
РУШДИ ФУТБОЛ ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
2025-02-09 16:19:27
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми худ
вобаста ба баланд бардоштани соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ суханронӣ намуда,
барои рушди он ба масъулони соҳа дастурҳои мушахас додаанд.
Тавре ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр
карданд: «Мо ба хотири таъмини саломатии аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон,
таблиғи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва муаррифии давлату миллат
дар арсаи байналмилалӣ соҳаи варзишро ҳамчун самти муҳими фаъолияти давлатдорӣ
дастгирӣ менамоем».
Хушбахтона, имрузҳо бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе
муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои рушду инкишофи варзиш тамоми шароиту имкониятҳо
фароҳам оварда шудаанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ, дар мамлакат, аз ҷониби
мақомотҳои иҷроия садҳо бинову иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд,
ки ин боз ҳам барои дар роҳи ҳаёти солим тарбия кардани ҷавонону наврасон нақши
муҳим мебозад.
Боиси ифтихор
ва шарафмандист, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ, раиси Ассотсиатсияи Футболи Осиёи
Марказӣ (CAFA) ва раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон аввалин бор 10-уми
феврали соли ҷорӣ пешниҳод намуд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф
шуда, тавассути қабули қатъномаи махсуси Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид
«Рӯзи ҷаҳонии Футбол» расман эълон гардад. Ин пешниҳод, ки расман эълон гардид,
якбора ҳам мухлисон ва ҳам ҳаводорони рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро
ба ҳайрат овард ва он на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ҷаҳониёнро низ
мутаҳайир намуд. Ҳамин тариқ 25-уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда
шуд.
Маҳз ин
қатъномаи пешниҳодгардида нақши бунёдии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА)
ва нақши муҳими федератсияҳои футболро дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ, инчунин
ассотсиатсияҳои марбутаи онҳо дар пешбурди бозии футбол баланд арзёбӣ менамояд.
Ин қатънома аз ҳамаи кишварҳои узв ҷиҳати дастгирии варзиш, аз ҷумла футбол, ки
нақши он ҳамчун воситаи мусоидат барои таъмини сулҳ, рушд, тавонмандсозии
занону духтарон ва ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, инчунин мусоидат ба
фарогирии иҷтимоӣ, муколамаҳои байнифарҳангӣ ва байни тамаддунҳо назаррас аст,
даъват ба амал оварда шудааст. Метавон гуфт, ки баҳри баланд бардоштани варзиши
касбӣ ва маҳорати дар ин самт равонагардида, амали варзишгар бештар дида
мешавад ва дар ин самт нерӯи қавӣ рисолати ҷавонмардӣ ва ҳуввияти миллӣ низ
вазифаи муҳимро мебозад.
Ҳамин аст, ки
Маҷмааи Умумии СММ қарор қабул кард, ки рӯзи 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол
эълон карда шавад, зеро соли 2024 садсолагии аввалин мусобиқаи байналмилалии
футбол, ки бо иштироки намояндагони тамоми минтақаҳо дар Бозиҳои тобистонаи
олимпии соли 1924 дар шаҳри Париж баргузор гардида буд, ҷашн гирифта шуд. Ин лаҳзаи
хотирмон дар таърихи миллати варзишдӯсти тоҷик нақш баст. Солҳо мегузарад, аммо
пешниҳоде, ки вобаста ба рушди соҳа ҷаҳонро фаро гирифт дар хотираҳо нақши
бориз мегузорад. Акнун ҳар як варзишагари асили миллатро мебояд, ки риояи
талаботҳои ҷойдошта ва қоидаҳои буду боши раванди баргузории бозиҳои варзиширо
пайхас намуда, баҳри муаррифии Тоҷикистон дар самт бештар талош намояд.
Бахтиёр КАМОЛОВ, директ ори муассисаи давлатии
таълимии Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон