
ТАҲКИМ ВА НИГОҲДОШТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МАРОМИ МОСТ
2025-06-21 21:19:47
Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик
мебошад,ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ
намудааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯзҳо мардуми шарафманди тоҷик дар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон
бистуҳаштумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил ва
руҳияи баланди ватандӯстию ифтихори миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил
намуда истоданд.
Барои расидан ба сулҳу оштӣ ва ин рӯзи мубораку фархунда халқи тоҷик аз
имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ва
дурандешию таҳамулпазирии Сарвари хеш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мухолифати
мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот
намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар
фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона
ободу зебо гардонад.
Таърих гувоҳ аст, ки миллати мо тӯли қарнҳои зиёд орзу дошт соҳибватану
соҳибдавлат бошад. Ба даст омадани соҳибистиқлолӣ ин орзую ормонро ҷомаи амал
пӯшонид ва мо соҳиби давлати мустақилу соҳибихтиёр гардидем. Агарчӣ ибтидо
даргириҳои дохилӣ дар самти пиёдасозии ҳадафҳои давлатдорӣ монеъа эҷод кард,
аммо баъдтар маҳз Ваҳдати миллӣ, ки бо фидокориҳои Пешвои миллат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, заминаи мусоид фароҳам овард, ки пояҳои давлатдории
нави тоҷикон гузоштаву таҳким ёбанд ва корҳои созандагиву ободокорӣ ба роҳ
монда шаванд. Ин рӯз, ки барои халқу миллати мо азизу муқаддас гаштааст, ба
осонӣ даст надодааст.
Қатлу куштору ғорат ва низоъҳои шадиди дохилӣ садҳо ҳазор сокини кишварро
дар нахустин солҳои ин ҳаводис ба муҳоҷирати дохиливу хориҷӣ кашонд.Танҳо
давоми солҳои 1992 то 1994 ин муноқишаҳо миллиардҳо доллар хисорот, даҳҳо ҳазор
қурбонӣ ва ҳазорон оиларо гурезаву бесаробон ва бехонаву бе ҷою макон
кард.Ҳамзамон дар пайи шадиди низоъҳо миёни минтақаҳои кишвар ва дахолати
хориҷиён хатари нобудшавиии кишвар пеш омада буд.
Нахустин гуфтугӯ миёни тими ҳукумат ва мухолифин барои музокирот аз моҳи
апрели соли 1994 дар Маскав оғоз шуд. Бо гузашти ҷанд давр дар Алма-Ато,
Теҳрон, Ашхобод, Исломобод ва ахиран дар Маскав нерӯҳои мухолифин ва ҳукумат
куллан ба мувофиқа расиданд.
Маҳз 27- уми июни соли 1997 дар қасри Кремли шаҳри Маскав дар нӯҳумин
гуфтушуниди сулҳ дар Маскав, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ
имзо гардида, ба ҷанги панҷсолаи дохилӣ хотима дода шуд..Кӯшишу ҷонбозиҳои
фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати бофарҳангу тамаддунсози
мо, ки парешону сарсон шуда буд, сарҷамъ шуд. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста
шуд.
Раванди сулҳи тоҷикон рўйдоди душвор, вале мўхими сиёсие буд, ки сарнавишти
миллати тоҷикро муайян намуда, заминаи муттаҳидӣ ва якпорчагии онро фароҳам
сохт ва киштии давлатдории тоҷиконро аз ғарқшавӣ наҷот дод.Сулҳе, ки дар
Тоҷикистон бо душвориҳои зиёд, бар ивази хуни ҳазорон ҳамватанони мо ба даст
омадааст, дар миқиёси ҷаҳон руйдоди беназир ва намунаи ҳалли мухолифат ва
низоъҳои миллию хонаводагӣ, ки имрўз дар гўшаву канори гуногуни олам ба назар
мерасанд, эътироф шудааст.
Ваҳдати миллӣ барои наслҳои ҷавон нишон медиҳад, ки бар ивази чи қадар
азобу ранҷ дар кишвар сулҳу суббот барқарор гардид ва минбаъд барои устувор
нигоҳ доштани он пайваста бояд талош намуд. Ҷашни мазкурро ба хотири он иди
Ваҳдати миллӣ ном ниҳоданд, ки он аз иттиҳоди мардуми тоҷик, аз сарҷамъии
тамоми сокинони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дарак медиҳад. Маҳз Ваҳдат
метавонад барои инсонҳо дастовардҳои бузургро насиб гардонад. Ин ҷашни
муттаҳидии ҳамаи бошандагони Тоҷикистон аст.
Фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар саргаҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –
Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, аз
ҷониби созмонҳои байналмилалӣ эътироф гардида, ҳамчун таҷриба баҳри истифодаи
он дар дигар минтақаҳои сайёра мавриди омӯзиш ва корбаст қарор гирифтааст.
Замоне расидааст, ки мо фарзандони миллат аз ҳарвақта дида зичтару содиқона
дар атрофи Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарди ватандӯст
яктану якдил муттаҳид шавему баҳри боз ҳам қавитар гардонидани ваҳдати миллӣ,
ободии Ватан ва пешрафти ҷомеа ҷадал кунем,, нагузорем, ки ҳар нохалафе сулҳу
ваҳдати моро халалдор созад ва шукргузор аз он бошем, ки дар даврони сулҳу
ваҳдат умр ба сар мебарем.
Ба тан пӯшед, ёрон, ҷомаи идонаи ваҳдат,
Шароби арғувон нӯшед аз паймонаи ваҳдат.
Чунон оред меҳри дил ба якдигар ба солорӣ,
Ки ҳар як хонаи тоҷик гардад хонаи ваҳдат.
Садиров Фаёзиддин Раҳимомич, муовини директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода