
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АСОСИ ПОЙДОРИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
2025-06-21 21:23:33
Мафҳуми Ваҳдати
миллӣ ифодагари ормонҳои миллӣ, осоишу ободӣ, фарзонагӣ, амну субот ва меҳру
садоқат ба миллату сарзамин буда, он бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии
фарзонафарзанди миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Ваҳдати миллие,
ки имрӯз дар Тоҷикистон поягузорӣ шудааст, воқеан ҳам тавонист дар роҳи таъмини
рушди босуботи иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангии кишварамон мусоидат
намояд. Он пеш аз ҳама дар хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори
сулҳи миллӣ таҷассум ёфт, ки кулли аъзоёни ҷомеаи мо интизораш буданд. Ҳар як
фарди ҷомеа имрӯз бевосита дарк менамояд, ки раванди таҳкими Ваҳдати миллӣ
нуфузу мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ ба сатҳи комилан нав баровард
ва мавқеи онро дар муҳокима ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли бисёр масъалаҳои муҳимми
ҳаёти сиёсӣ дар мадди аввал гузошт.
Имрӯз
Тоҷикистон низ дар қатори дигар кишварҳо дар самти бунёди ҷомеаи демократӣ ва
рушдёбанда устуворона қадам мегузорад ва бешубҳа метавон гуфт, ки дар миёни
дигар давлатҳои ҷаҳон соҳиби мақому манзалати хеш аст. Ваҳдати миллӣ асоси
пешравии Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони миллати моро таъмин кард ва имрӯз ҳам
ба зиндагии мардум маънии тоза бахшида, саҳифаҳои нав ба наверо боз намуда,
умеди онҳоро ба ояндаи дурахшон қавӣ гардонд. Дар ин замина ҳар фарди кишвар бо
нияти нек, бо дили гарм ва меҳнат, баҳри пойдории Ваҳдат камари ҳиммат баст.
Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама давру замон дилхоҳ
кишвар фақат дар сурати фароҳам будани сулҳу ваҳдат рушду тараққӣ менамояд.
Мусалламан, вожаҳои сулҳ, ваҳдат, оромӣ, осудагӣ, истиқлолият ва ватандорӣ
барои ҳама халқу миллатҳо мафҳумҳои хеле арзишманд ё худ, муқаддас маҳсуб
меёбанд, аз ҷумла барои миллати сулҳхоҳи мо.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ чун сарчашмаи таъмини сулҳ,
ризоияти миллӣ ва омили сарҷамъии мардум яке аз дастовардҳои муҳимтарини
таърихии мардуми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Зеро бо
имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар
Тоҷикистон, ки бо талошу заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон муяссар гардид, дар китоби сарнавишти миллати куҳанбунёди мо саҳифаи
наве боз шуд, ки роҳи ояндаро ба сӯйи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд
равшан сохт.
Имрӯз кишвари азизамон бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва
ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат рӯз аз рӯз ободу зебо ва
рӯзгори мардум беҳтар гардидааст. Сиёсатеро, ки Сарвари давлатамон дар ин ҷода
анҷом дода истодаанд, на танҳо дар байни мардуми Тоҷикистон обруву манзалати
зиёде пайдо карданд, балки таҷрибаи ӯ дар тамоми дунё ҳамчун як таҷрибаи нодир
ва сулҳпарвар ҳисобида шуда, эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кард.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ, санаи таърихӣ, ки бо суботи сиёсӣ
ва ваҳдату ягонагии Ватани маҳбубамон иртиботи қавӣ дорад, аз Иҷлосияи ХVI
Шӯрои Олии Тоҷикистон сарчашма гирифта, ҳамчун рӯйдоди муҳимму сарнавиштсоз ба
хотима ёфтани мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезиҳо, таъмин гардидани сулҳу
оромии комил, бунёди давлати демократӣ ва тантанаи адолату ҳақиқат мусоидат
намуд.
Ба даст овардани оштии миллӣ ва ризоияти ҳамаи
табақаҳои мардуми кишвар бори дигар собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари
хирадманд - меъмори Кохи Ваҳдати миллӣ ва халқи бурдбори мо дуруст ва бебозгашт
аст. Маҳз ваҳдат аст, ки имрӯз кишвари моро дар ҷаҳон мешиносанд ва мо низ
шукрона мекунем, ки мардуми соҳибватанем. Ваҳдат асоси пешравии Тоҷикистон ва
ояндаи дурахшони миллати моро таъмин кард ва имрӯз ҳам ба зиндагии мардум
маънии тоза бахшида, саҳифаҳои нав ба наверо боз намуда истодааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллиро арзиши
волою муқаддас, ҳамвазни истиқлолият, заминаи асосии дигаргунсозиҳои демократӣ
ном бурда, таъкид мекунанд: “Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки
истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан
таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва
азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид”.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ чун сарчашмаи таъмини сулҳ,
ризоияти миллӣ ва омили сарҷамъии мардум яке аз дастовардҳои муҳимтарини
таърихии мардуми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Имрӯз
кишвари азизамон бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва ташаббусҳои созандаву
бунёдкоронаи Пешвои миллат рӯз аз рӯз ободу зебо ва рӯзгори мардум беҳтар
гардида, баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави кишвари маҳбубамон корҳои бунёдкориву
созандагӣ бомаром ҷараён дорад.
Имрӯз беш аз ҳар вақти дигар мо бояд дарк карда бошем,
ки танҳо дар сурати таҳкими ҳамаҷонибаи ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар
мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи
пешрафту тараққиёт ворид мегардад. Бо роҳи ваҳдату якдигарфаҳмӣ истиқлоли
кишварро устувор карда метавонем. Воқеан, ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст,
зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз ба рӯз гул
- гул мешукуфад, иқтисодиёташ равнақ меёбад ва аз ҳама ҷиҳат пеш меравад.
Таманнои онро мекунам, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои
миллати тоҷик саодату нусрати нав ва барору комёбиҳои тоза меоварад ва дар
ҷодаи рушду ободии Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқол қадамҳои созгор
гузошта шавад Бигзор, эҳсоси баланди ватандорӣ, нангу номуси миллӣ ва ифтихор
аз пойдории Ваҳдати миллӣ дар дили ҳар як сокини кишвари азизамон маскан
гирифта, иттиҳоди мардуми мо ҷовидонаву поянда бошад.
АЛИЗОДА Алишер Ҳикматулло, муовини раиси Кумита оид ба
таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади
илмҳои педагогӣ, дотсент