
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ - КАФИЛИ СУЛҲУ ВАҲДАТӢ МИЛЛӢ
2025-02-21 14:40:16
Пас аз соҳибистиқлол гаштани кишварамон барои ҳимояи марзу бум ва амнияти халқ Артиши миллӣ таъсис дода шуд. 23 феврали соли 1993 нахустин паради
ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ Тоҷикистон эълон карда шуд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон 32-солагии таъсисёбии худро таҷлил мекунанд. Агар ба таърихи сиёсӣ ва давлату давлатдорӣ назар андозем, ҳанӯз аз замонҳои пеш ҳар як роҳбарияти олии давлат ба артиш, қушуну ҳолати мудофиавии мамлакти худ диққати ҷиддӣ зоҳир менамуданд. Пайдоиши артиш дар ибтидои асри XIX қайд карда мешавад. Пеш аз ин давра, ташаккули неруҳои хушкигард, ки вазифаҳои стратегиро дар амалиётҳои ҳарбӣ иҷро мекарданд, одатан як артиши амалкунандаро ташкил медоданд.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои хеш иброз доштанд: “Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва медонем, ки онҳо минбаъд низ Истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя мекунанд”.
Воқеан, имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар эътимоду боварии комил доранд. Зеро, медонанд, ки барои таъмин намудани суботу оромӣ, нақши ин ниҳоди қудратӣ бағоят бузург аст. Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар пайваста аз рӯйи амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, барои суботу оромии ҷомеа талош меварзанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали бунёди Артиши миллӣ зимни боздиду мулоқотҳояшон бо хизматчиёни ҳарбӣ дар ҷузъу томҳо ва қисму воҳидҳои ҳарбии навтаъсисе, ки дар гарнизонҳои ҷумҳурӣ воқеанд, афсарону сарбозон-муҳофизони Ватанро ба дӯст доштани марзу буми аҷдодӣ ва эҳтиром ба арзишҳои милливу дастовардҳои бебаҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҳидоят намуда, дар ин роҳ бо таъкид ба ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, изҳор мекарданд, ки хизматчиёни ҳарбӣ ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳифзу мудофиаи якпорчагии Тоҷикистони азизро вазифаи фарзандиву ҷавонмардӣ донанд.
Раванди то рафт вусъат
гирифтани фаъолияти гурӯҳҳои террористиву ифротгаро дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, содиршавии ҳодисаҳои даҳшатноку фоҷиабор ва қувват гирифтани ҷалби ҷавонони ноогоҳ ба сафи чунин гурӯҳу созмонҳо ташвишовар мебошад. Дар ин маврид, бояд хизматчиёни ҳарбӣ ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надода маърифати сиёсию ҳуқуқии худро боз ҳам тақвият бахшанд. Чуноне, ки Пешвои миллат зимни суханрониҳои хеш пайваста, иброз медоранд: “Вазифаи аз ҳама муҳим - ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти
давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст”.
Дар замони муосир, ки
бархӯрди абарқудратҳо возеҳу равшан ба назар мерасад, дар навбати аввал, ҳимояи манофеи милливу давлатӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, таҳкими Ваҳдати миллӣ дар мадди аввал истода, аз хизматчиёни ҳарбӣ масъулияти бештарро талаб менамояд. Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, кафили сулҳу субот, озодиву Истиқлол, ваҳдату ҳамдилӣ ва ойинаи пурҷилои миллат тоҷик мебошад.
Давлатзода Ҷамила, директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор, доктори илмҳои педагогӣ