Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2025-05-07 18:15:24

ШУҶОАТУ МАРДОНАГИИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Мо имрӯз ба ёди онҳое, ки барои пирӯзии некӣ бар бадӣ ва хушбахтиву оромии аҳли башар ҷони худро нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меорем.

Эмомалӣ Раҳмон

9-уми май ҳамчун Рӯзи Ғалаба ба таври ҳамешагӣ рӯзи шодиву нишот ва ифтихормандии миллатҳои музаффар хоҳад буд. Бо гузашти солҳо шукуҳ ва азамати ғалабаи бузург барои мардуми олам торафт аёнтар мегардад, зеро ин ғалаба мақсадҳои ботили ҳукумрони кулли олам шудани фашистони Германияро барбод дод ва ҳушдорест барои онҳое, ки дар сар хаёли хоми ғулом намудани халқҳоро мепарваранд.

Ин санаи таърихӣ барои наслҳои гузаштаву имрӯза ва оянда, гиромиву муқаддас боқӣ мемонад, чунки он рамзи ватандӯстиву фидокорӣ ва шуҷоату мардонагии падарону бобоёни мо буда, қаҳрамонии онҳо асрҳои аср вирди забони мардуми халқпарвари Тоҷикистон абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Мо ба такрор рӯзҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватаниро ёдовар шуда, дар бораи омилҳои барангезандаи эҳсосоти қаҳрамониву ҷонфидоии онҳое, ки барои ҳифзи кишвари собиқ Шуравӣ сина сипар намуданд, барои бо хӯроку пӯшок ва силоҳ таъмин кардани сарбозон дар ақибгоҳ ҷонфидоёна заҳмат кашиданд, амиқтар андеша ронем, хубтар дарк кунем ва тарғиб намоем. Муборизае, ки халқиятҳои собиқ Шуравӣ бар зидди фашистони ғосиб мебурд, набарди одилона, озодибахш, набарди муқаддас буд. Ғалаба бар фашизм ва аз зулму асорати он раҳо ёфтани аҳли башар бори дигар собит сохт, ки агар дар байни халқҳо ва давлатҳо дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дошта бошад, ягон қувваи бадхоҳу аҳриманӣ аз болои онҳо пирӯз намешавад.

Ба ибораи дигар, ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон маҳз ба шарофати дӯстии халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ муяссар гардид, ки ин нуктаро ҳеҷ кас ҳаққи фаромӯш кардан ё нодида гирифтан надорад.

Дар айёми пуртазоди мо низ, яъне замоне, ки ба суботу оромии ҷаҳон хатарҳои азим, аз қабили терроризми байналхалқӣ, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории трансмиллӣ ва монанди инҳо таҳдид мекунанд, ин сабақи бузурги таърихӣ маънии торафт муҳим касб менамояд.

Дар ин рӯз ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари ҳамаи халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ бархоста буданд, халқи Тоҷикистон низ саҳми ба худ муносиб гузоштааст.

Дар бораи қаҳрамонии ҷанговарони тоҷикистонӣ матбуоти фронтӣ ва ватанӣ борҳо маводи гуногун нашр намуда бошанд ҳам, ёдовар шудани он аз манфиат холӣ нест. Чунки мардуми тоҷик дар роҳи тайкарда ва озмоишҳои фоҷиабори мубориза бар зидди фашизм аз ҳаёти душвори басар бурда руҳафтода нагардида, баҳри мустаҳкамии иқтидори ақибгоҳ, таъминоти сарбозону афсарони дар муҳорибаҳо фаъолият дошта, дар корҳои истеҳсолии тамоми самтҳои саноату хоҷагии халқ содиқона ёрии худро дареғ намедоштанд.

Корномаи ватандӯсти мо Саидқул Турдиев намунаи ибрати наслҳо буда, дар таърихи халқу миллат ҷовидона сабти заррин шудааст. Дар саршавии ҷанг ӯ мартабаи баланди замонаш депутати Совети Олӣ, ҷонишини Комиссариати комитети замин буд. Аз шахсони баландмартаба ӯ яке аз аввалинҳо буд, ки хоҳиши ихтиёран ба фронт рафтан карда буд. Саидқул Турдиев дар мубориза бо фашизм корнамоиҳои зиёд нишон дода, соли 1944 ҳангоми убури дарёи Днепр қаҳрамонона ҳалок мегардад. Баъди маргаш ӯ ба унвони олии «Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ» мушарраф гардонида шудааст.

Фиристодагони Тоҷикистон дар тамоми давраи набарди Сталинград иштирок кардаанд. Корнамоии «Хонаи Павлов» ҳам бе номи тоҷик набуд. Дар қатори 18 ҷанговари «Хонаи Павлов», ки командирашон сержант Павлов буд, Аҳмад Турдиеви тоҷик ҳам буд. Фиристодагони Тоҷикистон О. Холматов, Б. Сиддиқов, А. Ҳакимов, К.Каримов, Б. Бегматов, Н. Мирзоев, И.Назаров, Ҳ. Раҳимов, Ф. Ниёзӣ, С. Иброҳимов, М. Муқимӣ, Т. Ҷӯраев, А. Эшматов, А. Устоев дар муҳорибаҳои Сталинград қаҳрамонӣ нишон додаанд. Дар рафти амалиёти ҷангии баъди Сталинград тоҷикписар Маҳмадшариф Шарипов дар озод кардани шаҳри Харков корнамоии бемислу монанд нишон додааст. Ӯ бо тани худ нуқтаи оташфишони (ДОТ)-и душманро пӯшондааст. Артиллеристон Исмоил Ҳамзаалиев ва Ҳоди Кенҷаев дар ҷангҳои «Курский Дуг» амали қаҳрамонона анҷом дода, захмӣ шуда бошанд ҳам то охирин тир ба танкҳо ва пиёдагардони душман оташ зада, душманро аз мавқеҳои мудофиакунанда нагузарониданд. Бо фармони Раёсати Шурои Олии СССР ба И.Ҳамзаалиев ва Ҳ. Кенҷаев унвони баланди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд. Моҳи октябри соли 1943 дар фронти Волхов Туйчи Эрджигитов синаи худро ба амбразураи душман сипар кард ва барои ҳуҷуми аскарони советӣ имконият дод. 21 феврали соли 1944 ба ӯ пас аз марг унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд. Дар ҷангҳои наздикии шаҳри Уман, сарбози дивизияи 294-уми тирандозӣ Исмат Шарипов ҷасорату мардонагӣ нишон дода ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд. Пас аз ҷанг пулемети «Максим»-и Бобоҷонов дар яке аз толорҳои осорхонаи Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР дар Маскав ба намоиш гузошта шудааст. Сафар Амиршоев дар ҷанги замини Литва қаҳрамонии худро анҷом дода, ба ӯ пас аз маргаш унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд. Тоҷикон дар минтақаи шаҳри қалъаи Кенигсберги Германия қаҳрамонона ҷангиданд. Дар ин ҷангҳо комсорги баталонӣ Сайфулло Умаров ҷасорати беғаразона нишон додааст. Қаҳрамониҳои фарзандони халқи тоҷик то ба анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ давом ёфтааст. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон додаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид гуфтааст: «Фарзандони халқи тоҷик дар ҳамаи ҷабҳаҳои ин ҷанги даҳшатнок, ки аз ҷумлаи фоҷиаҳои бузургтарини таърихи башарият буд, иштирок карда, аз имтиҳони ҷиддии таърих бо ҷасорату матонат ва сарбаландона гузаштанд».

Ҳамин тавр, дар якҷоягӣ бо ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ ғалаба бар фашизми олмон таъмин карда шуд. Беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои мубориза шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шудаанд.

Дар он давраи мудҳиш дар Ватани мо кам хонадонеро дучор омадан мумкин буд, ки доғи он ҷанги хонумонсӯзро надида бошад. 9-уми май моҳиятан рӯзи шодиву нишот, рўзи ғалаба бар зулмот аст ва ҳамчунин санаи ёдбуди онҳоест, ки барои халқу Ватан ҷони худро нисор кардаанд.

Имрўзҳо хотираи неки шаҳидони роҳи озодӣ ҳамчунин бо дақиқаи хомӯшӣ пос дошта мешавад. Бояд гуфт, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ ва ақибгоҳи он ғамхориҳои хосса зоҳир намуда, онҳо мудом таҳти сарпарастии доимӣ ва имтиёзҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор медиҳад, ки аз хислатҳои инсондустӣ, қадршиносӣ ва раиятпарварии Пешвои маҳбуби миллат шаҳодат медиҳад.

Хоҷазода Даврон Қурбоналӣ,

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

директори Коллеҷи техникию омўзгории ноҳияи Рўдакӣ

2025-05-07 18:13:13

МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД ВА ВОЛЕЙБОЛ БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ КУМИТА” ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

Дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ба муносибати ҷашни 80-умин солгарди Рузи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳони футбол барои дарёфти Ҷоми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври дуюми мусобиқаи варзишии футболи хурд ва волейбол миёни донишҷӯёни коллеҷҳо ва литсей касбӣ –техникии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Деваштиҷ, Зафаробод ва Шаҳристон баргузор гардид.

Дар тантанаи кушодашавии расмии мусобиқаи варзишии мазкур муовини раиси шаҳри Истаравшан Фирӯза Мӯъминзода, намояндагони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Раҳмоналӣ ва Ҳилолиддин Шокирзода иштирок намуда, роҷеъ ба ташаббуси навбатии раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ суханронӣ намуда, ба иштирокчиёни мусобиқа муваффақиятҳо таманно намуданд.

2025-05-07 18:11:32

РӮЗИ ҒАЛАБА: МЕРОСИ ТАЪРИХӢ ВА МАЪНАВИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Дар таърихи башарият санаҳое ҳастанд, ки аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, ҳамчун рамзи иттиҳоду адолат, озодӣ ва фидокорӣ боқӣ мемонанд. Яке аз чунин санаҳои тақдирсоз ва пурмазмун, бешубҳа, 9 май - Рӯзи Ғалаба мебошад. Дар ин рӯз, соли 1945, ҷанги мудҳиштарини таърихи инсоният - Ҷанги Бузурги Ватанӣ анҷом ёфт ва инсоният бар фашизми гитлерӣ ғалаба кард.

Ин рӯз барои мардуми тоҷик низ чун рӯзгори ибратбахши таърихӣ ва манбаи ифтихор арзиш дорад. Арзишҳои маънавие, ки аз солҳои ҷангӣ ба мо ба мерос мондаанд - ҷонфидоӣ, ваҳдат, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба сулҳ - имрӯз низ дар тарбияи насли нав нақши муассир мебозанд. Ин арзишҳо набояд фаромӯш шаванд, балки ба наслҳои оянда чун сабақи таърихӣ интиқол дода шаванд.

Ҷанги Дуюми Ҷаҳон (1941-1945) аз ҷиҳати теъдоди қурбониён, харобии моддӣ ва осебҳои маънавӣ яке аз фоҷиаовартарин воқеаҳои таърихи инсоният мебошад. Дар ин ҷанг беш аз 60 кишвар иштирок намуда, зиёда аз 70 миллион нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар маркази мубориза бар зидди фашизм Иттиҳоди Шӯравӣ қарор дошт, ки Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон низ ҷузъи он ба шумор мерафт.

Мардуми тоҷик дар ин ҷанг бо шуҷоати бемисл ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ширкат варзида, дар сарзаминҳои дур аз Ватан барои озодии инсоният мубориза бурданд. Беш аз 300 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар гардида, беш аз 100 ҳазор нафари онҳо ҷон бохтанд. Ҳазорон нафар бо ордену медалҳо қадрдонӣ шуда, 54 нафар бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гаштанд. Ин далериву ҷасорат, ин фидокориҳо, имрӯз низ ҳамчун намунаи эҳтиром ба Ватан ва ҳимояи озодӣ арзёбӣ мешаванд.

Яке аз хусусиятҳои муҳими ин ҷанги ҷаҳонӣ дар он аст, ки танҳо тавассути иттифоқ ва дӯстии байни халқҳо, якдиливу фидокорӣ метавон хатари бузурги ҷаҳониро бартараф сохт. Рӯзи Ғалаба дар баробари рамзи пирӯзии низомӣ, ҳамзамон рамзи иттиҳоди миллию байналмилалӣ низ нақши калиди дорад.

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки инсоният бо таҳдидҳои нав - аз терроризм то низоъҳои сиёсиву нажодӣ - рӯ ба рӯст, таҷрибаи он солҳо ҳамчун намунаи ваҳдати миллӣ метавонад хидмат намояд. Маҳз ҳамбастагии халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сабаби асосии ғалаба гардид, ки Тоҷикистон низ дар ҳамон солҳои душвор дар паҳлуи дигар халқҳо қарор дошт ва нишон дод, ки хурдии ҷуғрофӣ монеаи бузурги маънавӣ шуда наметавонад.

Ғалаба танҳо як воқеаи низомӣ нест. Он дорои паҳлуҳои амиқи ахлоқиву маънавӣ мебошад. Аз он замон то имрӯз дар хотираи наслҳо на танҳо далелҳои ҷанг, балки фазилатҳои ахлоқӣ мисли сабр, матонат, фидокорӣ ва муҳаббат ба Ватан боқӣ мондаанд.

Маҳз ҳамин паҳлӯи маънавии Ғалаба аст, ки онро ба як рӯзи муқаддас барои миллати мо табдил додааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди аҳамияти Рӯзи Ғалаба чунин таъкид кардаанд: «Мо бояд ҳамеша хотираи неки он нафаронеро, ки барои озодии мо ҷон фидо карданд, гиромӣ дорем. Онҳо барои истиқлолу озодӣ ва саодати наслҳои оянда мубориза бурданд ва ин сабақи таърихии бузургест барои мо ва фарзандони мо».

Ин суханон масъулияти таърихӣ ва маънавии насли имрӯзаро боз ҳам бештар мекунад. Мо на танҳо бояд Рӯзи Ғалабаро ҷашн гирем, балки бояд дарк намоем, ки он дар худ паёми бузурги инсондӯстӣ, ватанпарварӣ ва садоқат ба арзишҳои олӣ дорад.

Ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи Ғалаба бо ифтихор ва эҳтиром таҷлил мегардад. Дар ин рӯз ба пояи муҷассамаҳои қаҳрамонон гулчанбар гузошта шуда, вохӯриҳо бо собиқадорони ҷанг баргузор мешаванд. Дар мактабҳо, донишгоҳҳо ва муассисаҳои фарҳангиву таълимӣ чорабиниҳои тарбиявӣ ва дарсӣ ба муносибати ин рӯз ташкил карда мешаванд.

Ин гуна чорабиниҳо, аз як тараф, арҷгузорӣ ба гузашта ва аз тарафи дигар, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва посдории сулҳу амният мебошанд. Онҳо саҳми муассир дар ташаккули маърифати сиёсӣ ва ахлоқии хонандагону донишҷӯёнро доранд.

Имрӯз вазифаи ҳар як омӯзгор, падару модар ва шахсони масъул аз он иборат аст, ки бо истифода аз сабақҳои таърихии солҳои ҷанг, насли навро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, эҳтиром ба сулҳ, ифтихор аз таърих ва фидокорӣ тарбия намоем.

Таърих бояд дарс бошад, на танҳо ёдбуд. Агар мо натавонем ғалабаро ба дарси ахлоқӣ ва маънавӣ табдил диҳем, пас эҳтимол дорем, ки арзишҳои он тадриҷан фаромӯш шаванд. Мероси маънавии Рӯзи Ғалаба бояд ба системаи таълиму тарбия ворид гардад масалан, тавассути таълимоти таърихӣ, сӯҳбатҳои тарбиявӣ, намоишҳои санъатӣ, чорабиниҳои мактабӣ ва корҳои илмии донишҷӯён ва ҳоказо.

9 май - Рӯзи Ғалаба на танҳо рӯзи хотирмон, балки санаи муқаддаси ахлоқиву таърихист, ки тамоми инсониятро ба ваҳдату сулҳ даъват мекунад. Барои мардуми тоҷик ин рӯз ифтихор аз таърих, шинохти ҳақиқати зиндагӣ ва арҷгузорӣ ба фидокории ниёгон маҳсуб меёбад.

Мо вазифадорем, ки ин рӯзро ҳамчун рамзи ҷоннисорӣ, ваҳдат ва озодии башар гиромӣ дорем. Мероси таърихӣ ва маънавии он бояд дар қалби ҳар як шаҳрванди кишвар чун чароғи роҳнамо фурӯзон бошад.

САФАРЗОДА Ҳамза Сафар,

директори Коллеҷи информатика ва техникаи

компютерии шаҳри Душанбе

2025-05-06 15:04:23

ПЕШГИРИИ МАСЪАЛАИ ҶИНОЯТҲОИ ХУСУСИЯТИ КОРРУПСИОНИДОШТА БАРРАСӢ ГАРДИД

5 майи соли 2025 бо иштироки васеи омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ доир ба масъалаи пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд, аз ҷониби намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷаласа бо иштироки Муқимӣ Нигора - Сардори Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамдамзода Садриддин, Файзиддин Ҳусензода - нозирони калони Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъмурият, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса баргузор гардид.

Нахуст Сардори Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора ба сухан баромада, аз ҷумла зикр кард, ки моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” як қатор мамониатҳоро муайян намудааст, ки дар мавриди мавҷуд будани ин мамониатҳо шахс наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда таъйин ё интихоб гардад.

Инчунин дар бораи ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркардашуда, ки доғи судӣ ҳисоб мегардад, дар бораи доғи судӣ доштан, оид ба ҷиноятҳои вазнин ва оқибати он, ҷинояти қасдан содиршуда маълумот дода, даъват ба амал оварданд, ки ҳар яки мо дар хизмат ба халқу ватани худ, ба касбу кор ва вазифаи худ содиқ бошем, меҳнати ҳалол намоем, ба корҳое, ки оқибаташ пушаймонии руҳиву ҷонӣ меорад, даст назанем. Мо, ки тарбиятгарем, бояд аввал мураббии ақли худ бошем ва фарзандони миллатро дар руҳияи созандагию ободкорӣ, покию поктинатӣ ва меҳнати ҳалол тарбия намоем.

Инчунин қайд гардид, ки тибқи талаботи қонуни мазкур шаҳрвандоне, ки ба кор муроҷиат намуда, қабул мегарданд, бояд ҳатман маълумотномаи надоштани доғи судӣ пешниҳод намоянд. Зеро тибқи талаботи сархати якуми қисми 1 моддаи 22 Қонуни болозикр бармеояд, ки агар шахс доғи судӣ дошта бошад, то мавриди тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бардоштани доғи судиаш наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё ба онҳо баробаркардашуда таъйин ё интихоб гардад.

Пас аз анҷоми ҷаласа бо дарназардошти пешниҳодҳои баррасишуда, қарор қабул карда шуда, ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

2025-05-06 15:01:45

ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД

Рӯзи ғалаба рамзи садоқат, нишонаи ҳисси баланди ватандӯстӣ, шараф, ваҳдат ва рӯҳи устувору шикастнопазири халқҳои сулҳпарвару озодихоҳи олам аст.

Эмомалӣ Раҳмон

9-уми майи соли 1945 дар таърихи зиндагии мардуми Тоҷикистон ва давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ саҳифаи нав оғоз намуд ва онҳо тавонистанд, бар душмани худ пирӯзӣ ба даст оранд. Ин рӯз барои тамоми собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шуравӣ, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ гиромӣ аст.

Имсол аз анҷоми набардҳои шадиду хунин ва фоҷиабори Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ғалаба бар фашизм марҳалаи асосиву ҳалкунандаи он буд, ҳаштод сол сипарӣ мешавад. Ин ҷашни умумимиллиро тамоми мардуми собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва мардуми сулҳхоҳи ҷаҳон, ки саҳми босазои худро дар таъмини Ғалаба бар фашизм гузоштаанд, қадрдонӣ менамоянд.

Ва сокинони Тоҷикистон мисли тамоми мардуми сулҳхоҳи олам солгарди ин санаи таърихиро ботантана ҷашн мегиранд. Иди Ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи тоҷик санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад. Зеро дар он солҳои мудҳиш низоми фашистӣ ба озодиву истиқлолияти аксари давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод карда буд.

Имрӯзҳо пос доштани чунин иди бузург аҳамияти махсуси худро дорад, зеро намояндагони зиёда аз 100 миллату халқият ҳамчун узви як оила муттаҳид гардида, барои ба даст овардани пирӯзӣ ҷоннисориҳо кардаанд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз зиёда аз 72 кишвари дунё иштирок намуданд. Амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави 40 давлати дунё ҷараён гирифта буд. Дар ин муҳорибаҳои шадиду хунин аз кишварҳои иштирокчии ҷанг зиёда аз 110 миллион нафар афсарону сарбозон сафарбар шуда буданд. Ин ҷанги фоҷиабор кишварҳои зиёдеро харобу тороҷ гардонида, тараққиёти онҳоро даҳсолаҳо ба қафо партофт. Дар натиҷа зиёда аз 50 миллион нафар одамон қурбон шуда, миллионҳо одамон машаққати руҳию равониро аз сар гузарониданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он давра аҳолиаш зиёда аз як миллион нафарро ташкил медод, дар ин набардҳои сангину хунин беш аз 300 ҳазор шаҳрвандон сафарбар карда шуда, онҳо бо ҷасорату қавииродагии худ ҷони худро баҳри ҳимояи Ватани бузург нисор намуданд. Родмардоне, ки дар муҳорибаҳои хунин иштирок намуданд, баҳри ҳифзи Ватан ва шарафу номуси мардуми хеш корнамоиҳо нишон додаанд, мояи сарфарозӣ ва ифтихор мебошанд. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 92 ҳазор нафар тоҷикистонӣ, баҳри ҳифзи Ватан ба ҳалокат расидаанд. Барои мардонагӣ, далерию шуҷоат нишон додан 68 нафар иштирокчиёни ҷанг аз Тоҷикистон ба унвони олии «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» сазовор гашта, 21 нафарашон дорандаи ҷоизаи се дараҷаи ордени «Шараф», ҳамагӣ зиёда аз 90 ҳазор нафар бо ифтихорномаҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ ва ордену медалҳо сарфароз гардонида шудаанд. Аз шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон 49973 нафарашон ба баталёнҳои коргарии сохтмонӣ ва ақибгоҳ сафарбар карда шудаанд, ки заҳмати софдилонаи онҳо то имрӯз аз ёдҳо нарафтааст.

Ҷоннисориҳои фарзандони тоҷик дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар корномаи таърихи миллати мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамчун роҳнамои ибратомӯзи насли оянда боқӣ хоҳад монд. Дар байни онҳо ҷасорату шуҷоати бемисли қаҳрамонони Иттиҳоди Шуравӣ: Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Ҳайдар Қосимов, Домулло Азизов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарифов, Раҳимбой Раҳматов, Ӯрунбек Ёқубов, Боқир Давлатов, Саидқул Турдиев, Қудрат Қаюмов ва чандин ҷанговарони далери тоҷик лавҳаи таърихро ҷилло медиҳанд ва хотираи неки онҳо ҷовидона дар шиори Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромуш намешавад” вирди забонҳо гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои табрикотии худ бахшида ба солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизм таъкид карданд, ки: "Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ «зарбаи асосии фашизми гитлерӣ ба муқобили халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ равона гардида буд. Аммо дар ҷавоб урдуи фашистӣ ба қаҳрамониҳои беназир, далериву шуҷоатмандӣ ва муборизаи беамони мардумӣ дучор гардида, дар натиҷа дастгоҳи пурқудрати ҳарбии фашизм шикаст хӯрд, сулҳу оромӣ дар ҷаҳон таъмин гардид ва роҳи халқҳои гуногуни ҷаҳон ба сӯи озодӣ ва зиндагии осудаву созанда кушода шуд".

Умуман, мо ҷоннисориҳои ҷанговаронро дар ҷабҳаҳои набарди мардона ва заҳмати шабонарӯзии калонсолону модарону хоҳаронро дар ақибгоҳ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем. Санаи 8 майи соли 1945 дар шаҳрчаи Карлсхорсти назди Берлин ҳуҷҷати расмии бечунучаро таслим шудани фашистон имзо гардид. Ба ин муносибат 9 май ҳамчун Рӯзи Ғалаба эълон гардид ва то ҳол қариб тамоми мардуми собиқ шуравӣ ин санаи бузурги таърихиро ҳар сол ҷашн мегиранд. Хизмати шоёни он абармардоне, ки солҳои 1941-1945 ватану миллатро ҳимоя намуданд, ҳаргиз аз хотири ин миллати тамуаддунофар фаромӯш намешавад.

Ҳамаи мо чун фарзандони миллати соҳибихтиёр ҳамеша шукронаи неъмати бузурги соҳибватаниро дорем ба Ватан содиқона хизмат мекунем, барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доимо омода ҳастем. Наслҳои имрӯза, яъне наврасону ҷавононро дар руҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ ва худшиносиву худогоҳӣ тарбия намуда, тамоми саъю талоши худро ба хотири ободиву пешрафти сарзамини аҷдодиву давлати соҳибистиқлол, оромиву суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ равона месозем.

Аҳмадшо САИДЗОДА, н.и.п, дотсент, директори Литсейи

касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе

2025-05-06 15:00:33

САҲМИ ТОҶИКОН ДАР ҒАЛАБАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Ҳарчанд Ҷанги Якуми Ҷаҳон соли 1918 ба итмом расида буд, вале вазъи ҷаҳон беҳтар нагардид. Минбаъд на танҳо душмании давлатҳои бузурги капиталистии ҷаҳон бо Иттиҳоди Шӯрвӣ, ки Тоҷикистон низ аъзои он буд, сол то сол боло гирифт, балки зиддияти байни худи давлатҳои бузурги капиталистӣ ҳам дар авҷ буд.

