
РУШДИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
2025-02-09 16:20:43
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии
Тоҷикистон бо ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба мариҳила
муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо таҷҳизотҳои муосири
технологияи иттилоотӣ таъмин гардиданд. Омӯзишӣ технологияи иттилоотӣ нисбат ба
даврони шӯравӣ хеле хуб ба роҳ монда шуда, хонандагону донишҷӯён аз рӯи ин фан
дар олипиадаҳои байналмилалӣ иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойҳои намоён
гардиданд.
Технологияҳои иттилоотӣ дар асоси интернет, шабакаҳои телекоммуникатсионӣ
ва системаҳои зеҳнии компютерӣ ба насли оянда имкониятҳои паҳнкунии озодонаи
донишҳо ва маълумоту маводи гуногунро фароҳам меоранд. Ба ин насл зарур аст, ки
худро ба муҳити нави иҷтимоӣ мутобиқ гардонад, муҳите, ки дар он иттилоот ва
донишҳои илмӣ омилҳои асосии муайянкунандаи иқтидори ҷамъият ва дурнамои рушди
он бошанд.
Технологияҳои иттилоотиро ҳамчун унсур ва функсияи
ҷамъияти иттилоотӣ, ки ба танзим, нигаҳдорӣ, дастгирӣ ва такмили системаи
идораи ҷамъияти нави шабакавӣ равона шудааст, баррасӣ кардан мумкин аст.
Ба маънои васеъ, технологияҳои иттилоотиро ҳамчун
системаи методу усулҳои ҷамъоварӣ, андӯхт, нигаҳдорӣ, ҷустуҷӯ, коркард, таҳлил
ва пешниҳоди маълумот, иттилоот ва донишҳо бо истифодаи воситаҳои дастгоҳию
барномавӣ ва мувофиқи талаботи пешгузоштаи истифодабарандагон фаҳмидан лозим
аст.
Технологияҳои
иттилоотӣ фаъолгардонӣ ва истифодаи самараноки захираҳои иттилоотии ҷамъиятро,
ки имрӯз омили муҳимми стратегии рушди он ба шумор мераванд, имконпазир
мегардонанд. Он мутобиқгардонӣ ва дар бисёр ҳолатҳо автоматикунонии ҷараёнҳои
иттилоотиро, ки солҳои охир дар фаъолияти ҷамъиятии инсон мавқеи зиёд касб
мекунанд, имконпазир месозад.
Дар баробари
воситаҳои анъанавии алоқа (телефон, телеграф, радио ва телевизион), дар соҳаи
иҷтимоӣ системаҳои телекоммуникатсияи электронӣ, почтаи электронӣ, фиристодани
иттилоот тавассути алоқаи факсимилӣ ва намудҳои дигари алоқа васеъ истифода
бурда мешаванд. Ин воситаҳо ба фарҳанги ҷамъияти муосир зуд мутобиқ мешаванд.
Асри XXI барои
он асри «техника ва технология» ном гирифтааст, ки бояд дар ин аср тамоми
самтҳои фаъолияти инсон аз дастовардҳои техникаи компютерӣ ва технологияи
навтарини коркарди иттилоот, маълумот баҳравар гардад.
Технологияҳои иттилоотӣ
имрӯз дар ҷараёни зеҳникунонии ҷамъият ва пешрафти соҳаҳои маорифу фарҳанг
мавқеи марказиро касб мекунанд. Методҳои муосири омӯхтан ва андӯхтани донишҳо
дар назарияи зеҳни сунъӣ, методҳои моделсозии иттилоотӣ ва графикаи маърифатии
компютерӣ асос ёфтаанд, ки онҳо ҳалли вазифаҳои душворбаёншаванда, инчунин,
вазифаҳоеро, ки иттилооти нопурра ва маълумотҳои ибтидоии норавшан доранд,
имкопазир мегардонанд. Аҳамияти барои марҳилаи муосири пешрафти ҷамъият комилан
муҳимми рушди технологияҳои иттилоотӣ аз он иборат аст, ки истифодаи онҳо барои
ҳалли масъалаҳои глобалии инсоният, пеш аз ҳама, масъалаҳо вобаста ба зарурати
бартараф намудани буҳрони тамаддуни глобалӣ, ки аҳли оламро дар ташвиш
гузоштааст, ба таври назаррас мусоидат карда метавонад.
Он давлатҳое,
ки воситаҳои муосири комму¬никатсияи компютерӣ ва шабакаҳо, технологияи
иттилоотӣ ва сис¬темаҳои идораи захираи иттилоотиро хуб истифода мебаранд, ба
комёбиҳои баланди иқтисодию иҷтимоӣ ноил мегарданд. Дуруст аст, ки имрӯз
инсоният аз нигоҳи фанниву техникӣ бо сурьати кайҳонӣ пешрафт мекунад. Риштаи
информатика, соҳаи компютер бо тамоми зарфияташ дар матни зиндагии мо нуфуз
мекунад. Ин боиси хурсандист.
Вобаста ба ин,
мо бояд аз зиндагӣ, аз истифодаи комёбиҳои илмӣ қафо намонем. Бо ҳамин хотир,
мо мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо илму донишҳои замонавӣ, касбу
ҳунарҳои муоссир ва саъю талошҳои навҷӯёнаи хешро, барои рушди илму инноватсия
ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ, саҳми
арзишманди худро гузорем.
Сафаров У. Ҳ.
мудири бахши назорат ва
таъмини сифати таҳсилоти
Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон