Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2025-08-18 19:50:54

Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо, аз ҷумла кулли табибон ва ҳамшираҳои шафқатро, ба ифтихори Рӯзи кормандони соҳаи тиб, ки ба солгарди Шайхурраис – олим ва мутафаккири бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино рост меояд, самимона табрик мегӯям.

Соҳаи тандурустӣ ба ҳайси яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми зиёда аз се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Бо таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии давлатии соҳаи тандурустӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, бунёди иншооти муосир ва таъмини онҳо бо таҷҳизоту технологияҳои муосири тиббӣ тадбирҳои мушаххас анҷом дода шуда истодаанд.

Ҷавобан ба ин, кормандони соҳаи тандурустии мамлакат дар муассисаҳои тиббии кишвар дар роҳи ҳифзи солимии мардум шабу рӯз заҳмат кашида, бо ҳисси баланди башардӯстӣ садоқати худро ба пешаи интихобнамудаи хеш нишон медиҳанд.

Изҳори боварӣ менамоем, ки кормандони соҳаи тандурустӣ ҳамеша вазифаи пурифтихори худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, дар таъмини ободию рушди кишвар ва бунёди ҷомеаи солим саҳми назарраси худро мегузоранд.

Бори дигар ҳамдиёрони азиз ва тамоми кормандони соҳаи тандурустиро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб табрик гуфта, тансиҳатӣ, комёбиҳои нав ва ба Тоҷикистони азизамон рушди устуворро орзумандам.

Рӯзи кормандони соҳаи тиб муборак!

2025-08-18 19:46:11

ҶИҲАТИ ОМОДАГӢ БА РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ ДАР КУМИТА ҶАЛАСА БАРГУЗОР ГАРДИД

18 августи соли равон дар маҷлисгоҳи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил ҷаласа баргузор гардид.

Дар он Раиси Кумита, Фарҳод Раҳимӣ муовинони Раис, сардорони раёсату шуъбаҳо, кормандони дастгоҳи марказӣ, директоронии коллеҷу литсейҳо ва дигар намояндагони муассисаҳои тобеи Кумита ба таври ҳузурию маҷозӣ иштирок намуданд.

Нахуст Раиси Кумита ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, иброз дошт, ки соҳаи таҳсилоти касбӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, сол то сол маблағгузорӣ ба соҳаи мазкур афзоиш меёбад, ки он барои рушди соҳа шароити мусоид фароҳам меорад.

Дар ҷаласа ҳамзамон, баррасии масъалаи аз таъмири ҷорӣ баровардани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҷалб ва дастгирии омӯзгорони ҷавон, омодагӣ ба соли нави хониш, Рӯзи дониш, Дарси сулҳ, истиқболи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба ҷои кор, бартараф намудани норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, ҷалби беҳтари хонандагон ба литсейҳои касбӣ, ташкили махзани маълумотҳои оморӣ, азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён, таъмини хонандагону донишҷӯён бо маводҳо ва китобҳои дарсӣ, ҷалби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, тарбияи ватандӯстии хонандагону донишҷуён, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, зиёд намудани иштирокчиёни озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ инчунин, масъалаҳои болозикр ва бартараф намудани норасоиҳо чораҳои таъхирнопазирро андешанд.

Таъкид гардид, ки новобаста ба дастуру роҳнамоиҳои Кумита ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳои таъмирию ободонӣ ба ифтихори Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ то ҳол дар баъзе муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ корҳо дар ин самт дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Дар ин замина ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ дастур дода шуд, ки то санаи 25 август муассисаҳоро пурра ба соли нави таҳсил омода намуда, аз натиҷааст ба таври хаттӣ ба Кумита ҳисобот пешниҳод намоянд.

Дар охир, Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегия, барнома, консепсия, протоколи ҷаласаҳои назоратии назди Раиси Кумита дастуру супоришҳои мушаххас дод.

2025-08-18 19:44:13

ҶАШН МУБОРАК БОШАД ВОРИСОНИ СОДИҚИ СИНО!

Аз 18 августи соли 1995 инҷониб бо шарофати зодрӯзи фарзанди номвари тоҷик, донишманд, файласуф ва табиби машҳури олам Абӯалӣ ибни Сино дар Тоҷикистон дар ин сана Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб таҷлил мегардад. Табибӣ яке аз касбҳои пурифтихортарин, волотарин ва бошарафтарин шуморида мешавад.

Тавре файласуф Гиппократ гуфтааст: «Табибе, ки ба сари болини бемор барои дармонбахшӣ меояд, мисли диловарест, ки ба майдони корзор ворид мешавад».

Тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар даҳсолаи охир бомаром рушд кардааст ва имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Муҳтарам кормандону донишҷӯёни соҳаи тиб!

Бо камоли эҳтирому самимият, роҳбарият ва кормандони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи кормандони соҳаи тиб табрику муборакбод менамоянд!

Талошҳои шабонарӯзӣ ва садоқати баланди Шумо дар роҳи ҳифзи саломатии мардум, наҷоти ҷони инсонҳо ва баланд бардоштани сатҳи тандурустӣ дар ҷомеа шоистаи қадршиносӣ мебошад.

Таманно дорем, ки дар фаъолияти пуршарафи худ ҳамеша муваффақ бошед. Саломатӣ ва саодати рӯзгор насибатон бод!

Бори дигар Рӯзи кормандони соҳаи тиб муборак бошад ворисони содиқи Сино!

2025-08-18 19:31:42

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 18.08.2025

18 август суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.

Зимни суҳбат сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Пешвои миллат бо таъкид бар аҳамияти хоссаи сиёсии натиҷаҳои музокироти Президентҳои Федератсияи Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Аляска барои коҳиши сатҳи ташаннуҷ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ дар арсаи байналмилалӣ, аз раванди мусолиматомези ҳалли буҳрони Украина ҷонибдорӣ карданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҳамзамон оид ба масъалаҳои ҷории ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия, ки мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб қарор доранд, табодули назар сурат гирифт.

Ҷонибҳо дар робита ба идомаи муколама ва тамосҳо дар сатҳи олӣ ба мувофиқа расиданд.

2025-08-18 17:22:21

ЗАКОВАТИ ВОЛО ВА ХИРАДИ КОРМАНДОНИ ТИБ БАҲРИ САЛОМАТИИ ҶОМЕА

Таърихи ҷашнгириии рӯзи байналмилалии табибон аз солҳои 1950-ум қайд карда мешуд. Кашфиётҳои зиёд дар тиб, кашфиётҳои он ба сатҳи нав ба ин рӯз дар тақвим мақоми сазовори худро ёфт. Кормандони тиб дар ҳаёти инсоният нақши нақши муҳим доранд, аз таваллудхона сар карда, то охири умр саломатии ҳар як инсонро новобаста аз миллат нажод нигоҳ медоранд. Онҳо дар ҳаракати байналмилалии сулҳ низ фаъолона иштирок мекунанд.

Дар даврони истиқлоли давлатӣ халқи тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз заковати воло ва хиради азалӣ ба дастовардҳои арзишманд сазовор гардидааст.

Истиқлоли давлатӣ ва суботи сиёсӣ имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои миллию давлатӣ ва умумибашарӣ дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, солимии миллат, ободии Ватан ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаҳои мусоид муҳайё гарданд. Боиси сарфарозист, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барномаҳои зиёди давлатӣ ҷиҳати ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, солимгардонии ҷомеа ва пешгирии бемориҳои гуногун амалӣ мешаванд.

Пешрафт ва муваффақиятҳои соҳаи тандурустӣ зери сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо борҳо бо кормандони соҳаи тибби мамлакат мулоқоту вохӯрӣ доир намуда, масъалаву мушкилоти ин соҳаро баррасӣ карда, доир ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба солимии ҷомеа, тандурустии модару кӯдак, ҳуқуқ ва адолати иҷтимоии шаҳрвандон ва мушкилоти дигари ҷойдошта ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ки дар ин замина ба ислоҳоту навсозии соҳа такони ҷиддӣ бахшида шуд.

Хушбахтона Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил шуда буданд. Мо танҳо давраи пандемияи «Ковид 19»-ро хотиррасон мекнунем ва ҳоҷҷат ба шарҳу тавзеи он дигар нест. Яъне дар чунин вазъияти душвори ҷаҳони муосир, ки тайи чанд соли охир ба мушкилоти рақами якуми сайёра табдил ёфтааст танҳо дар пойтахти кишвар ба ҳолати 20.05.2020 беш аз 30 беморхона бо 5 ҳазору 284 кат ва беш аз 5 ҳазору 390 нафар табиб ва кормандони соҳаи тиббӣ ба беморони «Ковид-19» хизмат мерасонанд. Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти ин душвориҳо хароҷоти буҷавии соҳаи тандурустиро боз ҳам зиёд карда, онро ба стратегияи сиёсати афзалиятноки давлат дохил намуд. Буҷаи соҳаи тандурустӣ дар соли 2008 агар 255, 8 миллион сомониро ташкил медод дар соли 2020 он 1 млрд ва 841 миллион сомонӣ расид.

Намунаҳои сершумори кори табибони ҷаҳон фидокории онҳоро нишон медиҳанд. Дар айни замон, созмонҳое чун Салиби Сурхи Байналмилалӣ ва Ҳилоли Аҳмар дар расонидани кумаки тиббӣ дар минтақаҳои низоъ ва офатҳои табиӣ, пешниҳоди хадамоти тиббӣ ва кумак ба осебдидагон нақши муҳим мебозанд.

Рӯзи кормандони тиб ҷашни муҳими касбӣ барои табибон, ҳамшираҳои шафқат, лаборантҳо ва ҳамаи онҳоест, ки худро ба кори хайри ҳифзи саломатии мардум бахшидаанд. Ин рӯзи миннатдорӣ ва эътирофи махсус аст, зеро кормандони тиб ҳар рӯз сатҳи баланди касбият, фидокорӣ ва шафқат нишон медиҳанд. Рӯзи расмии касбии кормандони тиб соли 1980, вақте ки Президиуми Шӯрои Олии СССР фармони "Дар бораи рӯзҳои ид ва ёдбуд" -ро баровард, пайдо шуд.

Ин ҷашн на танҳо дар Русия, балки дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқ Беларус, Молдова ва Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон низ қайд карда мешавад. Кормандони тиб рисолати душворро бар дӯш доранд кӯмак ба одамон дар ҳама ҳолатҳои зиндагӣ мерасонанд. Онҳо дар лаҳзаҳои душвортарин дар паҳлӯи беморон мемонанд, умед ва боварӣ ба фардо мебахшанд. Кори онҳо на танҳо дониш ва маҳорат, балки қувваи бузурги ботинӣ, сабр ва ҳамдардиро талаб мекунад. Маҳз ба шарофати фидокории онҳо миллионҳо нафар инсонҳо имкон доранд, ки зиндагии пур аз маъно дошта бошанд.

Маҳорати табобат аз замонҳои қадим маълум аст. Тамоми ҳаёти инсон бо табиби хуб зич алоқамада аст. Ҳатто ба ин дунё мо таҳти назорати табиб меоем, ва агар бадбахтӣ рӯй диҳад беморӣ ояд, одами дар халати сафед баъзан асосии дастгирӣ мегардад.

Касби табиб зарур аст, он дар ҳама ҷо талабгораш бисёр мебошад: ҳам дар кор, ҳам дар варзиш, ҳатто ба намуди зоҳирии мо дасти моҳири табибон кор мекунанд. Илми тиб ба муваффақиятҳои бешубҳа ноил шудааст: бемориҳое, ки ҳазорҳо ҳаёт инсонҳоро барбод медоданд дар назди дастовардҳои тиб мағлуб шуданд. Аммо, афсӯс, табиат навовариҳои навро барои инсонҳо пайдо меукуна: вирусҳои нав пайдо мешаванд, намудҳои нави бемориҳо ба вуҷуд меоянд. Ва боз табибон ва олимони тиб ба кӯмак меоянд: бемориро меомӯзанд, ваксинаҳои навро меҷӯянд, усулҳои нави табобатро таҳлил мекунанд.

Бар хилофи идҳои касбии дигар, ин рӯзро на танҳо онҳое, ки ба он бахшида шудааст, ёдовар мешаванд. Ҳатто солимтарин шахс наметавонад бигӯяд, ки ҳеҷ гоҳ ба духтур муроҷиат накардааст. Дар бораи онҳое, ки духтур ягона умедашон аст, чӣ гуфтан мумкин аст? Одамони сафедпӯш ба мо дар ҳалли мушкилоте, ки мо беандеша ба худ ҳадя мекунем, кӯмак мерасонанд. Беморони шифоёфта ҳам низ дар ин рӯз фариштаҳои меҳрубони худро яъне табибонро табрик мегӯянд.

Ин рӯзи корманди тиб махсус аст. Табибон, ҳамшираҳои шафқат, дояҳо ҳоло мисли ҷанг дар хатти пеши мубориза бо вабоҳо ва вирусҳо ҳастанд, ки дар саросари ҷаҳон мардумонро азият медиҳанд. Ҳоло дар соҳа татбиқи бештар аз 15 стратегияву барномаи миллӣ бомаром идома дорад. Қабул ва мавриди амал қарор додани барнома ва ҳуҷҷатҳои дигари соҳавӣ аз таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ин соҳаи муҳим дарак медиҳад.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таҳкими иқтидори миллӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустӣ лоиҳаи «Миллати солим», ки маблағи умумии он беш аз 630 миллион сомонӣ мебошад, амалӣ мешавад. Илова бар ин, дар 5 соли оянда сохтмон ва таъмири беш аз 350 муассисаи тандурустӣ ба маблағи зиёда аз 500 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Агар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошт, пас, дар замони соҳибистиқлолӣ ин шумора ба 5126 расидааст.

Ворид намудани технологияи инноватсионӣ ва таҷҳизоти муосир дар соли 2024 як қадами калидӣ дар самти баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ гардид. Ҳукумати мамлакат тавонист муассисаҳои тандурустиро бо таҷҳизоти тиббии пешрафта муҷаҳҳаз гардонад то ки ин ба ташхис ва табобати дақиқ ва босифат мусоидат намояд. Ба воситаи таҷҳизоти муосир сатҳи ташхиси бемориҳо афзоиш ёфт, ки он имкон медиҳад беморон бо табобати саривақтӣ ва самаранок фаро гирифта шаванд.

Дар марказҳои тиббии кишвар, бахусус дар муассисаҳои махсуси шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар марказҳои вилоятӣ таҷҳизоти нав, ба монанди дастгоҳҳои MRI, КТ ва таҷҳизоти замонавӣ барои ҷарроҳиҳои эндоскопӣ ҷорӣ гардиданд. Ин навовариҳо имкон доданд, ки ҷарроҳиҳо бо дараҷаи камтари осебпазирӣ ва хатари пас аз ҷарроҳӣ анҷом ёбанд, ки ба зудтар шифо ёфтани беморон мусоидат мекунад.

Дар минтақаҳои дурдасти кишвар, ки қаблан дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббии босифат маҳдуд буд, бо бунёди марказҳои саломатӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани онҳо, мо тавонистем сатҳи хизматрасониҳоро ба таври назаррас беҳтар кунем. Масалан, дар ноҳияҳои дурдаст як қатор марказҳои тиббӣ ва шуъбаҳои махсус барои табобати бемориҳои шадид ва музмин фаъол шуданд, ки ин ба аҳолии деҳот имкон медиҳад, то ба хизматрасониҳои тиббии баландсифат бе зарурати сафар ба марказҳои шаҳр дастрасӣ пайдо кунанд.

Дар дохили кишвар курсҳои такмили ихтисосро барои табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ аз тарафи Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли роҳандози карда шуд. Ин курсҳо ба фарогирии соҳаҳои гуногуни тиб, аз ҷумла ҷарроҳии муосир, кардиология, анестезиология, педиатрия ва дигар бахшҳои муҳими тиббӣ равона шуданд. Табибон ва дигар кормандони тиббӣ имконият пайдо карданд, ки бо усулҳои муосири ташхис ва табобат шинос шаванд ва донишҳои назариявӣ ва амалии худро дар шароити воқеӣ такмил диҳанд.

Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ беш аз 300 нафар мутахассиси тиббӣ дар курсҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос дар марказҳои тиббии кишварҳои пешрафта, аз қабили Русия, Олмон, Чин, Туркия ва дигар давлатҳо ширкат варзиданд. Ин мутахассисон дар соҳаҳои кардиохирургия, онкология, ҷарроҳиҳои пластикӣ ва дигар бахшҳои махсуси тиббӣ таҷрибаи арзишманд гирифтанд.

Хулоса бо ҷорӣ кардани усулҳои инноватсионӣ дар табобат, истифодаи таҷҳизоти муосир ва беҳтар кардани сифати хизматрасониҳои тиббӣ Вазорати тандурустӣ тавонист системаи тандурустиро дар сатҳи навтарин мутобиқ гардонад. Ин раванд ба баланд бардоштани эътимоди беморон ва беҳтар шудани натиҷаҳои тиббӣ мусоидат кард.

Нуруллоён Сарвиноз Аҳмадулло,

муовини директор оид ба корҳои таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз

2025-08-11 10:17:05

ЭЪЛОН

ЭЪЛОН

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди малакаҳои забондонӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави касбӣ барои ҷавонон курси вижаи омӯзиши забони олмониро оғоз менамояд.


Шумо имкон доред:

  • Дар курсҳои махсуси омӯзиши забони олмонӣ, ки бо усулҳои муосир ва таҳти роҳбарии омӯзгорони варзида ба роҳ монда мешаванд, иштирок намоед.
  • Пас аз хатми бомуваффақияти курсҳо дар имтиҳон, ки аз ҷониби Агентии шуғли Швандорф гузаронида мешавад, ширкат варзед.
  • Дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳон, соҳиби сертификати байналмилалии забони олмонӣ гардида, имкони ҷалб шудан ба таҳсил ва фаъолиятҳои касбӣ дар Ҷумҳурии Федеративии Олмонро ба даст оред.

 

Талабот ба довталабон:

  • Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (баъди хатми синфи 11);
  • Хонандагони литсейҳо ва донишҷӯёни коллеҷҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Майлу рағбати самимӣ ба омӯзиши забони олмонӣ;
  • Супоридани аризаи хаттӣ барои иштирок дар курсҳо;
  • Таҳсил тибқи шартнома ба роҳ монда мешавад.

 

Чаро забони олмонӣ?


Забони олмонӣ яке аз забонҳои муҳими байналмилалӣ буда, дарҳои зиёдеро ба сӯи имкониятҳои таҳсил, шуғл ва фарҳанг боз мекунад. Омӯзиши ин забон ба Шумо имкон медиҳад, ки бо ҷаҳони пешрафтаи илму техника, фарҳанг ва иқтисоди Олмон аз наздик ошно шавед.


Барои иштирок дар курс лутфан аризаи худро ба шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Варзишгарон 6, ҳуҷраи 5) то санаи 25.08.2025 пешниҳод намоед. Барои маълумоти бештар бо рақами телефон ё суроғаи электронии зерин дар тамос шавед: Тел.: (+99237) 250-37-10 E-mail: education.committee.Taj@gmail.com

- - - - - - - - - - - - - - - -


ОБЪЯВЛЕНИЕ

Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан объявляет о запуске специального курса изучения немецкого языка с целью развития языковых компетенций и создания новых профессиональных возможностей для молодежи.

 

Вам предоставляется возможность:

  • Участвовать в специализированных курсах изучения немецкого языка, организованных по современным методикам под руководством квалифицированных преподавателей.
  • По успешному завершению курсов сдать экзамен, проводимый Агентством занятости Швандорф.
  • В случае успешной сдачи экзамена получить международный сертификат по немецкому языку и открыть перспективы для обучения и профессиональной деятельности в Федеративной Республике Германия.

 

Требования к кандидатам:

  • Выпускники общеобразовательных учреждений (после окончания 11 класса);
  • Ученики лицеев и студенты колледжей Республики Таджикистан;
  • Искреннее желание изучать немецкий язык;
  • Подача письменного заявления на участие в курсах;
  • Обучение осуществляется на договорной основе.

 

Почему немецкий язык?


Немецкий язык является одним из ключевых международных языков, открывающим множество возможностей для образования, трудоустройства и культурного обмена. Изучение немецкого языка позволит вам ближе познакомиться с передовым миром науки, технологий, культуры и экономики Германии.


Для участия в курсах просим подать заявку в отдел международных отношений и связей с общественностью Комитета по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан (г. Душанбе, ул. Варзишгарон, 6, кабинет 5) до 25 августа 2025 года. Для получения дополнительной информации обращайтесь: Тел.: (+99237) 250-37-10; E-mail: education.committee.Taj@gmail.com

- - - - - - - - - - - - - - - -


ANNOUNCEMENT

The Committee on Primary and Secondary Vocational Education under the Government of the Republic of Tajikistan announces the launch of a special German language course aimed at developing linguistic competencies and creating new professional opportunities for youth. 

 

You are offered the following opportunities: 

  • To participate in specialized German language courses, organized using modern teaching methodologies under the guidance of qualified instructors. 
  • Upon successful completion of the course, to take an examination administered by the Schwandorf Employment Agency.
  • Upon passing the exam, to receive an international German language certificate, opening prospects for education and professional opportunities in the Federal Republic of Germany. 

 

Requirements for applicants:

  • Graduates of secondary schools (after completing 11th grade); 
  • Students of lyceums and colleges of the Republic of Tajikistan; 
  • A genuine desire to learn the German language; 
  • Submission of a written application for participation in the courses; 
  • Training is conducted on a contractual basis.

 

Why German?


German is one of the key international languages, offering numerous opportunities in education, employment, and cultural exchange. Learning German will allow you to engage more deeply with Germany’s advanced world of science, technology, culture, and economy. 


To apply for the courses, please submit your application to the Department of International Relations and Public Affairs of the Committee on Primary and Secondary Vocational Education under the Government of the Republic of Tajikistan (Dushanbe, Varzishgaron St., 6, Office 5) by August 25, 2025. For additional information, please contact: Tel.: (+99237) 250-37-10; Email: education.committee.Taj@gmail.com

- - - - - - - - - - - - - - - -

 

BEKANNTMACHUNG

Der Ausschuss für berufliche Grund- und Mittelbildung der Regierung der Republik Tadschikistan gibt den Start eines speziellen Deutschlehrganges bekannt, der darauf abzielt, die Sprachkompetenzen zu verbessern und neue berufliche Möglichkeiten für junge Menschen zu schaffen.

 

Sie haben die Möglichkeit:

  • an speziellen Deutschkursen teilzunehmen, die nach modernen Methoden unter der Leitung qualifizierter Lehrkräfte organisiert werden.
  • nach erfolgreichem Abschluss der Kurse eine Prüfung abzulegen, die von der Arbeitsagentur Schwandorf durchgeführt wird.
  • Bei erfolgreichem Bestehen der Prüfung erhalten Sie ein internationales Deutschzertifikat und eröffnen sich damit Perspektiven für eine Ausbildung oder berufliche Tätigkeit in der Bundesrepublik Deutschland.

 

Voraussetzungen für Bewerber:

  • Absolventen einer allgemeinbildenden Schule (nach Abschluss der 11. Klasse);
  • Schüler von Gymnasien und Studenten von Hochschulen der Republik Tadschikistan;
  • Ehrliches Interesse am Erlernen der deutschen Sprache;
  • Einreichung einer schriftlichen Bewerbung für die Teilnahme an den Kursen;
  • Die Ausbildung erfolgt auf Vertragsbasis.

 

Warum Deutsch?


Deutsch ist eine der wichtigsten internationalen Sprachen und eröffnet zahlreiche Möglichkeiten für Bildung, Beschäftigung und kulturellen Austausch. Durch das Erlernen der deutschen Sprache können Sie die fortschrittliche Welt der Wissenschaft, Technologie, Kultur und Wirtschaft Deutschlands näher kennenlernen.

Um an den Kursen teilzunehmen, reichen Sie bitte bis zum 25. August 2025 eine Bewerbung bei der Abteilung für internationale Beziehungen und Öffentlichkeitsarbeit des Ausschusses für berufliche Grund- und Mittelbildung der Regierung der Republik Tadschikistan (Duschanbe, Varzishgaron Str. 6, Büro 5) ein. Weitere Informationen erhalten Sie unter: Tel.: (+99237) 250-37-10; E-mail: education.committee.Taj@gmail.com

2025-08-06 09:02:14

АБУАЛӢ ИБНИ СИНО - ҲАКИМИ БУЗУРГИ ТОҶИКУ ФОРС

Солҳои охир таваҷҷуҳ ба мероси бузургони илму фарҳанги миллати тоҷик рӯ ба афзоиш аст. Яке аз чунин нобиғаҳои ҷаҳонӣ, ки бо асарҳо ва андешаву кашфиёти худ номи миллати моро дар ҷаҳон муаррифӣ намудааст. Имсол аз зодрӯзи ӯ 1045 сол пур мешавад.

Абӯалӣ ибни Сино соли 980 дар деҳаи Афшанаи Бухоро ба дунё омад. Аз овони кӯдакӣ истеъдоди фавқулода зоҳир намуда, дар синни 10 Қуръонро азёд кард. Ӯ дар синни 16 -солагӣ ба илми тиб рӯ оварда, дар муддати кӯтоҳ табиби маъруф гардид.

Дар синни ҷавонӣ ба ҳукумати Сомониён кӯмак кард ва ба китобхонаҳои Бухоро дастрасӣ пайдо намуд. Маҳз ҳамин фазои фарҳангӣ имконият фароҳам овард, то ӯ бештар аз 450 асар дар фанҳои гуногун таълиф намояд.

Осори машҳури ӯ - "Ал - қонун фи тиб" (الْقَانُون فِي الطِّبّ) асари беш аз 1,000 солаест, ки дар он тамоми донишҳои тиббии замони ӯ ҷамъбаст шудааст. Ин китоб то асри XVII дар донишгоҳҳои Аврупо ҳамчун дастури асосии тиб истифода мешуд. Китоб аз панҷ ҷилд иборат буда, мавзӯъҳои физиология, анатомия, дорушиносӣ ва ташхисро фаро мегирад.

Дар баробари ин, Ибни Сино фалсафаро бо мантиқ ва илми илоҳӣ муттаҳид намуда, андешаҳояшро дар асарҳое чун «Китоби наҷот» ва «Ишорот ва танбеҳот» баён кардааст. Ӯ муътақид буд, ки танҳо бо ақл ва таҷриба инсон метавонад ба камол расад.

Ғайр аз илм, Ибни Сино дар шеър низ маҳорати баланд дошт. Рубоиёт ва қасидаҳои ӯ бо мазмунҳои фалсафӣ, ирфонӣ ва ахлоқӣ пурбор буда, то имрӯз ҳамчун намунаи олии адабиёти ориёӣ арзишманданд. Шеърҳои ӯ дар ду забон — форсӣ ва арабӣ — навишта шудаанд.

Мероси илмии Ибни Сино барои мардуми тоҷик ва тамоми инсоният ганҷинаест бебаҳо. Дар Тоҷикистон осорхонаи Ибни Сино дар Панҷакент, ҳайкали ӯ дар Душанбе, кӯчаҳо ва муассисаҳои тиббӣ бо номи ӯ вуҷуд доранд. ЮНЕСКО низ борҳо хидматҳои ин мутафаккири бузургро қадрдонӣ намудааст.

Абӯалӣ ибни Сино на танҳо ҳакими асримиёнагии миллати тоҷик, балки мутафаккири умумибашарӣ аст. Соли ҷашнии 1045-солагии ӯ бояд барои мо на танҳо хотирмон, балки таҳрикбахши омӯзиш ва рушди илм бошад.

НАЗАРОВА ФАРАНГИС - омӯзгори кафедраи технологияи иттилоотӣ, ташхис ва табобати нурии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ


2025-08-06 08:59:51

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР КОНФРОНСИ СЕЮМИ СММ ОИД БА КИШВАРҲОИ РӮ БА ТАРАҚҚИИ МАҲСУР ДАР ХУШКӢ ИШТИРОК НАМУДАНД

5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Авазаи Туркманистон дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон барои пазироии самимӣ ва ба Созмони Милали Муттаҳид баҳри дар сатҳи баланд баргузор кардани ҳамоиши муҳими байналмилалӣ изҳори сипос намуданд.

Таъкид гардид, ки аз лиҳози натиҷагирӣ ва таҳлили фарогири раванди татбиқи Барномаи амали Вена, солҳои 2014-2024, Конфронси имрӯза барои Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ аҳамияти хосса дорад.

Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки самтҳои афзалиятноки сафарбар намудани саъю талошҳои минбаъда муайян карда шаванд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронсро ба зарурати роҳандозии василаҳои муассири таъмини рушди устувор, рафъи мушкилоти вобаста ба маҳдудиятҳои транзитӣ ва инфрасохторӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши энергетика ва бунёди дигар зерсохторҳои иҷтимоӣ барои кишварҳои маҳсур дар хушкӣ, ҷалб намуданд.

Таъкид гардид, ки мавқеи ҷуғрофии кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ боиси ба мушкилот рӯ ба рӯ гардидани онҳо шудааст.

Ташаннуҷи геополитикӣ, буҳронҳои молияву иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар хавфу таҳдидҳои глобалӣ омилҳои осебпазир шудани кишварҳо дониста шуд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон, бо назардошти афзалиятнокии соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, ба рушди босуръати ин самтҳо аҳамияти хосса медиҳад.

Ба талаботи Созмони Ҷаҳонии Савдо ва дигар меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтан, ҳамчунин, рақамӣ намудани расмиёти тиҷоратӣ ва гумрукӣ кушишу талошҳои дигари Тоҷикистон барои расидан ба ин ҳадафҳо номида шуд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон, бо назардошти иқтидорҳои гидроэнергетикии худ, ба масоили таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди ин соҳа аҳаммияти хосса медиҳад.

Дар ин робита Сарвари давлати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки татбиқи “Стратегияи миллии рушди иқтисоди сабз” то соли 2037 имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар оянда пурра ба тавлиди неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда гузарад.

Ба масъалаҳои таъсири манфии иқибатҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоду экосистемаҳои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Роҳбари давлати мо таъкид намуданд, ки Тоҷикистон тайи 20 соли охир дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии обу иқлим ҳамчун кишвари пешоҳанг иштироки фаъол дорад.

Зарурати андешидани чораҳои фаврӣ ва татбиқи иқдомҳои муассири муштарак дар сатҳи ҷаҳонӣ ба мақсади ҳифзи манбаъҳои оби ошомиданӣ, бахусус пиряхҳо, таъкид карда шуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли равон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милал дар шаҳри Душанбе доир гардид, ба пешбурди равандҳои муҳими глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ва рушди устувор хидмат мекунанд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки татбиқи қатъномаи Созмони Милал дар бораи эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосферӣ”, ки бо ибтикори Тоҷикистон ва Фаронса қабул гардидааст, ба саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин ҷода мусоидат хоҳад кард.

Аз даъвати ҷомеаи байналмилалӣ баҳри афзоиши маблағгузорӣ барои тадбирҳои марбут ба ҳифзи иқлим ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ҷонибдорӣ карда шуд.

Дар фароварди сухан Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки натиҷаҳои талошҳои муштараки ҷонибҳо дар ин ҷода боз як омили муассири комёб гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор хоҳанд шуд ва чунин корҳои созанда, бешубҳа, барои ҳалли мушкилоти кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ баҳри рафъи монеаҳо дар роҳи рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии онҳо имкони муносиб фароҳам хоҳанд овард.

 

2025-08-06 08:57:11

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 05.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Авазаи Туркманистон дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон барои пазироии самимӣ ва ба Созмони Милали Муттаҳид баҳри дар сатҳи баланд баргузор кардани ҳамоиши муҳими байналмилалӣ изҳори сипос намуданд.

Таъкид гардид, ки аз лиҳози натиҷагирӣ ва таҳлили фарогири раванди татбиқи Барномаи амали Вена, солҳои 2014-2024, Конфронси имрӯза барои Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ аҳамияти хосса дорад.

Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки самтҳои афзалиятноки сафарбар намудани саъю талошҳои минбаъда муайян карда шаванд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронсро ба зарурати роҳандозии василаҳои муассири таъмини рушди устувор, рафъи мушкилоти вобаста ба маҳдудиятҳои транзитӣ ва инфрасохторӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши энергетика ва бунёди дигар зерсохторҳои иҷтимоӣ барои кишварҳои маҳсур дар хушкӣ, ҷалб намуданд.

Таъкид гардид, ки мавқеи ҷуғрофии кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ боиси ба мушкилот рӯ ба рӯ гардидани онҳо шудааст.

Ташаннуҷи геополитикӣ, буҳронҳои молияву иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар хавфу таҳдидҳои глобалӣ омилҳои осебпазир шудани кишварҳо дониста шуд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон, бо назардошти афзалиятнокии соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, ба рушди босуръати ин самтҳо аҳамияти хосса медиҳад.

Ба талаботи Созмони Ҷаҳонии Савдо ва дигар меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтан, ҳамчунин, рақамӣ намудани расмиёти тиҷоратӣ ва гумрукӣ кушишу талошҳои дигари Тоҷикистон барои расидан ба ин ҳадафҳо номида шуд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон, бо назардошти иқтидорҳои гидроэнергетикии худ, ба масоили таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди ин соҳа аҳаммияти хосса медиҳад.

Дар ин робита Сарвари давлати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки татбиқи “Стратегияи миллии рушди иқтисоди сабз” то соли 2037 имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар оянда пурра ба тавлиди неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда гузарад.

Ба масъалаҳои таъсири манфии иқибатҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоду экосистемаҳои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Роҳбари давлати мо таъкид намуданд, ки Тоҷикистон тайи 20 соли охир дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии обу иқлим ҳамчун кишвари пешоҳанг иштироки фаъол дорад.

Зарурати андешидани чораҳои фаврӣ ва татбиқи иқдомҳои муассири муштарак дар сатҳи ҷаҳонӣ ба мақсади ҳифзи манбаъҳои оби ошомиданӣ, бахусус пиряхҳо, таъкид карда шуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли равон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милал дар шаҳри Душанбе доир гардид, ба пешбурди равандҳои муҳими глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ва рушди устувор хидмат мекунанд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки татбиқи қатъномаи Созмони Милал дар бораи эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосферӣ”, ки бо ибтикори Тоҷикистон ва Фаронса қабул гардидааст, ба саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин ҷода мусоидат хоҳад кард.

Аз даъвати ҷомеаи байналмилалӣ баҳри афзоиши маблағгузорӣ барои тадбирҳои марбут ба ҳифзи иқлим ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ҷонибдорӣ карда шуд.

Дар фароварди сухан Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки натиҷаҳои талошҳои муштараки ҷонибҳо дар ин ҷода боз як омили муассири комёб гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор хоҳанд шуд ва чунин корҳои созанда, бешубҳа, барои ҳалли мушкилоти кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ баҳри рафъи монеаҳо дар роҳи рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии онҳо имкони муносиб фароҳам хоҳанд овард.

2025-08-06 08:55:23

Дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ дар минтақаи Авазаи шаҳри Туркменбошии Туркманистон мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.


Дар мулоқот, ки бо иштироки Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон ва сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Сарвазири Қирғизистон баргузор гардид, як зумра масоили вобаста ба омодагӣ ба мулоқоти ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки тирамоҳи имсол баргузор хоҳад гашт, баррасӣ шуд.

Дар охири нишаст Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо Фармони Президенти Туркменистон бо ордени “Барои саҳмгузорӣ дар рушди ҳамкорӣ” сарфароз гардонда шуд.

2025-08-06 08:53:37

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов

05.08.2025

5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Аваза дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили ҳамкории ду кишвар ва рӯзномаи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои маҳсур дар хушкӣ баррасӣ гардид.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳо бо Туркманистон аҳамияти доимӣ медиҳем.

Дастгирии фаъоли муколамаи сиёсии байнидавлатӣ ва тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таъкид гардид.

Ба масъалаи густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, нафту газ ва нақлиёту коммуникатсия таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Барои афзоиши ҳаҷми тиҷорат пешниҳод гардид, ки ду ҷониб “Харитаи роҳ”-ро барои солҳои 2026-2028 таҳия ва амалӣ намоянд.

Ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки барои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ имкониятҳои Комиссияи байниҳукуматӣ фаъол истифода карда шаванд.

Гуфта шуд, ки ба роҳ мондани парвозҳои доимӣ миёни пойтахтҳо ҳамчун масъалаи муҳим боқӣ мемонад.

Густариши робитаҳо дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш аз мавзуоти дигари суҳбат буд.

Вобаста ба робитаҳои байналмилалию минтақавӣ тарафҳо аз таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ карданд.

2025-08-06 08:52:00

Боздид аз намоишгоҳи молҳои саноатӣ, кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон

05.08.2025

5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои иштирокдори Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ дар шаҳри Авазаи Туркманистон аз намоишгоҳи молҳои саноатӣ, кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон боздид намуданд.

Дар намоишгоҳ гӯшаҳои намоишии Тоҷикистон ташкил шуда буд, ки дар он номгӯи зиёди молҳои корхонаҳои саноатии кишвар, таомҳои миллӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуд.

Дар намоишгоҳи таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Сарони давлатҳо ва дигар меҳмонон ба гӯшаи намоишгоҳи Тоҷикистон мароқи баланд зоҳир карданд.

Павилиони Тоҷикистон дар сатҳи баланд ташкил карда шуда, баёнгари он буд, ки Тоҷикистон сарзамини зархез, ватани обҳои ширину мусаффо ва мардуми заҳматкашу меҳнатдӯст мебошад.

Аснои шиносоӣ бо гушаи таомҳои миллӣ дар намоишгоҳи Тоҷикистон Сарони давлатҳо ба маҳорати баланди ошпазҳо ва ба маҳсулоти дастранҷи деҳқонони тоҷик баҳои сазовор доданд.

Бояд гуфт, ки миллати тоҷик дар масири таърих бо расму оин, урфу одат ва таомҳои миллӣ шуҳратёр буда, то имрӯз ин ҳамаро ҳифз ва ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Дар гушаи молҳои саноатӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, саноати сабук, заргарӣ, алюминӣ, обҳои рангаи ташнашикан, маҳсулоти рангуборкунӣ, сангҳои ороишӣ ва ғайра муаррифӣ карда шуд.

Мавриди зикри хос аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи саноат ва бахши хусусӣ саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ қарор дод. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар як муддати кутоҳ садҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ бунёд карда шуд.

Имрӯзҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати маҳсулоти худ дар бозорҳои минтақа ва ҷаҳон рақобатпазир гаштаанд ва маъруфияти торафт бештар касб мекунанд. Дар намоишгоҳ дар қатори дигар кишварҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон тавонистанд маҳсулоти ба бозор ва талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгуро ба маъраз гузоранд.

Зимни муаррифии гӯшаи намоишии Тоҷикистон Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба зарфият ва имкониятҳои рушди соҳаи саноат дар Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

Баъди боздид аз намоишгоҳ Сарони давлатҳо дар барномаи фарҳангии аҳли ҳунари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ширкат варзиданд.

Дар ин чорабинии фарҳангӣ Тоҷикистонро бо барномаи ҷолиби консертӣ устодони санъати тоҷик, овозхонон, мутрибон ва раққосаҳои хушхироми ансамблҳои кишвар муаррифӣ намуданд.

 

2025-08-06 08:49:08

Иштирок дар кори Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ

05.08.2025

https://president.tj/event/news/52231

5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Авазаи Туркманистон дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон барои пазироии самимӣ ва ба Созмони Милали Муттаҳид баҳри дар сатҳи баланд баргузор кардани ҳамоиши муҳими байналмилалӣ изҳори сипос намуданд.

Таъкид гардид, ки аз лиҳози натиҷагирӣ ва таҳлили фарогири раванди татбиқи Барномаи амали Вена, солҳои 2014-2024, Конфронси имрӯза барои Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ аҳамияти хосса дорад.

Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки самтҳои афзалиятноки сафарбар намудани саъю талошҳои минбаъда муайян карда шаванд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронсро ба зарурати роҳандозии василаҳои муассири таъмини рушди устувор, рафъи мушкилоти вобаста ба маҳдудиятҳои транзитӣ ва инфрасохторӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши энергетика ва бунёди дигар зерсохторҳои иҷтимоӣ барои кишварҳои маҳсур дар хушкӣ, ҷалб намуданд.

Таъкид гардид, ки мавқеи ҷуғрофии кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ боиси ба мушкилот рӯ ба рӯ гардидани онҳо шудааст.

Ташаннуҷи геополитикӣ, буҳронҳои молияву иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар хавфу таҳдидҳои глобалӣ омилҳои осебпазир шудани кишварҳо дониста шуд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон, бо назардошти афзалиятнокии соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, ба рушди босуръати ин самтҳо аҳамияти хосса медиҳад.

Ба талаботи Созмони Ҷаҳонии Савдо ва дигар меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтан, ҳамчунин, рақамӣ намудани расмиёти тиҷоратӣ ва гумрукӣ кушишу талошҳои дигари Тоҷикистон барои расидан ба ин ҳадафҳо номида шуд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон, бо назардошти иқтидорҳои гидроэнергетикии худ, ба масоили таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди ин соҳа аҳаммияти хосса медиҳад.

Дар ин робита Сарвари давлати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки татбиқи “Стратегияи миллии рушди иқтисоди сабз” то соли 2037 имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар оянда пурра ба тавлиди неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда гузарад.

Ба масъалаҳои таъсири манфии иқибатҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоду экосистемаҳои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Роҳбари давлати мо таъкид намуданд, ки Тоҷикистон тайи 20 соли охир дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии обу иқлим ҳамчун кишвари пешоҳанг иштироки фаъол дорад.

Зарурати андешидани чораҳои фаврӣ ва татбиқи иқдомҳои муассири муштарак дар сатҳи ҷаҳонӣ ба мақсади ҳифзи манбаъҳои оби ошомиданӣ, бахусус пиряхҳо, таъкид карда шуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли равон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милал дар шаҳри Душанбе доир гардид, ба пешбурди равандҳои муҳими глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ва рушди устувор хидмат мекунанд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки татбиқи қатъномаи Созмони Милал дар бораи эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосферӣ”, ки бо ибтикори Тоҷикистон ва Фаронса қабул гардидааст, ба саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин ҷода мусоидат хоҳад кард.

Аз даъвати ҷомеаи байналмилалӣ баҳри афзоиши маблағгузорӣ барои тадбирҳои марбут ба ҳифзи иқлим ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ҷонибдорӣ карда шуд.

Дар фароварди сухан Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки натиҷаҳои талошҳои муштараки ҷонибҳо дар ин ҷода боз як омили муассири комёб гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор хоҳанд шуд ва чунин корҳои созанда, бешубҳа, барои ҳалли мушкилоти кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ баҳри рафъи монеаҳо дар роҳи рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии онҳо имкони муносиб фароҳам хоҳанд овард.

2025-08-06 08:47:32

Иштирок дар маросими истиқболи расмии роҳбарони давлатҳо ва ҳайатҳои Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ

05.08.2025

5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими истиқболи расмии роҳбарони давлатҳо ва ҳайатҳои Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ, ки бо иштироки Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Раиси Маҷмаи Умумии СММ Филемон Ян, роҳбарони давлатҳову ҳукуматҳо ва ҳайатҳои воломақом баргузор гардид, иштирок намуданд.

Зимнан масоили вобаста ба мушкилоти кишварҳои рушдёбандаи маҳсур дар хушкӣ, ки ба роҳҳои баҳрӣ дастрасӣ надоранд, баррасӣ гардид.

Зимни суханрониҳо ва ба миён гузоштани пешниҳодҳо, аз ҷумла таъкид гардид, ки дар сурати роҳандозии ҳамкории судманд ва истифодаи босамар ва бемонеа аз имкониятҳои мавҷуда мешавад, ки ин мушкилот ба фурсату тавонмандиҳои хуб табдил дода шаванд.

2025-08-06 08:45:51

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов

5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Аваза дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили ҳамкории ду кишвар ва рӯзномаи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои маҳсур дар хушкӣ баррасӣ гардид.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳо бо Туркманистон аҳамияти доимӣ медиҳем.

Дастгирии фаъоли муколамаи сиёсии байнидавлатӣ ва тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таъкид гардид.

Ба масъалаи густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, нафту газ ва нақлиёту коммуникатсия таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Барои афзоиши ҳаҷми тиҷорат пешниҳод гардид, ки ду ҷониб “Харитаи роҳ”-ро барои солҳои 2026-2028 таҳия ва амалӣ намоянд.

Ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки барои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ имкониятҳои Комиссияи байниҳукуматӣ фаъол истифода карда шаванд.

Гуфта шуд, ки ба роҳ мондани парвозҳои доимӣ миёни пойтахтҳо ҳамчун масъалаи муҳим боқӣ мемонад.

Густариши робитаҳо дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш аз мавзуоти дигари суҳбат буд.

Вобаста ба робитаҳои байналмилалию минтақавӣ тарафҳо аз таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ карданд.

2025-08-06 08:44:32

ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ – ОМИЛИ МУҲИММИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Рушди технологияҳои муосир ва рақамикунонии соҳаҳои ҷамъиятӣ давлати муосирро водор менамояд, ки истифодабарии васеи технологияҳои муосирро дар тамоми бахшҳо ба таври васеъ ба роҳ монда, дар ин замина рушду устувории босуботи онҳоро таъмин намояд.

Рушди иқтисодиёт ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “дар шароити иқтисоди бозорӣ ва рақамикунонии фаъолияти идоракунӣ ва истеҳсолӣ мақомоти давлатӣ бояд сиёсати ягонаи иқтисодиро танҳо бо истифода аз механизмҳо, усулҳо ва усулҳои муосири танзим амалӣ намоянд.

Паёми Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ҳамчун василаи ҳавасмандгардонӣ ва муттаҳидсозии мардум амал мекунад, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳамияти сулҳ, субот ва ҳамкории ҳамагонӣ таъкид менамоянд. Дар Паёми соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» яке аз тадбирҳои муҳим ва стратегӣ барои рушди устувори Тоҷикистон аст. Ин иқдом на танҳо барои тақвият бахшидани инфрасохтор ва соҳаҳои иқтисодӣ, балки барои тағйирот дар тарзи кор ва истеҳсолот низ равона шудааст. Тадбири муҳим дар шомил кардани ҳадафҳои илмӣ ва маърифати технологӣ, ба таври хос равона карда шуд, ки ҳама бахшҳои иқтисодиёт, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, саноат ва хизматрасонӣ, бо истифодаи методҳои муосир ва рақамикунонии системаҳо рушд кунанд.

Иқтисоди рақамӣ маънои истифодаи технологияҳои навинро дар тамоми бахшҳои ҳаёт-аз истеҳсолот то идоракунии давлатӣ дорад. Барои татбиқи ин ҳадаф, Тоҷикистон бояд инфрасохторҳои рақамӣ, монанди интеренти баландсуръат, шабакаҳои коммуникатсионӣ ва низомҳои электрониро густариш диҳад. Ҳамзамон, зарурати тайёр кардани мутахассисони соҳавӣ, ки қодиранд бо технологияи нав кор кунанд, аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Эълони ин солҳо барои ҳамкории амиқтар бо кишварҳои дигар ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва дохилӣ ҳам имконият фароҳам меорад.

Имрӯз Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст ва татбиқи саривақтии ташаббуси мазкур имкон медиҳад, ки дар панҷсолаи минбаъда ба раванди мазкур вусъат бахшида шуда, заминаҳои ҳуқуқӣ такмил ёбад ва санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ қабулу амалӣ карда шаванд.

Иқтиcoдиёти рақамӣ ин натиҷаи cамараи транcфoрматcиoнии технoлoгияҳoи нав дар coҳаи кoммуникатcияи иттилooтӣ мебoшад. Заминаи пайдoиши иқтиcoди рақамирo ҷoмеи иттилooтӣ ташкил медиҳад, ки oн дар рушди бахши хизматраcoнӣ ва иттилooт ниcбат ба cатҳи рушди иcтеҳcoлoти мoддӣ; тағйирёбии хуcуcияти фаъoлияти инcoн вoбаcта ба иcтифoдабарии иттилooт ҳамчун oмили муҳими иқтиcoдӣ ба назар мераcад. Вoқеан ҳам, дар замoни муocир захираи иттилooтӣ захираи муҳими рушди иқтиcoдӣ гаштааcт. Захираи иттилooтӣ имкoният медиҳад, ки cубъектҳoи иқтиcoдӣ ҳадафҳoи cтратегӣ ва тактикаи нoилгардии oнрo муайян намoянд; механизмҳoи идoракунии равандҳoи такрoриcтеҳcoлирo ташкилу такмил диҳанд; хавфу хатар ва амнияти фаъoлиятрo тарҳрезӣ намoянд; ҳамoҳангcoзии фаъoлияти худрo бo ҳамкoру шарикoн ба рoҳ мoнанд ва харoҷoти транзакcиoнии худрo паcт намoянд.

Таҷрибаи ҷаҳoнӣ нишoн медиҳад, ки имрӯз тамoми давлатҳoи дунё барoи гузаштан ба мoдели нави иқтиcoдӣ барнoмаҳoрo таҳия ва татбиқ карда иcтoдаанд ва Ҷумҳурии Тoҷикиcтoн низ чун ҷузъи ҷудoнашавандаи ҷoмеаи ҷаҳoнӣ барoи гузариш ба мoдели нави иқтиcoдӣ қадамҳoи уcтувoр гузoшта иcтoдааcт. Иқтиcoдиёти рақамӣ, ин пеш аз ҳама, чунин иқтиcoдиёте мебoшад, ки дар аcocи рушди технoлoгияи иттилooтӣ, рушди тиҷoрати электрoнӣ ва бизнеcи рақамӣ рушд мекунад. Яъне, oн чунин намуди иқтиcoдиёте мебoшад, ки иcтеҳcoли мoл, хизматраcoнӣ ё дигар фаъoлияти иқтиcoдӣ ба таври рақамӣ амалӣ карда мешавад.

Имрӯз Ҷумҳурии Тoҷикиcтoн дар марҳилаи рушд қарoр дoрад ва тавре ки мебинем, дар давлатҳoи тараққикарда, маҳз ба cармoяи инcoнӣ такя мекунанд. Мувoфиқи барнoмаҳoи иқтиcoдӣ ва пеш аз ҳама мувoфиқи Cтратегияи миллии рушд тo coли 2030 Ҷумҳурии Тoҷикиcтoн бoяд ба мoдели нави иқтиcoдӣ қадам гузoрад ва аcocи ин мoдел рушди cармoяи инcoнӣ мебoшад. Такя ба дoнишҳoи нав ва аз худ кардани технoлoгияи муocир, рушд дoдани хизматраcoнии интернетӣ ва ҳамаи ин барoи рушди минбаъдаи фаъoлияти иқтиcoдии кишвар ва баланд бардoштани cифати аҳoлӣ заминаи уcтувoр мегузoрад.

Ҳамин тариқ, ташаккул ва рушди иқтисоди рақамӣ як қадами муҳим барои пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар буда, рушди он Тоҷикистонро ба як ҷузъи асосии иқтисодии минтақа ва ҷаҳон табдил дода, барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва ҷомеа такони ҷиддӣ медиҳад.

Бобоҷон АБДУКАРИМЗОДА,

директори Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе

2025-08-06 08:43:14

ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ТАТБИҚИ ОН КИШВАРИ ПЕШСАФ АСТ

Дар асоси пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июли соли равон Маҷмаи Умумии СММ лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд.

Иқдоми мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии СММ 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд.

Бояд гуфт, ки дар ин самт айни ҳол дар мамлакат «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» қабул гардидааст, ки татбиқи пурра ва саривақтии он ба рушди босуръати иқтисоди миллӣ заминаҳои устувор мегузорад. Имрӯз воқеан ҳам истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф, нақлиёт ва тиб зарурӣ буда, ба рушди ин соҳаҳо ва муосир шудани онҳо мусоидат менамояд.

Дар воқеъ, ҷомеа рӯз аз рӯз пешрафт менамояд ва натиҷаҳои илмии олимону пажуҳишгарон бештар дар ҳаёт татбиқ мешаванд. Мо ҳоло мушоҳида менамоем, ки илму техника бо суръати баланд рушд менамояд ва инсон бештар талош мекунад, то зиндагии хешро бо истифода аз илму технология осонтар созад. Ҳамин аст, ки ҳар кишвари пешрафта барои иҷрои ин миссия мусобиқа мекунад ва мо мебинем, ки аксарияти кишварҳои ҷаҳон дар ин масъала муваффақ низ ҳастанд.

Истифода аз неруи зеҳнии олимону пажуҳишгарон ҳамеша натиҷаи баланд медиҳад. Зеҳни сунъӣ низ як навъ ихтирои инсон аст, ки бо тақлид ба зеҳни инсоният фаъолият менамояд ва имрӯз барои кулли башар чизи хеле муҳим ва зарурӣ гардидааст. Олимону андешаварон истифода аз зеҳни сунъиро дар тамоми соҳаҳо хеле зарур ва муҳим меҳисобанд.

Дар аксарияти кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон татбиқи он ба ин ё он соҳа натиҷа додааст ва он ҳам натиҷаи хуб. Яъне, инсоният ҳамеша талош менамояд, то дар умри хеш аз воситаҳои ёрирасон ва ба зиндагӣ мусоидаткунанда истифода барад ва ҳар ихтирои ӯ дар ин самт хуш пазируфта мешавад. Зеро ба чизи нав ҳамеша ниёз ҳаст.

Президенти кишвар дар Паём ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба зеҳни сунъӣ ва истифодаи он дар иқтисодиёту дигар соҳаҳо борҳо гуфта гузаштанд, и ин зарурати ҳаётӣ мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ ва татбиқи он «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро қабул намудааст, ки дар ин замина аллакай якчанд корҳо ба анҷом расонида шуданд. Албатта, ин ҳама аз дастгирию ғамхориҳои Роҳбари давлат дарак медиҳад.

Қобили зикр аст, ки барои рушди зеҳни сунъӣ дар мамлакат бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» номинатсияи «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» илова карда шуда, 24 ҷой барои ғолибон муайян карда шуд, ки ин ҳам ба рушди соҳа мусоидат менамояд.

Воқеан, рушди зеҳни сунъӣ дар мамлакат ба беҳтар гардидани шароити иқтисодӣ ва пешрафти ҳамаи соҳаҳо мусоидат менамояд. Татбиқи ташаббусҳо дар самти зеҳни сунъӣ дар мамлакат маърифати рақамии ҷомеаро баланд бардошта, ҳамаи соҳаҳоро як зина баландтар рушд медиҳад. Истифода аз имконияти зеҳни сунъӣ саҳмгузорӣ дар рушди технологияи муосир мебошад.

ШАРИФЗОДА Шамъигул Гадомад,

директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар

2025-08-06 08:41:17

ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАТБИҚИ ОН ДАР СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИЮ МИЁНАИ КАСБӢ

Технологияи зеҳни сунъӣ имрӯз аз доираи як навоварӣ берун рафта, ба унсури марказии рушду тағйироти башарият табдил ёфтааст. Аз соҳаи тандурустӣ то таҳсилот ва аз иқтисод то сиёсат зеҳни сунъӣ дар ҳоли бозсозии ҷаҳон аст.

Дар чунин шароити мураккаб иқдоми таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди қатъномаи махсуси СММ оид ба зеҳни сунъӣ ки 25 июли соли 2025 бо тарафдории ҳамаи кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид якдилона қабул гардид, на танҳо қадаме сиёсиву башардӯстона, балки бозгӯкунандаи диди дурбинонаи роҳбарияти кишвар ва мақоми Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар ин қатънома таъкид шудааст, ки истифодаи зеҳни сунъӣ бояд бар асоси меъёрҳои ахлоқӣ, эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва манфиатҳои умумии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шавад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор даъват ба он мекунад, ки инноватсия бояд ба нафъи ҳама бошанд, на танҳо кишварҳои пешрафта.

Зеҳни сунъӣ ҳам имконият аст ва ҳам санҷиши ҷиддии арзишҳои инсонӣ. Агар мо роҳбарии он равандро ба даст нагирем, эҳтимолест, ки технология бар инсон ҳукмрон шавад. Аз ин ҷост, ки ташаббуси Тоҷикистон на танҳо сиёсӣ, балки башарӣ аст, зеро даъват ба ҳамкории глобалӣ, таҳияи стандартҳои ахлоқӣ ва ҳифзи арзишҳои инсонӣ дар давраи инноватсияҳои пуршитоб аст.

Имрӯз дар ҳоле, ки давлатҳои бузурги ҷаҳон, ба мисли Чин ва ИМА сармоягузории бузург ба зеҳни сунъӣ мекунанд, Тоҷикистон бо пешниҳод кардани ин қатъномаи инсондӯстона худро ҳамчун давлати ташаббускори ин самт муаррифӣ намуд. Қатънома ваъда медиҳад, ки рушди зеҳни сунъӣ набояд боиси табъиз, нобаробарӣ ва ҷудоии технологиявӣ гардад.

Ин раванд албатта як равиши нави дипломатияи рақамист. Тоҷикистон нишон дод, ки дар баробари мушкилоти геополитикӣ ва иқтисодӣ, метавонад аз масоили глобалӣ сухан гӯяд ва дар ташаккули тарҳи ояндаи инсоният саҳм гузорад. Аз ин рӯ, мо омӯзгорон бояд ин ташаббусро дастгирӣ намоем. Зеро агар мо имрӯз барои ахлоқ, инсон ва амнияти рақамии фардо кӯшиш накунем, фардо шояд дер шавад.

Дар заминаи ин қатънома имкон аст, ки дар кишвар сиёсати миллии истифодаи зеҳни сунъӣ таҳия шуда, механизми танзими он дар соҳаҳои таҳсилот, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳоро ба роҳ монем ва ҳамзамон чашмандозҳои илмии навро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоию миёнаи касбӣ таҳқиқ намоем.

Бояд гуфт, ки моҳе қабл бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумита курси омӯзишии “Истифодабарандаи зеҳни сунъӣ» доир гардид. Ҳадафи ин иқдом дар он аст, ки имрӯз зеҳни сунъӣ дар раванди таълим торафт нақши муҳимтар бозида, имкон медиҳад барномаҳои омӯзишии фардӣ эҷод карда шавад, ки ба ниёзҳои инфиродӣ ва сатҳи дониши ҳар як истифодабаранда мутобиқ бошад.

Зеҳни сунъӣ як соҳаи муштараки илму технолия буда, ба таҳияву истифодаи барнома ва системаҳои мушаххас равон шудааст, ки қобилияти фикр кардан, омӯзиш, ҳал кардани масъалаҳо ва қабули қарорҳоро дорад. Он як технология ё самти илми муосир аст, ки роҳҳои омӯзиши компютер, технологияи роботӣ ё системаи таҳлилиро барои тафаккури оқилона мисли инсон меомӯзад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зеҳни сунъиро як падидаи нав дар илми муосир дониста, дар яке аз суханрониҳояшон қайд намуданд, ки «Истифодаи «зеҳни сунъӣ» дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт густариш пайдо карда истодааст. Ба ин маънӣ, дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад».

Баъди роҳандозии ин курс бо ташаббуси Кумита бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос вобаста ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар ихтисосҳои нави самти иқтисодиёти сабз, мошинҳои барқӣ, дастгоҳҳои парвозкунандаи беҳавонаварду манбаъҳои ғайрианъанавӣ ва барқароршавандаи энергия ва зеҳни сунъиро ташкил намуда, ба лоиҳаи Таснифоти давлатии равияҳо ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намуд.

Мақсади ташкили ин ихтисосҳо дар он аст, ки дар замони имрӯз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ нақши муҳим ва муассирро дар фароҳамсозии имкониятҳои нав барои рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мебозанд. Омӯзиши технологияҳои рақамӣ имконият медиҳанд, ки дар равандҳои истеҳсолот, тиҷорат, таҳсилот, тиб ва дигар соҳаҳо тағйироти назаррас ба амал оянд. Зеҳни сунъӣ, ки аз алгоритмҳои пешрафта ва қароргирии автономӣ барои ҳалли мушкилот истифода мебарад, қобилияти омӯзиш ва самаранокии амалиётро дар ҳар як бахш беш аз ҳар вақт беҳтар мекунад.

Бо дарназардошти рушди бемайлони илму техника ва технология, кишварҳои ҷаҳон барои амалигардонии низоми рақамии фаъолияти соҳаҳои гуногун талош варзида, ҷиҳати осон намудани кор ва сарфаи вақт, инчунин самаранок кардани фаъолияти соҳаҳо, баланд бардоштани самаранокии меҳнат аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ васеъ истифода намуда истодаанд.

Хулоса, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар замони имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва зарурӣ барои соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, алалхсус соҳаҳои воқеии иқтисодиёт мубадал гардидааст, ки он метавонад ба самаранокии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар мусоидат намояд.

ДАВЛАТЗОДА Баҳрулло Раҳмон,

муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ

ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент