
МОДАР - ГАВҲАРИ НОЁБ
2025-03-05 20:12:29
Модар як калимаест, ки аз ҳар як ҳарфаш
як ҷаҳон маъно метавон пайдо намуд. Модар, яъне кӣ? Нафаси осудаи фарзанд,
насимест бар машоми ҷигарбанд, занҷирест, ки аъзои оиларо ба ҳам мепайвандад.
Модар, яъне, офариниши зебоиву хурсандиву хушбахтиҳо. Чаро, ки ӯ ягона шахсест,
ки мехоҳад дар олами ҳастии фарзанд хушиву хурсандиро бо чашми муҳаббат ва серӣ
бинад. Бе шубҳа, мо метавонем модарро маликаи воқеии хонадон ҳисобем. Хонаи
бемодар камингаҳи тангу торик аст.
Бале, ин фаришта мисоли хонадон дили
бузурге дорад, ки, ҳатто, дунё бо ин қадар азимӣ пеши ӯ кӯчак аст. Ба ҳар як
инсон воҷиб аст, ки падару модарро эҳтиром намояд.
Модарон на танҳо муҳаррикҳои ҳаёти
шахсӣ, балки силоҳи муқовимат ва қуввати ҷомеа мебошанд, ки бо муҳаббати худ
фарзандон ва ҷомеаро ба ояндаи беҳтар раҳнамоӣмекунанд. Модарон нақши муҳим дар
таъмини зиндагии осоишта доранд. Онҳо бо муҳаббат, ғамхорӣ ва масъулиятҳои худ
муҳити оилавиро шакл медиҳанд. Модарон фарзандонро ба арзишҳои инсонӣ,
муҳаббат, эҳтиром ва ҳамдилӣтарбия мекунанд, ки барои зиндагии осоишта
муҳиманд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба нақши модар ҳамчун
символи муҳаббат, саховат ва масъулият ишора мекунанд.
Бо ироаи Пешвои муаззами миллат, дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон,
иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати
занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеъа маҳз дар
замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст.
Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоиз кормандони соҳаи
маориф, 71 фоиз кормандони соҳаи тиб, 47 фоиз кормандони соҳаи фарҳанг, 37
фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.
Модарон, дар тарбияи насли нав ва фароҳам овардани муҳити осоишта ва солим
нақши муҳим мебозанд. Бо муҳаббати худ фарзандонро ҳидоят мекунанд ва дар
вазъиятҳои душвор дастгирии равонӣ медиҳанд. Модарон оилаҳоро мутаносиб ва
осоишта нигоҳмедоранд.
"Модар фаришта аст" як ибораи маъруф аст, ки эҳсоси муҳаббат,
меҳрубонӣ ва фидокории модаронро ифода мекунад. Модарон бо ҳарфҳои хос ва
хидматҳояшон дар ҳаёти мо боиси шодию осоиштагӣ мешаванд.
Модар ганҷи бебаҳо - ин ифода ҳаёти модар ва нақши ӯро ҳамчун манбаи
муҳаббат, фидокорӣ ва дастгирӣ бо ҳаёти мо таҳриф мекунад.
Модар қуввати дил - ин ифодаи амиқест, ки нақши модарро дар ҳаёти инсон
ҳамчун манбаи қувват, таҳаммул ва муҳаббат таҷассум мекунад.
Сад афсус, ки баъзан модарон дунёи фониро падруд гуфтанд ва навозишу
ҳикматҳои онҳо дар дилу дидаҳои мо то ҳол ҷой дорад ва ҳеҷ гоҳфаромуш нахоҳад
шуд, вале чи илоҷ, ки ҷои онҳо холист.
Модар моро тӯ буди ҳамчу устод,
Калон кардию карди хонаобод.
Ба боғат 6 ниҳол минмудаи сабз,
Ки онҳо бо дуо рӯҳат кунанд шод.
Руҳи модарони рафта шод бод - ин ибора эҳсоси шодию шукргузориро нисбат ба
модарон ва фидокориҳои онҳо ифода мекунад. Модарон, ҳатто пас аз рафтанашон, бо
муҳаббати худ дар ёд ва дили мо зиндагӣмекунанд.
Модар оромбахши дили шикастагон - модарон дар лаҳзаҳои душвор ва шодии
фарзандон, чӣгуна бо муҳаббати худ онҳоро тасалли мебахшанд.
Модаронро дӯст доштан эҳсоси амиқ ва табиӣаст. Модарон бо муҳаббати бебаҳо,
фидокорӣ ва дастгирии худ барои ҳар нафар манбаи таъсирбахш мебошанд. Онҳо
барои тарбияи фарзандон ва таъмини осоиштагии оила меҳнат мекунанд, ки ин
эҳсоси муҳаббат ва эътиборро тақвият медиҳад. Дӯст доштани модар ин эҳсоси қадр
ва шодбошӣдар назди шахсияти ӯст. Модарони хешро дӯст доред ва ба қадри онҳо то
замоне, ки ҳасти доранд бирасед.
Хайрулло Содиқов, сармутахассиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон