳанд, ки омӯзгор пешбарандаи воқеии ҷомеа ва сармояи маънавии миллат аст.

Омӯзгор виҷдон, шараф ва зеҳни ҷомеа мебошад. Ӯ шахсияти ояндаро тарбия мекунад, робитаи гузашта ва ояндаро таъмин месозад ва ҷомеаро ба сӯи пешрафт роҳнамоӣ мекунад. Ба қавли Садриддин Айнӣ: «Аз тарбия ва худтакмилёбӣ беҳтар чизе нест».

Ҷомеае, ки омӯзгоронро эҳтиром мекунад, ба асл дар ояндаи худ сармоягузорӣ менамояд. Муаллимон ҳамеша ҳамчун сутуни асосӣ ва такягоҳи ҷомеа боқӣ мемонанд, ки бар онҳо ҷомеаи устувор ва шукуфон бунёд меёбад.

 

Муҳаббат ХОЛОВА,

мудири шуьбаи таьлими

Литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор

2025-10-08 16:03:54

РУШДИ ҲУНАРИ ЗАРДӮЗӢ ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Дар Осиёи Марказӣ шаҳри бостонии Истаравшан бо косибию ҳунармандии воло ва савдову тиҷорат маъруфу машҳур гардидааст. Ба хотири эҳёи анъанаҳои пурарзиши таърихӣ, тарғиби фарҳангу тамаддуни қадимаи халқи тоҷик бо ташаббус ва дастгирии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2002 ҷашни 2500 солагии Истаравшан бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.

Ҳадафи ин ҷашни фархунда муттаҳид намудани халқҳо таҳкими Ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи миллати сарбаланди тоҷик дар арсаи байналхалқӣ буда, ҳисси ватандӯстию худшиносии сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлолро боло бурд.

Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан муассисаи таълимии давлатӣ буда, дар рушду эҳёи ҳунарҳои халқӣ ва тарғибу муаррифии санъати ороиши амалии дастӣ, аз ҷумла ҳунари волои зардӯзӣ саҳми шоиста дорад. Ҳунари зардӯзӣ дар бостоншаҳр дар баробари санъати гулдӯзиву сӯзанидӯзӣ ва читгарӣ таърихи бою рангин дорад.

Дар гузашта сару либоси навхонадорон, куртаву ҷома, тӯппӣ, рӯймолу поҷома ва дигар ашёи рӯзгор устокорона зардӯзӣ карда мешуданд. Ин санъати волои миллӣ дар шаҳрҳои қадимаи Самарқанду Бухоро, Истаравшану Панҷакент, Хуҷанду Ҳисор ривоҷу равнақ ёфта буд. Зардӯзони моҳир миёни мардум обрӯю шӯҳрати беандоза доранд, зеро дастранҷи онҳо аз дигар намуди ҳунарҳои зебои аҷдодӣ бо нафосату назокат ва тарҳу ҷилои дӯхт фарқ мекунад.

Санъати зардӯзӣ дар шаҳри Истаравшан мактаби хоси худро дошта, асосан сабку услуби заминдӯзӣ ва гулдӯзӣ истифода бурда мешаванд. Дар маҳсулоти зардӯзишуда истифодаи риштаҳои заррин ҷолиб буда, таваҷҷӯҳи сайёҳонни хориҷиро ба худ ҷалб мекунад. Дастгирии фарҳанги миллӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон зардӯзони истаравшаниро рӯҳбаланд карда, иштироки фаъолонаи кулли ҳунарварон ва устоҳои халқиро дар озмуну намоишҳои сатҳи ҷумҳуриявию вилоятӣ ва шаҳрӣ таъмин намуд.

Ҳунармандони асилу чирадасти Истаравшан имрӯз ҳунари зардӯзиро боз ҳам рушду такомул дода, намуду навъҳои пурмазмуну нафиси ин санъати волоро бо нақшҳои классикии ислимӣ ва наботӣ офарида пешниҳод намудаанд,ки аз ҷониби фарҳангшиносон баҳои баланд гирифтааст.

Бо сарварии устод Хоҷаев Насриддин муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан- чун кохи ҳунарҳои зебо дар самти рушду эҳё ва тарuибу муаррифии санъати ороиши амалии дастӣ ва ҳунарҳои бадеии халқӣ фаъолияти пурсамар дорад. Зардӯзони коллеҷи мо бо нафосату шукӯҳи бадеӣ ин ҳунари миллиро боз ҳам рушду такомул дода, нақшҳои наву зебо ва дилписанду пурҷило меофаранд.

Таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ки он ҷузъи фарҳанги миллист, дар саҳифаҳои таърихи навини Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол бо хатҳои заррин сабт хоҳад шуд.

 

Дилфуза ДОДОЕВА,

омӯзгори Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан