Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ҶАВОНОН - АЗ ИФТИХОР ТО МУАРРИФИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
single-product

ҶАВОНОН - АЗ ИФТИХОР ТО МУАРРИФИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

2025-05-23 07:44:14

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо ташаббус ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вориди марҳилаи нав гардид, яъне бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ. Яке аз самтҳои афзалиятноки ин марҳила таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон мебошад, зеро ҷавонон ҳамчун ояндасозони кишвар ва нерӯи муҳими рушд ва суботи ҷомеа шинохта шудаанд.

Дарвоқеъ, ҷавонон неруи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ба ҳисоб мераванд, зеро тибқи маълумоти оморӣ, зиёда аз 70 дарсади аҳолии мамлакат ҷавонони то 35-солаанд. Ин гувоҳи он аст, ки давлати мо давлати ҷавонон мебошад.

Тибқи таҳлилҳои Созмони Милали Муттаҳид, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолӣ 22,5 солро ташкил медиҳад. Ҳамин аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии Тоҷикистон қарор дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст.

Ворисони таъриху тамаддуни миллати тоҷик, пайравони асили Пешвои миллат, такягоҳи устувор ва ояндаи дурахшони давлат унвон гирифтани ҷавонон худ далели меҳри беандоза ва эътимод ба ин қишри ҷомеа мебошад. Сарвари давлат нақши ҷавонони бонангу номусро дар эъмори давлатдории миллии тоҷикон, ҳимояи дастовардҳои истиқлол ва рушду тараққиёти Тоҷикистон бузург шумориданд.

Мусаллам аст, ки нақш ва мавқеи ҷавонон дар ҷомеаи кунунӣ мақоми асосиро касб намуда, фаъолияти ин қишри ояндасози кишвар дар пешбурди дилхоҳ соҳа ба таври назаррас эҳсос мешавад. Ба ҳамин маънӣ Пешвои миллат таъкид доштанд: “Вақте мо ҷавононро умеди фардои кишвар, неруи созанда ва захираи стратегии давлату миллат меномем, ин суханон танҳо шиор набуда, балки маҳз ба ҷавонон вобаставу пайваста будани ояндаи давлату миллатро ҳамчун як воқеият баён менамоянд, зеро давлат ва миллате, ки дар бораи насли ҷавони худ андеша мекунад, дар асл ояндаи худро таъмин ва устувор месозад”. Ва афзуданд: “Рӯ овардан ба ҷавонон - рӯ овардан ба оянда мебошад”.

Аз ин лиҳоз, ҷавонон бояд дарк намоянд, ки таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад.

Ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Дар давоми 34 соли Истиқлоли давлатӣ дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосири иттиллоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, инчунин, барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Дар самти дастгирии ҷавонон санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардида, самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шуданд. Махсусан, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» собит сохт, ки Ҳукумат дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия ва ба камол расондани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад.

Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки онҳо дар ҳаёти ҷомеа, яке аз масъалаҳои асосӣ дар Паёми ҳарсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ буда, ба ин мавзуъ ҳамчун яке аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонии кишвар таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад.

Барои амалӣ кардани сиёсати ҷавонон, сохторҳои зерин таъсис ёфтаанд:

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Созмонҳои ҷамъиятии ҷавонон, аз ҷумла: Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ташкилоти "Созандагони Ватан" ва дигар созмонҳои ихтиёрӣ

Ин ниҳодҳо ҷавононро ба корҳои ҷамъиятӣ, ихтироъкорӣ, волонтёрӣ, рушди соҳибкорӣ ва варзиш ҷалб мекунанд.

Ҷавонони Тоҷикистон дар солиҳои соҳибистиқлолӣ дар чорабиниҳои гуногуни байналмилалӣ низ фаъолона ширкат намуда, Тоҷикистонро

дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.

Ҷаҳони муосир, ки бо равандҳои ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо рӯ ба рӯ аст, ҷавонон бояд бо илму дониш, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ устувор бошанд.

Сиёсати давлатии ҷавонон дар давраи соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои калидии давлатдории Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо роҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин сиёсати тарбиявӣ ва созанда рӯ ба рушди пайваста ру ба рушд намуда, ҷавононро на танҳо нерӯи истеҳсоливу сиёсӣ, балки пояи устувории сулҳу субот ва пешрафти ҷомеа меҳисобанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иштироки фаъолонаи ҷавонон, Тоҷикистон ба як давлати устувор ва рушдёбанда табдил ёфта, барои устувор нигоҳ доштани ин пешрафт, ҷавононро зарур аст, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар таҳкими сулҳу субот, рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошанд.

Бахусус, дар шароити имрӯза, ки талоши тамоми қувваҳои иртиҷоиву ифротӣ барои таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ равона шудааст, ҷавонони мо бояд бисёр ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунанд.

Итминон дорем, ки дар ин асос ва бо такя ба суханони Пешвои миллат ҷавонони бо нангу номуси мо бо ҳисси баланди миллӣ дар ободии диёр саҳм мегузоранд. Пешниҳоду тавсияҳои судманд, маслиҳату машварат ва ҳидоятҳои неки оқилонаву ояндасози Пешвои миллат - илҳомбахши ҷавонони кишвар - насли даврони соҳибистиқлолӣ хоҳад буд.

Шаҳло АШУРИЁН, директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, номзади илмҳои тиб