
ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР
2025-03-08 20:49:54
Омӯзгорону кормандон, донишҷӯёну
хонандагон, модарон, бонувон ва шогирдони азиз!
Дар оғози фасли зебои баҳор ва дар
арафаи Соли нави аҷдодӣ ҳамаи Шумо - кормандону омӯзгорон ва хонандагону
донишҷӯёни иззатманди соҳаи таҳсилои ибтидоӣ ва миёнаи касбии мамлакатро ба
ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, бароятон иқболи
некӯ, толеи баланд ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.
Ба сифати ҷашни давлатӣ эълон шудани
Рӯзи Модар шаҳодати воқеии боло рафтани мақому манзалати баланди Зан-Модар дар
ҷомеа мебошад, зеро тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд,
нақш ва мақоми зан дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ниҳоят бузург буда, нобиғаҳои олам
дар назди ин мавҷуди зебо сари таъзим фуруд оварда, таъкид кардаанд, ки Зан -
Модар офарандаи ҳаёт, эҳёгари зиндагӣ ва илҳомбахши рӯзгор мебошад.
Аз ин рӯ, маҳз бо ҳалли масъалаи мақоми зан дар ҷомеа мо метавонем бунёди
ҷамъияти устувор, боадолат ва ҳаматарафа тараққикардаро орзу намоем.
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавқеи занон таваҷҷӯҳи хоса
зоҳир гардид. Пешвои миллат азму ирода ва масъулиятшиносии занонро ҳамчун нерӯи
бузурги ҷомеа арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки дар фарҳангу тамаддуни мо –
тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дошта, мақому манзалати
занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар
замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст.
«Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф,
71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи
олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз
110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд. Дар
замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти
олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд», - қайд карданд
Сарвари давлат зимни ироаи Паёми навбатиашон
Пешвои миллат иброз доштанд, ки ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону
духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дошта, дастгирии
ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳанд ва изҳори итминон карда шуд, ки бонувону
занон ва модарону духтарони мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои
миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои
мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар
ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро
мегузоранд. Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи
беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон
мебошанд.
Занону бонувони мо бо вуҷуди оне, ки ба парасториву тарбияи фарзанд
машғуланд, бо омӯхтани илму дониш ва соҳибкасб гардидан дар соҳаҳои гуногун
кору фаъолият намуда, саҳми арзандаи худро дар рушду нумуи кишвари азизамон
гузошта истодаанд. Имрӯз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакатамон, аз
ҷумла соҳаи таҳсилоти касбӣ бонувон бомуваффақият фаъолият намуда, дастовардҳои
назаррас доранд.
Боиси таъкид аст, ки дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу
миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии Модар ҳамчун олиҳаи покиву
садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари
некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст. Зани тоҷик
ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буда, ин рисолат раҳнамои
рӯзгори бонувони мост. Бинобар ин, мо масъулини соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбӣ бояд ба он муваффақ шавем, ки кулли занон худогоҳу бомаърифат бошанд.
Пешвои муаззами миллат дар ҳамаи баромадҳои худ вобаста ба мақоми зан-модар
ҳамеша таъкид менамояд, ки: «…зан-модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи
сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз
домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд.
Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон,
саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму
донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад».
Ҳамин тавр, дар ҳамаи давру замон занон бо хислатҳои наҷибу тарбиятгари худ
ҳама вақт ҷомеаро ба пос доштани арзишҳои умумибашарӣ, сулҳу субот, ваҳдату
дӯст доштани Ватан, инчунин амалҳои неку созанда талқин менамуданд. Зан дар
оилаи тоҷикон ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад, зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву
маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ
мебахшад.
Бо назардошти хусусиятҳои хоси фарҳанги оиладории шарқӣ, аз ҷумла суннату
ойинҳои неки тоҷикон ҳар як модари тоҷик вазифадор аст, ки ҷиҳати ба ҳаёти
мустақилона омода намудани фарзандон, хусусан духтарон, дар вуҷуди онҳо
парвариш додани эҳсоси баланди фарҳанги оиладорӣ ва иззату эҳтироми ҳамдигарӣ,
одобу ахлоқи ҳамида ва сабру таҳаммул пайваста таваҷҷӯҳ намояд.
Боварии комил дорам, ки занону модарони арҷманди мо ин рисолати азалии
худро амиқу дуруст дарк намуда, барои татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату
Ҳукумат, ташкили оилаи солим, тарбияи фарзандони огоҳу хушахлоқ, соҳибкасбу
донишманд ва ташаккули ҷомеаи ормонӣ ҳиссаи арзишманди худро мегузоранд.
Бори дигар, ҳамаи Шумо, модарону бонувон ва духтарони азизро бо ифтихори ин
иди фархунда самимона табрик гуфта, бароятон тансиҳативу бахту иқболи нек орзу
менамоям. Идатон муборак бошад!