Фашистон соли 1922 дар Италия ва соли 1933 дар Олмон ба ҳокимият соҳиб шуда, ташвиқоти ҷанги нави ҷаҳониро мебурданд. 25 уми ноябри соли 1936 давлатҳои Олмон ва Япония “Иттифоқи зиддикоммунистӣ ро имзо карданд, ки он ба муқобили ҳаракати коммунистии ҷаҳон нигаронида шуда буд ва соли 1937 ба он Италия низ ҳамроҳ гардид.

Ҳукуматдорони ҳамонвақтаи Англия, Франсия ва ИМА мехостанд, ки Олмони фашистӣ ҳар чӣ зудтар ҷангро бо Давлати Шӯравӣ сар кунад, зеро руҳияи бадбинии онҳо нисбат ба Иттиҳоди Шӯравӣ хеле зиёд буд. Бо ҳамин мақсад, сарварони ҳукуматҳои Англия, Франсия ва Италия 29 30 уми сентябри соли 1938 дар шаҳри Мюнхен бо канслери Олмон Гитлер вохӯрда, ба ӯ вилояти Судети давлати Чехословакияро “туҳфа” карданд, ки ин воқеа дар таърих ҳамчун “сӯиқасди Мюнхен” маълум аст.

Аммо 15 – уми марти соли 1939 Гитлер тамоми Чехословакияро забт намуд. Моҳи августи соли 1939 Иттиҳоди Шӯравӣ бо Олмони фашистӣ “Шартнома дар бораи ба муқобили якдигар ҳуҷум накардан” ро имзо карданд.

То якуми сентябри соли 1939 аксарияти давлатҳои Аврупо аллакай ба зери таъсири фашистони Олмон монда буданд. Минбаъд тамоми иқтисодиёт ва иқтидори ҳарбии ин давлатҳо ба манфиати Гитлер ва мақсадҳои забткоронаи ӯ нигаронида шуда буданд. 1 уми сентябри соли 1939 Олмони фашистӣ ба муқобили Лаҳистон (Полша) ҷанг сар кард. Лаҳистон, Англия ва Франсия иттифоқчӣ буданд. Бинобар ин ҳукумати ин давлатҳо 3 юми сентябри он сол ба муқобили Олмони фашистӣ ҷанг эълон карданд. Ҳамин тавр Ҷанги Дуюми Ҷаҳон сар шуд, ки он то 2 –юми сентябри соли 1945, яъне то маҳви иттифоқчии Олмони фашистӣ Япония давом кард. Дар ин ҷанг 72 давлатҳои ҷаҳон иштирок намуданд, ки дар сафи қувваҳои мусаллаҳашон 110 млн нафар сарбозон сафарбар карда шуда буданд. Амалиётҳои ҷангӣ бошад, дар ҳудуди 40 давлатҳои ҷаҳон мегузашт.

Масъалаи сарҳадии байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва давлати Финландия яке аз масъалҳои душвортарин ба ҳисоб мерафт Иттиҳоди Шӯравӣ аз давлати Финландия талаб мекард, ки хати сарҳади худро аз шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт – Петербург) ба дохили давлаташ дуртар барад, аммо давлати Финландия ба ин розӣ набуд. Ниҳоят, 30 уми ноябри соли 1939 баҳси сарҳадии байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Финландия ба ҷанги байни онҳо оварда расонид. Дар ҳамин ҷанг фарзанди халқи тоҷик Неъмат Қарабоев шуҷоат нишон дода, на танҳо аз фиристодагони Тоҷикистон, балки аз тамоми Ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна аввалин шуда, ба гирифтани унвони баланд Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардид.

Оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Саҳарии 22 юми июни соли 1941 Олмони фашистӣ, бе эълони ҷанг, аҳдшиканона ба ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кард. Худи ҳамон рӯз иттифоқчиёни он, давлатҳои Италия, Финландия ва Руминия ҳам ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанг эълон карданд. Якбора ба муқобили Иттиҳоди Шӯравӣ қувваи хело бузурги душман 190 дивизияи иборат аз 5,5 млн нафар аскар ва афсарон, 3,7 ҳазор адад танк, қариб 5 ҳазор адад самалётҳои ҷангӣ, зиёда аз 47 ҳазор адад тӯп ва минамиётҳо нигаронида шуда буданд. Душман, аз баҳри Сиёҳ то баҳри Балтик якбора ба ҳуҷум гузшт. Яъне Олмони фашистӣ на танҳо иқтидори ҳарбии худ ва иттифоқчиёнаш, ҳатто қувваи давлатҳои забтнамудаашро низ ба муқобили Иттиҳоди Шӯравӣ равона кард.

Аммо Иттиҳоди Шӯравӣ барои якбора баргардонидани чунин қувваи бузурги душман ҳанӯз пурра омода набуд. Новобаста ба ҳамаи ин, дар ҳамон лаҳзаи хело мураккаб мустаҳкамии иттифоқи байни халқҳои Шӯравӣ исбот гардид, зеро ҳамаи онҳо ҳуҷуми душманро ба хона ватани худ ҳисобида, якбора барои мудофиаи он бархестанд. Аз ҳамин сабаб ҳам ин ҷанг аз тарафи мардуми Шӯравӣ Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади ҳимояи Ватан 30 уми июни соли 1941 бо саварии И.В. Сталин Кумитаи Давлатии Мудофиа ташкил карда шуд. Ба ихтиёри он тамоми ҳокимияти ҳарбӣ, сиёсӣ ва хоҷагии мамлакат гузашт. Минбаъд ташкилоту идораҳои тамоми давлатҳои аъзои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ, аз рӯйи супориши ҳамин кумита фаъолият мекарданд.

Дар асоси қарори Кумитаи Давлатии Мудофиа аз 17 уми сентябри соли 1941 шаҳрвандони аз синни 16 то 50 сола ба ҷанг даъват шуданд. Тоҷикистон дар солҳои ҷанг зиёда аз 253957 нафар фарзандони худро ба фронтҳои ҷангӣ фиристод, ки аз ин шумора 90579 нафарашон аз майдонҳои ҷангӣ ба Ватан барнагаштанд.

Аз фиристодагони Тоҷикистон 58 ҳазор нафарашон дар амалиётҳои ҷангӣ мардонагию шуҷоати зиёд нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардиданд. 54 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони аз ҳама баланди ҷангӣ Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор шуданд. Инчунин, боз 19 нафар аз фиристодагони Тоҷикистон бо се дараҷаи ордени Шараф сазовор шудаанд, ки онҳо ҳам дар қатори Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ мебошанд. Масалан, корнамоиҳои Акбар Маҳмудов, Аҳмад Турдиалиев, Ҳодӣ Кенҷаев, Исмоил Ҳамзаалиев, Саидқул Турдиев, Домулло Азизов, Тӯхтасин Мирзоев, Бакир Давлатов, Фатҳулло Аҳмадов, Исмат Шарипов, Сафар Амиршоев, Амиралӣ Саидбеков, Раҳимбой Раҳматов, Абдуназар Фармонқулов ва дигарон беҳтарин намунаи шуҷоату матонати тоҷикистониён ба ҳисоб меравад.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷавонписарони тоҷикистонӣ дар тамоми амалиётҳои ҷангӣ, аз мудофиаи қаҳрамононаи қалъаи Брест сар карда, то забти пойтахти фашистони Олмон – шаҳри Берлин иштирок намудаанд.

Қобили ёдоварист, ки дар қатори мардон, занҳо низ дар фронтҳои ҷангӣ шуҷоату далерӣ нишон доданд, ки ба ин лётчик духтари тоҷик Ойгул Муҳаммадҷонова, афсарони хизмати тиббӣ, Шаҳрӣ Ҳайдарова ва С.М. Ниёзова мисол шуда метавонанд. Масалан, лётчик духтари тоҷик Ойгул Муҳаммадҷонова ба муқобили душман 93 парвози ҷангӣ анҷом дода, ба ордени Ленин мукофотонида шудааст.

Баъди он ки қӯшунҳои фашистӣ аз хоки мамлакати Шӯравӣ бароварда шуданд (аз моҳи марти соли 1944) руҳбаландии аскарони сурх дар маҳв намудани фашистони Олмон ҳадду канор надошт. Муҳорибаи шаҳри Берлин пойтахти Омони фашистӣ бошад, ки аз 16 уми апрел то 2 юми майи соли 1945 давом кард, бузургтарин муҳорибаи охири на танҳо Ҷанги Бузурги Ватанӣ, балки умуман Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ба ҳисоб меравад. 30 уми апрели соли 1945 қӯшунҳои Шӯравӣ Рейхстаги Берлинро гирифтанд. 2 юми май шаҳри Берлин, махсусан ба ҳуҷуми қӯшунҳои Шӯравӣ тоб наоварда, таслим шуд. 8 уми майи ҳамон сол дар шаҳрчаи Карлсхорсти назди Берлин ҳуҷҷати расмии бечунучаро таслим шудани фашистони Олмон имзо гардид. Ба ин муносибат 9 уми май Рӯзи ғалаба эълон гардид ва то ҳол қариб тамоми мардуми собиқ Шӯравӣ ин санаи бузурги таърихиро ҳар сол ҷашн мегиранд.

Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам қисми таркибии онро ташкил менамояд, боиси харобӣ ва қурбониҳои зиёд гардид. Дар ҷанг 50 55 млн нафар одамони ҷаҳон талаф ёфтанд. Аз ин миқдор 27 млн нафарашон дар фронтҳои ҷангӣ ҳалок шуда, боқимонда мардуми осоишта буданд. Талафоти танҳо халқҳои Шӯравӣ зиёда аз 20 30 млн нафарро ташкил медод. Дар ҳудуди 40 давлатҳое, ки амалиётҳои ҷангӣ мегузашт, махсусан дар сарзамини Иттиҳоди Шӯравӣ харобии ҷанг ҳадду канор надошт. Ободие, ки маҳсули меҳнати даҳсолаҳои инсоният буд, ин ҷанг ба хок яксон намуд. Бинобар ҳамин ин ҷангро дар таърихи инсоният харобиовартарин ҷанг ҳисоб мекунанд.

Номи фиристодагони Тоҷикистон бо шуҷоату матонати бемисли худ дар набардҳои ҷангӣ, ки синаи худро дар муқобили тири душман сипар карданд, дар саҳифаҳои дурахшони таърихи башарият бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст, ки боиси ифтихори насли ояндасози Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Мардуми шарифи Тоҷикистон чун узви Иттиҳоди Шӯравӣ дар баробари дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ чӣ дар фронтҳои ҷангӣ ва чӣ дар ақибгоҳ саҳми бағоят бузурги худро гузоштанд.

Насли ояндасози моро зарур аст, аз шуҷоату матонат ва корнамоии тоҷикистониён дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дарси ибрат омӯзанд ва дар ҳифзи якпорчагии марзу буми аҷдодӣ ҳушёру зирак бошанд. Зеро хатарҳои ҷаҳони муосир ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо моро аз ҳарвақта дида бештар водор месозанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ бошем, то ин ки хатаре ба давлати соҳибистиқололи мо ва ба ваҳдату сарҷамъии миллати соҳибтамаддуни мо таҳдид нукнад.

Аминов Б. У., мудири кафедраи фанҳои гуманитарии

Коллеҷи тиббии Ҷуҳуриявӣ

2025-05-05 21:38:25

БАРДОШТ АЗ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАЙНИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

Тавре ба ҳамагон маълум аст, рӯзҳои 17-18 апрели соли равон бо ибтикори Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои таълимии забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ ва таърихи халқи тоҷик дар соли таҳсили 2024 - 2025 баргузор гардид.

Баргузории олимпиада аз фанҳои таълимии мазкур дар шароити имрӯз муҳим буда, ҳавасмандии донишҷӯёнро барои омӯзиши фанҳои таълимии таърихи халқи тоҷик, забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ бештар гардонд. Зеро тавре ки Пешвои миллат таъкид менамоянд, “Ифтихор аз гузаштаи таърихии халқу миллати худ вақте баҷову шоиста аст, ки онро донӣ, дарк кунӣ ва аз бурду бохташ огоҳ шавӣ.

Вагарна ифтихорат пучу бепоя аст ва ба ҷуз саргарангию гумроҳӣ ҳосиле нахоҳад дошт”. Дар воқеъ, иштироки донишҷӯён дар олимпиада аз фанниТаърихи халқи тоҷикшаҳодат дод, ки донишҷӯёни мо таърихи гузаштаи хешро ба таври амиқ медонанду дар бораи он он боифтихор суҳбат мекунанд.

Боиси ифтихор аст, ки дар даври якуми олимпиада дар муассисаҳои 5500 нафар донишҷӯ иштирок намуда, 320 нафар ғолибони ҷойи якум аз муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.

Воқеан, дар замони имрӯз бо рушди бемайлони техникаву технологияи нав раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо вусъат ёфта, омезиши фарҳангҳоро ба вуҷуд овардааст. Аз ин рӯ, он миллатҳое, ки дар сатҳи пасти тафаккур ва маънавиёт қарор доранд, хоҳу нохоҳ гирифтори бегонапарастӣ гашта, аслу насаби хешро фаромӯш месозанд ва бад ин васила, аз саҳнаи пурталотуми таърих берун мегарданд. Бинобар ин, рӯй овардан ба омӯзиши таърих, ки пайвасткунандаи дирӯзу имрӯзу фардои миллат аст ва воқиф гаштан аз корномаи ниёгони худ ҳалқаи занҷираро бо ҳам пайваст намуда, мавҷудияти миллатро нигоҳ медорад. Беҳуда нест, ки бузурге гуфтааст: “Миллат ва халқе, ки таърихи худро намеомӯзад, аз он сабақ намегирад, парандаи нобиноеро мемонад, ки аз ошёнаи худ парвоз кардааст. Касе гуфта наметавонад, ки фурудгоҳи ӯ куҷост: болои об, шӯълаи оташ ва ё дарахти сарсабз…”.

Сарвари давлат омили рӯй овардани хешро ба таърих дар он медонанд, ки ҳамчун насли воқеии имрӯзаи ин миллат: “…мо бояд ба ояндагон зарурати донистани гузаштаи худро талқин намоем ва онҳоро аз саҳифаҳои дурахшони миллатамон, ки сабақи бузурги худогоҳӣ мебошанд, огоҳ созем ва дар қалбашон меҳру муҳаббат, садоқату вафодориро бедор намуда, ба онҳо аз ин таърихи пуршараф ифтихор карданро ёд диҳем, зеро эътиқод ва эътимод доштан ба таърих, фарҳанг ва адабиёт такягоҳи устувори миллат ба шумор меравад”. Аз ин рӯ, интихоби фанни таълимии мазкур дар олимпиада ва санҷиши дониши донишҷӯён бо саволҳои тестӣ аз рӯи он тадбири муҳим буд, ки амалӣ гашт.

Фанни дигари таълимие, ки дар олимпиада аз рӯи он санҷиш сурат гирифт, “Забон ва адабиёти тоҷикаст, ки донишҷӯён роҷеъ ба мавзӯъҳои мухталиф иншо навиштанд. Интихоби иншо ба сифати меъёри санҷиши дониш яке аз авлавиятҳои олимпиада буд, зеро маҳз иншонависӣ маҳорати эҷодкориро дар ниҳоди донишҷӯён ташаккул дода, боиси рушди забони модарӣ ва инкишофи нутқи онҳо мегардад.

Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, ки забон дар ҳамаи давру замонҳо ба инкишоф ниёз дорад. Забони модарии мо, ки аз замони устод Рӯдакӣ ҳамчун забони давлатдорию илму шеър оғоз гардидааст, имрӯз дорои хазинаи ғанӣ буда, бо захираҳои мавҷудаи он метавонанд ҳазорон асарҳо офарид. Инчунин, забон воситаи муомилаву муоширати байни одамон ва ибрози фикру андеша аст. Донистани забон ба кас имконият медиҳад, ки фикрашро озодона баён карда, роҷеъ ба мавзуъҳои гуногун эодкорӣ намояд.

Дар баробари донистани забони модарӣ, имрӯз омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ барои донишҷӯён шарти муҳимтарин аст. Аз ин рӯ, дар олимпиада аз забонҳои русӣв а англисӣ дар шакли диктант, нақли хаттӣ ва тарҷумаи матн санҷишҳо мавҷуд буданд.

Бояд гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҳар як шаҳрванди кишварро вазифадор намуданд, ки забон омӯзад ва ҳамқадами замон бошад. Зеро дар шароити имрӯз инсон ҳамон вақт ҳамқадами замон шуда метавонад, ки аз фарҳангу маданияти худ ва дигарон огоҳ бошад.

Дар ин баробар ташкили хатсайри сайёҳӣ ба мавзехҳои ҷолиби ноҳияи Данғара ва Осорхонаи Пешвои миллат яке аз лаҳзаҳои хотирмони олимпиадаи мазкур буд. Тавре ки дар ин хатсайри сайёҳӣ иттилоъ доданд, дар ноҳия мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ бо шарофати Истиқлоли давлатӣ аз нав барқарор карда шуданд, аз ҷумла мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, ки ифодагари таърихи қадимӣ будани ноҳия мебошад, аз қабили Мақбараи Хоҷа Шақиқи Балхӣ, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Қалъаи Золи Зар, Гавҳорасангҳо, Мавзеъи Чанорҳои Ҳазорсола, Расадхонаи Санглох, ъ Осорхонаи Пешвои миллат ва ғайраҳо, ки таҷассумгари санъати меъморӣ ва арзишҳои бойи таърихро дар худ инъикос менамоянд.

Дар маҷмӯъ, ташкили озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ дар шаҳру ноҳия ва минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ агар аз як ҷиҳат боиси таҳкими дӯстии донишҷӯёни кишвар гардад, аз дигар паҳлӯ, ба рушди сайёҳии дохилӣ замина мегузорад, зеро аксарияти донишҷӯён маҳз бо шарофати чунин сабқатҳо ба мавзеъҳои гуногуни кишвар сафар карда, бо таърих, имкониятҳои сайёҳӣ ва инфросохтори мавҷудааш шинос мешавад. Аз ин рӯ, пешниҳод дорем, ки дар оянда чунин озмуну олимпиадаҳо зиёд шуда, дигар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, тобеи марказ ва Вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон аз рӯи фанҳҳои таълимӣ баргузор карда шаванд.

Акмал Оқилзода, директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд

2025-05-05 17:41:32

РУШДИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Соҳаи энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бахшҳои муҳими стратегии иқтисодиёт ва заминаи асосии рушди устувори кишвар ба ҳисоб меравад. Дар доираи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Ҳукумати кишвар рушди ин соҳа дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.

Яке аз иқдомҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин сохтмони нерӯгоҳи бузурги обии “Роғун” мебошад. Ин нерӯгоҳ бо иқтидори умумии 3600 МВт тавоноии содироти миллионҳо кВт/соат нерӯи барқро дар сол дорад. Ҳукумати кишвар бо истифода аз тамоми захираҳои дохилӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ сохтмони иншооти мазкурро дар солҳои охир бо суръати баланд ба роҳ мондааст.

Ба истифода супоридани ду агрегати аввали он далели муҳим дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ду нерӯгоҳи бузурги дигар - Сангтӯда -1ва Сангтӯда 2 ро ба истифода додааст, ки нақши муҳимро дар таъминоти барқӣ иҷро мекунанд.

Бо назардошти аҳамияти ҳифзи муҳити зист ва талаботи ҷаҳонӣ ба энергетикаи сабз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, таваҷҷуҳи зиёд ба рушди энергетикаи барқароршаванда (офтобӣ, бодӣ, биомасса) дода истодааст. Дар минтақаҳои дурдасту кӯҳистони кишвар, ки пайвастшавӣ ба шабакаи умумии барқ душвор аст, истифодаи панелҳои офтобӣ ва дигар таҷҳизоти инноватсионӣ ҷорӣ гардидааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, дар самти иҷрои барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Барномаи рушди соҳаи энергетика то соли 2030 нақши фаъол мебозад. Дар доираи ин барномаҳо, тадбирҳои ҷиддӣ ҷиҳати беҳсозии шабакаҳои интиқол ва тақсими нерӯ, инчунин, истифодаи технологияи муосир амалӣ шуда истодааст.

Дар сатҳи байналмилалӣ Ҳукумат дар ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷаҳонӣ, аз қабили Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёи Рушд ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд низ фаъолона иштирок мекунад. Лоиҳаи CASA 1000, ки интиқоли нерӯи барқи изофии Тоҷикистону Қирғизистонро ба Афғонистон ва Покистон пешбинӣ мекунад, намунаи муваффақи ҳамкории минтақавӣ ва эътимоди байналмилалӣ ба сиёсати энергетикаи Тоҷикистон мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари пешбурди лоиҳаҳои ҷорӣ, ба самтҳои зерин низ аҳмияти бештар медиҳад: Ташаккули бозори рақобатпазири энергетикӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи энергия, ҷори намудани шабакаҳои интеллектуалӣ (smart grid ), паҳн намудани технологияҳои тоза ва каммасраф.

Мақсади асосии давлат дар соҳаи энергетика таъмини боэътимод ва сифатноки эҳтиёҷи рӯзафзуни аҳолии ҷумҳурӣ бо захираҳо ва маҳсулоти энергетикӣ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои истифодабарандагони энергетика ва кафолати амнияти энергетикии мамлакат мебошад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуданд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти мамлакат бе истиқлолияти энергетикӣ ғайриимкон аст. Барои рушди энергетика кӯшишҳои зиёд ва назаррас анҷом дода шуданд. Новобаста аз корҳои анҷомдода, мутаассифона, сатҳи талафоти неруи барқ дар мамлакат нигаронкунанда мебошад.

Дар баъзе ҳолатҳо шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи неруи барқ нишондоди таҷҳизоти ҳисоби барқиро тағйир медиҳанд ё бе пайвасткунӣ ба чунин таҷҳизот барқро истифода мебаранд.

Бо мақсади бартарафсозии ҳама гуна дахолатҳои беасос ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва вайронкуниҳои қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ 15 апрели соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд. Тибқи тағйир ба моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ»-ро дар бар мегирад, барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилоти таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, нисбат ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» як нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои соли 2025 75 сомонӣ муқаррар гардидааст, ки муҷозоти ҷаримавӣ аз рўи ин нишондод ҳисоб карда мешаванд. Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ дар моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла:

— ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 1500 то 2250 сомонӣ;

— ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 2250 то 3750 сомонӣ;

— ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 15 000 то 22 500 сомонӣ.

Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ба ғайр аз ҷавобгарии маъмурӣ инчунин ҷавобгарии ҷиноятӣ низ пешбинӣ гардидааст.

Мақсади ворид намудани иловаи моддаи 2531 Кодекси ҷиноятӣ ин пешгирии вайрон кардани қоида ва меъёрҳои қувваи барқ мебошад ва ҳангоми содир гардидани чунин ҷиноятҳо ба давлат ва ба мардум зарар расонида мешавад, чунки ҳангоми суиистифодаи нодурусти барқ, истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ баъзе минтақаҳо дар фасли сармо бе барқ мемонанд.

Дар ин ҷо принсипи инсондӯстӣ ба инобат гирифта шудааст, яъне қонунгузор пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ ба гунаҳгор имконият медиҳад, ки ислоҳ шавад ва танҳо агар гунаҳгор ислоҳ нагардад ва давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ боз чунин кирдорро содир кунад, мавриди таъқиби ҷиноятӣ қарор мегирад.

Ҳар истифодабарандаи қувваи барқ уҳдадор аст, ки таҷҳизоти ҳисоби барқиро бо тартиби муқарраргардида насб намуда, сипас ба истифодаи қувваи барқ шуруъ намояд. Аз ин рӯ, асбобҳои андозагирии барқӣ бояд аз стандарти давлатӣ ва назорати техникӣ гузаронида шуда, бо гузоштани пломбаҳои муқарраршуда ва ҳуҷҷати дахлдор тасдиқ карда шаванд. Истифодабарандагон ҳуқуқи худсарона ва бе риояи тартиби муқарраршуда кандани плобаҳои асбобҳои андозагирии барқиро надоранд.

Дар маҷмуъ, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи энергетика бисёр назаррас буда, он ба таъмини амнияти энергетикӣ, рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад. Таъмини истиқлолияти энегетикӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилаӣ ҳамаи инҳо гувоҳи онанд, ки энергетика ҳамчун омили калидии рушди кишвар дар маркази сиёсати давлатӣ қарор дорад. Бо чунин иқдомҳо Тоҷикистон метавонад дар оянда ба як кишвари содироткунанди муҳими нерӯи барқ табдил ёбад.

Турахон Шарифов, устои таълими истеҳсолии Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе

2025-05-05 17:39:17

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РАИСОНИ НОҲИЯҲОИ РАШТУ ТОҶИКОБОД

Субҳи 5 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод Зарина Идизода ва Қадриддин Фақерзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбат гузориши раисони ҳарду ноҳия, пеш аз ҳама, доир ба рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, барқарорсозии хонаву иншооти зарардида ва сохтмони манзилҳои нави зист барои оилаҳое, ки хонаҳояшон комилан вайрон шудааст, шунида шуд.

Зикр гардид, ки корҳо, тибқи супоришҳои Пешвои миллат, дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла бартарафсозии оқибатҳои заминҷунбии шадиди 13 апрел рухдода, барқарорсозии хонаҳои мардум ва биною иншооти дигари зарардида ва ҳам сохтмони хонаву муассисаҳои нав муташаккилона идома дорад.

Раисони ҳарду ноҳия бо арзи сипос ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар пайи расидани кумакҳои саривақтӣ, аз қабили хӯрокворӣ, доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ, хаймаҳои зист, маводи сохтмонӣ ва техникаю таҷҳизоти зарурӣ ва бо ҷалби қувваи кофии корӣ аз ҳисоби наҷотдиҳандагон ва хизматчиёни ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохторҳои низомӣ бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ хуб идома дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки корҳо бо сифати хуб ва суръати баланд ба роҳ монда шаванд ва кӯшиш ба харҷ бояд дод, ки ҳарчи зудтар шароити зисти мардуми зарардида муҳайё гардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба ҷараёни корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла киштукори баҳорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, доир ба муташаккилона, саривақт ва босифат ба роҳ мондани корҳо ва истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб замини корам дастуру тавсияҳо доданд. Таъкид гардид, ки ба кишти картошка, ки нони дуюм номида мешавад, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, то ки аз он ҳосили фаровон рӯёнда шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масоил ҳамчунин бо роҳбарони чанде аз вазорату идораҳои дахлдор суҳбати телефонӣ анҷом дода, ба онҳо низ барои суръат бахшидан ба корҳои зарурӣ супоришҳои мушаххас доданд.

2025-05-05 17:36:19

ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандониу омӯзгорони Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ сарнозирони Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони адлия Сайфиддинзода Нуриддин Сайфиддин, майори адлия Шамсиддинзода Насим Шамсиддин, директори Коллеҷ Хоҷазода Давронҷон Қурбоналӣ ва кормандону омӯзгорони муассисаи мазкур иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ директори муассиса Давронҷон Хоҷазода суханронӣ карда, қайд намуд, ки коррупсия дар шароити муосир аз як мушкили дохилӣ ба масъалаи байналмилалӣ мубаддал гардида, ин зуҳуроти номатлуб дар ҷараёни таҳқиқ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дошта, ҳамзамон бо ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада ва зуҳур намудааст.

«Набояд фаромӯш кард, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад», - гуфт номбурда.

Дар идомаи вохӯрӣ намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони адлия Сайфиддинзода Нуриддин баромад карда, қайд намуд, ки раванди ташаккули мафҳуми имрӯзаи коррупсия ҳазорсолаҳоро дарбар гирифта, то ҳол ҳамчун хатари ҷиддӣ ва яке аз муаммоҳои печидаи замони муосир боқӣ мондааст.

«Яке аз таърифҳои бештар истифодашавандаи коррупсияро Конгресси нуҳуми Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намудааст: «Коррупсия - сӯистеъмол аз ваколатҳои хизматӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ мебошад»», - гуфт номбурда.

Инчунин, қайд гардид, ки муқовимат ба коррупсия ба яке аз самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатҳо дар ҷаҳони муосир табдил ёфтааст, зеро кишваре нест, ки бо ин мушкил рӯ ба рӯ нашуда бошад ва алайҳи он муборизаи сартосарӣ набарад.

Дар рафти вохӯрӣ таъкид гардид, ки Агентӣ дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, инчунин ҳимояи ҷомеа ва давлат аз коррупсия, ошкорсозӣ ва бартарафсозии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, густариши чораҳои пешгирикунанда ва ҳамкорӣ бо қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин тақвияти ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои муҳимро таҳия ва татбиқ менамояд, ки имрӯз низ бо иқдомоти нав идома меёбанд.

2025-05-05 17:22:19

САҲМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҒАЛАБАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Рӯзи Ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи Тоҷикистон санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад. Ин рӯзро ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ - Рӯзи ғалаба бар фашизм медонанд ва ин санаро ҳамасола тантанавор ҷашн мегиранд.

Мо, имрӯз ба ёди онҳое, ки барои пирӯзии некӣ бар бадӣ ва хушбахтиву оромии аҳли башар ҷони худро нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меорем. Дар таърихи башарият санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва ҷойгоҳи онҳо дар сарнавишти инсоният боз ҳам бештар аён мегардад.

Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар радифи чунин санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихӣ мақоми махсус дорад. Зеро дар он солҳои мудҳиш низоми фашистӣ ба озодиву истиқлолияти аксари давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод карда буд. Маҳз дар натиҷаи муборизаи муштараку қотеонаи халқҳои гуногуни олам оташи он ҷанги даҳшатнок хомӯш, озодии мардуми сайёра таъмин ва вабои фоҷиабори фашизм бартараф карда шуд. Ин пирӯзӣ натиҷаи дӯстиву муборизаи якҷояи халқҳо бар зидди хатари мудҳиш - фашизми гитлерӣ ва намунаи олии фидокории фарзандони миллатҳои гуногун барои таъмин намудани сулҳу озодӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки пирӯзӣ бар фашизм ба ивази ҷони даҳҳо миллион нафар сарбозону афсарон, аз ҷумла фарзандони Тоҷикистон, аҳолии осоиштаи дар минтақаҳои таҳти амалиёти ҷангӣ ва ақибгоҳ қарордошта, маъюб шудани миллионҳо нафари дигар ва гуруснагиву маҳрумиятҳои гӯшношунид ба даст омадааст.

Яъне таърихи башар ҷангеро, ки боиси чунин қурбонии зиёди ҷонӣ ва хисороти аз ҳисоб беруни моддиву маънавии сайёраи Замин шуда бошад, ёд надорад. Дар он солҳо беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвари мо ба ҷанг сафарбар гардида, дар майдони муҳориба зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд.

Бале, тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои дур бо меҳру садоқат ба Ватан, меҳанпарастӣ ва ҳуввияти баланди миллии хеш машҳури ҷаҳон буданд. Таърих гувоҳ аст, ки фарзанди тоҷик ҳамеша ҳимояи марзу буми хешро ба ивази ҷони хеш ҳам бошад, адо кардааст. Дар тули таърих фарзонафарзандони диловари тоҷик аз қабили Спитамен, Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ ва дигарон ҷони худро ба кафи даст гирифта, мардовор ҷон супурданро аз таслими душман шудан беҳтар донистанд. Мардонагӣ ва садоқати аҷдодони мо дар набзи ашъори безаволашон низ хеле хуб ба мушоҳида мерасад:

Зи баҳри бару буму фарзарди хеш,

Зану кудаки хешу пайванди хеш.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем.

Чунин арҷгузорӣ нисбат ба сарзамини хеш то имрӯз ҳамеша побарҷо буд ва то ҳол идома дорад. Инро ниёгони мо солҳои 1941-1945 бори дигар исбот намуданд. Зеро бовуҷуди он ки ҷанг фарсангҳо аз Тоҷикистон дур буд ҷавонмардони ин сарзамин бо ғурури баланди миллӣ довталабона ба ҷанг рафта, дар майдони мубориза алайҳи фашизм бо корнамоиҳои беназири худ бори дигар ба ҷаҳониён насли Рустами Достон буданашонро нишон доданд. Нақши тоҷикон дар ин ҷанг хеле назаррас мебошад. Боиси ифтихор аст, ки барои ҷасорат ва шуҷоат дар набардҳо дар мубориза бо фашизм 56 ҳазор нафар тоҷикистониён бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз шуда, 54 нафар ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ноил ва 15 нафар ба дараҷаи ордени Шараф комёб шудаанд.

Воқеан боиси ифтихори мост, ки Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози ҷанг дар баробарӣ фиристодани зиёда аз 300 ҳазор сарбозони далеру шуҷоъ ба фронт, инчунин бо таъмин намудани артиши Шӯравӣ ба либосу хӯрока барои пирӯз омадан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақши ногусастание гузоштааст. Ногуфта намонад, ки ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ на танҳо ба ҷумҳуриҳои иттиҳод балки барои тамоми сокинони сайёра бисёр судманд ба ҳисоб меравад. Зеро дар он замоне, ки фашизм дар ҳоли пешрафт буд тамоми миллатҳои сайёраро хатари аз даст додани истиқлолияти сиёсӣ таҳдид мекард. Яъне Иттиҳоди Шӯравӣ бо ғалаба бар фашизм на танҳо марзу буми худро аз душман ҳифз намуд, балки дигар сокинони сайёраро низ аз гирифторӣ ба гирдоби фашизм эмин нигоҳ дошт.

Хушбахтона дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробон пирони рӯзгордида ва иштирокчиёни ҷангу меҳнат низ таҳти меҳрубонӣ ва нигоҳубини арзанда қарор доранд. Сарвари давлат ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд доранд ва дар бисёр баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки таъмини онҳо бо шароити мусоиди зиндагӣ вазифаи ҷонии ҳар як роҳбар, шахсони фаъол, соҳибкорон ва афроди ҳимматбаланд мебошад. Имрӯз мо бо таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ғалаба ба инсоният нишон медиҳем, ки мо танҳо бо муттаҳидӣ ва дӯстӣ метавонем сайёраро аз ҳар гуна даҳшату хунрезӣ ва қувваҳои ифротӣ эмин нигоҳ дорем.

Ҷашн гирифтани Рӯзи ғалаба махсусан барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, садоқад ба давлату миллати хеш ва далериву ҷавонмардӣ, бузург кардани насли ҷавону наврас нақши бузург дорад. Инчунин, пос доштани номи онҳое, ки ба хотири рӯзгори орому осудаи мо ҷонбозӣ намудаанд, қарзи виҷдонии ҳар яки мост. Вобаста ба ҳамин масъала сарвари давлат чунин изҳори ақида намудаанд: "9 май рӯзи шодиву нишот ва санаи ёдбуди онҳоест, ки барои озодии халқҳо ҷони худро нисор кардаанд. Ҷашн гирифтани Рӯзи ғалаба ва эҳтиром гузоштан ба фарзандони содиқи халқи тоҷик вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда буда, омили муҳимтарини тарбияи насли ҷавони мамлакат дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҷасорату далерӣ мебошад". Яъне истиқболи арзандаи Рӯзи ғалаба-рӯзи пирӯзии сулҳу дӯстӣ, оромиву нишот ва инсоният бар ҷангу душманӣ, ваҳшату хунрезӣ ва кибру хусумат аз ҳар лиҳоз хеле муҳим мебошад.

Сокинони Тоҷикистон хотираи онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштаанд, яъне ҷони худро ба хотири озодӣ аз истеъмори фашистӣ қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намекунанд ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоранд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баробари родмардони тоҷик, ҳамчунин занону куҳансолон ва наврасони кишварамон дар ақибгоҳ шабонарӯзӣ заҳмат кашида, дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ кумак мерасониданд ва саҳми шоистаи худро барои наздик овардани ғалаба мегузоштанд.

Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корномаву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари соҳибихтиёри тоҷикон, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки бо гузашти солҳо, хусусан дар шароити торафт авҷ гирифтани нооромиву бесуботӣ дар кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни сайёра аҳамияту арзиши ин санаи таърихӣ дар байни мардуми олам меафзояд.

Рӯзи ғалаба на танҳо ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони калонсол, балки барои наслҳои наврас ва ҷавони имрӯза низ гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад.

Мардуми Тоҷикистон ҳар сол дар рӯзҳои таҷлили ҷашни ғалаба афсарону сарбозони дар майдонҳои набард ҳалокшудаи халқамонро ёдоварӣ намуда, номи неки ҷавонмардони бошарафи худро гиромӣ медоранд.

Мо бо ифтихору эътимод иброз медорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол давомдиҳандагони анъанаҳои неки наслҳои калонсоли халқамон буда, бо истифода аз сабақу корномаҳои гузаштагони некноми хеш барои ҳимояи марзу буми кишвар ва таъмини зиндагии орому осоиштаи сокинон чун сипари боэътимоди мамлакат ҳамеша дар ҳоли омодабош қарор доранд.

Хусусан, дар охири асри бистум ва ибтидои садсолаи бисту якум таҳдиду хатарҳои нав, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он, инчунин паҳншавии ҳар гуна бемориҳои хатарноки сироятӣ амнияти давлатҳо ва халқҳоро халалдор намуда, мардуми сайёра, аз ҷумла сокинони кишвари моро ба ташвишу нигаронии ҷиддӣ дучор сохтаанд.

Дар чунин шароит сабақҳои талхи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта ҳар яки моро ҳушдор медиҳад, ки барои ҳифзи сулҳи пойдор, суботу оромӣ ва зиндагии осудаи шаҳрвандони мамлакат ҳамеша ҳушёру омода бошем.

Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд.

Исматов Ҷавонмеҳр,омӯзгори Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент

 

2025-05-03 13:38:08

ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН БА ҶОЙИ КОР ДАР КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Бо мақсади амалигардонии “Тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №262 тасдиқ шудааст ва иҷрои фармоиши Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2025, №88 “Дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли 2025” дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе вобаста ба тақсимоти асосии хатмкунандагоне, ки муассисаро аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли 2025 хатм менамоянд, вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур Дилшод Давлатшоҳзода, сармутахассис ва Латиф Абдураҳмонзода, мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои махсуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наҷибулло Рабизода, директори муассиса, Матлуба Исматова, ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявии Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе ва Ф. Назруллоева, мудири шуъбаи кадрҳо ва бойгонии Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Ҷаласаро директори муассиса оғоз бахшида, қайд намуд, ки вобаста ба ин масъала фармоиши директори муассиса аз 10 апрели соли 2025, 34-ИТ ба тасвиб расида, комиссияи дохиликоллеҷӣ оид ба тақсимоти пешакии хатмкунандагоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ муассисаро дар соли 2025 хатм менамоянд, дар ҳайати 11 нафар таъсис дода шуда, шахсони масъул вазифадор гардиданд, ки то баргузории тақсимоти асосӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳуҷҷатгузориро дуруст ба роҳ монанд.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки санаи 16 апрели соли 2025 тақсимоти пешакии хатмкунандагони муассиса доир гардида, муҳтаво ва талаботи “Тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №262 тасдиқ шудааст, “Тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр кардани мутахассисон харҷ шудаанд”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2022, №563 тасдиқ шудааст, ба хатмкунандагон фаҳмонида дода шуда, бо ҳуқуқ, уҳдадорӣ, оқибатҳои риоя накардани санадҳои зикргардида ва бо имтиёзҳое, ки ба мутахассисони ҷавон муқаррар шудаанд, аз ҷониби сардори шуъбаи кадрҳо, корҳои махсус ва бойгонии коллеҷ фаҳмонида дода шудааст.

