Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - НАНГУ НОМУ ВИҚОР ВА ШОҲКОРИ РОҲИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
single-product

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - НАНГУ НОМУ ВИҚОР ВА ШОҲКОРИ РОҲИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

2025-06-21 21:21:00

Ваҳдати миллӣ - пояи устувори рушди давлат ва ҳастии миллат аст. Он падидаест, ки миллати дар гирдоби мушкилот печидаро ба ҳам мепайвандад ва барои ҳифзи нангу номус, виқору шараф ва ояндаи дурахшон роҳ мекушояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд менамояд, ки: «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд».

Дар таърихи миллатҳои гуногун ваҳдати миллӣ ҳамеша ҳамчун нишонаи шуҷоат, покӣ ва садоқат ба марзу бум ва арзишҳои фарҳангӣ қадр шудааст. Барои ҳар як халқу миллат ваҳдат на танҳо як шарт барои зиндагии осоишта, балки як ганҷи бебаҳост, ки бо заҳмату талошҳои фарзандони содиқ ва ватандӯст ба даст оварда мешавад

27 июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Ин рӯзи барои халқу миллати мо бисёр гиромӣ ва муқаддас баъд аз музокироти тулонӣ на он қадар осон ба даст омадааст.

Воқеаҳои мудҳише, ки аввали солҳои 90-уми асри XX ба сари мардуми мо омада буд, барои миллати ҷафодидаи мо имтиҳонҳои бузурги таърихӣ унвон мегардад. Хушбахтона дар он рӯзҳои барои миллат наҳсу пурдаҳшат қариб, ки ба ояндаи нек боварии касе намонда буд, фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон бо нидои таърихсози худ: «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ба дилҳо умеду ба устувории пояи истиқлолияти давлатӣ бунёди устувор бахшид, ки ин аз иқболи баланди халқи мутамаддини мо шабоҳат медиҳад. Маҳз бо кӯшишу ҷонбозиҳои ин фарзанди фарзонаи миллат ва муттаҳидии халқи бофарҳангу тамаддунсози кишвар таъмин гардида, пеши роҳи ҷанги бародаркуш гирифта шуд ва миллат ба ваҳдат омад.

Дар ин баробар қадру манзалати Ваҳдати миллиро ҳар як фарди бедордили миллат бояд хуб дарк намуда, баҳри пойдорӣ ва ҳифзи он масълуияти шаҳрвандӣ дошта бошад. Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин қайд карда буданд: «Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт. Нақши созандаи сулҳу ваҳдат махсусан дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ, ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд, возеҳ зоҳир гардид».

Ваҳдат ҳамчун тараннумгари нангу номусу виқор — арзишҳои маънавӣ ва ифтихордориест, ки дар зеҳн ва қалби ҳар як тоҷикистонӣ мустаҳкам ҷой гирифтааст. Нанг — эҳтироми кишвари худ ва таърих, номус — ҳифзи покӣ ва шараф, виқор — инъикосгари эътибор ва шаъну шарафи миллии мо мебошад. Ваҳдати миллӣ шарти зарурии ҳифзи ин арзишҳо аст. Бе ваҳдат наметавон нангу номус ва виқори миллати худро ҳифз кард ва роҳро ба сӯи соҳибистиқлолӣ ва рушди воқеӣ ҳамвор сохт.

Ҳоли ҳозир, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар роҳи рушди устувор қарор дорад, нақши ваҳдати миллӣ дар ин ҷода ҳалкунанда мебошад. Ногуфта намонад, ки имрӯз он на танҳо як рамзи сарфарозӣ, балки шоҳкори роҳи соҳибистиқлолӣ мебошад — роҳе, ки бо ваҳдату ҳамдиливу садоқат ягонагии томи мардуми Тоҷикистонро пойдор ва мустаҳкам намуда, баҳри амалигардии ҳадафҳои муҳими мамлакат дар бунёди ҷомеаи пешрафтаи демократӣ машъал гардидааст.

Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки ваҳдати миллиро чун ганҷи бебаҳо ҳифз намуда, онро дар дил ва ақидаи худ устувор созем, чунки Ваҳдати миллӣ воқеан ҳам нури зиндагӣ ва шоҳкориест, ки бо он мо метавонем тамоми мушкилотҳоро паси сар намуда, бо амалисозии ҳадафҳои олии давлату Ҳукумат Тоҷикистони озоду соҳибистиқлолро барои наслҳои оянда ба мерос гузорем.

Рабизода Наҷибулло, н.и.т. дотсент, директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе