
СИЁСАТИ ВАҲДАТОФАРИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОМИЛИ АСОСИИ НАҶОТИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТ
2025-06-21 21:27:56
Ҳар
миллат дар ҷӯёи саодат лаҳзаҳое дорад, ки тақдираш ба як сухан, як ирода ва як
дил бастагӣ меёбад. Тоҷикистон - ин сарзамини кӯҳистонии биҳиштосо, ки шоҳиди
рӯзҳои пурфоҷеа ва шикасти умедҳо буд, дар оғози солҳои 90 ба гирдоби ҷанги
хонумонсӯз кашида шуд. Мардум аз ормон канда, давлат аз рукнҳо фурӯ рафта, умед
ба фардо аз дилҳо рахт барбаста буд. Ва дар ҳамин ваҳшат, дар ҳамин торикӣ аз
миёни абрҳои торики ҷанг ва ноумедӣ, аз миёни ашки модарон ва нолаи кӯдакон
умеде шуъла зад.
Шуълае, ки на аз нерӯи сиёсат, балки аз
синаи як фарзанди Ватан бархост, фарзанде, ки муҳаббати халқро дар дили худ
дошт. Миллат, ки рӯ ба нобудӣ дошт, ба сухане бовар кард: «Ман ба Шумо сулҳ
меорам!». Ҳамин сухани соддаву самимӣ сабаби он шуд, ки Тоҷикистон аз вартаи
ҷудоӣ ба роҳи ваҳдат қадам гузорад.
Таърихи
навини Тоҷикистон бо саҳифаҳои пурошӯб оғоз ёфт. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди
Шӯравӣ, кишварро тӯфон фаро гирифт - тӯфони шикастани арзишҳо, нобоварӣ ва
маҳалгароӣ. Ин буҳрон ҷомеаро аз дарун фурӯзон мекард, пояҳои давлатдориро ба
ларза меовард. Миллат парешон, давлат нотавон ва роҳи наҷот ношинос буд.
Дар чунин лаҳзаи сарнавиштсоз шахсияте
ба саҳнаи таърих омад, ки бо дили соф ва нияти нек роҳро ба сӯи ваҳдат нишон
дод. Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ соли 1992 раҳбарии
давлатро ба дӯш гирифтанд ва бо суханоне, ки аллакай таъкид намудем: «Ман ба
Шумо сулҳ меорам!» дар қалбҳои мардум чароғ афрӯхтанд ва умеди барбодрафтаро ба
мардум баргардониданд.
Солҳои
1992 то 1997 - сафаре буданд дар миёни шамшер ва гул, дар миёни тарс ва умед.
Пешвои миллат бо азму иродаи қавӣ ҷонибҳои даргирро ба сари мизи музокирот
оварданд. Дар ин раванд зиёда аз 20 вохӯрии расмӣ, даҳҳо мулоқот ва музокироти
ҳассос баргузор шуданд. Ин раванд бо имзои Созишномаи умумии сулҳ дар Маскав соли
1997 ба анҷом расид.
Ваҳдат танҳо сулҳ нест, балки оғози
созандагист. Пешвои муаззами миллат бо дили пур аз меҳру муҳаббат ба миллат ба
эҳёи мактабҳо, беморхонаҳо, роҳҳо ва дигар зерсохторҳо оғоз намуданд. Гурезагон
баргаштанд, фарзандон боз дар мактабҳо ба садои занги дарсхонањо гӯш доданд.
Тоҷикистон аз нав нафаси тоза кашид.
Сиёсати ваҳдатофарини Ҷумҳурии
Тоҷикистон, ки дар заминаи буҳрони сиёсӣ ва иҷтимоии солҳои 1990-1997 таҳия ва
амалӣ гардид, имрӯз ҳамчун намунаи беназири барқарории сулҳ ва таҳкими
давлатдорӣ дар шароити муосири ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Ин раванд таҳти роҳбарии
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат
гирифта, бо истифода аз принсипҳои ҳамдигарфаҳмӣ, гузашт ва ҳифзи манфиатҳои
миллӣ амалӣ гардиданд.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки зодаи хиради
сиёсии Пешвои муаззами миллат ва муҳаббат ба Ватан буд, дар ҷаҳон ҳамчун модели
беназири рафъи низоъҳо шинохта шуд. Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, онро
ҳамчун мактаби нодири сулҳомӯзӣ арзёбӣ карданд.
Заминаҳои буҳрони сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар
оғози солҳои 1990-ро метавон кутоњ чунин баён намуд, ки Пас аз пош хӯрдани
Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди марҳалаи гузариши шадиди сиёсӣ,
иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гардид. Норасоии таҷрибаи идоракунии мустақилона, бархӯрди
манфиатҳои гурӯҳҳои сиёсӣ ва маҳалгароӣ боиси оғози ҷанги шаҳрвандии солҳои
1992-1997 шуд. Дар ин давра беш аз 150 ҳазор нафар кушта, зиёда аз як миллион
нафар шаҳрвандон ба кишварҳои дигар гуреза гардиданд.
Наҷот ва раҳо аз ин бӯҳрон танҳо ва танҳо
ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳ ва таҳкими суботи сиёсӣ
вобастагӣ ва пайвастагии ногусастанӣ дорад.
Бо баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар
моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд ва интихоб гардидани Пешвои миллат -
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ, раванди барқарорсозии сохторҳои
давлатӣ ва таъмини субот оғоз ёфт. Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин суханрониҳои худ
муҳимтарин вазифаҳои миллӣ - сулҳ, ваҳдат, эҳёи иқтисод ва бозгардонидани
гурезаҳоро ҳамчун ҳадафҳои стратегӣ муаррифӣ намуданд ва бо ҳамин раванди
музокирот ва марҳилаҳои сулҳофаринӣ (1994–1997) оғоз гардид.
Музокирот миёни Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар тӯли се сол (1994 - 1997) сурат
гирифт. Ин раванд дар ҳузури СММ, Созмони Конфронси Исломӣ, Федератсияи Россия,
Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар ҷонибҳои миёнарав ба роҳ монда шуд. Дар натиҷаи
8 даври расмии музокирот ва чандин созишномаҳои алоҳида, рӯзи 27 июни соли 1997
дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо
расид.
Омили асосии муваффақияти ин раванд
иродаи сиёсӣ ва шахсияти Пешвои миллат буд. Ба ин раванд инчунин заминаи
фарҳангии халқи тоҷик, ки ба гуфтугӯ ва таҳаммулпазирӣ такя мекунад, мусоидат
намуд. Нақши созмонҳои байналмилалӣ дар расонидани кӯмакҳои иқтисодӣ ва
машваратӣ низ назаррас буд. Баъд аз имзои Созишнома, Тоҷикистон ба марҳилаи
нави рушди устувор ворид гардид. Дар давоми солҳои 1997-2005, инфрасохторҳои
харобгашта барқарор, гурезаҳо ба ватан баргардонида, низоми маориф ва
тандурустӣ эҳё шуданд. Дар сатҳи байналмилалӣ таҷрибаи Тоҷикистон ҳамчун модели
муваффақи рафъи низоъ шинохта шуд.
Сиёсати ваҳдатофарини Пешвои миллат на
танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз буҳрони сиёсии дохилӣ наҷот дод, балки заминаи
рушди устувори минбаъдаро гузошт. Он ҳамчун таҷрибаи нодири давлатсозӣ ва
ислоҳоти иҷтимоӣ дар таърихи муосири ҷаҳон ҷойгоҳ пайдо кардааст. Таҳкими
ваҳдат ва суботи миллӣ имрӯз низ ҳадафи стратегии сиёсати давлатӣ боқӣ мондааст.
Имрӯз, вақте ки субот дар кишвар пойдор
аст ва парчами ваҳдат бо ифтихор парафшон аст, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон хуб
дарк мекунад, ки ин оромӣ осон ба даст наомадааст. Ин ваҳдат самари ирода,
хиради сиёсӣ ва муҳаббати беандозаи Пешвои муаззами миллат ба Ватан аст. Ва он
сухани таърихӣ, ки рӯҳи як миллатро бедор кард, имрӯз низ чун чароғи роҳнамо
дар фазои давлатдории миллӣ медурахшад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун мероси таърихӣ ва
неъмати бебаҳо дар замири ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҷой гирифтааст. Он сулҳе,
ки замоне танҳо як орзу буд, имрӯз ба рукни муҳими давлатдорӣ ва шиносоии миллӣ
табдил ёфтааст.
Дар партави сиёсат ва хиради Пешвои
миллат, Тоҷикистон ба кишвари сулҳу субот табдил ёфтааст. Нури ваҳдат, ки аз
қалби таърих фурӯзон шуд, имрӯз роҳи фардои давлатро мунаввар мекунад.
Имрӯз, вақте ки бодҳои ваҳдат парчами
сулҳро дар ҳар гӯшаи Ватан мебардоранд, хотироти талхи гузашта чун огоҳии абадӣ
боқӣ мемонанд. Вале миллати мо дигар ҳаргиз он миллати парешони солҳои 90 нест.
Имрӯз мо миллати ваҳдатофарем, миллате,
ки аз санг роҳи нур офарид. Ва дар миёни ин нур симои Пешвои муаззами миллат,
Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи иродаи таърих ба ҳамеша боқӣ хоҳад монд.
Фарҳод
РАҲИМӢ, академики АМИТ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
