Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > 5 июн дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба Душанбе ташриф овардаанд, мулоқот намуданд.
single-product

5 июн дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба Душанбе ташриф овардаанд, мулоқот намуданд.

2025-06-05 12:16:05

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчуби Иттиҳод ва рӯзномаи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ баррасӣ гардид. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон, аз ҷумла тадбирҳои андешидаи кишвари мо дар самти рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ ва ҳалли масъалаҳои мубрам андешаронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар доираи иштироки худ ва бахусус, раёсати феълӣ дар ИДМ барои рушди минбаъдаи ҳамкории бисёрҷонибаи ҳамаи кишварҳои иштирокдори он корҳои созанда мебарад.

Президенти кишвар таъкид намуданд, ки тадбирҳои дар ин самт андешидаи мо, пеш аз ҳама, бар усулҳои дӯстӣ, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигарӣ, ҳамкории барои ҷонибҳо судманд ва ба назар гирифтани манфиатҳои ҳамаи тарафҳо асос ёфтааст.

Дар ин зимн Сарвари давлат омодагии Тоҷикистонро барои минбаъд низ густариш додани ҳамёрӣ дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ баҳри таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин, таҳкими суботу амният дар саросари Иттиҳод таъкид намуданд.

single