
ПЕШГИРӢ АЗ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ НОМАТЛУБ
2025-02-17 10:35:30
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм
ва пешгирии он яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
маҳсуб ёфта, дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин самт санадҳои меъёрии ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон дар Паёми худ аз 23 январи соли 2015 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъкид намуда буданд, ки “Терроризм ва ифротгароӣ пеш аз ҳарвақта авҷ гирифта,
бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар
асри XXI табдил ёфтааст”.
Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва
ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм
ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор
меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи
зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар
мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани
низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Новобаста аз он ки дар қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои
шомил шудан ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷазоҳои ҷиноятӣ дар шакли
маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар карда шудааст, шумораи содиркунандагони ҷиноят
коҳиш намеёбад. Аз ин рӯ, ҷазоҳои ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳои
хусусияти террористию экстремистидошта бояд пурзӯр карда шуда, шахсони бо ҷурми
ин ҷиноятҳо маҳкумгардида зери назорати махсуси мақомоти иҷрои ҷазо қарор
гиранд.
Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон вазифаи
дастаҷамъонаи тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони кишвар ба шумор
меравад. Бетарафӣ нисбат ба ин падидаи номатлуб барои рушди минбаъдаи кишвар
халали ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва бехатарии
кишвар таҳдид менамояд.
Мардон БУХОРИЗОДА,
сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи
касбӣ