Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

single-product

МОДАР - ФАРИШТАИ РӮИ ЗАМИН

2025-03-05 20:11:11

Модар, эй қиматтарин неъмати рӯи дунё, эй сарчашмаи муҳаббат, эй фариштаи илоҳӣ ту азизу муқаддас ҳастӣ ва чун хуршед ҳастӣ, ки ба дилҳои мо фарзандон гармии худро мебахшӣ, ту бузург ҳастӣ, туро ҳама дӯст медорад, бе ту зиндагӣ вуҷуд надорад.

Қобили зикр аст, ки зан-модар ба мисли гулҳои баҳорӣ пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодоб мебошад. Дар фасли баҳор бахшида ба занону модарон ҷашни “Рӯзи модар” таҷлил мегардад, ки ин ҳам аз шарофату бузургии модар сарчашма гирифтааст.

Навои булбул омад ёд кардам алаҳоятро,
Сари гаҳвора зери лаб суруди хушнавоятро.
Ман охир ёд кардам ёд кардам модари ҷонам,
Адоятро навоятро ҳама меҳру вафоятро.

Дар васфи модар чӣ қадар шеъру таронаву суруд бихонем, бинависем кам аст, чунки олиҳаи ҳастӣ ҳамаи мавҷудоти рӯи замин, зан- модар аст. Инсон баъд аз раҳо гаштан аз оғӯши гарми модар қиммати ӯро дарк мекунад. Зеро мисли канори модар биҳиштосо макони дигаре нест. Модар дар ҳама ҳолат чӣ ҳозиру ғоиб пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида меболад. Аҷаб дунёи рангину зебо дорад модар.

Модар! - Дар зери ин панҷ ҳарф чӣ қадар маънии бузург ниҳон аст. Модар фариштаи меҳру муҳаббат буда, дар олам бузургтару муқаддастар аз ӯ дигар ҳеҷ мавҷуде нест. Модар аст, ки ҷони худро дар хатар гузошта,моро ҷон ато мекунад ва бо шири сафеду шираи ҷонаш ба камоламон мерасонад.

Ман дар симои Модар шахсеро мебинам, ки барои ҳар як инсони рӯи замин ҳаётро офаридааст. Модар аввалин устоди башарият аст, зеро зан-модар бо шири сафедаш фарзандро ба воя расонида, ба ӯ шеваи роҳ рафтан, ҳарф задан ва одам буданро меомӯзонад. Пуштибоне боэътимодтар аз модар дар тамоми дунё вуҷуд надорад. Танҳо зан-модар аст, ки мисли фариштаи нигаҳбон дар тамоми ҳолатҳо аз фарзанди дилбандаш пуштибнӣ карда, ҳаргиз ӯро танҳо намемонад.

Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро меҷунбонанд. Дар ҳақиқат модаронкони муҳаббатанд. Зан ба сони офтоб бо шуълаҳои гарми меҳраш тамоми ҷаҳонро гармӣ мебахшад. Модарон дар парвариш ва тарбияи мо ранҷи беандоза мекашанд аз ҳаимн хотир бояд ба қадри модар ва заҳматҳои ӯ расид ва пешаш сари таъзим фуруд овард.

Имрӯз модари тоҷик бо сари баланд ифтихор аз он дорад, ки ба монанди Исмоили Сомонӣ, Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Имом ал-Бухорӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммад Мӯсои Хоразмӣ, Абӯисои Тирмизӣ, Камолиддини Беҳзод, Сайидои Насафӣ, Камоли Хуҷандӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Ширинщоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Эмомалӣ Раҳмон ва садҳо фарзандони фарзона, нобиғагони бузург ва номбардорони миллати худро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати поки худ парваридааст ва онҳоро ба хизмати башарият равона кардааст.

Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба матонату заковати зани тоҷик чунин баҳогузорӣ намудаанд. «Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпарвар, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст».

Бояд қадри модарону бонувонро натанҳо дар рӯзҳои ҷашн гиромӣ дорем, балки дар зиндагии ҳаррӯза ба қадри худфарсоиву ҷоннисорӣ, муҳаббату меҳрубонӣ ва порсоии онҳо расем ва мақоми баландашонро пос дорем.

Қобили зикр аст, ки имрӯз зан-модари тоҷик дар баробари модару ҳамсари хуб будан дар тамоми соҳаҳо аз ҷумла: роҳбар, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олиму омӯзгор, муҳандис, ҳунарманду соҳибкор, табиб, ронанда, варзишгару рӯзноманигор кору фаъолият менамоянд. Аз таҳлилҳо чунин бармеояд, ки мақоми зан дар ҷомеа дар сатҳи баланд қарор дорад ва нақши занон дар фаъолиятҳои сиёсиву иҷтимоӣ махсусан дар сатҳи идоракунии давлатӣ низ назаррас мебошад.

Дар охир мехоҳам, баҳри тамоми модарони азизу меҳрубони Тоҷикистони азиз таманиётҳои неки худро иброз намуда, ба муносибати ҷашни “Рӯзи Модарон” ҳар яки онҳоро табрику таҳният гуфта, барояшон тани сиҳату умри дароз, хонаи ободу хушбахтии ҷовидон таманно намоям.

Масрур САИДЗОДА, директори Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе, доктори илмҳои техникӣ,