Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР (Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат 28 декабри соли 2024)
single-product

РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР (Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат 28 декабри соли 2024)

2025-02-20 10:26:53

Иқтисоди рақамӣ ва рушди он имрӯз дар ҷаҳон марҳилаи наверо оғоз намудааст, ки ба инкишофи техникаю технология ва интернет алоқаманд мебошад. Яке аз модели нави иқтисодӣ ин иқтисоди рақамӣ ба шумор рафта, барои ташаккул ва рушди муносибатҳои иқтисодию молиявӣ аҳамияти калон дорад.

Дар шароити кунунӣ гузаштани тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимoию иқтиcoдии ҷумҳурӣ ба иқтисоди рақамӣ ва технoлoгияҳoи муocири иттилooтию кoммуникатcиoнӣ саривақтӣ буда, пешгирикунандаи омилҳои коррупсионӣ мебошад. Давоми чанд соли охир рушд бахшидани иқтисоди рақамӣ ба яке аз ҳадафҳои муҳимми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Таҷрибаи кишварҳои пешрафта моро водор месозад, ки бо рушди технологияи рақамӣ ва инноватсия тавонем дар беҳбудбахшии соҳаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ саҳм гузорем.

Ҳамин аст, ки дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид намуданд, ки бояд дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад: такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ; то шабакаҳои 5G инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот; рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ; рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ; истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ; андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот; ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ; рақамикунонии низоми молияи давлатӣ; таҳрир ва пешниҳоди ҳисоботҳои молиявӣ дар низоми рақамикунонӣ.

Инчунин, пешниҳод гардид, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ таъсис дода шавад. Бо мақсади расидан ба чунин ҳадафҳои созанда ва ба ин васила рушд бахшидан ба иқтисоди миллӣ пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки ҷиҳати амалигардонии самтҳои дар Паёми имсола пешниҳодгардида ва рушди рақамикунонӣ моро зарур аст, ки аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ намоем. Зеро, ташкили технологияҳои рақамии ватанӣ имкониятҳои нави рушди иқтисодиётро фароҳам оварда, боиси пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар мегардад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми мазкур ҷиҳати ҳавасмандгардонии мутахасисони самти технологияҳои рақамӣ қайд намуданд, ки “муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад”.

Рақамикунонии иқтисодиёт бо автоматикунонии амалиётҳои иқтисодӣ-молиявӣ ва истеҳсолот алоқамандии зич дошта, тавассути барномасозиҳои компютерӣ ва расонаҳои интернетӣ амалӣ карда шуда, имкон медиҳад, ки арзиши аслии молу маҳсулотҳо паст ва мониторингҳои арзёбии сатҳ ва сифати онҳо гузаронида шаванд. Инчунин, самаранокии онҳо таъмин ва таҳлилу муқоисаҳои саривақтӣ амалӣ карда шуда, хулосаю пешниҳодҳо бароварда шаванд. Такя ба дoнишҳoи нав ва аз худ кардани технoлoгияи муocир, рушд дoдани хизматраcoнии интернетӣ барoи рушди минбаъдаи фаъoлияти иқтиcoдии кишвар ва баланд бардoштани cифати аҳoлӣ заминаи уcтувoр мегузoрад.

Вобаста ба пешрафти инноватсия бояд қайд кард, ки мафҳуми “инноватсия” (аз калимаи англисии “innovation”) навоварии дар амал татбиқгардидаест, ки афзоиши сифату рушди самаранокии истеҳсолот ё маҳсулоти бозорталабро таъмин мекунад. Он натиҷаи ниҳоии фаъолияти зеҳниву ақлонии инсон, самараи тахайюлу эҷод ва бозёфту кашфиёти ӯ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон вобаста ба рушди инноватсия ба ҷавонони кишвар такя намуда, қайд намуданд, ки “....ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд”.

Рушди инноватсия имрӯз аз ҳар як нафар, бахусус, аз омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тақозо мекунад, ки донандаи хуби касбу соҳаи худ бошанд ва аз технологияҳои муосир ба таври самаранок истифода бурда, шогирдонро бо сохту таркиб ва истифодаи ин технологияҳо ошно созанду дар ихтироъкориву навоварӣ ба онҳо дасти кӯмак дароз намоянд.

Хушбахт ҲАКИМЗОДА, муовини сардори Раёсати молия,

банақшагирӣ ва муҳосибот-сардори шуъбаи муҳосиботи Кумита