
ҲАМОИШИ ЗАНОНУ БОНУВОНИ СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
2025-03-07 04:54:00
Имрӯз дар Кумита оид ба таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи
модар ҳамоиши занону бонувони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор
гардид.
Дар чорабинӣ Раиси Кумита академик
Фарҳод Раҳимӣ, муовинони раис Баҳрулло Давлатзода, Алишер Ализода, сардорони
раёсатҳо, мудирони шуъбаҳо, занон бонувони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони як
қатор муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии мамлакат иштирок намуданд.
Академик Фарҳод Раҳимӣ кулли занонону
бонувони соҳаро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрику муборакбод гуфта, ба
ҳар яки онҳо, пеш аз ҳама саломатию хушбахтӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу
осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд.
Раиси Кумита зимни суханронии хеш қайд
кард, ки занону бонувони мо бо вуҷуди оне, ки ба парасториву тарбияи фарзанд
машғуланд, бо омӯхтани илму дониш ва соҳибкасб гардидан дар соҳаҳои гуногун
кору фаъолият намуда, саҳми арзандаи худро дар рушду нумуи кишвари азизамон
гузошта истодаанд. Имрӯз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакатамон, аз
ҷумла соҳаи таҳсилоти касбӣ бонувон бомуваффақият фаъолият намуда, дастовардҳои
назаррас доранд.
Гуфта шуд, ки дар фарҳангу тамаддун ва
анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии
Модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии
ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва
ситоиш ёфтааст. Зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр
буда, ин рисолат раҳнамои рӯзгори бонувони мост. Бинобар ин, мо масъулини соҳаи
таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бояд ба он муваффақ шавем, ки кулли занон
худогоҳу бомаърифат бошанд.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор занону
бонувони фаъоли Кумита ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди таълиму тарбияи насли наврас ва дастовардҳои
шоиста дар раванди фаъолият бо унвони “Аълочии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбӣ”, Сипосномаи Раиси Кумита ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.