Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2025-07-08 22:10:40

ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА ҶОМЕА

Шабакаҳои иҷтимоӣ дар замони муосир нақши бебаҳо ва куллӣ доранд. Онҳо роҳи асосии муошират, мубодилаи маълумот ва гирифтани хабарҳоро тағйир додаанд. Бо ёрии онҳо, одамон метавонанд бо дӯстон ва хешовандони худ дар ҳар гӯшаву канори ҷаҳон дар тамос бошанд, фикру андешаҳои худро ба осонӣ баён кунанд ва ҳатто дар мавриди масъалаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ фаъол бошанд.

Аммо, дар баробари ин, истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад мушкилоти ҷиддӣ низ ба вуҷуд орад. Масалан: вақтсанҷӣ ва вобастагӣ бисёри одамон вақти зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд, ки ин метавонад ба кору таҳсил ва муносибатҳои воқеии онҳо таъсири манфӣ расонад. Маълумоти нодуруст ва ғаразнок: Дар шабакаҳо маълумоти бардурӯғ ва таҳрифшуда паҳн мешавад, ки метавонад ба ташвиш ва нофаҳмии ҷамъиятӣ оварда расонад.

Фишорҳои иҷтимоӣ: Муқоиса кардани ҳаёти шахсӣ бо тасвирҳои таҳриршудаи дигарон метавонад боиси паст шудани эътимоди худ ва стресс гардад. Дар маҷмуъ, шабакаҳои иҷтимоӣ абзори тавоноест, ки агар дуруст истифода нашавад, метавонад боиси мушкилоти ҷиддӣ гардад. Барои истифодаи муассир ва солими онҳо, ҳар як шахс бояд худодит дошта бошад, маълумоти худро боэҳтиёт интихоб кунад ва вақти худро мувофиқ тақсим намояд. Ман фикр мекунам, ки дар оянда нақши шабакаҳои иҷтимоӣ боз ҳам зиёдтар хоҳад шуд ва барои истифодаи дуруст ва солимашон зарур аст, ки ҳам ҷомеа ва ҳам ҳар як шахс дониши кофӣ дар бораи он пайдо кунад ва масъулиятшинос бошад.

АБДУЛЛОЕВА М.,

омӯзгори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд

2025-07-08 22:09:20

МАРОСИМИ ИМЗОИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳузур ва ба иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба Изҳороти муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон имзо гузоштанд.

Ҳамчунин санадҳои зерин ба имзо расид:

- Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба тадбирҳои боварӣ;

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба таъсиси Шурои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон;

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва мушоҳидаи фосилавии Замин;

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, баҳодиҳии мутобиқати маҳсулот ва аккредитатсия;

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба хизмати давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон;

- Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон барои солҳои 2026-2027;

- Нақшаи чорабиниҳо миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат барои давраи солҳои 2025-2026;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои табиӣ, экологӣ ва назорати техникии Ҷумҳурии Қирғизистон;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии радиошунавонии Ҷумҳурии Қирғизистон;

- Ёддошти тафоҳум миёни Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Институти илмию тадқиқотии зироаткории назди Вазорати захираҳои об, кишоварзӣ ва коркарди саноати Ҷумҳурии Қирғизистон;

- Созишнома оид ба таъсиси Шурои корӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Қирғизистон.


2025-07-08 22:07:34

САФАРИ ДАВЛАТИИ САДИР ЖАПАРОВ-ЗАМИНАИ ТАҲКИМИ РАВОБИТИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 8-уми июли соли 2025 сурат гирифт, як гардиши муҳим дар муносибатҳои ду кишвар ба шумор меравад. Дар замоне ки минтақаи Осиёи Марказӣ ба таҳкими равобити дохилминтақавӣ ниёз дорад, мулоқоти роҳбарони ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров имкони баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои сиёсӣ ва амниятиро фароҳам овард.

Пас аз солҳои баҳсҳои тӯлонӣ дар масъалаи марз ниҳоят ҷонибҳо тавонистанд ба созиш бирасанд ва масъалаҳои сарҳадиро ба таври расмӣ ҳаллу фасл намоянд. Имрӯз на танҳо марзи мушаххасшуда, балки ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзии Тоҷварон ва Қарамиқ баёнгари эътимоди нав мебошад.

Аз ҷиҳати сиёсӣ, сафари мазкур намунаи дипломатияи сабурона ва дарозмуддатест, ки бо роҳандозии музокироти доимӣ, хештандорӣ ва ироаи иродаи сиёсӣ ба натиҷа расид. Созишномаи таъсиси Шӯрои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон нишон доданд, ки ҳоло ҷонибҳо омодаанд низоми навбатии ҳамгироиро дар минтақа барпо кунанд. Сафар боз як паём ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад: роҳҳои муваффақият дар сиёсати минтақа танҳо сулҳ, гуфтугӯ ва манфиати муштарак аст.

Яке аз натиҷаҳои муҳими сафари Садир Жапаров ба Тоҷикистон, ки шояд зиёд дар расонаҳо зикр нашуд, ин нақши мутақобилаи ҷомеаҳо дар танзими муносибатҳои ду кишвар мебошад. Баъд аз буҳронҳои марзӣ, равобити байни одамон, хусусан дар минтақаҳои наздимарзӣ коста гардида буданд. Аммо акнун бо ифтитоҳи гузаргоҳҳо ва имзои тавофуқномаҳои ҳамкорӣ дар сатҳи иҷтимоӣ, фазо барои ҳамгироии мардумӣ фароҳам шудааст, ки мо намунаашро дар миёни сокинони ноҳияҳои Лахши Тоҷикистон ва Чон-Алайи Қирғизистон дидем.

Ду кишвар барои густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ, таълимӣ ва расонавӣ низ тавофуқ намуданд. Бо ташкили чорабиниҳои муштарак, табодули донишҷӯён ва рӯзноманигорон, инчунин ворид намудани бандҳои мушаххас дар барномаҳои фарҳангии давлатӣ, ҳадаф бар он аст, ки на танҳо муноқишаҳо, балки нофаҳмиҳо ва стереотипҳо низ аз байн бурда шаванд.

Мардуми ҳар ду кишвар таърихи муштарак, урфу одати наздик ва эҳтироми мутақобила доранд. Сафари Садир Жапаров метавонад оғози марҳилаи «дипломатияи мардумӣ» дар Тоҷикистон шавад, ки муҳаррики устувор барои ҳифзи сулҳ ва пешбурди робитаҳои оянда аст.

Ҳамин тавр, ҳарчи бештар муносибатҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар миёни ду кишвар мустаҳкам мешаванд, ҳамон қадар муҳит барои густариши робитаҳои иқтисодӣ мусоидтар мегардад. Сафари имрӯзаи Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон заминаи воқеии барқарорсозии равобити иқтисодии судмандро фароҳам кард.

Дар доираи ин сафар беш аз 20 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз энергетика ва об то кишоварзӣ ва тиҷорат, имзо шуд. Аз ҷумла, созишномаҳо байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологии нав, ҳамкориҳои аграрӣ, туризм ва тиҷорати марзӣ имкон медиҳанд, ки корхонаҳои муштарак ташкил шаванд ва маҳсулоти ватанӣ озодона ба бозорҳои ҳамдигар роҳ ёбанд.

Хулоса, ин сафар нишон дод, ки чунин сафарҳо метавонад омили асосии субот бошад ва агар тарафҳо ба манфиати умумӣ диққат диҳанд, ҳамаи монеаҳо бо роҳи дипломатӣ бартараф мешаванд.

ОДИНАЗОДА Латофат Амиршо,

директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб

2025-07-08 22:06:28

ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ ИҚТИСОДӢ ВА САРМОЯГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

8 июл дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

Дар форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Қирғизистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров иштирок ва дар ҳузури соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки вақтҳои охир тамоюли афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Қирғизистон мушоҳида мешавад ва дигар ҷанбаҳои робитаҳои иқтисодӣ, инчунин ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ низ рушд меёбанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки тавофуқҳои аз рӯйи музокироти имрӯза бадастомада барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории тарафҳо, ки бар принсипҳои хамсоягии нек ва дӯстии устувор асос ёфтаанд, заминаи боэътимод мегарданд.

Изҳор гардид, ки натиҷаҳои Форуми имрӯза низ ба ғанигардонии муносибатҳои дуҷониба бо мазмуни нави амалӣ мусоидат хоҳанд кард.

Зимни муаррифии имкониятҳои васеи сармоягузорию тиҷоратӣ ҳавасмандии Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамчунин фаъолсозии робитаҳои доираҳои соҳибкории ду кишвар таъкид гардид.

Вусъат додани робитаҳои тиҷоратию иқтисодии байниминтақаҳои ду кишвар бисёр муҳим арзёбӣ карда шуд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иқтидори зиёди табиии Тоҷикистон ва фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки дар қонунгузории мо барои ҳифзи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ имтиёзҳо ва кафолатҳои ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.

Гуфта шуд, ки яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ дар ҷодаи сармоягузорӣ ин тавсеаи тиҷорат мутобиқ ба тамоюлҳои ҷаҳонии рушди иқтисоди “сабз” мебошад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Қирғизистон метавонанд ҳамкории судмандро дар соҳаи гидроэнергетика рушд диҳанд. Захираҳои бузурги “энергетикаи сабз”-и ҷонибҳо метавонад ба манфиатҳои на танҳо ду кишвар, балки тамоми минтақа хизмат кунанд.

Пешниҳод карда шуд, ки соҳибкорон ва ҷонибҳои манфиатдор дар соҳаҳои гуногуни саноат низ шарикии мутақобилан судмандро ба роҳ монанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони форумро ба дурнамою густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту логистика, кишоварзӣ, инчунин бахшҳои молия ва бонкӣ ҷалб намуданд.

Имконоти бузурги ҷонибҳо барои якҷо пеш бурдани сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва солимгардонӣ таъкид гардид.

Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки ҳамаи зарфияту иқтидорҳои мавҷуда бояд барои рушди иқтисоди кишварҳо ва баланд бардоштани некуаҳволии мардумони ду давлат самаранок истифода карда шавад.

2025-07-08 22:04:55

БОЗДИД АЗ НАМОИШГОҲИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН ДАР МАРКАЗИ “ЭКСПО”

8 июл дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази “ЭСКПО”-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров аз намоишгоҳ дидан намуда, бо маҳсулоти истеҳсолкардаи ширкатҳои саноатии Тоҷикистону Қирғизистон шинос шуданд.

Зимни боздид аз намоишгоҳ роҳбарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров бо соҳибкорону намояндагони доираҳои тиҷорат ва истеҳсолкунандагони ду кишвар суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро барои ба роҳ мондани робитаҳои зичи ҳамкорӣ бо ҳамтоёни худ ҳидоят намуданд.

2025-07-03 08:18:02

ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ КОЛЛЕҶИ КИШОВАРЗИИ МАСТЧОҲ НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

Дар ифтитоҳи маҷлис директори муассиса Марҳамзода Парвизи Исмоил баромад намуда аз ҳайати коллективи кормандону омӯзгорон барои меҳнати софдилона ва иҷроиши саривақтии нақшаву барномаҳои соли таҳсил, бо мувофиқа ва дастуру супоришҳои Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ ва миннатдории хешро баён намуд.

Сипас тибқи рӯзномаи Шӯро аз ҷониби муовинон, мудирони шӯъбаҳо, кафедраҳо ҳисоботҳо ва натиҷаҳои ҷамъбастии соли таҳсил бо таври муфассал пешкаши ҳозирин гардиданд.

Дар фарҷоми маҷлиси ҷамъбастӣ ба як қатор омӯзнорону кормандоне, ки дар давоми соли хониш фаъолияти хуб нишон дода дар ҷалби довталабон ба муассиса саҳми зиёди худро гузошта буданд бо сипосномаи директори муассиса қадрдонӣ гардиданд.

2025-07-03 08:16:33

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Январи соли 1967. Сардии фасли дай, ки хуршедро камтар ба ҷилва мебаровард, ҳамоно ҳукумат мекард. Зимистони сардро гиряи кӯдаки нав ба дунё омада дар оилаи сарватманди водии Кӯлоб бобои Маҳмуд дигар намуд. Шодии ин оиларо ҳадду канор набуд. Гуё зиндагӣ ғазали тоза месароиду акнун бо хушиҳо дарашонро мекӯбид.

Бо ниятҳои зиндагии хубу духтари хуштолеъ, баландпарвоз ва хушбахтии фаровон насибаш гардидан, Қумринисо номаш ниҳоданд. Қумринисо ном ниҳоданаш таърихчаи ҳузнангези дигарро дорад. Акнун, духтари эркаи ин оила бо табассумҳои ширини бибию бобо, падару модар ва оғуши гарми пайвандон ба воя мерасиду бехабар аз фардои дарду ғамҳо, ки дар пайи ҳар як шикасташ шириниҳое дошт.

Умри инсонро чун абри раҳгузар гуфтанд, ки беҳуда набудааст. Хурсандиҳои аёми тифлӣ дер давом накард, баъди 6 моҳи таваллуди набера, бобои Маҳмуд ва баъди муддати бибии хонадон низ аз дунё реҳлат карданду зиндагӣ бар души фарзанди хурди гузашт.

Қумринисо бо завқи тамом, хушиҳои зиёд аз зиндагии доштааш раҳсипоре дабистон гашту соҳиби номаи камол низ гардид. Акнун, шебу фарози зиндагӣ ӯро чун духтараки ба камол расида, дар масри худ имтиҳон мекард. Соли 1985 бо мушкилиҳои зиёд донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ба номи Абуабдуллои Рӯдакӣ гардиду бо сарбаландӣ соли 1992 ин боргоҳи номварро хатм намуд.

Дар муассисаи таълимии №41-и шаҳри Кӯлоб, ки ба ҳайси китобдор қабул гардида буд, фаъолияти меҳнатиро оғоз намуд. Сипас, ба шуъбаи алоқаи шаҳрӣ ва баъдтар дар Кумитаи комсомолии вилояти Кӯлоб корро давом дод. Дар ин коргоҳ, дар тамоми чорабиниҳои сиёсию фарҳангии шаҳр иштирок менамуд. Ва дар муддати 3 соли фаъолият бо ҳамроҳии шахсиятҳои маъруфи вилояти Кӯлоб Раҳимов Ибодулло Ҳабибуллоевич, Раҳмонов Абдуғаффор Азизович, Холов Ҳайдар Сангмадович, Амиров Раҳмоналӣ ва дигаррон корро омӯхта, хизматҳои зиёде анҷом додааст. Фаъолияти пурмаҳсули Маҳмудзода Қумринисоро чун бонуи фаъолу кордон ба инобат гирифта, 15 марти соли 1994 ӯро ба ҳайси вакил аз ҳисоби ҷавонони шаҳри Кӯлоб барои иштирок дар Анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе равон намуданд. Бонуи фаъолу кордон дар нахустин вохӯрии Раиси Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар иштирок намуд. Аз нахӯстин Анҷумани ҷавонони Тоҷикистон бо Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар театри опера ва балети шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, хотираҳои зиёде дорад. Бахусус, суханони таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки гуфта буд: Имрӯз ман ба нерӯи ҷавонони кишвар эътимоди зиёд дорам. Ва бовар дорам, ки шумо чун созандагони ояндаи миллат дар пешрафти кишвари тозаистиқлоламон саҳми калон мегузоред. Тоҷикистони ҷавон бо Шумо ҷавонон ояндаи дурахшон дорад. Ин вохӯрӣ барояш ҳамеша хотирмону таърихи гардидааст.

Фарози зиндагӣ, гардиши пуртуғёни умр, мушкилиҳои зиёди тақдир, қоматашро нашикаст. Дар аёми ҷавонӣ соли 1998 падари хонадон Маҳумдов Нуралӣ дунёро тарк намуд. Реҳлати падар, маҷрои зиндагии Қумринисоро ба куллӣ дигар кард. Акнун ӯ ба ҷойи падар паҳлуи модар қомат рост карду барои тарбияи 11 нафар хоҳарону бародаронаш камар баст. Дар айёми ҷангҳои шаҳрвандӣ, ки фазои сиёсии кишвар ноором буд, тарбия ва нигоҳ доштани оила мушкилии зиёдеро пеш меовард. Ӯ баъди падар на чун духтари эркаи хонадон балки як марди руинтанеро мемонд, ки бо мақсади зиндагии беҳтар бояд кори бештаре кардаву ошёни падарро саробон бошад. Заҳматҳои зиёду ранҷҳои бешумор, ӯро ҳеҷ гоҳ дилсард накарду рӯҳи падарро ҳамеша чун як Гурдофариди замон ором нигоҳ дошт. Бо обилаҳои дастону заҳматҳои фаровон бародарону хоҳаронашро босавод намуд ва ба роҳи зиндагӣ гусел кард. Ӯ он заҳматҳои гузаштаро ҳамеша ба хотир меораду аз фарзандони муваффақи падар меболад. Чун ин имтиҳони зиндагиро бо сарбаланди пушти сар намудааст.

Дӯстдории касби омӯзгорӣ ӯро соли 1993 ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб овард. Ӯ корро аз роҳбари созмони ҷавонони муассиса оғоз намуд. Сипас, раиси Шӯрои занон ва кор бо духтарон, муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ ва акнун муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалиро дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» ба уҳда дорад. Дар муддати 32 соли фаъолият, шикасту рехти зиёдеро пушти сар намуд. Аз муваффақияту комёбӣ ва дастовардҳои зиёди доштааш қаноатманд набуда, ҳоло низ барои фаъолияти бештар мекӯшад. Дар ин муддат ӯ бо унвони баланди медали «Хизмати шоиста» нишонаҳои сарисинагии аълочии маорифи Тоҷикистон, аълочии тандурустии Тоҷикистон, Аълочии фарҳангӣ Тоҷикистон ва чандин ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардидааст.

Маҳмудзода Қумринисо Нуралӣ чун бонуи нексириш ва қавиирода дар роҳи бобарори умр заҳмат кашидаву ҷонфидои касби интихобнамудааш гардидааст. Ба андешаи устод Садриддин Айнӣ «Дар ин солҳои фаъолияти қаламкашию аламкашияш ҳарфҳои таҳсинбарангезу таънабарангезро зиёд шунидаю ба қадри илму дониш расидааст». Ва дар ин сарои пурғубори зиндагӣ дандон болои ҷигар гузошта, дуди чароғ хӯрда ва чун мурғи самандар аз хокистар эҳё шуда, ба фазои матлабу мақсади балантаре расиду болу пари нав кушоду сазовори унвони илимии номзади илмҳои педагогӣ гардидааст. Ба қавле, аз рӯз бурида ба шаб сӯхтаааст ва шабҳои худро аз домани андешаҳои миллатпарварона ва фарҳангдӯстона тулонитар ва паҳнотар намудаву китобе бо номи «Ташаккули салоҳиятҳои касбии донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ»-ро рӯи чоп овардааст. Инчунин, ӯ зиёда 50 мақолаҳои илмию омавиро интишор намудааст.

Муаллиф ба хотири эҳтиром гузоштан ба ин бонуи пуркору заҳматкаш, ки 32 соли ҳаёти худро ба пешаи омӯзгорӣ равона намудааст, андешаҳои худро рӯи коғаз овардааст. Нигоштаи мо хусусияти таблиғотӣ надорад. Умедворем, зиндагинома ва фаъолияти бисёрсолаи муаллима Маҳмудзода Қумринисо Нуралӣ барои ҷавондухтарон намунаи ибрат хоҳад шуд.

ИБРОҲИМОВ С. Т.,

мудири кафедраи фанҳои гуманитарии

Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р. А.

2025-07-03 08:14:50

НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲИ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Бо мақсади ҷамъбаст ва натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи аввал дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 30-юми июни соли 2025 ҷаласаи умумии ҳисоботӣ баргузор гардид, ки дар он директори муассиса, дотсент Ғафурӣ Зоир Саъдулло, муовини аввали директор, муовинони соҳавӣ, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, шуъбаҳо ва бахшҳо, инчунин ҳайати омӯзгорон ва кормандони муассиса иштирок намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа роҳбарияти Коллеҷ фаъолияти шашмоҳаи муассисаро бо нишондиҳандаҳои амиқу мушаххас таҳлил намуда, дастовардҳои назаррас ва самтҳои афзалиятноки корро дар самти таълиму тарбия, омодасозии мутахассисони соҳибмаърифат ва иштироки фаъоли донишҷӯён дар чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ ва варзишӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Дотсент Ғафурӣ Зоир Саъдулло зикр намуд, ки рушди соҳаи таҳсилоти касбӣ ва дастгирии пайвастаи муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, неруи муҳимми пешбарандаи соҳа буда, иқдому таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат нисбати рушди илм ва маърифат боиси сарфарозӣ ва масъулияти баланд мегардад.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки омӯзгорону донишҷӯёни муассиса дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла дар гирифтани Стипендияи Президентӣ, Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ва дигар ҷоизаҳо дастовардҳои шоён ба даст овардаанд. Дастгирии кадрҳои ҷавоне, ки ба фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ рӯ овардаанд, яке аз самтҳои муҳимми самти кадрии Коллеҷ арзёбӣ гардида, барои омӯзгороне, ки рисолаҳои илмии номзадӣ ва докториро дифоъ менамоянд, мукофотпулиҳо ҷудо карда мешавад.

Директори Коллеҷ аз самтҳои дигари фаъолияти муассиса ташкили дарсҳои сайёр дар мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, тарғиби худшиносиву хештаншиносӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии донишҷӯён ёдоварӣ гардид.

Дар охири ҷаласа мудири бахши идоракунии сифати таҳсилот Мастура Қосимова ва муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Муродҳусайн Илҳомов ба музокира баромада, фаъолияти шашмоҳаи Коллеҷ қаноатбахш арзёбӣ карданд. Инчунин, барои самаранок амалӣ намудани стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва таъмини рақобатпазирии мутахассисони оянда ба масъулин супоришу дастурҳои мушаххас дода шуд.

2025-07-03 08:13:27

ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

30-юми июни соли равон дар Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи Шурои муҳандисӣ омузгорӣ, ки баррасии натиҷаи фаъолияти литсей дар соли таҳсили 2024-2025 ва вазифаҳо барои соли таҳсили 2025-2026-ро дар бар мегирифт, дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Зимни баргузории ҷаласа фаъолияти бисёрҷабҳаи литсей, дастовардҳои омӯзгорон, кормандон ва хонандагони муассиса мавриди таҳлил қарор гирифта, барои соли таҳсили 2025-2026 вазифагузориҳо карда шуд.

Дар ҷаласа омӯзгорон, устоҳои таълимӣ ва кормандони хоҷагӣ иштирок карданд.

Дар ифтитоҳ директори муассиса номзади илмҳои иқтисодӣ Иматчоев Зинатшо Хизматшоевич оиди фаъолияти таълимию методӣ, илмӣ-тарбиявӣ, робитаҳои байналмилалӣ, ташкилию тарбиявӣ ва маъмурию хоҷагии литсей муфассал сухан ронд.

Вобаста ба ҳисоботи директори литсей Раҳмонов Нуриддин муовини директор оид ба таълими истеҳсолӣ ибрози андеша карда, фаъолияти солонаи литсейро самаранок ва қаноатбахш арзёбӣ намуд.

Дар идома,Ҷамшед Нуров, муовини директор оид ба корҳои хоҷагӣ-маъмурии муассиса ба музокира баромада, фаъолияти литсейро дар давраи ҳисоботӣ мусбат арзёбӣ намуд ва дар пайвастагӣ ба ин, фикру пешниҳодҳои худро иброз дошт.

2025-07-03 08:11:29

ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ КӮЛОБ НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

30-юми июни соли 2025 ҷиҳати натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2025 дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ҷаласаи умумии ҳисоботӣ баргузор гардид, ки дар он директори муассиса, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Одиназода Латофат Амиршо, муовинони директор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, шуъбаю бахшҳо, инчунин ҳайати омӯзгорон ва кормандони қисмати хоҷагидории муассиса иштирок намуданд.

Директори муассиса ҷаласаро ифтитоҳ намуда, зимни баромади худ иброз доштанд, ки пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф вобастагии зич дорад. Бесабаб дар Тоҷикистон рушди соҳаи мазкур яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар нашудааст. Зеро таҳкурсӣ ва пояи рушди соҳаи иқтисодиёту сиёсат ва иҷтимоиёту фарҳанг аз омода кардани кадрҳои баландихтисос вобаста мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳамасола бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвари азизамон муассисаҳои нави таълимӣ бо шароити муосиру ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, то насли имрӯзу оянда соҳибилму донишманд гарданд ва барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.

Соҳаи маориф зербинои асосии пешрафти ояндаи давлату миллат буда, дуруст ба роҳ мондани корҳои таълимиву илмӣ ва тарбиявию ҷамъиятӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот барои омода кардани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи рақобати бозори меҳнат таъсири бевосита мегузорад.

Дар идомаи ҷаласа ҳисоботи муовинони соҳавӣ, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаҳову кафедраҳо шунида шуд.

Баромадкунандагон зимни ироаи ҳисоботҳои худ зикр намуданд, ки омӯзгорону донишҷӯёни муассиса дар давраи ҳисоботӣ дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявии сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм-фурӯғи маърифат", Тоҷикистон-Ватани азизи ман" ва олимпиадаи фаннӣ ширкат карда, соҳиби ҷой гардида, ба даври вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Ҳамзамон, баҳри зиёд намудани иқтидори илмии муассиса аз ҳисоби кадрҳои ҷавон якчанд омӯзгори муассиса ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд. Аз он ҷумла, Шарипов Раҳмоналӣ омӯзгори кафедраи математика-информатика иҷозаи ҳимояи рисолаи номзадиашро дар моҳи сентябри соли равон соҳиб шудааст. Дар умум дар ҳама самтҳо дар коллеҷ натиҷаҳо хуб буданд.

Дар идомаи ҷаласаи аз ҷониби директори муассиса доир ба масъалаҳои рухсатии кормандону омӯзгорон, пардохти саривақтии рухсатпулиҳо, ба истироҳатгоҳҳо ҷалб намудани омӯзгороне, ки дар давоми сол заҳмату меҳнати зиёд кашиданд, дастгирии донишҷӯёни ятиму имконияти маҳдуддошта ва иштирокчиёни озмунҳои болозикр ва тақсимоти вазифаҳо барои соли нави хониш ба масъулин дастуру супориши қатъӣ мушаххас дода шуд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа як қатор омӯзгороне, ки дар давоми сол фаъолияти назаррас доштанд, бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

2025-07-03 08:09:41

ФАЪОЛИЯТИ 6 МОҲАИ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ СОХТМОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

Санаи 01 июли соли 2025 таҳти раёсати директори Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе н.и.п. Саидзода Аҳмадшо Раҳматшо бо иштироки васеъи омӯзгорону кормандон Шурои муҳандисию омӯзгории кормандони Литсей баргузор гардид, ки дар кори Шуро фаъолияти муассиса дар соли таҳсили 2024-2025 иҷрои Қонуну Барномаҳои давлатӣ, Стратегияву нақша чорабиниҳои дар самти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, нақшаи кории Литсей, натиҷагири карда шуд.

Ба кори ҷаласа директори муассиса Аҳмадшо Саидзода ифтитоҳ бахшида, аз фаъолияти таълимию методӣ, илмӣ-тарбиявӣ, робитаҳои байналмилалӣ, ташкилию тарбиявӣ ва маъмурию хоҷагии литсей дар як сол натиҷагирӣ намуд.

Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти директори муассиса изҳор дошт, ки ҳайати кормандони муҳандисию омӯзгории Листей соли таҳсили 2024-2025-ро бо дастовардҳои назаррас аз ҷониби омӯзгорон, кормандон ва хонандагон паси сар намуданд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо иштирок ва сазовари ҷойҳои намоён гардидани хонандагон дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ мебошад. Бояд гуфт, ки дастовардҳои ба даст омада ҳамчун омили муаррификунанда барои фаъолияти минбаъдаи пурсамари муассиса ва аҳли коллективи кормандон нақши басо муҳим дорад.

Дар идомаи кори Шуро муовинони директор Исматова Н.Ҳ ва Сафолов А.Н. омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ Каримов Навруз ба музокирот баромада фаъолияти муассисаро қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Сипас директори муассиса н.и.п Аҳмадшо Саидзода ба ҳайати омӯзгорону кормандон ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои боз ҳам баландтар дар соли таҳсили 2025-2026 дастуру супоришҳои мушаххас дода, вобаста ба иҷрои онҳо аз ҷониби аъзоёни Шурои муҳандисию омӯзгорӣ қарорҳои дахлдор қабул гардида, шахсони масъул вазифадор карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар анҷоми кори Шуро аз ҷониби маъмурияти Литсей устоҳои таълимие, ки хонандагонашон дар озмуни ҷумҳуриявии "Малакаи касбӣ " сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд, бо Ифтихорнома мукофотонида шуданд.

2025-07-03 08:08:17

ФАЪОЛИЯТИ КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР ШАШМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 НАТИҶАГИРИ КАРДА ШУД

30 июни соли 2025 таҳти раёсати директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи Шӯрои олимон баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти муассисаи таълимӣ дар самтҳои фаъолияти таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, тарбиявӣ, равобити хориҷӣ ва молиявию хоҷагидорӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2025 мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифта шуда, натиҷагирӣ ва барои соли нимсолаи минбаъдаи соли 2025 вазифагузориҳо карда шуд.

Барои баррасии масъалаи мазкур муовинони директор аз рӯи соҳаҳои дахлдор, сардорони воҳидҳои сохторӣ бо маълумотномаи муфассал баромад намуданд.

Дар рафти натиҷагирӣ аз фаъолияти Коллеҷ директори муассисаи таълимӣ номзади илмҳои техникӣ, дотсент Рабизода Наҷибулло изҳор дошт, ки вобаста ба татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир, ҷалби шунавандагон ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон дар хориҷи кишвар, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва тақвият бахшидани иқтидори кадрӣ, аз ҷумла устодони дорои дараҷа ва унвони илмидошта, иштироки фаъолонаи донишҷӯёну омӯзгорон дар озмуну олимпиадаҳои сатҳҳои гуногун,тавсеа бахшидани робитаҳои судманд бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии хориҷи кишвар, таваҷҷуҳ ба пояи моддӣ-техникӣ, таҷҳизонидани озмоишгоҳҳо мавсъалаҳое мебошанд, ки раёсат ва коллективи меҳнатии коллеҷ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, нерӯи созандаи худро ба он равона карда, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардида истодааст.

Дар интиҳои ҷаласа, директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе Рабизода Н. аз ҳайати омӯзгорон ва кормандон даъват ба амал овард, ки дар нимсолаи дуюми соли 2025 бо масъулияти дучанд барои расидан ба нишондиҳандаҳои боз ҳам баландтар кӯшиш намоянд. Вобаста ба самтҳои асосии фаъолияти минбаъда, аз ҷониби Шӯрои олимон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

2025-07-03 08:06:36

ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКӢ НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

Дар толори маҷлисгоҳ бо иштироки тамоми омӯзгорону кормандони коллеҷи техникӣ фаъолияти шашмоҳаи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ шунида шуд.

Ҷаласаро директори коллеҷи техникӣ муҳтарам Низомзода Зокирҷон ифтитоҳ намуда, масъалаҳои баррасишавандаро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дод.

Сипас, тибқи рузномаи ҷаласа барои баррасӣ ва муҳокима намудани натиҷаи самтҳои фаъолияти коллеҷ дар шашмоҳаи соли ҷорӣ навбати сухан ба муовинони директор дода шуд.

Муовинони директор оид ба натиҷаи самти фаъолияти худ дар шашмоҳи соли ҷорӣ баромад намуда, ҷиҳати корҳои ба сомон расонида дар назди ҳамагон ҳисобот дода, қайд намуданд, ки камбудию нуқсониҳои ҷойдоштаро ошкору роҳҳои бартарафсозии онҳо ва самтҳои афзалиятноки пешрафти коллеҷро дар самти худ муайян карда, бояд ҷидду ҷаҳд намоем ва кӯшиш ба харҷ диҳем, ки иҷрои амалии нақшаҳои ояндаамонро дар соли таҳсили дар пешистода таъмин сохта, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷомаи амал пӯшонида, ҳиссаи арзандаи худро дар беҳдошти сифати таҳсилот, раванди таълиму тарбияи донишҷӯён гузорем.

Пас аз анҷоми ҳисоботҳо баромадкунандагон ба саволҳои аъзои Шӯрои олимон ва омӯзгорону кормандон ҷавобҳои саҳеҳу қаноаткунанда дода, иловатан қайд карданд, ки мақсаду мароми ҳар як сохтор ин беҳдошти сатҳи сифати таълиму тарбияи донишҷӯён, дилгармии омӯзгорон нисбати касби омӯзгорӣ, муҳайё намудани шароити мехнати омӯзгорону донишандӯзии донишҷӯён, таъмини муассисаамон бо воситаҳои замонавии таълим, ҷалби донишҷӯёну омӯзгорон ба корҳои эҷодӣ, навоварӣ, мувофиқи талаботҳои меъёрию ҳуқуқӣ ташкил кардани ҳуҷҷатнигорӣ дар тамоми воҳидҳои сохтории коллеҷ ва бо меҳнати ҳалолу таҳсили хуб ҷавоб гардонидан аст.

Дар муҳокимаи ҳисоботҳо дар шашмоҳаи соли ҷорӣ аъзои Шӯрои олимон ва омӯзгорону кормандон қайд намуданд, ки дар ҳақиқат муассисаи таълимии мо соли таҳсили ҷорӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гардид, тағйироти куллӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолиятамон ба вуҷуд омаданд. Агар ҳар як корманди коллеҷ камбудиҳои фаъолияташро бартараф созад ва супоришҳои роҳбарияти коллеҷро дар хусуси рушди ояндаи коллеҷ дар амал татбиқ намояд, боз ба натиҷаҳои беҳтар ноил мешавем. Корҳои наҷиби ба сомон расонидаи муовинони директорро ба инобат гирифта, фаъолияти коллеҷро дар шашммоҳаи соли ҷорӣ қаноатбахш арзёбӣ намуда, бо боварии комил гуфта метавон, ки дар оянда ба комёбиҳои ҷолиби диққати ҳамагон ноил хоҳем гашт.

2025-07-03 08:04:33

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Аслан истеъдод ҳам, ҳунар ҳам, пеш аз ҳама, худи инсон аст. Инсоне, ки метавонад ва қодир аст дар вуҷуду сиришти хеш ҳама оламро ғунҷоиш диҳад ва тасхир созад. Номаи сарнавишти ҳунарманди асил бошад, барои дигарон аз ҳама ҷиҳат аҷоибу мароқангез аст. Муҳаббат атои Парвардигор аст. Дилеро, ки аз нури муҳаббат равшан аст, шикастану афсурда сохтан сахт душвор аст.

Кенҷабой Норматов ҳам аз ҳамин тоифа инсонҳост. Худованд барояш дили муҳаббатборе туҳфа намудааст. Кенҷабой Норматов зодаи ноҳияи Спитамен. Аз хурдӣ ба санъати мусиқӣ меҳр бастааст. Ин меҳр ӯро ба омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд меоварад.

Ӯро ҳунарманди бузург, рубобнавози моҳир Одилҷон Назаров ба шогирдӣ қабул менамояд. Омӯзишгоҳи мусиқиро бо баҳои аъло хатм намуда, бо ҳидояти устодаш ба консерваторияи давлатии шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дохил мегардад. Дар он ҷо аз профессор Васильев Ф.Н. дарси санъати касбиро меомӯзад.

Баъди хатми консерватория бо дипломи аъло ба шаҳри Хуҷанд бармегардад ва дар омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд ба сифати омӯзгори рубоб ва дирижёрӣ ба кор шурӯъ менамояд. Устод чун роҳбари оркестри созҳои мардумӣ дар оркестр навгониҳо ҷорӣ менамояд. Дар оркестр асарҳои рангоранг ва калонҳаҷм садо медоданд. Асарҳои композиторони ҷаҳон ворид гашта иҷроиши асарҳо ба касбият мубадал гаштанд.

Устод Норматов К. дар давоми ин солҳо шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки онҳо имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон ва берун аз он кор ва фаъолият мебаранд. Камина яке аз аввалин шогирдони устод ҳастам ва мефахрам аз он ки аз устод сабақ гирифтам. Хушбахтона имсол устоди азиз ҷашни мавлуд доранд, он кас ба синни мубораки 80 расиданд.

Ворис РАҲМОНЗОДА,

композитор, омӯзгори Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд

2025-07-03 08:03:34

ФАЪОЛИЯТИ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ ШАҲРИ ҲИСОР ДАР ШАШМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

Дар Литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор ҷаласаи васеи Шӯрои муҳандисию омӯзгорӣ бо иштироки ҳайати омӯзгорону кормандон баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти муассисаи таълимӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2025 мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт.

Ҷаласаро директори Литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор Зарина Бурихонова ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба фаъолияти муассиса дар нимсолаи аввали соли 2025 маълумот дод. Зикр гардид, ки муассиса дар ин давра ба як қатор дастовардҳои назаррасу шоиста сазовор гардид.

Аз ҷумла, дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ», ки рӯзҳои 26-27 май дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, хонандаи муассиса Манзура Ҳайдарова,иштирок карда, дар номинатсияи «Дӯзанда» сазовори ҷойи аввал шуд, ки ин боиси ифтихори тамоми кормандони литсей аст. Инчунин, аз рӯи ихтисоси «Барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил» Пиров Исроилҷон ҷойи сеюм ва аз рӯи ихтисоси «Ронандаи автомобил» Тоҳиров Ҷовид сазовори ҷойи сеюм шуданд, ки дастоварди шоистаанд.

Таъкид шуд, ки муассиса дар ин давра мутахассисони варзидаро аз рӯи ихтисосҳои “Системаи компютер ва интернет-технология», «Кафшергари газӣ-барқӣ», «Тракторист-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ», «Челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил», «Ронандаи автомобил бо гирифтани дараҷаи В, С», «Ҳисобчӣ (бо омӯзиши кор дар компютер)», «Дӯзанда» ва «Барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои автомобил» омода карда, ба бозори меҳнат ворид намуд.

Дар қисмати музокира як қатор омӯзгорон ва устоҳои таълимӣ-истеҳсолӣ баромад карда, фаъолияти муассисаро дар ин давра қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Дар хотима дирекори литсей ба аъзои Шӯро барои фаъолияти босамар дар соли таҳсили 2025-2026 дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки ҳар як омӯзгор вазифадор аст дар пайи татбиқи сиёсати созндаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд омода кардани кадрҳои коргари нақши сазовор гузорад.

2025-07-03 08:02:25

НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

1-уми июли соли 2025 бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳа ҷаласаи васеи Шӯрои олимони Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он Бобоҷон Маҳмадализода – сардори раёсати таҳсилоти миёнаи касбии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сино Амирбекзода – директори коллеҷ, муовинони директор, сардорони шуъбаҳо, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорону кормандон иштирок намуданд.

Дар оғоз директори коллеҷ Сино Амирбекзода оид ба фаъолияти таълимию методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, робитаҳои хориҷӣ, ташкилию тарбиявӣ ва маъмурию хоҷагии коллеҷ муфассал суханронӣ кард. Зимни суханронӣ изҳор дошт, ки маъмурияти Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе» дар соли таҳсили 2024-2025 ва шашмоҳаи аввали соли 2025 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани солҳои 2020-2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва эълони солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, дар самти таълим, фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, инноватсионӣ, ташкилию тарбиявӣ, маъмурию хоҷагидорӣ ва тавсеаи базаи моддию техникӣ корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст.

Қайд гардид, ки маъмурияти коллеҷ бо мақсади самаранок ба роҳ мондани фаъолияти минбаъда дар мувофиқа бо Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори коллеҷро таҷдид намуда, дар шакли нав тасдиқ намуд ва инчунин бо мақсади эътироф гардидани фаъолияти коллеҷ ҳамчун муассисаи давлатии таълимии зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Иҷозатнома» оид ба пешдури фаъолияти таълимӣ гардид.

Дар муҳокима ва музокираи ҳисобот Маҳмадализода Бобоҷон, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи касбии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони директор, устодону омӯзгорони коллеҷ баромад намуда, ҳисоботи директори коллеҷро самаранок ва қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

2025-07-03 08:01:06

КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ БОХТАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 БО ДАСТОВАРҲО ҶАМЪБАСТ НАМУД

2 июли соли 2025 дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар ҷаласаи васеи Шӯрои олимон баргузор гардид. Дар ҷаласа директори коллеҷ Шамъигул Шарифзода, муовинони директор, устодон ва дигар аъзоёни шӯро иштирок доштанд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои марбут ба ҷамъбасти сессияи ҷорӣ, натиҷаи аттестатсияи давлатии хатмкунандагон, ҳисоботи муовинони директор, мудирони кафедраҳо, сардорони шӯъбаҳо оид ба соли таҳсили 2024 - 2025, вазъи пардохти маблағи таҳсил ва иҷрои барномаҳои давлатӣ дар нимсолаи дуюм баррасӣ шуданд.

Зикр гардид, ки Шӯрои олимон ҳамчун як ниҳоди муҳими илмӣ-назариявӣ, саҳми арзанда дар рушди фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмии муассиса дорад. Аъзоёни шӯро дар робита ба самтҳои гуногуни фаъолият суханронӣ намуда, пешниҳодҳои худро ироа намуданд.

Директори муассиса масъалаҳои матраҳшударо таҳлил намуда, барои бартарафсозии камбудиҳо ва тақвияти фаъолияти соҳаҳо ба шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид шуд, ки бо назардошти ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои зарурӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсил ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир андешида шаванд.

Дар интиҳо, қарорҳои дахлдор вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа баррасӣ ва натиҷагирӣ гардиданд.


2025-07-03 08:00:06

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ- САРЧАШМАИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТАИ МИЛЛАТ

Таҳти ин унвон дар толори Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси роҳбарияти Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб бахшида ба 28 умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ директори коллеҷ номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Одиназода Латофат Амиршо, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Қурбонзода Наргис, муовини КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз, мудири бахши бойгонӣ - матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Нусратзода Шаҳноза, собиқадори меҳнат Валиева Саъбагул, садорати коллеҷ ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Зимни сухани ифтитоҳӣ директори муассиса аз Ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон ба ҳайси неъмати бузург ва таърихии даврони Истиқлол ёдовар шуда, онро сарчашмаи субот, рушди устувори миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ дар самти бунёди давлати комили демокративу ҳуқуқбунёд маънидод намуд.

Роҳбари муассиса зимни баромади худ иброз намуданд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи сарнавиштсоз ба хотири таъмини сулҳ ва барқарорсозии амнияту оромӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди солҳои душвору пурфоҷеаи ҷанги шаҳрвандӣ ба даст омада, маҳсули иродаи қавӣ, сиёсати хирадмандонаю сулҳҷӯёна, инчунин заҳматҳои шабонарӯзию пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар рафти чорабинии имрӯза Қурбонзода Наргис, Валиева Саъбагул, Саймуминзода Фирӯз, Ҳусейнов Зарифбой суханони пурмуҳтавои худро вобаста ба арзишҳои миллию давлатии Ваҳдат ба ҳозирин ироа намуданд.

Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Қурбонзода Наргис маъмурият ва аҳли кормандону донишҷӯёни муассисаро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб табрик намуда, дар идомаи суханрониашон қайд намуданд, ки Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои шоёни сиёсист, ки барои ба даст овардани он аввалиндараҷа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони ҷасури Ватан ҷони худро дареғ надошта, хизматҳои шоён кардаанд. 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид ва бо шарофати он халқи тоҷик аз вартаи ҷангу хунрезиҳо раҳо шуд. Ваҳдат, ки ҳамчун рамзи озодӣ ва осудагист бояд ҳифзи он шоири ҳамешагии ҳамаи мо бошад.

Сипас, омӯзгорони фаъол ва донишҷӯёни муассиса, ки дар даври муассисавию шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ ғолиб шуданд, бо сипосномаи директори коллеҷ ва Нишони аълочии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷӯёни муассиса бо суруду тарона ва шеъру рақсҳои зебо ҳозиринро мафтун сохтанд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ арзиши муҳиму муқаддас ва кафили бақои халқу давлат буда, ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як сокини ин сарзамин ба ҳисоб меравад.