
НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ПОЙДОРИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
2025-06-21 21:29:19
Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии
Тоҷикистон масъалаи ҷавонон дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати
мамлакат қарор гирифт, ки ин ғамхории роҳбарияти мамлакатро нисбат ба ҷавонон
нишон медиҳад.
Ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи
пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Дар давоми
34 соли соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти
ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму
касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосири иттиллоотию
коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, инчунин, барои амалӣ
намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи
мусоид фароҳам оварда шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, ки: “Ҳукумати
мамлакат масъалаҳоеро, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманд мебошад, дар
маркази диққати худ қарор медиҳад ва барои дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи
ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламон тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.
Мо бо
ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии
Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди
ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар -
Ватани худ содиқона хизмат мекунанд.”
Дар
шароити муосири ҷаҳонишавӣ, ки онро аксари муҳаққиқони сатҳи ҷаҳонӣ «бархӯрди
тамаддунҳо» арзёбӣ намудаанд, зарурияти арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва
муқаддасоти миллӣ барои кулли миллату халқият ва кишвару давлатҳо аз пештара бештар
гардидааст, ки дар ин миён миллати тоҷик ҳамчун миллати меросбари фарҳанг ва
тамаддуни бою камназир истисно набуда, барои ӯ ин омил аз муҳиммияту мубрамияти
хосае бархӯрдор аст. Дар ин миён шинохт ва эҳтиромгузории арзишҳои болозикр
барои пойдории ҷомеа ва давлат зарур буда, дуруст дарк кардани ин муҳиммият аз
ҷониби кулли ҷомеа, хосатан ҷавонон ба зарурияти объективие мубаддал гаштааст,
ки бидуни он атрофи пойдорӣ ва пешрафти соҳаҳои алоҳидаи кишвар ва ҷомеа сухан
кардан ғайриимкон аст.
Дар
шароити имрӯзаи давлатдорӣ саҳми ҷавонони кишвар дар тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ,
аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ хело калон мебошад. Вобаста ба ин,
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳояшон бо ҷавонон қайд карданд, ки:
“Дар симои ҳар яки шумо ман имрӯз олимону ҳунармандону санъаткорон,
сиёсатмадорону ҷомеашиносон, тоҷирону соҳибкорон, вазирону роҳбарони ояндаро
мебинам. Зеро ҳар кадоми шумо дар ояндаи наздик мартабаи худро дар ҷомеа пайдо
карда, ба ҷойи бародарони калонсол бори миллат ва бори давлатдории моро ба дӯши
худ мегиред”.
Мавриди
зикр аст, ки дар шароити муосири бархӯрди манфиатҳо ва пурпечутоб шудани фазои
сиёсии ҷаҳон масъалаи нигоҳ доштани сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои
миллӣ, баланд бардоштани худшиносию худогоҳии миллӣ ва ҳисси ватандӯстии
шаҳрвандон мабрамияти хоса касб мекунад. Бо сарфи заҳмату талошҳои зиёд ва
таҷрибаи сулҳофарӣ Пешвои муаззами миллат ба қишри ҷавони ҷомеа борҳо муроҷиат
намуда, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмию ҳамдилиро таъкид
намудаанд. Чунончи, дар таълимоти Пешвои миллат худшиносии миллӣ ҳамчун мафҳуми
иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангиву маънавӣ натиҷаи ташаккули ҷаҳонбиниест, ки аз
маҷмӯи мураккаби мафҳум ва категорияҳои сохториву функсионалӣ иборат мебошад.
Роҳбари давлат вазифагузорӣ мекунанд, ки ҳар фард ибораҳои “таърихи ташаккул ва
рушди миллӣ”, “андешаи миллӣ”, “асолати миллӣ”, “ҳуввияти миллӣ”, “истиқлоли
миллӣ”, “ватандориву ватанпарастӣ”, “ифтихори ватандорӣ”, “урфу одат ва
анъанаҳои миллӣ”, “тафаккури таърихии миллӣ”, “таҳкими ваҳдату ягонагии миллӣ”,
“бунёдкорӣ” ва монанди инҳоро бояд дарк карда, дар рафтори иҷтимоии худ амалӣ
созад. Дар робита ба суханони мазкур метавон гуфт, ки бидуни ваҳдати миллӣ ва
эҳсоси масъулияти шаҳрвандию ватандорӣ, бидуни арҷгузории арзишҳои умумимиллӣ
сулҳу суботи ҷомеа ва устувории давлату миллат имконнопазир мегардад.
Пас
кулли афроди ҷомеаи имрӯзаи моро мебояд, то ин ки барои шинохти асолати миллӣ
ва дарки ҳақиқати таърихи пурифтихори халқи тоҷик кӯшиш намоянд. Мо имрӯз бояд
дарк намоем, ки соҳиби истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ҳастем. Ин воқеиятро
ба насли наврасу ҷавон таблиғу ташвиқ намоем, то ин ки гирдоби беамони
ҷаҳонишавӣ ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва аз ҳама муҳим ифтихори миллиро аз
вуҷуди онҳо зудуда нагардонад.
Бо
назардошти андешаҳои зикргардида, набояд фаромӯш созем, ки имрӯз амнияту субот,
пойдории давлат, таҳкими истиқлолият ва ҳастии миллат аз ҳар яки мо ва бахусус
аз ҷавонони шуҷоъ, дурандеш ва худогоҳ вобастагии қавӣ дорад. Дар шароити
имрӯза мавҷудияти ҳамешагии зиракии сиёсии ҳар як шаҳрванди худогоҳ ва бахусус
ҳар як ҷавони худшиноси кишварамон, хеле муҳим ва зарур мебошад.
Содиқов Хайрулло, корманди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон