Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2025-11-03 15:52:02

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР КУМИТА

 

Бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Конститутсия таҳти унвони “Конститутсия – санади сарнавиштсози давлату миллат” ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита, Давлатзода Баҳруло ва Ализода Алишер, муовинони раис, кормандони дастгоҳи марказӣ ва директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамоишро Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Конститутсия аз рӯзҳои аввали қабулаш дар назди давлату миллати мо вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, низоми мақомоти давлатии муосир, таъмини кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум ба ҳисоб мерафт.

Пешвои миллат дар таърихи навини халқи тоҷик дар саргаҳи ҷомеаи навини Тоҷикистон қарор дошта, дар рушду инкишоф ва мустаҳкамии пояҳои давлатдорӣ ва ҷомеа саҳми арзанда ва бузург доранд.
Дар ин замина, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистон муҳим буда, ташаббускори таҳияи ин санади муҳими кишвар маҳсуб мешаванд.Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат ин санади тақдирсоз қабул гардида, он дар рушду устувории соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, амалӣ гардидани ҳадафҳо ва вазифҳои олии давлатӣ, ҳамзамон, муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақш ва ҷойгоҳи хоссаро ишғол намудааст.

Мавриди зикри хос аст, ки Пешвои миллат пайваста аз мубрамӣ ва ҷойгоҳи хос доштани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ намуда, нақши онро дар бунёди давлат ва ҷомеаи муосир, ки ҷавобгӯ ба манфиатҳои тамоми халқи кишвар мебошанд, ниҳоят муҳим арзёбӣ менамоянд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023 иброз доштанд: «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».

Раҷабов Саидумар Одинаевич- доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зимни баромади худ иброз намуд, ки қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз бо ташаббус, заҳмату талош, истодагарию пофишориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, дар он масъалаҳои калидӣ: барпо намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон, зарурати ҳокимияти президентӣ, кафолати давлатии ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ, аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия, таҳкими Конститутсия бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳои саривақтӣ ба он, ташкил ва такмили низоми мақомоти давлатӣ ва таъмини фаъолияти самараноки он ифода ва амалӣ гардиданд.

Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн- доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ дар навбати худ қайд кард, ки аз рӯзи аввали таҳияи лоиҳаи Конститутсия, Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои инсонӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуда, ба гуруҳи корӣ дастур додаанд, ки ин мафҳумҳоро, ки хусусияти инсонпарваронаву сулҳҷӯёна дорад, ба лоиҳа ворид намоянд, зеро татбиқи амалии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба шароити ҷомеаи инсонӣ, суннатҳои таърихиву маънавӣ, рушди фарҳанги миллӣ, худогоҳии мардум мусоидати созанда дошта, дар баробари ҳуқуқу озодиҳо, шаҳрвандон уҳдадориҳои худро низ бояд дар назди қонун иҷро намоянд. Ин омил имконият фароҳам овард, ки дар Моддаи 5 – уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Инсон, ҳуқуқ, номус ва озодии ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд риоя ва ҳифз карда мешаванд”, дарҷ карда шуд.

Дар охир таъкид гардид, ки таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи сифатан нави бунёд ва инкишофи давлат ва ҷомеаи Тоҷикистони муосир буда, ин санади олии ҳуқуқӣ бо саъю талош, азму иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида, ҳамзамон, нақш ва саҳми ин шахсияти таърихии халқ дар такмили меъёрҳои он бағоят бузург мебошад.

 

2025-11-03 12:05:14

КОНСТИТУТСИЯ - ПОЯИ МУСТАҲКАМИИ ДАВЛАТ

Ҳар давлати муосир барои устувории худ ва рушди ҷомеа ба як қонуни асосӣ эҳтиёҷ дорад. Дар Тоҷикистон чунин қонуни асосӣ Конститутсия мебошад, ки заминаи ҳуқуқӣ ва озодии шаҳрвандонро муайян мекунад. Рӯзи қабули Конститутсия ҳар сол ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад ва аҳамияти он барои ҷомеа ва бахусус ҷавонон ниҳоят бузург аст.
Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ роҳнамои тамоми соҳаҳои давлат мебошад. Он меъёрҳои ҳуқуқӣ ва сохтори мақомоти давлатиро муайян мекунад, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро ҳифз менамояд. Ба шарофати Конститутсия, давлат метавонад сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро бо ҳамоҳангӣ пеш барад.
Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон асоси Конститутсияро ташкил медиҳанд. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки бо эҳтиром ба қонун зиндагӣ кунад, интихоб кунад, таҳсил намояд ва дар рушду пешрафти ҷомеа саҳм гузорад. Конститутсия инчунин масъулияти шаҳрвандонро таъкид мекунад, ки ба ҳуқуқи дигарон ва таъмини тартибот эҳтиром гузоранд.
Ҷавонон – ояндаи ҳар кишвар – бояд аҳамияти Конститутсияро хуб фаҳманд. Барои донишҷӯёни коллеҷ, аз ҷумла дар соҳаи тиб ва фармация, донистани ҳуқуқ ва масъулиятҳои худ муҳим аст. Конститутсия барои онҳо ҳамчун роҳнамои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ хизмат мекунад, ки онҳоро дар қабули қарорҳои дуруст дар ҳаёти касбӣ ва иҷтимоӣ роҳнамоӣ менамояд.
Ҳар сол рӯзи 6 ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсия таҷлил мешавад. Ин сана барои таъкид кардани аҳамияти қонун ва худшиносии миллӣ ниҳоят муҳим аст. Он имконият медиҳад, ки ҷавонон ва тамоми шаҳрвандон дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои худ фикр кунанд ва ба зиндагии иҷтимоӣ ва ҷамъиятии худ масъулиятнок муносибат намоянд.
Конститутсия пояи ҳуқуқ ва озодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он барои устувории давлат, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва роҳнамоии ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ аҳамияти бузург дорад. Ҷавонони имрӯза бо донистани Конститутсия метавонанд дар рушди ҷомеа ва ояндаи кишвар саҳми босазо гузоранд.
Ғиёсова Н.У - омӯзгори кафедраи технологияи дорусозӣ, ташкил ва иқтисоди фарматсияи МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ

2025-11-03 11:28:42

ТЕРРОРИЗМ ХАТАР ДАР ҶОМЕА

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар сиёсати Пешвои миллат

‎Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлолият дарк намуд, ки терроризм ҷинояти махсусан хавфнок буда, он ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ равона карда шудааст. Махсусан хавфнок будани терроризм дар он ифода меёбад, ки асоси онро кўшиши ҷиноятҳо оиди дар атрофи он ба вуҷуд овардани ҳиссиёти тарсу воҳима фалаҷ сохтани фаъолияти фоиданоки иҷтимоии шаҳрвандон, кори мўътадили мақомоти давлатию идоракунӣ ва бо ҳамин ноил шудан ба мақсадҳои зидди ҷамъиятии худ ташкил медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии худро ба роҳ монда, ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр, инчунин узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба як қатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ алайҳи мубориза зидди терроризм ҳамроҳ шуда, дар як муддати кўтоҳ қонунгузории дохили кишварро ба низом дароварда қонунҳои зеринро қабул карда, онҳоро мавриди амал қарор дод:

‎1. 16-уми ноябри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шудааст, ки он асосҳои мубориза бар зидди терроризмро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

‎2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» (28 декабри соли 2013)

‎3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» (соли 1999 № 69).

‎4. Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (28 марти соли 2006, № 1717) ва Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, ки ин ҳама аз сиёсати пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм гувоҳи медиҳад.

‎Дар айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат нишон додан бар терроризм якчанд конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро оид ба мубориза бар зидди терроризм ташкил ва баргузор намуда, бори дигар ба ҷаҳониён исбот намуд, ки иродаи кишвари мо алайҳи мубориза бар зидди терроризм қавӣ мебошад.

‎Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад.

‎Мубориза бар зидди терроризм қисми таркибии таъмини амнияти натанҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи чаҳонӣ мебошад. Вазъи бӯҳрони ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнимазҳабӣ, номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки масъалаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро танзим менамояд, барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терроризм мусоидат мекунад.

‎Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонборҳо дар суханронии хеш таъкид кардаанд. Яке аз суханрониҳои Пешвои миллат дар Конференсияи Созмони Миллали Муттаҳид дар Вена дар бораи «мубориза бар зидди ҷиноятҳои трансмиллӣ», аз ҷумла терроризм, ки 14 апрели соли 2000 баргузор гардида буд. Чӣ тавре ки қайд шуд: аз замоне, ки Тоҷикистон соҳиби истиқлолият шуд дар тадбирҳои муштараки мубориза алайҳи хавфи афзояндаи ҷинояткории трансмиллӣ оиди терроризм ва гардиши маводи мухаддир фаъолона ширкат меварзад.

Тоҷикистон ҳамчун мамлакате, ки амалан ба масъалаи терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор рӯ ба рӯ омадааст ва ҷузъи ҷудонопазири ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ мебошад, барои ташаббусҳо ва иқдоми оқилона амал намуда, бар зидди терроризм мубориза бурда, алайҳи ин зуҳурот қатъиян талош меварзад ва саҳми худро гузошта истодааст.

Бояд қайд намуд, ки терроризм яке аз зуҳуроти асосии ҷинояткории муташаккилона аст. Ҳоло, ки Тоҷикистон ба истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ комёб шудааст ва бо роҳи эъмори давлатӣ демократии дорои иқтисодӣ бозоргонӣ пеш меравад, амалиёти террористӣ содир намудани қувваҳои муайяни душман ба сулҳу оромии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, ки ин ҷараёни бонизоми ислоҳотро халалдор месозад. Тоҷикистон нуқтаи назари онро, ки мубориза бар зидди терроризм, яке аз проблемаҳои муҳимтарин, ки имрӯз инсоният дучори он гардидааст, дастгирӣ менамояд.

‎ Ашуров С

Омӯзгори МДТ ЛКТ-и Н Зафаробод.

 

2025-11-03 11:25:04

16 НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

16 ноябр дар саросари кишвари мо Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз барои мо хеле азизу гиромист. Ҳама чиз дар қиёс хубтар фаҳмида мешавад. Мо бояд донем, ки дирӯзи мо чӣ гуна буд ва имрӯз то куҷо расидем.

Сарнавишт дар як замони пурталотум ва ҳалокатбор ба миллати тоҷик шахсиятеро эҳдо кард, ки тавонист роҳи наҷоти ӯро пайдо намояд. Ин шахс Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд.Дар ибтидои солҳои 90-и садаи ХХ Тоҷикистони азиз ба даргириҳои шадид кашида шуд. Дар натиҷа ҷомеаро ҳисси яъсу ноумедӣ, нобоварӣ ба фардо, ғорату дуздӣ, хунрезӣ, гуруснагӣ фаро гирифт ва як қисми мардуми мо ночор ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуда, гуреза шуданд. Дар чунин вазъияти ҳассос шахсият ва роҳбари сарсупурдае лозим буд, ки тамоми нерӯи худро ба ҳифзи Истиқлоли миллӣ ва наҷоти Ватан равона созад, ҷумҳуриро аз парокандагӣ ва нобудшавӣ наҷот диҳад.

Худованд чунин шахсро ба миллати тоҷик ато фармуд. Эмомалӣ Раҳмони ҷавон 34 сол пеш дар Иҷлосияи сарнавиштсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ савганд ёд намуд, ки ба Тоҷикистон сулҳ меорад, то охирин муҳоҷирро ба Ватан бармегардонад ва миллати азияткашида ва парокандаи тоҷикро сарҷамъ мекунад. Пас аз талошҳои ҷонфидоёна, сафарҳои пурхатар ва гуфтугӯҳои созанда бо гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ба ин абармарди сиёсат, шуҷоъ ва хирадманд муяссар шуд, ки ба ивази гарави ҷони худ ваҳдату сулҳро дар кишвар барқарор намояд.

Аз ин ҷост, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ин сарвари худро аз ҷон бештар дӯст дӯст дошт, ба ӯ бовар намуд ва ояндаи кишварро ба он кас супурд ва дар ин кор хато накард.Имрӯз кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯи бесобиқа гашта, таҷрибаи сулҳи тоҷикон сарлавҳаи дастуру китобҳои сиёсатшиносӣ гаштааст. Рушди кишвар, ободиву тинҷӣ ва сатҳи зиндагии мардуми мо хеле боло рафта, Тоҷикистон аз кишварҳои амнтарини дунё ҳисобида мешавад ва Душанбе ба пойтахти чорабиниҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Ҷураев Шавкат Юсупалиевич

Мудири кафедраи Педагогика ва методикаи

таълими Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода

 

2025-11-03 11:15:25

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР» СИПАРЕ БАРОИ ОМӮЗГОРОН!

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии даврони Истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад. Ин санади муҳим ба таҳкими нуфуз ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа, баланд бардоштани масъулият, ҳимояи ҳуқуқ, манфиат ва эътибори иҷтимоии устодон нигаронида шудааст.
Омӯзгор - пояи давлат, меъмори маърифат ва бунёдгузори ҷомеаи огоҳ аст. Бе омӯзгор на дониш ҳаст, на фарҳанг, на пешрафт. Аз ин рӯ, қабул гардидани ин қонун — сипари боэътимод барои ҳифзи манзалат ва заҳмати омӯзгорон мебошад.
Бо ташаббус ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи маориф ҳамеша дар мадди аввал қарор дорад. Роҳбарияти давлат бо хирадмандӣ таъкид менамояд, ки бе омӯзгор ҷомеаи пешрафта сохта намешавад. Аз ин рӯ, давлат шароити заруриро барои фаъолияти самараноки устодон фароҳам меорад.
Имрӯз муассисаҳои таълимӣ дар кишвар бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, маоши омӯзгорон тадриҷан меафзояд, барномаҳои таълимӣ ва усулҳои дарсдиҳӣ такмил меёбанд. Ин ҳама аз сиёсати устувори давлат дар самти рушди соҳаи маориф шаҳодат медиҳад.
Қонуни мазкур на танҳо як санади меъёрии ҳуқуқӣ, балки эълони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба заҳмати омӯзгор аст. Он омӯзгоронро ба масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба касб бештар ҳидоят менамояд.
Бигзор омӯзгорони тоҷик бо ифтихор гӯянд, ки давлату миллат қадри онҳоро медонад ва меҳнаташонро пос медорад.
Зеро омӯзгорон - сохтмончиёни рӯҳи инсон, тарбиятгарони насли оянда ва сипари маърифатанд.
Зиҳӣ омӯзгор! Зиҳӣ муаллим! Зиҳӣ соҳаи илму маърифат!
Дар зери парчами Истиқлол ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, омӯзгорони тоҷик бо дили сӯхта, виҷдони бедор ва иродаи қавӣ барои фардои дурахшони Ватан заҳмат мекашанд.
Очилов Лутфулло Рузибегович, омӯзгори Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шахри Бохтар

2025-11-03 11:12:58

КОНСТИТУТСИЯ - АСОСИ ҲУҚУҚӢ ВА СИЁСӢ БАРОИ РУШДИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, пояи давлатдории миллӣ ва рамзи соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбад. Қабули он 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ, марҳилаи наве дар таърихи сиёсӣ ва ҳуқуқии тоҷикон буд. Ин санади сарнавиштсоз роҳи рушди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоиро муайян кард.
Конститутсия на танҳо маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқӣ, балки паймони байни давлат ва ҷомеа мебошад, ки принсипҳои асосии зиндагии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии миллатро муқаррар мекунад.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 сентябри соли 1991), зарурати ташаккули низоми нави ҳуқуқӣ ба миён омад. Дар шароити мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ниёз ба Конститутсияи миллӣ ҳамчун асоси қонунии давлатдорӣ ба таври ҷиддӣ эҳсос мешуд.
Бо талошҳои давлатдорони ҷавон ва иродаи халқ, лоиҳаи Конститутсия таҳия шуда, дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул гардид. Ҳамин рӯз ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, дар онҳо:
асосҳои сохтори давлат,
ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд,
ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ,
рамзҳои давлатӣ ва принсипҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ
инъикос ёфтаанд.
«Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад».
Ин меъёр самти асосии давлатдориро муайян намуда, пояи қонунгузорӣ ва сиёсатро ташкил медиҳад.
Конститутсия асоси ҳамаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Ҳеҷ як қонун ё амали ҳуқуқӣ наметавонад мухолифи меъёрҳои он бошад. Бо ин васила, он қонуни қонунҳо ва заминаи ягонаи низоми ҳуқуқӣ маҳсуб мешавад.
Дар заминаи Конститутсия, солҳои баъдӣ як қатор ислоҳоти конститутсионӣ амалӣ гардиданд - солҳои 1999, 2003 ва 2016, ки мутобиқ ба воқеияти нав ва талаботи рушди ҷомеаи демократӣ буданд. Масалан, ислоҳоти соли 2016 имконият дод, ки низоми идоракунӣ устувортар ва мутамарказ гардад, ва арзишҳои миллӣ - ҳамчун асоси давлатдорӣ- таҳким ёбанд.
Яке аз хусусиятҳои муҳими Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ мебошад. Моддаи 5 таъкид мекунад, ки:
«Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби давлат эътироф, риоя ва ҳифз карда мешаванд».
Ин меъёр ба таври мустақим бо Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (1948) ва дигар санадҳои байналмилалӣ мутобиқ аст. Ин ҳамбастагӣ нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо эҳтиром ба арзишҳои умумии инсонӣ ҳамгиро шудааст.
Конститутсия ҳамчун санади ягонаи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, заминаи ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа мебошад. Он имконият дод, ки баъди солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997) давлат сиёсати сулҳ, ваҳдат ва барқарорсозиро роҳандозӣ намояд. Дар заминаи меъёрҳои конститутсионӣ, тавозуни манфиатҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ таъмин гардид.
Имрӯз Конститутсия ба таври возеҳ меъёрҳои рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ, адолати иҷтимоӣ, ва идоракунии самаранокро муайян мекунад, ки ин ҳама барои татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2040 муҳим мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки рамзи ваҳдат, истиқлол ва адолати иҷтимоии миллат мебошад. Он ҳамчун санади зинда, мутобиқ ба талаботи замон такмил меёбад ва барои таҳкими давлатдории миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди инсонӣ заминаи устувор фароҳам меорад.
Риояи Конститутсия - на танҳо уҳдадории шаҳрванд, балки нишонаи маданияти ҳуқуқии ҳар як узви ҷомеа мебошад.
Саидзода Аҳмадшо Раҳматшо н.и.п, дотсент, директори Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе

2025-11-03 11:08:39

КОНСТИТУТСИЯИ ХАЛҚПАРВАР

Ифода гардидани халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ аз демократӣ ва халқпарвар будани Конститутсия дарак медиҳад. Хушбахтона, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳоло мо 31-солагии қабули онро ҷашн мегирем, намунаи беназири ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз мебошад. Зеро аз 100 моддаи Конститутсия 34 модда, яъне беш аз сеяки он ба ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванди кишвар бахшида шудааст.
Бори нахуст дар таърихи навини кишвар Конститутсия имконияти инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ эълон карда, ҳуқуқи шаҳрвандонро дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дарҷ намуд.
Агар ба таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, заминаи аслии он аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ки ҳокимияти конститутсиониро таъсис дод ва заминаҳои воқеӣ барои таҳия ва қабули Конститутсияи нав фароҳам омад. Бо қарори ҳамон иҷлосияи тақдирсоз Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати нави Комиссияи конститутсиониро бо роҳбарии Сарвари давлат — Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дод.
Моҳи ноябри соли 1993 гурӯҳи корӣ аз ҷониби Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд. Ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия гурӯҳи корӣ шароиту хусусиятҳои мамлакат ва принсипу меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро пурра ба эътибор гирифт.
Моҳи апрели соли 1994 лоиҳаи нави Конститутсия дар матбуоти даврӣ чоп шуда, ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. Зимни муҳокимаи лоиҳаи Конститутсия зиёда аз 8,5 ҳазор пешниҳод ба Шӯрои Олӣ ворид гардид ва танҳо баъди ба эътибор гирифтани онҳо лоиҳаи Конститутсия такмил ёфта, ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод гардид.
Ҳамин тавр, 6-уми ноябри соли 1994 нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо аз ҷониби мардуми Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки он яке аз дастовардҳои муҳим дар таърихи навини давлатдории мо ба шумор меравад.
Бояд зикр намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқоиса бо қонунҳои ҳаммонанди замони Шӯравӣ хусусиятҳои фарқкунанда ва афзалиятҳои зиёд дорад. Ин Конститутсия сохти нави давлатдории миллии тоҷиконро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф намудааст.
Дар он дарҷ гардидааст, ки интихоби Президенти мамлакат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои вакилони халқи маҳаллӣ ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия бо пурсиши иродаи халқ тариқи интихобот ва раъйпурсӣ ба роҳ монда мешавад.
Бинобар ин, метавон зикр намуд, ки Конститутсияи амалкунанда орзуҳои ҳазорсолаи аҷдодони моро ҷомаи амал пӯшонид. Ва шукрона бояд кард, ки мо аз ин афзалиятҳо баҳравар ҳастем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти ин санади муҳимро чунин таъкид намудаанд:
> «Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд. Яъне, дар мазмуну муҳтавои ин санади тақдирсоз роҳи ояндаи давлатдории мустақили мо муайян гардида, асосҳои конститутсионии ташаккул ва инкишофи минбаъдаи он гузошта шуданд. Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди мамлакат ин санади тақдирсозро азизу муқаддас меҳисобад, зеро он ҳуқуқу озодиҳои ҳар кадоми онҳоро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, ҳифзи қонунии як силсила ҳуқуқҳои фитрии инсон, аз ҷумла дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус, инчунин озодии виҷдон ва эътиқод ва дигар ҳуқуқу озодиҳои ӯро кафолат медиҳад».
Оре, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари манфиатҳои волои миллату Ватан, муайянкунандаи низоми устувори давлатдорӣ ва сохтори идораи ҷомеа, кафолатбахши ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъминкунандаи истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ ва амсоли инҳост.
Конститутсия бахтномаи миллат, санади муқаддас, кафолатгари адолат, роҳнамои зиндагиву фаъолияти инсон, шаҳсутун ва шиносномаи давлату миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд онро хуб донад, зеро муносибатҳои ҷамъиятии ҳаррӯзаи мо аз амали қонунҳо ва риояи волоияти қонун вобастагӣ дорад.
Ҷабборзода Умед Убайдулло – директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

2025-11-03 11:05:15

МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

1 ноябри соли 2025 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссияи озмун Раҳим Саидзода, муовини якуми вазир, муовинони вазири маориф ва илм, дигар намояндагони расмӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, олимону устодони донишгоҳ, довталабону иштирокчиёни озмун ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат доштанд.
Сараввал муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ зимни сухани ифтитоҳӣ иштирокчиёнро бо анҷоми бомуваффақияти Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, табрик намуда, таъкид кард, ки ин иқдоми арзандаи Пешвои муаззами миллат ба мактаби воқеии ҳавасмандгардонии ҷавонон ба омӯзиш, ҷустуҷӯ, эҷод ва таҳқиқи илмҳои дақиқ табдил ёфтааст.
Қайд гардид, ки озмуни мазкур бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.
Муовини Сарвазири кишвар иброз дошт, ки вазорат дар посух ба ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлат ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва илм тадбирҳои амалӣ меандешад ва озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» ҳамчун як ташаббуси созанда дар баланд бардоштани шавқи таҳқиқотӣ ва илмомӯзии ҷавонон нақши муҳим бозида, ҳамасола шумораи бештари иштирокчиёнро фаро мегирад.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар даври сеюми озмун 4852 нафар довталаб иштирок намуданд, ки аз онҳо 667 нафар, аз ҷумла 227 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 216 хонандаи муассисаҳои типи нав, 183 донишҷӯ ва 41 намояндаи касбу кори гуногун ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Даври ҷумҳуриявии озмун аз 21 то 25 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар умум 156 нафар ғолиб дониста шуд, ки аз ин шумора 26 нафар соҳиби ҷойи якум, 52 нафар ҷойи дуюм ва 78 нафар ҷойи сеюм гардиданд.
Ҳамзамон, мувофиқи натиҷаҳои озмун ба 139 нафар волидайни ғолибон нишони «Маърифатпарвар», ба 51 омӯзгор нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва ба 36 нафар «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм супорида шуд.
Дар натиҷаи ҷамъбасти умумӣ, шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 86 ҷой (19 ҷойи якум, 25 ҷойи дуюм ва 42 ҷойи сеюм) ҷойи аввалро ишғол намуд. Вилояти Суғд бо 35 ҷой (3 ҷойи якум, 16 ҷойи дуюм ва 16 ҷойи сеюм) дар ҷойи дуюм, вилояти Хатлон бо 20 ҷой (3 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 11 ҷойи сеюм) дар ҷойи сеюм қарор гирифт. Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо 11 ҷой (1 ҷойи якум, 3 ҷойи дуюм ва 7 ҷойи сеюм) дар ҷойи чорум ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо 4 ҷой (2 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм) дар ҷойи панҷум ҷойгир шуданд.
Даври ниҳоии озмун нишон дод, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими иқтидори зеҳнӣ дар байни наврасону ҷавонон, ҳавасмандсозии омӯзгорон ва волидон, боло бурдани мақому нуфузи илму дониш дар ҷомеа ва дарёфти ҷавонони боистеъдод мусоидат мекунад. Озмун ба ташаккули ҷомеаи донишбунёд ва густариши фарҳанги илмомӯзӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Дар маросими ҷамъбастӣ ба ғолибони озмун дар номинатсияҳои гуногун ҷойҳои якум, дуюм, сеюм супорида шуда, онҳо бо дипломҳо, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукот қадрдонӣ гардиданд.
Маросим бо барномаи фарҳангӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ иҷро гардид, анҷом ёфт

2025-11-03 11:02:36

КОНСТИТУТСИЯ - КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН

Конститутсия санади олии ҳуқуқии ҳар як давлат буда, пояи асосии низоми ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба шумор меравад. Он на танҳо қонуни асосии кишвар, балки рамзи соҳибистиқлолӣ, адолат ва волоияти қонун мебошад. Конститутсия ба сифати санади олитарини ҳуқуқӣ асоси ташкили давлатдорӣ, муайянкунандаи сохтори ҳокимият, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон ва муносибатҳои байни давлату ҷомеа мебошад. Ҳар як миллату давлат барои пойдории сохтори давлатӣ, таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва рушди босуботи ҷомеа ниёз ба чунин санади муҳимми ҳуқуқӣ дорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 дар асоси иродаи халқи тоҷик тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва ҳамасола ин рӯз ҳамчун санаи муҳим ва сарнавиштсоз – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки он на танҳо як ҷашни давлатӣ, балки рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдат ва давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад.
Қобили зикр аст, ки қабули ин санади сарнавиштсоз дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоии кишвар сурат гирифт ва заминаи ҳуқуқии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро гузошт. Конститутсия ҳамчун санади асосии кишвар, на танҳо рамзи соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли миллӣ аст, балки қалби низоми ҳуқуқии кишвар, пояи ҳама қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлат низ маҳсуб меёбад.
Аз рӯйи принсипи зинабандии санадҳои ҳуқуқӣ, Конститутсия дар зинаи олӣ қарор дорад. Дар асоси он қонунҳо, қарорҳо, фармонҳо ва дигар санадҳо таҳия ва қабул мегарданд. Барои мисол: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ва дигар санадҳоро низ метавон шарҳ дод, ки бевосита аз принсипҳои Конститутсия сарчашма мегиранд. Ин маънои онро дорад, ки Конститутсия заминагузори ҳамаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мебошад ва ба онҳо қувваи ҳуқуқӣ ва эътибори қонунӣ мебахшад.
Он муносибатҳои асосии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқиро муайян менамояд. Ҳамзамон, меъёрҳоеро дарбар мегирад, ки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро кафолат дода, вазифа ва салоҳиятҳои мақомоти давлатӣ, низоми сохтори он ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар он танзим гардидаанд. Дар баробари ин, озодии виҷдон, сухан, матбуот, дин, ҳуқуқ ба таҳсил, тандурустӣ, меҳнат ва иштирок дар идоракунии давлатиро таъмин менамояд.
Бояд қайд намуд, ки пас аз солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ қабул гардидани Конститутсия як қадами муҳиму таърихӣ ва сулҳу суботи сиёсӣ буд. Дар он замон Тоҷикистон ба як ҳуҷҷате ниёз дошт, ки манфиати тамоми табақаҳои ҷомеаро таъмин намуда, барои рушди минбаъдаи давлат замина гузорад. Имрӯз, маҳз ба туфайли амалишавии қонунҳои дар асоси Конститутсия қабулшуда Тоҷикистон ба як давлати устувор бо рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ табдил ёфтааст.
Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин таъкид намудаанд: “Танҳо ҳамон миллате дар байни оламиён соҳиби обруву эътибор мегардад, ки конститутсия ва қонунҳои худро эҳтиром ва риоя кунад. Танҳо ҳамон давлат нуфуз пайдо менамояд, ки шаҳрвандонаш, сарфи назар аз мансубияти нажодӣ, миллӣ ва диниашон эҳтиром ва волоияти қонунро ба ҷо меоранд ва дар айни замон ба арзишҳои беҳтарини башарият арҷ мегузоранд”.
Аз ин рӯ, Рӯзи Конститутсия на танҳо рӯзи як санади ҳуқуқӣ, балки рӯзи эҳтиром ба арзишҳои давлатдории миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад. Имрӯз мо – шаҳрвандони Тоҷикистон бояд ба ин санади муқаддаси миллӣ арҷ гузорем ва дар роҳи амалӣ шудани меъёрҳои он саҳмгузор бошем. Танҳо дар сурати риояи пурраи Конститутсия мо метавонем ба ҷомеаи воқеан демократӣ ва пешрафта ноил гардем.
Рӯзи Конститутсия муборак, ҳамватанони азиз!
Абдусалом ТОИРЗОДА, н.и.ф., дотсент,
мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият
Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

2025-11-01 08:47:00

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

31 октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис, нахуст, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2027-2028 баррасӣ гардид.

Таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026” хусусиятҳои фарқкунанда дошта, дар он як қатор муқаррароти нав ва тағйирот пешбинӣ карда шудааст.

Гуфта шуд, ки дар заминаи рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот дар ҳаҷми 65,0 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад, ки ҳаҷми умумии он нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2025 15,5 миллиард сомонӣ ё 31,2 фоиз зиёд ва ба 33,3 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2026 баробар мешавад.

Дар буҷети давлатӣ барои соли оянда ҷиҳати маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 29, 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 44 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 15,1 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Чунин хароҷоти зиёд ба ин соҳаҳо, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, нишона аз таваҷҷуҳи баланди Ҳукумати кишвар ба рушди сармояи инсонӣ арзёбӣ гардид.

Доир ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2027-2028 ва лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2027-2028 вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода гузориш дод.

Таъкид карда шуд, ки барномаи қарзгирии берунаи давлатӣ 52 созишномаи қарзӣ, аз ҷумла 36 созишномаи қарзии амалкунанда ва 16 созишномаи дар сатҳи мувофиқасозӣ қарордоштаро дар бар мегирад.

Ҳадаф аз таҳияи барнома амалӣ намудани назорати дахлдор дар самти ҷалби маблағҳои қарзии хориҷӣ ба Тоҷикистон ва роҳ надодан ба андӯхти назоратнашавандаи қарзи берунӣ мебошад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дастур доданд, ки барои дарёфти роҳу василаҳои афзун намудани даромад ба буҷети давлатӣ, аз ҷумла тавассути тезонидани раванди рақамикунонӣ, гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҳама соҳаҳо ва истифодаи васеи технологияҳои муосир дар гузаргоҳҳои сарҳадию гумрукӣ, чораҳои иловагии муассир андешида шавад.

Дар бораи лоиҳаи Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2026-2030 вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода гузориш дода, аз ҷумла иттилоъ дод, ки барномаи мазкур бо мақсади идома бахшидан ба низоми самарабахши дастгирӣ ва рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, баланд бардоштани самаранокии таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, ҳамгироии неруҳои илмӣ ва технологӣ ба самтҳои афзалиятдоштаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар, таҳия гардидааст.

Дар кори маҷлис, ҳамчунин, дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сангвор дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Тавилдара ва номгузорӣ намудани он, дар бораи омодагӣ ва баргузор намудани Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии “Хуталон” гузориши шахсони масъул шунида шуд.

Дар фароварди кори маҷлис Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалисозии барномаҳои давлатӣ, татбиқи Қонунҳои амалкунанда ва дигар супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Дастурҳои дигар, ҳамчунин, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабиниҳо дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, ҷамъоварии беталафи меваю сабзавот, захираи кофии маводи хӯрока ва сӯзишворӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра дода шуд.

2025-10-31 12:59:02

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати сарнавиштсози давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягонаи тоҷикон маҳсуб ёфта, ба қатори даҳгонаи беҳтарин конститутсияҳои кишварҳои олам дохил шудааст.
Конститутсия дастоварди бузурги миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ буда, муқаддасоти миллӣ, истифодаи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин менамояд.
Бояд зикр кард, ки дар давлати демократӣ риояи Конститутсия ва қонунҳо бояд як мароми муқаррарӣ дошта бошад. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои хеш чунин қайд намудаанд: “Ҳар як фарди ҷомеа бояд зарурияти риояи бечунучарои қонунро амиқ дарк намояд. Итоат ба қонун бояд ба одати ҳар як шаҳрванд табдил ёбад”. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар як шаҳрванд қонунҳоро хуб донад ва риоя намояд.
Лозим ба ёдоварист, ки ин ҳуҷҷати сарнавиштсози кишвар бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Конститутсия, ки тамоми қонунҳо аз он сарчашма мегиранд, барои пешрафт ва рушди давлат заминаи асосӣ мегузорад.
Воқеан, халқи тамаддунсозу фарҳангии мо тавонист санаде қабул намояд, ки таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушду бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин намояд.
Бояд зикр кард, ки гузашти солҳо дурустии роҳи интихобкардаи моро, ки бо майлу иродаи мардуми кишвар дар Конститутсия дарҷ гардидааст, нишон медиҳад. Ҷомеае, ки заминаҳои ҳуқуқиро доро нест, ба монеаҳо гирифтор мешавад. Ин қонун санади ягонаи муайянкунадаи ҳадаф, вазифа, шакл ва моҳияти ҳар як давлат аст, ки тамоми унсурҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад.
Дар шароити имрӯза нақш ва аҳаммияти ҳама гуна Конститутсия дар рушди ҷомеа ниҳоят назаррас мебошад, зеро он муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятро ба танзим дароварда, заминаи асосии ташаккули давлатдории миллиро таъмин менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки бо қабули Конститутсия халқи тоҷик дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душворию мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонад сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, бунёди давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созад.
Ин аст, ки қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар охири асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидагӣ ба марҳилаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад.
Ҷиёнгул ҚУРБОНОВА, ассистенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С. Айнӣ

2025-10-30 13:28:56

НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санади ҳуқуқии олии давлат, балки нишонаи соҳибистиқлолӣ, ваҳдат ва худшиносии миллии халқ ба шумор меравад. Он пояи ҳуқуқии тамоми сохтори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро муайян карда, ҳамчун сарчашмаи асосии давлатдории миллӣ хизмат мекунад.

6 ноябри соли 1994 қабули Конститутсия пас аз марҳалаи душвори таърихӣ сурат гирифт. Он замон кишвар аз ноустувории сиёсӣ ва низоъҳои шаҳрвандӣ ранҷ мебурд, вале халқи Тоҷикистон бо иродаи озод ва умед ба ояндаи беҳтар ба роҳи давлатдории ҳуқуқбунёд қадам гузошт. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, поягузори низоми демократӣ, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон гардид.

Давлатдории миллӣ дар заминаи Конститутсия шакли мукаммал пайдо кард. Маҳз бо қабули он мафҳуми истиқлолияти сиёсӣ, ягонагии ҳудудӣ, забони давлатӣ, рамзҳои миллӣ ва сохтори идоракунии давлат ба таври ҳуқуқӣ муқаррар шуданд. Аз ҳамин лаҳза давлат ҳамчун соҳибихтиёр, қонунӣ ва мустақил дар арсаи байналмилалӣ эътироф ёфт.

Конститутсия давлатдории миллиро на танҳо аз нигоҳи ҳуқуқӣ, балки аз ҷиҳати идеологӣ низ таҳким мебахшад. Дар он арзишҳои умумибашарӣ бо суннатҳои миллӣ ва фарҳанги тоҷикон пайванд ёфтаанд. Меъёрҳои он дар асоси эҳтиром ба ҳуқуқи инсон, озодӣ, адолат ва баробарӣ устувор шудаанд, ки ин ҳама рукнҳои муҳимтарини давлатдории муосир мебошанд.

Яке аз паҳлуҳои муҳими нақши Конститутсия дар таҳкими давлатдории миллӣ ин аст, ки он низоми ҳокимиятро муқаррар кардааст. Маҳз дар асоси Конститутсия се шохаи ҳокимият -қонунгузор, иҷроия ва суд ташаккул ёфта, бо ҳам ҳамоҳангона амал мекунанд. Ин принсип имконият медиҳад, ки давлат ба сохтори демократӣ ва масъулиятнок табдил ёбад.

Бо мурури замон ва тағйир ёфтани шароити сиёсиву иҷтимоӣ, ба Конститутсия солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйироту иловаҳо ворид гардиданд. Ин ислоҳот ба таҳкими минбаъдаи давлатдории миллӣ мусоидат намуданд. Аз ҷумла, таъсиси Парлумони дупалатагӣ ва тақвияти пояҳои ҳокимияти судӣ ҳамчун кафолати Конститутсия ва Ваҳдати миллӣ ба устувории давлатдорӣ мусоидат карданд.

Конститутсия заминаи ҳуқуқӣ барои татбиқи сиёсати дохиливу хориҷии кишвар низ мебошад. Дар асоси он Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёна, ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва ташкилотҳои байналмилалиро пеш мебарад. Сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон ва дастовардҳои он дар соҳаҳои иқтисод, фарҳанг, илму маориф ва амният маҳз дар доираи Конститутсия ба амал меоянд.

Дар сатҳи иҷтимоӣ низ Конститутсия ба таҳкими давлатдории миллӣ нақши муҳим бозидааст. Он ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро кафолат медиҳад, баробарии шаҳрвандонро дар назди қонун таъмин мекунад ва барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ замина мегузорад. Ҳуқуқ ба таҳсил, меҳнат, моликият, иштирок дар идораи давлат аз ҷумлаи унсурҳое мебошанд, ки дар баробари эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ пояи давлатдории миллиро низ мустаҳкам месозанд.

Беэътиноӣ ба Конститутсия маънои беэҳтиромӣ ба давлат ва миллатро дорад. Аз ин рӯ, тарбияи фарҳанги ҳуқуқӣ дар ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон, яке аз вазифаҳои муҳимтарин мебошад. Зеро маҳз насли огоҳ ва қонуншинос метавонад арзишҳои миллиро ҳифз кунад..

Имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати мукаммал на танҳо роҳи ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии давлатро муайян мекунад, балки ғояи ваҳдату устуворӣ ва худшиносии миллиро инъикос менамояд. Бо шарофати ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз Тоҷикистон тавонист пояҳои истиқлолияти сиёсӣ ва ваҳдати миллии худро таҳким бахшида, дар байни кишварҳои минтақа мавқеи устувор пайдо кунад.

Хулоса, Конститутсия рамзи ягонагӣ, нишони давлатдорӣ ва кафили субот аст. Он на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки ойинаи давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Он ойинаест, ки дар он озодӣ, истиқлолият ва ваҳдати халқи тоҷик инъикос ёфтааст.

Ҷамила ДАВЛАТЗОДА,

директори Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳринав

2025-10-30 13:09:14

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – САРЧАШМАИ ҚОНУНГУЗОРИИ КИШВАР

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати асосӣ ва сарнавиштсозест, ки бунёди сохтори давлатӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии кишварро муайян менамояд. Он ҳамчун қонуни олӣ ва сарчашмаи тамоми қонунгузории ҷумҳурӣ амал мекунад ва тамоми муносибатҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро дар доираи принсипҳои ҳуқуқӣ ба танзим медарорад.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 рӯйдоди таърихие буд, ки бо иродаи умумии мардум сурат гирифт. Дар он давра дар кишвар мушкилоти сиёсӣ ва иҷтимоии шадид мегузашт, вале мардуми Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ роҳи давлатдории ҳуқуқбунёдро интихоб карданд. Аз ҳамин рӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман эътироф гардид.

Конститутсия ҳамчун сарчашмаи қонунгузорӣ дорои аҳамияти олӣ мебошад, зеро ҳамаи қонунҳо, қарорҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба меъёрҳои он мутобиқат кунанд. Ҳеҷ як санад ҳуқуқи боло аз Конститутсияро надорад. Маҳз ин меъёр кафолати волоияти қонун ва адолати иҷтимоиро таъмин менамояд.

Дар Конститутсия асосҳои сохтори сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвар муқаррар гардидаанд. Аз ҷумла, он шакли идораи ҷумҳуриявӣ, принсипҳои ҷудоии ҳокимият ба се шоха — қонунгузор, иҷроия ва судиро муқаррар мекунад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия мавқеи меҳварӣ доранд. Он барои ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ ба зиндагӣ, озодӣ, баробарӣ дар назди қонун, озодии виҷдон, сухан, андеша, меҳнат ва таҳсилро кафолат медиҳад. Ин муқаррарот на танҳо арзиши ҳуқуқӣ, балки маънои инсонпарварона ва демократиро доранд, ки ба меъёрҳои умумибашарӣ мутобиқат менамоянд.

Дар баробари ин, Конститутсия вазифаҳои асосии шаҳрвандонро низ муайян кардааст, азҷ умла риояи қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқи дигарон, ҳифзи манфиатҳои ҷамъияту давлат ва иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандӣ.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии фаъолияти тамоми сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро фароҳам овардааст. Маҷлиси Олӣ ҳамчун мақоми олии қонунгузор, Ҳукумат ҳамчун шохаи иҷроия ва судҳо ҳамчун шохаи ҳокимияти судӣ тибқи он амал мекунанд.

Бо гузашти замон ва тағйирёбии воқеияти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар, ба Конститутсия якчанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд (солҳои 1999, 2003, 2016), ки ҳадафашон мутобиқ гардондани он ба талаботи рушди ҷомеа ва давлат буд. Масалан, ворид кардани институти парлумони дупалатаӣ ва муқаррар намудани ҳадафҳои стратегии рушди кишвар аз ҷумлаи чунин ислоҳот мебошанд.

Имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки рамзи ваҳдат, истиқлол ва пойдории давлатдории миллӣ мебошад. Он шаҳрвандонро ба эҳтиром ба қонун, адолат, сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекунад. Дар ҳақиқат, Конститутсия ҳамчун сарчашмаи қонунгузорӣ ва ҳуҷҷати асосии сиёсиву ҳуқуқӣ ба тамоми низоми ҳуқуқии кишвар тартибот мебахшад. Ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз иқтисоду маориф то фарҳанг ва сиёсат дар асоси меъёрҳои он танзим мешаванд.

Пойдории Конститутсия ва риояи меъёрҳои он масъулияти ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад. Зеро эҳтиром ба Конститутсия маънои эҳтиром ба давлат, миллат ва арзишҳои инсониро дорад.


Зинатшо ИМАТШОЕВ,

директори Литсейи касбии техникии

нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе

2025-10-30 12:43:08

ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ ДОНИШГОҲИ ЛИФТИ КОРЕЯ БА МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Донишгоҳи Лифти Кореяи Ҷанубӣ Ҳюнсук Ли ва муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Баҳрулло Раҳмон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Ҳайати мазкур нахуст дар Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе бо дастовардҳои муассиса ва фаъолияти он шинос шуда, бо роҳбарияти литсей мулоқот анҷом доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе яке аз муассисаҳои пешбари соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба ҳисоб меравад, ки дар тайёр кардани мутахассисони сатҳи коргарӣ барои соҳаи сохтмон саҳми арзанда дорад. Ин муассиса бо мақсади қонеъ гардондани эҳтиёҷоти бозори меҳнат бо кадрҳои соҳибкасб таъсис ёфтааст.

«Дар литсей ҷавонон пас аз хатми синфи 9 ва 11 ба таҳсил ҷалб мегарданд ва вобаста ба ихтисос дар муддати 1 то 2 сол таҳсил мекунанд. Самтҳои асосии таълим дар литсей сохтмони биноҳо ва иншоот, пардозгарӣ, кафшергарӣ, челонгарӣ, кафшергари газию барқӣ, инчунин корҳои таъмирӣ мебошанд», - гуфт директори литсей Аҳмадшо Саидзода дар мулоқот.

Дар идома ҳайати Донишгоҳи Лифти Кореяи Ҷанубӣ бо фаъолияти Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе шинос шуда, имкониятҳои ҳамкорӣ ва роҳҳои ҷалби донишҷӯёни тоҷик ба ин муассисаи таълимии хориҷи кишварро баррасӣ намуданд.

Ҳамза Сафарзода, директори муассисаи мазкур, зикр кард, ки Коллеҷ яке аз муассисаҳои пешсафи таҳсилоти миёнаи касбӣ маҳсуб ёфта, мутахассисони соҳибихтисосро дар самтҳои технологияҳои иттилоотӣ, барномасозӣ, шабакаҳои компютерӣ ва фанҳои муҳандисиву техникӣ омода мекунад.

Гуфта шуд, ки муассиса дар заминаи эҳтиёҷоти бозори меҳнат ва талаботи замони муосир фаъолият дошта, мақсади асосии он омода намудани кадрҳои ҷавон бо донишу малакаҳои амалӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия мебошад.

Сипас, ҳайати мазкур ба Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо имкониятҳои моддию техникии ин муассисаи таълимӣ аз наздик шинос шуда, бо ҳайати роҳбарияти муассиса мулоқоти судманд анҷом доданд.

Директори коллеҷ Наҷибулло Рабизода иттилоъ дод, ки фаъолияти муассисаи таълимии мазкур ба самти тайёр кардани мутахассисони соҳибихтисос дар самтҳои муҳандисӣ, омӯзгорӣ ва техникиву технологӣ равона шуда, дорои пойгоҳи моддию техникӣ ва инфрасохтори муосир, аз ҷумла лабораторияҳои фаннӣ, устохонаҳои таълимӣ, синфхонаҳои компютерӣ, озмоишгоҳҳои амалӣ ва китобхонаи муосир буда, дарсҳоро устодони соҳибмаълумот, муҳандисони касбӣ ва омӯзгорони таҷрибадор мегузаронанд.

Баъд аз боздид ва гуфтугӯ бо роҳбарони муассисаҳои таълимии мазкур Президенти Донишгоҳи Лифти Кореяи Ҷанубӣ Ҳюнсук Ли зикрк ард, ки дар доираи Ёддошти тафоҳуме, ки дирӯз бо Раиси Кумита имзо намуданд, ҷониби онҳо дар заминаи ҳарсе муассисаи таълимӣ синфхонаҳои махсуси фанниро ҷиҳати омӯзиши забони кореягӣ таъсис дода, курсҳои омӯзишии ройгонро бо ҷалби омӯзгорони варзидаи дохилию хориҷӣ ба роҳ мемонанд.

«Мо дар доираи имкониятҳои худ кӯшиш мекунем, ки теъдоди бештари донишҷӯёни тоҷикро аз ҳисоби муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар муассисаи худамон ҷалб намоем. Дар муассиса барои писарон ихтисосҳои муҳандис, таъмиргар ва устоҳои насби лифт ва барои духтарон ихтисоси косметолог амал мекунанд. Дар оянда мо грантҳоро ба роҳ мемонем, ки тамоми хароҷоти таҳсилу иқомати донишҷӯёнро дар Кореяи Ҷанубӣ пардохт мекунад», - гуфт ҷаноби Ҳюнсук Ли.

Қайд гардид, ки дарсҳои нахустин дар заминаи курсҳои омӯзишӣ шуруъ аз 10 ноябр ба роҳ монда шуда, хоҳишмандон метавонанд дар онҳо иштирок намоянд ва баъди хатм бо сертификат таъмин шуда, имкони идомаи таҳсилу фаъолият дар Кореяи Ҷанубиро ба даст оранд.

2025-10-30 09:28:50

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲИЗБӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ КӮЛОБ

29 октябри соли равон бо иштироки муовини раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз, мудири шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ, раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии Омӯзгор, директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб Одиназода Латофат Амиршо ва аъзои ташкилот аз ҳисоби омӯзгорону ҳайати маъмурияти муассиса ҷаласаи ҳизбӣ гузаронида шуд.

Саймуминзода Фирӯз дар оғози ҷаласа баромад карда, доир ба ҳадафҳои бузурги Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳори андеша намуда, ҳамагиро барои саҳм гузоштан дар амалисозии онҳо даъват намуд. Инчунин, мавсуф вобаста ба мавзуҳои мубрами рӯз-мубориза бо терроризму экстремизм, даст назадан ба бегонапарастӣ ва фарҳанги бегона, ҳамчун ашхоси намуна ба бар кардани либосҳои миллӣ, тарбияи дурусту комили ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ худшиносӣ ва дигар масоил андешаронӣ намуд. Аз ҳамаи аъзоён даъват ба амал овард, ки барои татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат ва Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша омода ба хизмат бошанд.

Сипас, саҳми роҳбари Ташкилоти ибтидоии ҳизбии Омӯзгор ва аъзои онро дар татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пиёдасозии ҳадафҳои муҳимми ҳизбӣ калон дониста, аз фаъолияти ташкилот изҳори қаноатмандӣ кард.

Дар охири ҷаласа якчанд аъзои Ташкилоти ибтидоии ҳизбии Омӯзгор аз ҳисоби кормандони муассиса барои хизматҳои содиқонаву софдилонаашон бо сипосномаи КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.

2025-10-29 19:34:00

МУЛОҚОТИ РАИСИ КУМИТА БО САФИРИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУХТОРИ ҶОПОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз дар Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Фурута Кейко баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили марбут ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, тайёр намудани кадрҳои коргарӣ, омӯзиши забони ҷопонӣ, мубодилаи таҷриба ва дастгирии техникию методиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар оғози мулоқот академик Фарҳод Раҳимӣ меҳмони олиқадрро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистону Ҷопон дар солҳои охир тавсеа ёфта, Ҷопон яке аз шарикони боэътимоди кишвар дар самтҳои гуногун ба шумор меравад.

Академик Фарҳод Раҳимӣ дар мавриди фаъолияти Кумита ва муассисаҳои зерсохтори он маълумот дода, зикр кард, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд солҳои охир инфрасохтори муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар мамлакат ба таври назаррас рушд ёфтааст. Дар ин раванд таҷрибаи пешқадами кишварҳое мисли Ҷопон барои Тоҷикистон намунаи хуби омӯзиш мебошад.

Раиси Кумита изҳор дошт, ки татбиқи таҷрибаи ҷопонӣ дар самти омӯзиши амалии ихтисосҳои техникиву муҳандисӣ метавонад ба беҳтар шудани сифати таълим ва мутобиқ кардани барномаҳо ба талаботи бозори меҳнат мусоидат намоянд.

Дар навбати худ хонум Фурута Кейко ба роҳбарияти Кумита барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки Ҷопон ҳамеша ба рушди нерӯи инсонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад, зеро таълими босифати касбӣ дар замони технологияҳои рақамӣ нақши калидӣ дорад.

Сафир, ҳамчунин, афзуд, ки барномаҳои ҳамкории байни Ҷопон ва Тоҷикистон, аз ҷумла дар доираи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) имконият медиҳанд мутахассисони ҷавон дар курсҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ иштирок намуда, донишу малакаҳои худро дар самтҳои муҳандисӣ, энергетика, менеҷмент ва технологияҳои иттилоотӣ такмил диҳанд.

Ҷонибҳо дар ҷараёни суҳбат масъалаи омӯзиши забони ҷопонӣ дар муассисаҳои зерсохтори Кумита ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти касбии Ҷопонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Онҳо аз ҷонибдорӣ ва ҳамкориҳои устувори кишварҳо дар рушди соҳаи таҳсилоти касбӣ қаноатмандӣ намуда, изҳори итминон карда шуд, ки робитаҳои байни Кумита ва Сафорати Ҷопон минбаъд низ густариш меёбанд.

Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ баргузор гардид.

2025-10-29 19:33:19

БАЙНИ КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ВА КОЛЛЕҶИ ОЛИИ ПЕДАГОГӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ САНОАТИИ «КАСПИЙ» - И ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БА ИМЗО РАСИД

28 октябри соли 2025 миёни Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ва Коллеҷи олии педагогӣ ва технологияҳои саноатии «Каспий» -и Ҷумҳурии Қазоқистон созишномаи ҳамкорӣ ба таври маҷозӣ ба имзо расид.

Созишнома аз ҷониби директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе Рабизода Наҷибулло ва директори Коллеҷи олии педагогӣ ва технологияҳои саноатии Каспий Калдаманов Исенбай Абиевич дар асоси оинномаҳои ҳар ду муассиса дар мувофиқа бо Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.

Ҳадафи асосии созишномаи мазкур ба роҳ мондани фаъолияти муштараки таълимӣ ва илмию техникӣ мебошад, ки ба баланд бардоштани самаранокии омодасозии мутахассисон, рушди таҳқиқоти илмӣ ва такмили раванди таълим дар муассисаҳои таълимии мазкур нигаронида шудааст.

Тибқи бандҳои созишнома, ҷонибҳо дар самтҳои мубодилаи барномаҳои таълимии мутахассисон аз рӯи соҳаҳо ва ихтисосҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, мубодилаи маводи таълимию методӣ барои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва барномаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, мубодилаи донишҷӯён аз рӯйи барномаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳама намудҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯён, мубодилаи мутахассисон дар доираи барномаҳои таълимӣ ва таҳқиқотӣ, инчунин табодули таҷриба ва усулҳои фаъолияти таълимӣ ва таҳқиқотӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, иштирок дар лоиҳаҳои якҷояи илмию техникӣ, мубодилаи ахбороти илмию техникӣ, ташкили семинару конференсияҳои илмию техникӣ ва таълимиву методӣ оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, мубодилаи иттилоот, омода ва нашри якҷояи монографияҳо, мақолаҳо ва маҷмӯаҳои илмӣ, инчунин нашрияҳои таълимию методӣ, баррасии муштараки лоиҳаҳои илмӣ ва барномаҳои таълимӣ, ташкил ва татбиқи чорабиниҳои муштарак оид ба баланд бардоштани рақобатпазирии хатмкунандагон дар бозори меҳнат, таъсиси факултаи муштарак ва татбиқи барномаҳои ду дипломагӣ аз рӯйи самтҳои (ихтисосҳои) таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Маврид ба зикр аст, ки Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе феълан ҳамкориҳои судмандро бо зиёда аз 15 муассисаи таълимии хориҷи кишвар дар самтҳои илмиву таълимӣ ва фарҳангӣ ба роҳ мондааст ва тасмим дорад, ки дар оянда доираи ин ҳамкориҳоро бо муассисаҳои бонуфузи байналмилалӣ боз ҳам тавсеа бахшад.

2025-10-29 12:49:07

МУЛОҚОТИ ФАРҲОД РАҲИМӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ДОНИШГОҲИ ЛИФТИ КОРЕЯ

Имрӯз дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ бо Президенти Донишгоҳи Лифти Корея Ҳюнсук Ли баргузор гардид.
Нахуст академик Фарҳод Раҳимӣ дар мавриди Кумита, фаъолияти он ва муассисаҳои зерсохтор маълумот дода, иброз дошт, ки соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ин зинаи таҳсилот на танҳо пояи асосии омодасозии мутахассисони сатҳи коргарӣ мебошад, балки омили бунёдии рушди иқтисод, саноат, кишоварзӣ ва хидматрасонӣ дар кишвар аст.
“Яке аз дастовардҳои муҳим дар ин самт таҷдиду навсозии муассисаҳои таълимӣ ва бунёди муассисаҳои нав мебошад. Танҳо дар солҳои охир дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат даҳҳо коллеҷу литсейҳои касиби техникӣ таъсис ёфтанд ва ин раванд дар оянда низ идома мекунад”, - гуфт раиси Кумита.
Президенти Донишгоҳи Лифти Корея Ҳюнсук Ли ба раиси Кумита барои пазироии гарму самимӣ миннатдорӣ карда, дар мавриди дурнамои фаъолияти муассисаашон бо Кумита ибрози андеша намуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки шуруъ аз 10 ноябр дар заминаи муассисаҳои таълимии Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе ва Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе омӯзиши ройгони забони кореягӣ ба роҳ монда мешавад. Дарсҳо 6 моҳ давом карда, баъди он довталабон имкон доранд, ки дар Донишгоҳи Лифти Корея давоми 2 сол таҳсил намуда, сипас, дар бозори меҳнати ин кишвар фаъолият намоянд.
Ҳамзамон, дар доираи ин мулоқот Ёддошти тафоҳум байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи лифти Корея ба имзо расид. Аз ҷумлаи ҳадафҳои санади мазкур ҷалби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ, таъсиси Маркази омӯзиши забони кореягӣ дар назди Кумита ва таъсиси Маркази тайёркунии муҳандисони лифт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Тибқи санади мазкур дар моҳи декабри соли равон сафари омӯзишии гуруҳи аввали донишҷӯён дар ҳайати 8 нафар ба ин кишвар дар назар буда, оянда теъдоди гуруҳҳо ва донишҷӯён зиёд карда мешаванд.