
ВАҲДАТ - НИШОНАИ ОЗОДӢ
2025-06-21 21:15:36
Ваҳдат калимаест, ки бо маънию оҳангаш шахсро ба
ягонагӣ ва муттаҳидӣ даъват мекунад. Аз қадимулайём мардум барои осудаву ором
зиндагӣ кардан ва беҳбудии ҳаёт умр ба cap мебурданд. Онҳо баробар кор
мекарданду ризқу рӯзияшонро ҳам баробар бо ҳам медиданд. Инсоният бидуни
ягонагиву баробарӣ ба мартабаи имрӯзаи худ расиданаш номумкин аст. Маҳз ваҳдат
инсониятро ба қуллаҳои баланди тараққиёт расонидааст.
Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали
Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё
пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдату
якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор
карда метавонем.
Имрӯз Рӯзи Ваҳдати миллӣ як рӯзи бузург буда, он на
танҳо барои ба хотир овардани воқеаҳои муҳими таърихии ҷумҳурӣ, балки таваҷҷуҳи
тамоми шаҳрвандони кишварамонро ба аҳамияти ваҳдату иттиҳод равона кардан
пешбинӣ менамояд. Танҳо дар дӯстӣ ва хамфикрӣ метавон тамоми мусибатҳоро паси
cap карда, ба ояндаи дурахшон пеш рафт.
Қувваи миллати
мо маҳз дар ягонагӣ аст. Аз ин рӯ, мо бояд тамоми кӯшишҳоро барои ҳифз доштан
ва таҳким бахшидани меърос ба харҷ диҳем. Ин қарзи муқаддас ва масъулияти
пуршарафи ҳар яки мардуми мост. Бо шарофати субботу оромӣ дар ҷомеа, дастгирии
ҳамдигар ва меҳнати созанда мо тамоми мушкилотро паси сар карда ба ҳадафҳои худ
мерасем.
Бо шарофати
Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар кишварамон чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, маросимҳо ва
ҷашнҳои ҷамъиятӣ, ки гуногунии қавмӣ ва ваҳдати кишварро таъкид мекунанд, зинда
мегардад. Одамон аз минтақаҳо ва қишрҳои гуногуни ҷомеа барои иштирок дар
чорабиниҳои анъанавӣ ва фарщанги намоишгоҳҳое, ки санъат, ҳунар ва таомҳои
Тоҷикистонро намоиш медиҳанд, ҷамъ меоянд. Ин рӯзест, ки ифтихори миллӣ эҳсос
мешавад ва рӯҳияи ваҳдат ҳукмфармост.
Ин ҷанбаи
таълимӣ барои тарбияи ҳисси ҳувияти миллӣ ва эҳтиром ба гуногунрангӣ дар байни
насли ҷавон муҳим аст. Он ёдраскунандаи устувории халқи тоҷик дар рафъи
мушкилот ва талош барои ояндаи муштараки сулҳу шукуфоӣ мебошад. Ин рӯз арзишҳои
таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байни тамоми табақаҳои ҷомеаро,
новобаста аз фарқиятҳои этникӣ, тақвият медиҳад.
Маҳз бо
кӯшишхои пайгиронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон
сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи
ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.
Шуҳрат ЁҚУБӢ, директори Литсейи касбии техникии
сохтмони шаҳри Хуҷанд