Инчунин, бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор гардидани тақсимоти асосии хатмкунандагон ба унвонии кумита ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳри Душанбе мактуби расмӣ ҷиҳати иштироки намояндагони муассисаҳо дар ҷаласаи тақсимоти асосии хатмкунандагон қаблан ирсол гардида буд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки соли 2025 коллеҷро аз рӯи ихтисосҳои 2-010201-Таҳсилоти ибтидоӣ, 2-080101.01-Таълими касбӣ (мошинсозӣ) 2-080101.05-Таълими касбӣ (сохтмон), 2-080101.31-Таълими касбӣ (нақлиёти автомобилӣ), 2-430103 Таъминоти барқ (аз рӯи соҳаҳо), 2-270131 - Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот ва 2-400101- Таъмини барномавии технологияи иттииоотӣ 46 нафар мутахассиси ҷавон, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намуда истодаанд, коллеҷро хатм менамоянд, ки аз ин шумора 9 нафар духтар ва 37 нафарашонро писарон ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон, тибқи ҷадвали тасдиқгардида мутахассисони ҷавон вобаста ба ҷой зисташон тақсимбандидӣ гардида, баъди бо мувафақият хатм намудани Коллеҷ тариқи роҳхат сафарбар карда мешаванд.

Сипас Дилшод Давлатшоҳзода, сармутахассиси шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои махсуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ба хатмкунандагон муҳтавои санадҳои болозикро шинос намуда, оид ба оқибатҳои риоя накардани онҳо, ҳамчунин, як қатор имтиёзҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мутахассисони ҷавон муқаррар шудааст, маълумот дод.

2025-05-02 18:50:21

ЭМОМАЛИИ НУРАЛӢ ДАР ФИНАЛИ “DUSHANBE GRAND SLAM-2025”

Эмомалии Нуралӣ ҷудокори номошнои тоҷик ба финали Мусобиқаи байналмилалии ҷудо Dushanbe Grand Slam - 2025” баромад ва барои нишони заррин мубориза мебард.

Ӯ дар рӯзи аввали Dushanbe Grand Slam - 2025, ки имрӯз доир гардида истодааст, дар вазни -66 кг баромад намуд. Ӯ то роҳ ёфтан ба финали мусобиқа дар рақобати аввал озод буд ва дар даври дуввум Тенго Зиракашвилиро мағлуб намуд. Дар рақобати дуввум, дар даври 1/4 ниҳоӣ ҷудокори мо Артём Штурбабини узбекистониро шикаст дод ва ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.

Эмомалии Нуралӣ дар даври нимниҳоӣ бо ҷудокори дигари кишварамон Ёсин Бобокалонов вориди майдони рақобат шуд ва ба ӯ ғолиб баромада, ба финал роҳ ёфт.

Ҷудокори мо рақиби худро дар финали ин мусобиқа интизор аст ва тамоми талошашро барои ба даст овардани медали тиллои ин сабқат равона мекунад.

Ёдовар мешавем, ки маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро қадрдонӣ мешаванд.

Дар “Dushanbe Grand Slam-2025”, ки аз 2 то 4 май идома меёбад, 226 варзишгар (123 мард ва 103 зан) аз 27 давлати ҷаҳону 4 қитъаи олам ширкат доранд.

2025-05-02 18:48:53

МИРЗО ТУРСУНЗОДА-ШОИР ВА ҚАҲРАМОН ХАЛҚИ ТОҶИК

«Муҳаббати поки устод Мирзо Турсунзода ба сарзамини аҷдодӣ, обу хоки Ватан, бешубҳа, барои наслҳои зиёди миллат ҳамчун намунаи олии ибрат, хизмат хоҳад кард».

Эмомалӣ Раҳмон

Рӯзи ман сар мешавад ҳар рӯз бо шеъри Ватан,

Шод бодо рӯҳи ту, то нек бошад рӯзи ман.

Мекунад шеъри дилошӯбад маро аз худ бадар,

То ба даҳрам мекунад, сад решапайванди дигар.

Аз давраҳои қадим миллати тоҷик дорои шахсиятҳои бузургест, ки дар рушду нумуи фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми шоиста гузошта, номи хешро дар лавҳаи таърих абадан сабт намуданд. Дар ин радиф, бо ифтихор метавон номи фарзонафарзанди тоҷик Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, абармарди арсаи сиёсат Мирзо Турсунзодаро ба забон овард, ки, пеш аз ҳама, дар олам ҳамчун шоири сулҳсаро машҳур аст.

Қаҳрамони Тоҷикистон, шоир ва нависандаи машҳури халқи тоҷик, Мирзо Турсунзода яке аз чеҳраҳои дурахшони адабиёти муосир тоҷик аст, ки барои хидмати шоёнаш ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гардидааст. Ӯ 2-юми майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав дар оилаи усто Турсуни наҷҷор ба дунё омадааст.

Мирзо Турсунзода фарзанди замони худ буд ва эҷодиёти ӯ аз адабиёту ҳунари форсии тоҷикии даврони Шӯравӣ намояндагӣ мекард. Адабиётшиносон таъкид кардаанд, ки М.Турсунзода ба ҳайси як чеҳраи адабӣ каси одӣ набуд ва ҳаллоқияти эҷодии ӯро чун рамзи миллати овозадори тоҷик мешинохтанд ва эҳтиромоте, ки нисбаташ дар дунёи бурунмарзӣ доштанд, дар айни замон маънии эътирофи миллати тоҷикро медод. Яъне обрӯю эътиборе, ки М.Турсунзода дар кишвари худ сазовор гардид, чун падидаи мусбат ҷумҳуриҳои ҳамзабону ҳамхуни ҳамсояро думбола гирифта буд. Мирзо Турсунзода аз ҷониби бузургтарин донишмандон ва шахсиятҳои сиёсию давлатии ватанию хориҷӣ чун шоири тарғибгари сулҳу дӯстӣ шинохта шуда, ба фаъолияти адабию сиёсияш баҳои баланд додаанд.

Падараш усто Турсун соли 1928 дар синни 74-солагӣ аз олам гузаштааст, ӯро дар оромгоҳи деҳаи Қаратоғи гузари Шӯробдара ба хок супоридаанд. Модараш Холбибӣ соли 1920 дар синни 58-солагӣ вафот кардааст, ӯро дар оромгоҳи деҳаи Қаратоқи маҳаллаи Чармгарӣ дафн намудаанд.Мирзо Турсунзода солҳои 1920-1921 таҳсили ибтидоиро дар мактаби кӯҳнаи деҳа гирифта, аввалин бор аз Мулло Ҳалим ном мударриси номдори деҳаи Қаратоқ хондану навиштанро омӯхтааст. Соли 1925 Мирзо Турсунзода таҳсилро дар мактаб-парваришгоҳи Душанбе давом дод. Солҳои 1926-1927 дар Техникуми омӯзгории шаҳри Душанбе хонда, худи ҳамон сол ба сафи комсомоли ленинӣ дохил шуд. Мирзо Турсунзода яке аз толибилмони пешқадами техникум буд, бинобар ин ӯро барои идомаи таҳсил ба Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд фиристоданд. Мирзо Турсунзода соли 1931 донишгоҳро хатм карда, барои хизмат ба Душанбе омадааст.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ тараннуми ғояҳои ватанпарварӣ ва дӯстии халқҳо дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода мавқеи марказиро ишғол менамояд. Шеърҳои ватандӯстонаи ӯ “Хайр, модари азиз”, “Хотираи капитан”, Ҳамшираҳо”, “Сарчашмаи мардонагӣ, Ҳаргиз”, “Ба ҷанг”, “Баҳодури тоҷик”, “Фарзанди ту меояд” дар солҳои ҷанг хеле шуҳрат ёфта, мақбули хонандагон гардида буданд. Дар достони “Писари Ватан” ғояи дӯстии халқҳо васфи худро ёфтааст. Достони “Арӯс аз Москва” низ ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудааст.

Воқеан, агар ба эҷодиёти устод Мирзо Турсунзода назар андозем, бештари талошу мароқаш ба васлу ҳамгироии мардумони Осиё ва дӯстиву рафоқати халқиятҳои олам бахшида шудааст. Донишманд ва профессор Иброҳим Усмонов фаъолиятҳои гуногуни устод Турсунзодаро дар муаррифии фарҳангу адабу тамаддуни тоҷикон дар миёни халқҳои ҷаҳон муҳим арзёбӣ карда, меафармояд: «Мирзо Турсунзода адиби хеле варзидаву бузург, ки шоирону нависандагони Ҳиндустону Покистон, Эрону Афғонистон ва дигар мамолики Осиёиву африкоӣ ба ӯ чун шахсияти барҷастаи адабиёт ва инсони неруманду сулҳпарвар рӯ меоварданду эҳтиромаш мекарданд». Мавриди зикр аст, ки ҳамин заҳамоти устод Мирзо Турсунзодаро дӯсташ Файз Аҳмад Файз, шоир ва нависандаи покистонӣ, чунин менигорад: «Аввалин бор Турсунзодаро соли 1949 дидам ва баъдҳо дар Москва ва Тошкент вохӯрдам. Турсунзода шахсияте буд, ки бо ҳама инсонҳо чи коргар, чи адиб, муносибати дӯстона мекард, зеро ӯ бо одамон бо чашму дил суҳбат мекард. Ёд дорам, боре ӯ дар яке аз шаҳрҳои Покистон бо коргарон ба забони форсӣ-тоҷикӣ суҳбат менамуд ва онҳо ӯро мефаҳмиданд, зеро ӯ бо чашму дил сухан мегуфт. Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки муътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик буд. Дар ҳама ҷо ӯро дӯст медоранд. Ӯ Ватани худро, халқи худро дӯст медошт».

Устод Мирзо Турсунзода, ки бештари умраш дар сафар, ҷаласаҳои шаҳри Маскав мегузашт, аз аҳвол ва таҳсили донишҷӯёни тоҷик гоҳ-гоҳ воқиф мешуд. Соли 1970 бо донишҷӯёни донишгоҳи театри шаҳри Москва суҳбат карда мегӯяд: “Фарзандонам- аз донишманду соҳибҳунарон бештар омӯзед. Касби пешгирифтаи шумо заҳмату ҷустуҷӯи пайвастаро тақозо мекунад. Ҳол шумо худро дар баҳри беканори ҳунар афкандаед, дигар роҳи бозгашт нест, Фақат шиновари тавоно шудан шуморо ба соҳили мурод мерасонад. Вақтро беҳуда сарф накунед, ки ноаён вале тез мегузарад. Ба қавле чун киштие дар об истода намояду чун тир бигзарад. Дӯстёбӣ низ ҳунар аст. Бо инсонҳои наҷибу боистеъдод дӯсту бародар шавед. Дӯстони ҷонӣ, бохираду ҳунарманд қуввати дил мешаванд. Ба воситаи шумо онҳо тоҷику Тоҷикистони азизро дӯст медоранд, эҳтиром мекунанд... Як чизро ҳаргиз фаромӯш накунед, халқу ватан бо умеди зиёд шуморо ба таҳсил фиристодааст. Ин масъулият ва бахти бузург аст. Ин таъкидҳои устод ба мову Шумо дахл дорад ва барои 100-солаҳои дигар як роҳнамо аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маҳз бо ибтикори эшон Мирзо Турсунзода созовори унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор гаштааст, дар бораи фаъолияти адабию сиёсии ин шоири баландмақоми миллати тоҷик чунин мегӯянд: «Муҳаббати поки устод Турсунзода ба сарзамини аҷдодӣ, обу хоки Ватан, бешубҳа, барои наслҳои зиёди миллат ҳамчун намунаи олии ибрат хизмат хоҳад кард».

Николай Тихонов, шоири бузурги рус ва дӯсти наздики М. Турсунзода, ки борҳо ба Тоҷикситон омада ва дар бисёр сафарҳои хориҷӣ бо шоири бузурги тоҷик буд, дар мавриди ашъори ӯ менависад: «...ашъори Мирзо Турсунзода ба сони мурғи афсонавӣ аз рӯи қуллаҳои баланду дарёҳои паҳновар гузашта, бо ҳаққоният, самимият ва пардози зебои шоиронаи худ ақлу дили ҳамзамононро тасхир кардааст». Михаил Шолохов, нависандаи бузурги рус, дорандаи ҷоизаи Нобел дар мавриди М. Турсунзода чунин таманниёт кардааст: «Бигзор, килки ту бо ранги нилуфар ҷовидонӣ нақшу нигор бандад»!

