Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ҶАВОНОН МУҲОФИЗОНИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН
single-product

ҶАВОНОН МУҲОФИЗОНИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

2025-05-23 07:48:41

Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷавонони Ватани соҳибистиқлоли мо нерӯи созандаи кишвар буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд ва назаррас мебошад.

Имрӯзҳо ҷавонони мо дар тамоми корхонаҳои бузурги кишвар дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, илму маориф ва дигар бахшҳои иҷтимоии мамлакат содиқонаву софдилона меҳнат намуда, барои ободии Ватан иншоотҳои гуногуни хурду бузурги истеҳсоливу хизматрасонӣ бунёд менамоянд ва дар пешрафти Меҳани азизамон қарзи фарзандии худ ва рисолати шаҳрвандии хешро бо эҳсоси баланди инсондӯстиву ватандӯстӣ иҷро намуда истодаанд.

Ниёгони мо дар ойини ҷавонмардӣ хизмат ба Ватанро мояи ифтихори худ шуморида, ҳар як ваҷаб хоки Тоҷикистони азизро ҳифз мекарданд. Хушбахтона, ин рисолати ниёконро насли имрӯза низ муқаддас меҳисобанду анъанаҳои аҷдодиамонро сарбаландона идома бахшида, ба Ватан, муқаддасоти давлатӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар содиқ будани худро дар амал собит месозанд. Онҳо зиракии сиёсиро аз даст намедиҳанд ва бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дастаҷамъона мубориза мебаранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд: “Имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ ва бо завқи баланд илму донишҳои муосирро азхуд намуда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлату ҷомеа ва ба хотири рушди кишвари маҳбубамон саъю талоши фаъолона доранд ва аз ин рӯ, имрӯз рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст”.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевостаи Сарвари давлат барои ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод стипендияҳои Президентӣ, Квотаи Президентӣ, стипендияи байналмилалии Президентӣ «Дурахшандагон», грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон муқаррар карда шудааст. Ба мову шумо маълум аст, ки тули чор сол дар сатҳи ҷумҳурӣ озмунҳои «Фурӯѓи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯѓи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» гузаронида мешавад ва дар ин самт бештари иштирокчиёни чунин озмунҳо аз ҳисоби хонандагон, донишҷӯён ва ҷавононанд, ки бешубҳа дорои истеъдоди баланд ва маҳорату малакаи хубанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд, зеро роҷеъ ба мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ва нақши онҳо дар пешрафти соҳаҳои гуногун изҳори назар карда, борҳо ба насли ҷавон боварӣ ва эътимод зоҳир намудаанд.

Президенти кишвар хуб дарк кардаанд, ки асоси пешрафту густариши соҳаҳои гуногуни кишвар маҳз ба нерӯи ҷавонон вобастагӣ доранд. Дар иқтибоси боло таъкид гардидааст, ки ҷавононро дар ҳар ҳолат ва дар ҳар вазъият чунон дастгирӣ ва кӯмак намоем, ки ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ бошанд. Шароити комилан мусоид барои ҷавонон ва фароҳам овардани муҳити фаъолият маҳз дар гуфтаҳои Сарвари кишвар батакрор зикр шудааст, ки ин баёнгари сиёсати устувор ва оянданигар дар рушди давлат ва давлатдорӣ аст. Дар суханрониҳои Сарвари кишвар натанҳо ба нерӯи созандаи ҷавонон умед баста шудааст, балки бамаврид таъкид шудааст, ки ҷавонони мо аз ҳар гуна пешрафтҳои ҷаҳонӣ огоҳ бошанд ва сари вақт муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсию иҷтимоиро, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ рух медиҳанд огоҳона дарк намоянд.

Воқеан дуруст аст, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Ҷавонон муаррифкунандаи давлату кишваранд. Ҷавонон ояндасози имрузу фардои ватананд ва мамлакатро бе ҷавонон тасаввур кардан – ғайри имкон аст. Тоҷикистонро кишвари ҷавонон мегӯянд, зеро шумораи бештари аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил мекунанд. Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкори худ рушд мекунад ва солҳои минбаъда ба як давлати мутарраққию пешрафтаи ҷаҳон табдил меёбад. Ҷавонон тавассути донишу қобилият ва зӯру бозуи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳан мебошанд. Дар мавриди дигар ишора менамоянд, ки «Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд".

Андешаҳои Президенти кишвар дар мавриди нақши муассир доштани нерӯи ҷавонон дар муҳити сиёсӣ ва дигаргуншавиҳои иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳамчунин густариши соҳаҳои гуногуни ҷомеа такя ба меъёрҳои устувори сиёсӣ ва давлатдорӣ мебошад. Метавон мисолҳои зиёдеро ин ҷо овард, ки бевосита таваҷҷӯҳ ва эътимоди шахсии Сарвари давлатро нисбат ба насли ҷавон ифода менамояд.

Саидасрор ФАЙЗОВ, директори литсейи касбии техникии ноҳияи Панҷ