Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > “ТАХТИ САНГИН” - НИШОН АЗ ТАМАДДУНИ ВОЛО ВА ТАЪРИХИ КУҲАНИ ХАЛҚИ ТОҶИК
single-product

“ТАХТИ САНГИН” - НИШОН АЗ ТАМАДДУНИ ВОЛО ВА ТАЪРИХИ КУҲАНИ ХАЛҚИ ТОҶИК

2025-02-09 16:03:53

Ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ дар саросари кишвар бозгӯи миллати бостониву қадима ва соҳибтамаддун будани тоҷикон аст. Боиси тазаккур аст, ки танҳо соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангӣ ба Феҳрасти фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонзимни яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки дар назди Ҳукумати мамлакат Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис ёбад. Ҳадафи ин ниҳод густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ арзёбӣ мешавад.

“Тахти Сангин” яке аз ёдгориҳои беназири таърихию фарҳангӣ, ки дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон, дар ноҳияи Қубодиён ҷойгир аст. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқ Ш.Раҳмонов “Тахти Сангин” (Утар қала) дар 8 гектар масоҳат доман густурда, дар миёни Амударё ва куҳдомани Тоштеппа, аз шимолу ҷануб бо деворҳои ғафс пушонида шудааст.

Дар натиҷаи ҳафриётҳои бостоншиносон маълум гардидааст, ки тамоми шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз санг бино шудааст. Аз ин лиҳоз олимон онро “Тахти сангин№ номиданд. Азбаски ёдгории мазкур ба Тахти Ҷамшед (Персеполис) пойтахти империяи Ҳахоманишиён шабоҳат дошт, дар номгузорӣ ба он низ пайравӣ карданд. “Тахти Сангин” мавзеи таърихиест, ки маъбад шаҳрак унвон гирифта, ба асрҳои IV пеш аз милод ва II милодӣ тааллуқ дорад. Ин ёдгории пурарзиш аз ҳунари волои меъмории шаҳрсозии ачдодонамон дарак дода, муаррифгари таърихи як гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Қиммати баланди таърихӣ доштани “Тахти Сангин”-ро олимони ҷумҳурӣ Музаффар Азизов ва Ҷонибеки Асрориён низ таъкид намуда чунин нигоштаанд: “То ифшои рози ин ёдгории беназир шоҳигарии Бохтари куҳан барои олимон афсонаи ширинеро мемонд ва онҳо бовар намекарданд, ки мардуми бохтарӣ ба эҷоди тамаддуни бесобиқа қодиранд”. Дар нимаи дуюми асри Х1Х тоҷирони бухороӣ аз сокинони маҳаллӣ дар бораи бозёфти “Тахти Сангин” хабардор шуда онро харидорӣ намуданд. Сипас барои тиҷорат суи Ҳиндустон равона гардиданд ва “Хазинаи Амударё” аз ҷониби заргарони ҳинду ва амалдорони бритониягӣ харидорӣ шуданд. Баъди чанд сол бозёфти мазкур моли Осорхонаи миллии Британия гардид. Ин бозёфтҳо бозгӯи соҳиби таърихи куҳан ва фарҳанги ғанӣ будани халқи тоҷик аст. Маврид ба зикр аст, ки номи “Хазинаи Амударё” - ро ба бозёфтҳои “Тахти Сангин” муҳақиқи англис О. М. Далтон гузоштааст. Ӯ нахустин муҳаққиқест, ки дар бораи ин бозёфт таҳти унвони “Ганҷинаи Амударё” соли 1905 рисолаи алоҳида навишта ба он баҳои баланд дода буд. Ба иттилои муаллифони китоби “Қубодиён”- Қуввати Доро, Фозили Абдуррашид, Қиёмиддин Сатторӣ бошад, барои кашфи ёдгории “Тахти Сангин” дар сафарномаи сайёҳ ва афсари рус Н. Маев ҳамчун раҳнамо ба пажуҳишгарони баъдинаи осори бостонӣ ахбори муҳиме гирд оварда шудааст, ки он имконият дод, то ки макони аслии “Хазинаи Амударё” муайян гардад. Дар қарни ХХ бошад маълумотҳои муҳим аз ҷониби бостоншиноси шуравӣ М. М. Дяконов низ ба даст оварда шуданд. Инчунин, ҳафриётҳои натиҷабахши бостоншиносӣ зери роҳбарии бостоншиносони барҷастаи шуравӣ А. М. Менделштам, Б.А Литвинский, И.Р Пичикян ва дигарон ҷиҳати кашфу муаррифӣ намудани ёдгории “Тахти Сангин” гузаронида шуда тадқиқоти пурарзиш роҳандозӣ гардидаанд.

Хушбахтона дар замони имрӯза низ ҳафриёти бостоншиносӣ дар мавзеи “Тахти Сангин” идома ёфта истодааст. Қобили ёдоварист, ки “Тахти Сангин” ба номгуйи Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО аз Ҷониби Тоҷикистон соли 2011 пешниҳод шуда, соли 2015 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии Юнеско сабт гардидааст. Боиси ифтихор аст, ки пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба 2500 – солагии шаҳраки бостонии “Тахти Сангин” 11 ноябри соли 2021 дар чаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО ба Руйхати рӯзҳои муҳим ва хотирмоне, ки Юнеско дар солҳои 2022-2023 таҷлил мекунад, дохил гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар паёмҳо ва суханрониҳо пайваста таъкид менамоянд, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангии худро ҳифзу эҳё созем, омӯзем ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Маҳз бо дастурҳои Сарвари давлат аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонуну қарор, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дастурамал қабул гардид, ки ба ҳифзу эҳёи ин ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мусоидат намуд. «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» аз ҷумлаи онҳо мебошад, ки айни замон барои пешрафти кор дар ин самт нигаронида шудааст.

Азимзода Нусратулло Абдулло, сардори идоракуни сифати таҳсилоти Коллеҷи муҳандисӣ - омӯзгории шаҳри Бохтар