Нависандаи машҳури қирғиз Чингиз Айтматов мегӯяд, ки «Мирзо Турсунзода барои ман ҳамеша як намояндаи барҷастаи маданият ва адабиёти қадими тоҷик будааст ва ҳаст... Мирзо Турсунзода як шахсияти бемислу назирест» ва дар масъалаи тавири зан-модар дар ашъори Турсунзодаро ёдовар шуда мегӯяд: «Вақти гап задан дар бораи яке аз мавзӯъҳои дӯстдоштааш дар бораи занон хеле боназокат буд. Дар ин мавзӯъ бо назокати тамом ва бо фасоҳати шоирона гап мезад ва ба тарзи мароқангезе фикр меронд. Ба назарам, ин ҷиҳат сазовори тақдире мебошад. Бисёр занон вайро барои ҳамин парастишкорона ҳурмат мекарданд, ки ӯ бо суханон, бо муомилаву рафтор ва бо маданияти ботинии худ дар дили онҳо роҳ меёфт ва шӯр меангехт».

Шоир ва нависандаи машҳури халқи тоҷик, Мирзо Турсунзода аз соли 1946 то охири ҳаёти худ дар вазифаи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор карда, дар ривоҷу равнақи адабиёт, тарғиби сулҳу дӯстӣ хизматҳои беназир кардааст. Мирзо Турсунзода дар эодиёти худ мавзӯҳои муҳими инсонӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба таври амиқ ба риштаи назм кашидааст. Дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода мавзуҳҳои сулҳу дӯстӣ мавқеи махсус дорад. Чи тавре, ки худи шоир мегӯяд:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Қаҳрамони Тоҷкистон Устод, Мирзо Турсунзода аз ибтидои ҳаёти худ барои сулҳу дӯстии инсонҳо талош карда, пайваста таъкид мекард, ки «Миллионҳо одамони тамоми қитъаҳои дунё бо чашми умед ба мо менигаранд ва мо ҳеҷ як қувваи худро дареғ надошта, дар оянда ҳам байрақи муборизаи сулҳро дар дастамон маҳкам медорем ва ба тамоми одамони софдили дунё дасти дӯстӣ дароз мекунем». Аз ин лиҳоз, мо фарзандони Тоҷикистонро зарур аст, то ба дастурот ва роҳнамоиҳои устод Турсунзода ва ташаббусҳои созандаи давлату Ҳукумати мамлакат пайравӣ намуда, баҳри ободии Ватан ва пояндагии сулҳу субот ва ваҳдату ягонагии мардум саҳм гузорем

Мирзо Турсунзода 24 сентябри соли 1977 дар синни 66-солагӣ аз олам чашм пўшидааст. Маросими мотам дар пойтахти ҷумҳурӣ сурат гирифтааст. Барои абадӣ гардонидани хотираи М. Турсунзода Хонаи адибони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи ӯ гузошта шуд. Шаҳри Турсунзода соли 1978 номи ӯро гирифт. Дар шаҳри Хуҷанд ва шаҳри Душанбе Осорхонаи адабии ёдгории Мирзо Турсунзода фаъолият мекунад. Ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон номи шоир дода шудааст. Соли 1988 дар зодгоҳи шоир деҳаи Қаратоғ Осорхонаи ба номи М. Турсунзода кушода шудааст. Нимпайкараи шоир соли 1981 ва ба муносибати 90-солагии шоир соли 2001 муҷассамааш дар шаҳри Турсунзода гузошта шудааст. Инчунин муҷассамаи дар гардиши роҳи зодгоҳаш дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав қомат афрохтааст.

Хизматҳои ватандӯстонаи шоир одилона дар назди халқаш қадр карда шуд. Барои хизматҳои бузурги адибию ҷамъиятияш, ҳамчун мубориз ва тарғибгари сулҳу амонӣ ва ғояҳои интернатсионалӣ дар роҳи мустаҳкам гардонидани сулҳу дӯстии мамлакатҳо, матонат дар бунёди пояҳои адабиёт ва тарғиби Тоҷикистон, густариши нуфузи байналхалқии Тоҷикистон, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 07 майи соли 2001 ба шоири халқии Тоҷикистон, ходими намоёни ҷамъиятӣ Мирзо Турсунзода унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд. Ин тантанаи адолат, баҳои одилона ва қадршиносии сарвари давлат ба заҳмати шоиру фарзанди шарафманди миллат аст, ки “Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо ватан” буд.

Тоҳир Одилов- вакили Маҷлиси

вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ,

мудири кафедраи техникӣ-технологии

Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ

2025-05-02 18:42:47

ВАТАНДӮСТӢ - ПОЯИ АСОСИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ватандӯстиву меҳанпарастӣ принсипи ахлоқию сиёсӣ ва ҳисси иҷтимоӣ, мазмуни аслиаш меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои ӯ аз манфиатҳои шахсии худ мебошад. Ватандӯстӣ муносибати ҳиссӣ нисбат ба Ватан буда, дар хидмат кардан ба Ватан ва муҳофизат намудани он ифода меёбад.

Нишонаҳои ватандӯстӣ дар ҷамъияти ибтидоӣ пайдо шудаанд. Бо мурури замон ҳисси дилбастагӣ ба замин ва забони худ бо дарки вазифаҳои шаҳрвандӣ дар назди ҷамъият пайваст гардид. Кӯшиши одамон барои инкишоф додани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ватани худ, ҳифзи он аз истилогарони хориҷӣ нишонаи барҷастаи ватандӯстӣ аст.

Ифтихор намудан аз дастовардҳо ва фарҳанги ватани худ, бо хоҳиши худ маҳфуз нигоҳ доштани хислат ва хусусиятҳои фарҳангии он, ҳимояи манфиатҳои Ватан ва халқи худ сифатҳои беҳтарини ватандӯстӣ мебошанд. Дар шароити бавуҷудоии миллатҳо ва давлатҳои миллӣ, ватандӯстӣ қисми таркибии шуури ҷамъиятӣ, инъикоскунандаи инкишофи омилҳои умумимиллии он мегардад.

Ватандӯстӣ дар ҳамаи давру замонҳо яке аз хислатҳои неки инсоният ба шумор меравад.

Ватандӯстӣ имрӯз як рукни асосии мафкураи миллии Тоҷикистон мебошад. Ин масъаларо гаштаю баргашта Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ таъкид менамояд.

Месазад, ки нуктаеро аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин бахш ёдовар шавем, ки иброз намуда буданд: «Вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат-аз шаҳрванди оддӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ таблиғи бедории миллӣ, зиракию хушёрии сиёсӣ, хисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими Ваҳдати миллӣ мебошад».

Пешвои миллат ба мо тавсия ва супоришоти муайяну мушаххас додааст, то дар масоили зикргардида кору фаъолият, пажуҳишу омeзишро бештар намоем ва маъниҳои нобу муассир ба насли наврас бирасонем. Онҳоро чунон тарбия намоем, ки шаҳрвандон ва ватанпарастони асил ба воя бирасанд.

Тавре ки Пешвои миллат изҳор доштанд: «Дар замири ҳар як фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандўстиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳимми пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад».

Ватандӯстӣ, меҳандӯстӣ, ватанпарварӣ принсипи ахлоқию сиёсӣ ва ҳисси иҷтимоӣ, мазмуни аслиаш меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои ӯ аз манфиатҳои шахсии худ мебошад. Ватандӯстӣ муносибати ҳиссӣ нисбат ба Ватан буда, дар хидмат кардан ба Ватан ва муҳофизат намудани он ифода меёбад. Махсусан, оила, мактаб ва ҷомеа дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон нақши асосӣ дорад, зеро маҳз дар ҳамин ҷо арзишҳои ибтидоӣ, эътиқод ва муносибатҳои кўдак ташаккул меёбанд.

Мақсади тарбияи ватандўстӣ тарбия намудани шаҳрвандоне мебошад, ки омодаанд дар ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок намуда, манфиатҳои кишвари худро ҳифз намоянд, дар нашъунамо ва рушди он саҳм гузоранд.

Киромуддин НАЗАРЗОДА, ҷонишини директори

Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Хуҷанд

2025-05-01 11:17:00

ИМКОНИЯТҲОИ ИҶТИМОИИ ҶАВОНОН, ВАСИЛАИ ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТИ ОНҲО

Ташаккули марҳилаи муосири рушди ҷомеа на танҳо тағйиротҳои дахлдорро дар сохтори сифатии он тақозо менамояд, балки мукаммалсозии низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ, баланд гардидани сатҳи башардӯстонаи кулли соҳаҳои ҳаёти рӯзмарра ва афзалиятнокии арзишҳои инсониро дар бар мегирад. Боигарии асосии дилхоҳ кишвар ин ҷавонон ва нерӯи инсонии он ҳамчун ҷузъи калидии рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Маъмулан, на танҳо Тоҷикистон, балки дар аксарияти кишварҳои олам, чи дар гузаштаи таърихӣ ва чӣ имрӯз, масъалаҳои марбут ба ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дорад.

Хоссатан, дар давраҳои қадим масъалаи ҷавонон дар сиёсати давлатдорӣ аҳамияти махсусу аввалиндараҷа дошт ва ба ҷавонон ҳамчун нерӯи азими ҷисмонӣ диққат медоданд ва онҳоро аз лиҳози руҳиву равонӣ барои таъмини амнияти кишвар ва ба хотири амалӣ намудани мақсадҳои стратегияи ҳарбии давлатӣ омода ва истифода мекарданд. Аз ин рӯ, ҷавони аз лиҳози ҷисмонӣ қавиву боирода яке аз захираҳои муҳими ҳар як давлат ва ҷомеа ба шумор мерафт.

Аммо, баъди рушди илму технология ва кашф гардидани яроқу аслиҳа ва муҳимоти ҷангии модели навину замонавӣ мувозинат байни нерӯи зеҳнӣ ва ҷисмонии ҷавонон тағйир ёфт. Дар ҷаҳони муосир нисбат ба нерӯи ҷисмонӣ нерӯи ақливу зеҳнии ҷавонон баратарият пайдо намуд. Бинобар ин, кишварҳои алоҳида ва ҳукуматҳо дарк намудаанд, ки дар ҷаҳони муосир идеяву назарияҳои нав яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеаву давлат мебошад, ки дар ин қатор Тоҷикистон низ истисно нест.

Дар бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ раванди демократикунонии ҷомеаро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Имрӯз маҳз ҳамин нерӯ қодир аст, ки норасоиҳои мавҷударо дар заминаи хиради волои гузаштагон бартараф созад ва ин масъулиятро таърих пеш аз ҳама ба зиммаи ин нерӯ гузоштааст.

Тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъқид менамояд: «Даврони истиқлол ба ҷавонони соҳибмаърифат, боистеъдоду лаёқатманд, дорои нангу номуси ватандорӣ ва худшиносии миллӣ ниёз дорад».

Маҳз ҳамин гуна ҷавонон метавонанд бо ташабускориҳои худ дар пешрафти соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат нақши созанда дошта бошанд.

Имрӯз ҷавонони лаёқатманду таҳсилкарда дар сохторҳои давлатӣ имкони хуби пешрафт ва дастёбӣ ба маснадҳои роҳбариро дороянд. Феълан 35 % кормандони вазорату идораҳои кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Имрӯз як қатор имкониятҳои конститутсионии ҷавонон дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ, аз ҷумла дар самтҳои фаъолияти соҳибкорӣ (моддаи 12), иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат (моддаи 27) меҳнат (моддаи 35), истироҳат (моддаи 37), ҳифзи саломатӣ (моддаи 38), иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа (моддаи 40), таҳсил (моддаи 41) ва монанди инҳо амалӣ гардида истодаанд.

Вобаста ба таҳсил Конститутсия барои наврасону ҷавонон тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст, то насли ояндасози миллат аз илм, техника ва технологияҳои замони муосир бархурдор бошанд ва давлати хешро дар арсаи ҷаҳонӣ сазовор муаррифӣ намуда, парчамбардор ва посдори фарҳанги миллӣ бошанд. Дар ин замина гирифтани таҳсили ройгон дар ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таълимии кишвар ва таҳсилоти олӣ дар хориҷи кишвар кафолат дода шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ имрӯз зиёда 40 донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат зиёда аз 270 ҳазор донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар донишгоҳҳои хориҷи мамлакат бошад, зиёда аз 40 ҳазор ҷавонон бо ихтисосҳои замони муосир таҳсил карда истодаанд.

Дар асоси моддаи 12 Конститутсия, давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад. Кафолати ҳуқуқии фаъолияти соҳибкории ҷавонон дар навбати аввал бевосита дар моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз 15 июли соли 2004, №52 мустаҳкам гардидааст, ки он баробари кафолатҳои ҳуқуқӣ ҳамчунин имтиёзҳои мушаххасро пешбинӣ менамояд. Чунончӣ, дар доираи талаботи моддаи мазкур мақомоти ваколатдори давлатӣ вазифадор гардиданд, ки фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкории ҷавононро дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва маҳаллии ҷавонон дар асоси озмун аз ҷиҳати моддию техникӣ ва молиявӣ дастгирӣ намуда, ҷойгиронии фармоиши давлатиро дар асоси озмун оид ба таҳвили мол, иҷрои кор, хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷавонон дар соҳаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон таъмин кунанд. Инҳо далолат аз ташаккул ва рушди иҷтимоии ҷавонон аз ҳукумату давлат медиҳад.

Дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон қабули Қонуни Ҷумҳурии ТоҷикистонДар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Консепсияву стратегияи давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа, қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқоти пайваставу мунтазами Пешвои ҷавонпарвари миллат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъйин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, мавзеву гулгаштҳои фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир ва билохира эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонондастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар мебошад. Ҳукумати кишварамон ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барои тарбияи насли ҷавон шароитҳои боз ҳам муносибро фароҳам орад. Яке аз чунин имконоти муҳиме, ки дар замони муосир барои ҷавонон дода шудааст, таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ дар хориҷи кишвар мебошад. Ҳар сол бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастии созмонҳои байналмилалӣ садҳо нафар ҷавонон барои таҳсил ба хориҷа сафар мекунанд ва бо як ҷаҳон таассурот ва таҷрибаи пурарзиш бар мегарданд.

Аз ин рӯ, онҳо барои пойдории кишвар яке аз кадрҳои мустаҳкам ва лаёқатманд ба ҳисоб мераванд. Бояд як чизро қайд кунем, ки гарчанде мо барои таҳсил дар кадом гӯшаю канори ҷаҳон низ бошем, фаромӯш насозем, ки мо аз насли тоҷик ҳастем ва фарҳангу ҳисси худшиносиву худогоҳии миллиамонро аз даст надиҳем. Бинобар ин вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо ҷавонон истиқлолияти давлатамонро мустаҳкам карда, насли наврасу аз худ хурдро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбият намудан аст. Аз ин сабаб агар хостгори ояндаи дурахшон бошем, аз имрӯз барои ободонии диёр камари ҳиммат бастанамон зарур аст.

Хулоса, фаромӯш набояд сохт, ки имрӯзу фардо ва пасфардои Ватани азиз дар дасти мо ҷавонони ватанпарвар аст ва суботкорону ояндасозонаш низ мо, ҷавононем.

Гадоев Икромҷон- муовини якум, муовини директор оид ба корҳои таълиму тарбияи Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе

 

2025-05-01 11:05:35

РӮЗИ ҒАЛАБА - РАМЗИ ЯГОНАГӢ ВА ҲАМБАСТАГИИ МИЛЛАТҲО

Дар таърихи инсоният рӯзҳое ҳастанд, ки барои наслҳои оянда на танҳо як санаи таърихӣ, балки рамзи фахр, ибрат ва сабақи зиндагӣ мегарданд. Яке аз чунин рӯзҳои муқаддас ва пурифтихор - Рӯзи Ғалаба бар фашизм мебошад, ки ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми май ҷашн гирифта мешавад. Ин сана дар худ на танҳо пирӯзии халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм, балки иттиҳоду ягонагии миллатҳоро таҷассум мекунад. Рӯзи Ғалаба моро ба арзишҳои инсонӣ, сулҳу ваҳдат ва дӯстии байни миллатҳо водор месозад.

Мардуми тоҷик дар солҳои вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ (19411945) саҳми намоён ва ҳалкунанда доштанд. Беш аз 300 ҳазор нафар аз ҷумҳурӣ ба сафи Артиши Сурх ҷалб гардиданд ва дар муҳорибаҳои хунин иштирок карданд. Аз ҷумла, садҳо нафар бо ордену медалҳо сарфароз гашта, даҳҳо нафари онҳо бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ қадршиносӣ гардиданд. Ба ғайр аз саҳми бевосита дар ҷабҳа, мардуми заҳматкаши Тоҷикистон дар ақибгоҳ бо меҳнати фидокорона аз артиши фронтӣ пуштибонӣ мекарданд, заминҳои кишоварзӣ васеъ карда шуданд, маҳсулоти ғизоӣ ва либоси ҳарбӣ омода мегардиданд.

Бо вуҷуди душвориҳо, духтарону занони тоҷик бо равған, гандум, сабзавот ва матоъҳои даркорӣ фронтро таъмин карданд. Дар ин солҳо кӯдакон дар саҳроҳо меҳнат мекарданд, мактабҳо ба пойгоҳҳои омӯзишӣ табдил ёфтанд, ва тамоми миллат дар фазои ягона барои ҳимояи Ватан мубориза мебурданд.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ мисоли равшани он аст, ки дар лаҳзаҳои душвортарини таърих маҳз ягонагӣ, дӯстӣ ва эҳтироми байни миллатҳо қувваи бузург ба бор меорад. Дар ҷанг намояндагони зиёда аз 100 миллату халқият бар зидди душмани умумӣ муттаҳид гардида, паҳлӯ ба паҳлӯ дар як фронт меҷангиданд ва ба якдигар ҳамчун бародар менигаристанд. Ин руҳия имрӯз низ бояд ҳамчун намуна ва сабақи таърихӣ ҳифз ва густариш дода шавад.

Ягонагии халқу миллатҳо, ки дар солҳои ҷангӣ таҷассум ёфта буд, имрӯза низ асоси суботи ҷомеа ва таҳкими давлатдории муосир маҳсуб мешавад. Рӯзи Ғалаба моро ҳушдор медиҳад, ки танҳо бо дӯстиву ҳамбастагӣ метавон бар ҳар гуна хатару таҳдид пирӯз шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва паёмҳои худ ҳамеша ба қаҳрамониҳои халқи тоҷик дар ҷанг арҷ мегузоранд. Ҳар сол дар арафаи Рӯзи Ғалаба чорабиниҳои вижа баргузор мегарданд, аз ҷумла, мулоқоти Пешвои миллат бо собиқадорон, ташкили намоишгоҳҳо, конфронсҳои илмӣ, суҳбатҳои ватандӯстӣ ва озмунҳои мактабӣ.

Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ омадааст: «Таърих гувоҳ аст, ки мардуми шарифи тоҷик дар ҳама марҳалаҳои душвори таърих бо иродаи қавӣ, ватандӯстӣ ва иттиҳоди миллӣ пирӯз омадааст».

Ин иқдомҳо ва суханон намунаи олии эҳтиром ба таърихи миллӣ ва ташвиқ ба тарбияи ватандӯстӣ дар насли нав мебошанд.

Имрӯз, вақте ҷаҳон бо таҳдидҳои нав терроризм, экстремизм, тағйироти иқлим ва буҳронҳои иқтисодӣ рӯбарӯст, сабақҳои Рӯзи Ғалаба ба ҳайси роҳнамо хидмат мекунанд. Он моро меомӯзад, ки оромии ҷомеа бе сулҳ ва бе иттиҳод имконнопазир аст. Дар ин росто, муассисаҳои таълимӣ, васоити ахбори омма, ҷомеа ва аҳли фарҳанг бояд якҷо барои нигоҳдошти арзишҳои сулҳ ва ҳамбастагӣ кӯшиш намоем.

Мо бояд дар шуури насли нав эҳсоси масъулият, худшиносии миллӣ ва ифтихор аз таърихро бедор созем, зеро насле, ки гузаштаашро намешиносад, ояндаи устувор сохта наметавонад.

Рӯзи Ғалаба дар баробари як ҷашни таърихӣ будан, рамзи ваҳдати миллӣ, дӯстии халқҳо ва қудрати иттиҳод мебошад. Саҳми халқи тоҷик дар ин пирӯзӣ, далели ҷасорату ифтихори миллӣ аст. Пешвои миллат бо сиёсати ватандӯстонаи худ дар таҳкими ин арзишҳо саҳми шоиста мегузоранд.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки на танҳо ин рӯзро таҷлил кунем, балки бо тамоми ҳастӣ онро эҳсос намоем, дар дили ҷавонон шӯълаи ифтихорро фурӯзон кунем ва сулҳу суботи кишвари худро, ки бо хуни гузаштагон ба даст омадааст, ҳифз намоем.

Наврӯз КАРИМОВ,

ассистенти кафедраи ҷамъиятшиноси

коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе

2025-05-01 11:03:00

НАҚШИ АСАРҲОИ БАДЕӢ ДАР РУШДИ НУТҚИ КӮДАКОН

Забон яке аз воситаҳои муҳимтарини робитаи инсонӣ ва таҳкими фикри инсон ба ҳисоб меравад. Рушди нутқи кӯдакон ҳамчун як ҷузъи муҳими ташаккули шахсияти онҳо дар зинаҳои аввалини ҳаёт сурат мегирад. Дар ин синну сол муҳити атроф, хонавода ва махсусан, адабиёти бадеӣ нақши калидӣ мебозанд.

Асарҳои бадеӣ на танҳо воситаи фароғат, балки як мактаби тарбия ва василаи муассири рушди натқи кӯдакон мебошанд. Тавассути онҳо кӯдак забонро меомӯзад, фикр мекунад, тасвир мекунад ва ниҳоят ба ифодаи дурусти фикру эҳсосоти худ қодир мегардад. Аз ин рӯ, тавсияи мутақобилаи омӯзгорон ва волидайн ин аст, ки китобҳои бадеиро аз рӯзҳои аввал дар ҳаёти кӯдакон ворид намоянд.

Асарҳои бадеӣ аз якчанд ҷиҳат ба нутқу тафаккури кӯдак таъсироти мусбат мерасонад. Асарҳои бадеӣ, ба хусус, афсонаҳо ва ҳикояҳои кӯдакона дорои лаҳни сода ва калимаҳои шевову равон мебошанд. Хондан ва шӯнидани чунин асарҳо кӯдакро бо вожаҳои нав, ибораҳои ифоданок ва услуби гуфтори адабӣ ошно мекунанд.

Яке аз роҳҳое, ки кӯдакон метавонанд зудтар забони адабиро аз асарҳои бадеӣ ёд гиранд, ин тақлидкорӣ дар зинаҳои аввали ҳаёт мебошад. Чунки онҳо нав бо одаму олам ошно мегарданду чизе аз дунёи мо намедонанд ва аввалин коре, ки мекунанд, ин тақлиду пайравӣ кардан ба одамони муҳит, бахусус, падару модар мебошанд. Падару модароне, ки бо ҳамин давраи ҳаётии кӯдакон шиносанд, хуб дарк карда метавонанд, ки барои онҳо хонадни афсонаву ривоятҳо, панду андарз, шеъру латифаҳо ва чистону мақолҳо аз аҳамият холӣ нест. Вақте кӯдак ҳикоя ё шеърро0 мешунавад, талош мекунад тарзи гуфтори қаҳрамонро тақлид кунад. Ҳамин раванд боис мегардад, ки кӯдак ба истифодаи дурусти иншо ва тартиби ҷумлаҳо, инчунин лафзи дурусту равон таваҷҷуҳ кунад. Ин гуна тақлид дар ташаккули нутқи шифоҳӣ ва хаттии кӯдак хеле муассир аст.

Кӯдак метавонад аз таъсири қаҳрамонони дӯстдоштааш, ки эҳсосоташро ифода мекунанд (шодӣ, ғам, тарс, умед ва ғ.), ёд гирад, ки эҳсосоти худро бо забон баён намояд. Ин қобилият дар рушди нутқи эмотсионалӣ ва ҳамзамон равоншиносии муоширати кӯдак нақши бузург мебозад. Нутқи равшану муназзам ба кӯдак имкон медиҳад, ки худро беҳтар фаҳмонад ва дар ҷомеа мустақилона ширкат варзад.

Асарҳое, ки образи асосии онҳо қаҳрамонони далеру зираку кордон ҳастанд, бениҳоят ба тафаккури зеҳнии кӯдакон фоидабахшанд. Чунки ин навъи асарҳо барои ҳалли проблемаҳои гуногун муассир ҳастанд. Масалан, кӯдак ҳангоми афтидан дар масъалаҳо ё суҳбатҳои баҳсбарангез мефаҳмад, ки чӣ тавр бояд ба дигарон муроҷиат кард, посух дод ва суханро оғоз ё анҷом намуд.

Бисёре аз асарҳои бадеӣ дорои паёмҳои ахлоқӣ ва фарҳангӣ ҳастанд. Кӯдак на танҳо нутқ, балки мафҳумҳои боарзишро, ки бо забони таъсирбахш ифода шудаанд, меомӯзад. Масалан, мефаҳмад, ки ростгӯӣ, меҳрубонӣ ва ёрӣ додан ба дигарон амалҳои неканд ва ин амалҳо дар нутқи ӯ ҳамчуни ифодаҳои ибратбахш ҷой мегиранд.

Ҳамин тариқ, асарҳои бадеӣ на танҳо барои фароғат, балки дар тарбия ва ташаккули шахсияти кӯдак нақши муҳим мебозанд. Арзишҳои монанди ростгӯӣ, меҳрубонӣ, адолат ва кӯмак ба дигарон дар асарҳо бо забони содда ва таъсирбахш баён мегарданд. Аз ҳамин лиҳоз, омӯзгор ва волидайни масъулиятпазирро лозим аст, ки ҳамин паҳлуҳоро дар зиндагии кӯдакон бештар ҷорӣ кунанд.

Нодира ПАРДАЕВА,

омӯзгори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор